Пешниҳод ба муассиси “Ҷоизаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои саҳм дар рушди демократя
“Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи наверо бо номи “Ҷоизаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” таъсис дод, ки ба шахсиятҳои хос “барои саҳми бориз гузоштан дар рушди демократия” дода хоҳад шуд. Ин ҷоиза, ки дар се сол як маротиб дода мешавад, аз нигини тилло бо акси Эмомалӣ Раҳмон ва маблағ (14 ҳазор доллар) иборат аст…
Сирати “Пешвои миллат” дар чанд сатр.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат ва Раиси тоҷикони дар ба даре, ки дар ҳама ақтори олам муҳоҷиранд ва барои баргаштан ба ватан ва дидори наздикон орзӯӣ заволи ҳукмати ӯро доранд. Мо аз хадамоти Ҷаноби олӣ, хоссатан дар се соли ахир дар сутуҳем. Ҳаргиз миллати мо чунин пароканда ва парешон нашуда буд. Ҳатто дар солҳои 1992-1997 ин миллат чунин парокандагиро надида буд, ки ҳоло дар он қарор доранд. Агар дар он солҳо аз тири дайдуе ё бегонамиллатамон дар дохил кушта мешудем дар хориҷ осуда будем. Ҳоло ҳам дар дохил аз фишор, зиндонишавиҳо, мусодираи молу мулк, таҳдид, зуророварӣ ва…. дар хориҷ аз кишвар бошад бо ҳазорҳо василаи дигаре ин ҳама бар сари миллат бо шадидтарин ҳолат идома дорад. Ин миллат, на дар дохил ором аст ва на дар хориҷи он. Ин ҳама маҳз аз хадамоти шоёни шумо Ҷанобӣ олӣ дарак медиҳад. Ман намедонам чӣ дастоварде ба ин миллат тақдим намудаед, ки то ин ҳад титул ва унвонҳои болохонадорро ба худ ихтисос додаед. Ҳангоме ки бароят чунин машварат медоданд чанд чоплусе каме андеша накардед, ки барои кадом қаҳрамониям ин унвонҳо ба ман ихтисос меёбанд? Ҳатто Низомулмулк, ки як сарвазири номии давлати Салҷуқиён, ки тақрибан нисфи олам дар ихтиёраш буд, мисли шумо унвон надошт. Исмоили Сомонӣ, як абармарди сиёсӣ чунин унвонҳо надошт. Ҳатто халифаҳои муқтадире, ки дар олам гузаштанд ва уммати ислом бо онҳо то ба имрӯз меболанд чунин унвонҳоро надоштанд.Танҳо бо унвони амире, ки Амирулмуъминин, инчунин аксаран ҳангоме ки номаҳояшонро ба зертобеонашон менавиштанд, чунин буд:
Аз Умар ибни Хаттоб бандаи Худо ба фалонӣ…
Аз Ҳорун-ар-рашид бандаи Худо ба фалонӣ…
Аз Низомулмулк ходими миллат ва давлат ба фалонӣ…
Аз Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ ба фалонӣ
Аммо ҳоло бошад дар асри шумо ҷуз таслият ва табрик ба фалон давлате ё муносибатеро намешунавем. Дар садову симо бошад ҳаргиз номи муборакатонро бе унвонҳои бар худ часпкардаатон ном намегиранд. Агар исматонро сад маротиба гиранд ҳам бо зикри он ҳама унвонҳои тӯлонӣ аслан ночасп ва комилан бегона ба “Шумо” мегиранд.
-Магар он ҳама аз шумо қудрати кам доштанд?
-Магар хадамоти он ҳама бузургонро бо шумо мешавад қиёс кард?
-Магару агарҳои зиёдеро метавонам рӯйи қоғаз биоварам, вале ба виҷдони худи шумо онҳоро мегузорам. Шояд як дӯсте доред, ки ин навиштро бароятон расонад, то каме фикр мекардед. Наход дар атрофатон танҳо маддоҳон ва мадҳиясароён ҷамъ омада бошанд, як дӯсти содиқе надошта бошед огоҳатон кунад?
Оё медонед пас аз рафтани Сафармурод Ниёзов ҳеҷ осоре дар Туркманистони ҳамсоя аз ӯ боқӣ намонд? Ӯ ҳам китоб дошт ва ҳам ҳайкали тиллоӣ, инчунин пешвои миллат ҳам буд. Шабеҳи “Шумо” буд.
