«Фаршаш пол надорад, стяжка кардагӣ, заминаш пури мусор, ҷазир, чанг. Як тиреза дорад аз чангу чирки зиёд берунро намебинӣ. Як роҳгузар, як рус биёяду бинад чи мегӯяд: «хай чурка чуркаяй».
На фақат дар дохили худи кишвар, балки дар хориҷ аз он низ мақомоти ин режими диктаторӣ ва худкомаи дарозумри Раҳмонов мардумро бо садуяк мушкил ва саргардониҳо мувоҷеҳ кардааст. Дар Русия, кишваре, ки садҳо ҳазор, балки миллионҳо ҳамватанони мо кору зиндагӣ карда ва асбоби роҳату ишрати ин ҳукумати мустабид ва мутаассифона, суботи оромиши онро таъмин мекунанд, фиристодаҳои расмии вай фақат дар фикри истисмори мардум ва пур кардани киссаҳои худ мебошанд. Вақте дар қудрат зиёд истодӣ, дигар чашмонатро руған мегирад ва ҳавасу ҳавсала надорӣ, ки контрол кунӣ
Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳам, ки ҳодисаи дар номаи зер омада фақат ба сари муаллифи он наомадааст ва аз ин даст шикоятҳо ба мо зиёд мерасад. Беҷазоӣ ва нодидангории мақомоти болоӣ вазъро та ба ин ҳадди тоқатфарсо расонидааст. Санадеро, ки барои сад рубл таҳия мешавад чандин баробар мефурушанд ва ришвату фасод, ки аз худи Раҳмонов сар мешавад то ба консулгариву сафоратҳои Тоҷикистон ҳам сироят карда ва кайҳо ба ҳукми одат даромадааст. Беш аз ин чизе намегӯям. Худатон қазоват кунед, ки барои як паспорт муҳоҷири меҳнатӣ бо чи қадар мушкилот рӯбарӯ шудааст:
Новосибирск
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як муҳоҷири корӣ дар Новосибирск мебошам. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳоро»-ро тамошо мекардам, ки шумо дар бораи консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия мегуфтед. Ман аз воқеъаи ба сари худам омада ҳикоят мекунам ва шумо ва халқи тоҷик бифаҳмед, ки консулгарии Тоҷикистон, ки аз пули мо халқи тоҷик, аз ҷумла муҳоҷирони кори маош мегираду зиндагӣ мекунад бо шаҳрвади кишвар чи гуна муносибат мекунад? Як вақт ба консулгарии Новосибирск барои иваз намудани паспорт рафта будам. Ё, тавба кардам, онҷо меравӣ шармат меояд. Дар подвал ҷояшон кардаанд. Худи консул дар ошёнаи 3 мешинаду як бачаи гуфти русҳо молокососро барои қабули шаҳрвандон ва санадҳо масъул мондаанд. Дар ин подвал, ки ду комната дорад шаҳрвандон онҷо медароянд, аммо чи хеле гуфтам онҷои худи конссул соз аст. Вале инҷое, ки тоҷикҳо очеред меистанд ягон стул надорад, ки одамҳо бишинанд. Як, ду стули пластмассӣ аст, ки пояи яктоаш шикастагӣ, якеаш спинкаи пушташ шикастагӣ, ранги як оғилхона аст. Барои иваз кардани паспорт дар Тоҷикистон 8 ҳазори русӣ мегиранд, аммо дар инҷо инсоф кунанад двойной нарх мегирад-16 ҳазор. Ҳамон бача мегирад. Пулро мегирад ягон ҳуҷҷатат намедиҳад.
Ман гуфтам чанд пул мешавад? Гуфт 16 ҳазори русӣ. Пурсидам, ки ягон чек медиҳӣ барои ман. Гуфт не. Гуфтам мумкин ту маро фиреб кунӣ, баъд чи хел ман аз ту пуламро талаб мекунам, ки ба ту ман ҳамин миқдор пул додагиам? Мегуяд ака бовар кунӣ ҳамин накунӣ таваккалат ба Худо. Ман гуфтам, ки пенсионерам, шояд ягон имтиёз доштагист. Гуфт, не ҳиҷчи надорад. Ман гуфтам хуб, биё, ман пеши консул дароям, телефонаш кун маро қабул кунад. Ин кор баъди обед буд. Гуфт, ки зайнит аст. Вақт надорад барои қабул. Гуфтам ту зангаш зан. Бисёр дағалон ва ва бо забони дурушт:-«Э ака бисёр гарангам накун. Гуфтестам зайнитай, вақт надорад қабулкарданда» гуфт.
