(бахши севвум)
Қабл аз ин,ки ин доссияи сиёҳро оғоз кунам,кутоҳ ҳаминқадар мегӯям,ки “Зардиев Абдуҷаббор” корҳое мекунад ба мардуми Кулоб ҳадафмандона бо ризояти “Пешво” онҳоро анҷом медиҳад.
Зардиев Абдуҷаббор сахттарин ситамро болои ҳамдеҳаҳои худаш оварда истодааст. Дар хонаи худаш скважи махсус дорад, обу нерӯи барқаш доимӣ аст, ягон маротиба қатъ намешавад. Аз фурудгоҳи Кулоб барои хонаи худаш линияи алоҳида кашидагӣ аст. Ҳозир мо нерӯи барқ надорем, об ҳам мушкил, аммо барои Зардиев ҳам об доимӣ аст ва ҳам «свет». Мо чанд вақт мешавад, ки ба пахтачинӣ машғул ҳастем. Зардиев мардумро маҷбурӣ ба пахтачинӣ мебарорад.
Чанд сол аст, ки масоҳати деҳаи мо калонтар мешавад. Чунки бачаи Абдуҷаббор Зардиев раиси ҷамоат шуд ва кораш фақат заминфурӯшӣ мебошад. Сотихи заминро 10000 сомонӣ фурӯхта истодааст.
Деҳаи мо чанд ном дорад- Комсомол, Сарззи миёна. Аммо одамҳо деҳаи Зардиев ном мебаранд. 50 фоизи халқ ё дар хонаҳояшон ё дар лӯлаҳои лаби раҳ насос монда об мегиранд. Боқимондаҳо обро бо сатилу баклажка ба хонаҳояшон мебаранд.
Як соҳибкор, ки зодаи ҳамин деҳа аст халқро кам-кам дастгирӣ мекунад . Дар як сол як ё ду маротиба ба оилаҳои камбизоат орду руған ё пул медиҳад. Аз аҳволи беобии мардум бохабар шуда ба ин хулоса омад, ки барояшон об бароварда диҳад. Ин соҳибкор дар Душанбе зиндагӣ мекунад, аммо дар ҳамин ҷо ба камол расидааст ва инҷо хона ҳам дорад. Гоҳ-гоҳе падару модарашро хабаргирӣ меояд. Ҳамин соҳибкор дар болои деҳа як замини холиро харида хост, ки чоҳ кофта об барорад. Илҳоми Қурбон, соҳибкор аз чуқурии 65 метр обро баровард. Барои коргароне, ки дар кандани чоҳ (скваж) хидмат карданд ба ҳар метр 2000 сомонӣ ҳақ дод. Ҳамин тариқ трансформатори алоҳида оварда симчубҳои зиёде харида истифода кард ва оқибат обро баровард. Аммо Абдуҷаббор Зардиев иҷозат надод, ки дар трубаи магистрал онро пайваст кунад, то мардум аз танқисии об раҳо шавад. Мегуфта бошед мо ғулом бошем ва ҳама вақт бояд муҳтоҷ ва дастнигар бошем. Дар минтақаҳои мо аз асрҳои ғуломдорӣ ҳеҷ фарқе намекунад.
