Дар тамоми Тоҷикистон ҷанги эъломнашудаи ҳукумат бар муқобили мардуми бесилоҳ ба шиддат идома дорад. Ҷанги облава. Аҳолӣ на шаб оромӣ дорад на рӯз. Мошинҳои военкомат дар кучаҳои шаҳру деҳотро соатҳои 11-12-шаб мебинед. Свет нест, аммо инҳо гашта истодаанд. Мисли «черная ворона»-и НКВД-и солҳои сиюм. Мегиранду меандозанду мебаранд. Не пурсиш, не тафтиш. Яке садои ҷавони муҳоҷири кории аз Русия омада аз сарҳади Панҷ ва ё аз воҳиди низомии Исфара ва ё аз КПП-и Хоруғ мерасад.
“Тамоми Тоҷикистон дар ҳарҷу марҷ мондааст. Тамоми Тоҷикистон лолу музтару пакар аст. Мардум норозиву нигарону ҳайрон аст. Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ноором аст. Раҳмонов бояд сафи Қувои мусаллаҳи худро такмил кунад. Вай сарфармондеҳи олии Қувои мусаллаҳ аст. Бояд плани сарбозғункуниро,аскариро иҷро кунанд.”
Ҷавонҳо аз дар намебароянд. Шабу ними шаб даҳ, дувоздаҳ, бист, сӣ нафар либоси низомӣ ба тан ба хонаҳо зада медароянд. Агар ёфтанд, ки хайр, наёфтанд дуғу пуписаву таҳдид мекунанд: «ҳамин бегоҳ ҳаминҷо буд, мо маълумоти дақиқ доштем, куҷо баҷояш кардед, куҷо гурезонидед? Ёфта медиҳед ва падарро пешандоз карда мебаранд ба милисахона ва дар подвал маҳкам мекунанд. Фармон медиҳанд барқи ин хонаводаро аз столба канед, то бачаашро худаш наорад ба ин хонавода барқ нест”.
Ҷанги эъломнашуда идома дорад, чун плани даъвати тирамоҳии аскарӣ тамом нашудааст.
Дарвозаҳои хуруҷии фурудгоҳҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кулоб дар ин шабурӯзҳо тавассути кормандони военкомат, ҳукуматҳои навоҳӣ, кормандони милиса, амният ва додситонӣ ба шиддат таҳти муҳосира ва иҳота қарор дорад.
Ба як калима: «ОБЛАВА»!!!!-ҷалби иҷбории навҷавонон ба хидмати аскарӣ!!!
“Манозили мардум дар деҳаҳову шаҳраку марокизи навоҳӣ ва вилоёт ба шумули пойтахти Тоҷикистони азизамон тавассути ходимон милиса, амният, додситонӣ ва кормандони ҷамоату мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва кормандони военкоматҳо шабҳо бидуни кадом огаҳии қаблӣ таҳти кофтукоб ва ҷустуҷӯ қарор дорад.”
Ба як калима: «ОБЛАВА»!!!!-ҷалби иҷбории навҷавонон ба хидмати аскарӣ!!!
Хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» мерасанд аз он ҳикоят мекунанд, имрӯзҳо, ки муҳлати даъвати тирамоҳӣ ба хатми худ наздик мешавад ва мақомот дар маҳаллу музофот натавонистаанд нақшаи фарохонро ба иҷро дароваранд, мисли саги сузанхурда орому қарорро аз даст додаанд. Дар ҳеҷ соле мисли имсол ва мисли ин даъват ин қадар болои мардум фишор ворид карда нашудааст. Ҳоло ин фишор ҳамагонӣ ва саросарӣ аст ва мисли онки аз як марказ ва аз рӯи як барномаи таъйидшуда дорад идома мекунад.
Аз «боло» аз худи пешво-сарфармондеҳи олии Қувои мусаллаҳ дастури акид дода шудааст, ки имсол бояд дар замони таъйиншуда даъват ба артиш анҷом дода шавад. Аз ин ҷост ки ҳоло раисони навоҳӣ якҷо бо мақомоти интизомиву қудратӣ, кормандони военкомат ва идораи ҷамоатҳо «ситод»-и худро дар фурудгоҳҳо, дар гузаргоҳҳои марзӣ ва дар бозорҳо ташкил додаанд. Шоҳидони ҳодиса хабар медиҳанд, ки раисони навоҳии Панҷакент, Конибодом, Истаравшан, шаҳри Хуҷанд шахсан дар «облава»-и ҷавонони муҳоҷири аз Русия бозгашта дар фурудгоҳҳо ширкат карда истодаанд.
