Панҷакент аз беобӣ мехушкад!!!

Ислоҳ нет

Обу ободӣ. Солҳои 2018-2028 солҳои оби тоза

Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо

Тоҷикистон-биҳишти рӯи замин ва сарманшаъи захираҳои обҳои Осиёи Марказӣ ва ғайраро, борҳо, тули солҳои мадид аз забони «пешво»-и Тоҷикон мешунавему оид ба об «ҳикматҳои афлотунӣ»-яшро дар кӯчаву бозору мазору ҷодаҳову рӯи биноҳои давлатӣ мушоҳида мекунем!

Вале, об дар хонаву мо ташналабон мегардем!

Аммо, Эмомалӣ шиор мепартояд: «Об сарчашмаи ҳаёт аст».

Касоне, шояд бошанд, гумон баранд, ки ин «оя» ба «Пешвои тоҷикон», пас аз гузашти миллиардҳо сол аз пайдоиши одаму оламу об дар рӯи замин,  «нозил» гашта бошад, ки «об манбаъу сарчашмаи ҳаёт аст». Ва каси дигаре аҳамияти обро дар пайдоиши ҳастӣ намедониста аст!

Вале бо лоф намешавад «об» офариду бурду ба «заминҳои ташналаб»-и мардуми Панҷекат (шакли гӯйиши мардумӣ) , ин моеъи берангубӯро чун «манбаъи ҳаёт», ки Эмомалӣ- ташаббускори об дар ООН, меномад, сарозер кард.

Бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад.

Биёед, имрӯз аз обу ободию ташналабию холабеғамии намояндаи воломақоми шаҳри Панҷекат, ки эшонро ҳокими шаҳри бостонияш хонанду дар асл масали «номи калону шаҳри вайрон»-ро ба худ танида аст, бигӯем.

Шояд, ки ба Пешво бигӯянд

Оби ту бирехт, обрӯи тоҷик!

Хело оид ба Панҷекат, ки шаҳри бостонист, дилбастагии илмӣ дорам.

Ин шаҳр аз ғорҳои пайдогаштаи ноҳияи Данғара, ки дар он осори асри сангу кулух кашф гашта асту имрӯз бо шарофати зодгоҳи «Пешво» тамоми маблағҳои буҷетӣ, дар ҳама самтҳои иктишофию ободонӣ масрафаш мешаванд, қадимитару боаҳамияттаранд.

Аз Саразмаш «маликаи Саразм»-и машҳур кашф шуда, ки оламиёнро солҳост ба худ ҷазб карда.

Дараи Панҷрӯдаш бо Рӯдакӣ оламгир гашта.

Урметану Варзиманору Хоҷа Башорову дигар, ҳар ғору ҷару дашту доману мазори ин минтақа, дар маҷмуъ, осорхонаи зиндае аз шукӯҳи миллати сарбуландест, ки дар дарозои торихи мавҷудияти хеш- чи пеш аз ислому чи пас аз он, чи дар аҳди Сомониёну чи пас аз он, чи дар аҳди Шӯравию чи аҳди ба ном «истиқлол», ҳамеша, яке олиму шоиру аҳли хирад ба олами форсзабонон тақдим кардаву дудигар дар баробари ҳар аҷнабии саркашу қотиле қад алам кардаву парчами озодагиро бар фарози кӯҳҳои Пискату Воруву Некноту Варзикандаву Марғидару Фаробу дигар амокинаш, партавафшон карда, сар буридаву сар зада. Ҷон додаву ҷон гирифта аст! Ҷонканда то зинда бимонад!

Ҷонсахтӣ карда то поймоли истилогарон нашавад!

Онкӣ пузаи Искандару генералҳояшро бор-бор дар хоки зиллат кашонд, Спитамени ин мардум буд!

Дар ин марзу бум парвариши оини озодмардӣ гирифта буд!

Онкӣ бар ҷабри ҳокимони сармасти араб қиём кард Деваштич буд.