Илҳоми Қурбони Иҷрон бо лақаби Илҳоми Путинро тамоми Душанбе мешиносад .Вай дар бозори Султони Кабир зери дасти Аваз кабиров одами дуюм ё сеюми ин бозор шуда кор мекунад. Пулдор аст. Хеле ҳам инсони хайрхоҳ мебошад. Барои чоҳ (скваж) пеши Абдуҷаббор Зардиев медарояд. Зардиев аз ӯ пул меканад, барои пайваст кардани скваж. Мегӯяд, майлаш пайваст кун, аммо ҳозир не. Чунки пахтаи маро хароб мекунӣ, баъди ҷамъоварии пахта. Аммо мавсми пахтачинӣ тамом шуда бошад ҳам, Зардиев боз намонд, ки трубаро бикашад. Гуфтааст, ки трубаи обро он вақт метавонӣ бикашӣ, ки онро аввал ба номи бачаи ман номнавис кунӣ. Пули обро халқ ба водоканал неву ба ҷамоат месупорад, чунки раиси ҷамоат бачаи Зардиев аст. Илҳом розӣ мешавад ва мегӯяд, ки ба ман сумаш лозим нест, савобаш бас аст, ман барои халқам мекунам. Аммо бо ин ҳам не мегуяд ва гуфтааст, ки 3 сол пас трубаи обро пайваст мекунед. Ин воқеъияти ҳол аст. Зардиевро туҳмат надорем,ин суханони ӯст ва мо онро гуфта истодаем.
Дар асл бигирем, замине, ки дар зери он трубаи об хобонида мешавад, Илҳоми Путин чанд сол пеш харида буд. Илҳоми Қурбони Иҷрон як одами хоксор аст. Аз фурудгоҳи Кулоб то деҳаи Сарези миёна дар ду тарафи роҳ ҳарчи дарахте мебинед, ҳамин одам шинонидаву сабз кардааст. Дарахтҳои мевадиҳанда, арча, санҷит. Дар зери ин дарахтҳо курсиҳову харакҳо барои нишастану дам гирифтан сохтааст, то роҳгузарҳо дам гирифта тавонанд. Ҳамаи ин ободкориҳоро аз ҳисоби худаш кардааст. Ин ҳама дарахтҳоро дар симтур гирифтааст. Аммо заминҳои Зардиев на симхор доранд ва на чизе дигар. Гову ҳайвони мардум даруни заминашон медарояд ва онҳо говҳоро баста соҳибонашонро ҷарима мебанданд. Гоҳо махсус говҳои мардумро ба замини пахта дароварда аз шӯъбаи милисаи Зиракӣ кормандони онҳоро оварда нишон дода сипас говҳоро ба фермааш мебарад ва танҳо баъди аз соҳибони говҳо пул гирифтан сар медиҳанд.
Шаш писари Қурбони Иҷрон қисмҳои эҳтиётии мошин мефурӯшанд, сумдоранд, ба ҷуз аз Илҳоми Путин. Барои ҳамин Зардиев заминро ба инҳо бо нархи қимат фурӯхт.
Қурбони Иҷрон бади харидани замин гирдашро маҳкам кард ва боғ сохт. Зардиев инҳоро ҳам ҳамеша ғам медиҳад. Баъди дусол Зардиев он заминро аз дасти онҳо кашида гирифт. Ҳамон заминеро, ки ҳозир мехоҳад аз ҳудуди он барои мардум об кашонад. Ҳоҷӣ Қурбони Иҷрон хост столба ва симтурҳои кашидааш дар ин заминро канда бигирад. Аммо Зардиев намонд. Гуфт: « и айма шид аку»
Баъд аз онки заминҳои Қурбони Иҷронро пас гирифт дасташро ба боғи ӯ зад. Ин боғро Қурбони Иҷрн даҳ сол заҳмат кашида бунёд карда буд. Даруни боғ 6 -7 дарахти чанори калон дошт, ки ба камияш 150 сола буданд. Зери сояи онҳо одамону роҳгузарон дам мегирифтанд. Аммо Зардиев онҳоро бурид. Ҳамчунин чанорҳои бари роҳу болои деҳа ва дар рости труба будаҳоро низ буриду фурӯхт. 8 дарахти калон чанорҳоро, ки ба ҳам пайваст буданд, онҳоро ҳам аз бех бурида бурд. Ҳоҷӣ Қурбони иҷрон як одами вазнин аст. Медонад, ки ба Зардиев гап фоида надорад, чизе нагуфт. Қурбони Иҷрон 15-20 сол фақат хизмати Зардиевро кард. Дар хонаи Зардиев то ду се соли пеш боғдориро ҳамин ҳоҷӣ Қурбони Иҷрон мекард. Зардиев ниҳоят инсони кӯрнамак аст. Ба коргарони ферма ва ё онҳое, ки пахта мечинанд ба ҷои маош ё рӯғани сипсиёҳи мисли мазут медиҳад ва ё гандуме, ки аз он нон пухта намешавад.