Оё медонед пас аз рафтани падари рӯҳӣ ва маънавиятон Ислом Каримов осор як тараф истад, аз низоми истибдодиаш ба наздикӣ чизе боқӣ намемонад?
Оё медонед аз Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев ҳеҷ номе ҷуз хоин дар Қирғизистон боқӣ намонд?
Дар ин робита ҳам оёҳои зиёде вуҷуд доранд танҳо ба ин се ҳамсоя кишвар иктифо мекунам, умед аст панд пазир бошед!
Пешниҳод!
Пешниҳод, ҷоизаи аввалинро ҳатман ба худи шумо “мемукофотониданд”. Ман то имрӯз кишвареро суроғ надорам, ки дар он демократя мисли Тоҷикистон рушд карда бошад. Инчунин дорои чунин ном, ки дар Асосҳои сохтори конститутсионӣ дар аввалин модааш навишта шудааст:
Моддаи 1.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
ҶумҳурииТоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
На ман ва на каси дигар чунин номи зеборо дар ҳеҷ кишвари олам надидаем. Ногузир ва ҳатман ҷоизаи аввалинашро ба худи шумо тақдим намоянд, вале қимати онро на 14 ҳазор доларе, ки ҳоло таъсис додед,балке арзиши онро 1 миллиону чорсад ҳазор долар ҳазина намоед. Бо қимматарин сангҳои нодири олам онро оро диҳанд.Танҳо дар он на акси шуморо, балки акси Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ (раҳ)-ро гузоранд.Онро ба шумо ва он меҳмонони оли қадратон,ки дорои ҷойгоҳи хоссанд дар оянда шахсан тақдим намоед.Дигар нишонҳоро бигузор бо он қимате дар назар аст бисозанд.
Сабаби акси устоди марҳум дар он аст, ки агар марҳум бо шумо сулҳ намекард ҳаргиз ин “давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона “ то ба ин рӯзгорон дар ихтиёри шумо “Ҷаноб” намебуд. Бидуни шак ё яке аз фармондеҳони фронти халқӣ ё ягон қумандонҳои атрофи Душанбе, ки ҳама мухолифатон буданд ва нуфузи қавӣ доштанд ороматон намегузоштанд. Инчунин 90% пирӯзии мухолифон ё ИНОТ ҳам наздик буд ва ҳама замина барои тасарруфи комили пойтахт вуҷуд дошт. Ин ҳақоиқро на шумо ва на атрофиёнатон метавонед инкор кунед. Ҳаргиз шахси қудратманд ё ҳокими нерӯманд бо мухолифи беқувват сулҳ намекунад. Танҳо фармони нобудсозиро медиҳад, чунки пас аз сулҳ боқувват шудед ва ин амалро аз шумо дидем. То имрӯз аз он қудрат истифода мекунед ва ба ҳеҷ кас раҳм накардаед ва аслан бо ҳашт миллион мухолифатон сулҳ кардани ҳам нестед. Имрӯз, ки қудрат доред ва ҳатто номатонро сулҳ гузоштаед дар ҳоле исм бо амал мусаммо нест. Умед аст ин пешниҳодро мепазиред ва гуфти худи шумо, ки аз мардум мехоҳед ва талаб мекунед, ки шукронаи ҳамин кишвар кунед. Шумо дар ҳаққи шахсе, ки бароятон то ин ҳад некӣ кард, ҳамеша ҳам набошад, як маротиб шукрона ва қадрдонӣ кунед. Лоақал ҳангоме, ки ба худ омадед ба акси Устоди марҳум дар сари синаатон буда нигоҳ мекардед ва онро ба дидагонатон мемолидед. Пас аз худ онро ба Пешвои миллати оянда ба мерос мегузоштед.
Шодравон Устод Нурӣ бо шумо сулҳи воқеъӣ карда буданд ва агар мисли шумо мақосиди муғризона ё дигаре медоштанд бидуни шак ҳама қувваро дар шарқи кишвар ҷамъ меоварданд ва минтақаи амне барои худ ташкил мекарданд, аммо афсӯс ба шумо бовар карданд. Тоҷикистон мисли Лубнон мешуд на пешво дошт ва то имрӯз мисли шумо даҳ раис иваз шуда буд. Инчунин ин пешниҳодро атрофиёнатон ҳам бояд пазиранд, чун онҳо ҳам мадюни хадамоти сулҳофаринии Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ (раҳ) мебошанд.
Ман қурбони он душмане ҳастам, ки мард бошад ва аз дасти номард мурдан як кобуси тарснокеро мемонад.
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН