Киллергенерали “Звер” любимчики Раҳмонов 49 сола шуд

Генерал Хуршед Муҳаммадизода, сардори ОМОН-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз -2 март “ден рождений” дорад ба сини 49 солагӣ расид ва яке аз дӯстони наздики вай Шоҳрух Сайидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД чанд тӯҳафи қимматбаҳо ва дар шумори онҳо як “бева” и махсӯс ҳам омода кардааст. Чунки Хуршед бо ҷинси латиф алоқаи хос нишон медодааст,албатта баъд аз энержии махсус  гирифтан. Вай се зан ва чандин ба истилоҳ “арӯс” доштааст. Ҳоло зани аввалашро, ки аз Файзобод буд, се талоқ додааст. Қаблан ҳам чанд бор ин корро карда будааст. Аслан никоҳу талоқро намедонад.

Дар солҳои 1995- 2000 Хуршед Маҳмадшоев дар қисми ҳарбии 35.02и Суҳроб Қосимов кор мекард. Вай дар ҳайати ин қисми ҳарбӣ чанд бор ба тарафи водии Ғарм сафарбар шуда ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат кардааст. Танк, БМП ва БТР-ҳоро савор шуда барои маҳви “вовчик”-ҳо амалиёт доир мекарданд. Дар яке аз ин амалиёт дар деҳаи Сичироғи Ғарм

чанд нафар ба гуфти худаш “вовчикҳоро”дастгир мекунанд. Дар ин амалиёт бо онҳо бачаҳои Сӯҳроб Қосимов ҳам ширкат варзидаанд. Шоҳидони ҳодиса нақл мекунанд, ки як мӯсафедро, ки мардуми деҳа домулло мегуфтанд, Хуршед дар стволи танка баста ба таври ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.

Шоҳидони ин воқеъа, ки баъдан бисёрии онҳо зиндонӣ шуданд, мегуфтанд, ки Хуршеди зардро зора мекардем, ки ақалан ба автомат парон,то мурдааш титу пит нашавад, кори худашро мекард. Ӯ,ки кличкаи ЗВЕРЬ дошт, ба гапи ҳеҷ яки мо ҳамяроқонаш гӯш накарду бо снаряди танка он домуллои ришдорро, ки ягон гуноҳ надошт кушту се нафари дигарашонро ба болояшон танкаро ронда пахш кард ва ҷонашонро гирифт. Баъди солҳои 2000ум нисбати бачаҳои Сӯҳроб Қосимов парвандаҳои ҷиноӣ кушода аксарияти онхоро зиндони карданд аз ҷумла нисбати Мустафо-командир, Саъдӣ-командир, Содиқ Алиматов, Аваз, Тоҳир, Тампо, Муха, Миша ва садхо нафари дигар. Аммо мутаассифона нисбати Хуршед Маҳмадшоев, Бадриддин Қосимов бо кличкаи Бадик (додари Суҳроб Қосимов) ва Бадриддин Холмуродов (додари Саъдӣ Холмуродов),ки садхо нафари бегуноҳро ба қатл расонидаанд ягон чораҳои қонунӣ то ба имрӯз андешида нашудаанд. Маълумотҳое дар дасти мо мавҷуд аст, ки сабаби асосии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудани инҳо дар он аст ки чандин нафари бегуноҳро бо супориши бевосита ва шахсии Президент куштагианд. Ва инҳо ҳамагӣ мисли Тампо,Саъди Командир, Аваз, Қузратча,Бадики додари Саъди ва Бадики додари Суҳроб Қосимов ,Тоҳир данғарагианд. Ҳатто очаи Саъдӣ -командири данғарагӣ бо очаи Президент хешу табор будааст ва Сӯҳроб Қосимов чандин нафаронро бо дастур ва хоҳиши бевосиати худи Эмомалӣ Раҳмонов куштааст. Барои ҳамин Президент ба Прокурори генералии онвақта ва Прокурори ҳарбӣ дастур дода будааст, ки ба ин нафарон чақа нашаванд. Дар ҷумла ин фармондеҳону командирони одамкуш Қудратча ҳам, ки аз Данғара буд садҳо  ҷинояти кушторро содир кардааст шомил мебошад.

