Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №287

Ислоҳ нет

Дар ин навбати барномаи «Номаҳо…» се нома аз шаҳри Панҷакент, як нома аз Душанбе, номаи дигар аз Нуробод ва дар қисмати охир номаеро аз Ваҳдат ҷой додаем.

Номаҳои омада аз Панҷакент ҳар се аз ҷамоати Рӯдакии ин ноҳияанд, ки дар бораи бадрафтории нозири минтақавӣ-участковий, корманди идораи молиёти ҷамоа ва як раиси заминфуруш ҳикоят мекунанд. Инҳо ҳама мушкилоте аст ки дар тамоми ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад ва муаллифони мо аз саросари кишвар дар бораи онҳо менависанд.

Номаҳои дигар, аз Нурободу Ваҳдат ҳам тақрибан ба ҳамин мушкилот ихтисос дода шудаанд.

Аммо номаи омада аз Душанбе аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷуҳ аст ки аз таъсири матолиби шумораи маҷаллаи «Семейканюс» ба персонажҳои он сӯҳбат мекунад. Беш аз ин тафсилот намедиҳем ва беҳтар ҳам ин аст, ки худатон мутолиа кунед.

Панҷакент   

                                        Номаи 1

 Ассалому алейкум устод зиндаву сарбаланд бошед. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Чашми моро шумо кушода кардед, режими қотилро шиносем. 

 Ман аввалин барномиаи шуморо соли 2019 тамошо кардам дар бораи Мирзо Зиё ва ҳақро аз он вақт фаҳмидам.

  Ман истиқоматкунандаи деҳаи Якахона, ҷамоати Рудакии  шаҳри Панҷакент  ҳастам. Дар ин ҷамоати мо як шахси ҳаромхӯр бо номи Некрӯз аст. Вай аз деҳаи Зериҳисор, буда корманди налоги ҷамоати Рӯдакӣ аст. Пули налоги замин ва хонаҳоро мегирад.

  Зиёда аз 10 сол мешавад кор мекунад. Хонаву дараш як ҳайбате, мебинӣ дар ҳайрат меафтӣ, суперевроремонт. Ин одам ба деҳаҳо омада суми налоги хона ва заминро аз пеши худаш менависад. Ин одам дар тули 10 сол зиёд суми мардумро гирифта ба давлат намесупорад. Ба мо чекҳои фалшивий менависад. Масалан мегӯяд, ки 240 сомон пули налогу хонаат мешавад, бисупор. Агар ман камбағал, шароиту имконият надорам «100сомонӣ намешавад» гуфта пурсӣ, аз шумо сад сомонӣ мегираду мешавад, мегӯяд. Барои ин одам сум бошад шуд, то пули арақашро ҳам мегирад ва ба давлат ягон сум намесупорад. Мо чекҳои додаи уро мебарем кумитаи налоги Панҷакент дар онҷо  мегуянд, ки «инҳо ҳама фалшивий, иноя аз куҷо овардед» гуфта моро таҳқир мекунанд. Мегӯянд, ки шумо зиёда 10 сол боз ягон налог намесупоред. Кормандони кумитаи налог мегӯянд, ки чекҳои Некруз «ино ҳама фалшиви, ба ягон чи ба кор намебиёд мегуяду моро 1000сомонӣ штраф мекунанд ва чанд сола пули налогро аз мо мегиранд».

Ин Некрӯз аз деҳаи Зериҳисор аст. Мегӯяд, ки Фарҳод Раҳим  хеши ман аст. Ягон мақомоти Панҷакент ӯро ба ҷавобгарӣ намекашад. 10 сол зиёд аст, ки ҷамоати Рӯдакиро мехураду мегардад. Мегӯяд «равед любой ҷо жалоб кунед, уно аз ман пул гирифтагианд, ман доля додаам, бояд пулҳои ба онҳо додаамро кор кунам».

Мардуми бечора сумро медиҳад Некруз хурда мегардад. Квитансияҳои вай ҳамааш ба қалам навистагӣ, на печат ва на имзо ҳаст. Факт ин аст ки 240 ё 180 бошад ҳам, чанд суме диҳӣ менависад меравад.  Ҳабибулло Воҳидзода инро метавонед бартараф кардан? Мо мунтазирем ва натиҷаашро ҳатман мегуем!

