Дурӯғи беҳаду марз, Сайфулло Сафаров чаро ҷавононро гумроҳ кардани аст?

Ислоҳ нет

Яке аз дӯстонам, ки дар Амрико ба сар мебарад, пурсид, ки навори сӯҳбати Сайфулло Сафаров, собиқ муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро дидам ё не? Гуфтам вақт надорам, чун  дигар маълум аст ки Сайфулло Сафаров чи мегӯяд. Аммо вақте ӯ гуфт, агар бубинӣ, ҳатман беҷавоб нахоҳӣ монд, кунҷкоб шудам ва дидам. Дидаму дар ҳайрат афтодам. Як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадору сиёсатшиносу стратегу  коршиносу…..  мешиносонад, ҳатто дар ҳамин мусоҳиба ҳам «мо-стратегҳо»-мегӯяд, бо як такаббуру ғуруру манманӣ ҳамчунон лоф мезанад, ки ту гӯӣ Тоҷикистон дар кафи дасту мушти ӯст.

Эй, руят сиёҳ Сайфулло Сафар. Ин дурӯғро боз аз куҷо пайдо кардӣ? Ё шояд барои сафари Пешвоят хостӣ як чизҳое бигӯӣ? Гапро кутоҳ мекунаму он тикаи сӯҳбаташро инҷо ба таври катбӣ  иқтибос мекунам:

«Ҳеҷ кас намегӯяд, ки Толибон ҳақ надоранд дар Афғонистон набошанд. Бигзор бишинанд, аз андешаҳои террористии  худашон  даст бикашанд, чуноне, ки як замоне Ҳизби Наҳзати исломиям дар гурӯҳҳои террористии Созмони милал буд, мо пешниҳод кардем ва онҳоро овардем ба Тоҷикистон ва дар ҳайати ҳукумат ҳам ҷой додем 30 фоиз. Ин формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон ном дошт ва номам дорад, дар таърих монд ин. Бигзор ҳамин хел кунанд: 30 фоиз тиян, 20 фоиз тиян, чанд фоизе, ки барои онҳо қобили қабул аст, лекин куштани мардуми Афғонистона бас кунанд…»

Ҳоло фаҳмидед, ки ин сӯҳбат роҷеъ ба Толибон аст. Аммо мо дар ин бора, дар бораи назарияҳои бикру машваратҳои ин як замон мушовири аршади Эмомалӣ Раҳмонов роҷеъ ба Толибон чизе намегӯем. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки агар шумо аз ҷумлаи аввали ҳамин иқтибос чизеро фаҳмидед, фаҳмидед, ки манзури Сайфулло Сафаров чи аст, чи гуфтан мехоҳад, пас шумо хеле ҳам зарангу забардаст будаед!!! Чун ман даҳ бор хондам чизе нафаҳмидам.

Вале, мо ба ин қисмати ин иқтибос кор дорем:

«як замоне Ҳизби Наҳзати исломиям дар гурӯҳҳои террористии Созмони милал буд, мо пешниҳод кардем ва онҳоро овардем ба Тоҷикистон ва дар ҳайати ҳукумат ҳам ҷой додем 30 фоиз. Ин формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон ном дошт ва номам дорад, дар таърих монд ин»

Ин ки Сайфулло Сафаров, як лесаку як мурғаку як хушомадгӯву як …оямолу  як чоплуси Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст, як воқеият аст. Ва, инки Сайфулло Сафаров, танҳо ва танҳо ба хотири маҳал аз Раҳмонов меситояду мадеҳа месарояд, ин ҳам айнуляқин аст, шакке надошта бошед.

Аммо дар ин васат тамоми дунёро ба пойи Раҳмонов рехтан, бар пояи кадом аслу асосе аст? Чиро дурӯғ мегӯяд, ки «Ҳизби наҳзат дар гурӯҳҳои террористии Созмони милал» буд? Кай буд? Кадом сол? Далелу мадраку ҳуҷҷату санадат ку?

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ, на дар давраи муқовимат ва муборизаи аввалаш дар солҳои 1992-1997 ва ҳоло дар листи созмонҳои террористии  ягон созмон ва ягон давлат қарор надоштааст. Ин як орзу ва хобу хиёли сайфуллосафаровҳо ва эмомалӣ раҳмоновҳо аст, ки иншоаллоҳ ба гӯр хоҳанд бурд.

  “Дар муқовимати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вақте Суди олии Тоҷикистон дар соли 1993 ҲНИТро мамнуъ эълон кард, чунин таъбири туҳматомез: террористӣ истифода нашуда буд. Аммо Сайфулло Сафаров онро аз куҷои баданаш берун овард? Ё шояд бо таваҷҷӯҳ ба аудиторияе, ки дошт барояшон фазлфурӯшӣ мекард, пиндошт, ки мешавад дар хӯрди онҳо дурӯғро ҷой ва мафкураи онҳоро тира кард?”

