Нон (Ҳикоя)

Ислоҳ нет


Солҳои 1997- 98 таҳсил дар донишгоҳ хеле душвор буд. Хусусан барои донишҷӯëне, ки аз шаҳру навоҳии дурдаст меомаданд ва дар Хуҷанд иҷоранишин буданд. Ҳафтае як бор рӯзи шанбе бегоҳӣ ба хонаамон рафта, рӯзи  якшанбе бегоҳӣ як халта хариди рӯзгор меовардем. Барои он, ки маблағи роҳкиро барояд, аз Хуҷанд риштаи бофандагӣ мебурдаму аз Истаравшан қурут меовардам. Маҳсулоти полезӣ дар бозори Истаравшан арзонтар буд. Ноне, ки  аз орди осиëи обӣ мепухтем, дар болои танур намеистод, мешорид. Ду манаҳи танурро сеқаторӣ мечаспонидем. Аммо ана ҳамон нонро гӯë ба чашмонамон молида мехӯрдем. Шароит вазнин буд, донишҷӯëни зиëде аз ҷануби Ватан гуреза шуда омада буданд, эҳтимол шароити рафта омадан ба хонаашон надоштанд, ки вазнинтар аз мо рӯз мегузарониданд. Кам набуданд низ донишҷӯëне, ки аз баҳри таҳсил баромада, муҳоҷират пеш гирифтанд

Чор нафар духтарон дар як ҳуҷра зиндагӣ мекардем. Рӯзе як маротиба хӯрок мепухтем, ки маҳсулоти гӯштӣ он солҳо барои донишҷӯй исми маънӣ буд. Агар хӯрок шӯрбо бошад, номашро “40 солагии ғалаба” мегуфтем, чунки навиштаҷоти дохили коса аз даруни шӯрбо хонда мешуд

Ҳамхонаҳоям ҳарсе духтарони деҳотӣ буданду аз маҳсулоти полезӣ: Картошка, пиëз ва дигару дигар он қадар танқисӣ намекашидем. Аз ин сабаб ҳам рузҳои  охири ҳафта, дари хонаамон дам нагирифта садо медод. Сабзӣ дода истед, пиëз дода истед…
Мо ҳам дар навбати худ даркӯбӣ мерафтем, чой, намак, равған …

Ҳамин тавр рӯзи хобгоҳи донишҷуëн мегузашт. Боре субҳи рӯзи шанбе бо охирин буридаҳои нон ноништо кардем ва медонистем, ки баъди нисфирӯзӣ ҳама ба хонааш меравад, боз ҳалта пур карда меорад. Аммо гапи хона ба бозор дуруст намеояд гуфтагӣ барин, дар тахтаи эълонҳои донишгоҳ варақаи эълон бо навиштаҷоти даъват ба маҷлис    барои рузи шанбе соати 15 часпонида мондаанд. Маҷлис расо як соат давом кард. Рӯзи зимистон баъди ним соати дигар торик мешуд. Маълум, ки духтарон имрӯз ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.
Беҳад гурусна будам. Дар ҳамëн фақат барои роҳкирои Хуҷанд – Истаравшан маблағ дорам, дар хона бошад, нон нест.  Ҳамагӣ 3-4 дона картошка монда буд, ки онро ҳам ба дигарон додем, зеро имрӯз бояд ба хона мерафтем. Гуруснагӣ дар ҳавои хунук сахттар таъсир мекардааст. Шамоли Хуҷандро ҳоҷати шарҳ додан ҳам нест. Чашмро бояд нимроғ карда ба  роҳ нигоҳ кунӣ.

Ҳаво торик шуда меомад, шамол нолиш мекард, ман пиëда мерафтам ва куча, ки тумани ғавс ҳамаро фаро гирифта буд, дунëро дар назар сахт танг менамуд. То хобгоҳ каме дигар роҳ монда, агар миëнабур кунам зудтар мерасидам. Он солҳо мошини партовкашон дер – дер меомадагӣ шуда, кучаи биноҳои серошёна аз партов пур мешуд. Аз як тарафи партовгоҳ домони палтои дарозро эҳтиёт карда мегузаштам, ки чашмам ба як чизи гирда афтод. Нон буд. Хамирро кокул барин бофта, атрофи нонро ороста, дар мобайнаш  ситорача карда пухтаанд. Албатта дар тафдон (духовка). Ба атроф нигоҳ кардам, касе нест. Бошад ҳам, дар ҳавои туманӣ маро намебинад. Дурусттар ба нон нигоҳ кардам, аз орди сафеди навъи якум пухта шудааст. Хеле истодаму аз гирифтан изо кашидам, аммо гуруснагӣ иродаамро мешикасту гир мегуфт. Ниҳоят хам шуда нонро гирифтаму аз рӯяш барфи нафис боридаро афшондам. Тугмаи палторо кушода, нонро ба бағал гузошта, тугмаҳоро гузаронидам, гуë аз шарми мардум нонро пинҳонӣ ба хобгоҳ бурдам.
Нон ниҳоят қоқ шуда буд, шикаста намешуд. Дидам, ки дар гирдогирди нон изи дандони муш ҳаст, кордро гирифта изи дандони мушро тарошида партофтам.  Хеле нонро шустам. Зарфи бисёр надоштем. Як дегчаву якчанд косаву табақамон буд. Нонро як илоҷ карда чор қисм шикастаму ба сатили об андохтам, аз болояш оби ҷӯшида рехтам. Мунтазир шудам, то мулоим шавад.

Касе дарамонро кӯфт, боз кардам, ки Довар ном ҷавони фархорӣ андак равған пурсида омадааст. Ба пиëлааш охирин равғани шишаро рехта додам. Нони дохили сатилро дида монду  гуфт: “Эъ мо куҷо будем, ки ин нон сахт шуд? Як бурида гирам майлаш -мӣ?”
Чоряки нон насибаи Ӯ будааст.

 

Довар рафту баъди андаке дарро маҳкам карданӣ шудам. Нигоҳ кунам Довар ҳануз дар зинапояи ошëнаи дуюм истода , нонро баиштиҳо хӯрда истодааст. Маро дида, зуд боло баромад. Дақиқае пас ҳамсояи дигар омад.
– Апаҷон, камтар нон надоред? Қоқ бошад ҳам, мешавад.

Хуллас аз он нон чорякаш ба худам монд. Шояд аз ғояти гуруснагӣ бошад, ки хеле бомазза буд. Худ ба худ андешидам. Имрӯз аз партов ризқамро ëфта омадам ва на фақат барои худам. Аз воқеа чор сол сипарӣ шуд. Танҳо соли хатм аз ҳамон нафароне, ки ҳамроҳи ман нони аз партов ëфтаамро хӯрда  буданд, узр пурсидам.

Ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад

 

Share This Article