Имтиҳону озмоише,ки бандагон қарор мегиранд сиреҳам дорад ?

Ислоҳ нет

Имтиҳону озмоише,ки бандагон қарор мегиранд сиреҳам дорад ?

( Суннатҳо ва ҳикматҳои Худовандӣ дар ибтило ва озмоиш)

Ибтило ва озмоиши Худовандӣ бар бандагонаш яке аз муҳимтарин ва маъмултарин хусусиёти зиндагонист. Ҳамеша банда бояд дар озмоишҳое, ки аз тарафи Худованд дар ҳаёти рӯзмарра ва зиндагониаш ба вуқуъ мепайванданд, хело хунсардона ва оромона онҳоро пушти сар кунад. Зеро дар ҳар ибтило ва озмоиши Ӯ ҳикматҳое нуҳуфта аст, ки инсон аз он комилан бе хабар аст ва ҳикмату қиммати онро танҳо пас аз чанде ё гузашти замоне дарк хоҳад кард. Агар бо тааммул аз гузашти замоне, ки бар ў гузаштааст фикр намояд, онгоҳ метавонад дарк кунад, ки агар он ҳодиса, он мусибат, он моҷаро намешуд чизи дигаре рух медод, ки ҷуброн ва тоқати он барояш сангинтар аз ончи бар ў гузашта, мебуд. Аз ин рў ҳамеша сабур бояд буд, бар озмоиш ва мубталову мусибате, ки аз ониби Худованд бар сарат меояд.

Мехоҳам ин мақоларо аз оғози таърихи ислом ва он озмоишҳои сангине, ки дар баробари Паёмбарамон Муҳаммад (с) ва ононе, ки ба рисолати он Ҳазрат (с) дар Маккаи Мукаррама имон оварда буданд, шуруъ намоям, то марҳаме ба дардҳои ночизи мо нисбат ба он озмоишҳои қавие, ки бар он абармардони таърихи ислом гузашт, гардад.

Тавре,ки дар сафаҳоти сирати босаодати ҳазрати Муҳаммад (с) мехонем, чи қадар осори таъзиб шиканҷа ва заҷре ба сари мусалмонони садри ислом дар Макка аз тарафи мушрикони Қурайш сурат мегирифт, вале Паёмбари Акрам (с) ва мусалмонон собитқадам буданд ва он ҳамаро таҳаммул мекарданд!

Инҷо саволе ба миён меояд: Магар имкон надошт ҳама аҳли Макка бо даъвати охирин паёмбари Илоҳӣ, ки ҳақ буд ва барои Худованд низ мушкил набуд, ки онҳоро ба ислом ҳидоят менамуд ва имон меоварданд ва аслан ягон мусибате ба сари охирин паёмбари Илоҳӣ Муҳаммад (с) ва мусалмонони садри ислом намеомад ва ҳама орому осуда даъваташонро бе ягон мамоният ба дигар сарзаминҳо интиқол медоданд ва дар ҳама диёр ва дар тамоми курраи замин ҳама имон меоварданд ва ба осонӣ охирон дини Илоҳӣ ислом интишор меёфт?

Пас таҳаммули ин қадар азобу шиканҷаи паёмбари Илоҳӣ ва мусалмонон аз куффори Қурайш барои чӣ буд?

Хонандаи гиромӣ барои посухи ин суолҳо дар андеша ва назари банда ду суннат аз суннатҳои Илоҳӣ нуҳуфта аст, ки донистани он ду барои мо хеле муҳим аст.

Суннати аввал: Мунозаъа ва ё бархўрди шадиди миёни ҳақу ботил, ки ҳамеша дар ин олами муваққатӣ ҳатмӣ ва зарур аст, зеро дар тўли таърихи башарият давраеро наметавон дид, ки дар он давра ботил ва куфру залолат ба куллӣ аз миён бурда ва ё решакан шуда бошад, ки ҳақ танҳо дар он замон ҳукмрон ва ё ором аз ҳуҷумҳои аҳли ботилу залолат буда бошад. Агар дар мақтаъҳои ҳукмрониҳое аз таърихи ислом ҳақ ҳукмрон буда бошад, вале аз тавтиъаҳо ва фитнаҳои густурдае дар оромии комил набудааст!

