Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№278

Ислоҳ нет

Ба назар мерасад, ки мақомдорони Тоҷикистон, бахусус худи Раҳмонов дар пеши мардум як гап мезананд, яъне дар суханрониҳо, дар ҷаласаҳо, аммо дар пас, гапи дигар.

Барои мисол Раҳмонов аз ин пеш ҳам чанд бор дастур дод, ки ханандаҳои мактабҳоро барои пешвозу гусели мансабдорон, аз ҷумла худи вай ба қади кӯча ё маҳалли баргузории ҷаласа ва ё фурудгоҳ набароранд. Ин суханҳоро Раҳмонов рӯзи 30 август, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Душанбе бахшида ба рӯзи дониш суханронӣ кард, боз ҳам такрор намуд.

Дар ин мулоқоташ бо аҳли маориф Раҳмонов ба ин кору амали муаллимҳо, яъне форма, сарулибоси мактабӣ фуршӣ эроди сахт гирифт. Аммо чуноне мову шумо медонем имсол низ ин кор сурат гирифт.

  Агар ин муаллим ва махсусан директорони мактабҳо ба фурӯши сарулибос манфиат надошта бошанд ин корро намекунанд. Мактаб ҷои савдогарӣ ва бизнес нест. Вале  дузанда шиносашон аст, ё нафаре, ки ин формаро меоварад ва ё инки ҳатман ҳақи худро болои сарулибос мегузоранд ва моли пастсифатро маҷбурӣ ба хонандаҳои мактаб бо нархи гаронтар аз бозор мефурӯшанд.

Дар номаҳои зиёди падару модарҳо, ки дар «Ислоҳ» чоп шуданд ин масъала матраҳ шудааст ва онҳо бисёр ҳам ташвишу нигаронӣ изҳор кардаанд.

Дар ду номаи ин нашри барнома ин масъала аз тарафи муаллифон боз ҳам матраҳ шудааст, ки яке он аз нашрияи СССР аст:

 Панҷакент

Ассалом алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман зодаи шаҳри Панҷакент ҳастам. Дар Панҷакент бисёр ҳам зиндагӣ мушкил аст. Дар деҳаи Шӯрчаи ҷамоати Халифа Ҳасан зиндагӣ мекунам. Қишлоқ тамоман ҷазирбод. Худам дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Муаллима ва муаллимҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 74моро тамоман безор кардаанд.

Солҳои пеш барои китоб, барои журнал, барои парда, ремонт ва ҳоказоҳо пул мепурсиданд, имсол ба бачаҳо гуфтааст, ки «очетон қати кортҳояшон орти бонкӣ) мактаб биён корти маҳонба маблағ гузорад барои журналу китобу ҳоказоҳо». Ин чи тавр зулм аст бародар? 

Ҷамоат ва раиси ҷамоатро тамоман гап назанед. Раиси ҷамоат Ахмедов Шавкат одами беҳад ҳаромхур. Ҳар вақте сизони облава шуд ба вай худо дод.

Сар мекунад аввал аз муллоҳо: «агар аскар надиҳед масҷида маҳкам мекунам». Мавсими туйҳо расад ҳам ба вай худо медиҳад. Туйҳо ставка дорад. Агар домод хизмат кардагӣ ё ки яккаписар бошад аз 12 ҳазор сомонӣ сар мекунад, агар домод хизмат накардагӣ бошад то 30 ҳазор сомонӣ. Ва  рӯзи тӯй барои ҷамоат боз ҳатман дастархон бурдан даркор. Масалан аз тӯй ош, шӯрбо, нон, мевагӣ, обҳои ташнашикан ва ғайра

 Боз ҳамин хел ҳам пулро гирифта барои танзим роҳӣ мекунад. Боз як ягон чиз ба табъаш нафорад бечораи туйгарро ҷарима мекунонад. Худи вай аз қишлоқи

 Куктош мебошад. Барои ҳамин аз Куктош ягон касро ҷарима намекунад ва ягон бача ҳам хизмат намеравад, аммо чашмаш фақат Шурча ва Қуштеппаро мебинад, медонистагиаш фақат Шурча ва Қуштеппа аст.