Писари панҷуми ҳоҷӣ Қурбони Иҷрон аз чинорҳоро буридани Зардиев бохабар шуда аз Душанбе аз экология ва аз дигар мақомот одам меорад. Зардиев меояд ва мебинаду девона мешавад. Тарафи Абдуқодири писари Қурбони Иҷрон мегӯяд: «бо ту ба сари мара одам миёрӣ, очата фалон мекунм». Дар ҳақиқат аз дасти касе коре барнаомад. Зардиев тамоми чанорҳоро бурида фурӯхт.
“30 сол аст, ки Зардиевро мешиносам. Ягон кори ободӣ накардааст, на худаш ва на бачаҳояш. Дар деҳаи мо як клуб буд. Онҷо кино мемонданд ва ё дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешуд. Вақтҳои ахир чанд синфхонаи мактабро онҷо бурда буданд. Ҳоҷӣ Набӣ Зардиев, писари Абдуҷаббори Зардиев онро канду фурӯхт.”
Бовар кунед, ҳоло мардум на замин дорад ва на чарогоҳ. Ҳамаи деҳа моликияти Зардиев шудааст. Мардум наметавонад говашро ба чаро барорад, то ақалан як майда шир биёбаду бихурад.
Ҳусниддин Зардиев, раиси ҷамоат тоқа дар ҳамин деҳаи мо ба камияш 50 замини участка фурӯхт. Дар дигар деҳаҳо ҳисоб надорад. Сотихи замин 10.000 сомонӣ. Хонаҳои Зардиеву бачаҳояшро дар деҳа мебинӣ ҳуш аз сарат мепарад: бассейн, ҳавзи моҳӣ, аз чор самти ин қасрҳо дарвоза, парки мошинҳо. Ҳозир боз як иморати дигар пӯшонидааст, ки 6 ошёна ва лифт дорад. Дар деҳа лифт дорад!!! Ин хонаро чор тарафаш боғ аст. Ҳамаи ин аз ҳисоби пули халқи камбағал аст. Мо на барқ, на об, на гову моли ҳалол дорем мисли ғуломони асри 17 зиндагони дорем. Мегуфта бошед Абдуҷаббор Зардиев “Ҷаноби олӣ” ва “Пешвои” мо мислие,ки Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бо фарзандонаш ҳаст.
Дар бари фурудгоҳи Кулоб супермаркети масолеҳи сохтмонӣ, як автозаправка ва як гаражи калони мошинҳо аст, ки ҳамаи онҳо аз Набӣ Зардиев мебошанд. Фермаи Зардиев аз ҳазор зиёд асп ва говҳои зотӣ дорад. Заводи пахтаро, ки дар поёни ферма ҷой дорад- бо номи заводи Зархам-Абдуҷаббор Зардиев аз номи худаш ба номи ҳоҷӣ Набии писараш гузаронд.
” Зардиев Набӣ дар Душанбе дар колхози «Россия» хонаи заминӣ дорад. Ба мисли он дар тамоми Душанбе нест. Дар байни хонаҳои заминии он маҳалла он хона қасри бузурге аст. Таксие бо он рафтам, гуфтки ин қасри муҳташам аз Набӣ Зардиев аст. Бунёди ин қаср, аз он ҷиҳат, ки беҳад калон аст 5 соли тамомро дар бар гирифт. Сохтмони ин қаср дар соли 2013 оғоз шуда буд. Танҳо барои гузаронидани хати нерӯи барқ 18000 ҳазор доллар харҷ кардааст. Тамоми ноқилу патрону лампаву ҷиҳози дигари барқии он аз хориҷа оварда шудааст. Духтари ҳоҷӣ Набӣ Зардиев як Кемрии 6 дорад ва дар кучаҳои Душанбе чунон бо суръати баланд меронад, ки ягон бача он тавр мошин ҳай намекунад.”