Худованд дар Қуръони карим чунин мефармояд: 
“Ӯст, ки шуморо биёфарид.Баъзе аз шумо кофир ва баъзе муъминанд. Ва корҳое, ки мекунед, мебинад!” (Сураи Тағобун,ояти 2)

Боз Худованд дар ин замина чунин мефармояд: “…Парвардигори ту хоста буд, ҳамаи мардумро (ҳамчун фариштагон дар як тариқа ва бар як низом қарор медод ва) як уммат карда буд (ва пайрави дини ягонае менамуд ва онҳо дар моддиёту маънавиёт ва интихоби ҳаққу ботил ихтиёр ва ихтилофе намедоштанд, он гоҳ ҷаҳон ба шакли дигаре дармеомад), вале (Худо мардумро соҳибихтиёр офаридааст ва онҳо) ҳамеша (дар ҳама чиз, ҳатто интихоби дин ва усули ақоиди он) гуногун хоҳанд буд”(Сураи Ҳуд,ояти 118)

Пас, бароямон инҷо равшан мегардад, ки ҳар қадар даъватгарони роҳи ростин даъват намоянд ва ҳарончи дар тавон доранд кўшиш намоянд ва ҳамзамон бо зеботарин шево исломро ба мардум расонанд, ҳамон қадар мушрикони қасамхўрда ва муқовиматкунандагон бошиддаттару сахттар пеши роҳи онҳоро мегиранд ва намегузоранд, то ба осонӣ даъвати худро идома бидиҳанд, умуман аз ҳама васоил истифода мекунанд.Таҳдид,шиканҷа, зиндон,туҳмат,бадарға ва ғайра,то садди роҳи даъвати ҳақ гарданд.

Ҳарчи қадар замонаҳо дигар шаванд, ҳолатҳо тағйир ёбанд, маконҳо ва шеваҳо иваз гарданд, бо ҳамон замона ва макону шеваҳо низ монеъ шавандагон низ тағйир хоҳанд хўрд ва худро ҳамеша дар муқобили ин роҳ омода мекунанд ба чи қимате он тамом шавад, онҳо вуҷуд доранд ва дар каминанд.
Аз ин хотир даъватгарони исломиро мебояд закӣ бошанд ва фиқҳи даъватро хуб биомўзанд, то бо ҳикмат амал намуда, ҳаргиз аз шиддату сахтӣ кор набаранд ва онҳоро бо амалҳои накўву ниятҳои солим ғафлатгир намоянд. Ҳаргиз набояд дар баҳсҳо аз шеваи бархўрди бад ва сухани носазо кор гиранд ва ҳамеша хунсарду ботамкин бошанд, агарчӣ тавони дигаре дар ихтиёр дошта бошанд. Зеро дар асоси илму исбот ва оромона фаҳмонидан ҳамеша дар дил ҷой хоҳад гирифт, вале фаҳмиш дар асоси хушунат ва зўрӣ ҳаргиз дар ҳеҷ куҷо даст боло нашудааст ва нахоҳад шуд. Чун гурўҳеро бубинӣ дар роҳи залолату гумроҳӣ мунҳариф гашта, дарҳол ноумед машав ва ба онҳо бо назари гумроҳгашта манигар, зеро аз ниҳоят танҳо Худованд бохабар аст, на ману шумо бо як нигоҳи сатҳӣ ва диди оддӣ.

Хонандаи ин сутур мумкин гўяд, ин ба ибтило ва озмоиш чӣ иртиботе дорад? Чун даврон ва ибтилоҳое, ки бар сари мусалмонони садри ислом сухан гуфтем ин дастурамалҳоро барои даъватгарони имрӯзӣ ҳамчун барги сабз тақдим намудам, умед аст аз он истифода намоянд.
Суннати Дуввум: Инро бояд донем, ки ҳамаи мо мусалмонон ҳатман ибтило ва мавриди имтиҳони Илоҳӣ қарор хоҳем гирифт ва касе аз ин дар канор нахоҳад монд, яъне мавриди имтиҳон қарор нагирифта, касе боқӣ намемонад. Мавриди ибтило ва озмоиш қарор хоҳад гирифт уммати ислом ба таври умумӣ. Инчунин мавриди ибтило ва озмоиш қарор мегирад ҳар фарде аз афроди ин уммат ба таври ҷудогона ва хосса ва ҳаргиз дар инҷо истисное нахоҳад шуд,ки бидуни озмоиш аз дунё гузарад.
Чуноне,ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим дар ин маврид мефармояд: “Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем (ва ба ягонагии Худо ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо шаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Худо таҳаммул кард) озмоиш нашаванд”.Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва мушаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.” (Сураи Анкабут,оятҳои 2-3)

Боз дар ин маврид чунин мефармояд: “Мепиндоред, ки ба биҳишт хоҳед рафт? Ва ҳанӯз он чӣ бар сари пешиниёни шумо омада, бар сари шумо наёмада? Ба онҳо фақру ранҷ расид ва такон дода шуданд, то он ҷо, ки паёмбар ва муъминоне, ки бо ӯ буданд, гуфтанд: «Пас ёрии Худо кай хоҳад расид?» Бидон, ки ёрии Худо наздик аст.! 
(Сураи Бақара,ояти 214)

Боз дар ин маврид чунин фармудааст: Оё гумон кардед, ки ба биҳишт дароед, пеш аз он ки Худо муҷоҳидон ва собиронро аз миёни шумо ошкор созад? (Сураи Оли Имрон,ояти 142)

Тавре,ки дар суннати Набавӣ ба вузўҳ омадааст, дар ин замина,ки маънояш чунин аст: “Ҳарчи қадар имони шахс зиёд гардад, меафзояд бало ва озмоишу имтиҳони ў”
Имом Тирмизӣ (р.а.ҳ) ба таҳққиқ дар ҳадиси 2398 аз Мусъаб ибни Саъд(р) аз падараш ривоят намудааст,ки чунин фармуданд:

“Кадоме аз мардум бисёртар гирифтори мусибату бало ҳастанд? Фармуд: Паёмбарон (а) баъд аз он солеҳон баъд ҳаммонанди эшон, ҳар кас ба қадри диндорияш имтиҳон ё мавриди озмоиш қарор мегирад, агар дар динаш устувор бошад бало бештар гардад бар ў , агар дар динаш устувор набошад осонтар бошад ӯро . Бало бо муъмин аст ҳангоме,ки дар замин меравад , ва ӯро нест хатое”

Чи ҳикмате метавонад дар Ибтило ва озмоиш бошад?
Дар ибтило ва озмоиш се ҳикмати аҷибе ниҳон аст.

1-) Ҳикмати аввал поксозии суфуфи мусалмонон.
Сабаб аз ин поксозӣ дар ин аст,ки сафҳои мусалмонон аз камҷуръатон ва сустиродаҳо пок гардад ва онҳоро ба табақаҳо ҷудо созад.

Инҷо саволе ба миён меояд чӣ тавр ҷудо намудани мусалмонон ба табақаҳо?

Масалан: Кадоме аз мусалмонон таҳаммули бардошти ин амонати бузурги Илоҳиро метавонад бардорад. Дар ҳоле,ки хело осон аст шахс бигўяд имон овардам ба Худо ва бовар дорам ба Худо ва дини Ӯ ва дар он боқӣ хоҳам монд. Вале мушкил дар татбиқи дин дар ҳаёт ва зиндагонӣ аст, на ба забон гуфтан.

Дар ин масъала Худованд дар Қуръони карим чунин мефармояд:
“Албатта мардумеро,ки пеш аз онҳо буданд, озмудем,то Аллоҳ касонеро,ки рост гуфтаанд,маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.”
(Сураи Анкабут,ояти 3)

Инҷо хонандаи гиромӣ бояд ҳатман имтиҳоне, ибтилое ва озмоише бояд сурат бигирад,ки мо дар динамон исломи азиз содиқ ва устувор ҳастем ҳам дар сухан ва ҳам дар амалҳоямон. Пас дар ин имтиҳон ҳатман барои поксозии сафҳои мусалмонон сурат мегирад ва ҳатман бидон,ки мо дар ин имтиҳон қарор бояд бигирем ва аз миёни мо мусалмони воқеӣ аз мунофиқ ташхис ва муайян ва шиносоӣ гардад, гоҳо метавонем ин ташхисро дар ҳаётамон бо чашми сар бубинем ва гоҳо ба рӯзи қиёмат ба таъхир гузошта мешавад. Худоё моро собитқадам аз ин имтиҳонат комёб бигардон, ту ба ин қодиру тавоноӣ.

