Писари Фазли Бармаки чӣ гӯна даллоки ҳаммом мегардад
Достони маконат ва шукўҳи хонадони Бармакиён дар асри Ҳору-наррашид ва сипас мавриди ғазаб қарор гирифтан ва хории онон аз ҳаводиси аҷиби таърих аст. Дар ин миён сарнавишти Фазли Бармакӣ ҷолибтарини онҳост.
Пас аз он ки хонадони Бармакиён мавриди қаҳру ғазаб ва қатли халифаи Аббосӣ қарор гирифт ва марду зан ва хурду калон аз дами теғи ҷаллодони Ҳору¬нуррашид гузаштанд, танҳо тифле сағир аз Фазли Бармакӣ ҷон ба саломат бурда буд, ки дояи вафодораш аз уммоли халифа наҳаросид ва ўро бо худ ба яке аз шаҳрҳои атрофи Бағдод ( Куфа) бурд ва ўро махфӣ дошт, бидуни он ки нафаре мутаваҷҷеҳ шавад, аз он тифл парасторӣ кард.
Чун тифл бузург шуд ва ба сини балоғат расид, аз фарти истисол (аз бех баркандан) ва парешонӣ ночор шуд дар яке аз гармобаҳои Кўфа шуғли даллокӣ маш¬ғул гардад, то битавонад аз дастмузди ками рўзона зиндагии худ ва дояи вафодорашро таъмин намояд.
Қазоро рўзе Муҳаммад ибни Язиди Димишқӣ, ки суханварони маъруфи араб ва мухлиси Оли Бармак буд ва пас аз инқирози Оли Баромака дар Кўфа мутаваттин шуда буд, ба ҳаммом дохил шуд ва даллоки ҷавони зўрманд хост то вайро бишўяд ва бимолад. Даллоки ҷавон, ки касе ҷуз ҳамон писари Фазли Бармакӣ набуд, ўро ба пушт хобонид ва ба молиш пардохт. Шоири араб, ки фароғате пайдо карда буд, дар ҳоле ки дида ба сақфи ҳаммом дўхта дошт, бино ба одати мутаъориф дастҳоро зери сар гузошт ва бо забони араби рубоие дар васфи Оли Бармак хонд.
Даллоки ҷавон чун ин замзама бишунид беихтиёр ашк аз чашмонаш сарозер шуд, вале аз тарси уммоли бераҳми халифа, ки ҳама ҷо ҳозиру нозир буданд, хашмашро фурў хўрд ва дам барнаёвард. Шоири араб чун таъсири шадиди даллок¬ро дид, бениҳоят мутаъаҷҷиб гардид ва аз ў иллатро пурсид. Ҳар чӣ даллок дар мақоми имтиноъ ва ихтифои сирри хеш баромад, шоири араб бар исрори худ бияфзуд ва ба ў итминон дод ва савганд хўрд, ки агар бидонад розе дар ин гиря пинҳон аст, онро фош накунад.
Даллоки ҷавон чун яқин ҳосил кард, ба шоири араб гуфт: – Қаблан ба ман бигў ин шеър аз кист ва дар чӣ замон ва барои чӣ касе суруда шудааст?
Муҳаммади Димишқӣ гуфт: – Ин шеър аз ман аст ва дар ҷашни валодати писари Фазли Бармакӣ сурудаам. Фазлро аз ин шеър ба ҳадде хуш омад, ки дастур дод маро аз мол ва маноли дунё мустағнӣ созанд.
Даллоки ҷавон гуфт: – Агар ҳам акнун писари Фазлро бибинӣ мешиносӣ?
Шоир гуфт: Мутаассифона, он тифли бегуноҳ ҳам дар воқеаи куштори Баромака ба қатл расид, валлоҳ агар зинда буд, сар дар қадамаш мениҳодам ва ҳамчунин ходиме бар ў хидмат мекардам, зеро ҳар чӣ дорам, аз ўст.
Даллок оҳи сард кашид ва дар ҳоле ки сели ашк аз дидагонаш ҷорӣ буд, сар ба зер андохт ва гуфт:
– Он тифл ман ҳастам, ки дасти тақдир ва табиъат маро аз саодати навозиши теғи ҷаллод бенасиб гузошт, то зинда бимонам ва ин ранҷу хиффат ва марги тадриҷиро таҳаммул кунам.
Баъд хулосаи саргузашти зиндагии риққатбори хешро аз фирори доя аз Бағдод ба Кўфа ва қабули шуғли даллокӣ ба тафсил шарҳ дод ва гуфт:
-Оре, ин ҳамон писари Фазли Бармакист, ки акнун туро мешўяд ва мемолад.
Эй тифли даҳр, гар ту зи пистони рўзгор,
Рўзе ду, шири давлати иқбол бармакӣ.
Дар маҳди аҳд ғарра машав аз камоли хеш,
Ёд овар аз заволи каримони Бармакӣ.
Ҳамеша онҳоеки наздикони раисон ва призидентҳо,вазирон ҳастанд,агар бахту иқбол аз он хонадон рахти сафар бандад.Ҳатман он сарнавиште,ки он хонадонро интизор аст, ашхоси муқарраб ба онҳоро низ дар камин аст.Чӣ зиндагонии хуш ва озоду ороме доранд он мардумонеки на шоҳанду на вазир на рафиқи худ ва хонадони онҳо.Ҳамеша дар дунё аз наздикии ин мардум парҳез намоед ва худро дур нигоҳ доред.Он неъмате дар дунё аз инҳо ба шумо мерасад,аввалан дар дунё мумкин аст ба ғазаби худи онҳо ва ё ғазаби душманонашон қарор бигиред.Дуввум дар охират ҳатман бо онҳо маҳшур мегардед ва ончӣ ба онҳо мерасад ба шумоҳам хоҳад расид.Умед аст аз инқисса панде гирифта бошед.
Муҳаммадиқболи Садриддин
1.) Бармакиён – сулолаи Бармакиён, ки дар таърих бо адл, фарохдастӣ ва ҷавонмардӣ машҳуранд. Асли хонадони Бармакиён аз тоҷикони ашрофзодаи Балх буданд. Аз рўзҳои аввали истиқрори хилофати Аббосӣ ба дарбори онон ба умури мухталиф ҷалб шуданд ва взифаҳои муҳими давлатиро ба зимма доштанд. Халифа Ҳору¬нар¬рашид аз эътибори рўзафзуни Бармакиён ба тарсу ҳарос афтода, аз ибтидои соли 803 милодӣ даст ба куштору нобудии ин хонадони наҷиб зад.
2.) Даллок – касе, ки дар гармоба ҳаммом бадани ҳам¬момкунандагонро молиш медиҳад.
3.) Уммол – омилон, навкарон кормандон.