Дилхоҳ таксии дар колхози Россияро пурсед, ки маро ба хонаи Зардиев бар мисли шамол гирифта мебарад, рост мебарад, «как навигатор». Гумон мекунӣ, ки он куча ба номи Зардиев бошад, тамоми таксистҳои Душанбе медонанд, албатта аз ҳисоби воҳима ва муҳташам будани хонаи ҳоҷӣ Набӣ Зардиев
Ҳусниддин Зардиев, раиси ҷамоат, ки заминҳои зиёди ҷамоатро фурӯхт бо ин пулҳо қиморбозӣ мекунад ва ё дар бозиҳои футбол «ставка» мемонад.
“То солҳои 2000 Зардиев пахтаро ба ширкатҳо хориҷа мефурӯхт. Як вақт ба даст меафтад. Чунки пулро нақд меовардааст ва ба давлат молиёт намесупоридааст. Як нафар аз кормандони баландпояи гумрук бо номи Сайкабир,писари бобои Сайдамир,ки низ аз ҳамин деҳаи Зардиев ва ҳамсояи ӯ низ ҳаст ӯро меқапад. Долларҳоро аз даруни гроб кашф ва мусодира мекунад. Сайкабир дар Душанбе зиндагӣ мекард. Ду сол пеш мурд.”
Зардиев ва бачаҳояш сабабгори марги як даҳмарда ҳам шудагианд. Чупон дар дара дар дарахти дӯлона худро ба дор кашид. Бачаҳои Зардиев ҳар кадоме омада чанд сарӣ бузу гусфандҳоро мегиранду мебаранду мефурӯшанд. Вақте Зардиев тафтиш меравад, чупон мегӯяд, ки молат ҳамин қадар монд, чунки бачаҳоят омада гирифта бурданд гирифтанд .Зардиев мегӯяд, ки ман кор надорам, хонаатро фурӯхта саршумори молро барқарор мекунӣ. Чупон мегуяд, ки ҳоло як қисмаш дар болои дара чарида истодааст. Вақте чупон мераваду намеояд, Зардиев аз пасаш меравад. Мебинад, ки чупон худро ҳалқовез кардаасту кайҳо ҷондодааст. Модари 70 солаи чупон дар пеши пои Зардиев меғалтад, зора мекунад, ки «мурдаи бачама кордча назанен, ҳаром накунен ,яъне экспертиза набарен». Баъд мурдаи чупонро акаву додарҳояш мебаранду бо мардуми деҳа дафн мекунанд. Он рӯз тамоми мардуми ҷанозахон Зардиеву бачаҳояшро дуои бад карданд.Ба Худо мижааш напарид боз дашном карда рафт.
Як нафар бо номи Раҷабалӣ дар заводи Зардиев кор мекард. Ба ҷойи маош ба ӯ пиёз доданӣ мешаванд. Мегӯянд, ки фармони раис ҳамин хел. Ба коргарҳо пиёз медиҳем. Он вақт нархи пиёз 15-20 дирам будааст. Вай рад мекунад ва мегӯяд, ки ман ин қадар пиёзро чи кор мекунам, мепусад, даркор нест. Пули маошамро диҳед. Вақте акаи Раҷабалӣ бармегардад Зардиев фармон медиҳад, ки чанд қадар пиёзе, ки ҳаққи ӯ ҳаст дар тележка бор карда баред. Мебаранд дар даҳани дарвозааш холӣ мекунанд. Раҷабалӣ мебинаду сараш вайрон мешавад. То ҳозир аз пиёз қимоб аст Ҳозир лақаби ӯ Раҷабалии «лук» шудагӣ аст.
“Як ҳикояти дигари воқеӣ дар бораи Сафар ва Ҷовидони бачаҳои Зардиев. Онро бачаҳои дар заводи “Зархам”и Зардиев кор мекарда ҳикоят карданд .Абдуҷаббор Зардиев барои пахтаву гандум чанд КАМАЗ дору меорад. Сафар ва Ҷовидон аз ин дору дуздида мефурӯшанд. Дар мавсими дору дору камӣ мекунад. Зардиев коргарони заводро ба милиса медиҳад. Бачаҳои Зардиев:-Сафар ва Ҷовидон ба коргарҳо мегӯянд, ки натарсед, ҳеҷ чиз нагӯед. Ба отдели Зиркаӣ мебаранд. Онҷо ҳамаашон аз худамон аст. Ягон кас дар отдел ба шумо даст намерасонад. Моро нафурӯшед, ба гардан гиред,«туғриш мекунем». Шӯъбаи милисаи Зиркаӣ ба Зардиев ҷавоби дақиқ дода наметавонад. Коргаронро шаҳри Кулоб мебаранд. Ду рӯз мезананд, азобу шиканҷаашон медиҳанд. Онҳо дигар ноилоҷ қоил мешаванд, ки бачаҳои Зардиев худашон дуздиданд. Баъди ин Зардиев коргарҳоро аз завод пеш мекунад.”
Маъулумотҳо дар мавриди ҳамин заводи Зархами Абдуҷҷабор Зардиев аз Кулоб хело зиёд омадааст. Ҳама ончи омадааст аз зулм ва ғорат ва аъмоли бад навиштаанд.
Як зан навишт,ки ман дар Зархам ба кор даромадам ва шавҳар дор будам ва Набӣ писари Абдуҷаббор ҳар зане онҷо кор медаромадааст ба ӯ мегуфтааст,ки инҷо ҳар зане кор дарояд бояд аз таги дасти ман гузарад ,агар мақул шуд пас аз он кор мекуни дар инҷо. Занҳои онҷо буда нигоҳ карда механдиданд ва ман асабам хароб шуд ҳарчи омад аз даҳонам гуфтам ва рафтам. Боз маошаш пиёзи пусидагӣ,гандуми аз истифода берун, кунҷора барои ҳайвон ва боз ҳамонам аз нархи бозор қимат бароят медодаанд.
Ба Худо қасам аз бе раҳмии Абдуҷаббор Зардиев 17 деҳа безор аз ҷон шудааст. Боз ин мардум ба ин ҳама тоқат мекунанд медонед барои чӣ? Агар кор накунанд обу барқи подаи халқа мебандад ва ба касе аслан раҳм намекунад. Мегуфта бошед ӯ аслан шири инсон хурдагӣ нест ва инсон ҳам нест.
Дар мавриди подабонаш,ки дар барномаи гузашта гуфтед худкуши карда буд. На ӯро худашон куштанд ва як бародари ҳамон подабонро зиндон карданд,ки мардум тарсанд,ки ҳам мекушанд ва садо баланд кунро зиндон ҳам мекунанд.
Аз Зардиев Абдуҷаббор ду гектар замин гири агар 5000 ҳазор сомонӣ андоз медиҳи дар як сол. Боз зулмаш ончунон аст,ки масалан агар ду гектар замин гирифти бояд як гектарашро барои Зардиев пахта коред ва дар гектари дуюмаш барои худат гандум мекори,то намури аз гуруснагӣ.
