Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№256

Ислоҳ нет

Худаш бас набуд, хешу табораш бас набуд, акнун хешу табори домодҳояш ба сари мардум мушкилоту душвориҳои тозабатозаро бор мекунанд. Ёдатон бошад муҳиби номард бошаму зинда бошами бародари Азизмои газетхонак дар Шаҳритус чи тавр як бозори як нафарро кашида гирифта буд. Ҳоло акнун айни ин корро масалан ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода, ки мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъин шуд карда истодааст. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Куйбишеви собиқ ҳозир ҳарф ҳарфи ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода аст. Бозори марказии ноҳияро чапа карду дар ҷояш бозор рост кард. Вале бубинед, ки мардум, онҳое, ки дар бозор кор мекарданд, чи вазъу ҳол доранд? 

           АбдураҳмониҶомӣ (Куйбишеви собиқ)

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Салому дуруди бе поён аз номи ҳамон бародароне, ки ҳамеша барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунем ва ҳамеша кам ҳам бошад аз барномаҳои шумо истифода мебарем то ба гӯши ҳукуматдорони хунхор дарди миллати азиятдидаро бирасонем. 

    Нома аз ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ, собиқ Куйбишев. Бародар Муҳаммадиқбол ба Худо намедонем аз кадом зулму ғоратгариҳои рӯирости ҳукуматиҳо нависем. Бахудо мардумро ба ҷонашон расондаанд.

Мо як гурӯҳ савдогарони бозори Ҳоҷӣ Зайнулло аз он шикоят мекунем, ки то як, ду моҳ пеш дар ҳар як метр ҷои савдо мекардагиамон 10 сомонӣ чек медодем. Аммо   имрӯз омада мегуянкд, ки дар ҳар як метр дар як моҳ 700 сомонӣ медиҳед. Намедонем ба куҷо шикоят кунем? Бозори марказиро Ҳоҷизайнуллои хеши президент вайрон кард. Ҳоло мардум ҳам пул надоранд. Муҳоҷиронро ҳар рӯз депорт карда истодаанд, қади кӯча пур аз дузду майзада шудааст. Умуман савдо нест, дар зимистон аз сарамон барфу борон мерезад, ҳеҷ шароити савдо надорем, хунук ях. Ин хеши Ҷунуби олӣ дар як ҷое бозор кардааст, ки роҳи байналмилалиро маҳкам кардааст. Пеши бозор ҳамеша то 1,5- 2 километр пробка аст.

  Боз як подполковники БДА Умари чулоқ бошад, ягон нафар, ки мошинашро дар пеши бозор манъ кунад, дарав номерҳояшро мегирад. Аммо як каме баъд, баъди нисфирӯзӣ отдел бурда 300 сомонӣ руирост гирифта боз номерҳоро пас медиҳад.   Боз гуфтааст, ки «ма аз Данғараам, ҳамсояи Ҷунуби олиюм, мара худи Ҳоҷизайнулло специално барои ҳамин пеши бозорро ба тартиб даровардан оварда аст».  Хуни мардумро макида истодаанд.

 Як коркуни Лицензия Рустам бо кличкаи Рембо бошад аз фурраҳо , мошинҳои боркаш то 100. 200 сомони мегирад. Ҳатто аз матаролико 10 20 сомони мегирад бе имони хунхори Худо зада зулмаш аз андоза гузаштааст. Мардуми ин ноҳияро Амниятио дар ҷону имонашон расидан ба ҳар роҳҳо мардумро ситаму зулм доранд. Ҳамин Амниятио худашон шабҳо дар деворҳои мактабу масчиду кӯчаҳо ҳархела шиору калимаҳои ғайри қонуни мекашанду менависанд боз пагоҳи ҳама муаллиму муллоҳо миллати бечора дар бало мондаги, дар ноҳияи мо шабу рӯз муалимҳо дар мактаб, мардуми намозхон дар масчидҳо қаравули мекнан, намедонем барои чи. Ҳамин Амниятио дар мактаби Крилов ҷамоати Сафар Қурбон худашон шавв дар деворҳои мактаб навиштесабдан бачаҳои ҳамин деҳаи мо қапиданшона ду нафар буданд мошини сафед доштан рақамҳои давлатиаш 0099 ё 9999 буд дар шав хӯшру надидиан. Акаи Муҳаммадиқбол ҳама нооромиро худи Амниятиҳо мекунанд дар сари мардуми бечора мезананд. Аз номаҳое, ки мо пештар ба шумо навиштабдем каме ҳам бошад дигаргуни ҳаст, масалан Бозори Ҳоҷизайнуло буд бади шикояти мо Ҳоҷиашро канданд. Боз раиси ноҳияро аз ҳамин ноҳия монданд локин ин раиси ноҳияро дигар роҳбарони ноҳия умуман гӯшаш намекнанд началник амният, милитсия Ҳоҷизайнуло бошад тамоман ҳамара таги по кардагиай, ҳавзаҳои моҳи, заминҳои хоҷагиҳои мардумро аз дасташон кашида гирифтесай. Мегӯем ҳами Раҳмонов зинда бошад намедида бошад ҳамин преступлениора? 

