Падар яке аз дарвозаҳои бози ҷаннат аст

Санаи нашр:

Имсол соли панҷум аст аз дидори қиблагоҳам маҳрумам.Дурустараш чор солу нуҳ моҳ аст аз ин файз ва аз ин дарвозаи ҷаннат бо амри тақдир маҳрумам.Як моҳ аст падари бузургворам аз бемории фишори хун ва қанди боло бистару бемадор аст.Ду рӯз аст хело ҳолаш вазмин аст.Наздиконам мегӯянд касеро намешиносад ва танҳо номи шуморо мегирад ва аз ҳуш меравад.Фақад мегуфтааст мехоҳад маро бубинад,кош метавонистам падарамро бубинам эй Аллоҳ ту аз дили ман огоҳи ва аз ҳоли манҳам огоҳи.
Имрӯз вақте гуфтанд ба ҳуш омадааст гуфтам телефонро барояш диҳед чанд сухане бо ман гуфт вале на ҳама суханонаш бароям фаҳмо буд.Аллоҳ маро аз ҷумлаи фарзандони солеҳ бигардон,то барои падарам боғе бошам дар ҳоле ӯ бароям яке аз дарвозаҳои ҷаннат аст.Эй Аллоҳ ҳаргиз ӯро аз ман норози нагардону моро аз ӯ маҳрум нагардон.Дигар чизе наметавонам навишта.Дар ҳаққи падари беморам дуъо кунед дӯстон Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.

Мақолаҳои марбут

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№62

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» беш аз пеш мақбул ва писанди мардум чи дар дохил ва чи дар хориҷ...

 Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№61

Доираи муаллифони «Номаҳо аз ноҳияҳо» рӯзбарӯз дар ҳоли афзоиш аст. Бархе аз ноҳияҳо ва мардумони он фаъолона аз...

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №60

 Муҳтавои аксарияти номаҳои мардум, ки ба дасти «Ислоҳ» мерасанд аз аҷзу нотавонӣ, корношоямӣ ва холабеғамии мақомоти давлатӣ ҳикоят...

 Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№59

 Махсусияти муҳтавои барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст ки воқеият ва ҳақиқати гирду атроф ва муҳити иҳотакардаи мардумро...