Шаке нест,ки раиси шаҳри Кӯлоб пора мегирифт. Мисли бақия раисони шаҳру навоҳии кишвар, дуруст мисли кулли соҳибмансабҳои давлати Раҳмонов, шурӯъ аз худи Раҳмонов то як раиси ҷамоат. Аммо шакк дорам ва бовар надорам,ки ӯ барои гирифтани пора ва ё фурӯши маҳз ёриҳои башардӯстона дастгир ва алайҳаш айб эълон шуда бошад. Мутмаин бошед,ки инҷо гапи дигаре ҳаст ва воқеан як корбари шабакаи иҷтимоӣ ҳам дар “коммент”-аш дуруст фармудааст,ки инҷо “таги коса нимкоса” аст. Ин нимкосаи таги коса-яъне иттиҳоми задашуда ба ӯ- “ ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ”- худ гувоҳ ва далели қатъии вуҷуди “гапи дигар” дар ин қазия аст ки аслу воқеияти он дар ин солҳои наздик баъид аст ошкор бишавад. Беш аз ин анҷоми амалиёти боздошти раиси шаҳр бо иттиҳоми фасод ва ришват тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бори дигар тасбит мекунад,ки “гапи дигар” ва “нимкосаи таги коса” ҳатмани ҳатман инҷо вуҷуд дорад. Зеро дар Тоҷикистон Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия як ниҳоди махсус ва мухтас барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо фасод амал мекунад ва боздошти ришвахорону фасодкорон дар салоҳият ва рисолати мустақими ӯст. Ва,ин ниҳод мустақим ба раиси ҷумҳурӣ итоат ва гузориш медиҳад. Аммо нақша ва иҷрои амалиёти боздошти раиси шаҳр,ки ҳамзамон намояндаи раиси ҷумҳур дар қаламрави зери итоаташ аст тавассути маъмурони амниятӣ сурат гирифт.
Аз ҳамин ҳоло шуморо бовар мекунонам, ки ҷараёни бозрасиву бозҷӯӣ ва ҳатто муҳокимаи додгоҳии парвандаи ҷиноятии раиси шаҳри Кӯлоб таҳти мӯҳри махфӣ ва пушти дарҳои баста ба итмом мерасад. Хуб, ҳоло шояд бипурсед, ки чаро мегӯӣ, ки шакк дорам, ки ӯро барои пора боздошт карда бошанд. Бале, бори дигар мегӯям, ки шак дорам. Шумо, ҳар кадомеатон огоҳии комил доред ва ҳамарӯза мебинед ва мешунавед, ки мансабдорони давлати Тоҷикистон барои ба истилоҳ буд кардани кори корафтода ҳатман, ки як миқдор пул мегиранд. Ҳамин гирифтани як миқдор пул, ки дигар мисле, ки одат ва “порядка вешей” шудааст, ном дорад пора. Ҳеҷ мансабе, ҳатто ҳамин як коргари одии ҷамоат бидуни додани пора ба касе дода намешавад. Дар бораи Баҳром Иноятзода, ҳанӯз, ки раиси шаҳри Истаравшан буд даҳҳо матлабу нома дар бораи фасодкории ӯ ба нашр расид ва дар онҷо ҳам ёрдамчии ӯро додситонӣ бо ришват дастгир кард. Аммо аз ”боло” ҳам ӯ ва ҳам худи Иноятзодаро тавонистанд, ки наҷот бидиҳанд. Ва, ҳамин имрӯз шумо як номе, як нафареро дар Тоҷикистон манзурам раиси ноҳияву шаҳр ва ё вазиру раиси кумитаи давлатӣ ва ё ҳар касе дигар прокурору судяву милиса, хулоса мақомдореро гӯед,ки ҳалолу тоза аст ва пора намегирад?
