Қаҳрамони роҳкушои Ворух чаро дар кунҷи зиндон маҷрӯҳ аст?

Technik
By Technik

Анорбой Сафаров зодаи Ворухи ноҳияи Исфара, узви фаъоли  ҲНИТ. Як нафар руҳонии ростқавлу софдилу меҳандӯст ва мубориз мебошад.

 Ӯ ҳамеша дар муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон як роҳнамо ва сарвари аҳолии  Воруху Чоркӯҳ буд. Як марди меҳандӯсту содиқ аст, ки дар баробари тамоми ноадолатиҳое,ки аз тарафи мақомот ва ҳокимияти маҳалли сурат мегирифт истодагарӣ ва талаби ҳақиқату адолат  мекард. Дар зимистони соли 2013 ба 2014 вақте  ки муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон  дар Ворух ва Чоркӯҳ ба миён омад, қирғизҳо роҳи Воруху Чоркӯҳро бастанд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду роҳе вуҷуд дорад, ки бо якеаш мардуми Воруху Чоркӯҳ ба “хоки” Қирғизистон мегузаронад ва роҳи дигаре ҳаст, ки ба Тоҷикистон таалуқ дорад ва қирғизҳо аз он мегузаранд.

Вақте қирғизҳо роҳи мардуми Воруху Чоркӯҳро бастанд, муноқишаҳо авҷ гирифт, ҳукумати Тоҷикистон бо дипламатҳо, артиш ва вазирҳои қудратиаш ба Исфара ҳозир шуданд, вале мардуми дар онҷо ҳозирбуда шоҳиданд,ки чи кор карданашонро намедонистанд.

Бубинед,ки қирғизҳо роҳи тоҷикҳоро бастаанд ва роҳе, ки ба хоки Тоҷикистон мегузарад, бо роҳи тоҷикҳо рафту омади худашон ба дигар маҳалаҳои аҳолинишинашонро идома медоданд. Вақте аз дасти ҳукумати худкомаи тарсуи тоҷик ва вазирони шикамғафсаш чизе наомад, Сафаров Анорбой, ки мардум ӯро бо номи Домулло Анорбой мешиносанд баромада ба халқи Воруху Чоркӯҳ муроҷиат кард: “Агар мехоҳед, ки роҳро қирғизҳо кушоянд аз паси ман биоед ва аз ман фармонбардорӣ кунед, набошад бо ин сиёсатҳои пешгирифтаи давлати мо ҳеҷ тағироте рух нахоҳад дод…”

  Домулло ба ҷавонмардони Воруху Чоркӯҳ амр мекунад: роҳе, ки ба хоки мо тааллуқ дорад ва қирғизҳо аз он рафту омад доранд фавран баста шавад  ва худаш пеш даромада меравад, ду мошини боркашро сар ба сар ва аз пушташ даҳҳо мошини сабукравро мемонаду роҳро маҳкам мекунанд. Дар як лаҳзаи кӯтоҳ овозаи ин амали Сафаров Анорбой ба ҳукумати Қирғизистон мерасад ва онҳо амр мекунанд, роҳе ки қирғизҳо яктарафа бастаанд фавран кушода шавад. 

Хулоса, дар роҳи Воруху Чоркӯҳ кушода мешавад ва Домулло Анорбой низ пас аз кушодани роҳ, роҳи қирғизҳоро мекушояд. Баъди ин қаҳрамонӣ худи ҳамон бегоҳ Сафаров Анорбойро дастгир карда ба идораи КДАМ ба шаҳри Исфара меоранд. Вақте дохили идораи амният медарорандаш раиси онвақтаи амният бо ӯ дағалона гап мезанад ва дашном ҳам мекунад.

 Домулло Анорбой мегуяд:

«Оё ҳамин аст подоши хизмат ба ватану давлат?»

Бо раиси амнияти Исфара даргир мешавад, ки яке аз муовинони Ятимов дохил мешавад ва барояш мегуяд:

Домулло, шумо ҳақиқатан кореро кардед, ки мо ва аъзои ҳукумат натавонистем анҷом диҳем.Аммо  ҷонибдоронатро гӯй аз пушти дари идораи амният раванд, мо шуморо каме пасонтар  ҷавоб медиҳем. Дар ин асно тамоми ҷавонони ғаюри Воруху Чоркӯҳ зиёда аз 200 мошин пур аз мардум ба дари идораи амнияти миллӣ дар Исфара рехта буданд ва талаби озодии Ӯро мекарданд.

   Вақте, ки муовини Ятимов пеши халқ мебарояд ва аз онҳо талаби рафтан ба хонаҳошон мекунад ҷавонон мегуянд: Ё Домуллои моро ҷавоб медиҳед ва ӯро бо худамон мебарем ё мавҷи эътирозоти мо баландтар мешавад. Хулоса ҳамон шаб муовини Ятимов, ки номаш дар ёдам нест амр мекунад, ки домуллоро бурда дар хонааш монда биёоянд… Ҷавонони онҷо буда мисли дар филмҳо мошине, ки домулло дар он шишта буд, аз чор тараф гирд карда ба Ворух расонданд..

Дере нагузашта тамоми вазирон ба маҳалли муноқиша ҷамъ меоянд ва мардуми Воруху Чоркӯҳро ҷамъ ва маҷлис барпо мекунанд. Дар он маҷлис Рамазон Раҳимзода,вазири умури дохилӣ,як муовини С.Ятимов,раиси КДАМ ва чандин вазиру генералҳо гап мезананд, мардум ҳама хомӯш нишастанад, касе ба суханҳои мақомдорон аҳамият намедод.