Мехоҳад  ҷавонони кишварро гумроҳ бисозад, дар мағзашон кизбу буҳтон бирезад? Магар ҳамин мағзшӯӣ ба ҳисоб намеравад? Ҷавонони ноогоҳро амдан ва дидаву дониста маълумоти дурӯғ додан?

“Ё, шояд Сайфулло Сафаров ҳушу хотираи худро аз даст дода бошад? Маҷнун ва аз ақл бегона шудааст, ки чизи набударо буда ҷилва медиҳад?”

Бори дигар мепурсам, ки ку санад, ку мадраки Созмони милал, ки ҲНИТро террорист хонда бошад? Он солҳо, чуноне тазаккур додем, ҳатто ҳамин тӯҳмати террористро  ба Ҳизби наҳзат нисбат намедоданд. Аз куҷо гирифтӣ ин барчаспро?  

Баракс СММ барои ҲНИТ миёнарав буд. СММ барои ҲНИТ фиристодаҳои вижа дошт ва ин фиристодаҳои вижа  ҳаргиз ороми надоштанд: мерафтанд Толиқон, меомаданд Теҳрон, меомаданд  Исломобод, Маскав ,Алмаато, Бишкек Ишқобод то  ки бо устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-муассис ва бунёдгузори ҲНИТ ва ҳамсафону ҳамроҳони ӯ биншинанду сулҳу созишро тарроҳӣ бикунанд.

Ин СММ буд, ки сафарҳои расмиву кории ҳайатҳои баландпояи ҲНИТро дар ақсо нуқоти  олам  барномарезӣ мекард, мулоқоту дидори онҳо ба роҳбарияти давлатҳо ва сиёсатмадорони маъруф ва созмонҳои байналмилалиро ташкил ва маблағгузорӣ мекард.

 Сайфулло Сафарови дурӯғгӯ!!

“Дурӯғ торикии имон аст!! Куҷост он коғаз ва қарори СММ, ки Ҳизби наҳзатро террорист хонда бошад? Ин чунин коғаз ва қарор то ба ҳамин имрӯз вуҷуд надорад, агарчи режими Раҳмонов ин бор низ, аз соли 2015 ҳазорҳо парванда сохта ба ҳама «инстансияҳо»-и байналмилалӣ ва давлатӣ  фиристода аст ва ҳоло ҳам мефиристад.”

Аммо баракс, СММ роҳбар ва роҳбарияти ҲНИТ-ро дар муҳимтарин ҷалсаҳои бозу пӯшидаи худ даъват мекунад. Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва дигар давлатҳои мутамаддин низ, ин даъвату дархости Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро вориди феҳристи гурӯҳҳои террористӣ кунад, напазируфтанд.

“Аммо баракс СММ ва ниҳодҳои вобастаи он, ҳамчунин Иттиҳоди Урупо ва Амрико борҳо аз режими Раҳмонов талаб карданд, ки зиндониёни сиёсии ин ҳизбро озод кунад. Ин чӣ маъно дорад? Ин маънояш ин аст, ки тамоми қарору аҳкоми Раҳмонов дар нисбати ҲНИТ бофтаву сохтаву дурӯғ аст.”

Бале, дар ҳақиқат Раҳмонов  якҷо бо чоплусону тардоманонаш, хушомадгӯҳову мадоҳонаш аз ҲНИТ сахт метарсанд. Фикр мекунед барои чӣ ба Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҲНИТ аввал ҳукми абад доду баъд худашро «модомулумр»  эълон кард?

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро ба Интерпол супурд. Интерпол дошт, аммо тафтишу тафаҳҳус кард, ки иттиҳоми Раҳмонов дар нисбати вай танҳо рашку ҳасад аст, озодаш кард. На танҳо озод, балки аз листи афроди таҳти таъқибаш ҳам берун оварду гуфт,ҳарҷо аз дунё,ки мехоҳӣ бираву бигард.

Магар террористро раҳо мекунанд?

Сайфулло Сафар мегӯяд, ки «овардем ба Тоҷикистон ва дар ҳайати ҳукумат ҳам ҷой додем 30 фоиз». Яъне Сайфулло Сафаров ҲНИТ-ро «овардаст». Мегӯянд, ки қурбоққа пояшро бардоштаст, ки наъл занед. Тамоми Тоҷикистон медонад ва шоҳид аст, ки гуфтед «равед Афғонистон,пеши бобову бибиҳоятон ва онҷоро обод кунед. Дигар наоед!!» Ин буд хосту хоҳиши шумо.

