“Озодӣ”-ро кӣ мебандад? Раҳмонов ё “Озодӣ”

Ислоҳ нет

 

Радиои “Озодӣ” бо ирсоли як номаи дигар(ба эҳтимолӣ зиёд охирин) аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки ба фаъолияти хабарнигорони ин расона монеа нагузорад, парвонаи кори онҳоро бидиҳад ва уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро созад.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/ Радиои “Озодӣ” дар ин нома,ки ба Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон фиристода, тазаккур медиҳад,ки “аккредитатсияи нима, ҳамроҳ бо озори хабарнигорони радиои “Озодӣ” нишон медиҳад,ки ҳукумати Шумо барои имкон додан барои фаъолияти бемамониати Радиои “Озодӣ” самимӣ нест ва “ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро барои эҳтиром ба матбуоти мустақил риоя намекунад”.

 

Ин нома баъд аз онки вазорати хориҷии Тоҷикистон ба чаҳор хабарнигори ин расона барои 6 моҳ аккредитатсия дод, ирсол шудааст.Президенти “Озодӣ” қаблан низ бо ирсоли нома ва низ дар дидору мулоқотҳояш бо вазири хориҷии Тоҷикистон ва бо Эмомалӣ Раҳмонов,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили муҷаввизи хабарнигорони Озодӣ дар Тоҷикистонро дар миён гузошта буд. Ҷаноби Флай баъди мулоқоташ бо Раҳмонов ,ки дар Сюрихи Шейтсария баргузор шуда буд, гуфт,ки “Ман хостам ,ба ӯ возеҳ кунам,ки агар мехоҳад,мо дар Тоҷикистон фаъолиятамонро идома бидиҳем,чунин муносибат ғайри қобили қабул аст,чун мо дар чунин шароит корро идома дода наметавонем…..Агар мо дар Тоҷикистон монданӣ бошем ва дафтари худро боз нигоҳ дорем,бояд муносибат бо “Озодӣ” ва шеваи рӯзмарраи рафтори ҳукумат ба он тағйир ёбад. Ман саъй кардам барои ҳамин аз ӯ замонат ба даст биёрам”. Ҷейми Флай дар он сӯҳбат гуфтааст,ки Раҳмонов изъон карда,ки қасд доранд кори Озодӣ дар Тоҷикистонро “маҳдуд” кунанд. Ҳам ӯ ва ҳам сардори Идораи сиёсати беруниаш иқрор кардаанд,ки хабару гузориши марбут ба созмону аҳзоби мамнӯъ,манзур ҲНИТ аз тарафи ин расона асл ва мояи мухолафат бо “Озодӣ” аст. Вале қавл додааст Раҳмонов,ки масъалаи аккредитатсияро ҳал хоҳад кард.

 

Аммо ба назар мерасад, масъала ҳал нахоҳад шуд.Чунки табиист,ки“Озодӣ” наметавонад миссияи худро мавриди муомила қарор бидиҳад. Раҳмонов ва дору дастааш ҳам нашру пахши матолиб аз ҲНИТ дар ин расонаро дастак ва баҳона карда барои кормандони “Озодӣ” аккредитатсия намедиҳанд. Барои раҳбарияти “Озодӣ” ҷое барои шубҳа намонд, ки Раҳмонов дигар дар ба истилоҳ сиёсати кадрии “Озодӣ” ҳамеша фук мехалонад.Ироаи интихобии аккредитатсия ба хабарнигорони ин расона маълум кард,ки кадоме аз хабарнигорон мавриди илтифот қарор мегиранд ва бар пояи кадом асосу меъёр. Додани аккредитатсия ба он хабарнигороне,ки вазири хориҷӣ бо сароҳат эълон карда буд,ки дигар муҷаввиз дарёфт нахоҳанд кард, “бираванд дар матбуоти маҳаллӣ кор бикунанд”, яқин кард,ки танҳо он хабарнигороне метавонанд, кор кунанд, ки дар листи “давлатбадбинҳо” ҷой надоранд ва зодаи маҳалли муайян мебошанд. Барои мисол тибқи хабарҳои нашршуда ба хабарнигори “Озодӣ” дар вилояти Суғд,ки низ ҳамроҳ ба ҳамин чаҳор хабарнигор аз ҳаққи гирифтани аккредитатсия маҳрум шуда буд, иҷоза дода нашуд. Воқеият ин аст ки мушкилоти аккредитатсияи хабарнигорони “Озодӣ” баъди тағйирот дар раҳбарии бахши тоҷикӣ пеш омад. Мақомоти Тоҷикистон бо роҳбарияти собиқи он муоҳада ва муомалаҳои пинҳонӣ доштанд ва “Озодӣ” ба минбари таблиғотии онҳо мубаддал шуда буд.