                                       Номаи 2

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман истиқоматкунандаи деҳаи Артучи ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент ҳастам. Ман дар бораи участковий-нозири минтақаии милиса дар ин ҷамоат менависам. Як беномус, участковий тамоми мардуми ҷамоати Рудакиро ғорат дорад. Номи вай Мумин аст. Мошини тамғаи Опел дорад. Рақами номери мошинаш 26 -26 мебошад. Дар деҳаҳо шабу руз гашта тамоми мардумро безобита мекунад. Бисёр занҳои деҳаро таҳдид карда телефонҳояшонро мегирад. Агар дар телефон навиштаи «ҷумъа муборак бошад» ё ягон чизе монанд ба ин тарсу таҳдиди тюрма карда аз занҳо пул мегирад. Я гон шермарде нест ин бешарафро аз деҳа дур кунад. Соли гузашта бачаи ҳоҷӣ Бобоҷонро қапида уро барои ришаш таҳдид карда 5 ҳазорашро гирифт. Боз дар деҳаи Марғедар як ҷавонро қапида ба хотири гӯш кардани амри маъруф ва ришаш 30ҳазор сомонии ӯро гирифт. Ин беномус дар тамоми деҳаҳо номери телефонашро ба занҳову бачаҳо додааст, ки агар касе риш монад ба ман занг занед, касе аз ҷавонҳо масҷид равад ба ман занг занед.

 Мо, мардуми деҳа аз ин безор шудаем. Аз хона берун баромада наметавонем. Участковий 24 соат дар даруни деҳаҳо мегардад. Вай зинокри бадбахт аст. Ин бешараф дар ШВКД Колхозчиён кор мекунад ва ҷамоат дар таги дасти ҳамин аст. Дастдарозӣ ба чандин занҳои шавҳардоре шавҳарҳояшон лар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд кардааст. Агар ин амалҳои нангинашро идома диҳад мо ногузирем ном ба ном ва шаклҳои ҷиноятҳояшро пурра нависем. Мо нав фаҳмидем прокуратураи мо мардуми мазлум ин «Ислоҳ» аст.

                                      Номаи 3

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз хоҷагии деҳқонии Уреҷ ҷамоати Рудакӣ, деҳаҳои Якахона ва Мадовраи Панҷакет бароятон менависам. Инҷо зодгоҳи марҳум Меҳроншо Ҷумъаев лейтенанти калон, ки чанд соли пеш дар ноҳияи Панҷ аз тарафи Шамсуллои начальники онвақтаи милиса кушта шуда буд ва шумо бисёр барномаи хуб карда будед. Мо ҷавонон аз он барномаи шумо бисёр ҳам розӣ ҳастем.

 Раиси хоҷагии деҳқонии Уреҷ Хидиров Ашур  мебошад. Ин одам тамоми заминҳои президентиро фурухта бо раиси шаҳри Панҷакент пул карда гирифт. Вале то ба ҳол заминҳои фурухтааш ҳуҷҷат надоранд. Мардум дар деҳаи Бустон дар заминҳои президентӣ хона карданд. Ин бешараф агар замини президентӣ 15 сомон бошад, ин номард дар 1сотих  замин 30 сомонӣ мегирад вале ягон чек намедиҳад. Пули тамоми мардумро хурда мегардад. Мо мардум намедонем чи кор кунем? Пулро ба ин номард супорем ё ба давлат? Ин бешараф аз ҳар сотих замин 30 сомонӣ налог мегирад вале ягон намуд ҳуҷҷат намедиҳад. Мегӯяд, равед ҳамааш дурст аст.

 Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш мекунем чораи ин шахсро бинад, кору фаъолияташро санҷанд. Ба зиёда аз 20 оила замини президентиро ғайриқонунӣ дар деҳаи Бустон фурухтагӣ, ки то ҳол ягонтои онҳо ҳуҷҷат надоранд.

Ва, дар охири навшта гуфтаниам, ки сабабгори зиндонӣ шудани Хуршед Фозилови журналист ин раиси шаҳри Панҷакент мебошад. Фозилов бисёр дуздиҳои раиси шаҳрро медонист. Раиси шаҳр ба КГБ дастур дода ин камбағалро аз миён мебардорад.

 Раиси шаҳри Панҷакет Холиқзода аз деҳаи Некнот мебошад. Тамоми мардумро маҷбур аз 4 ҳазор сомонӣ боло пул ҷамъ карда роҳи деҳаро афсалт мекунад.

 Ин Раиси ноҳияи Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба баҳонаи таъмири бинои ҳокимият Панчакент сангҳои мармари биноро канда фурухту пул карда ба кисааш зад. Як таъмири арзон карду халос. Дар бораи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, ки як шахси зинокор ва дузди калон аст ва бо Ансориҳои Панҷакент шаҳрро ба куллӣ ғорат карда истодааст, дар барномаҳои оянда менависам.

