30 солагии 16- умин иҷлосия ё ифлосия? №3

Ислоҳ нет

Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб чи гуна гузашт?

(бахши севвум)

Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб аз дақоиқи аввал, то лаҳазоти охир дар як ҳолати изтирорӣ ва таҳти фишори равониву таҳдидҳои ошкорои депутатҳои ҳаводор ва вобаста ба Фронти халқӣ ва пуштибонони хориҷии он –хадамоти амниятии Узбакистон ҷараён гирифт. На танҳо қасри Арбоб, балки аз фурудгоҳи Хуҷанд, то ба бинои ҳукумати вилоят ва роҳҳои асосии шаҳр ҳама бо тонку зиреҳпушҳо забт шуда ва як фазои тарсу ваҳшатро эҷод карда буд. Мисли онки дар Хуҷанд ҳам омодагӣ ба ҷанг ва ташкили сангару ҷабҳаҳо мерафт.

“Иҷлосия дар қасри Арбоб соати 10-и субҳи рӯзи 16 таҳти раёсати Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз шуд. Аммо Искандаров танҳо ҳамин қадар тавонист, ки ҷаласаро ифтитоҳ кунад. Ба муҷарради эълони ифтитоҳи кори ҷаласа раиси Шурои Олӣ маҳак ва мавриди хашму ғазаби депутатҳои вилояти собиқи Кулоб ва чанде дигар аз депутатҳо аз водии Ҳисор қарор гирифт. Ин гурӯҳи депутатҳо мили туфангҳои омода ба набарди худро ба самти раёсати Шӯрои Олӣ ва раиси он рост карда ингор байни худ як сабқати саросемавори берабту низомро шурӯъ ва ҳар кадоме аз онҳо мехост ӯро ба қурбонии аввали худ табдил диҳад.”

Ҳар сақату дашному ҳақорате, ки доштанд болои сари вай рехтанд:

   «Долой», «долой»!! «Уходи», «Рав», «Рав»!!

Акбаршо Искандаров ночор шуд курсии риёсатро тахлия ва ба толор дар паҳлуи депутатҳо бишинад. Аммо, ҳанӯз ин аввали кор буд. Ҳамлаи ин гурӯҳи депутатҳо депутатҳои тарафдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва тарафдорони неруҳои милливу демократиро водор ба вокуниш кард ва дигар толори иҷлосия ҳолати сангару ҷабҳаи ҷангро ба худ гирифта буд. Акнун инҷо толори ҷаласа набуд, ба майдонии воқеии ҷанги дохилӣ, ки қисмати ҷанубии кишварро фаро гирифта ва алангаи он болотару болотар мешуд, табдил шуда ва депутатҳои сармасту махмуру ғарра аз пирӯзиҳои Фронти халқӣ ба мисли Миралӣ Маҳмадалӣ, Ҳайдар Шарифзода, Адолат Раҳмонова ва чандеи дигар талош мекарданд, ки ҳарчи зудтар ҳама депутатҳо бипазирад, ки акнун ҳарфи аввалу охирро маҳз онҳо мезананд. Роҳе ба ҷуз аз ташкили як Комиссияи муросои депутатӣ пайдо накарданд ва дар ҳайъати 40 нафар ин комиссиюн ташкил шуд.

Ин комиссиюн низ, ки акнун таҳти таъсири депутатҳои Фронти халқӣ қарор дошт бо баҳонаи онки Раёсати Шӯрои Олӣ истеъфо додааст, пешниҳод кард, ки кори иҷлосияро на Искандаров, балки депутати дигар пеш барад. Ва, ҳамин тавр Ҳабибулло Табаров, депутат аз гурӯҳи вакилони вилояти Кулоб дар курсии Искандаров нишаст ва кори ҷаласаро пеш бурд. Гӯиё акнун ҷаласа таҳти контроли Фронти халқӣ қарор гирифт. Аммо, ин иқдом ва ин амал комилан хилофи қонун буд ва метавон гуфт, ки депутатҳои Фронти халқӣ шурӯъи табаддулоти парлумонии худро аз ҳамин лаҳза оғоз карданд.

