Осорхонаи “овони донишҷӯӣ”-и Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон….яке дигар аз алоим барои барҷастасозии шахсияти Эмомалӣ Раҳмонов аст ки имиҷмейкерони вай дар ин авохир ихтироъ ва ташкил карданд. То ба имрӯз ҳам ин дастаи мутамаллиқ ончунон саргарму масруфи тавсиф ва тамҷиди Раҳмонов шуда ӯр ба як инсони фавқулбашар ва фароодам табдил доданд, ки худаш низ ба ин ҳама кизбу ғулув муътақид шудааст ва ингор ӯ як шахси ғайриодӣ ва саршор аз хасоис ва хислату нерӯест,ки инсонҳо, ҳадди ақал наздики 10 миллион тоҷикистонӣ надоранд. Қасдашон ин аст ки нишон бидиҳанд Раҳмонов ҳанӯз аз солҳои ҷавонӣ фавқулъода ва “нобиға” буд. Магар намебинед, ки чи солҳоеро дар “овони донишҷӯӣ” дошт ва чи донишҷӯи намнавӣ, аълохон ва хориқулъоддае буд. Оё дар аслу амал ҳамин тавр буд? Раҳмонов солҳои донишҷӯӣ чи донишҷӯе буд ва аслан ӯ “овони донишҷӯӣ” дошт?
Маълум нест, ки ин “идея”-и нобу боб маҳсули тафаккури аҳли дарбори худи Раҳмонов аст ва ё Қобилҷон Хушвақтов, ректори Донишгоҳи миллӣ ва яке аз дуздони осори дигарҳо, ки ба чанги “Диссернет” афтода шармандагиву русвоияш оламро фаро гирифт. Аз ҳар касе буд, аҷиб як коре кард. Чун як бори дигар гузаштаи хеле ҳам ғамангез ва надоматзадаи ӯро бармало кард. Зеро Раҳмонов, ончуноне, ки инҷо тавсиф шудааст, ки “овони донишҷӯӣ” дошт, надошт-ӯ ҳатто ба унвони як донишҷӯи қаториву одӣ донишҷӯ набуд ва ӯ ба донишгоҳ дониш ҷустан ва омӯхтан ҳам наёмада буд, дар талаби илму дониш набуд. Вагарна дар 30 солагиаш диплом намегирифт. Худаш ҳам бор, бор бо ҳасрату афсус гуфта буд, ки шароит ва имконият надоштанд. Ӯ барои гирифтани диплом омада буду бас. Агар ӯ дониш мехост пирбузбала шуда студент намешуд. Биёед, инҷо бубинем, ки “овони донишҷӯӣ” чи мароҳил ва давраҳоро дар бар мегирад ва сипас онро ба гузаштарӯзҳои Раҳмонов нисбат бидиҳем, ки сидқ мекунад, татбиқ мешавад ё хайр?
Овони донишҷӯии як донишҷӯ шурӯъ мешавад аз абитурентӣ. Сипас курси аввал, дуввум,саввум…ва то госэкзамен ва хатми донишгоҳ. Бар фарзе, агар нашуд, ки шомили донишгоҳ бишавӣ, “подкурс”-курси омодагӣ мехондӣ. Хуб,дигар семестру, зачет-санҷишҳову экзамен-имтиҳонҳову кори курсиву реферату кори дипломиву ғайраву ҳоказоҳо. Масалан ширкат дар олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишии байни факултетҳо, байнидонишгоҳӣ. Боз стипендия-идрорпулӣ, боз он замон буд, стипендияи ленинӣ. Он замонҳо буд стройотряд, пахтачинӣ….
