«Облава» -ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмати сарбозӣ аз як мавсим то мавсими дигар ба худ хосияту хислати сангинтареро касб карда истодааст. Айни замон дар кишварамон маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба артиш шурӯъ шудааст.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон-масъули соҳаи ҳарбӣ шеваву услуби боз ҳам сахттареро барои иҷрои нақшаи даъват ба артиш рӯи даст гирифтааст. Раиси як ноҳия дастур додааст, ки барои иҷрои нақшаи аскаргирӣ ширкати кормандони ҷамоатҳо ҳатмӣ аст:
«Раиси ҷамоат, муовини раиси ҷамоат, котиби ҷамоат, масъули бахши танзими ҷамоат, заминсози ҷамоат, корманди андоз ва корманди мизи ҳарбӣ (вус) хуллас, тамоми кормандони Идораи ҷамоатҳои деҳоту шаҳракҳои Тоҷикистон дар мавсими баҳории даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ бояд иштирок кунанд. Муовини аввали раиси ноҳия бояд нақшаи ҳар як ҷамоатро муайян карда ва ба ҳар як корманди идораи ҷамоат супориши қатъӣ бидиҳад, ки онро саривақт ва бидуни баҳона иҷро кунад. Дар иҷрои ин нақша нозири минтақавӣ-участковий ва куратори ҷамоат дар амният низ масъулияти махсус доранд ва ба кормандони ҷамоат бояд ёрӣ расонанд. Ин супориш аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва шахсан худи Пешвои муаззами миллат аст ва он дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ шудааст».
Нафаре, ки ин хабарро ба мо расонд аз қавли як раиси ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор гуфт, ки имсол усули нави иҷрои «нақша» болои ҷамоатҳо ҷорӣ шуд: Бар фарзе агар барои ҷамоати мо даъвати18 ҷавон пешбинӣ ва нақша таъин шуда бошад, иҷрои он барои ҳамаи кормандони ҷамоат вогузор шудааст. Ҳамин 18 даъватшавандаро ба сари раиси ҷамоат- муовини раис, котиби ҷамоат, сармуҳосиб, бахши танзим, заминсоз, корманди андоз ва ғайра тақсим мекунанд. Кормандони ҷамоатҳо муваззаф шудаанд, ки нақшаи пешбинишударо дар муҳлати даъват ба иҷро расонанд.Тамоми ваколату салоҳият барои онҳо дода шудааст. Онҳо метавонанд ва ҳақ доранд ҷавони сини даъватро аз хонаву ҷойи хоб, аз кучаву бозор, хуллас аз ҳар куҷое, ки бошад дастгир карда ба комиссариати ҳарбӣ баранд. Дар сурати саркашӣ бояд участковий ва корманди амният ба ин кормандони ҷамоат кумак кунанд. Чунки хидмат дар артиш дар Тоҷикистон ҳатмӣ аст.
“Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки агар корманди ҷамоат, масалан сармуҳосиб ва ё котиб, ки мебоист ду нафарӣ даъватшаванда ба хидмат ҷалб мекарду вале натавонист, вазифадораст, ки 5000 сомонӣ ба сари ҷавони даъватшаванда маблағ бисупорад.”
Ин шаклу шеваи нави кор дасти кормандони ҷамоатҳоро барои гирифтани пора боз шуд. Агар то имсол танҳо раиси ҷамоат, корманди мизи ҳарбӣ (вус) ва участковий барои аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ гурезонидан пора мегирифт, акнун тамоми кормандони ҷамоат метавонанд, ки бемалол бо соҳибони даъватшавандаҳо муомила кунад.
“Вале ин танҳо услуби ғорати мардуми бе ин ҳам фақиру нодори тоҷик нест, ки давлат болояшон бор карда аст. Мусалламан, ниҳодҳои зидахл медонанд, ки шумори ҷавонони синни даъват, ки аз 17 то 27ро дар бар мегирад (имсол таваллуди 1995-то 2005) на кам аз 600-700.000 аст. Ва, аксарияти онҳо дар Русия қарор доранд ва ё Русия мераванд. Ба сафи артиш ҳадди даҳяки ин шумора ҷалб намешавад. Чун шумори сарбозони тамоми сохторҳои низомии Тоҷикистон ин оморро ташкил намедиҳад.”