Онкӣ бар дасисаи атроки сияҳдил тозиш оварду то девораҳои Константинопол юриш бурду ҳокими онро асир карду касе ёрои шикасташро надошт, Хайзар пури Ковус- афшини Иструшан буд, ки дар олами низомӣ то кунун ҳамто надорад! Ҳамтаборе аз ин марзубум буд!

Ҳама ончӣ гуфтам, баҳри он гуфтам, ки ин мардум, ин нажод, ин «миллат»-и суғдӣ, дар дарозои торихи хеш, худкифо буд.

Бе ману ту ҳам марзу бумашро ҳимоят, иқтисодашро ривоҷ, тиҷораташро то дохили Чин, бо офаридани Роҳи Абрешими машҳур навардида буду ба дигарон дарси тиҷоратпешагӣ, сипоҳигарӣ, озодмардӣ, шоирӣ, паҳлавонӣ, кишвардорӣ ва шаҳрсозию ободкорию боғу чорводорию низоми обёрию кишоварзиро омӯзонда буд.

Ин диёр, аз замони бостон як камбуд дошт- камобӣ!

Вале, ин қавми кӯҳкан, ҳамеша баҳри рафъи камомади обаш, ҳамеша дили кӯҳу камарҳоро мекофту канал месохту то буландтарин манотиқи дастраси диёраш, об бароварда ободӣ мекард.Аҳли заҳматанд ин мардум. Миннати касеро намеписанданд.Хорияшон меояд, ки дастнигари кумаки дигарон бошанд! Зану мард чунинанд!

Дар ҷанги шаҳрвандӣ бетараф буданд, чун мегуфтанд: куштани тоҷик гуноҳ аст!

Дар аҳди Шӯравӣ ҳазорон гектар заминҳои пуштакӯҳу болоию ялангию суффакӯҳҳоро бо дастгирии техникию пулии ин давлати камбағалпарвар коркарду ободон карда, боғҳои васеъи зардолуву себу токзор,  полезию гандуму ҷавдору ҷуворию ҳазору як маҳсулоти табиии аълосифат, баҳри равнақи бозори дохилу хориҷ аз кишвар, дар сатҳи СССР, ба роҳ монда буданд.

Пас аз соли 1992, онгоҳ, ки колхозникҳои пахтакор низоми аграрии Шӯравиро дарҳам шикастанд, ин минтақа, махсусан мавзеъи буландкӯҳи Варзи Канда, чун моҳии аз об маҳруммонда, солҳост ба худ метападу дар ҳасрати қатрае об дар талвоса аст.

Дод мезанад: шӯравӣ ку? Обаш бо худаш хушкид? Баракаташ рафт?

Охир, ман ҳамон заминҳои фарохам, ки тонна-тонна маҳсулот медодам, аз аҳди Спитамен то аҳди араб, аз аҳди Сомониён то аҳди Манғитиёну Шӯравӣ!

Эмомалӣ, ту, ки марди деҳқонӣ, вале «геолог» гаштаию ба тиллову нуқраву симобу ангишту руҳам часпидаву карор-карор сарватамро аз дилам канда мебарӣ, аммо, чаро 10%-и ин ҳама сарватамро баҳри ободии ин диёри бостонӣ сарф намекунӣ?

Тиллову нуқраам моли ин мардум аст. Ин мардум бошад, аз бозе туро ҳокими хеш дида, на об дораду на ободию на роҳу ҷодаи обод!

Дарахтони себу токзорҳои «шаробӣ»-и ин минтақа, бо рафтани Шӯравӣ пажмурду мурд! Насосҳои пуриқтидори Шӯравӣ бо Шуравӣ мурд, вале Эмомалӣ, касе, ки дам аз Истиқлолият мезанӣ, низоми обу ободият ку? Насосҳои «исқлол»-ат ку? Заминҳоям мурдаву шӯразор гаштаанд. Мардумам пароканда мешаванд.Аҳолӣ каму камтар мегарданд!