Ҷаноби оли ҳарвахтеки баромад мекни пешаки пурс, ки миллати ма дар чи ҳолу аҳволай. Барқ ҳамаги ду соат метан мона, бо шарм накарда мега меҳнаткунен дусола захира кунен. Чихел кор кунем охи барқ бошад дар хонаҳоямон ягон сехай ё ягончи пухта таёр кадра зиндагиамонро беҳтар гардонем. Ҷаноб вахтеки баромада гап мезани худат медони чи гуфтести. Мо аз баромадҳои ту безорем, дар 30 сол проблемаи барқро ҳал карда натонисти ваъда доди барқ афсона мешавад, дидем чихел афсона шидесай. Шарм намекуни ту президенти як кишвари. Рустам гунгай меган медонем Озодаи човандоз якбор ҳамӯ шпаргалки атата бхон якбор гушку чи гуфтесай, аз ҳолу аҳволи миллат хабардор шавед.

   Бародар Муҳаммадиқбол ноҳияи мо соҳиб надорад. Масалан мегирем милисаҳои ин ноҳия, кадомеаш набошад, аз рядовой сар карда то офитсерҳо кадомеаш бепул монанд чураку жестро гирифта мошинҳоро манъ карда, ғам дода, пора гирифтан мегиранд. Ҳамин формаи милисагӣ дошта бошӣ шуд. Ин мардуми Куйбеш он қадар тарсончаке будаанд, ки намепурсанд, ту ки барои чӣ маро манъ кардӣ пул додан мегиранд. Ба беморхонаҳои ин ноҳия тамоман даромада намешавад, ҳама бардак. Духтурҳо бошанд аз забонашон заҳр мерезад, агар пул надошта бошӣ. Аз мағозаҳи хурокворӣ дида аптека бисёр. Дар ҳамаашон очерад аст. Боз ҳар як духтур бо аптекаи махсус додугирифт дорад. 30 сол пеш сабусу макка ҳам мехӯрдем ин қадар бемори бисёр набуд. Ин ҳама вирусу касалиҳоро бо воситаи доруву уколҳо бо иҷозатномаи қалбакии бенадзор оварда мефурӯшанд. Ба ҳамаи ин Ҷунуби олӣ ту гунаҳгорӣ, фардо дар назди ин миллат ҷавоб хоҳӣ гуфт.

  Ҷунуби олӣ канӣ гуед дар давоми 30 соли прездентиат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чи ободӣ кардӣ? Як мактаби рақами 62 -ро сохтанд, ки ҳамон ҳам каркасу котлавану умуман коробкааш аз давраи шурави монда буд.

   Дар охир гуфтанием мо номанависҳо, кормандон «Ислоҳ.ТВ» соқу саломатем. Дар гуруҳамон чанд нафаре бошад ҳамаамон активно кор карда истодаем. Рӯз то рӯз сафи мо зиёд шуда истодаанд, мардум ҳамаро фаҳмида истодаанд, чи гапу кор рафта истодааст.

                               Турсунзода

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман айни замон дар Маскав, дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Аммо аз Турсунзода мебошам ва зиндагониам дар ҳаминҷо аст.

Ман дар нисбати Ҷаноби олӣ, ин пирхар гап дорам. Эй пирхар, ту кай одам мешавӣ ва кай кормандони худатро управлят мекунӣ ва кай  мардуми тоҷик ба ту фикри худашро прямо баён карда метавонад? Баъд аз онки ту 9 май ба Маскав омадиву рафтӣ ҳоли мо бад шуд. Беҳ набуд, бад буд, вале бадтар шуд. Ту инҷо омадӣ, аммо як даҳан мардуматро напурсидӣ, ки чи ҳол доред? Ба Путин аз вазъияти бади мо гап назадӣ. Нагуфтӣ ба Путин, ки дар вақти ҷанги солҳои 41 -45 барои муҳофизат аз халқи рус ва замину мамлакати онҳо бобоҳои мо ҷангиданд, садҳо ҳазор мурданд. Аммо ту номард ин чизҳоро гап назадиву хапу дам хестиву рафтӣ. Эмомалӣ ту петух ҳастӣ, мардуми худатро фикр накунӣ: «ман хезам брам қати Путин гап занам. Ман я муҳоҷири прастой, ман бхезам брам қати Путин гап занам, ки чиба мардуми мана ғам метӣ, чиба мардуми мана намемонӣ, ки соз зиндагӣ кунанд, чиба шаташапшон мекунӣ, мо чи кор кардем? Вақташ тра ёрдам кардем, ҳозирам ина соли 2025 аст, садҳо тоҷикои мо хеста рафта ҷанг кадестан барои уруси ту дар Украина?»

Эмомалӣ ту ноущдабаро, мардуми худта фикр намекунӣ, ма барои халқи худум дилум месуза, барои ту не.

Барои онки ту дорӣ, ту самолет дорӣ, ту пул дорӣ, бачаҳои ту ҳафт пуштуш пул доран, шумо чи коре мефора кардестенмон. Намегум, ки ман надорам, ман ба худма дорум, зиндагим рафтестай, неки мардуми худмда дилум месузад. Хоҳару бародари ман меояд ҳаминҷа, як тоҷикистонӣ духтар меоя, дар ҳаминҷа кор мекуна, тоҷикони худмон бурда фиреб кардестан. Модари ман дар иҷа хору зор аст. Модари я тоҷик дар иҷа модари маяй. Ҳамаи ира ба Путин ма бихезум бигум? Ту президентӣ, наход хеста гуфта натонӣ? 

Ман ҳамчу муҳоҷири тоҷик ба тоҷикони муҳоҷире, дар Русия қарор доред мегӯям, ки «чиба, ки аз пушти тоҷики худатон намехезен, ҳамчун тоҷик, ҳамчун муҳоҷир мегум, чаро Ҷаноба гуфта наметонед, ки мардуми ту да ҳаминҷа азоб кашидестан. Мардуми ту дар инҷо дар азоб аст. Марги тоҷике, ки дар ҳаминҷа кор кадестай, ай пушти хоҳаруш, ай пушти бардаруш, модаруш хеста наметонад.

Ман намефаҳмум, ман хаста шудум. Лична ба ҳамин президента мегум, ту агар мард мешудӣ, ай мардуми худут мепурсидӣ, ки мардуми ман шумо чи проблема доред, мо мегуфтем яктабаякта.

Мисоли одӣ. Дар ҳамин Масква қадр надорад. Тоҷик аз пушти тоҷики худаш намехезад. Инаш майлӣ. Свет надорем барои чӣ? Барои онки дар дигар давлат фурухтестай. Ов. Ове, ки аз худованд ҳамита рехта омадестай да мо фурухтестай.

 Ишам майлӣ, бахшидем. Обшам майлӣ. Свет нест. Кудакои моҳа 6 моҳа, яксола дар хунукӣ ба як рузи сияҳ зиндагӣ кардесем. Ма бихезум бигум ту президента, ту ноуҳдабаро.Ту президентӣ бояд мардуми худта обеспечиват кунӣ, ки мардум ай ту розӣ бошад.

То кайя мо бояд хап бестем мардум? Дар ина ҳамин Масква ма грубо бо қирғизо гпам грехт. Ман намегум қирғизо виноват. Дуташ маст буд, қатиш ҷангҷол шидум да павилион, дар дукон шатшапшон кардум бровардум. Пагаҳаш 15- 20 нафар шуда омаданд Қирғизҳо . Гуфтам маст буд.

Дар ҳамун павилион, ринок, ки ман кор мекунам як тоҷик ай пушти ман хестагӣ нест. Ай пушти қирғизи маст омаданд. Барои чӣ? Барои чи мо иқа паст шудем?. Тоҷик аз тоҷик мегурезад, ҳазар дорад барои чӣ ?

  Барои чи моро-тоҷикҳоро дар ягонҷо ҳурмат намекунанд? Барои онки мо аз пушти якдигаримон намехезем. Тоҷикои мо ай пушти якдигаришон бояд бхезан, ранги чеченсҳо доғистониҳо. Тоҷики худшона бояд ҳимоят кунанд. Узбекзабон ай пуштам хест, аммо тоҷико нахестан.

Президент ба ҳоли худуш мондагияй мардуми моро.

Мақсади гапи ман ияй, ки ай Ҷаноб умедвор нашен. У пирхар буд ҳамухел мемона.

Ин аз пушти ҷаноб аст. Миллатро нотифоқ ва пароканда кард, кулобиро кулобӣ, регариро регарӣ, хуҷандиро хуҷандӣ кард, маҳалчигиро авҷ гиронд.

Ва як чизи дигарро инҷо мехоҳам гап занам. Чи хеле гуфтам ман дар Регар зиндагӣ мекунам. Ошкоро мегуям, ки дар инҷо ҳақиқат нест. Коргарони давлат ҳамааш ҳаромхуранд.

Хиёнат ба ватан кӣ мекунад? Хиёнат ба ватан Ҷаноб мекунад. Хиёнат ана ҳамин хел гарданғафсҳо мекунанд, ки бар зидди мардуманд.

Раҳмонов ту чи хели президентӣ? Свет надиҳӣ, об надиҳӣ, мардумро ҳимоят карда натавонӣ, кор надиҳӣ, ту чи президентӣ? Ҳуқуқи қонунии худатро риоя накардӣ, мардуми худатро хору зор кардӣ.

Як даҳан гап гуфта натавонем. Ман ва мардум худаш худашро ҳимоят кунад?  Барои худат ва ҳукумати худат шуда турма мекунӣ одамҳоро. Метавонӣ ку? Аз як Регар 100 нафар зиёд одамро турма кардагианд. Нимаш намедонад барои чи тюрма мешинад. Халқ ба давлати худаш бовар надорад. Ин чи давлат аст. Давлат дини худашро дини миллату аҷдодашро хору залилу таҳқир карда истодааст.

Ду миллион тоҷк бештар инҷада. Як миллионаш равад яктоӣ ба сари ҷаноб туф кунад ҷаноб бо авлодуш нест мешавад.

Ман лично худум дар пеши ҳайкал дар Турсунзода расми Ҷаноба дар додум. Ягон кас ёфта натонист. Ман гуфтум дар 6 отдел кор мекунум. Рафтан проверка кардан. Набошад ман инҷо зиндагӣ намекунум. Ман дар коментарияи Муҳаммадиқбол навишта будум, ки дар шашум отделум. Агане ман кор намекунм. Ин тавр хестай ҳамаро проверка кардай.

Ай рузе, ки ҳамин дар қудратай, мо на я рӯзи хуба дидем, на света дидем, на обу алови соза дидем. Ман дилум месузад. Барои ватанум хоҳарум, модарум падарум. Мардум бояд хезад, гап занад. Яктата як чита дузд медуздад, медавӣ отдел. Аммо ин ҷаноб сӣ сол аст дуздӣ кардестай, чиба ягонтат хеста гап намезанӣ. Мардҳои мо нимаш даюс шуданд. Занҳои мо номусдортаранд аз мардҳомонда.

Мора оромӣ тинҷи зиндагии хуб даркорай. 

Як нафарро Парвизи бачаи вазираш мегуянд. Ҳамин мардуми шаҳри Турсунзодаро хунашро ба даҳон овардагӣ аст. Худаш наркомани қиморбоз аст. Ман намедонам, вай чи турин вазир аст. Дуконҳои мардумро мекашад мегирад, боз ба худашон мефурушад. 6-8 моҳ пеш, хато накунам аз ҳар як счетчик 1800 сомонӣ гирифт. Мегуяд агар  ҳамин сумро надиҳӣ дуконатро маҳкам мекунам. Инаш майлӣ, дуконро маҳкам карданда маҳкам кард. Як гапи лишний, мардум ягонтоаш лишний гап мезанад ку, коргарони давлат дигару дигар ҳаромхурҳо меоянд, мегуяд ту бар зидди ин итари гап задӣ, дуконатро махкам мекунем ва таҳидҳои дигар. 20-30 ҳазор сомонӣ штраф карда истодааст. Э, бача мардум читарӣ зиндагиша пеш бибра? Мардум фарзандамро бихуронам , зндагиамро пеш барам гуфта кор мебарояд, лекин ин Парвизи расво мебарояд ба мардум зулм мекунад?

Дар Регар хестаст ҳамаро гирифтаст, раиси бозора ҳамаро штраф карда истодааст. Аз пеши худуш ҳамара сум кандестай. Мардум то кай хап мекунанд. Ман даже то 6-ой отдел рафтам  то дигарҳоша рафтам фаҳмондамашон, ягонтоаш намефаҳманд. Ман намедонам бо ин ҳаромхурҳо чи хел бояд гап заду фаҳмонд. Агар фикри худатро рӯирост гап занӣ мебаранд тюрмат мекунанд ё мекушанд. Агар  зурашон нарасид, масалан туро наёфтанд, ё модарат ё падаратро мегиранд турма мекунанд ё мекушанд. Хайр ҳамин ҳукуматдории Ҷаноб ва дигар чи кор мекунад мо хапу дам нигоҳ мекунем.

Панҷ соли ахир ман зиндагӣ кардаам инҷо. Аммо вақте Алихонов омад панҷ сол ман ягон клубро надидам. Ҳамаи дискоклубҳоро махкам кард. Гуфт то вақте ман дар ҳаминҷаям  ягонтат клуба кушода наметонӣ. Акнун савол, чиба ки Алихонов тонист ҳамин кора дигарош натониста истодааст. Ҳамин Алихонов ҳақиқатан кор кард. Якум соли омадгиаш гирифт ҳамаро махкам кард. Панҷ сол кор кард, иҷозат надод. Мешудаст ку кардан! Ҳамаи кор илоҷ дорад, бояд мардум ҳаракат кунанд. Тамоми мардум якҷоя  шавад ҳама чиз  мешавад, лекин якдигарашро фурӯхту паст зад ягон кор намешавад. Мард будан лозим ва мардонавор зистан лозим!

                                         Қубодиён

   Ассалому алейкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз ҷамоати Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён мебошам. Ин нома аз номи муллоҳои бечора аст. Ҳамин раиси ҷамоат номаш Аслӣ мебошад, ки дар ҷонамон задагӣ аст: «исун пули салдат те, аз мардум, дигар метарсан гиран». Боз меоянд ба сари мо муллоҳо бор мекунанд, ки 5ҳазор сомонӣ медиҳӣ, тамом, ягон кас дигар тарафи деҳаат намеравад.

 Баъд мо маҷбур мешавем ҳар як хонае, ки ба сини аблава расидаанд, аз онҳо пул ҷамъ кунему ин ҳаромҳурҳоро диҳем. Бовар кун, бародар айб аст, ки ман мулло хона ба хонаҳои мардум пул ҷамъ кунам: «хонай як хелуш мерай, мега пул надорум, чи кор кунум? Меган, ки охи дар хонам барой як қанди сафед ҷанг мекунан, ман и пулро чи хел ёфта тиям? Боз меган, ки охи Расиярам безеб шидай вазъиятуш. Ҳамиқае, ки рои мекунан ягон хурока мехарем, тамом. Бад мо миём сармон хам, бад маҷбурем, ки ай ҳисобе, ки бечорай муҳоҷирҳо роӣ мекунанд ҳалш кунем». Медонем зулм аст ва ҳаром аст дигар роҳ надорем бо ин золимони мақомот.

   Охир, эй ҳаромхурҳои лаънатӣ, Худо дар шикаматон мору каждум шавад, охир ин пул барои мардуми камбағал аст  ё ки ба ягон ятим додан аст. Охир пули ин ятимҳоро чаро мегиред? Охир эй, Эмомалӣ, гӯри модарат ғрабғраб дар бигирад, ин чи тарзи ҳукумату ҳукуматдорӣ аст? Ин кормандонат дар ҷони мо задаанд. Ту, ки худат дар маҷлисҳо мебароӣ, мардумро фиреб мекунӣ, пас ин раиси ҷамоатат аз ту чӣ ёд мегирад?