Бародар Муҳаммадиқбол, агар бинависам гап бисёр. Боз камбудиҳоро менависам. Аз шумо илтимос номаи маро зудтар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.

Ман ҳамаи «Номаҳоро…» мебинам. Аз Панҷакент тақрибан ягон кас наменависад, панҷакентиҳо нависед. Чаро хомӯш ҳастед?

                                 Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд вақт шуд, ки банд будам, ташвишҳоям зиёд шуд ва натавонистам, ки рӯзномаҳоро мурур карда ба шумо матолиберо аз онҳо ҷудо намуда бифиристам, чуноне пештар ин корро мекардам. Дар ин мусофират, мутаассифона ҳазоруяк мушкил моро домангир аст.

Вале боз як бало карда вақт ёфтам. Ва ҳоло як матлабро аз СССР бароятон менависам.

Мақолаи СССР таҳти унвони «Редаксия супориш дод: либоси мактаби хар»… аз 27 августи соли ҷорӣ, ба қалами Нуриддин Қосимзода, яъне се рӯз пеш аз мулоқоти Раҳмонов, ки рӯзи 30 август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо аҳли маориф сурат гирифт, нашр шудааст. Ин мақола таассуроти сафари муаллиф ба чанд мактаб дар навоҳии вилояти Хатлон аст, ки маҳз масъалаи доғ ва пурбаҳси фурӯши формаи мактабӣ тавассути муаллимҳоро дар макотиб санҷидааст. Барои онки суханро ба дарозо накашем аз ин мақола чанд иқтибос меоварем, ки исбот мекунад новобаст аз манъи фурӯши формаи мактабӣ дар мактабҳо ин кор ҷараён доштааст:

«Манбаъҳо бар он ишора доранд, ки имсол низ тибқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи намуди фурӯши либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ мебошад. Масъалаи хариду фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ тибқи тартибот танҳо тавассути шартномаи Кумитаи падару модар бо соҳибкорони ватанӣ сурат гирифта, ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон рабте надорад…..

Дар ноҳияи Шаҳритус мо бо мудири шӯъбаи маориф Нуриддин Ғафуров оиди ҳамин масъала сӯҳбат анҷом додем.

Тавре дар суҳбат маълум шуд, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия аз дастур ва Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳ аст ва иброз ҳам дошт, ки мо ин дастурро риоя менамоем. Лекин дар муассисаи № 15 воқеият акси инро нишон медиҳад. Дар муассисаи таълимии номбурда бинои махсусе ҷудо карда шудаст, ки омӯзгорон ҳамчун фурӯшанда барои хонандагон либосҳои тавсеавӣ тақсим мекунанд. Бинобар гуфти роҳбари муассиса Валиева Мавзуна ба онҳое, ки ба таблиғи либосҳои мактабӣ машғуланд, дар ҳаҷми 500 сомонӣ аз ҷониби ҶДММ мукофот тақдим мегардад. Яъне ҷониби ҶМММ” Ҷилои рангҳо” бо Кумитаи падару модарони муассиса ҳамкории пайваста дошта, аз ин ҷаъмият либосҳои мактабӣ харидорӣ менамоянд. Лозим ба таъкид аст, ки Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зодмандон уҳдадоранд, ки риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд…

Дар аснои сафар бо мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Эшонзода Умед дар бобати фурӯши сарулибоси мактабӣ ҳамсӯҳбат шуда, маълумот гирифтем, ки дар ноҳия танҳо 1 сехи дӯзандагӣ фаъолият дошта, ин ҷо низ ягон намуд фурӯши иҷборӣ ба роҳ монда нашудааст. Аммо чунончи дохили муассисаи таълимии рақами 1- и ноҳия, ки яке аз муассисаҳои калонтарин ба шумор меравад, равон шудем, бо 2 чашм дидем, ки ин ҷо низ ҳолат нигаронкунанда аст. Тавре аён шуд, бинои махсусе барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ ҷудо шудааст ва пушти дари ин ҷо волидон дар навбат барои харид даъватӣ буданд.    