Ҳоло, кадоме аз ин мароҳилро Раҳмонов убур карду сипарӣ намуд, ки “овони донишҷӯӣ”-аш бошад. Вай абитурент буд, стипендия гирифта буд, хобгоҳ мезист ва ё иҷрора менишаст, конспект дошт ё надошт ва ғайра. Ҳеҷ яке аз ин чизҳо ва хеле чизҳои дигарро надошт. Навиштаанд,ки аз 1977 то 1982 донишҷӯ буд. Агар дар ин солҳо ӯ донишҷӯ буд, пас котиби раиси колхози Ленини Данғара кӣ буд? Инҷо ҳам барои ӯ тарҷумаи ҳол “дуруст” кардаанд, ҳамчуноне барои бобии Шарифи падараш сураткашон симо ва чеҳра сохтанд. Аммо мисли ҳамон сурати 80 уандсолаи падари Раҳмонов,ки дар ин солу сол ҳатто на дар пешонӣ ва на дар руйҳояш як дона ҳам чину чурук дида намешавад, ва шакку гумонҳоро дар мавриди писари кӣ будани Раҳмонов бор овардааст, ин “овони донишҷӯӣ” ҳам ҳамин гуна шигифтиҳоеро рӯ занонид. Чунки Раҳмонов ба маънои тамоми калима ҳеҷ гоҳ донишҷӯ набуд. Ӯ як “заочник”-е буд, ки фақат ба хотири ба даст овардани диплом донишгоҳ омадааст ва “заочник”-ҳо он замон 40 рӯзӣ мехонданду халос. Дар асл онҳо намехонданд, Меомаданду номнавис мекарданду ба устодони донишгоҳ тӯҳфа медоданду пас мегаштанд. Онҳоро дар шумори донишҷӯҳо намеҳисобиданд. Сорти аз ҳама пойини донишҷӯ буданд. Раҳмонов ҳам фақат писта меоварду тухми мурғу маскаву чаккаву ҷурғот. Чунки дар он солҳои “овони донишҷӯӣ” ӯ котиби раиси колхоз буд на донишҷӯи УДТ ба номи В.И.Ленин. Барои ҳамин ин бор низ “дуздии таги саргини хар”-атон ошкор шуд ва инки партаи донишҷӯӣ, аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳоноти Эмомалӣ Раҳмоновро ба унвони экспонатҳои “нодир”-и ин осорхона муаррифӣ кардаед, як масхараву мазоҳи навбатии Раҳмонов асту бас. Дар аксҳо дида мешаванд, ки ин ҳама аснод комилан наву тозаанд ва тоза аз чоп даромадаанд ва ҳиҷ археологу ҳаффоре ва ҳиҷ лабораторияе наметавонад собит кунад, ки ҳатто як маротиба дар ҷайби кители котиби раиси колхоз ҳузур дошта бошанд. Агар онҳо моли он солҳо буданд ва дар ҷайби соҳибаш, ранг мебохтанд ва ҳатман осори куҳнагӣ ва фарсудагӣ дар он аснод намудор мешуд. Вале ин “студентческий билет”, -у “зачетка” ва диплом аз ҷадид будан ялаққост мезаданд. Албатта, аз ин қабил корҳои сохтаву сунъӣ барои Раҳмонов на як бору ду бор анҷом додаанд, то ки ӯро бузургу бохираду ҷилва диҳанд. Ҳамчуноне аз тани ӯ китобҳо навиштаву интишор кардаву ба лисонҳои мухталиф баргардон карданд, ки худи Раҳмонов ҳам дар тааҷҷуб мезанад, ки ман куҷову китобнависӣ куҷо? Чи расад ба мардум, ки ҳайрон мемонанд, ки Раҳмонов бо кадом саводу ақлу дониш, ки ҳарфи хурдро аз калон фарқ карда наметавонад, ҷилд- ҷилд китоб менависад. Ӯ ин китобҳоро дар компютер ҳуруфчинӣ мекарда бошад ва ё дастӣ навишта бошад? Бало ба паси китобнависиаш. Ман ҳайронам,ки аризаи дохилшавии ӯро агарки ёфта бошанду экспонати нодир шуда бошад, ҳамин тавр ҳуҷҷатҳои дигарашро, чаро билети узвияти ӯ ба китобхонаи Фирдавсӣ, ба китобхонаи худи Донишгоҳашро архелогҳо пайдо накарда бошанд. Хеле беҳтар буд,ки “зачетной книжкааш”-ҳам пайдо мешуду авроқи онро интишор медоданд. Зеро то ҷое медонем баҳоҳои ӯ дар “овони донишҷӯӣ”-аш ба ҷуз аз “удовл” чизе дигар набудааст. Ва, ҳамин удовлҳоро ҳам Талбак Назаров ва чанд нафари дигар, ки ректору декан буданд, восита шуда гирифта медодаанд. Раҳмонов 5 сол 40рӯзӣ хондаасту халос. Овони донишҷӯии вай ҳамин 5×40 асту тамом. Осорхонаи студенти заошник –ғоибхоне, ки ба таъбири он солҳо “аз истеҳсолот канда ношуда” хондааст.