Рафтам, боз пагоҳаш саҳар омадам. Гуфтам консулро занг бизан «ма брам пешуш, ман иқа сума ай куҷо дорум, ма пенсионер, омадум иҷа коркунӣ. Шумо двойной нарх гуфтестен. Паспорта дар Душанбе 8 ҳазорда мегирӣ,16 ҳазор гуфтестӣ». Все равно намонд. Зайниту дигару дигар баҳонаҳоро қатор карду намонд.
Намемонад. Қабул намекунад консул ягон касро. Фақат корашон паспортфурушӣ. Ҳамонҷо пури одам, бечораҳо чухт истодагӣ, дар ҳамун гармӣ арақҳояшон рехтагӣ. Ягон ҷои шиштан даже нест. Аммо он патсанак дар он дарун кайф карда кондитсионерро монда парвои мардум надорад, ҳама шароитҳояш сад. Як шармандагӣ ба Худо.
Лекин инҳо корашон фақат бизнес паспорт, ягон кори дига надоранд, ҳар касе равад қабулуш намекуанд. Даже мегӯӣ фамилияи консул чи аст фамилияашро намегуяд. Дар пушти дар ягон надпис навиштагӣ нест.
Аз самти тарафи дигари ҳамон бино, ки онҷо корхонаи русҳо ва надпис ҳам дорад, консулгарии Тоҷикистонҳам навишта шудааст. Лекин милисаҳои рус, ки ҳастанд, намемонандат, ки бидароӣ. Вале дар ин тараф, ки ҷои қабул халқ аст ва ба самти подвал меравӣ чизе навишта нашудааст. Инҷо повали ҳамон бино аст.
Як рӯз як бача аз Хуҷанд рафтааст. Духтараш 6 сола шудааст. Имсол мактаб меравад, вақти шаҳодатномааш тамом шудааст. Гуфтаанд, ки раву санади нав карда биовар. Маро пурсид, ки чи кор кунам? Гуфтам консулӣ рав. Рафту омад. Аз ҳамон кудаки 6 сола ҳам 16 ҳазор рубл гирифтаанд. Бовар кунед, ки дар инҳо инсоф тамоман намондааст, инсоф гуфтанӣ гап надоранд. Инҳо бо ин тарзи корбариашон тоҷикро дар байни дигар халқо шарманда мекунанд, дигар ҳиҷчи. Касе бинад чи мегӯяд? Мегуянд, ку ранг бину ҳол пурс. Онҷоро бинанд баҳоятро медиҳанд. Албатта, баҳои консулро неву баҳои тоҷикро медиҳанд:-«и хонашона бин чи ҳолай албат меган пошли они на..»
Подвалро мебинӣ дилат аз Тоҷикистон ҳам хунук мешаваду аз намояндии онҳо ҳам. Фаршаш пол надорад, стяжка кардагӣ, заминаш пури мусор, ҷазир, чанг. Як тиреза дорад аз чангу чирки зиёд берунро намебинӣ. Як роҳгузар, як рус биёяду бинад чи мегӯяд: «Намояндаи давлатиаш ин хел аст, дар ҳоле, ки бояд ҳис кунад праваи халқашрову престижи гражданинҳояшро. Ин контораи давлатиаш ин хел бошад, баъд аз куҷо моро ҳурмат кунанд, хай чурка чуркаяй».
Бовар кунед, ки ягон шиноси рус бинад…шарму айб аст.
Он хонаи мо ҳамаи тоҷикҳо ҳисоб мешава дар Русия. Хонаи моро дар ин ҳол бинанд, бинанд, ки ин хел аст моро баъд инҳо чи бигуянд.