Деҳқони «тиллогирдовар», ту заминро ба кӣ супурдаӣ?

Истиқлолият танҳо сухани сиёсӣ нест!

Истиқлолият ободии ҳар як ваҷаб замин аст. Коркарди заминҳои  бекормондаву шӯразоргашта аст!

Замоне ҳай мегуфтию мегуфтӣ, ки аз ҳар ваҷаб замин «ду бору се бор» ҳосил бигиред! Аммо, бо кудосин роҳ? Бе об?

Рӯи куҳҳои Фондарё роҳ кофтию дар қалби куҳҳои осмонбӯси ин диёр, ки лабрези тиллову нуқраву қурғошим аст, нақб задию кон кандию ҷон кандию сарвати гаронарзишашро шабу рӯз мекашонӣ,вале барои ин мардуми деҳқони заҳматписанд насосе наёфтӣ, канале накандӣ, роҳе насохтӣ, ободие накардӣ!

Роҳҳои асосӣ валангоранд! Ариқҳо фурӯрехта. Қубурҳо дарҳамшикаста.  Мардум на сарвате дорад, ки роҳ мумфарш кунаду на дороию тавоне, ки об барораду на ҳатто маблағе дорад, ки дар самти болоӣ- дар назди куҳҳо «дринаж»-у чоҳҳо парма (бурит) кунад!

Чаро тиллои ин мардум  ба коми ту аст, Раҳмонов?

Чаро зуғолсанги ин мардум моли домоди ту гашта, Раҳмонов?

Кӣ роҳи ин мардумро таъмир бояд кунад, ҷуз ту, ки пешвои инҳо худро хондаӣ?

Медонӣ, ки мардуми Варзикандаву дигар деҳоти аз канали поёнӣ ба боло ҷойгирифта, худ пул ҷамъ кардаву роҳ мумфарш мекунад?

Айб нест?

Роҳҳои давлатиро давлат, ки ту онро 32 сол аст «соҳибӣ» дорӣ, бисозад, на мардум аз пули хеш! Мардум зураш нарасида истода аст!

Оби ошомиданияшонро ин мардуми «соҳибпешво» бо пули хеш, ҳашар карда, аз 3-4 км дуриҳо бо қубури ҳаҷмаш 50- овардаву чакра-чакра шабҳо замм карда, рӯзҳо, ба таъбири «уштурро бо кафлез» об медиҳанду на дастнишондаат- ҳокимони ноӯҳдабарои ғайримардумии Панҷекату на Қофлонбойи «хандонрӯ» , ва на худат -Пешвои муъаззаму на домодат- соҳиби Фарози носерам, камтарин дастгирие ба ин мардуми аз камобӣ ба ҷон расида, намекунед!

Заминҳои  бекорхобидаи васеъе аз беобӣ мардуми заҳматқарини ин минтақаро дилреш мекунад, ки агар оби фаровон, чун аҳди Шӯроӣ медодандашон, аз ин гил гулистону Ираму бустонҳо месохтанд!

Ҷанобе, ки 32 сол аст аз Истиқлолият дарси хештаншиносию ободкорию фалсафаҳои бас буланде дар темаи обу ободкорӣ бароямон мехонию мехонӣ! Мегӯию мегӯӣ! Вале амалат ку?!

Сад доду видод аз он ки гуфтанду накарданд,

Ё раб, чӣ қадар фосилаи дасту забон аст?!

Охир, барои коркарди тиллоҳо пулу вақту нерӯ, туву домодат ёфтеду оид ба «тиллову тиллокорӣ» лексияамон нахондӣ.  Чунки агар оид ба «тилло манбаи ҳаёт аст» лоақал як лексия мехондӣ, миллат ба аҳамияти стратегии ин моддаи зардранги панҷекатию зарфишонию айнигӣ огоҳ гаштаву даст ба кор мешуд, вале аз онҷо ки об «моддаи сиёҳ»-и бепул аст, тӯли умр аз он гуфтию гуфтӣ, вале барои оварда додани он ҳам ба мардуми ин минтақа, бо будҷети ин миллат, кореро аз кор пеш набурдӣ. Хиштеро рӯи хиште нагзоштӣ.