 

Аммо ҳоло “Озодӣ” рисолат ва миссияи як расонаи бетараф ва озодро иҷро карда истодааст,ки дар он манофеи ҳеҷ гурӯҳе,на Фронти халқӣ,ки ҳокимиятро ғасб кардааст ва на оппозитсион,ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мебарад, бартарӣ надорад. Мусалламан ин дигаргунӣ ба Раҳмонов ва лаганбардоронаш хуш намеояд ва аз он силоҳе,ки доранд бар муқобили радио истифода мебаранд. Аз дигар тараф бармеояд,ки роҳбари собиқи он ҳамоно дар пушти ин расона “кор” карда истодааст ва дар ҷобаҷоии кадрҳо ва самту сӯдиҳиҳои дохилӣ ҳоло ҳам даст дорад ва машварат медиҳад,ки ба киҳо аккредитатсия дода шавад ва ба киҳо дода нашавад. Вагарна чаро вазорати хориҷии Тоҷикистон ба чаҳор хабарнигоре,ки эълон кард, нахоҳад дод, аккредитатсия дод.Дар ҳоле,ки аккредитатсияи яке аз онҳоро ҳатто бозхонд карда буд. Аммо ба хабарнигорони дигари ин расона барои ҳамин 6 моҳ ҳам шуда, аккредитатсия намедиҳад. Ин вазъият бори дигар нишон медиҳад,ки мушкилоти аккредитатсия на дар вазорати хориҷӣ,балки дар КГБи Саймуъмин Ятимов ҳаллу фасл мешавад . Дар вазорати хориҷӣ ҳам инкор намекунанд,ки КДАМ аст ки ба кӣ додан ва ба кӣ надодани аккредитатсияи хабарнигорони “Озодӣ”-ро дар даст ва таҳти контроли сахти худ гирифтааст.

 

Аслан мушкилоти аккредитатсия баъди сари кор омадани Ятимов ба вуҷуд омад ва маҳз Ятимов аз он ба ҳайси як фишанги фишор суиистифода мекунад. Дар ҳоле,ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон кадом аксуссадое бар номаи “Озодӣ” накардааст, нависандаҳои “фермаи ҷавоб” филҳол ба он “посух” доданд. Онҳо ин бор на танҳо дар нақши шайпур ва карнай,балки дар мақоми тасмимгиранда арзи андом намуданд. Ин ферма дар Фейсбук матлаберо бо имзои Алишери Азим гузошта ва гуфтааст: “Озодӣ бояд шукрона кунад,ки дар Тоҷикистон иҷозаи кор дода шудааст”. .. “ба корҳои дохилии кишварамон дахолат накунад ва тарафдорӣ аз душманони миллати тоҷикро надошта бошад” ….. “шартҳоро гузоранд мақомот, дар сурати риоя нагардидани он фаъолияти ин лонаи ҷосусӣ қатъ намоянд”.

 

Албатта,ки манзураш аз душманони миллат маълум аст.Аммо инки мегӯяд фаъолияти ин лонаи ҷосусӣ(?) қатъ шавад, дақиқан ин ҳамон андешае аст ки дар сари мудири ин ферма ҳамвора дар чархиш аст.

 

Бо ҳамин роҳу бо ҳамин васила, бо роҳандозии фронти ҷавобнависӣ ва дар асл воқеиятгурезӣ ва дурӯғпароканӣ ба худ ва ҳузури шахсии худ дар назд ва чашми Раҳмонов аҳамият бахшида, муҳим ҷилва дода давру даврон ронда истодааст.Дар ҳоле,ки агар холисона ва беғаразона ба давлат ва миллат ва ҳамин Раҳмонов ҳам хоста буд,ки хидмат бикунад, мебоист воқеиятҳоро бозгӯ мекард ва аз пайи рафъ ва ислоҳи камбуд мешуд. Аммо ,мутаассифона дар тамоми чиз ҳузур ва сояи ҲНИТро мебинад, ки ӯро аз ташхис ва ҷудо сохтани асл аз маҷоз ба дур бурдааст.Танҳо дар низомҳои худкома аст ки мақомоти амниятиву қудратӣ идеологияи давлатро низ таҳти контрол мегиранд.