Ба назарам на консул ва на коргарони консулгарӣ, ҳатто, права ва обязанности худашонро намедоанд, ки барои чи ба ҳаминҷо роҳӣ кардагианд, чи корҳоро бояд иҷро кунанд. Инҳо фикр мекунанд, ки фақат мо бояд паспорт фурушем, справка о возврашине ё ягон намуди дигар фурушем, бизнес кунем бигардем. «И фикр, ки халқро бояд ёрдам кунем, як камбудиашро бартараф кунем, ягон майда и хели фикр и хелӣ ақлам надоранд». Аммо маоши давлатро мегиранд. Хок бар сари онҳое бод, ки ҳамин хел одамони бесаводро намоянда гуфта мефиристанд ва дар миёни дигар мамлакату дигар шаҳрҳо инҳо боиси паст кардани обруи халқи мо мешаванд.
Як вақт ба як ҳамроҳи қирғизам консулгарии қирғизҳо рафтам, бовар кунед, кайф мекунӣ. Байрақашон задагӣ. Аз ин тарафи дар аз Русия аз он тараф аз худашон. Охранна похранна нест. Меравӣ, пеши кадомеаш бихоҳӣ медароӣ. Медарояд корашро ҳал мекунад озодона мебарояд меравад. Чун мардумаш ҳушёр ва ҳаққашонро талаб мекунанд.
Аммо дар мо ҳатто номи консуламонро намегуянд. Номаш ба хиёлам Фируз. Фамилияашро гап намезананд. Раҳи медаромадагии консул тамоман аз дигар тараф. Онҷо милисаи рус шиштагӣ. Дар даҳани дар даже намемонад наздикшавӣ ба бинои консулгарии давлатамон.Мегуяд все вопроси вон туда. Подвалро нишон медиҳад. Меравӣ подвал як ҳайвони дигар шиштагӣ. Як шармандагӣ. Акнун ҳоло як моҳ шуд консул нав шудааст Эмомзода Наҷмиддин, Худо кунад инаш аз Фирӯз беҳтар кор кунад.
Ана ҳамин вазъу ҳолат натиҷаи тулонӣ, хешутаборбози дар ҳукумат аст.
Данғара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар, ман ҳамон яке аз соҳибкорони бонангам. Аз Данғара. Чанде пеш Ҷаноб инҷо омад ва маҷлис ҳам гузаронд. Дар бораи гапҳои подарҳавои Ҷаноб чизе намегуям. Фақат як гапашро гуфтаниам, ки Ҷаноб гуфт, ки раисҳое, ки наметавонанд, ҷоро холӣ кунанд. Аҷаб, кадом раис ҷояшро холӣ мекунад, дар ҳоле, ки ҳама медонад ин раисҳо барои ҷойҳояшон ба ту ва бачаву духтарат пули калон додагианд, бепул омадагӣ нестанд ку.
Дар ҳамон деҳае, дар Данғара, ки гуфта мешавад мехостанд ҳаҷ кунанду аммо пулро ба таъмиру асфалтпушии роҳ харҷ карданд, як дукон дорам. Аз ҳамин ҳисоб соҳибкор. Бовар кунед, ки вақте ҳамин номи соҳибкорро мегирӣ муи танаам мехезад, шум шудааст ба назарам. Беҳад шум шудааст. Дар гушам бад мерасад.
Соҳибкор чи хеле дар «Ислоҳ» дуруст навиштед, гови ҷушоӣ шудаст. Як сомонӣ ёбӣ 70 дирамашро аз дастат зада мегиранд.
Дар «Боҷу хироҷ» -аз налог обуна, дар маҷаллаи Тоҷикстандрат обуна,барои Ҷумҳурият, Ҳақиқати Хатлон ва газетаи ноҳиявӣ обуна. Ин обуна маҷбурӣ. Чанд рӯз пеш омадаст мегуяд ака, «илтимос ба ду адад «Боҷу хироҷ» обуна шавед, виручатм кунед. Ба ман бор бастаанд, ки ба 20 000 сомонӣ бояд обуна кунам. Аз куҷо меёбам ин пулро? Илтимос ёрдам кунед».
Комиссия барои назорати роҳ меомадааст, дар ҳайати 15 нафар барояшон обед тайёр кардан даркор. Аз соҳибкорони бонанг 300 сомонигӣ ҷамъ карда истодаем.Номи шумо дар ҷойи аввал. Илтимос боз як баста арсиколаву фанта ва оби зулол ҳам ёрдам кунед.