Вале бидуни ҳарфу ҳиҷое он қадар тилло кандию бурдию анбоштӣ, ки кас надонист!

То кай Абдунабӣ Сатторзода дар ин диёр, аз грантҳои ким – кадом олмонии хайрхоҳе, барои «пасвоҳо»-и ту, қисман оби ошомиданӣ биёрад?

Он бечораро ҳам аз ҳама ҷо рондаӣ…..

Магар пешвои мо Ҳитлер аст, ки олмониён- намояндагони тахайюлият омада барои «ҳамтаборони ориёӣ»-яшон об бароваранд?!

То кай бо ваъдаи пуч, ба гуфти Лоиқи Панҷекатӣ, домани қавмро пур аз чормағзи пуч кардаву дар киссаи худу домодат «пиставу бодом», яъне тиллои Панҷекату Айниро мезанед?

Вақти он нарасида, ки аз ҳақиқатҳои ворунанишондодаи 32-солаат гӯем, ки бас будагист аз Зарафшон то Бадахшон ҳамагиро «каллаи хар» карданат!

Эмомалӣ деҳқони ноҳияи Данғара, «пешво»-ят намехонам, чун инҷо сухан аз деҳқонӣ, об, ободонӣ, обчакорӣ, боғдорӣ ва заминдории ин минтақа меравад, ки сахт ба оби полезӣ ниёз дорад, хабар дорӣ ё надорӣ ё мехоҳӣ ё намехоҳӣ бидонӣ, аммо, бояд барои ин мардум, пеш аз ҳама, аввал: оби «бепул» таъмин кунӣ! Намояндаи панҷекатиятро занг зада фаҳмон, ки то кай бо рӯсиёҳӣ мардумро «чормағзи пуч» медиҳед?!

Дуюм, роҳҳои асосии ин минтақаро мумфарш кунад!

Пешво, шармам меояд, ки ба ҷавони хандонрӯи ҷорӯбқулӣ гуфтӣ: «Ҷорубқулта қати атат обод кн».

Охир Президенти ин кишвар туӣ ё атаи ману атаи он ҷавон? Вазифаатро вечно путат мекунӣ, деҳқон!

Будҷети кишвар дар тасарруфи оилаи туст!

Сарватҳои фоиданоки кандании ин миллат- аз Зарафшон то Бадахшон дар кисаи туву оиладавлати туст.

Ҷорубқуливу варзикандагиву некнотиву зимтудиву ворӯӣ, аз кадом ҳисоб барои хеш обу роҳ бисозад?

Ҷорубқулро ту, Пешво бояд бисозӣ!

Панҷекатро ту бояд бо обу роҳу барқ таъмин намоӣ!

Намехоҳӣ ё наметавонӣ, марҳамат курсиро холӣ кунетон!

Медонед, ҷаноби пешво, дар Варзиканда ва деҳоти гирду атрофи Панҷекату Айниву дигар манотиқи ин диёр, ки бештар аз сатҳи дарёи Зарафшон,дар баландиҳову суффакӯҳҳо қарор доранд, обро мефурӯшанд.

-кӣ?

-Озодаи Раҳмон!

-духтари….

-бале, бале, духтари Шумо!

Ҳар деҳқоне маҷбур аст ҳар як соати обро ба нархи 70 сомонӣ аз «мироб»-атон харидорӣ намоянд. Аҷобаташ ин ки «обпулӣ»-ро ҳатман, бояд бурда дар бонки «Амонатбонк»-и духтари нозанини пулносерамат пардохта, оби аҷдодии хешро соатбаъй харида, квитансияро ба «мироб» нишон дода, ангуру себу асписҳои хешро, ба қадри пули киссаашон нимкора-сер кунанд!