Абдумаҷид Достиев, депутати Шӯрои Олӣ дар китоби худ «Тоҷикистон –шикастанҳо ва бастанҳо» ин ҳолати толори қасри Арбобро чунин тасвир кардааст:

  «Раисикунандаи Иҷлосия, А. Искандаров, норозигии худро нисбат ба пешниҳоди намояндаи Комиссияи муросо иброз намуд,ки:-ӯ ба аризаи истеъфо имзо гузоштааст, (Раёсати Шӯрои Олӣ ва аъзои Девони вазирон –Ҳукумати мусолиҳаи Миллӣ қабл аз омадан ба Хуҷанд аризаи истеъфо навишта буданд) вале ҳақ дорад, ки то вақти ҳалли худро ёфтани ин масъала, мувофиқи регламент, ба ҷаласаи Шӯрои Олӣ раисӣ кунад. Дар мавриди ҳузур надоштани ӯ метавонад ин вазифаро ҷонишинаш ба уҳдаи худ гирад ва барои шарҳи масъала ба ҳуқуқдонҳо, аз ҷумла ба иҷрокунандаи вазифаи Прокурори кулли кишвар муроҷиат намуд. Пешниҳод ба овоз монда шуд. Аксарияти намояндагони халқ ба ин пешниҳоди А.Искандаров зид овоз доданд. Таклифи дуюм оид ба раиси иҷлосия интихоб кардани намояндаи халқ Табаров Ҳабибулло бо аксарияти овози тарафдор қабул гардид ва ҷаласа зери раҳбарии намоянда Табаров.Ҳ оғоз шуд».

Акбаршо Искандаров баъди чанд соли ин ҳаводис дар як сӯҳбати расониаш мегуяд, ҳадафи ӯ ва ҳаммаслаконаш дар ин Иҷлосия фақат пешгирӣ аз идомаи ҷанг ва хунрезӣ буд ва барои ӯ курсӣ муҳим набуд:

«Мо дар инҷо дар фикру андешаи ором кардани вазъ ва пешгирӣ кардани ҷанг будем. Ман аз як чиз бисёр нороҳат шудам. Аксарияти он мардуме, ки мо он вақт ҳамроҳашон кор мекардему сӯҳбат мекарданд, фақат дар бораи беҳбуди вазъияти Тоҷикистон ҳарф мезаданд, фақат дар бораи бас кардану пешгирӣ намудани ҷанг сухан мерафт. Мо барои баргузорӣ ва барои дуруст тайёр кардани асноду масъалаҳои иҷлосияи Шӯрои олӣ як комиссияи босалоҳият ташкил кардем. Фикр доштам, бояд як коре кунем, ки ин охирон ҷаласае бошад, ки масъалаи ҷанг ва пешгирӣ кардани ҷангро муҳокима намояд. Зеро он бисёр идома пайдо кард. Ҳама мефаҳмиданд, ки оқибати он чӣ мешавад. Вақте мо ба Хуҷанд рафтем ва вазъиятро камтар омӯхтем, бисёр ҳайрон шудам, ки ҳамин мардуме, ки ҳамроҳи ман буданд, мардуме, ки фақат ба манфиати сулҳу салоҳ гап мезаданд, ҳама чизро мондему фақат ба курситақсимкунӣ сар кардем. Ман дар ҳамон давра ҳам гуфта будам, ки ин курсиҳо аз ҷумла рафтан ва ё нарафтани раиси Шӯрои олӣ фақат дар дасти депутатҳо аст. Кадом вақте хоҳанд метавонанд раиси Шӯрои олиро бозхонд кунанд, зеро ин мақоми президент нест, ки дар ихтиёри мардум бошад. Дигар масъала, чи хеле гуфтам, бояд дар иҷлосия баҳои ҳуқуқӣ дода мешуд ба рафтани Раҳмон Набиев. Вақте ба Хуҷанд рафтем, саддарсад дарк кардам, ки скрипкаи аввал дар дасти Тоҷикистон набуд».

Искандаров дар идомаи суҳбаташ меафзояд, ки вай медонист, ки «дрижёрҳо»-и паси саҳнаи ин иҷлосия киҳо буданд ва иҷлосия амалан аз куҷо идора мешуд. Ҷаноби Искандаров мегуяд, ки як рӯзи қабл аз иҷлосия намояндаи раиси ҷумҳури Узбакистон омад ва гуфт, ки «танҳо шумо намояндаи легитмии ҳукумат дар Тоҷикистон ҳастед ва агар бихоҳед, ки дар қудрат бимонеду мо шуморо кумак кунем бояд чанд шартро қабул кунед». Искандаров мегуяд, ки он шартҳоро қабул кардан маънои идомаи ҷангро дошт ва ман  ба унвони як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешудам. (Зимнан ин шартҳо чиҳо будандро дар матлабе роҷеъ ба Эмомалӣ Раҳмонов дар ин риштанавишта мунтазир бошед)

“Ва, аммо Ҳабибулло Табаров баробари нишастан ба курсии раиси ҷаласа масъала гузошт, ки дар иҷлосия танҳо депутатҳо, меҳмонони хориҷӣ ва журналистон ширкат кунанд, диграҳо «халал» нарасонанд ва тарки толор кунанд. Ин «масъалагузорӣ» боис шуд, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, иҷрокунандаи мақоми Сарвазир ва аъзои Девони вазирон ва низ даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабаре чун Муҳаммад Осимӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор тарки толор карда ва дар фазои ниҳоят сарди саҳни қасри Арбоб мунтазир бимонанд.”

Аммо, дигар баҳсу кашокаш миёни депутатҳои тарафдори Фронти халқӣ ва ҷиноҳи депутатҳои демократ ва тарафдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ба шиддати бештар толори ҷаласаро ноором мекард. Дар васати ин ҳама баҳсҳо касе суханони раисикунандаро эътибор намедод. Ва, рӯзи аввал ба ин минвол ба анҷом расид. Пагоҳ-17 ноябр  гурӯҳе аз вакилон, яъне ҷиноҳи демократии парлумон ширкат накарданд. Чун дар воқеъ вакилони тарафдор ва вобаста ба Фронти халқӣ дар рӯзи аввал табаддулоти парлумонӣ анҷом дода ва ғайриқонуни раиси Шӯрои Олиро аз курсӣ барканор карданд.

Солҳо баъд Ҳабибулло Табаров дар суҳбат бо расонаҳо аз он лаҳзаҳои кори Иҷлосияи 16 ёдовар шуда иқрор мекунад, ки онҳо илоҷи дигар надоштанд, чун Сангак онҳоро вақти гусел кардан дар Тирмиз таҳдид ба куштан карда буд:

«Сангак ба гап сар кард ва хеле дар бораи ҷангҳо сӯҳбат намуд. Вай дар фароварди суханаш таъкид ва таҳдид кард, ки агар дар ҳамин сафар масъаларо дар Ленинобод (Суғд) ҳал нокарда баргардед, бидонед, ки нафаре аз шумо зинда нахоҳад монд. Ба тарафи ман гашту гуфт, ки “акаи Ҳабибулло гапи мара фаҳмидӣ?” Ман гуфтам, ки фаҳмидам, масъаларо ҳал мекунем. Гуфтам чунин вазифадор шуда бошем, чаро ҳал накунем.»

Аммо дар рӯзи 18 ноябр, яъне рӯзи саввуми кори ҷаласа депутатҳои вобастаи Фронти халқӣ иштибоҳи фоҳиши худро дарк карданд ва депутат Табаров, раисикунанда изҳор дошт, ки «бинобар сабабе, ки ҳанӯз ба истеъфо рафтани раиси Шӯрои Олӣ А.Искандаров ва аъзои раёсати Шӯрои Олиро иҷлосия ҳал накарда аст,таклиф мекунам,ки раисии Иҷлосияро Акбаршо Искандаров идома диҳад. Искандаров ба курсии раисӣ нишаст ва пешниҳод кард, ки барои ҷилавгирӣ аз идомаи ҷанг бояд қумандонҳои ҳарду тараф ба иҷлосия даъват шаванд ва аз оштиву сулҳи онҳо вобаста аст ки ҷанг қатъ бишавад.