Бовар кунед, ки дар ин гуна шароиту вазъият намедонӣ, ки куҷо гурезӣ. Саг соҳибашро намеёбад.
Пули свети дукон баъди гароншавии нархи он дар 25 рӯз 700 сомонӣ шудааст. Як киловат барои мағозаи соҳибкорони бонанг 92 дирам. Худо бигирад ин соҳибкори бонангро.
Бовар кунед, ки ба ҷонамон расидаем. Ман муҳоҷират ҳам рафта будам. Аммо ягон кор аз дастам наомад. Ду даст дар хафоли бинӣ омада будам. 15 сол шуд, ки ҳамин як дукон дорам. Вале ҳоло бо ин дукон ҳам намешавад зиндагиро пеш бурд.
Ҳукумат ду чашму ду даст ҳамеша тамаъ мекунад, аммо ягон майда сабукӣ намедиҳад. Камтар налогро дер супорӣ ҳатман ҷарма мешавӣ.
Ҳозир дар кадоме аз ҳамин газетаҳо хондам, ки бо дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳои пешвои муаззами миллат дар Ашт, Шаҳринав, Панҷакент мардуми азиз ва ва соҳибкорони бонангу номус пул ҷамъ карда роҳҳоро мумфарш карда истодаанд, ва ҳатман навишта шудааст, ки ба муносибати 35 солагии истиқлолият.
Охир, ин то кай давом мекунад, ки халқи бечора ва соҳибкорони дуруғиро мефиребеду пулҳояшонро мегиред. Ва, аз ҳама аламовар ин аст мегуянд чанд нафар пули барои ҳаҷ ҷамъ кардаашро ба ободонии деҳа, ба мумфаршсозии роҳ дод.
Э, аз барои Худо бас кунед ин гапҳои масхара ва таҳқиру дину имонамонро. Ҳам пулро гадоӣ мекунед ҳам бо муқаддасоти мардум чунин нописандӣ мекунед.
Деҳаи мо аз Данғара дуртар аст. Вале ман Нуриддини акаи Эмомалиро мешинохтам. Одами бад набуд. Вале на аз дин бу бурда буд на аз мусулмонӣ. Ягон бор сарашро ба саҷда нагузоштааст. Худи Раҳмонов ҳам ҳамин хел аст. Динро бад мебинад.
Раиси ҷамоат рафиқам аст. Гуфт барои онҳо махсус таъкид кардаанд, ки ҳамин хел гуянд, ки пулҳоро барои ҳаҷ ҷамъ карда буданд, аммо барои мумфарш кардани роҳ додаанд. Ё тавба охир дурӯғ инхелишам мешудаст.
Айнӣ
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Мо интизорем, ки шумо бо сари баланд ба ватани азиз бо ғалаба бозмегардед.
Ман як мактуби аламовар, қисаи талхи як донишҷуй аз деҳаи Рарзи ноҳияи Айниро менависам. Тақдири талхи Эҳсонҷон Хоркашов. Устод мехоҳам, ки ин қиссаи талхро бо лаҳҷаи рарзӣ бихонед, то мардуми Рарз, мардуми Айнӣ ва мардуми Тоҷикистон бифаҳманд. Эҳсонҷон Хоркашов истиқоматкунандаи ҷамоати Рарз донишҷӯи курси сеюми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи омузгории Душанбе мебошад. Падараш Хоркашов Соатулло хизматгор (ғуломи бепул)-Сангинов Абдулаҳад ва хизматгори Ҳайдаров Меъроҷ мебошад.
Агар хато накунам 8 ё 10 моҳ пеш Хоркашов Эҳсонҷон соати яки шаб аз хонааш баромада заминро об медиҳам гуфта то имрӯза беному нишон шуд. Эҳсонҷон баъди ҳамон шаб ғайб зад. Ҳамон шаб Сангинов Абдулаҳад бо падари Эҳсонҷон фармон медиҳад, ки гови Абдулаҳадро ба лайлоқ, ба овул барорад. Соатулло падари Эҳсонҷон хуб раис гуфта аз писараш хоҳиш мекунад, ки гови раисро ба куҳ барад. Эҳсонҷон дар ҷавоб ба падар мегуяд, ки падар ман донишҷӯ, ман пул лозим дорам то либос ва пойафзол харам. Ва хоҳиши падарро рад мекунад ва белро гирифта барои заминобдиҳӣ мебарояд ва бо ҳамин аз ғайб мезанад. Белро оварда дар замини падар мондааст. Аммо то имруз ба дарёи Зарафшон рафтааст ё ҷойи дигар номаълум. Падар соати дуи шаб гови Сангинов Абдулаҳади дуздро гирифта ба куҳ меравад. Рӯз мешавад соат 11.00 аммо аз Эҳсонҷон дараке нест. Падар аз куҳ мебиёяд, ки фарзандаш дар хона ба нест. Сангинов Абдулаҳад мегуяд, ки куҷо меравад мебиёяд вале то ҳоло наомадааст. Сангинов Абдулаҳад ту аз Аллоҳ битарс. Ҷои ҳамсояҳо, ҳамгузарҳо ва хешу таборҳо ба хонаи Хоркашов Соатулло Сангинов Абдулаҳад, дузди калон ва сардори ҳаромхурҳо ва доктори хизматнишондодаи Тоҷикистон сардухтури беморхонаи Рарз Ҳайдаров Меъроҷ мебиёянд ва маслиҳат медиҳанд, ки хавотир нашав пайдо мешавад.
То имрӯз пайдо нашуд. Дузди калон Сангинов ва сардухтур Ҳайдаров мардумро ба куҳ мефирсонанд, ки бинед мумкин дар куҳ бошад. Эй бадбахти дузд! Дар куҳ чи кор дошт? Коркунони орган мебиёянд барои тафтиш. Аммо як ҳафта мекобанду тамом. Ва, ҳоло ҳамин тавр Эҳсонҷони сеюм курс фаромуш шуд, ягон зиндаю мурдааш аниқ нест. Гуё як чунин инсоне набуд, зуд фаромуш шуд.
Эҳсонҷон мурғ набуд, гусфанд набуд, гов набуд, ки гург хурда бошад. Вай одам буд. Аммо инҷо савол пеш меояд, ки барои чи падар ва модари Эҳсонҷон ҷигарбанди худро намекобанд. Инҷо гап ҳаст- таги коса нимкоса. Коркунони орган ҳам аз кофтан даст кашиданд. Сабаб чи бошад? Сабаб инки ин ду мафиоз кори Эҳсонҷонро бе орган, бе духтур, бе падару модар ҳал карданд. Чи хел ҳал карданд? Эҳсонҷонро девона бароварда ҳуҷҷат карданд. Барои ҳамин дигар ҳеҷ кас намекобад. Не падар, не модар, не орган, не ҳамсоя ва не хешовандон. Сардухтури беморхонаи Рарз Ҳайдаров Меъроҷ ва дуздитрубаҳои клубро дузидагӣ Сангинов Абдулаҳад аз тарси худашон падар ва модари Эҳсонҷонро тарсониданд,ки агар орган фаҳмад шуморо зиндон мекунад, шумо ҳеҷ чизро намедонед. Вай шаб замин ро обдиҳӣ рафт,тамом. Лекин ин ҳодиса аз пушти Сангинов Абдулаҳад шуд, аз пушти гови дузди калон. Барои онки ҷавобгар нашаванд Эҳсонҷонро девона бароварданд. Ин кор барои сардухтури беморхонаи Рарз чи дахл дошт? Соатулло-падари Эшсонҷон дар беморхона тибқи ҳуҷҷат корманди боғи беморхона буд, лекин дар асл ғуломи бепули сардухтур Ҳайдаров Меъроҷ буд ва аз саҳар то шаб дар хонаи сардухтури беморхонаи Рарз хизмат мекард. Бо ҳамин сабаб, ки мабодо кор ба ин ду:- Сангинов Абдулаҳад ва Ҳайдаров Меъроҷ нарасад ин донишҷӯро девона бароварда аз ҷазо ва органҳо халос шуданд.
Эй мардуми Рарз, агар бузатон ё говатон гум шавад мекобед, ба орган муроҷиат мекунед, як бор овоз бароред,охир,ин одам буд.
Ин чи хел донишгоҳ аст ки девонаро қабул кардааст ва ин девона се сол дониш омухтааст ва ин чи хел беморхонаи марказии Айнӣ, ки одами соқро девона баровардааст? Канӣ органҳои ноҳия,канӣ ҳақиқат?