 

Фирдавс Каримов,сокини Душанбе ва аз муаллифони пуркори “фермаи ҷавоб” аз нақшаҳои бар зидди Озодӣ кашидаи Идорае,ки дар он фаъолият мекунад, навиштааст:

 

“…чораҳое бар зидди онҳо андешида хоҳад шуд, ки дигар решаашон аз ҳудуди Тоҷикистон ба пуррагӣ канда хоҳад шуд,ки дигар ҳеҷ вориди ин сарзамин нахоҳанд гашт”.

 

Кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро ин ҳама нафрату адоват бо як расонаро ин ниҳод талош мекунад миёни ҷомеаи Тоҷикистон пароканда бикунад. Дар ҳамин паёми ахири худ Раҳмонов аз як навори радиои Озодӣ ёдовар шуд. Ва ба маҳзи ҳамин гузориш буд,ки ҳайати ҳукуматӣ аз вазъияти он хонуми маълул огоҳ шуд ва ба мушкилоташ расидагӣ кард.

 

Дарафтидан ва бар муқобили як расона сангар гирифтан ва онро дар нақши рақиб ва душман ҷилва додан чи маъно дорад? Магар як расона аз ахбору иттилооти ҷаҳон нагӯяд? Аз онки Озодӣ аз таҳқиқоти маҷаллаи Экономист мегӯяд ва аз таҳқиқоти созмони байналмилалии Шаффофият ва фасоди густарда ва ё аз молу амволи мансуб ба Шамсулло Соҳибов дар пажӯҳиши ташкилоти байналмилаӣ мегӯяд ва ё аз нишасти САҲА ва СММ бо ширкати ПМТ ва ҲНИТ мегӯяд ва ё дархости СММ ҷиҳати раҳоии зиндониҳои сиёсӣ З.Сайид, М.Ҳайит ва Б.Ёров мегӯяд,нороҳат ва нигарон шудани Раҳмонов ва тамаллуқпешаҳои давру бараш танҳо нишонаи аблаҳӣ ва аҳмақӣ асту бас.Зеро гуфтани ин масоил миссияи ҳар як расона аст.

 

Вақте муаллифи зиштноми “фермаи ҷавоб” амдан менависад,ки ”маводҳояшон хатар ба амнияти шаҳрвандон дорад…” ва таъкид мекунад,ки “….Президенти он бояд донад, ки ҳузури радиои Озодӣ дар Тоҷикистон бар зидди манфиатҳои миллӣ мебошад” ва шарт мегузорад,ки ”Фикр мекунам дар ҳолате ба он кормандони ин расона иҷозати фаъолият медиҳанд,ки Радио Озодӣ ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳад” сари одам сахт мемонад, ки инҳо бо халқи Тоҷикистон чи кор доранд мекунанд? Чаро бояд радиои Озодӣ бар зидди манфиатҳои миллати тоҷик бошад? Ин муаллиф ва бақия муаллифони “фермаи ҷавоб” барқасд чунин ҳарфҳои дар асл зиддимиллиро менависанд.Вагарна хуб ҳам медонанд,ки ҳоло Озодӣ ва сайту видеоҳои онро садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар тамошо мекунанд. Магар онҳо ҳамарӯза маводу матолиби бар зидди худро тамошо мекунанд? “Фермаи ҷавоб” ва мудири он аз саҳнаи сиёсӣ ва диниву фарҳангиву иҷтимоӣ ҳамаро рӯфтанду мардум ва шахсиятҳои муътабари вайро узлатнишин карданд.

 

Нависандаҳои бадном ва қабеҳманзари он,ки маъалаасаф, имрӯз дар аслитарин ниҳоди давлатӣ кор ва аз номи Тоҷикистон ёвасароӣ ва газофбофӣ мекунанд, як боре шуда бар авоқиби амали худ бояд биандешанд.Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,ки рисолат ва масъулияти он тамоман чизе дигар аст имрӯз ба як дастгоҳи идеологие табдил дода шудааст,ки Ватани азизи мову шуморо ба як таҳхона, ба як ИВС, ба як СИЗО ва ба як колоннияи низоми сангин табдил додааст.

