Ҳоли ман аз дигарон хубтар аст!
Шайх вориди масҷид гашт ва пас аз салом ва аҳвол пурси нишаст.Аз яке аз шогирдонаш пурсид чигуна аст ҳолат бо Худованд?
Ҷавон бо як ҳаммосае чунин посух дод: Ҳолам шукр аз баъзеҳо хубтар аст.
Пас шайх бо як ҳолати аҷибе аз шогирдаш боз пурсид: Баъзеҳо киро дар назар дорӣ Абубакри Сиддиқ (раз) ё Умари Форуқ (раз)?
Ҷавон гуфт : Ҳаргиз на эй шайхам!
Шайх гуфт : Мумкин аст манзурат ин бошад,ки ҳолат аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ё Абдуллоҳ ибни Масъуд(раз) хубтар аст?
Ҷавон гуфт :На шайхам ман онҳоро дар назар доштам ва на ягон Асҳоби Муҳаммад(с) ро.
Шайх гуфт: Фаҳмидам мақсадатро пас манзурат Саъид ибн Мусайяб (раҳ) ва Саъид ибни Ҷубайр(раҳ) буд (инҳо аз бузургони тобиъин ҳастанд)?
Ин саволҳои шайх ҷавонро хело таъсир намуд ва худаш хатояшро эҳсос намуд,ки худашро аз дигарон боло нишон дод нисбати ҳолаш бо Худованд. Сарашро хело поён намуд аз шарм ва бо лаҳни хиҷолатомез ва бо садои омехта бо гиря,ки гулугираш намуда буд чунин гуфт: Эй шайх Худованд шуморо нигоҳ дорад ман ҳаргиз худамро бо он бузургон ва ахтарони тобноки садри ислом Асҳоби Муҳаммад(с) ва тобиъин баробар накардаам.Онҳо куҷо ва мо дар ин асри олуда ва қалбҳои махшуш куҷо.?
Дар ин ҳолат ҳоли шайх ба ҳам хурд ва бо садои баланд хитоб ба ҷавон гуфт: Пас киро дар назар дорӣ?!!! Манзурат раққосаҳо ва сарояндагон ва гунаҳкорон ва фосиқон ва кофирону мушрикон аст?
Эй писарам агр бихоҳи хуб бифаҳми ҳолатро бо Худованд пас бидон ва огоҳ бош,ки пешвои ту ва роҳбаладу усваи некуи ту Асҳоби Муҳаммад(с) ва тобиъинанд.Ҳамеша ҳолататро бо ҳоли он бузургон муқоиса бикун то амал бинамои ба мисли онҳо ва ба холиқат мисли онҳо наздик гардӣ.Ҳаргиз ва ҳаргиз ҳолатро бо ҳоли аҳли замонат аҳли ғафлат ва фосиқону дур гаштагоне аз раҳмати Илоҳи муқоиса накун зеро ҳоли ту дар ҳақиқат аз онҳо хубтар аст вале дар қиёс бо он бузургони садри ислом хело ноқис аст.Қиёси ту худатро бо ин аҳли замонат туро баракс аз Худо дуртар мегардонад на наздиктар!
Пас хонандаи гиромӣ ҳамеша пешво ва усваи некуи худ нахуст Муҳаммад (с) сипас Асҳоби Ӯ(с) ва тобиъин бидон ва ҳамеша кушиш кун худро аз касе баланд наҳисоб зеро ҳоли мо ва воқеъияти аслии мо танҳо назди Худованд маълум аст!