Аммо ин ҲНИТ ва муҷоҳидини ҷонбаркафи ӯ буд,ки баргаштем, вагарна туву Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехостед, ки баргардем. Мо барои бозгашти сарбаландона  ба ватанмон ҷангидем, дар ҷанг мағлуб кардем, то Теппаи Самарқандӣ, кӯчаи Каратегинская ,  то 3юм база омадем. ВМБК, Ғарм, Ҳисор дар итоати ИНОТ буд. Раҳмонов Хустдеҳ омаду поҳои устоди шаҳидро бӯса кард. Гуфт набояд дигар ҳукуматро ба ленинободиҳо диҳем. Ёдатон рафтааст Сайфулло Сафаров?

“Ин формулаи сулҳи устод Нурӣ буд. Ин гузаштҳои устод Нурӣ буд. Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳ намекард ва бо гузашти чанд сол ва бо тасарруфи қудрат бори дигар нишон дод, ки аҳли созишу сулҳу оштӣ нест, вагарна мо боз дар дори ғурбат ва дар ҳавову ҳавас ва ҳасрати хонаву дару хешу табору ватан намебудем. Ва, Раҳмонов хонаву оғилу мабразу замини моро ба фурӯш намегузошт. Раҳмонов  куҷо формули сулҳ дошт. Шахси формули сулҳ дошта аз қавлаш мегардад? Дар дасти Раҳмонов буд, ҳеҷ гоҳ намеовард. Илоҷ надошт, ки овард.”

Ба фурӯш гузоштани хонаҳои мо ба кадом хотир аст? Мехоҳад мо комилан аз рӯйи замин маҳв бишавем, нақшу нишоне боқӣ намонад. Аммо мо ин имкон ва ин шароитро ин шо Аллоҳ  барояш нахоҳем дод ва мисли соли 1997 боз дубора бо сари баланд бархоҳем гашт.

Агар Раҳмонов оварда бошад, агар Раҳмонов формулаи сулҳ дошта бошад, ку  ҳоло ҳам нишон диҳад?

Ҳамин имрӯз ҳам як бағоҷи калоне пур аз парванда овардааст, ки маро аз Фаронса бигиранду ба ӯ бисупоранд. Хуб, ки чи мешавад? Ба охир мересад? Ман мисли Раҳмонов фарзанди фарзона, ва танҳову тоқаву ягонаи давру замон нестам. Ҳазорҳо чун ман боз мебароянду «Ислоҳ.нет» неву  боз ягон сайту телевизиони дигар масалан «Раҳмон.нет» месозанду идома медиҳанд. Чунки медоннад, ки то Раҳмонов ҳаст Тоҷикистон дар ҳолати изтирорӣ, дар ҳолати офату фалокат қарор дорад. Онро бояд ба ҳолати одӣ ва муқаррарӣ баргардонд, офату фалокатро аз сараш дур афканд. Ва,ин корро ин шо Аллоҳ ҲНИТ хоҳад кард!!!

  “Сайфулло Сафаров барои он чунин дурӯғи беҳадду марз гуфтааст, ки  тамоми ин ҳама муддат дурӯғ гуфтааст. Он қадр дурӯғ гуфта, ки дигар фосила ва фарқи рост бо дурӯғро наметавонад ташхис ва таъйин кунад. Чунки барои ин дурӯғҳояш муҷозот намешавад , баракс мавриди марҳамат қарор мегирад. Ҳар қадар ки дурӯғ бар зидди ҲНИТ бошад ва ҳар қадар ки дурӯғ ба Раҳмонов маъқул ва форам бошад, онро гуфтан  манфиатбахш аст. Сайфулло Сафаров талош кардааст,ки бифорад ва бифоронад. Агарчи хеле «пенсиа»-и кам мегирад, вале «форондан»-ро нағз мебинад, наметавонад «нафорононад».

Наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо ҳизби сиёсӣ дар тамоми қаламрави шӯравии пешин аст, ки   дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуда ва як ташкилоти фаротар аз як ташкилот аст. Ин ҳизб намунаи олии як ба истилоҳ «исломи муътадил» ва “Васатӣ” аст ва бори дигар такрор ҳам шавад, ба ҷуз аз Раҳмонов ва чоплусони мисли Сайфулло Сафарови дар давру бари ӯ  касе онро созмони террористӣ намегӯяд. Гумони Сайфулло Сафаров ин аст, ки дигар ҲНИТ дар хориҷа мемонад. Барнамегардад. Касе ӯро барои туҳмат ва дурӯғ ба додгоҳ намекашад.

Аммо ҳар амалро подоше ва ҳар суханро  ҷавобе ҳаст.

Share This Article