Аллоҳ шоҳид аст мардум аз бе оби сахт танқиси мекашанд.Дар деҳаи Комсомол дар масҷиди деҳа ду крани об буд. Ҳоло ҷойҳояшон ҳаст вале ин ду крани об дар хонаи акаи Иброҳим имоми масҷидда мебошад. Чикор кунем осмон баланд замин сахт, Зардиев “Ҷаноби олии Кулоб” Эмомалӣ Раҳмон “Ҷаноби олии ҷумҳуримон”
“Аз ҳама золимтарин бачаҳои Зардиев Сафар аст. Як кудаки синфи 7ро барои говаш ончунон мезанад, ки қариб мемурад. Он кудак аз тарс хонаашон намеравад, ки боз ин Сафар рафта модару хоҳаронашро низ лат накунад. Ин кудак чанд шабу чанд рӯз гум шуд. Он кудак дигар сари замин ё говчаронӣ ҳам намеравад. Зани Зардиев тавасстуи келинаш,ки духтури участка аст дарак меёбад. Очаи Сафар Сафарро ҳар гап мегӯяд, ки кудаки мардумро ба ин ҳол овардаӣ.Сафар инкор мекунад, ки назадаам, танҳо сиёсат кардам. Зани Зардиев зани хуб аст.Аммо ягон фарзандаш ба ӯ ёрӣ намерасонанд. Бо ин ҳама сумдории шавҳар ва бачаҳояш ин зани калонсол маҷбур мешавад, ки ба мошини Опел-зефира,ки набераҳои Зардиевро мактаб мебарад, пиёз бор карда ба Муминобод пиёзфурӯшӣ меравад. Аммо бачаҳояш бошанд бо зану кудаконашон катагӣ мекунанду ҳар рӯз мошин иваз менамоянд, қимор зада мегарданд, модарашонро нигоҳ намекунанд.”
Як рӯз як нафар меояд ва дар назди офиси нав, ки Зардиев дар Сарёзи миёна кушод, ба тарафи Набӣ Зардиев мегӯяд, ки чанд ҳазор доллар қарзи гирифтаатро бидеҳ. Набӣ аз он одам пул қарз гирифта дар қимор бой дода будааст. Набӣ мегӯяд ,ки рав аз ферма гов бигир, чунки ҳоло пул надорам. Он одам мегӯяд, ки гови туро чи кор кунам, пул гирифтӣ, пуламро баргардон. Ҳамин тавр бачаҳои Зардиев хелеҳоро кидат кардагианд.
Як вақт як коргари Идораи барқ меояд ва Зардиевро мегӯяд, ки аз пули барқ қарздоред, бояд пули давлатро бисупоред. Зардиев мегӯяд, ки «усталбаҳои давлат дар заминои маҳай, чан сол шид,ки ма ягомчи намекорм ҷавоби ира кӣ мега? Усталбаҳои калони оҳанӣ дар грдш трактр тов хурда наметона ма ҳози намояндаҳора рои кунм ҳисоб кунан чан гектар меброя, да ҷои усталба ҷавобша ту метӣ!».
Ин «светавой» аз тарси Зардиев кору борро бас карду рафт.
Дар давраи раиси шаҳри Кулоб буданаш ҳам Зардиев ҳамеша аз чапу рост медуздид. Ҳамон вақт нав барои мактабҳо комптер тақсим карда медоданд. Барои ҳар мактаб даҳтоӣ ҷудо шуда буд. Дар минтақаи Кулоб чи миқдор мактаб ҳаст ман намедонам. Аммо Зардиев ба ягон мактаб як дона ҳам компютер надода буд ва метавонед пурсед худатон.Дар таҳи подвали хонааш ҳамаи онҳоро тал зад. Як подвали калон пур шуд, сари сӯзан ҷойи холӣ намонд. Баъд оҳиста- оҳиста майда карда фурӯхт.100 дона 50 дона 10 дона ва оқибат тамом кард.
Зардиев Сафар яке дигар аз бачаҳои золими Зардиев аст. Вай ба бисёр занҳои шавҳардори кулобиҳо расиду ҳаромашон кард. Инро ҳама медонад. ( дар ин маврид 13 ном дар “Ислоҳ” мавҷуд аст вале он номҳоро бо чанд иллат намеоварем)
Азизулло раиси ДЭУ и Шоҳмансури Душанбе пеш аз раис шуданаш номзадиашро барои вакилӣ аз деҳаи Чапаев пешбарӣ кард.