Директори муассиса иброз дошт, ки онҳо бо ҶДММ” Амир” ҳамкорӣ карда, аз ш. Хуҷанд (???) дар муассисаи ноҳия намояндаҳо ба хариду фурӯши либосҳо машғуланд (Хатлон надоштааст-мӣ корхонаи либосдӯзӣ?). Тибқи шартномаи тарафайн 1965 адад либос бояд то оғози сол фурӯхта шавад. Ин ҷо аз 300 сомонӣ то 350 сомонӣ сари 1 дона либос рост меояд….

14.08.2025. Соат ба вақти Бохтар 14:17 дақиқа. Худи ҳамон рӯз барои таҳлили пурратар баргаштем ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Бохтар. Ба гуфти директори МТМУ № – 2 и шаҳри Бохтар М. Қаландарова аллакай онҳо аз иҷрои пурраи таъмини либоси ягонаи мактабӣ барои соли хониши 2025- 2026 баромадаанд. Тибқи нақшабандӣ имсол ба 410 хонанда либоси тавсеавӣ тақсим карда шудааст. Ва он муассисаҳое, ки мо будем, амсоли муассисаҳои 3, ЛТТ, чекҳо дастнавис ҷамъоварӣ мешуданд. Ва аҷибии кор дар он аст, ки аксар ҶДММ-ҳо дар дохили муассисаҳо ярмарка ташкил кардаанд. Ва аз волидон «хоҳиш» намудаанд, ки барои гирифтани чекҳои сехҳо ба омӯзгорон мусоидат намоянд. Волидонеро, ки дар муассиса ҳозир шуда наметавонанд, ба худи сехҳо равон мекунанд, то чеки дастнависи сехро барои иҷрои нақша гирифта оранд!!!

Муаллифи матлаб барои таъйиди навиштааш акси чекҳое,ки волидон аз сехҳои фармудаи мактабҳо оварда ба мудир ва муаллимҳо нишон додаанд ва низ аксу тасвири синфхонаҳои бархе аз мактабҳоро, ки дар онҳо сарулибоси мактабӣ ба фуруш гузошта шудаастро низ дар навиштааш нашр намудааст.

Хуб,ҳоло баъд аз онки худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам дар мулоқоташ бо аҳли маориф дар рӯзи 30 август дар Донишгои сайёҳӣ ин кори омӯзгоронро интиқод кард, бубинем, ки маққомоти кишвар ба ин масъала чи посух хоҳанд дод?

                                   Душанбе

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!Бароятон аз Душанбе менависам. Нагӯям ҳам,аз рӯи навишта маълум мешавад, ки ман корманди мақомотам. Дар додситонии яке аз ноҳияҳои Душанбе кор мекунам.

 Чанд маълумоти нав дорам дар бораи Музаффар Юсуфӣ, ки пешкашатон мекунам.

Музаффар Юсуфӣ, Додситони нақлиёт дар назди яке ҳамшаҳриҳояш, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ аст, гуфтааст,ки мақсади Муҳаммадиқбол пул аст. Мехоҳад, ки «ма алоқаш кнм, сумуш партом. Ма фарзанди фарзонаи миллатм, ма ҳиҷ вақт кати хоино гап намезанм. Через чанд каналҳои агентура бромадестан бачаҳо, Иқбола фаҳмонан, ки мара дига нага ягон гап». 

  Бинобар маълумотҳо Музаффар Юсуфӣ ба номи бачааш Юсуф пули зиёд ҷамъ кардааст. Гуфта мешавад чанд корҳои Юсуф Раҳмонро дар КДАМ фурухтааст. Ҳозир боз камбудиҳои Зайнулло (Зайнулло Шарифзода , мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанберо фиристодааст ба боло.  

Як нафар аз шиносҳоям дар Прокуратураи Генералӣ гуфт, ки Музаффар Юсуфӣ яке аз сабабҳои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон шуд. Ба гуфтаи ҳамин шиносам Музаффар Юсуфӣ дар замони роҳбарии Юсуф Раҳмон дар Прокуратураи Генералӣ, ки раёсати назорати соҳаи КДАМ-ро дар уҳда дошт, бояд чи маълумоте, ки бар зиди Юсуф Раҳмон ё атрофиёнаш мешуд ба Юсуф Раҳмон мегуфт. Дар аввал ҳамин тавр буд.