Боздошти падару модарон дар подвалҳои мақомот барои писаронашон
“Феълан дар Истаравшан ва Панҷакенту Конибодом, ки нақшаро ҳатто то 60% ба иҷро нарасонидаанд, бар тибқи феҳристи омодакардаи идораи ҷамоатҳо хона ба хонаи мардум зада даромада падарони он ҷавонҳоеро, ки ҳоло аз Русия пас нагаштаанд, иҷборан ба милисахона бурда дар подвали шуъбаҳои дохилӣ ба мисли як ҷинояткор боздошт карда истодаанд.”
Дар дасти мо асомии даҳҳо нафар аз падароне ҳаст, ки ҳамин ҳоло ҳам дар боздоштгоҳҳоянд. Онҳо ё бояд писаронашонро аз Русия даъват карда ба хидмати сарбозӣ бисупоранд ва ё инки дар боздоштгоҳ меистанд. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе аз ин падаронро зери латту куб қарор додаанд. Роҳкирои бозгашти ин ҷавонҳои муҳоҷир зоҳиран ба души идораи ҷамоатҳо вогузор карда шудааст. Чунки кормандони ҷамоатҳо бо оғози мавсими даъват бо дастури хоси ҳукуматҳои ноҳия якҷо бо домком ва раисони маҳалҳо хона ба хонаи мардум гашта сари ҳар даъватшаванда аз 500 то 1000 сомонӣ ва дар баъзе аз манотиқ аз 5000 то 15000 ҳазор сомонӣ ҷамъ кардаанд.
Ҳоло барои онки навиштаамон далели собит дошта бошад, чанде аз номаҳои сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистонро роҷеъ ба ҳолати феълии кишвар, ки дар ҳақиқат як ҳолати ҷангиву як ҳолати изтирорӣ дорад инҷо меоварем:
Вазъияти облава дар Кулоб
Салому алейкум. Имрӯзҳо дар шаҳри Кулоб аблавашикор рафта истодааст. Ҳоло аз дасти ҳукумати Раҳмонови ноуҳдабаро кадом мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар Кулоб буда бе сум монд ба тарафи фурудгоҳи шаҳр ҳуҷум карда ва мусофирони омадагиро қапида дар беруни фурудгоҳ ба соҳибонаш мефурӯшанд. Ҷайби худашонро пур карда баромада мераванд. Агар кадомаш, ки пул надорад вайҳоро ба хизмат мебаранд. Дар даруни фурудгоҳ аблава. Се километр аз фурудгоҳ дуртар аблава, чор километр дуртар аз фурудгоҳ боз аблава. Ҳамин тавр то даруни Кулоб чор –панҷ ҷо фақат аблава. Корашон аблава, сумкоркунӣ.
Ҳамаашон медонанд, ки ин ҳукумат ҳамаашон дуруғ ҳаст. Кадомеро, ки чизе форад мекунад. Боз раисони ҷамоатҳо ба фурудгоҳ омада мегуянд, ки мо солдат мехарем, ки моро аз боло безор карданд. Ҳаррӯза занг мезананд, мегуянд солдат чи шуд? Сад офарини ҷони ин муҳочирҳо. Дар Русия азоб, ватани худашон меоянд, дар инҷо азоб, дигар намедонанд, ки чи кор кунанд? Бовар, кунед, ноадолатӣ ба дараҷаи олӣ рафта истодааст. Як камбағалбача як чашмаш кур буд. Ҳамонро қапида ба хизмат бурданд. Мансабдорҳо писарони худашонро изору нумол пушонида дар хонаҳояшон ҷога карда шиштанд, ки кай аблава буд мешаваду баъд ба беруни куча бароянд.
Вазъияти облава дар Кушониён
Деҳаи Дилбар 3 масҷид дорад. 5ҳазор сомонӣ, ду даъвати облава шуд, мегиранд. Пулро калонҳои ҳамин деҳа маҷбурӣ аз мардуме, ки бачаҳояшон барои синни хизмат ҳастанд, мегиранд. Метарсонанд, ки пул надиҳед маҳкаматон мекунанд, светонатонро мебуранд. Аз фонди масҷид ҳам бо ҳар баҳона пули кумур, пули свет, зидди сухтор обунаи газетаву дигар баҳонаҳои бемаънӣ пул ҷамъ карда медиҳанд. Шахсе, ки пулро мегирад номаш Мурод, раиси ҷамоати Меҳнатобод аст. На фақат аз деҳаи мо, аз дигар деҳот низ ин пулро мегиранд. Аз деҳоти мо пулҳоро медодагиҳо инҳоянд. Мулло Зайниддин-имоми масҷиди боло, Асҳобиддин -имоми масҷиди мобайнӣ, Зафар Ҳошим Алиакбар-имоми масҷиди поён. Ин се ҳамаи хабарҳоро ба Мурод медиҳанд. Махсусан Алиакбар рӯйи рост мегуяд, ки ман буз ҳастам, мулло Зайниддин ҳам инчунин.