Вале, чуноне гуфтем, депутатҳои кулобӣ зери фишори Сангак Сафаров қарор доштанд ва мебоист нафари мавриди назари худро ҳарчи зудтар дар ҷойи Искандаров ба курсӣ менишонданд. Ва, Адолат Раҳмонова, Ҳикмат Шариф ва чандеи дигар дигарбора бо ҷеғу фарёд истеъфои Акбаршо Искандаровро хостанд.

     “Рӯзи 19 ноябр Искандаров масъалаи бозхонди раиси Шурои Олӣ-яъне худашро пешниҳод ва таклиф кард, ки кори ҷаласаро Ҳабибулло Табаров пеш барад. Ҳамин тавр Искандаров бозхонд шуд, агарчи дар ҷараёни бозхонди ӯ низ хеле баҳсу кашокашҳо сурат гирифта буд. Дар ҷойи ӯ Эмомалӣ Раҳмонов, депутати Шӯрои Олӣ аз Данғара-яъне намояндаи Фронти Халқӣ раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд.”

(Дар ин бора дар навиштаҳои баъдӣ муфассалтар ҳикоя хоҳем кард)

Аммо, акнун ҳеҷ хату хабар ва дараке аз инки дар ин иҷлосия бояд «ҳокимияти конститусионӣ» ва то 7 майи соли 1992 барқарор бишавад, набуд. Ингор ҳама фаромӯш карда буд, ки Сангак ва Фронти халқии вай барои ба мақомаш барқарор кардани Раҳмон Набиев ва Сафаралӣ Кенҷаев Тоҷикистонро ба «туфон» кашонида буд.

Инҷо барои рушантар шудани матлаб ба китоби «Фарёди солҳо»-и Бӯри Карим  рӯ меоварем. Қабл аз баргузории ин иҷлосия Феликс Қулов, витсе-президенти вақти Қирғизистон барои баррасии вазъияти сиёсӣ ва роҳҳои ҳали поён додани ҷанг дар Тоҷикистон ба Душанбе омада буд. Вай дар ҷраёни ин сафар бо роҳбарони тарафҳо, қумандонҳои ҳарду тараф мулоқотҳо анҷом дод. Ҷараёни мулоқоти ӯ бо Сангак Сафаровро хабарнигори «Садои мардум» дар як гузорише инъикос ва чоп менамояд, ки онро Бурӣ Карим дар китобаш ҷо додааст. Ҳоло таваҷҷуҳ кунед, ки Феликс Қулов чи мегӯяду Сангак чи ҷавоб медиҳад:

Феликс Қулов:- «То ба хоки вилояти Қурғонтеппа ворид шудани неруҳои сулҳхоҳ шумо ва дастаҳоятон бояд инҷоро тарк кунед. Инчунин ҷониби муқобили Шумо низ бояд аз мавзеъҳои ишғолкардаи худ ақибнишинӣ намоянд. Дар ин хусус мо ба сарони ҳизбҳо ва созмонҳои мардуми сӯҳбат доштем. Онҳо ин мақсади моро ҷонибдорӣ намуданд.»

Сангак Сафаров: «Мо пеш аз ҳама бояд ҳукумати қонунии то 7 майи соли ҷорӣ амалкардаро барқарор намоем, то ин корро накунем намешавад. Ман ва халқи азизам,(сокинони вилояти Кулобро дар назар дорад.А.М)  ҳамон вақт ба ин пешниҳод розӣ мешавем, агар итминон пайдо кунем, ки тарафи ғармиҳо аз вилоят тоза гардад.»

Аммо, чуноне гуфтем, дигар ҳеҷ хату хабар аз ҳукумати то 7 май набуд ва ҳокимият ба дасти як гурӯҳе афтод, ки дар пушти худ ёриву кумаки аҷнабиҳо-Русияву Узбакистонро дошт ва ин ду кишвар ба хотири маҳв ва нобуд кардани неруҳои нави сиёсӣ дар Тоҷикистон, неруҳои воқиан ҳам милливу демократӣ, ки як Тоҷикистони мустақил ва озодро ҳадаф доштанд, ин гурӯҳи бардахӯ ва пастро ба сари қудрат оварданд. Акнун онҳо худашон ҳукумат мехоҳанд ва бо ин ваъда, ки ҳукуматро бигиранд хоста ва барномаи Узбакистон ва Русия иҷро мешавад, кишварро ба як марҳилаи сангинтари ҷанг кашониданд.