Як бор, ду бор се бор чор бор дар бораи Сангинов Абдулаҳад дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» навиштанд, аммо бе натиҷа. Ягон кас намепурсад. Ҳамон дузд дуздию бузиашро карда гаштаст. Як бародар гуфт, ки Сангинов Абдулаҳад гуфтааст, ки пулам манро муҳофизат мекунад. Ман аз шумо хоҳиш мекунам, мардуми Рарз аз шумо хоҳиш мекунад, ки Эҳсонҷон Хоркашовро нағз кобанд ва гунаҳгорро ҷазо диҳанд. Ин чи хел, ки аз хона баромад ва ғайб зад? Савол ба Абдулаҳад? Аз куҷо медонӣ, ки Эҳсонҷон ба куҳ баромад? Вай мумкин аз пушти туи нокас ба дарёи Зарафшон рафта бошад, ғуломӣ дар дилаш зад? Падарашро истифода мебарӣ бе пул, бадбахт, бас набуд, ки писараш ро хости ғулом кунӣ? Аз мардуми Рарз хоҳиш мекунам, ки як бор чашмонатонро кушоед. Эҳсонҷон ҳамқишлоқии ҳамаи мову шумост. Аммо як дузд, як буз як фарзанди камбағалро девона баровард якҷо бо сардухтури беморхонаи Рарз Ҳайдаров Меъроҷ.
Мақомоти ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ва Душанбе бояд ҷиддӣ тафтиш кунанд ва ҷазои ин дуро диҳанд.
Акнун каме аз вазъияти Айнӣ мегӯям
Мардуми Айни ва мардуми Мастчоҳи кухӣ аз маркази нохияи Айни то Мастчоҳи кухи чанги дуланҳои кумури ширкати Фароз аст. Ин роҳи дароз бошад ин ба мо торикаст роҳҳои вайронаи даври шурави то имрӯз кор мефармудем, ҳоло бовар кунед бисер хароб шудаанд ҳеҷ кас овоз намебарорад. Дар як шабона рӯз мумкин 100 дулан гузарад ба мо зарари чанг ва зарари роҳҳоямон аст ва роҳҳоямонро хароб кардосанд. Аслан ҳеҷ кас овоз намебарорад чун метарсанд аз садо баланд кардан. Бовар кунед дар гардишҳои деҳаи гузари бод дар чуқуриҳояш ( ямахояш ) мошин медаромад дудаш мебаромад. Аммо хозир бошад дар ямаҳои гузари бод мошин дарояд дудаш намебарод. Чаро ? Чун ҳоло мошинҳо дароянд ҷонашон мебарод. Агар киро напурси ки ин чи гапу кор мегуянд ки мошинҳои худашон. Савол ба ҳамаи шумо ин худашон ки бошад мухтарам Мухаммадиқбол ? Шумо ҳокими Нохияи Айниро нагз мешиносед собик чойнишини хоким буданд ҳозир хокими ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳмон. Охир ин чи бедодгарӣ аст дар ноҳия? Аввал роҳ бисозанд баъд дулан сартиянд ҳамон роҳҳои аз шурави мондагиро хароб ва тамом карданд. Дар ин роҳҳо чиқадар мувофиқи стандарт иҷозат бошад ин дуланхои гушна то 50 60 тон бор мегиранд. Охир ин мардум не рӯз оромиш доранд на шаб. Магар ин ро мегуянд демократия ? Ба фикрам мардум парво надоранд овоз баландам намекунанд. Рӯзибой Раҳимзода ин халқи маркази Айнӣ қишлоки Сагюнгистон қишлоқи Зосун қишлоқи Томин қишлоқи Фатмев қишлоки Гузарибод қишлоқи Рарз қишлоқи Похуд қишлоқи Шаватк. Боз ҳаминхел боло қишлоқи Шаватки поён дуд ва чанги дуланҳоро мехуранд. Собиқ раиси ноҳияи Айни бисер хизмат кард дар нохияи Айнӣ. Албатта хизмати хирсона, ҷаноби Муродзода Муқим Қаюм ғайр аз арақ хури зинокорӣ ғорату тороҷи ноҳияи Айнӣ дигар коре накардаст. Хело аҷиб аст, ки боз Муродзода Муқим Қаюмро ба ноҳияи Зафаробод хамчун иҷрокунандаи ҳокими ноҳияи Зафаробод таъин карданд. Ба фикрам акои Муҳаммадиқбол дар нохияи Зафаробод бисери мардумаш Яғнобию Хушортобиёнанд, Муродзода Муқим Қаюм агар обро таъмин кардан натавонист ин мардуми Яғнобу Хушортобиҳо Муродзода Муқим Қаюро то қишлоқаш Сангистона ӯро пойи пиёда сур мекунанд. Ман аз ҳоло мегуям ҳеҷ хидмате ба Зафаробод намекунад ӯ ва аз ҳоло фикратонро кунед сокинони Зафарабод. Бовари дорам Рӯзибой ако хизмати ноҳияро бо виҷдонона анҷом медиҳед. Шумо одами ҳалол коред. Хоҳиш мекунем мо сокинони деҳаҳои дар боло зикрнамуда ин шикояти моро ба инобат мегиреду роҳи аз Айни то Шамтуча таъмир мекунед. Камтар назорат кунед ин Дуланҳо моро сахт ноорому парешон мекунанд.