Вазъияти облава дар Ёвон
Заводи карбамит, узбекҳо:
Деҳаи Санҷиштак. Светҳои Очилдиев Тоҳирро куштанд. Бачааш Сорбон ном дорад. Таҳдид карданд, ки то бачаат аскарӣ наравад барои ту свет нест. Ҳафтаи пеш дар ПТУ-и Ёвон як донишҷуро куштанд. Мақтул падар надорад. Модараш нав аз муҳоҷират омад. Аз деҳаи Бустон. Ҳамин сол дохил шуда буд. Якум курс аст.
Тоҳирро бо бачаи калониаш-Фарҳод бурда ҳамин қадар задаанд ва гуфтаанд, ки агар бачаи хурдиатро барои аскарӣ намеоварӣ, он тарафашро худат фаҳм. Светҳои хонаашро аз столба буриданд. Мо мардум бе ин ҳам свет надорем. Саҳар соати 5 ё 6 медиҳанд ва 8 мекушанд.
Дар деҳаи Қашқараҳа, мо мардуми ин қишлоқ 3 рӯз мешавад, светҳоямонро буридагианд. Умуман свет нест дар мо. Мо ,мардуми узбектабор ,ин наказиниро ба хотири облава мекашем. Шабона ранги дуздҳо медароянд,занҳои ҳомила, кудакҳои майда, апаву хоҳари муҷаррад дорем, ба ҳамин хотир шаб онҳоро аз қишлоқ сур кардем. Моро наказат карда истодаанд. Рӯзона ба хонаҳо бо кормандони амният медароянд, чизе дошта бошем мегиранду мераванд. Дуздҳои руирост.Аз қишлоқ мотосиклҳои ҳамаро бурданд. Барои пас гирифтан аз панҷоҳ то 150 сомонӣ талаб доранд.
“Ҳоло дар ин қишлоқ дуздӣ рӯйирушод дар авҷ аст. Рӯйирост мегуянд, мо мардуми зури Тоҷикистон. Бадахшон буд ҳамаашро г…ем, шумо ҳичиед.”
Дар деҳаи Парчисой ҳам узбектаборҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳолу вазъи онҳо ҳам айнан ҳамин хел аст. Ҳоло ягона роҳи наҷот ин “Ислоҳ” аст. Аз ин мақомот умеде нест. Бачаи дар муноқишаи ПТУ, донишҷуи кушташуда Ҳамроҳхон ном дорад. ПТУ№2 донишҷуи курси 1ум, Ҳамрохон аз деҳаи Боғу раста аст. Дар муноқиша дар даруни мактаб ба ҳалокат расид .Падар надорад. Модараш дар муҳоҷират буд, омад. Дар хонаи бобояш зиндагӣ мекунад, 17 сол дошт.
Як бузи орангутан дар ноҳияи Ёвон, ҷамоати Чоргул, деҳаи «1Май» пайдо шудааст. Ин ҷонвари зараррасон Мусаммиров Бахтиёр Назрулоевич аст, соли таваллудаш 1993. Ин ҷонвар 4 сол боз ба мардуми Ёвон зарар расонида истодааст . Бачаҳои камбағалро аблава карда ба падару модари онҳо зулм мекунад. Модараш дар ҳар маърака шишта аз ин кори шанеъи писараш лоф задаву мегуфтааст, ки ман модари Бахтиёр командирум, агар ягон коратон ғалтид, биёед мо ҳал мекунем. Исми модараш Ғайратова Зумрат Арчаевна аст.