Барои як боғро ба серӣ об додан, барои як дафъа,  10 соат, ба ҳисоби деҳқонон, «обмонӣ» кардан лозим аст! Дар ин ҳолат, як варзикандӣ, бояд ба суратҳисоби духтарат 700 сомонӣ, ва ягончӣ чойпулӣ ба мироб дода, оберо, ки бениҳоят фишори паст дораду дар 10 соат ҳам то ба поёни замин намерасад, гузаронда «баҳри ободонӣ» саҳми худро бигзоранд!

То кай мардумфиребӣ?

Мебинам, ки ақлатон ба тиллоканӣ мегирад. Духтаратон дар дурдасттарин минтақаи Тоқистони «биҳиштосо» оби азалии ин мардумро барояшон 70 сомонӣ дар соат, ақлаш ба фурӯш мегирад, вале гӯё инҷо ҷанобашон не, балки айби ҳокими дастнишондаи Панҷекат буда, ки ба чашми пешво «хок мепошида»-ву ҷанобашон «бехабар»-анд.

Ҷаноб, бехабаред?

Озодаро пурсед, аз фурӯши оби «ариқ»-и Марғедар хуб хабардор ҳам ҳаст!

Мардум дар ҳасрати фурӯпошии Шӯравӣ ва обу ободонияшу заминҳои замоне ободони «замини мурдагашта»-ашон ҳасрат мехуранду суол мегузоранд: магар Тоҷикистон соҳиб дорад?

Агар ба ин мардум, ки заминҳои густурдае доранду аз беобӣ на танҳо тарки обчакорию деҳқонӣ доранд, балки хонаву дари аҷдодиро партофтаву ба ҳар кӯю самт, оилавӣ фирор доранд, об бидиҳед, ҳамин минтақа тамоми маҳсулоти полезӣ, обчакорӣ ва ангуру себу ноку бодому ҳатто, дидам, тарбузу харбузаву бодирингу помидорашро таъмин мекунаду дигар аз ҳамсоякишвар- Узбакистон ин маҳсулотро ворид нахоҳад кард!

Вале, аҷабам омад, ки заводи шаробкашии Варзиканда то ҳол сари по асту беҳтарин шаробҳои ангури «шаробӣ»-ро парваришу экспорт мекарда аст!

Шаробаш ҳам машҳури олам буда аст, укои Қофлонбоятон ҳам аз он, шояд, сад-та – сад-та мезадагист? Ким медонад?

Шумо медонето-мӣ?!

Аҷиб нест, чаро шаробкашӣ дар ҳама манотиқи Ҷумҳурӣ дастгирӣ, вале дигар самтҳои хоҷагии деҳқонӣ, фаромӯш карда шудаанд?

Сиёсати ғалати «мактабсозӣ».

 Аз рӯзе, ки ин раис – Холиқзода роҳбар шуда, дасти гадоӣ самти аҳолӣ дароз, бо пули мардум «ободонӣ» дорад! Ҳатто инро дар сойти ҳукуматияш ҳам пинҳон надошта аст. Чунин мехонем:

 «Раиси шаҳр ҳамчунин бо корҳои омодагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109-и деҳаи Некноти нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва сохтмони майдончаи замонавии варзишӣ дар назди он, ки бо саҳми сокинони деҳа бунёд мешавад, шинос гардид. Дастур дода шуд, ки мактаб то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода шавад». 

 http://panjakent.tj/news/view/303

Дар Варзи Канда, ки як гӯшаяке аз Панҷекат маҳсуб меёбад, одатҳои бас пасту палиде аз ҷониби режими хуталониён ривоҷ дода шуда истодаанд, ба мисли:

Ҳар нафаре, ки ба балоғат мерасад, ҳатман бояд, мувофиқи буҷаи оилавияш ба раиси маҳаллаву комиссаритаи ҳарбӣ маблағи муайяне, ки аз 2000 сомонӣ ба болост, пардохт кунад. Агарчӣ ниёз ба рафтан ё нарафтани «призивник» бошад, пардохти дукаратинаи маблағ ҳатмист!