Саъди Командир нафари наздики Раҳмонов буд ва дар бисёри ҳолатҳо дар гуфтушунидҳо аз номи Раҳмонов мерафту мулоқотҳо бо командирҳо анҷом медод. Аксари супоришҳои Раҳмоновро танҳо ӯ анҷом медод. Солҳои 2003 пас аз қумондосолориҳо Саъди дар ҳолати мастӣ бо як муаллим ба Саховат мераванд,то ба ӯ попӯшӣ хараду туҳфа кунад. Савдогар қимати попӯширо арзон намекунад ва Саъди ӯро мезанад. Он вақт Иззатулло Шарипов он солҳо сардори раёсати милесаи шаҳр Душанбе буд ва Саъдиро мебараду маҳкам мекунад. Он солҳо Сабзаев Бахтиёр  сардори УУРи шаҳри Душанберо ҳам дар он ҳодиса мезанад. Сабзаев Бахтиёр ҳамон қотили Алӣ Бедакӣ аст,агар ёдатон бошад Алӣ Бедакиро дар мошин мепурсад ва мегӯяд мо Балҷувониҳоему ину он…

Муҳим Саъди Командир ба муҳлати шашмоҳ дар Сизо қарор дошт ба иттиҳоми авбошӣ. Бо дахолати модараш, ки хеши модари Раҳмонов буд озод мешавад. Пас аз он бо Ҳукумов Амонулло дар роҳи оҳан бригадири проводникҳо кор мекунад. Сабабаш дар он буд,ки Суҳроб Қосимов ҳар вақте Ҳукумовро мехост бикушад Саъдӣ ҷонашро халос мекард. Ин корашро Амонулло Ҳукумов қадр ва дар роҳи оҳан кораш гирифт. ( Дар назар дорем дар мавриди Командир Саъдӣ барномаи махсӯс тақдим намоем. Саъдӣ шахсест, ки СС. Ятимовро зада аст, Тағои Раҳмонов Матлубхон Давлатовро задааст, Муҳаммадсаид Убайдуллоевро задааст, Зороро дашном ва муштзани кардааст, Раҳмоновро ҳатто таҳдид кардааст барои захвати Озодаи Раҳмон. Чигӯна ӯро Раҳмонов мекушад,хело ҷолиб аст интизор бошед)

Феълан генерал Муҳаммадизода Хуршед масруфи таъмиру тармими як қасри мӯҳташами 5 ошёнагӣ дар маҳаллаи Яккачинори Душанбе аст, ки сохтмони он тақрибан 8 сол тӯл кашидааст. Ин генерали ҳомии қонун соҳиби се зан аст. Номи зани якумаш Фароғат аст аз Файзобод. Дар кӯчаи “каратегинский” зиндагӣ мекарданд. Аз ин зан шаш писар ва як духтар дорад. Зани дуюмаш Муҳаё ном дорад, ки ин ҳам  аз Файзобод аст. Аз ин занаш якто духтар дорад. Се моҳ пеш зани саввум гирифт. Номаш Фарзона Шарифзода аз Кангурти   Темурмалик будааст. Фарзона аз шавҳари якумаш ҷудо шудааст. Соли таваллудаш 1995 мебошад. Ин  фармондеҳи бешараф ҳар се занро дар як ҳавлӣ нигоҳ дошта шабҳо дар як рахти хоб  бо ду зан якҷоя хоб мекардааст. Ба як занаш мегӯяд, ки дар қафояш бо сабзӣ занаду баъдан бо зани дигараш ҳамхобагӣ мекардааст ва занҳоро маҷбур мекардааст, ки шабҳо якҷоя бо ӯ хоб раванд,ҳарчи мегуфтаанд,ки ин амал хуб нест. Хуршед мегуфтааст ҳаматон зани манед ва шарм накунен (ин маълумот аз яке ҳамсарони Хуршед ба Ислоҳ расидааст) ва нисбати занҳояш ҳамеша бо дашномҳои қабеҳи к..ча, очата б..м,авлодта б…м,отата б..м муроҷиат мекардааст. Аммо ин тавр нест, ки бо ин се занаш орому осуда бошад. Бо бадзабонию дашномҳои қабеҳ ҳар рӯз як занашро мезанад ва аз хона пеш мекунад ва талоқ медихад. Ба мисли гургони дарранда ҳамеша даруни чашмонаш суп сурх аст. Гӯё, ки навакак касеро кушта бошад. Айни замон гӯё зани дуюмашро бо як духтарчааш ва зани якумашро бо ҳафт фарзанд  аз хона пеш кардааст ва гуфтааст, ки аз хона дафъ шавед. Ба куҷое меравед, арз мекунед, кардан гиред, ма гапзана дар Тоҷикистон м..м. Любой одамтона калаша мегирум бо ҷавобша мегум гуфта ба занҳояш угрожать кардааст. Гуфтааст, ки зӯри ҳеҷ кас ба ман намерасад. Фалон мекунам вазиртона, генпрокуротонаму дигатонам!!!

Ин генерал ҳамеша аз “крышаҳо”-и худ Шамсулло Соҳибов, домоди Президент ва раиси ширкати “Фароз” С.С. Ятимов, Раиси КДАМ  бо ҳарорати хос ва бо ифтихор ном мебарад.

Дар як нишасте дар миёни “круг”-и наздики худ гуфтааст, ки гӯе бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳ, ки хост вомехурад. Президент ба ӯ мегуфтааст, ки “ҳарчие мефоратон бкунен, медузен, мекушен, ме..н, мезанен меринен, мефирен кардан бигирен. Фақат фаромӯш накунен, ки президент ҳамаи ин вазифаю сумои калона ба шумо додагиай. Шукронаи пешвотон кунен. Дасгирии ма намешид дар Фархортон ҳозиро даҳмардагӣ карда дар азоб будед. Касе, ки противи ма мехеза бе ягон фикр бпаронен, бкушен ма ҷавобша мегум”.

Барои ҳамин генерал Хуршед Маҳмадизода мегуфтааст, ки президент ҳамеша такя ба ОМОН-и ВКД мекардааст. Хуршед лоф мезадааст, ки чи хел онҳо Мирзо -ҷагара нобуд карданд ва чи хел Сӯҳроб Лангариеви кулобиро дастгир намуданд ва чи хел Имомназар Имомназар, лидери помириҳоро куштанд, ҳамаашро Президент хуб медонад ва фармони ин амалҳоро худаш содир кардааст ва боз барои дилаш хунук шудан  ҳатто наворҳои ин ҳодисаҳоро тамошо кардагӣ аст,ки чихел куштаги ҳастанд. Барои ҳамин барои ман орденҳои Спитамену Ҷасорат ва Сомонӣ дод.  Дар Идораи Раёсати ОМОН инструкторҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Хурду хуроки онҳо аз ҳисоби ОМОН аст. Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Сайид таъминоти онҳоро назорат мекунанд. Аммо бо ин ҳама генерал Хуршед Маҳмадзода аз ҳисоби маблағи ҷудошуда ба хориҷиҳо хелеяшро дуздид. Ҳозир парки алоҳидаи мошинҳои хусусӣ дорад, ки арзонтарини онҳо аз 40.000 доллар кам нест. Ба ғайр аз се зан Хуршед боз арӯсҳои зиёде дорад. Ҳар вақт ки хост дар мо режими казармавӣ ҷорӣ шудааст гуфта ба хонааш нарафта ин арӯсҳоро бо навбат ба кабинеташ оварда бо ҳамроҳии онҳо арақхӯрӣ ва айшу нуш ва ба зинокори машғул мешавад. Дар даруни кабинеташ ҷои “отдых” ташкил кардааст.

ОМОНсҳо аз мошиншӯйи безор шудаем гуфтанд ба Ислоҳ. Ҳар рӯз бо мошинҳои гуногӯн ва рақамҳои махсӯс меояд ва мо бояд онҳоро шӯем.

Солҳое,ки Хуршед Маҳмадизода дар қисми ҳарбии 35-02 муовини қисми техникаи ҳарбӣ кор мекард. Аз онҷо мина,тирҳои гранатамиёт,пулемёт,тирҳо ва силоҳҳое,ки бояд нобуд карда шаванд ва ин корро бо ҳузури намояндагони СММ  анҷом дода ва санад тартиб дода бояд иҷро мекарданд. Аммо Хуршед он силоҳҳоро ба Афғонҳо фурӯхта ва маблағи калон ба даст меорад. Он маблағро як миллион сомонӣ,ки тақрибан 300 ҳазор доллар гуфтаанд. Амният боздошт мекунад ва чизе намегӯяд ва пас аз Қумондонсолорӣ ин қазияро бардоштанд вале боз ҳам чанд Данғарагии бегуноҳ зиндонӣ шуду Хуршед Маҳмадизодаро чизе нагуфтанд.

Ҳодисаи дигар боз ҳам фурӯхтани қисмҳои эҳтиётии техникаҳои ҳарбӣ,ки 90 ҳазор сомониро ташкил медодааст айбдор гардид. Он солҳо Юсуф Раҳмон прокурори ҳарбӣ буд ва бо фармони Раҳмонов Хуршедро чизе нагуфтанд ва бархеҳо дахолати Шамсулло Соҳибовро инҷо гуфтаанд. Дар умум бо Шамсулло Соҳибов хело наздикӣ ва бародаронаш бо ӯянд.

Аксаран огоҳи доред,ки “Звер” дар  05 11 2018 дар шахри Хоруғи  Бадахшон шахсан худаш яъне ҳамин генерал МАҲМАДИЗОДА ХУРШЕД аз пистолети травматики ду ҷавони бадахшониро ярадор кард, ки баъдан тамоми бадахшонихо дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамь шуда митинг карданд ва талаб карданд ки ин генерали қотил ҷазо дода шавад. Аммо ин генерал ХУРШЕД гурехта ба душанбе рафта оромона хамин хел бе ҷазо боқӣ монда ва сардори ОМОНи ВКД то имрӯз одамкушта кору фаолият дорад.

Тибқи маълумоти охири дигар дар мавриди Хуршед Маҳмадизода Раҳмонов боварии хело зиёд ба ӯ дорад ва ҳама бахшҳои ОМОНи вилояҳои Суғд ва Хатлон ва Бадахшонро,  ки  қаблан мустақил ва танҳо  ба вазири корҳои дохилӣ итоаот мекарданд. Раҳмонов уҳдадориҳои калонтаре ба генерал Хуршед дода ва онҳоро зери итоати ӯ қарор дода аст. Гӯё ҳар хезишҳои мардумӣ ва митингҳое сурат гиранд Генарал  Хуршеди “Звер” мардумро пароканда бояд кунад.

Илова:  Генерал -майёр Маҳмадшоев Хуршед Иззатуллоевич (ному насаби ҳозирааш Муҳаммадизода Хуршед Иззатулло) 2юми марти соли 1972 дар нохияи Фархори вилояти собиқи Кулоб таввалуд шудааст. Фаъолияти кориашро аз 13 майи соли 1990 дар мақомоти милиция огоз намудааст. Аз соли 1990 то 1995 ҳамчун инструктори калон дар қисми ҳарбии № 26254, баьдан ёвари командир оид ба техникаи ҳарбии вазорати дифои Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1995 то 2000ум дар қисми ҳарбии 3502и ВКД ба ҳайси муовини командир оид ба техникаи ҳарбӣ кор кардааст. Аз соли 2000ум то соли 2003юм командири отряди махсуси ВКД,қисми ҳарбии 5453кор кардааст. Баъди таъин шудани С.С ЯТИМОВ ба вазифаи раиси КДАМ  аз соли 2011 то 2015 вазифаи командири отряди махсуси АЛФА-и КДАМ ҶТ-ро ба ӯҳда дошт, ки дар соли 2012 бо роҳбарии шахсии ӯ лидери помириҳо Имомназар Имомназарро куштанд. Аз 29 майи соли 2015 то ба имрӯз командири отряди махсуси ВКД ЧТ (фармондеҳи ОМОН) мебошад.

Total
0
Shares
Related Posts