Зимнан қумандонҳои ҳарду тарафи ҷабҳаи ҷанг ба ин иҷлосия омаданд. Онҳо аввал миёни ҳам барои чанд соат мулоқот карданд. Даст ба дасти ҳам доданд. Қарор карданд, ки вориди толор мешаванду танҳо аз сулҳ ва гузоридани силоҳ ба замин мегуянд. Яке аз қумандонҳои ҷониби Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ хотироташро аз он рӯзҳои иҷлосия ва бахусус аз мавриди зери қавлаш задани Сангак ёд оварда чунин гуфта буд:

«Бародарони азиз, хушбахтона фурсате ба мову шумо расид, ки аз наздик ба чашмони якдигар нигарем ва ошкоро ҳақиқатро гӯем. Ҳамаи мову шумо, хуб медонем, ки ҷанг аз куҷо оғоз ёфт ва кӣ ин ҷангро ташкил кард. Бародарон! биёед, кори шудагӣ шуд, гунаҳкорро намекобем!  Мақсади асосӣ ин аст ки бояд оштӣ кунем ва ба ҷанг хотима гузорем. Ман гуфтам,ки:

  Аввал як Протоколи оташбас тартиб медиҳем. Касоне, ки аз ҷониби шумо, ё ин ки аз ҷониби мо ба маҳкама гирифтор шудаанд, ҳамаашон озод карда шаванд,

 Дуюм Фронти халқӣ бояд ба Кӯлоб баргардад ва атрофи Душанберо тарк намояд. (Мо ба ҷое ва ба касе ҳуҷум накардаем ва ягон ҷойро ишғол ва ягон касро ба асорат нагирифтаем. Мо дар хонаи худамон ҳузур дорем.)

Сеюм, ҳарду ҷониб яроқҳоямонро ба структураҳои давлат месупорем.

Чаҳорум, баъд аз имзои Протоколи оташбас аз кадом ҷонибе, ки оташи тир кушода мешавад, ҳамон ҷониб гунаҳкор ҳисобида мешавад ва бигзор бо  нерӯҳои ООН, Россия ё дигар қувваҳо несту нобуд карда шаванд”. Баъд аз баромади ман Бобои Сангак хест, ба ман аҳсант гуфт ва хело ҳам ашк рехт. Ӯ он қадар зиёд ҳам сухан нагуфт. Ӯ гуфт, ки ман бо суханҳои додарам ризоям ва ҳар чи гуфт ҳамааш дуруст.  

  Танаффус ба охир расид  ва мо ҳама дохили зали сессия шудем. Депутатҳо аз курсиҳо хестанд ва бо кафкӯбиҳои зиёд моро истиқбол карданд. Маълум буд, ки хело пазмони зану фарзандонашон шудаанд ва ҳарчи зудтар мехостанд аз ин даҳшати сессияи 16-ум халосӣ ёбанд. Мо ҳама намояндаҳо  ду ҷониб дар қатори аввали курсиҳои зал нишаста будем. Якум, Бобои Сангак ба минбар баромад. Оғози суханонашро аз қозӣ Тураҷонзода сар кард. Ана  қозӣ Тураҷонзода ана ин хел, ана он хел!  Ҳарчики тавонист нисбати Тураҷонзода  тӯҳматҳои зиёде кард! Дуюм, Ёқуб Салимов баромад ва проблемаҳои Кӯлобро овард. Сеюм шуда ба минбари толори сессия акаи Ҷумъа Буйдоқов баромад. Ӯ баромадан замон аз толор ба Бобои Сангак муроҷиат карда гуфт: “Бобои Сангак, о, дар боло маслиҳатҳо чи буду ту чиҳо гуфта истодаӣ? Аз баски ман бо Бобои Сангак паҳлуи ҳам нишаста будем, ӯ аз ҷояш бархесту дасти росташро дар болои синаи чапаш монду мебахшӣ гуфту нишаст.”