Боқӣ, саломат бошед.

 Душанбе

  Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман, мисли пешина худамро муаррифӣ намекунам. Аммо ин номаҳоро, ки муҳтавояшро аз шиносҳоям шунидам бароятон мнависам ва худатон пай хоҳед бурд, ки чи касеам.

Барномаи «Семейканюс»-и ахир ҷони баъзеашро дар нуки бинаш овард ва сахт тарсонд.

 Тоҷиддин Пиров яке аз онҳо аст. Шиносам гуфт, ки ларзааш гирифта гуфтааст, ки «и гапо ай куҷо ба Муҳаммадиқбол расида бошад».   

Кароматуллои бачаи Исмати Дулик бошад дар пеши Муҳаммади ҷурааш гуфтаст, ки «отаи мара ҷавоб додан, неки ҳиҷ кас чени Муҳаммадиқбол хизмат накад. Ҳаму Муҳаммадиқбол гапу чапора гуфт иё ридан. Оли гапо бисёран. Ку бинем отам чи мега. Очаша бг@м ба ма боша ҳамаи гапу записора ҳози рои мекнм технично, Муҳаммадиқбол бга. Ма нав барномаҳои Муҳаммадиқбола тамошо кадана сар кадм.»

  Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт дар пеши яке аз шогирдонаш гуфтааст, ки «и паати Муҳаммадиқбол ранги кана бдай, мечаспат тамом». 

Вақте Музаффар Юсуфӣ Прокурори наклиёти Тоҷикистон таъин шуд, аввалин коре, ки кард, амр дод, ба коргаронаш, ки барномаҳои шуморо тамошо кунанду бар зидди шумо коментарияҳо нависанд. Баъзе кормандони Прокуратураи нақлиёт он вақт гуфта буданд, ки «и Генерал ай кунш девона шидай. У Муҳаммадиқбол меёва, ки кӣ чи навишт, меброрамон суратомон кати шарманда мекнамон». 

Прокурори вилояти Суғд гуфтааст, ки Музаффарро Муҳаммадиқбол камаш кардааст: И паати Юсуфӣ дар Генералӣ бд, хдша я чи танг мегирифт. Агар ягон кас гапша намегирифт, дарав через амният подставаш мекард.

Як бор кадом шогирди Музаффарро кадом ГАИшник праваашро мегирад. Он шогирд Музаффарро занг мезанад, ки «шеф ма кати иё гап задаестам нафаҳмидестан гапа».

 Музаффар Юсуфӣ телефонро мегираду мегуяд, «киӣ ты, званият чияй, ГАИи кҷҷои?! Дар ҷавоб корманди ГАИ мегуяд, ки хдут киӣ? Музаффарро қаҳр мекунаду мегуяд ман фалонӣ. ГАИшник мегуяд, ки «фамилияи ма Давлатов, ма ба Рустама хусурбачаҳош мешаму мара гуфтанд, ки ку коме, ки ай вазифаву мансабш истифода мебара, рост мара бген». Дар ин гап Музаффар телефонро «ҷошда» мекушад.

  Шогирди Музаффар ГАИро мегуяд «чи гуфти Генералро, ки рид?

ГАИ мепурсад, ки магар вай генерал буд? Ҷура к@ни худатро бо ҳамон Генералат танг ҷықида гарден».

  Ин қиссаро ба дӯстонаш, ки яке аз онҳо дӯсти ман ҳам ҳаст Прокурори ҳозираи вилояти Суғд нақл кардааст. Ва прокурори вилояти Суғд дар ҳамон сӯҳбаташон гуфтааст, ки Муҳаммадиқбол мард бошад Музаффарро то охир мезанад.

 Чунки ин ҳаромхӯр хуни мардумро зиёд хурдааст.  

Барномаи Номаи Исмати Дуликро ҳам дар Ислоҳ.ТВ тамошо кардам. То ҷое ман маълумот дорам бачаи Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан домоди Зоири мундуқ, яъне домоди Фирузаи духтари Раҳмонов аст. Номи бачааш Муҳаммад. Бо BMW-X7 ва BMWX5 мегашт. Номерҳои мошинаш 0058 аст. Ҳамаи хонаводааш, аз ҷумла ҳамин бачааш дар ЖД кор мекард. Панҷ сол пеш фаҳмида будам, бачааш домоди Зоир аст. Именно Зоир дастгириаш кардагӣ аст то Комил раиси ЖД шавад.