Вай наметавонад,ки нагирад. Агар нагирад дода наметавонад ва агар ки дода натавонист дар вазифа дошт дода наметавонад. Бахусус раисони ноҳияву шаҳрҳо. Ҳоло фикр мекунед, ки вазири милиса ва ё раиси КДАМ пора намегирад ва ё мансабдори дигаре? Дар ҳоле,ки барои мисол баҳои курсии раиси вилояти Суғд 5.000.000 миллион доллар муқаррар шудааст. Худи Калони калон-Пешво ва Асосгузору бунёдгузори Тоҷикистон пешво ва асосгузори ришват ва порахорӣ аст. Раиси як ноҳия ва ё як вазир бо 4 000у 5000 у ҳатто 10000 сомонӣ магар метавонад, ки вилла ва қасру кӯшку бӯстонсарои чандмиллион долларӣ бипӯшонад ва ё бихарад? Масалан писари раиси ноҳияи…. бо Лексусу Ренҷ- роверу кадом як маркаҳои мошин, ки садҳо ҳазор доллар арзиш доранд, аз куҷо мегардад? Агар ришват ва пора набуд аз куҷо ин ҳама? Чандин нафарҳо, аз ҷумла Султон Мирзошоев, Рамазон Мирзоев, Ҳабибулло Табаров, Талбак Назаров ва чандин ба истилоҳ нафароне, ки дар оғози роҳ Раҳмоновро барои идораи давлат ёриву кӯмакҳо кардаанд, дар хотироташон тазаккур додаанд, ки Раҳмонов ҳамеша аз онҳо ин суолро мепурсидааст, ки “ин ҳама солҳо,ки дар постҳои равғанӣ кор кардӣ,имрӯз чӣ дорӣ?”
Манзури Раҳмонов ин аст ки бойигариат чи қадар, чанд пул захира кардаӣ, хонаву дару заминат чи қадар аст? Бо ин гуфтаҳо ӯ худ ва духтару бачаҳову наздиконашро нишон доданӣ мешавад, ки тӯли муддати роҳбарии ӯ чи қадар дуздиданд ва чи қадар ҷамъ карданд. Вақте як нафар, ки ширро бо ҷурғот якҷоя карда мехӯрд, то ки аз гушнагӣ намирад, чун дар бисоташ чизе дигар надоштааст, ба чунин ҷоҳу ҷалол бирасад, фикр мекунед, ки нафсашро саришта ва идора карда метавонад? Аз инҷост,ки поягузори дуздиву ришвату фасод дар Тоҷикистон худи Раҳмонов аст. Ёдатон бошад дар ҳамон ҷаласаи таърихӣ дар 10 майи соли гузашта, ки Шаҳбоз Раҷабовро аз кор пеш кард, чи гуфта буд? Гуфта буд,ки ҳамаатро медонам,ки дар пости гумрук бо чи кор машғулед? Гуфт як ба дирӯзатон нигоҳ кунед,ки кӣ будеду чи шудед? Ҳатто гуфт,ки як ҳафта ба хонаат чизе набар, дасти холӣ рав бачаат аз танат мегурезад?
Бале,100дар100 Раҳмонов медонад, ки раиси Кӯлоб порахору дузд аст, раиси Восеъ, раиси Хуросон,раиси Истаравшан, раиси Исфара, раиси Ваҳдат… раиси Ҳисор, раиси Нуробод… раиси Рашт….хулоса тамоми раисҳои навоҳиву шаҳру вилоёт дузданд, порахӯранд, коррупсионеранд. Ва, инҳо ҳам ҳамачиро мебинанд, мебинанд ва медонанд, ки Раҳмонов бо бачаву духтару домоду ҷияну додарарӯсу хулоса авлоду қабилааш дуздида истодаанд, хеле, хеле ҳам пораву ришвахори гузароянд, инҳо ҳам дар пайравӣ ва тақлиди пешвои худ кори ӯро идома медиҳанд. Бубинед,ки ҳамин Агентии мубориза бо фасод ҳанӯз аз соли 1999 бо номи Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ташкил шуда ва то ба имрӯз фаъолият дорад.
Чаро тӯли ин ҳама солҳо ягон баландмақом, ҳатто як раиси ноҳияро дастгир накард. Баракс генералҳову сарҳангҳои он бо шумули муовини аввали он бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт ва зиндонӣ шуданд? Ва, ҳатто як навбат худи Раҳмонов дӯғу пӯписа кард, ки агар кор ҳамин тавр бошад, дигар ин сохторро аз байн хоҳад бурд. Вале ягон дигаргуние пеш омад? Баракс бад буд, бадтар шуд. Воқеият ин аст ки имрӯз дар Тоҷикистон порахору ришвахор мақому мартабаи баландтарро касб мекунад. Ҳамчуноне ҳамин Баҳром Иноятзодаро аз Истаравшан оварданду ба курсии раиси Кӯлоб, саввумин шаҳри бузурги кишвар таъин карданд. Гумон мекунед, ки чаро? Чун диданд, ки ниҳоят дузди моҳир ва қаллоби гузаро аст ва маблағи бузургеро аз ӯ Раҳмонов тавассути Асадулло Қимматович Раҳмонов, мушовири кадрҳояш гирифту оварду дар курсӣ нишондаш. Ин Асадулло Раҳмонови диссернетӣ боварам кунед Раҳмонови шармандаро шармандатар мекунад.Наход як шахси босавод ва фаҳмидаро дар ин мақоми муҳимми кишвар нагузорад. Агар хело зарур бошад Асаддуло мисли ҳамон Сунбулоғо монед ӯро дар “Гарем”атон ва дар ин мақоми интихоби кадрҳо як таҳсилкардаро гузоред. Наход Озода инро ташхис натавонад карда?