 Варзиканда, тӯли солҳои ба ном соҳибистиқлолӣ, ягона мактабе дошта, ки танҳо синфҳои ибтидоиро ба таҳсил фаро мегирифтаву барои идомаи таҳсил мактаббачагон бояд ба дуриҳои дур, пойи пиёда сафар кунанд.

Ва чун ин мушкилот дар сардиву барфу борон барои кӯдакони ин диёр тоқатфарсо гашт, аҳолии баномуси ин минтақа, ҳаркӣ ҳар миқдор пуле дошт, бурду ба намояндагони маорифи Панҷекат дод, то ҳамон як иншооти 2 -ошёнаеро, ки аз ҳисоби будҷети Вазорати маъориф дар шакли «каробка»- номколасохт бардошта буданд, пурра таъмиру бо мизу курсиву тахтаи синфу деворовезаҳову дигар ашёи конселярӣ (қиртосӣ), таъмин намоянд!

Ин минтақа мардумонаш, аз хунукназарии ин режим нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ, некӯаҳволии иқтисодӣ ва ба ҷои кор таъмин накарданашон, умре дар ранҷанду ягона макони пайдо кардани ризқу рӯзияшон ҳанӯзам ҳамон Русия – хонаи падархонди Эмомалии дастнишондаи русҳост!

Агар Русия набуд, ин режими нокораму ин мақомдорони холабеғами панҷекатӣ ҷанозаи ин мардуми дар инзивои кӯҳпораҳо парокандаро мехонданд!

Вале дар чандқадамии ҳамин минтақа, дар суфакуҳҳои самти дараи Панҷрӯд полоишгоҳу заводи  замонавию муҷаҳҳази тиллотозакунӣ, баҳри сарватманд шудани оилаи «пешво»-и данғарагии панҷекатиҳо фаъолият дорад, ки ҳангоми кушодашавияш ваъда дода, ки аз ҳисоби худ ҳамин роҳро таъмиру бозсозӣ мекунад, вале то кунун коре накарда аст.

Роҳҳои Панҷрӯд, пас аз селхезиҳои ахир, ки мунҷар ба қатли як наварус дар Шашқат ва валангор гаштани қисме аз хонаҳо, ва нисфе аз ҷодаҳои ин минтақа гашта, дар ҳолати вайронӣ қарор доранд. (Оид ба ин ва дигар масоил, муфассалтар, дар мақолаи баъдӣ, оид ба диёри дар инзивомондаи зодгоҳи Рӯдакӣ хоҳам нигошт, ки бадтарин хунукназарӣ ва хиёнат ба ин мардуми рӯ ба раҳми Худо, раво гашта аст).

Гуфтам, ки истиқлолро бо гапи хушку холию шиорҳои тухолӣ намесозанд!

Истиқлолият дар рӯи замин, дар коркарди замин, дар рушди хоҷагии деҳқонии деҳот, дар ободии роҳҳои мардум, дар  таҳияи оби фаровон ба марди деҳқон ва пасон дар коркарди тиллову нуқраву сохтмони ГЭС-у истеҳсолоти саноатӣ ба даст меояд!

Истиқлолият ин – мардикорӣ нест! Русияравии умрбод нест!

Рӯзиёбӣ дар ватан. Ободӣ дар меҳан! Ва озодӣ дар чаман аст!

Айб аст, ки дар саргаҳи об миллате беоб бимонад!