Шаб омад ва дар масҷиди деҳаи Комсомол бо мардум вохӯрд ва гуфт, ки агар ба ман овоз диҳед роҳи шуморо мумфарш ва бароятон пул месозам. Вай роҳи байни деҳаҳои Комсомол ва Черкаларо дар назар дошт. Аммо дар байни ин ду деҳа низ заминҳои пахтаи Зардиев ҷойгиранд. Дар байни ин заминҳо 3 км роҳ мегузарад. Ҳамчунин дар байни ин заминҳо канали об ҳам мавҷуд аст. Як пули одамгузар дошт, ки онро об шуста хароб карда буд. Мардум онро аз об берун бароварду дар ҷояш барқарор кард. Вале оамҳо аз рӯи он базӯр мегузаштанд. Дар поён он як мошинраҳа ҳам ҳаст.Аммо он роҳро тракторҳои Зардиев ва мошинҳои КАМАЗаш ҷазир кардагианд. Зардиев аз инҷо ҳаррӯз бо Прадояш мегузарад ва аҳволи мардумро мебинад. Аз ин роҳҳо мардум зиёд мегузаранд. Чунки дар Черкала ҳам бемористон ҳаст ва ҳам таваллудхона . Хуллас,Азизулло ваъда кард, ки як пули калон сохта мушкили мардумро бартараф мекунад. Вай бетону сангу шағалу арматура овард. Вале Зардиев иҷозатнадод. Ду сол шуд, ки ин кор муаллақ монда аст.Баъзе аз ин маҳсулотро Зардиев фурӯхт вале ҳоло ҳам плитаҳои бетонии он истодааст.
Навори суҳбати шуморо бо эшони Абдусаттор дидам.Шумо дар бораи гурезаҳои Аврупо гап задед. Хуб дар ёдам ҳаст. Як воқеа ба ёдам омад.Соли 2015 аз дасти ҳоҷӣ Набии бачаи Зардиев як шахс бо зану фарзандонаш гурехта рафт ба Германия. Он одам Шокиров Қиёмиддин ном дошт.
Дар Душанбе рӯ ба рӯи Султони кабир аз тарафи мости Душанбинка бари як бания ҳоҷӣ Набӣ як ҷои запчасти мошинфурӯшӣ, яъне «морг»дошт ва дар онҷо Қиёмиддин савдо мекард. Дар таи дасти Қиёмидин Набӣ Зардиев боз се одами худашро ҳам монда буд. Онҳо бачаҳои додаронаш буданд. Бачаи ҳоҷӣ Набӣ ҳамон вақт ё талабаи мактаб ё нав тамом карда буд. Номаш Бобо ё Бобохон. Соли таваллудаш 96.Писари калонии ҳоҷӣ Набӣ. Мошини Прадои сиёҳи маркаи навтарин дар зери по дошт.Меҳрнигори Рустам арӯси ӯ буд. Хулосаи гап ин аст,ки ин бача сумҳои савдоро аз Қиёмиддин гирифта ҷойи онки ба падараш бидиҳад кайфу ишрат мекардааст. Ҳоҷӣ Набӣ Қиёмиддинро қарздор ва таҳдид мекунад. Қиёмиддин мегурезаду ба Германия меравад. Шаш сол гузашт.Зану фарзандҳояшро ҳам бурд. Аммо падару модараш вафот карданд, омада натавонист. Аз тарси ҳоҷӣ Набӣ на дар ҷанозаи падар ва на дар мурдаи модар иштирок карда тавонист.