Ва, ӯ ҳам дигар дилаш пур, ки Калонро “хурондааст”, -у “забонкӯтоҳ” кардааст, боз ҳам кори дар Истаравшанашро идома дод ва ба ҳадде дилу гурдааш пур буд, ки ҳатто аз ҳисоби ёриҳои башардӯстона ба мусибатзадагони коронавирусро ҳам дуздӣ кард. Дақиқан, ки ронанда ва ёрдамчиаш ӯро фурӯхтанд ва дар баробари истинтоқу зарбу лати муфаттишони амният тоб наёварданд. Вагарна мушкилтарин кори тафтишот исботи гирифтани пора ва дайни он бар сари ришвахор аст. Ҳоло ин тарафи қазияро бигзорем канор, чун намедонем, ки дар рӯбарӯсозӣ ронанда ва ёрдамчии раиси шаҳр чи гуфтанд ва раис ба гардан гирифт ё хайр? Вале факт ин аст ки раиси шаҳри Кӯлоб ин бор натавонист, ҳамчуноне дар Истаравшан бо мусоидати “боло” халос шуда буд, наҷот биёбад.
Мо,метавонем ҳадс бизанем, ки он замон ин акнун раиси собиқи шаҳри Кӯлобро, ки зодаи Кӯлоб будааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев подармиёнӣ карда наҷот дода бошад, чун он сол ба ҳар ҳол Убайдуллоев дар “боло” буд ва дигар инки Иноятзода чанд соле ҳам дар ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори Идораи меъморӣ фаъолият кардааст. Хулласи калом, ин тавр нест, ки танҳо Баҳром Инотязода коррупсионер бошаду дигар раисҳо не. Аз хурд то калони ин ҳукумат коррупсионеру дузданд.
Вале, ҳоло ва айни замон аз миёни ҷамъи ришвахорони канори Раҳмонов Баҳром Иноятзода ба даст афтод ва каппаи ӯ дорад дуд мекунад. Дигар дасту пойи амниятиҳо ва Оҷонсии фасоду Додситонӣ бештар боз шуд. Онҳо маводдҳои ҷамъоварикардаашон бар муқобили ин гуна раисҳоро, ки мутмаин бошед ҷилд-ҷилд омода доранд, дилпурона ба ҳаракат дароварда, шантаж мекунанд ва ришва мегиранд. Раисони ноҳия ин шабу саҳар сахт осебпазир шуданд. Вале боз ҳам гирифтани ришва ва пораро бештар мекунанд, чун бояд худашонро “харанд”.
Аммо ин сару садоҳо,ки Баҳром Иноятзода қурбонии қасоси Бек Сабур, қудои раиси ҷумҳурӣ шудааст, воқеият дорад ё хайр? Ё таври дигар дар пушти боздошти раиси шаҳри Кӯлоб Бек Сабур меистад? То ҳамин ҳоло ҳеҷ соҳибмансабе ба таври оммавӣ аз қудоҳои бешумори Раҳмонов интиқод накарда буд. Иноятзода Бек Сабур ва ширкати сохтмонии ӯро дар сарпечӣ аз пардохти 400 ҳазор доллар андози шаҳри Кӯлоб гунаҳкор карда ӯро бо лаҳни истеҳзоомез ба Хоҷа Аҳрори Валӣ ташобуҳ кард. Ҳатто таҳдид кард, ки обу барқи коргоҳи ӯро қатъ хоҳад кард. Дуруст аст ки он вақт дигар мақомот, аз ҷумла додситони Душанбе ва Кумитаи андоз низ Бек Сабурро танқид карда буданд. Ҳоло ба назар мерасад,ки интиқоди Иноятзода ҳамоҳанг нашуда будааст ва ӯ “худсарона” ва “маслаҳат” нокарда чунин ҷуръатро ба худ раво дидааст. Дар ҳар сурат маълум шуд, ки бо қудову андаи Раҳмонов набояд, даргир шуд вагарна ба муҷозоти сангине гирифтор хоҳӣ шуд.