Аммо онҳое, ки рафтанд ба Русия ва ё рафтанианд, онҳо ҳам ба манбаи даромад ва ба молу ашёи бизнеси масъулони ин арса табдил шудаанд. Феҳристи ному насаби онҳо аз ҷамоат гирифта то комиссариати ҳарбӣ ва вазорати мудофиа маълум аст. Аз вазорати мудофиа, то комиссариати ҳарбиву мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳӣ ва то худи ҷамоатҳо аз онҳо як миқдори муайян, дар ҳар мавсим ва маъракаи даъват ҳадди ақал 500 сомонӣ ситонида мешавад. Ва ин маблағ, ки миллионҳо долларро дар ҳар мависм ташкил медиҳад аз ҳамин идораи ҷамоат то Дастгоҳи иҷроияи президент тақсим мешавад.
Гузашта аз ин, аз соли гузашта, ки муҳлати даъватро барои тамоми сол эълон карданд, ҳоло бар замми ин маблағ ҷавонони синни даъват дар вақти хуруҷ аз марз ва ё ворид шудан ба ватан боз аз 500 то 1500 сомонӣ медиҳанд, то ки онҳоро ба аскарӣ набаранд ва ё ариза барои «довталабона ҳозир шудан ба мавсими наздиктарин» нагиранд. Ҳатто агар онҳо дар ватан набошанду дар муҳоҷират ҳам бошанд аз падару модари онҳо ин маблағ ситонида мешавад ва корманди мизи ҳарбӣ ошкоро мегӯяд, ки ин пулро ба «боло» медиҳад, вагарна «писари шуморо барои саркашӣ аз аскарӣ «розиск» эълон карда аз куҷое набошад давлат меоварад». Инҷо низ ин рақам аз марзи миллионҳо доллар убур мекунад. Албатта, аз ин фурсати муносиб кормандони гумрук дар фурудгоҳҳо ва умуман посгоҳҳои сарҳадӣ аз ҷавонони синни даъват пул мекананд, чун аксарияти ҷавонони тоҷик ҳатто наметавонанд муқобилият кунанд ва ба гумрук бигӯянд, ки шумо ҳақи мудохила кардан надоред.
Ҳоло шояд бипурсед, ки он корманди ҷамоат, ки натавонист ҷавонеро пайдо карда ба хидмати аскарӣ фиристад ва гиребонашро аз дасти раису дигарҳо халос кунад, он 5000 сомониро ба кӣ медиҳад? Ин 5000 сомонӣ ба раиси ҷамоати дигар ё ба комиссари ҳарбии ноҳия ва ё муовини аввали раиси ноҳия, ки масъулияти ин маъракаро бар ӯҳда дорад дода мешавад. Вай бо ин пул аз ҷамоати дигар ва ҳатто аз ноҳияи дигар як ҷавони дигарро аз раиси ҷамоат ва ё военком мехараду аз номи ҷамоати он корманди ҷамоат ба аскарӣ мефиристад. Яъне ҷавонеро аз дигар ҷамоат ва ё ноҳяи мехаранду аз ҳисоби ҷамоати шумо нақшаро иҷро мекунанд. Чанд соли ахир барои маҳз ҳамин услуби иҷрои нақша коллеҷу донишгоҳҳои дар навоҳии кишвар хеле ҳам фаъолона кумак карда истодаанд. Ёдатон бошад, соли гузашта дар бораи чунин мавридҳо, масалан дар Душаневу Хуҷанд ва Панҷакент хабарҳои зиёде дар расонаҳои иҷтимоӣ чоп шуда буд.
” Директор ва ё ректори ноинсоф фармони хориҷ (исключений) мебарорад ва онҳо-яъне кормандони ҷамоат ва комиссариати ҳарбӣ он ҷавонро мегиранду ҳамон 5000 сомонӣ ва ё ҳар маблағи гапзаноншударо ба онҳо медиҳанд. Имсол боз як бизнеси дигар аз ҳисоби «призивник»-ҳо ташкил шуд, ки он ҳам сарчашма аз он мегирад, ки муҳлати даъватро барои тамоми сол эълон кардаанд. Ҳазорҳо ҳазор ҷавони синни даъват барои онки оила барпо кунанд ба бахши танзим ва комиссариати ҳарбӣ аз 500 то 1000 сомонӣ пора дода сипас иҷозати туй ба даст оварданд.”
Дар баъзе аз навоҳиву шаҳрҳо ҳатто ба дари масҷидҳо қуфл ва мӯҳр зада шарт гузошта буданд, ки то бачаҳоятонро ба аскарӣ насупоред, масҷид ба рӯи шумо баста хоҳад буд.