“Аҷали ин бадбахти Абдуҷаббор Зардиев Чолов Ҷаваршоҳ буд. Дар вақти раиси Кӯлоб будани Зардиев ӯро дар хонаи як мамароза қапида луб луч мекунад. Ҷоруби мамарозаро гирифта дар куни Зардиев мезанад. Дар байни пойҳои мамароза ҷорубро мекӯбад.Зардиев куни луч баромада мегурезад. Номи ин мамароза Зуҳро Назарова аст, ки ҳамаи мардуми Кулоб ӯро хуб мешиносанд.”
Чолов Ҷаваршо дар он вақт директори терминали ш.Кулоб буд. Вақте роҳбарияти идораҳои шаҳрро ба ҷаласа даъват мекарданд, ҳамаро огоҳ мекарданд, ки бо костюм ва шим оянд, аммо Ҷаваршоҳ бо спортивка мерафт. Зардиев ба Ҷаваршоҳ хоҳиш мекард, ки «рав,Ҷаваршоҳ писарам,агар командир пурсад, ки Ҷаваршо иштирок мекунад дар маҷлисхо ман мегуям. Бале. Зардиев командир гуфта Султони Чол-бародари калонии Ҷаваршоҳро дар назар дошт.
Дар мавриди медалҳои пеши синаи Зардиев Абдуҷаббор пурсидам,ки барои кадом кор ва заҳмату хидматаш ин ҳама медал барояш додаанд?
Ҳамсуҳбатонам аз ҳафт деҳае,ки аз зулми Зардиев Абдуҷаббор ба ҷон омадаанд чунин гуфтанд: Мо ҳамин қадар медонем,ки Эмомалӣ Раҳмон барои инки мардуми Кулобда бовар надорад шахсеро мондааст,ки моро бештар зулм кунад ва аслан ба мо раҳм накунад. Чун мо борҳо аз забони худаш шунидаем,ки “ Ҷаноби олӣ мада пурра ҳаёти шумооро бахшида аст. Мада гуфтагияи,ки мардуми Кулоб зулмпарвар аст ва агар зулмшон накуни ком рӯзе мехезан аввал аз ту сар мекунанд,баъд меёянд ба сари мара. Коре кун зиндагони мардум хуб нашавад,ки инҳо ба хуби нестанд. Вазифаи ту қапидани мардум аст. Амният, милеса, прокуррор як покозухаҳан. Ино ба ту кор дор намешаванд. ” Вақте ин гапҳоро мезад маст буд ва сари синашда мезаду мегуфт: “ҳарчи ма кадам аз ма шикоят каден мада бо медал додагиян шумо медонен к… соҳибо барои шикоятой кадагитон”.
Бале воқеан пас аз ин суханон ман мутмаин шудам,ки Абдуҷаббор Зардиев пас аз нашри барномаҳои ҷиноятияш дар “Ислоҳ” соҳиби унвони “Профессори фахри”и донишгоҳи аграри Тоҷикистон ҳам шуд. Дигар ман ба ин сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмонов ман қоил шудам. Акнун бовари ҳосил намудам, ки ҳар мақомдоре дар Тоҷикистон бештар зулм мекардааст ба мардум Раҳмонов ба ӯ унвон ва медалу ифтихорномаҳо медодааст.
Поёни бахши севвум.Идома дорад…. “Ислоҳ” мунтазири дарду шикоятҳои шумо мардуми бостонии Кулоб мебошад. Ба мо нависед,то тавонем дар барқарории адолат ва барчидани зулм ба ҳадаф расем.
Ps: Пойгоҳи “Ислоҳ” ҳаргиз аз идомаи ифшои ҷиноятҳо ва зулми Абдуҷаббор Зардиев дар Кулоб даст намекашад. Тасмим гирифтаем,ки то охир дарди мардуми Кулобро дар ин масала мешунавем ва онро расонаӣ мекунем. Агар Раҳмонов тасмим нагирифт,ки ин Зардиевро барканор кунад. Ин шо Аллоҳ мардуми шарифи Кулоб ӯро якҷоя барканор хоҳанд кард.