Як манбаи огоҳ, ки хоҳиш кард феълан исмашро набарем гуфт Бек Сабур,тавассути Фаттоҳ Сайид маводҳои зидди Иноятзода дар Агентии мубориза бо фасодро дастрас ва бо дастони Шоҳрух Сайидзода ба Рустами Эмомалӣ расонидааст. Барои онки ҳам мушкилоти хонаводагиаш бо хонаводаи Раҳмоновро ҳал кунад ва ҳам ниқорашро аз Иноятзода бигирад ба Рустам 500.000 доллар додааст. Рустам ҳам парвандаи омодашуда ба зидди Иноятзодаро ба амният супорида ва амр додааст,ки корашро тамом кунанд. (Зимнан тамоми вазорат ва кумитаҳои давлати Тоҷикистон амалан тавассути Озода ва Рустам аз чанд сол ба ин сӯ назорат мешаванд. Барои мисол Хадамоти гумрук,Оҷонсии мубориза бо коррупсия,КДАМ ва вазорати дохилӣ дар контроли Рустам аст).
Ҳамин тавр амният кори Иноятзода Баҳромро “тамом” карда сипас Раҳмоновро “перед фактом” монд. Раҳмонов ҳам ба ҷуз аз имзои барканории ӯ чораи дигар надошт. Кумитаи амният ба хотири тавҷеҳи худ ва ба даст овардани “хол”-и сиёсӣ дар ҳамон лаҳзаҳову соатҳои аввали боздошт яку якбора чандин матлаберо тавассути “фермаи ҷавоб” бар зидди Баҳром Инотязода дар шабакаҳои маҷозӣ ба нашр расонд. Ва бо чи сарлавҳаҳои воҳиманоку барроқе: “Давидани гӯсола то каҳдон ё ба амалҳои ҷиноии Б. Иноятзода хотима дода шуд”, “Офарин! Ҳақ ба ҳақдор мерасидааст!”, “Дар назди қонун ҳама баробаранд”.
Барои мисол дар ҳамин матлаби “Дар назди қонун ҳама баробаранд”, ки шояд ҳатто то замони дастгиршавӣ ва пешакӣ навишта шуда бошад фикрҳои ҷолиберо мехонем. Агар шумо навиштаҳои зерро, ки моли амниятиҳост бодиққат мутолеа кунед, дақиқан аз нимкосаи таги коса пай мебаред. Мефаҳмед, ки ин нависандаи амниятӣ талош дорад дастгиршавии Баҳром Иноятзодаро бо обу ранги тамом дуруст ҷилва диҳад:
….” Бори дигар исбот гардид, ки дар кишвари мо адолату инсоф ба таври воқеӣ мавҷуд мебошад ва ҳама дар назди қонун баробар ҳастанд. Агар чунин намебуд, яъне адолату волоияти қонун таъмин намебуд, Баҳром Иноятзодаро, ки мақоми баланд, яъне раиси яке аз шаҳрҳои бузурги кишварро ишғол кардааст, дастгир карда наметавонистанд.