  Аммо баъд аз онки Юсуф Раҳмон бо президент қудо шуд, ҳолат тағйир ёфт. Пеш аз туйи писараш Юсуф Раҳмон ниёз ба кумакҳои моливу пулӣ дошт. Чандин бор дастархону майда -чуйдаҳои гарон ба хонаи Президент барои хостгорӣ равон кардан даркор буд ва ин расходҳоро маҳз монанди Музаффар Юсуфӣ чанде аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ мекарданд. Ҳамин, ки туйро гузаронд Юсуф Раҳмон, тамом, полний дигар шуд.

Музаффар Юсуфӣ интизор буд, ки баъди туй ӯро муовин ё ақалан Прокурори вилояти Суғд ё Хатлон мемонанд. Аммо чунин нашуд. Баъди ин Музаффар Юсуфӣ хусумату бадбиниро нисбати Юсуф Раҳмон сар кард.

 Музаффар Юсуфӣ зиёд маълумотҳо оиди Юсуф Раҳмон ва писараш Сафарро ҷамъ мекард. Чандин маълумотҳоро оиди Юсуф Раҳмон Музаффар Юсуфӣ ба воситаи баъзе аз шогирдонаш ба Муҳаммадиқболи Садриддин равона кардааст.   Дар баробари ин, Музаффар Юсуфӣ тарики каналҳои махсуси почтаи махфие, ки ба номи Президент гузоришҳои махфӣ меравад нисбати ин ё он нафари мансабдор, ирсол кардааст. Ин шиносам гуфт, ки азбаски Музаффар Юсуфӣ пештар сардори раёсати назорати КДАМ дар Прокуратураи Генералӣ буд ва шогирдони бовафо дар КДАМ дорад, маҳз ҳамин шогирдонаш барои ирсоли маълумотҳо оиди Юсуф Раҳмон ва писараш Сафархон ба Президент кумак карданд.

Баъди зиёд гапу чап шудан атрофи Юсуф Раҳмон Президент гуфтааст, ки «бигирен ягон ҷо монедаш». Аз руи баъзе маълумотҳо ҳамон замон чанд вазифаро ба Президент гуфтанд, ки имконияти мондани Юсуф Раҳмон буд. Аммо Раҳмонов чизеро ба назар гирифта дар вазифаи ҳозирааш –Шӯрои амният Юсуф Раҳмонро монд.

 Музаффар Юсуфӣ контактҳои хуб бо Прокуратураи Генералии Русия, Узбекистон, Белорусия дорад. Чандин бор намояндагони онҳо омада буданд ва Музаффар Юсуфӣ онҳоро меҳмондориҳои вазнин кард. Албатта аз кисаи шогирдонаш.  Музаффар Юсуфӣ шогирдони кошелёк зиёд дорад. Солҳои охир Музаффар Юсуфӣ молу мулки зиёд ҷамъоварӣ кард. То қапидани Исмати Дулик, Музаффар Юсуфӣ дар фурудгоҳи Душанбе Шоҳ буд. Аз замони Прокурори нақлиёт таъин шудан  ва то қапидани Исмати Дулик, Музаффар Юсуфӣ суми калон ҷамъ кард. Контрабандаи сум, тилло, телефонҳои қимат ва дигар чизҳое, ки доляҳои конкретӣ медоданд, наркотик, шуримуриҳои дохилаи фурудгоҳ ба Музаффар Юсуфӣ бойгариҳо калон овард. Вақте ки Исмати Дуликро қапиданд Музаффар Юсуфиро ток зад, талхааш кафид.

Музаффар Юсуфӣ гуфтааст, «и Муҳаммадиқбол дар вақти кайфам медидай мара. Манзураш ҳамон аксеаш аст ки дар «Семейка» дар бокс асту дар дасташ нушокии энергетика  

  Музаффар Юсуфӣ дар Ҳамадони канали доимамалкунандаи интиқоли наркотикро дорад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вақтҳои ахир наркотикро якҷо бо Комил Мирзоалиеви раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон берун бароварда истодааст. Дар ин бора маълумотҳоро дертар мефиристематон.  