Агар дар ёдатон бошад, дар дарсҳо устодон меоварданду медоданд, ки рӯбардор кунед: диктант, кори контролӣ ё иншо…хулоса барои “заочникҳо”. Раҳмонов, ончуноне гуфтем он солҳо, котиб буд. Вале лозим ва зарурат дошт, ки дипломи таҳсилоти олӣ дошта бошад. Имкону шароит надоштанд. Борҳо худаш гуфта буд, ки таҳмолу шира ба ҷирғоту қурутоби оличадору тезова ва шакарови бо селендрин мехурданд. Дастони модараш аз заҳмати зиёд шахшул, ранги лапатка шуда буд,ин таҳқир нест аз гуфтаҳои акаааш Нуриддин ва худи Раҳмонов нақли қавл аст. Манзур ин аст ки барои як нафаре,ки йели-йели хондааст, осорхонаи овони донишҷӯӣ ташкил кардан, як мазоҳу масхарае беш нест. Чи зарурат дорад, ки тамоми гузаштаи моломоли камбуди ӯро ошкор бикунед? Ӯ, ки бо ҳазорҳо азоб, бар ивази пиставу тухми мурғу чаккаву фатирмаска як бало карда дар сисолагиаш соҳиби диплом шуд, онро шумо тамоман таври дигар маънидод карданӣ мешавед, барояш як автобиография дурӯғин месозед. Масалан, мешавад аз Раҳмонов пурсид,ки фанни дӯстдоштааш чӣ буд? Намешавад. Чунки аслан як фаннро дӯст намедошт, ба ҷуз аз як бало карда ҳамон чилрӯзро гузаронидану дипломро гирифтан.
Дар ҳамин экспонатҳои нодири насбшуда дар деворҳо ҳам маълум аст ки ӯ чи пирстуденте аст, чунон ки ҳоло фартуттарин ва дарозумртарин президент дар қаламрави собиқи шӯравӣ аст. Воқеан ҳам ба корҳои археологҳои кашфкардаи “партаи донишҷӯӣ”-и Раҳмонов аҳсант ва як ҷаҳон ташаккур ногуфта намешавад. Аммо гуфта нашудааст, ки ин архелогҳо киҳоанд:-фаррошони он замонаи факелтети бухучет ё муаллимҳои он давра. Ва кӣ исбот кардааст ва кӣ муайян кардааст, ки ҳамон парта партаи Раҳмонов бошад. Шояд дар ояндаи наздик барои ин ҳаффори кашшоф ордени Исмоили Сомонӣ бидиҳанд? Чи тур исбот кардаанд, ки маҳз дар ҳамон парта Эмомалӣ Раҳмонов нишаста бошад? Ва, ин парта чи хосият ва тафовут дошта бошад, ки ин ҳама солҳо ҳифз шудааст? Ва ин ҳама солҳо нашикастаст, то ба имрӯз расидаст? Ва ё инки танҳо ҳамин парта аз ҷамъи партаҳои он аудитория сиҳату саломат омада расида бошад? Партаҳои дигар харобу вайрон шуда бошанд? Шояд дар ягон ҷойи он партаҳо ранги сиёҳидони Раҳмон рехта бошад? Ва, шояд худи Раҳмонов онро нишонӣ гузошта бошад. Чун он солҳо ҳатман хуни гарм дошт ва ҳатман менавишт: “Данғара”. Ва, ё шояд бӯи сенажу селоси фермаи колхоз, то ҳол аз он нарафта бошад.
“Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат…” навиштаанд дар васфи ӯ. Рости гап ангушти ҳайрат газидам, ки чи қадар дурӯғу дурӯғӯӣ дар ин кишвар ниҳодина шудааст. Мегӯянд мижаашон таҳ намехурад. Соли 1977 дуруст дар 25 солагиаш шомили шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ мешавад. Дар ҳоле, ки дар ин син аллакай донишгоҳро хатм мекунанд. Касе, ки дониш гирифтан мехоҳад ғоибона намехонад.
Инҷо навиштаи яке аз блогнависони Белорусӣ хонум Людмила Георгиевна ки дар мавриди ғоибонахонҳо навишта буд ба ёдам расид:
“Группа заочников, в которую я попала, состояла преимущественно из великовозрастных производственников, давно закончивших школу и благополучно забывших все школьные науки.”
