Парвардигори ту фаромӯшкор нест!
﴿ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا ﴾ (مريم: 64
Имом Шофеъӣ (раҳ) мегӯяд: Дар Қуръон ояте ҳаст, чун тир бар қалби золим ва марҳамест бар замири мазлум.
Пурсиданд: Он кадом оят аст?
Гуфт: (مريم: 64)﴿ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا ﴾
“Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест.”
(Сураи Марям,ояти 64)
-Пас вақте дидӣ, ки шахсе ба дини ислом истеҳзо мекунад, даъватгарони ин динро ба маззоҳ мегирад, пас ба ӯ бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
– Афродеро дидӣ, ки золимонро таъриф мекунанд ва мазлумони бедифоъро барои ба даст овардани молу мулк ва мансаб таҳқир мекунанд, пас барояш бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
– Ҳар гоҳ дидӣ, ки шахсе,ки ба Аллоҳ ва пайёмбар ва халқаш дурӯғ мегӯяд, то бо ин дурӯғаш ба ҳадафи дунёияш бирасад, пас барояш бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
-Ҳар гоҳ дидӣ, ки шахсе ҳақро бар ботил омехта мекунад ва ботилро ҷилва медиҳад, амали солеҳро бар амали мункар омехта мекунад, пас барояш бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
-Ҳар гоҳ дидӣ, ки шахсе ғайбат мекунад ва обурӯйи мусалмони дигареро мебарад ва ҳуқуқҳои ӯро зери по кунад, пас барояш бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
– Ҳар гоҳ дидӣ, ки шахсе ва ё гурӯҳе мехоҳанд бо Холиқи осмонҳо ва замин душманӣ варзанд, хуни ноҳақ резонанд ва бар мурдагон мусла ва ҳатки ҳурмат мекунад, тавре ки имрӯз мекунанду онро ба навор мегиранд, пас барояшон бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
-Ҳар гоҳ дидӣ, ки шахсе ва ё гурӯҳе бар мардумро дар ватани худ метарсонанд ва ин тарсу ситамро бар мулк густарда мекунад ва ашки чашми бевазанҳо ва шавҳармурда ва писармурдаҳоро мерезонад ва садои ятимону маъюбон ва бесарпаноҳонро баланд мекунан ва аламу дарди онҳоро боз ҳам афзун месозанд, пас бигӯ: ”Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
-Ҳар гоҳ дидӣ, ки афроде дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан дар торикии шаб ба хонаҳои мардумони солеҳу накӯкор дохил мешаванд ва онҳо аз назар мегузаронанду боздошт мекунанд ва ба номуси онҳо, (занону духтарони онҳо) дастдарозӣ мекунандва кӯдакони онҳоро метарсонанд ва пиронсолони онҳоро ба ваҳшат меоваранд, пас бидуни вақфа бигӯ: “Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
-Ҳар гоҳ дидӣ, ки золимони соҳибсулта, молу сарвати раияту шаҳрвандонашонро меситонанд, онҳоро барои даъво накардан барои солиёни дароз равонаи зиндон мекунанд ва бархе дигарро бадарға, пас бигӯ: ”Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест”.
Ҳаргиз набояд золимону ситамкорон мағрур шаванд, ки ман чандин сол аст ин зулму ситамро идома медиҳам ва ба ман ҳеҷ мусибате нарасидааст. Аллоҳ гоҳо муҳлат медиҳад, вале аз ончи золимон мекунанд ҳаргиз фаромӯшкор нест.
Фаромӯш масозед!!!
Вақте ки ҳар мазлум дасти дуо мебардорад ва ё оҳи сарде аз ситами бар ӯ расида мекашад, ин фиғону дуои мазлумонааш бар фарози абрҳо бардошта мешавад ва дарвозаҳои осмонҳо кушода мегардад ва чунин нидое меояд:
”Савганд ба иззату ҷалолам пирӯзат мегардонам, агарчи пас аз вақте ё фурсате ҳам бошад”.
Ончи навиштам марбут ба ҳар шахсе, гурӯҳе, золиме, мустабидде аст, ки дар худ ончи баён гашт мебинад.Фарқ надорад ӯ ки ҳаст ва чи мақому ҷойгоҳе дорад ва дар кадом нуқтаи сайёра ба сар мебарад, агар дар худ ончи гузашту баён шуд намебинад, пас хуш ба ҳолаш,ки аз бандагони солеҳи Аллоҳ аст.