Дар фарҷом, раиси шаҳри Панҷекат ва ҳокими Вилояти Суғд- Қофлонбой, шарм надоштед, ки вақте варзикандагиҳо, бо ҳиммати хешу маблағи хеш роҳи 3-километраро, ҷавонмардона васеъ сохтанду мумфарш доранд, омадеду гуфтед: ҷавонон, раҳмат ба ҳиммататон, аммо мо ҳам мехоҳем, дар «кори хайр» «қӯш» шавем, ба як шарт: дар фарҷом ба навор мегирем, ки «бо ташаббуси Ҷаноби олӣ, бо ҳидояти Қофлонбой, бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Панҷекат» се километр роҳи Варзиканда- «Ғаззаиён», Марғедар сангфаршу мумфарш гашт?!

Ва нашармида, аз номи ҳукумати Панҷекат, ҳамагӣ 30 метр (!) -оғози роҳро мумфарш кардед!?

Абдунабӣ Сатторзодаро аз ҳама дару девор рондаеду боз рафта азаш маблағ мехоҳед то роҳи зодгоҳашро обод кунад?!

Ҷаноби пешвои тоҷикони олами ҳастию кавну макон, медонӣ, давлати гулгугшукуфонат, «малоикаҳокимони дастпарварда»-и Зарафшонат, роҳе ба дарозои 3000 метрро, ҳамагӣ 30 метр (борикак!) обод кардаанду 2970 метр боқии онро миллат, аз ҷайби худ, диданд, ки туи пешвояшон дигар, дар тӯли 32 сол, вақту нерӯву пул наёфтӣ, ки обод кунӣ, ободгарӣ доранд?

Ҳамон вақте дар малаи омм гуфтӣ, ҳаркӣ «қати аташ роҳоша соз кна» ҳама фаҳмид, ки ту барои ин миллат бегонаӣ!

Ва ин роҳро мардум худ, бо қарзу қаволаву бо сад дарду азоб, ҳамакнун сохтанд! (Як км асфалтпӯшкунӣ 30.000$ талаб мекарда аст).

Лоақал, Абдухолиқ Холиқзода ба ин мардум мошинҳои давлатӣ, аз қабили тракторҳову камазҳо ва обпошаку асфалтшӯрҳоро бе пул дастрас накардӣ! Воқеан, номард будаӣ! На шаҳрдор, шохдор будаӣ!

Ман туро намешиносам, вале аз амалат пайдост чӣ ҷондоре ҳастӣ,  Раис!

Дар сойти ҳукуматат, ошкоро ин гуфтаамро тасдиқ кардаӣ, биё хонем- чӣ?

«Тавре дар Ҷамоати деҳоти Моғиён иттилоъ доданд, минбаъд низ бо ташаббусу иқдоми сокинон, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, маблағҳое, ки чанде аз сокинони хайрхоҳ барои адои маросими Ҳаҷ захира кардаанд, таъмир, қумпӯш ва мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ»  идома дода мешавад».

http://panjakent.tj/news/view/302

Ҳатто маблағи барои ҳаҷ гирдовардаи шаҳрвандонро гирифтаву мардумро маҷбур доред, ки ҳатто гову харашонро фурӯхта «баҳри ободонии диёр» маблағашро ба шумо пардохт намоянд. Дар ҳоле ки маблағ аз конҳои бешумори Панҷекат ба суратҳисобҳои шахсии оилавии пешвои дузд дорад ворез мешавад!!

Пешво дурӯғ мегӯяд, ки ба миллат хидмат дорам. Қофлонбой ягонҷоша ғам нест, ки роҳҳо дар чӣ ҳолатанду обҳо дар чӣ аҳволу мардум дар бекорию инзиво ва фақр суғдиёни панҷекатиро бӯғӣ мекунад.

Раиси ҳукумати Панҷекат ҳам парвои диёри аҷдодияш надорад, гӯр сӯзаду деги ҳароми ин сардамдорон, ки худро «ғамхори миллат» номидаанд, ҷӯшад!