Қубодиён
Ассалому алейкум бародари мубориз ва роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол! Худо падару модаратро раҳмат кунад.
Ман як сокини ноҳияи Қубодиён мебошам. Ман тавассати шабакаи шумо мехоҳам чанд ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмонови шайтон муроҷиат намоям. Эй, Эмомалии шайтони душмани дини мо, ту дигар аз Ваҳдат ва сулҳ ягон даҳан гап назан. Чунки ту Ваҳдатро хароб кардӣ! Ту гуфтӣ, ки ман моддаи лайкро аз қонун гирифтам, аммо боз як баҳонаи дигарро пеш оварда мардумро тудатуда бурда тюрма карда истодаӣ. Дар интернет одамонат баромада гуфта истодаанд, ки мо ана ин қадар одамро аз Русия овардем.
Як бародарзодаам дар Краноярск аст, мегуяд, ки амак, инҳо рузамон надода истодаанд. Маҷбур карда истодаанд, ки ба ватан баргардему аризаи бахшиш нависему корамон бо ҳамин ҳал шавад ва боз баргардему равем Русия. Ин бародарзодаам гуфт, ки аз дасти инҳо рақамашро иваз кардааст, аммо боз аз куҷое ёфтаанд.
«Охи ту як номарди тарсу ҳастӣ ва мемони тарсу. Ту дар маҷлис гуфтӣ, ки ман сулҳ кардам бо Наҳзати исломӣ. Аммо боз гуфтӣ, ки ман ягон сулҳ накардам. Аввал ҳаму видео, ки сулҳ карди ҳавая мон бин, тамошо кун. Эй Эмомалии тоғут бас кун!
«Ай и беномусит як бор баномус шав, ту фигр накун, ки ман дар сари қудрат абадӣ меистам ва ина ҳиҷ вақт хиёл накун имрӯзам боша мемурӣ пагарам. Аммо фигри духтарота кун ва фигри писари гункакут ва писари сабзиба дастут кун, ки ино пага ҳолшун чи мешава ва мардум ба ино мекна».
Акнун мегузарем ба сари асли мавзуъ,шикояти мардуми Қубодиён ва аз як гаиишники ҳаром, ки номаш Файзалӣ мебошад. Ин як гаиӣ ҳаромхур мебошад. Ин аз Арабхона мебошад. Дар як сол се бор мошин иваз мекунад, бо маоши 1000 ё ки ба 900сума. Ҳозр як мошини сечка дорад. Қариб 7 моҳ мешавад, ки номерҳояш транзит аст. Ҳеҷ кас чизеаш намегӯяд. Як сигнали ГАИҳоро дар мошинаш насб кардааст, сигнал дода меравад «усун мея исун, дар ҷони мо мардум задагияй ва бо дар роҳҳо меставу кати мардумо каштал бакаштал мекуна, худуш агар ягонҷоша қапан тамом, мебара ира суд мекуна ё турмаш мекуна». Аммо, не худашро ҳеҷ кас ҳеҷ чи намегӯяд.