Хуллас, новобаста аз онки баъзе аз «давлатчоплусакон» лесолеси аз «давлатмеҳвар» мекунанду таъриф тавсифҳои дар қуттии аттор набударо нисораш мекунанд, ба ҳама маълум аст, ки тамоми корҳояш зӯракӣ ва заминаи халқӣ надорад. Ҳеҷ ҷавоне имрӯзҳо намехоҳад, ки ба сафи артише, ки вазифаи он фақат аз бонӣ кардани Раҳмонову оилаи вай аст ва аз ин ду соли хидмат барои ӯ ба ҷуз аз талаф ва зоеъи умри ҷавонӣ чизе ба каф намеояд, раваду хидмат кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин артиш мезананду мекушанду ҳатто нони серӣ намедиҳанд.
“Аммо даҳшату ваҳшати дигартаре ҷавонони тоҷикро интизор аст. Махсусан онҳоеро, ки ҳоло зӯр зада бо харҷу масрафи зиёд ба Русия меоянд. Тибқи хабарҳое, ки аз манбаъҳои муътамад ба мо расидааст Эмомалӣ Раҳмонов розӣ шудааст, ки ҷавонони синни даъват дар Русияро Путин бар ҷанги зидди Украина истифода барад. Раҳмонов гуфтааст, танҳо рӯихати ному насаби онҳоро ба Тоҷикистон бифиристанд тамом. Гуфта мешавад, ки Раҳмонов барои онки Путин ба овардани Рустам ба ҷойи худаш муқобилият накунаду розигӣ диҳад, гуфтааст, ки ҷавонҳои муҳоҷири тоҷикро метавонад дар чаҳорчӯби асноди ОДКБ ва бо додани ҳақи шаҳрвандии Русия ва дар сурати ба ҳалокат расидан ба хонаҳошон расонидани ёрӣ ба сафи артиши Русӣ ҷалб кунад.”
Айни замон низ садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз тарафи Русия муқобили Украина ҷангидаву мурда истодаанд. Ҳамин ду се рӯзи пеш буд,ки чанде аз афсарони пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон аҷсоди чаҳор тан аз тоҷиконро ба навоҳии пешини вилояти Кулоб бурда ба бастагонашон таҳвил доданд, аҷсоди онҳоеро, ки дар ҷанг алайҳи Украина кушта шуданд.
Ба ҳама маълум аст ки тамоми нишониву адреси истиқомати ин ҷавонҳо дар шаҳрҳои Русияро мақомоти милисаи ин кишвар дар даст дорад ва баъид нест, ки ҳамин ҳоло онҳоро ба иҷбор ба ҷанги Украина бурда истода бошанд.
Ps: Раҳмонов ва ҳукумати оилавии вай омодаанд, ки бар ивази ҷони ҷавонҳои тоҷик ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Ҷавонҳои тоҷик дар Русия бояд сахт мутаваҷҷеҳ бошанд, ки дар ҳар лаҳза онҳоро ба зӯрӣ ба аскарӣ гирифта маҷбурӣ ба ҷанги зидди Украина мебаранд. «Облава»-онҳоро на танҳо дар ватан ҳатто дар Русия ҳам таъқиб мекунад. Аммо дар ватан, ба ҳар сурат ҷанг нест, аммо инҷо ба ҷанг мебаранд…Бояд фикри ҷони худро кунанд. То он рӯзе ин “Пешво” ва оилаи носерамаш сари қудрат қарор доранд. Сояи шум болои ҳама сокинони кишвар бол афканда асту миллат ва шаҳрвандони кишварро нисори бақояш дар қудрат менамояд. Ҷавонони синни даъват ба артиш бояд донанд,ки ҷонҳояшон хело дар хатар аст. Падарону модарон ҳам хуб биандешанд ва фарзандони ба сад ноз парваридаи худро нисори як куҳнаҷунуби бе насаб ва оилаи ӯ накунанд. Ин даъвати баҳориро метавонем дақиқан ба солҳои 1941 -1945 ва кушташудани 220 ҳазор бештар шаҳрвандони мо дар ин ҷанг шабеҳ кард. Аз он ҷанг барои мо чӣ фоида шуд ? Ҳеҷ фоидае нашуд ва инаш бошад аз он бадтар аст. Солҳои 1992 -1997 ро инҷо мисол намеорем ,чунки ончӣ буд агарчи бо кумаки аҷнабиён сурат гирифт ва Тоҷик кушта шуд. Аммо бо дасти Тоҷик кушта шуд. Аз мост, ки бар мост ва чуноне мегӯянд: “худкардаро даво нест, во вайлойи пинҳонӣ”