 То ҷое фаҳмидам именно ҳамин Зоир Исмати Дуликро маҳкам кард. Ба хотири влиянияи Ҳасанро суст кардан ин корро кард.

Чанд соли пеш мебоист Амирулло Асадуллои бародари Ҳасан раиси вилояти Хатлон мешуд. Барои ҳамин бурда раиси Қурғонтепааш монда буданд. Вале Зоир ӯро ҳам чапа кард. Солҳои  2016-2017 ҳоҷӣ Амир, ки раиси шаҳри Қурған буд мехост дигар дар бозори Ҳоҷӣ Шариф пробка-тамбашавии мошинҳо ба амал наояд. Фармон дод, ки ҳама тартиботро риоя кунанд. Аммо ба Зоирашон ин кораш маъқул нашуд, нафорид. Вай мехост дигар дар бозори ҳоҷӣ Шариф бардак нашавад.

 Солҳои пеш Умед Давлатзода муовини вазири рушди иқтисод, одами Ҳасан Асадуллозода буд. Умед Давлатзода қаблан муовини якуми Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонк ҳам буд ва Ҳасан ӯро ба ҳукумат оварда мехост вазираш монад. Вай бисёр одами босавод аст. Ӯро ҳам ҳамин Зоир

через коррупция подставит кард.

 Ҳозир аз мафияи Ҳасан Сироҷиддин Турахон начальник ГАИи вилояти Хатлон ва Шералӣ Кабир, вазири саноат монданд, дигар ҳамаашонро Зоир чапа кард.

 Нуробод

Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол! Аллоҳи меҳрубон ҳифзатон кунад, чашми душманонатон кӯр гардад. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро дидам. Ташаккур, ки дар бораи мушкилоти ноҳияи мо гап задед.

Бародари бузургвор акси ҳамон раиси маҳаллаи Тегирмии Нуробод ва муовини вай Солеҳов Беҳруз ва Фаррух Солеҳзода дар дасти ман ҳаст. Зарур бошад мефиристам. Номи раиси деҳаи Тегиримӣ Солеҳов Беҳрӯз Додихудоевич мебошад.

Инҳо 8 бародаранд:
Солеҳов Фируз,
Солеҳов Беҳрӯз,
Солеҳов Башируллоҳ,
Солеҳов Баҳрулло,
Солеҳов Амрулло,
Солеҳов Сорбон,
Солеҳов Қурбоналӣ,
Солеҳов Саъдулло  

Ин раиси бадбахт чанд сол дар Русия буд, ки депорташ карданд. Баъд рафт дар кадом ширкати хитоиҳо кор даромад. Кори хитоиҳо тамом шуд. Баъд бузиро сар кард. Ин бадбахти раис Солеҳов Беҳрӯз мардумро ба амният фурухт. Валлоҳӣ қасам аз деҳаи Тегиримӣ, аз масҷиди Шаҳринав, аз масиҷиди Таҳрала амният мардумро бурд, аз ҳамаи одамҳо 1000сомонӣ гирифтанд.

Солеҳзода Фатҳуддин, аз шумо хоҳиш мекунам чораи ин раисро бинед. Медонам шумо шахси честний ҳастед. Чораи ҳамин бадбахти Беҳрӯзро бинед.
Беҳрӯз! Огоҳии ман бу ту ин аст ки бузиатро бас кун, ки ҳама корҳоят болои экран мебарояд. Он гоҳ худат дар қишлоқ гашта наметавонӣ. Бубин, ки аз дасти бузиҳоят, ки дар ҳақат дуъои бади мардум зиёд гардид, бародари хурдиат касали руҳӣ шуд. Ва, барои ҳамаи мардуми деҳа падари ту, ки як шахси бангӣ мебошад ва бо лақаби Доди бангӣ мардум мешиносандаш, маълум аст.
 Дар айни замон панҷ бародари ту, ки айни хизмати аскариашон аст Башир, Амрулло, Сорбон, Баҳрулло ва Қурбоналӣ аз хизмат гурезонида истодаӣ. Беҳтар аст ки ба муқобили халқи худат бузиро бас кунӣ.

Бародар, ин номаи маро чоп кунед. Дар оянда маълумотҳои бештар мефиристам.

 Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ма аз Ваҳдат ҳастам вале феълан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорам. Инҷо мехоҳам дар бораи сардори домуправленияи шаҳри Ваҳдат гап занам. Сардори домуправленияи шаҳри Ваҳдат Файзуллозода Хусрав Нарзулло аст, ки соли тавалудаш 1987 мебошад. Вай писари муовини раиси шаҳри Ваҳдат Нарзулло Ғаюров Нарзулло аст. Файзуллозода Хусрав Нарзулло ба қарибӣ ин вазифаро гирифт. Ҳоло мавсими облава аст. Дар журнали хоҷагии коммуналӣ нигоҳ мекунад. Дар кадом хонае, ки ҷавони синни даъват ҳаст волидони ин призивникро фарёд карда мегуяд, ки «бачата миёрӣ хизмат ё амниятиҳора мегум ба маҷбурӣ корта ҳал мекунан».
Бечора падарони ин даъватшавандаҳо, ки аз руи нодорӣ дар Русия кор мекунанд маҷбур шуда пули калон дода истодаанд. Ставкаи раҳоӣ аз ин сезони облава аз 20 ҳазор сомонӣ боло аст.

  Файзуллозода Хусрав Нарзулло аз рӯи падараш мепарад, чунки гуфтем падараш муовини раиси шаҳри Ваҳдат аст. Вагарна домуправления ба облава чи дахл дорад?
 Яке аз бизнесҳои дигари калони Файзуллозода Хусрав Нарзулло, сардори домуправления дар қайд гузоштани гурезаҳои Афғонистон аст. Аз инҳо беҳад суми калон мегирад ва боз ҳар вақт рафта онҳоро шантаж карда пул меканад. Барои як справкаи ночиз меравӣ аз 20 то 40 сомониатро мегирад.
 Хонаи Файзуллозода Хусрав Нарзулло дар кучаи мелкомбинати шаҳри Ваҳдат воқеъ аст. Мошини Тойота –каролаи серебристӣ дорад, ки рақами қайди давлатиаш 30-20 аст. Ин мошинро аз як корманди шуъбаи амният харид.  

Аз танзим иҷозатномаи туй мегирӣ, меравӣ барои справкаи домуправления, ки справкаро бидиҳад. Валлоҳ-биллоҳ домкомҳо наглий 100 сомонӣ талаб мекунанд. Мегӯӣ, ки наход як коғази тамоман бепулро ба ин нарх диҳед, мегӯянд, ки ин нархро сардорамон, яъне Файзуллозода Хусрав Нарзулло таъин кардааст ва боз шайтонгарӣ карда мегуянд, ки «кори амри хайр кардестӣ, туй мекунӣ, нахо дар 100 сум мора нагирӣ»?

Маҷбур мешавӣ, медиҳӣ сумро. Рӯзи тӯй бошад боз 4-5 домкомҳо меоянд дар тӯю ошатро мехуранд. Вале боз дар байни онҳо бузҳо ҳам ҳастанд, ки соҳиби туй деги калон мондааст, ё ду хурок пухтааст. Зуд нозири минтақавӣ ва масъули танзим меоянду соҳиби туйро ҷарима мекунанд ва бадиаш боз дар он аст ки ҳамон домком, ки чанд лаҳза пеш зиёфати туйро хурда буд, бо онҳо  шарик мешавад. Нагливу беҳаёӣ то ин дараҷа, ки ҳам участковий ва ҳам танзим боз медароянду зиёфати тӯй мехуранд. Намакатро мехуранд, дар намакдонат туф мекунанд. Ин домком Сайдалӣ ном дорад. Дар кучаи Салимзода домкомӣ мекунад.

 Аз ҳамин гуна пулҳои ҳаром як мошини мерседес гирифт. Бовар кунед, домулло вазни ин домком ягон 140 кг аст. Нархи справкаи Сайдалии домком аз 40 сомонӣ кам нест. Мегӯӣ, ки бародар чаро справкаи ту ин қадар гарон аст, рӯирост мегуяд,ки  «раис нав шидагияй ҳаму приказ кард»-манзураш ҳамин сардори домуправления шаҳр Файзуллозода Хусрав Нарзулло.

Як ватқ як бача аз кӯчаи ҳамсоя домкомро як мушт зад, ин Сайдалӣ кадом кришае доштаст, ки «у бачара миёнша кандан».
 Мегӯяд, ки «касе гапзанай любойхел гап мезанум кати «шурои Ваҳдат»- яъне хулиганҳоро дар назар дорад. Медонед, барои чи ин хел уверенний гап мезанад?  Барои он ки хонсухта криша дорад.

Бобои Домулло, ман ҳар чизеро навиштам, ки бо чашмони худам дидам, корҳои ин ҳаромхурҳоро.

Дар амони Аллоҳ бошед!

Share This Article