 

Ҳоло солҳои 1988, 1989, 1990, 1991 ва 1992-ро ба ёд оварем,ки ин миллат ва ин мардум чи бебок ва ҷасур буд? Озодии баён дар болотарин сатҳи СССР қарор дошт ва матбуоти тоҷик озодтарин матбуоти шӯравӣ буд. Воқиан шоири маъруфи дар табъид Исфандиёри Назар дуруст гуфтааст: “ваҳшитар ва даррандатар ва бадтар аз Темуру Чингизанд”.

 

Агар ин миллат ба ин ҳад ваҳшат ва тарсхӯрда нашуда бошад, чаро бояд маҳз ҳамин чанд тане, ки як қабиларо бори дӯши ин миллат кардааст, тасмим бигирад,ки тоҷик чиро гӯш кунад, чиро бубинад ва аз чи огоҳ бошад ва то куҷо барои ниёзҳояш дасту пойи боз дошта бошад. Хеле мехоҳам дар даҳону дидагони касоне,ки аз Вай устура метаршанд, як туфи балғамдор кунам. Чи тавр як хасдузди шира ба ҷурғот аралаш карда мехӯрдагӣ РОҲБАР бишаваду ин ҳама муддат як халқи бузургро дар тарсу ваҳшат нигоҳ бидорад? Тамоми корҳои вай саҳнасозӣ аст. Хуб медонад,ки ҳама ӯро хуби хуб шинохтаанд. Вай як каламуше дар колхоз буд,ки бо гардиши давр раиси давлат шуд. Акнун шумо аз як каламуш чи мехоҳед?То Раҳмонов ҳаст ин ватан ва ин мардум ҳеҷ гоҳ орому осуда нафас намекашад. Вай қаср месозад, китобхонаи миллӣ месозад, эстаката месозад, байрақи гиннесӣ месозад, ину он месозад.Аммо руҳу ҷони ин мардумро ба асорат бурдааст.Ин мардум саркӯбу покӯб аст.Ҳеҷ чизе гуфта наметавонад.Садояш дар гулӯ хафа шудааст,ҳалқовез аст.Бале,инҷо омадем ба саволи асосӣ.

 

Чаро Раҳмонов намехоҳад,ки Озодӣ ба тавре, ки буд, фаъолият кунад? Чунки беш аз пеш ба ҷиноят ва истисмору истинтоқ машғул мешавад.Вай пояҳои қудрати писарашро ҳам болои хуни халқи тоҷик гузоштанист.Вай ба унвони як инсон на насиҳати як падар ба писар, машварати як дузд ба дузд, як фосид ба фосиди оянда ва як диктотур ба як диктотури дигарро хоҳад кард. Раҳмон ҳокимияти бачаашро ҳам бар пояи тарсу ваҳму ваҳшат бино карданист. Асл ва мояи ихтилофи Раҳмонов бо Озодӣ на танҳо ҲНИТ, ПМТ ва Гурӯҳи 24 аст.

 

Маълум аст ки ин тақозо ва шарти Раҳмонов дар асл як баҳонаест. Доманаш тар аст. Барои пӯшонидан ва пинҳон кардан бисёр дорад. Аммо “Озодӣ” ин ҳамаро гуфта истодааст ва хоҳад гуфт. Барои ҳамин онро ҳам бояд сокит кунад. Бармеояд,ки раҳбарияти “Озодӣ” ҳам дарк кардааст. Гӯшзад кардани таъбироте чун “иваз кардани шеваи кор”, “боз нигоҳ доштани бюро дар Душанбе” ба ин маъност,ки тасмими қатъи ҳузури дафтари Озодӣ дар қаламрави Тоҷикистон гирифта шуда ва марҳала ҳам даррасидааст.Вале Раҳмонов хеле зуд пушаймон хоҳад шуд,ки чеҳра ва симои зиштеро ба роҳбари оянда ба мерос монда ва Рустамро ба ҳайси як роҳбари ҷавони душмани озодии сухан ва безори матбуот муаррафӣ кардааст….

 

Share This Article