Мегуфта бошед дақиқан ин сухан дар хусуси “пешвои муаззами миллат” соҳиби даҳҳо китоб, дорандаи садҳо ордену медал ва бо зурӣ ва шаттоҳи мартабаи панҷум президенти ғайри қонунии Тоҷикистон, сарфармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳ, асосгузори сулҳу ваҳдат,ҷаноби олӣ, панҷсадумин мусалмони бонуфӯзи олам, аъло ҳазрат Эмомалӣ Раҳмони мо Исмоили Сомони мо гуфта шуда бошанд.
Бо онки осорхона кардед чи гуфтан мехоҳед? Раҳмонов, як донишҷӯи фаъолу донишманду фавқулодда буд? Дар кружокҳо иштирок мекард, олимпиадаҳо мерафт? Дипломи сурх гирифт? Стипендияи ленинӣ мегирифт? Ин ҳама тамаллуқу чоназанӣ ва ин ҳама хушомаду пуштлесӣ маҳлуси хиёли кӣ бошад? Мехоҳед аз Раҳмонов чи бисозед? Бароятон бояд рӯшан бошад, ки хар ҳиҷ гоҳ бори шутурро намекашад ҳамин тавр Газ-53 бори ЗиЛ-Камазро
Як нафаре,ки ба таври ғоибона хондааст,маълум нест, ки чи тавр хонда аст, ба вай ҳамкурс сохтан ба вай зачетка сохтан ба вай акси хотиравии ҳамкурсон сохтан? Ҳатто дар акси Раҳмонову ҳамкурсонаш, ки дар шабакаҳо нашр шудааст, дида мешавад,ки Раҳмонов дар қиёс бо он ҳамкурсонаш хеле бузргсолтар аст. Валлоҳ, ки худро шармандаи ду дунё карда истодаед. Зачеткаи вай писта буд, кори дипломиаш мурғу тухм. А карат А-ро намедонад. Ман гарав мебандам, ки агар аз ӯ диктант гиред, агар аз ӯ нақли хаттӣ гиред масалан бо як хатмкунандаи синфи 9 дар як парта шинонед, баҳои 2 он тараф истад 0-и гирдак намегирад.
Биёед мардона ҳамаи миллат ва мардум якҷоя эътироф кунем. То имрӯз шунидаед дар ягонҷои кишвар гӯянд ин шахс ҳамкурси пешво аст.Писари ҳамкурси пешво аст,наздики ҳамкурси пешво аст? Бо итминони комил мегӯям ҳеҷ яке аз шумо инро нашунидаед.Чаро? Чун ҳамкурс надошт, яъне заошник буд ва ғоибонахонҳо хуб намешиносанд ҳамдигарро. Аммо ҳамсинф, ҳамхизмат, домодҳо, қудаҳо, апа, таға писарону духтарони ин ҳамаро шунидаед. Акнун фаҳмидед, ки бардурӯғ ӯро сохтаанду, то имрӯз мехоҳанд созанду билованду шахсият нишонаш диҳанд. Дар ПТУ и Сарбанд хондааст ҳамкурс дорад вале он бечораҳои ҳамкурсҳояш метарсанд ба ӯ наздик шаванд. Медонед барои чӣ? Охир наздикии онҳо ба Раҳмонов намефорад.
Мехоҳед аз Раҳмонов чӣ бисозед?
Дар ин осорхона аз мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ,ки мутаваффои асри 19 мебошад вадар зери як сутум, бозёфтҳои таърихиро ҷой додаан чӣ маъно дорад? Раҳмонов куҷо Мавлоно Юсуф куҷо? То имрӯз намедонед падараш кӣ ҳаст Раҳмон ё Шариф ба он бузургон ин бешарафро чаро рабт медиҳед? Косаҳои кулолии аҳди Кушонӣ ба Раҳмонов чи рабте дорад? Бостоншинос Музаффар Азизов бечора намедонад чӣ бигӯяду шарҳ диҳад,ин беаслу насабро? Вале ҳамон табақҳои чубӣ аз шакаров хурӣ,тезоба хуриҳояш шаҳодат медиҳанду вале нав тарошиданд,чаро ҳамон табақи сиёҳашонро наоварда монед?. Намедонед ба ин хирасар чӣ чизҳоро барчасп занед. Аммо намечаспанд ва барчасп надоранд. Агар ин осорхона оддитарин барчас ба Раҳмонов медошт ақалан як сухан мегуфт ва як оҳу вой мекарду вай вайе мекард,ки накард, ин маънои фалшиви буданро мекунад. Навад дарсади аксҳо фотшопанд ва ин худ баёнгари олии ин “осорхона”ро менамояд. Боз ин осорхонаро дар панҷ моҳ ташкил намуда будаанд.Ҳаёти сиёҳи 69 солаи ӯро дар панҷ моҳ пайдо кардан ин магар аблаҳи нест?