Ин як миллатчии сахт аст. Мегӯяд, ки «ман задагиюм тоҷикора ё ки милисаҳора. Амниятиёра фалон кардагиюм ягонташ фалони мана фурда наметона».
Аммо кораш фақат дуздиву ғорати мардум мебошад. Як бечораи таксиро дар роҳ бардурӯғ меқападу мегӯяд, ки ту сардори маро помех додӣ. Он такисит мегуяд, ки охир вай худаш гуфт, ки гузар, роҳ дод. Хулосаи гап разбор мешавад. Ин ГАИшники ҳаромхур аз гапаш мегрдад, баракс таҳдид мекунад, ки ту риш дорӣ ман туро мебарам барои ин ришат тюрмаат мекунам бо миодда 307, салафӣ мезанамат.
Охир он мард ба 60 рафтааст. Вай риш намонад, баъд кӣ монад? Бечораро умраш гузаштаст, 200 сомонишаро кашида гирифт. Мусафеди бечора қариб ба гиря омаду на номардаш монду на фарзандонашро. Гуфт, ки ҳақи фарзандонамро гирифт. Боз як таксии дигарро дар пеши бемористони «Узбекистон» қарор медоранду ҳамин гапро, ки ту мошинҳоро «памех додӣ, ман тура ҳозир протокол мекунум».Таксичӣ мегуяд, ки ман дар мошинам камера задагиам, камераро мебарам дар коррупсия ё ки дар прокуратура медиҳам. Ба тарафаш мегуяд, ки «дар гиҷое метӣ, бра те фалони мана хурда наметонан, пулшона метиюм».Вале паст намеояд, мегуяд, ки «бра лубой коркун» ва пулашро кашид гирифту таксиро ҷавобаш. Охир мо таксистҳо рузи ҳалол надорем аз дастаи ин ГАИҳо.
Мошини 07 ва номерҳои 21 07 дорад. Бовар кунед, ҳамаи мардумро буз кардааст. «Ай дурӣ местум тамошо мекунум, дар як руз қариб 10 кас медроя даруни мошинуш.лубой бузира мекуна»,
Эй ту корманди амният, ту барои хизмати мардумӣ на барои буз тайёр кардан. Охир чем ин мардумро буз кардан «бра коргарой гайя қап».
Мо таксиҳоро дар ҷонамон задааст. Охир наход корманди амният худашро ин қадар намоиш диҳад. Амният тихо мегардаду ҷинояткорҳоро дастгир мекунад.
Эй Эмомалии шикамдами каллағафси гарданбалонигазӣ! Пши ин ҷинояткоронатро бигир! Наход, ки зӯрат ба як сержанти ГАИ нарасад.
Эй, Рустами гунгак ту мард шав ранги падарат беномус нашав. Ҳамин Файзалии гаи ….розӣ кунаду худатро ҳам. Эй ту гункак бо ин ҳолат президент шуданиӣ. Як гаии званияш сержантро уҳда карда наметавонӣ, чи хел давлтаро контрол мекунӣ?
Раҳмонови беномус истеъфо бидеҳ! Рустами гунгак ту ҳам истеъфо бидеҳ. Акаи Муҳаммадиқбол, хоҳӣ номаи маро ҳамин шакле навиштам, ҳамин шакл чоп кун. Агар не чоп накун.
Хуб, боз мебинем, ки Раҳмонови беномус чикор мекунад ин ГАИҳоро. Агар ягон чораҷуияш накард боз дар барномаҳо меависем ва бо навору аксҳояшон мефиристем. Ин даюс бо писари гунгакаш ва духтари қили аспаш чи кор карда гаштаанд? Агар чора надиданд пас маълум мешавад, ки инҳо худашон фармон медиҳанд.
«Озода то нумолака гирифтану гиря кардана ё ки то игапе, ки худут гуфтӣ, ки мардум чунгурак мон мемонан, пеши ҷинояткорора гирен».
Дар отдели Қубодиён коррупсия руирост рафта истодааст. Паспорт медодагиҳо ё ки дигар кормандонаш мегуянд, ки «инамиқа пул метӣ корта буд мекнем набоша не».
Худо ёру мададгорат бародар Муҳаммадиқбол! Мо шуморо ба хотири худо дӯст медорем.