Боз ҳам вазъияти вахими облава дар Ёвон
Як ҳафта шуд, ки дар ноҳияи Ёвон рейд бисёр сахт рафта истодааст. Дар якум совхоз, дуюм, сеюм ва чорум совхоз рейди облава бисёр ҳам сахт рафта истодааст. Полний ход карда истодаанд. Ту зан дорӣ, ду кудак дорӣ, надорӣ, аҳамият намедиҳанд, бардошта бурда истодаанд. Се кудакдорро ҳам бурда истодаанд. 28-29 солаҳоро ҳам базӯрӣ бурда истодаанд. Ҳозир облаваро асосан коргарони амният бурда истодаанд. Меқапанд, мебаранд. Амният, милиса, прокурор, ҷамоат ҳукумати ноҳия, суд ҳамакаса комиссия кардаву рейд гузаронида истодаанд. Дирӯз хабар доданд, ки як ҳафта мешавад, ки ҳолу аҳвол ҳамин хел аст. Светҳоро мекушанд, то ки бештар мардумро дар тарсу ваҳшат қарор диҳанд. Кадом хонае, ки бачаҳояшро баҷо кардагӣ аст ё дар ҳақиқат дар Русия аст аз сари столба светашро ҷудо карда истодаанд. Ё бар ивази пул светашонро медиҳанд. Аз онҳое, ки бачаҳояшон дар Русия аст дувайной пул гирифта истодаанд. Ду нафар ҳамсояи дарбадар бо номи Қурбонов ва Бойро светҳояшонро буриданд, барои онки бачаҳояшон дар Русия қарор доранд. Халқро беҳад ғам дода истоаанд. Агар як кас бидуни иҷозат ноқилро пайваст кунад ҷаримаи сахт мебанданд.
“Як нафари дигарро, ки Маҳмадулло ном дорад бурданд дар отдели Полигони чорум совхоз шинониданд дар подвал, як ҳафта шуд ва гуфтанд, ки то бачаатро намеоварӣ, сарат намедиҳем. Баъди як ҳафтаи зери шиканҷа маҷбур шудааст бигуяд, ки сар диҳед мераваму бачаамро ба дастатон месупорам. Ҳамин тавр бачаашро оварда супоридааст.”
(То ҷое ба “Ислоҳ” маълумот расид айни ин корро дар дигар навоҳии кишвар Конибодом, Истаравшан, Панҷекат ва дигар ҷойҳо ҳам карда истодаанд. Шабу нимишаб омада падарҳоро бурда маҳкам карда истодаанд, ки то бачаашро аз Русия наоварад, дар ҳамин подвал мешинад. Дар подвали милисаи Истаравшан падари яке аз ҷавонҳои муҳоҷирро он қадар латту кубкардаанд, ки қабурғаҳояш шикаста ва аз ҳуш рафтааст. Маҷбур шудаанд, ки духтур оваранд).
“Шабошаб, соати 11-12 ва яку дуи шаб 15-20 нафар ба хонаҳои бесвет зада медароянд. Дар дастҳояшон фонарик. Бовар кунед, ки як даҳшат рафта истодааст. Ҳатто сисолаҳоро ҳам бурда тарсонида сум кор карда истодаанд.”
Дар даруни район, дар қишлоқҳо, дар бозори Фурқат, дар бозори Панҷшанбе, хуллас дар ҳама ҷо рейди облава бо шиддат давом дорад. Аз одамҳои ду се фарзанд дошта се чор ҳазор сомонӣ канда сипас ҷавоб медиҳанд. Касе, ки намедиҳад мегуянд, ки шуморо Исфара ё Бадахшон роҳӣ мекунем, аз онҷо шояд мурдаатон ояд. Одамҳо аз тарс суми гуфтаашонро медиҳанду аз отделҳо мебароянд.
Вазъияти облава дар Абдураҳмони Ҷомӣ (Куйбишев)
Мо аз Абдураҳмони Ҷомӣ, қишлоқи Правда мебошем. Дар қишлоқи мо 15 рӯз шуд светро пурра мекушанд. 24 соат свет надорем. Мегуянд, ки «агар 5 салдат наёрен, свет нестай шумода». Мусафедҳоро ба зурӣ дар масҷидҳо маҳкам карда истодаанд. Таҳдид карда истодаанд, ки агар «салдат наёрен масчита махкам мекунем».
30 нафар кормандони давлатӣ омада ба сари мардум зурӣ доранд. Як нафар баромада гуфт «чи света куштен, ман дар хона кудаки майдаи касалӣ дорам, света бтен..» Бечораро ба зурӣ дар мошин бор карда отдел бурданд: «ҳамуқа задануш, ки ҷойи ободаш намонд, ягом кас ай пушташ гап назад.» Ин бача ном ва насабаш Дӯстов Диловар мебошад. Қишлоқи мо 600 хоҷагӣ дорад. Сари ҳар дарвоза 100 сомонӣ гуфта мардумро маҷбур доранд, ки «ҷамъ кнен, агар накнен меган свет нест.»