                          Турсунзода
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Пеш аз ончики броятон менависам гуфтаниам, ки Аллоҳ шоҳид аст, ки нияти бадбинию қасди шахсӣ надорам. Мақсади ман ислоҳи ин вазъияту ҳолат ва ислоҳ шудани он аст. Аммо, аз шумо мехоҳам номаи маро бидуни таҳрир ба нашр расонед.
  Муроҷиати ман ба пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов аст.

Ҷаноби Олӣ, Шумо хубам медонед, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо-и» шумораҳои №№ 169 ва 253,ки ҳам катбӣ ва ҳам навораш мунташир шуд,дар бораи ноҳияиТурсунзода ва мушкилоти он сухан мерафт.

  Дар ин номаҳо дар бораи Чупоновҳои ноҳияи Турсунзода гуфтагианд. Аммо ҳоло ҳам ҳамон кору рафтори миллатчигӣ давом дорад: паст задани миллати тоҷик ва бераҳмӣ нисбати мардум. Ин падару писар Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод чи гунае, ки дар барномаи Номаҳои № 169 гуфта будед, боз бо ҳамон рафтору гуфтор нисбати беморон ва нисбати мардуми тоҷик идома дода истодааст. Намедонам чаро, аммо аз гузашта боз бераҳмтару золимтар шудаанд. «Тоҷикоя зулм кунам роҳат мекунам мегуяд».

  Баъд аз ҷарроҳии геморой барои перевязка беморони тоҷик меоянд, риштаҳои ҷарроҳиро бояд гирад, зери назораташ бошад. Ин баръакс сахт сахт риштаҳоро канда хуншор мекунад ва боз 2 бораву 3 бора пулҳояшонро мегирад. Ман ба ду чашмам дидам. Зани калонсолеро барои кадом табобаташ дар Қараболои Турсунзода Чупонов Зариф барои пул шуда беҳад ноҳурматӣ кард. Ин зан маълум буд шароит хуб надошт. Ин Зариф тарафи он зан мегуфт, ки «ин тоҷико то Президенташон дар миллати ҷугиҳову лулиҳоанд». Он зани калонсолро қариб гирён кард.

 Муҳтарам Ҷаноби Олӣ. Мо дар шумораҳои пешинаи Номаҳо дар бораи вай навишта ва аз мақомот хоста будем, ки пеши ин амалҳои ӯро бигиранд. Дар ду номаи №№169 ва 253 барои ин падару писар нашру видео шуда буд. Мо фикр кардем, ки инҳо ислоҳ ва дар ғами мардум мешаванд. Аммо баракс шуд. Ҳам таҳқирро махсусан нисбати тоҷикҳо сахт карданд ва пулканиро ҳам зиёд намуданд.

 Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Баъди нашри ин ду нома дар Ислоҳ мақомоти амният ва ВКД аз инҳо пулашонро гирифта ҷавоб додаанд. Инҳо боз зулми бештар, таҳқири бештар болои давлату милат карда ва бо бопуштибонии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ин амалҳояшонро давом дода истодаанд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат! Пеши роҳи ин корҳоро гиред ва инҳо бояд назди қонун ҷавоб диҳанд. Мақомдороне, ки аз ин пора гирифта ӯро пуштибонӣ мекунанд, бояд назди қонун ҷавоб гуянд.
Ман тафтиши кори он мақомдороне, ки аз инҳо пораву ришва гирифтанд маълум мекунам ва боз ба Ислоҳ менависам. Худи Фарҳод Чупонов гуфтааст, ки «ин қавми ҷӯгӣ барои пулу мол давлаташро мефурушад Боз мегуяд чи хеле,ки Президенти лулияш замини давлатро ба Хитой, ба Қирғизистон ва ба Узбекистон фурухта буд»

Ин гапи доимии Фарҳод Чупонов аст. Худи ман ду бор шунидам.

 Дар охир ба мардуми Тоҷикистон чи гуфтаниам? Чи ҷинояте медонеду мебинед аз тарики Ислоҳ. тв ба Ҷаноби Олӣ арз кунед. Ҷаноби Олӣ Ислоҳ.ТВро мебинад.  Ҷаноби Олӣ ва Ислоҳ дар хизмати мову шумо мардуми Тоҷикистонанд.  

Бо эҳтиром, як сокини шаҳри Турсунзада.  

Share This Article