Тӯли ин ҳама солҳо ҳей месозеду месозед: Исмоили Сомонии сонӣ (Исмоили Сомонӣ як мусалмон буд ва 5 вақт намоз мегузорид, Исмоили Сомонии сонӣ чӣ? Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд (Бухоро номи давлат аст) Исмоили Сомонии имрӯза чӣ? Девори Данғара,ё Девори оилаи худаш! Ё шахсе,ки хоки сарзаминро ба Чин доду “Бурди дипломатия” ношармида унвонаш карданд. Самти шимоли кишварро имрӯзу фардо ҳамсоя кишвари Қирғизамон ба самти кишвари мо пешравӣ дораду заминҳои Хоҷа Аъло, Ворух, Чоркуҳ ва… талаб дорад. Магар мешавад ба чунин шахсе унвони нонавиштаи “Исмоили Сонӣ”, “Эмомалӣ Раҳмони мо Исмоили Сомони мо” дод? Ҳаргиз на,миллионҳо бор, на!
Ҷаноби Олӣ гуфтед. Чанд сол Ҷаноби олӣ шуд. Пули мардумро дуздиду саҳмия кард. Саҳмия ба Боинги Сомонэйр табдил шуд. Як заправшики дар ҳасрати Запорожетс ҳоло порки чанд ададии Боинг дорад. Ҷаноби Олӣ гуфтед. Ин Ҷаноби олӣ роҳи миёни шимолу маркази кишварро, ки танҳо ва ягона роҳ аст гирифту барои худи ин мардум пулакӣ кард. Ҷамолиддин ин пулҳоро гирифту Спитаменбонк сохт. Ҷаноби олӣ дигар дар Ҷаноби олӣ нагунҷид. Шуд “Пешвои миллат” ва ҳоло ҳолоҳо “Пешвои муаззами миллат”.
Ин “Пешвои муаззами миллат” қути лоямути мардум аз шираи камолро барои тоҷик манъ карду фақат ба “Фароз”-и шӯи духтараш дод. Ҳоло дорад Коммерсбонк. Ин феҳристи дуздиҳоро чаповулҳоро, яғмоҳоро мешавад беохир идома дод. (Раҳмонов домодҳояшро бениҳоят дӯст медоштааст. Ягон домоди номиллиардеру бебонк надорад. Ҳамаи домдҳояш бонки хусусӣ доранд). Аммо барои як нафари дар курсии донишҷӯӣ нанишаста шумо осорхонаи “овони донишҷӯӣ” месозед. Аммо, мутмаин ва муътақид бошед, ки лои хушк ҳеҷ гоҳ ба девор начаспидааст. Барои ин гуфтаам ду мисоли мушаххас меоварам. Хуб зеҳн монед ва бубинед, ки сатҳи саводи Раҳмонов, то куҷо қад медиҳад. Дар яке аз ин наворҳо китобро дар дасташ чапана доштаву “мутолиа” карда истодааст. Дар хонаи оилае дар ноҳияи Рӯдакӣ,ин намунае аз дониши воло ва ақли расою …..ӯст.
Ва,дар навори дуввум
Дар Панҷакент ба мактаб омад ва дар журнали давомот соядаст гузошт: “Як ҷаҳон ташакур”. Бале, бибинед, ки ин ташаккур як “к” надорад. Раҳмонов як “к”–ро хӯрд. Агар савод медошт агар хондагӣ буд ва дар курсии донишҷӯйи менишаст ҳеҷ гоҳ як “к”-ро аз “ташаккур” намехӯрд. Аз ӯ нобиға ва аллома натарошеду ҳам худ ва ҳам ӯро шармандатар накунед!