Оби дидаи миллат

Ислоҳ нет

Қабристон ба хонаамон наздик буд. То ҷойи кор бо роҳи калону ҳамвор рафта мешуд, аммо ба хотири наздиктар шудани роҳ аз миёнаи қабристон убур мекардам. Аз чи бошад, ки ин мавзеъ асабро ором мекунад . Ё хомӯшии мутлақ доштанаш, ё мазмуни бузург доштанаш.

 

Қабристон гӯшаи хомӯшии гӯёст, ки охири талошҳои дунёиро мефаҳмонад. Мисли зиндагии одамон қабрашон ҳам дар  рӯйи замин фарқ мекунад. Киҳо санги мармар гузошта, панҷарабандӣ карда, нақшу нигор андохтаанд?! Киҳо як санги оддие аз канори роҳ ёфта гузоштаанд, ки лоақал шинохта шавад?! Киҳо фаромӯш ҳам кардаанд?! Аммо дар зери ин фарқиятҳои берунӣ, ҳама як хел устухон аст, ё он ҳам дигар кайҳо пусида рафтааст.

 

Баҳору  борони пайдарпай роҳи коргоҳро дур карда буд. Маҷбур аз роҳи калон мерафтам, чунки убури қабристон имкон надошт, лой буд батамом. Ягон ҳафта ин ҳолат давом дод. Як бегоҳ беҳад хаста шудаму маҷбур будам, ки боз роҳро миёнабур  кунам. Аз канори қабристон, рӯ-рӯйи алаф қадам мегузоштам, ки чашмам ба як канори он мавзеъ афтод. Селборон он қадар замини нармро шуста ба дигар тараф бурдааст, ки ҳатто устухонҳои баъзе аз мурдаҳо намудор шудааст.

 

Қаблан ҳам мардум аз хоки он ҷо канда хишт мерехтанд, аммо маълум аст, ки борон хеле заминро кофтааст. Наздиктар рафта, дуруст нигоҳ кунам, тарзи хобидаи як ҷасад пурра маълум аст, аммо аҷибаш ин ки болотар аз ин устухон боз як ҷасади баръакси дар зербуда, гӯронида шудаасту устухони он ҳам бараъло менамояд.  Наход, ин мавзеъ то дараҷае қабристони қадима бошад, ки ҳатто дар як ҷой ду бор мурда гӯр кардаанд?! Дар сарам саволи бисёре пайдо шудан гирифт. Наздиктар рафтаму оё устухон ҳам мӯрт ва ковок мешуда бошад, гуфта бо ангушт қапида дидам. Қабурға ҷунбида аз қабаташ каме хок рехт ва ҳамроҳи хок оҳанаки зардтоби аз ангушт бориктар афтод. Каблан ин хел лӯлачаи оҳаниро дар мактаб дида будам, ки муаллими фанни омодагии дифоӣ нишон дода буд. Бале ин оҳанак тир буд. Тирро гирифта , роҳамро давом додам.

 

Хоки он қабристон аз хоки дигар мавзеъ хеле фарқ мекард. Гили бӯта мегуфтанд номи хокашро. Субҳи рӯзи дигар боз борон борид ва боз ҳам самти  коргоҳро дур карду аз роҳи мумфарш рафта истода будам, ки чашмам ба мӯйсафеди тамоман либосҳояш таршуда афтод. Аз тарафи қабристон баромада лойи кавшҳояшро ба алафи сабзи сари роҳ тоза мекард.  Беҳад пиру лоғар ва дасту пояш ларзон базӯр меистод. Наздиктар рафта салом додам, ки не-не рафтан гир, ман аз борони Худо ҳазар намекунам гуфт.  Ба фалсафааш то охир сарфаҳм нарафта, каме карахт шуда истодам. Мӯйсафед гумон кардааст, ки ба ӯ чатр доданиям, то тар нашавад.  Кафшашро тоза карда шуду ба ман нигоҳ карда гуфт: ” Як рӯз ба ин қабристон оварда мегузоранд, борон борад, касе чатр намедорад. Фарзандонат ҳам аз кунҷи сандалии гарм хеста намеоянд”

 

Дуруст мегуфт мӯйсафед. Боз камтар дар наздаш истодам, зеро гап мезад, аммо  гӯш накарда равам, меранҷид, беҳурматӣ мешуд.
– Қабристонро дидӣ? Борон шустааст. Он ҷо падару бародари ман ҳам хоб аст.
-Бале, дидам. Ана ин тирро ёфтам аз қабаташ.
Мӯйсафед тирро аз дастам гирифту авзояш дигар шуд, чашмонаш сурхтар, аммо  нигоҳаш ғазаболуд гардид. Ман аниқ намедонам, ки мӯйсафед гиря мекард, ё борони  боридаистода аз гунаҳояш метаровид?! Шояд гиря мекард?!
Бобо як оҳи чуқур кашиду  каме нафасашро рост карда , боз ба сухан пардохт.  
– Ин қабристонро Калламанора мегӯянд. Шоҳиди хунрезиҳои зиёдест.  Темури ланг омаду аз калла манор кард, баъд давлати урус омаду ваям мурдая қатор кард.  Темур каллаҳоро мечид, урус ҳоким шуду мағзҳоро, нағзҳоро чиндан сар шуд. Ҳар касе чизе мефаҳмиду  ҳаққу ботилро дарк мекард, душмани халқ ҳисоб мешуд. Хандаки дароз мекофтанд, сонӣ худораҳматии мағзи сараш кор мекардагиҳоро  як қатор мегузоштанду ба сарашон халта мепӯшониданд ва аз як сар тир холӣ мекарданд. Каме ба болояшон хок мекашиданд, то дафъаи дигари одамҷамъкунӣ болои мурдаҳо бо хок пӯшида буд.  Касе ҷуръат намекард, ки эътироз кунад, зеро навбати дигар дар саф истоданаш аниқ мешуд.

 

Бекафану беҷаноза мерафтанд бечораҳо. Аввал саводнокҳоро бадарға карданд, баъд китобҳоро сӯхтанд, баъд камсаводу навомӯзҳоро низ қирон карданду  ” Маҳви бесаводӣ” ном шиори аҷибе бароварданд.
Даруни мӯйсафед пур-пури дард буд. Ба гумонам ҳоло хеле гуфтан мехост, аммо аз дур нақлиёти мусофиркашон намудор шуд.  Фаҳмид, ки ман савор мешавам. Тири дар дасташ доштаашро ба сӯям дароз кард.
– Гир инро, ба фарзандонат нақл кун, хотираҳои миллат қабристони бороншуста барин  маҳв шуда нараванд.

 

Ман тири ёфтаамро аз дасти бобо гирифтаму ба мошин савор шудам. Аз тиреза нигоҳ кунам, бо нӯки остинаш оби дидаашро пок мекард.  Дарди миллате дар дили он мӯйсафед туғён дошту ашки миллате аз чашмони ӯ мерехт. Оби дидаи миллатро пок мекард. Дар ниҳонхонаи қалбаш ҳақиқати маҷрӯҳ зиндагӣ мекард ва ман  гӯё лаҳзае аз он ҳақиқатро аз дафтари умраш рӯйбардор кардам. Исботаш дар дастам тир буд.

 

Share This Article