 Ва дар охир суханро ба пири хирад ва мубориз Домулло Анорбой медиҳанд. Домуло баландгӯякро мегирад ва шурӯъ мекунад:

БИСМИЛЛОҲИР-РАҲМОНИР-РАҲИМ

   Дар ин ҳолат тамоми маҷлис ба ҷӯш омада яку якбора бо садои баланд Аллоҳу акбар гуфта ба по мехезанд. Сафаров Анорбой тақрибан 20 … 30 дақиқа суханронӣ мекунад, дар ин мудат мардум 15 .. 20 маротиба қарсакзанон аз ҷояшон мехезанд.Чун Домулло суханрониро ба охир расонд, як мавҷи қарсаке баланд шуд, ки назир надошт,  тамоми мақомдорон ба хашм омаданд, ин худаш кӣ аст гуфта асабӣ шуданд.

Баъдан Шоҳ Искандаров,сардори шӯъбаи милисаи Исфара баландгӯйро гирифт ва хитоб ба мардум гуфт:

Ҳой мардуми Воруху Чоркӯҳ!

 Чаро се соат мо генералу вазирҳо баромад кардем, як маротиба қарсак назадед ва ман аҳамият додам шумо аз аввал то охири  баромади домулло  инқадар қарсакзаниву ҷонибдори кардед?

Мардум бо садои баланд садо мебароранд, ки домулло пешвои мост ва нафаре ҳаст, ки мушкили моро дар 4 соат ҳал кард, яъне роҳро кушод, чигуна мо ҷонибдориаш накунем?

Баъд аз ҳамин ҳолатҳо аз паси ин шермад шуданд ва ӯро бо роҳи “подстава” дар соли 2014 дар сандуқи хонааш як чанд дона тири автомат партофта бо модаи 195 яъне ғайриқонунӣ нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ боздошташ намуданд ва баъдан моддаи 307 иловаи 3 қисми 2. Яъне салафӣ. Ва 198 қисми 1 гунаҳгор карда барои 7-сол равонаи зиндон намуданд.

Сафаров Анорбой дар зиндони 3/5-и шаҳри Хуҷанд адои  ҷазо менамуд ва ӯро барои қасосгирии бештар ба зиндони 3/4-и шаҳри Душанбе интиқол доданд. Ӯ аз аввали соли 2019 боз дар зиндони Душанбе, ки низомаш пурзур аст адои ҷазо намуда истодааст.

Ӯ бисёр барои ватанаш Воруху Чоркӯҳ ғам мехурад, доимо асабӣ аст ва дар ҳамин ду ҳодисаи охири дар Ворух рух дода ба дараҷае ғаму андуҳаш баланд шудааст, ки сактаи қалбӣ гузаронида ва ду моҳ бештар шудааст, дар палатаи сеи қисми тиббии зиндони 3/4 рӯ ба раҳми Аллоҳ хоб аст ва касе парво надорад. На иҷозати гирифтани дачка, на доруи хуб, на мулоқоти дарозмудату на кӯтоҳмудат барояш ҳаст,ҳамаро барояш масдуд кардаанд ва ҳеҷ шароите барояш муҳайё нест.

Хушвахтзода Ҷамолиддин,сардори ин муассиса бошад пули доруҳоро обу лой намуда доруҳои  просроченныро оварда ба беморон медиҳад, ки беморон аз истеъмоли онҳо худдорӣ мекунанд!

   Дар охир қотеъона талаб менамоем, ки Сафаров Анорбойро зери назорати ҷиддии табибон қарор диҳед ва барояш шароити мулоқоту гуфтушунид бо хонадонашро фароҳам биоранд.

PS:  Ба ростӣ,вақте ин номаи бародарони Исфараро барои чоп омода мекардам,маро як паҳлуи ин масъала сахт ба ташвиш меовард.То кай бояд мо -мардуми тоҷик қурбонии амбитсия ва ҷоҳталабии Раҳмону дастгоҳи қатли инсонҳои ӯ бишавем? Ҳоло дар симои як домуллое,ки дар сатҳи як ноҳия аст рақиб ва душманро дидан ва аз ӯ то ба ин ҳад ҳаросидан,ки бо тӯҳмату буҳтон бариву зиндонаш кунӣ,чи паёмад дошта метавонад?Инки бо марзбону ОМОНу СБОНу Алфаат натавонистӣ пеши роҳи қирғизро бигирӣ,дидӣ,ки як пешвои мардумӣ ба чи кор қодир будааст,рашку аламат омад?Беҳтар ин нест,ки бо онҳо бисозӣ ва бар манфиати мардуми он маҳал ва рушди кори давлат ва амну осоиштагии аҳолӣ истифода кунӣ?Ҳоло агар мисли домулло Анорбой лидерони маҳаллиро ба кунҷи зиндон мекашӣ ва амдан аз тамоми кӯмаку табобат маҳрумаш мекунӣ,дар оянда бо ту кӣ бар дифоъи марз мехезад? Чаро шумо аз як нафар муллои сатҳи ноҳия ин қадар тарсу ваҳшат мекунед?Ӯ,ки кадом даъвои курсиву мансаби туро накардааст?Дер ё зуд сарнавишти талхи Лукашенко болои сарат меояд.Он вақт хоҳӣ дид,ки подоши ин ҳама ҷабру зулм ба инсонҳое,ки барои ин мардум ва ин миллат ҷонашонро омодаанд қурбон кунанд ва қурбон кардаанд,чи хоҳад буд.

Share This Article
By Technik
Follow:
Test test trst test test test