Сангак, ки акнун дар ҳавои даҳанаш санги осиёб мечархид болои депутатҳои ҷонибдори оппозитсия тохт меоварду уштулум мекард. Қозӣ-Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро сиёҳ мекарду ҳарчи ба даҳонаш меомад мегуфт. Тоҳири Абдуҷаббор, ин меъмори воқеии истиқлоли Тоҷикистонро «оқи падар»  хонд. Ва, ин ҳама тавассути телевизион дар тамоми кишвар нашру пахш мешуд.

Эмомалӣ Раҳмонов, дар ин иҷлосия ҳукумати худро ташкил кард. Асосан аз ҳаммаҳалҳо-ҳамяроқони худ интихоб ва дар тамоми мансабҳои калидӣ намояндагони вилояти собиқи Кулобро таъйин кард. Барои мисол Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Шӯрои Олӣ, амалан нафари дуввуми Тоҷикистон интихоб шуд. Ва, дархости Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистонро ҳам барои нишондани нафаронаш ба мақомоти давлатӣ иҷро кард: Хуҷааҳмад Хидиралиеви депутати узбактабор аз Шаҳритуз муовини раиси Шурои олӣ интихоб ва В. Шишляников, намояндаи вазорати дифои Узбакистон, вазири мудофиаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба ин тартиб:

     М. Убайдуллов, ҷонишини раиси вилояти Кулоб муовини сарвазир;

     Ёқуб Салимов, қумандони Фронти халқӣ-вазири дохилӣ:

     Сайдамир. Зуҳуров, ҷониши КГБ-и вилояти Кулоб раиси КГБ:

     М. Солеҳов, додситони Конибодом( аз Кулоб), Додситони кулл;

     Б.Маҳмадов, (аз Кулоб) вазири фарҳанг ва иттиллот:

     В.Шафоев(аз Кулоб) вазири об:

     Ҳабибулло Табаров (аз Кулоб) вазири кишоварзӣ таъин шуданд.

Раҳмонов аз ҳамон соатҳои аввали кораш сиёсати маҳалгароиро дар сатҳи давлат кашонд ва ҳоло дигар ҳокимиятро авлодиву хонаводагӣ кардааст.

Дар ин иҷлосия рухдодҳои ҳайратангези зиёде ҳам буданд, ки роҷеъ ба онҳо дар идомаи ин силсиламатолиб ҳатман ба таври алоҳида хоҳем гуфт. Барои мисол аз онки чаро С.Кенҷаев ба мақомаш барқарор нашуд ва чанд рӯзе, ки дар ин иҷлосия нопадид шуд, куҷо рафту кӣ бурдаш, истеъфои зӯракии Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳури мунтахаб дар ин иҷлосия чи тавр ба амал омад, чаро Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олии собиқ дар ин ҷаласа ширкат карда натавонист ва ӯро кӣ ва чаро кушт, сӯиқасд ба ҷони ноиби сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар Хуҷанд, талоши ҳабси депутатҳои ҷиноҳи демократии Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд ба мисли шодравон Аслиддин Соҳибназаров, маъракаи «Оши оштӣ» ва ҷузъиёти дигари ин иҷлосия матлабҳои алоҳида пешниҳод мекунем. Ҳамчунин аз онки Иҷлосияи 16 то куҷо қонунӣ буд ва ҳақ дошт, ки идораи президентӣ дар кишварро барҳам диҳад ва инки маҳз дар ҳамин Иҷлосия Раҳмонов ба ҷиноят ва хиёнати зидди миллӣ даст зада аз Узбакистон хост барои саркуби неруҳои милливу демократӣ кумаки низомӣ расонад низ хоҳем навишт. Аммо, барои онки ин ҳамаро беҳтару хубтар бифаҳмед ва манзараи воқеии солҳои оғозини истиқлол бароятон рушантар бошад дар бораи ангезаҳои ҷанги дохилӣ ва шахсияти Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилии дар он солҳо матлаби ҷудогона омода ва нашр хоҳем кард.

Поёни қисмати севвум, қисмати чаҳоруми мо: “Ангезаи ҷанги шаҳрвандӣ “ мебошад. Матолиб ва барномаҳои “Ислоҳ”ро дунбол кунед ва аз он ҳаводиси муҳимми таърихӣ хуб огоҳ гардед!

Share This Article