Дорул ифтои мамлакати сауди ва миср моҳи шаъбонро мушаххас намудаанд.

Ислоҳ нет

Дорул ифтои мамлакати сауди ва миср моҳи шаъбонро мушаххас намудаанд.

Чунонеки маъруф аст аз оғози моҳи раҷаб ҳама мусалмонони олам барои моҳм мубораки рамазон омодаги мегиранд. Дар ҳама кишварҳои исломи ин ду моҳи ҳаром раҷаб ва шаъбонро эҳтироми хосса менамоянд. Дар ин ду моҳ корҳои нек анҷом медиҳанд ва рӯза мегиранд. Худро барои ҳулули моҳи рамазон омода менамоянд.Барои онки дақиқан моҳи рамазонро,ки он ба дидани ҳилол ё моҳтоб мушаххас менамоянд. Ду моҳи қабл аз рамазонроҳам бо диққат аҳамият медиҳанд.

Рӯзи шанбе 7-05-2016 30-уми моҳи раҷаб буда ва рӯзи якшанбе 8-05-2016 оғози моҳи шаъбонро дорул ифтои давлати сауди ва миср муъаян намудаанд.

Инчунин ин ду дорулифто тибқи таҳқиқоташон эълон доштаанд,ки моҳи шаъбон дар ин сол 30 рӯз набуда ва бо ағлаби гумонҳо 29 рӯз мебошад.Агар чунин бошад пас бо ағалаби гумонҳо оғози моҳи рамазон дар ин сол рӯзи 6-06-2016 рост меояд.Аммо бояд инроҳам биафзоям,ки ин дақиқ нест ва ҳатман бояд дорул ифтоҳо ва расадхонаҳо бо дидани моҳ онро шоми 5-06-2016 дақиқ намоянд,ки шаъбон 30 рӯз аст ва ё 29 рӯз.Ҳеҷгоҳ моҳи рамазонро бо ҳисоб муъаян намекунанд,дидани моҳ ҳатмист.

Дар охир суханмро бо ин ҳадис ба поён мерасонам.

Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) мегӯяд: “Надидам ман Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ро,ки ҳеҷ моҳеро пурра рӯза гирифта бошанд магар рамазонро.Инчунин дар ҳеҷ моҳи дигаре мисли моҳи шаъбон рӯза намегирифтаанд”
(Ҳадиси саҳеҳ)

Яъне расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) моҳи рамазонро пурра рӯза мегирифтанд. Инчунин бештари моҳи шаъбонҳам рӯза дор буданд. Хуб аст рӯзҳои душанбе ва панҷшанбеаш рӯза бигирем.Инчунин рӯзҳои 13,14,15 ин моҳи шаъбонро,ки рӯзҳои бйизанд рӯза бигирем.Рӯзҳои бйизи моҳи шаъбон мутобиқ ба 20,21,22 май мебошанд,пас ин рӯзҳо рӯза бигирем.

Share This Article