2-) Ҳикмати дуввум дар озмоиш ин тарбияти мусалмон аст.
Худованди ҷаҳонофарину тавоно мехоҳад, ки мусалмони асил ва тезҳушу закии уммати исломи ин ҷаҳонро зери раҳбарии ин уммат қарор бидиҳад.Пас раҳбарии ин умматро ҳамеша бар дўши мардони қави ирода ва устувор чун бунёни марсус медиҳад, то бар аҳволи ин уммат ҳамеша бирасад ва мо чи гунае, ки бошем бароямон чунин раҳбар хоҳад дод. Агар қавиирода бошем, пас мисли мо ва агар дорои иродаи содда бошем, мисли иродаҳои худи мо хоҳад дод. Раҳбарии ин уммати бузург мардони қавиирода ва дорандагони имони росих ва қалби мамлуъ аз имонро мехоҳад,ки тундбодҳои ногаҳонӣ онҳоро бо аввалин вазиданаш аз миён набарад ва уммат бе раҳбар монад. Пас дар ибтилоҳо ва имтиҳону озмоишҳои Худовандӣ ҳамеша устувор ва қавиирода бошед, то аз ин озмоишҳо комёб гардем. Ҳарқадар имони мо қавӣ гардад, ҳамон қадар озмоишҳоямон вазнинтар хоҳанд шуд. Мисли ин ки тиллоро ҳарчи қадар дар дохили оташ зудоянд ҳамон қадар сифати хубу аълояш боқӣ мемонад.Пас устувор бошед дар ин имтиҳони тарбиявие, ки Худованд бароямон мефиристад албатта ин ҳамеша ба нафъи мо хоҳад буд. Ҳарчанд мавриди озмоиш қарор бигирем, арзиши мо қимату шаъну шарафамон боло хоҳад рафт.Бояд бидонем,ки ҷоннисориҳои мо танҳо барои ризои Худованди субҳон аст ва ҳатман дар ин тарбия мо комёб хоҳем шуд.

3-) Ҳикмати саввум дар озмоиш ин барои пок намудани гуноҳони мусалмон аст.
Худованди субҳон мехоҳад бо ибтилоҳо ва имтиҳонҳои гуногун гуноҳон ва хатоҳои мо бандагонашро аз байн барад. Дараҷаи моро баланд бардорад, ҳатто Худованд чунон бандагонашро дўст медорад,ки мехоҳад бандаашро ба волотарин мақому манзалат боло барад, вале ба амале,ки он банда анҷом додааст, бингари на онқадар амали ба он дараҷа сазовор аст, вале ба имтиҳоне ӯро мубтало мекунад ва он банда аз он имтиҳон бо сабру шикебоӣ комёб мегардад ва ин мақоми волоро сазовор мегардад, хушо ба ҳоли ин бандаи комёб.

Аз Расули Акрам (с) чунин омадааст,ки мефармоянд: “На ғаму на андўҳу на озоре, балки як хоре, ки дар бадани инсон мехалад (ба сабаби он озори расида ба ӯ) мебахшад Худованд хатоҳои ин бандаро”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Бухорӣ)

Аз Худовади кариму бомурувват ҳамеша таманнои онро дорам то мо ҳама уммати исломро аз ибтилоҳо ва озмоишҳое, ки моро бо онҳо мавриди санҷиш қарор медиҳад, комёб берун намояд. Худованд ҷавонони миллати моро ҳамеша пуртоқат ва бомасъулият бигардонад ва дар адои воҷиботи Илоҳӣ муштоқ ва бар дўшдорандагони рисолати ҳабибамон Муҳаммади Амин (с) устувор ва аз ҳама ибтилоҳое, ки бар сари онҳо меояд сабур, мисли бобоҳоямон,ки дар асрҳои гузашта буданд, собитқадам ва комёб бигардонад, омин…

Share This Article