Абдухолиқ Холиқзода, аз Худо наметарсӣ? Наметарсӣ, ки бар ҳамдиёронат хиёнат дорӣ?

Бар чашми давлату миллатат хок мепошӣ?

Бозори Панҷекату гирду бару лаби ҷодаҳоро мебинӣ, саг соҳибашро гум мекунад.

Ягон иншооту мағозаву дукону «прилавка- аробаҳо» дар маркази шаҳр тартибе надоранд! Ҳама гирду атроф ифлосу балагану ҳарҷу марҷ.

http://panjakent.tj/news/view/305

Номи торихии диёратро, ки ПАНҶЕКАТ (монои Шашкат) аст, нотоҷикон барғалат «Панҷакент» кардаанду парвои ислоҳи номи торихии асили онро надорӣ!

Ҳатто сойти шаҳратро ҳам бо ҳуруфоти лотинӣ, дар шакли: Panjakent.tj -и ғалат номгузорӣ кардаӣ. Шояд ин сойт пештар аз ҳокимшавии шумо бошад, надонам. Вале ҳамакнун метавонӣ пайи ислоҳаш бошӣ.

Сойтат, умуман бад тарроҳӣ шуда аст. Хостам дар бораи худат маълумоте дастрас кунам, ҳар бор сафҳаи аслӣ маро ба сафҳаи номавҷуде сувқ медиҳад.

Оиди кистиятон як шаҳрванд чӣ гуна маълумот дастрас кунад? Пешатон бояд равад?

Шарм надоштӣ, вақте як мошин асфалти пастсифат овардаву роҳи мазкурро ҳаромкорона (30 метр) мумфарш кардию борҳо тазарруъ кардӣ, ки илтимос, биёед, иҷозатам диҳед, ки ин роҳи бо сад заҳмату азоб, аз кисаи худҳотон сохтаро ман ба навор гирифта, аз номи ҳукумати шаҳри Панҷекат, ташаббуси Пешво ва кумаку ғамхории Қофлонбой, дар телевизиони шаҳрӣ, вилоятӣ  намоиш диҳам, ва шояд, пасон обсофкунанкҳои ТВ-ҳои пойтахт, дар марказ бозтоб доданӣ буданд?

Вале аҳолӣ розӣ нашуд….

Ё пасон ин корро кардӣ? Ман дигар рафтам аз диёрат, ҳаннот!

Пешвову Қофлони собутилникашро мешавад фиреб дод, ки парвои роҳу оби диёратро надоранд, ҷуз дуздиву манофеи шахсию оилавияшон парвои касеро надоранд, вале чаро ҳамвандону ақрабову ҳамдиёронатро мефиребӣ?

Пешниҳод:

Бо фоидаҳои аз конҳои ин минтақа ба будҷети «оиладавлат» ворезшаванда, ҳамагӣ ҷодаҳои ин минтақаро мумфарш кунед.

Оби полезии ин мардумро бепул таъмин кунед, махсусан дар Варзиканда, ки дигар аҳолӣ ба инҷо баргарданд.

Ҳазорон каси дигар метавонанд дар ин паҳно маскун шаванд, агар обу ҷода таъмиру фаровон шавад!

Насосҳои замонавӣ насб карда, тамоми заминҳои бекорхобидаро ба кор дароред, то мардум дигар ба Русия ғуломӣ нарафта, ҳаминҷо,  чун аҳди Сталин, аз заминаш ризқу рӯзияшро ёфта гирад.

Оби ошомиданӣ надоранд, аз пули тиллои ин мардум барошон оби ошомиданӣ аз кӯҳҳои Воруву Некнот баркашида оред, кореро кунед, ки Хоҷа Башоро, дар асри 7-8 барои ин минтақа карда буд- бо нақб, аз болои Панҷекат ба мардум об оварда буд!

Ва ин ҳама чаро чароҳои беҷовоб дорад ин мардум?!

Share This Article