….”Фаъолияти мақомоти амнияти кишвар вобаста ба санҷишу дастгир кардани Баҳром Иноятзода мунсифона, шаффоф ва бо риояи талаботи қонун сурат гирифтааст. Танҳо баъди ба даст овардани далелҳои раднопазир ва тасдиқи шикояти мардум, уро ба ҳабс гирифтаанд. Натиҷаи чунин фаъолияти поквиҷдононаи мақомоти амнияти кишвар буд, ки ин гурӯҳи ҷинояткор бо сардории Баҳром Иноятзода ба даст афтод. Мутмаин ҳастем, ки раванди тафтишот тамоми ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои Баҳром Иноятзода ва ҳамроҳони дигари уро муайян карда, онҳо тибқи талаботи қонун муҷозот мешаванд. Дар матлаби дигари муаллифони амниятӣ,ки таҳти унвони “Давидани гӯсола то каҳдон ё ба амалҳои ҷиноии Б. Иноятзода хотима дода шуд” низ ин гуфтаҳои мо ки акнун марҳалаи шантажу пулкоркунии мақомоти интизомиву амниятӣ фаро расидааст, тасдиқи худро ёфт. Бубинед,раиси шаҳри Кӯлоб-намояндаи президент якшаба ба гӯсола табдил шуда ва беш аз ин барои мақомоти амниятӣ кайҳо маълум будааст,ки ӯ порахору ришваситон аст:
“Мардуми шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои он кайҳо ҳукми худро нисбат ба Баҳром Иноятзода бароварда буданд, аммо ҳеҷ боварӣ надоштанд, ки ин ҳукми онҳо рӯзе амалӣ мешавад. Инак он рӯз ҳам фаро расид. Раиси шаҳри Кӯлоб ва чанд тан аз наздикони ӯ аз ҷониби кормандони оперативии КДАМ ҶТ дар шаҳри Кӯлоб дастгир шуданд. Гарчанде дар изҳорот мушаххас гуфта нашудааст, ки Иноятзода бо кадом ҷурм дастгир шудааст, аммо алакай мардуми Кӯлоб тахмин зада истодаанд, ки Раис барои кадом амалҳои ғайриқонуниаш дастгир шудааст. Зеро яке ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам менамоянд, дигаре барои аз худ кардани маблағҳои буҷавӣ, дигаре дар истисморӣ соҳибкорону тоҷирон ва ҳаминтавр ҷиноятҳои ӯро ҳар кас метавонад номбар намояд”.
Ва, ҳоло ба ин ҷумлаҳои зер мутаваҷҷеҳ бишавед, ки то андозе эҳсос мешавад дар арафаи шурӯъи маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ талош карда истодаанд тавре вонамуд кунанд ва ҷилва диҳанд,ки Раҳмонов ва Рустам бо ришвахорон мубориаи беамон мебранд ва худи онҳо тозаву порахӯр нестанд:
“Аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин “хас каму ҷаҳон пок” қаноат намуд. Чунки дар ҷомеа ба монанди Иноятзода, мансабдорону масъулони давлативу ҷамъиятӣ кам нестанд. Ин тоифаи ҷинояткор дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳастанд ва дар ҳама давру замонҳо вуҷуд доштаанд. Бинобар ин аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани чунин ашхсос бетарафӣ зоҳир нанамоем. То рӯзе, ки Иноятзодаҳо дар байни мо ҳастанд, пояҳои давлатдории мо мустаҳкам нест. Мардум аз дасти чунин беинсофон азоб мекашад, ранҷ мебарад. Ба дарди онҳо касе расида наметавонад”.
Бале,воқеан ҳам ин муаллифи амниятӣ аз “фермаи ҷавоб” дурусту дақиқ ҳамон гуфтаҳои моро,ки ин ҳукумат аз таг то боло аз порахорону дуздон иборат аст, исбот кардааст. Мансабдорону масъулони давлатии ҷинояткор дар байни мо зиёданд ва онҳо танҳо дар мавориде,ки бо аъзои хонаводаи Раҳмонов ва авлоду қабилаи онҳо дучори мухолафат мешаванд, дастгир ва ҳамин тавр зиндон мешаванд. Дар ғайри сурат чизе намешавад.
Ps : Хонандаи азиз хоҳиши мо аз шумо ин аст ки барои онки муваффақ ба коре,ки мехоҳед бишавед, як нусха аз матни шикоят ва аризаатон дар мавриди ришвахориву фасодкории масъулонро ҳатман ба суроғаи “Ислоҳ.нет” бифристед. Агар шумо аризаи худро ба коррупсия танҳо фиристед,яқин он номаи шикоятии шумо онҷо танҳо барои ин ниҳод далел мешавад,то аз он раиси порахур рафта бо он шикояти шумо боз ришват ситонанду ӯ боз аз шумо он пулро гирад. Ба ин хотир ҳатман нусхаро ба мо фиристед,то мо нашр кунем ва коррупсия ночор монад ва ин мақомдори дузду ғоратгар дигар ба шумо зулм накунад. Нашру оммавӣ кардани далелу рақамҳои фиристодаи шумо водор мекунад,ки порахорону дуздони ҳукумати Раҳмонов шурӯъ карда аз худаш то ба поён оқибат ба кайфари аъмолашон бирасанд.Пойгоҳи Ислоҳ бо шумост ва дарду ранҷи шуморо бе каму кост нашр ва оммавӣ менамояд.