 Раиси ҷамоат боз пули ремонти ҷамоат ҷамъ кард аз масҷибҳо 5 ҳазор сомонӣ ва ҳатман як призивник ё агар призисник намеёбӣ пули он-4 ҳазор сомонӣ масҷид бояд диҳад. Дар ҷамоати мо ҳисоб кардам 8 масҷид аст. Ҳисоб кунед, ки ҳар масҷид 5 ҳазор сомонигӣ диҳад чи қадар пул мешавад? Вале агар пура ремонт карда бошад 5 ҳазор сомонӣ сарф намешавад. Чи ремонт мекунанд? Оҳаку рангро меоранду як мешакандашу тамом. Аммо боқии пулро дар киссаашон мезананд. Боз камера карда нишон медиҳанд,ки ана мо ремонт кардем, ободӣ кардем. Охир ободии бинои ҷамоат ба мардум чи дахл дорад? Як маълумотномаи одиро бепул намедиҳед шумо.

Ман саддарсад бовар дорам,ки барои ин ремонти дурӯғӣ зиёду барзиёд аз ҳисоби бюҷети давлатӣ пул мегиранд. Масҷид ба ҷамоат чи кор дорад, ки бояд онро  ремонт кунад? Асли гап дар он аст ки вазифаро бо пул харидагӣ аст раиси ҷамоат ва ин корҳо баҳона барои пули расходи кардаашро пушонидан аст. Аз масҷидҳо пул ҷамъ карда пули додаашро меканаду мегирад. Масҷид магар пул дорад? Масҷид магар заводу фабрика аст? Як сум ним сум пуле, ки мардум дар сандуқи хайрия мепартоянд, ҳамонро ҳам бояд ба ҳар шакле канда гиранд. Ҷамоат, участкавой, обуна, мактаб, военкомат , амният ва… ҳама бояд аз масҷиду мулло пулкананд.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Бовар намо мо муллоҳо безор шудем. Бо ин Раҳмонови беномуси даюс.   

  Боз як чизи дигарро мегуям. Кормандони амният дар ҷони мо задаанд. Нисфи шаб меоянд ба масҷиду камераҳоро проверка мекунанд. Агар ягон камбудӣ ёбанд сраза мо муллоҳои бечораро фарёд мекунанд, пул мегиранд. Камбудӣ медонед чи метавонад бошад? Чаро сафатон ҷафс буд, чаро ишораи саббоба кард чизе нагуфтед, чаро дастҳояшро то назди гуш нарасонд ва чаро фалони саҷдаи дароз кард дар намози суннат ва…

Бародар Муҳаммадиқбол, агар шумо номаҳои моро нашр накунед дигар ҷо умуман қабуламон намекунанд.

Як пешниҳод дорам. Пешниҳоди ман ин аст ки пеши мо тамоми акс ва суратҳояшон ҳаст, далел ҳаст, баъд аз онки ватанро гирифтем ва муборизин ба сари қудрат омаданд,  ин шо Аллоҳ меоянд, аз миёни онҳо як нафар роҳбари давлат интихоб мекунем ва ҳар касе, ки бар сари мардум зулм кард, бигзор ҷанозааш хонда нашавад, вай хоҳ аз ҷамоат, аз облава, аз милисаву амнияту дигару дигараш бошад. Ва агар ягон аъзои хонаводааш касл шавад намеравем хонааш. Мо муллоҳо суратҳояшонро ба тамоми Тоҷикистону ноҳияҳояш роҳӣ мекунем, ба шаҳрҳову деҳаҳо роҳӣ мекунем ва эълон мекунем, ки на дар хурсандӣ ва на дар мотамашон иштирок намекунем, барои онки инҳо мусалмонанд, аммо душмани муфориқулҷамъа ва кумаккунандагони золим Раҳмонов буданд. Хоҳиш мекунам, ки ин пешниҳоди маро қабул кунед.

Ман як муллои ҷамоати худамон ҳастам

    Аллоҳ падару модаратро раҳмат кунад бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳ лаънатат кунад Эмомалӣ алкаши хугбашари беимон! Ту барин роҳбари беғайрати беномуси даюсро. Истеъфо Раҳмонов. Агар Раҳмонов аз вазифа равад ман худам тамоми маҳалларо ба ош даъват мекунам, хаста шудем боварамон кунед.

Share This Article