Ин чанд намунае аз вазъи феълии кишвар буд, ки мисли шароити замони ҷанг аст. Аммо савол ин аст ки чаро ҷавонҳо ба ҳифзи ватан ва марзу буми худ рафтан намехоҳанд?
Яке аз иллатҳои онки ҷавонҳо аз рафтан ба хидмати сарбозӣ сарпечӣ мекунанд ин аст, ки дар воҳидҳои низомӣ муносибат бо онҳо ғайриинсонӣ аст. Инҷо боз як мисоли мушаххас аз қавли падари як сарбоз меоварем:
«Як фарзандам бо хоҳиши худаш армия рафт. Ҳоло даҳрӯза рухсатиаш таъин кардаанд. Аммо гуфтаанд панҷсад сомонӣ биёру бисупору бираву бигард. Вагарна намеравӣ. Ин чи армия аст ки барои «отпускной» сум мегиранд? Бовар кунед, армияро ҳам ҷазир кардагианд. То инҳоро аз сари давлат дафъ накунем, ҳоламон беҳ намешавад. Бачама гуфтам, ки раваму дар боло жалоб кунам чи мешавад? Гуфт маро мекушанд. Онҳо таҳдид кардаанд, ки агар отаат жалоб кард, туро дар ҳамин ҷо мекушем. Баъд мурдаатро дар гроб ба хонаатон роӣ мекунем.»
Соли ҷорӣ даҳҳо тан аз сарбозону афсарон дар ҷанги бо қирғиз ва низоъу ҷанги дар Бадахшон кушта шуданд. Сабаби дигари саркашӣ ва сарпечии ҷавонҳо аз хидмати сарбозӣ ҳаминҳо аст. Чаро бояд як ҷавон биравад кушта бишавад? Замонат дода намешавад, ки ин ҷавон ки рафт хидмати аскарӣ боз солиму сиҳҳат ба хонааш бармегардад.
Бадтар аз ин вақте онҳо рафтанду онҷо кушта шуданд, касе на ба волидон ва на ба зану фарзанди онҳо ҳатто як қирон ҳам кумак намекунад. Дар ин ҳолат чаро онҳо бояд ба хидмати аскарӣ бираванд.
“Чизи дигаре, ки ҷавонҳоро намегузорад ба артиш бираванд ин мавҷудияти «дедовшина» ва ҳамеша дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор доштани қисме аз онҳо ва ҳатто нимсеру нимгушна нигоҳ доштани ин сарбозон аст. Онҳое, ки дар ҷанги марз бо қирғизҳо кушта шуданд, чи гирифтанд? Онҳое, ки маслух ва маълул шуданд, кадом ҷуброне мегиранд?”
Онҳо чаро бояд ду соли худро барои ҳифзи оилаи Раҳмонови касиф ва касофаткори фосиди ӯ худро қурбонӣ кунанд?.
Чаро як нафар аз авлоди “Пешво” хидмати аскарӣ намекунанду накардаанд?
Мо дар шароити иқтисоди бозаргонӣ возеҳ ва фаҳмотараш дар шароити сармоядорӣ, капитализм зиндагӣ дорем. Ва капиталист, сармоядори асосӣ дар Тоҷикистон Раҳмонов аст. Ин капиталист, ки сӣ сол бештар аст капитал ҷамъ мекунад на бачааш, на наберааш ва ҳатто на ҷияну хоҳарзодаву бародарзади худашу занашу додарарусаш аскарӣ намеравад, дар муқобили помириҳо намеистад, дар муқобили қирғиз ва ё толиб намеистад, пас чаро бачаи ману шумо бираваду ҷони худашро қурбон кунад ва Раҳмонов кумак он тараф истад ҳатто таъзия баён накунад.Чаро?
Чаро намехоҳанд ин масъала, ки солҳост ба як мушкили ҷиддӣ табдил шудааст, ҳал бишавад? Чунки инҷо бизнес-тиҷорати миллионӣ роҳандозӣ шудааст, ки то худи вазири мудофиа ва болотар аз он дар он даст, ҳисса ва саҳм доранд.
Яке аз ҷамоатҳои Конибодом дар ҳамин мавсими даъвати тирамоҳӣ 700 даъватшаванда доштааст, ки аз ин шумора ҳамагӣ бояд 17 нафар ба аскарӣ биравад. Яъне плани ин ҷамоат 17 нафар аст. Ҳоло аз 700 нафар 17ро бигиред ва бигзор 30 нафари онҳо узрноканд, яккаписар, касал ва ҳар чизе дигар, ки иҷозат медиҳад нараванд аскарӣ. Мемонад 650 ё 600 нафар. Пеш аз ҳар маъракаи даъват, анқтараш дар арафаи он корманди мизи ҳарбӣ якҷо бо домком, участковий мегарданд хонабахона ва аз 200у 300 сар карда то ҳазор сомонӣ аз ин 600 нафар мегиранд. Фарқ надорад, ки вай дар дохил аст ё дар хориҷ. Бигзор инро 500 сосмонӣ ҳисоб кунем, 300.000 ҳазор сомонӣ. Ин пул барои раҳоии онҳо нест. Ин пули даъватшаванда аст. Ҳамин ки мавсими даъват расман фаро расид дигар дастбакор мешаванд. Ҳам он 17 нафарро як бало карда мегиранду мефиристанд аскарӣ ва ҳам аз он 600 нафар дигарбора 3000 то 4000у 5000 сомонӣ мегиранд. Акнун ин арқом ва ин суммаи маблағро ба ноҳия, вилоят ва Тоҷикистон зарб занед. Ва низ инки шумораи умумии даъватшавандаҳо,ки аз 18 то 28 сола астро ҳисоб кунед,ки чи рақам аст, ҳатман миллионҳо. Ин пул аз даҳҳо миллион доллар ҳам зиёд мешавад. Ва,ин кор дар сол ду маротиба. Ана барои чӣ намехоҳанд, ки ин мушкил ҳал бишавад.
“Инҷо боз як масъалаи дигар призивникхарӣ дар миён аст ки худ як қиссаи ғамангез аммо хеле тулонист. Мухтасараш ин аст ки аз ҳамон пули қабл аз фарохон, ки ҷамоатҳо ҷамъоварӣ карданд, аз дигар ҷамоат ва ҳатто ноҳия призвник мехаранд, то инки нақшаи даъвати фалон ҷамоат ва ё фалон ноҳия иҷро шавад. Ин корро то Сарфармондеҳи олӣ, то худи Раҳмонов медонанд.”
Як макони иҷрои призивникхарӣ омузишгоҳҳову коллеҷҳо ва ҳатто донишгоҳҳо аст. Инҷо бизнес байни ректор ва мақомот аст. Ба ҳамин сабаб буд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ донишгоҳҳо то нисф довталабонро аз даст доданд.
Получкро имзо мекунад, намегирад. Вақте рухсатӣ меояд бояд ба командир пул пора диҳад. Вақти дембл ва ҷавоб ҳам ҳарки пулро саривақт дод, зуд рухсат мешавад. Ҳато вақти ҷавоб сарулибоси сарбозӣ ва роҳкирояшро мегиранд.
Ин чи армия ва ин чи Сарфармондеҳи олии Қувои мусаллаҳ аст? Дар оғози ҳар мавсими даъват байрақҳо рӯйи даст дар дари ҳар военкомат ҷавонҳои облавашударо ҷамъ оварда съемка карда нишон медиҳанд, ки бо хоҳиши худ барои посбонии ватан омад. Ку? Инҳо ҳама показухаи ҷаълӣ аст. Ҳамчуноне дар рӯзи парчам дар тамоми Тоҷикистон ҳатто дар деҳот байрақҳоро ба дасти талабҳо дода ва портрети Раҳмоновро болои сарҳояшон бардошта ҳамду санохонӣ ташкил кардабуданд.
Аммо маълум аст ки мардум барои посбонии ин Сарфармондеҳи олӣ ва ҳифзу ҳимояти он ҳеҷ гоҳ доброволно намеравад. Вале рӯзаш мерасад, ки ин артиш бар зидди ин сарфармондеҳ ва дору дастааш байрақ хоҳад бардошт ва он гоҳ ҷавонҳо бо майли дили худ ватанро посбонӣ хоҳанд кард.Бовар кунед садҳо нома ва шикоятҳои падару модарон ба “Ислоҳ” расидааст,ки ҳама аз облава ва ин ҳолати вахим шикоятҳо кардаанд. То инҷо хулосаи он ҳамаро овардем. Ҳатто падароне ҳам шикоятҳои тунд намуда ҳатто омодаи ҳама кор бар алайҳи ин зулми мақомот ба мо гуфта ва навиштаанд.