Раҳмонов аз”Коронавирус” не, аз хезиши гуруснагон метарсад

Ислоҳ нет

 

Раҳмонов аз”Коронавирус” не, аз хезиши гуруснагон метарсад

 

Коронавирус баҳона ва сабабе шуд, ки бори дигар чеҳраи Раҳмонов ва ҳукумати ӯро ба мардуми Тоҷикистон намоён кард: Дар ҳар шароит, ҳатто агарки мусибат аст, фоҷиа аст, бояд, ки пул кор кард,то имконият даст медиҳад ва ҳатто агар даст надиҳад ҳам бояд аз халқ пул канд: Дузд.

 

Ва дигар инки ҳарчи бештар, баландтар ва пайваставу мудовим бояд дурӯғ гуфт, чун ҳамин дурӯғ аст ки тавонистаем наздики се даҳа ҳукуматро қабза кунем, халқро аблаҳ ва гумроҳ созем. Як лаҳза ҳам аз гуфтани дурӯғ набояд сокит бошем: Дурӯғгӯ.

 

Ҳоло, ки ин беморӣ оламро дорад харобу валангор мекунад, давлатҳо хазина ва захоири худро барои наҷоти раият ва атбои худ бозу дастрас мекунанд, раҳоии як ҷон, як сари одамӣ бо масрафи ҳазорҳо ҳазор ба даст меояд, садақоту эҳсону хайр бозори дунёро латофату тароват медиҳад, дар Тоҷикистон тамоман баракс. Манзурам гаронии нархи орду картошкаву ҳазориспанду сирпиёз нест, агарчанде ки масъулияти амнияти ғизоӣ ва бозору сабади истеъмолӣ ҳам аз уҳдадориҳои давлат аст. Манзурам ин аст ки дар ин шабу рӯз давлат,мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои вобаста ба давлат дар Тоҷикистон даст ба амалҳое зада истодаанд,ки бад бадтар, душвор душвортар мешавад. Инҷо чанд мисоли мушаххас меоварам.

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард,ки шуъбаи махсуси карантинии он омода аст, барои безараргардонии (дизинфекция) корхонаю идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту маконҳои ҷамъиятӣ ба тариқи шартномавӣ хизмат расонад. Яъне ҳар корхонаву муассиса, ки пул бидиҳад аз “хидматрасонии нави ВКДТ” баҳравар хоҳад шуд. Агарки надоду надорад,не. Вақте ин хабарро хондам аз гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик, барои мисол аз Иззат Амон ва ҳамроҳонаш ёдам омад,ки кадом ҳисобе ёфтанду ройгон ба муҳоҷирон кӯмак карда истодаанд. Аз ҳисоби худашон аст ва ё бо ёрдами касони дигар, аммо факт ин аст ки ройгон кӯмак мекунанд. Пас, чаро вазорати корҳои дохилӣ ҳам бо ҳамин шево аз “хидматрасонии нав”-аш барои муассисаҳо, масалан мактаби №36-ро,ҳамон мактабе,ки модари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, прокурори нозири фаъолияти милисаи Душанберо,ки ба таври машкук ва даҳшатовар дафн карда шуд, дизинфексия намекунад? Бале, ҳамон Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, ки шеваи ҷаноза ва дафни ӯ инак шойеъаи мавҷудияти коронавирус дар Душанберо беш аз пеш доман зада истодааст. Изтиробу таҳлука ва ташвишу нигарониҳо мардумро ба шиддат таҳти фишор қарор додааст. Оё дар ҳамин шабурӯз ва дар ҳамин вазъияту ҳолат эълони онки ба тариқи шартномавӣ шуморо “дизинфексия”-и коронавирус мекунем,ҳарфи муносиб аст?

 

Ҳамин кори шуморо, масалан милисаҳо дар Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ё ҳарҷое дигар карданд? Гуфтанд, ки пул диҳед,ки шуморо аз коронавирус наҷот диҳем? Агар ройгон кунед чи хоҳад шуд? Магар барои мардуми ягон гӯшаи дигари олам ин корро мекунед? Аз мусибат ва фоҷиаи миллат ва мардум манфиат ва суд ҷустан аз рӯи одаму одамгарӣ аст? Мусалламан вазорати дохилӣ наметавонад, ки барои тамоми кишвар ҳамчунин хидмат бирасонад. Аммо то онҷо ки имкон дораду метавонад,чаро барои мардуми худаш бепул намекунад? Охир он маболиғе,ки аз хориҷ бар алайҳи коронавирус ба ҳукумати кишвар ҷудо шуд аз онҳо чаро истифода намекунед? Ё он маболиғ барои савлат ва кайфу сафои пешво ва пешвофарзандон алакай масраф шудааст? Ва ё як мисоли дигар. Ширкати “Сифат-фарма”,ки ба Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва келини Шералӣ Гул тааллуқ дорад, назорати тавзеъи кӯмакҳои башарии тиббиву табобатии созмону давлатҳо барои коронавирусро дар даст гирифтааст.

 

Мову шумо огоҳ ҳастем,ки Парвина дар яке аз раёсатиҳои ин вазорат сардор аст. Ҳоло акнун бубинед,ки табибони Қарияи болоро маҷбур карда истодаанд,ки ба 250 сомонӣ сарулибоси муҳофизатӣ бихаранд, айнаку памперс бихаранд, дастпӯшу даҳонбанд бихаранд. Ин амали ғайриинсониро чи тавр метавон ташреҳу тавҷеҳ кард? На танҳо Қарияи боло,балки дар саросари кишвар табибону парасторону ҳамшираҳои шафқатро водор карда истодаанд,ки 150-200 сомонӣ барои сару либоси муҳофизатӣ бипардозанд. Ҳатто муаллимону талабҳои макотиб ва донишҷӯҳоро ҳам ба таври маҷбурӣ водор карда истодаанд. То онҷое иттилоъ расид, ба мудирони мағозаву фурӯшандаҳои мағозаву ошхонаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам маҷбурӣ маҳлули моеъи махсус, дастпӯш ва ниқоби тиббӣ фурӯхта истодаанд. Яъне “буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу” ва ё “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”. Дар ҳамин бадбахтиҳои мардум ҳам Раҳмонову оилааш ва мақомоти зери дасташ ба бизнес машғуланд. Ҳеҷ яке аз онҳое, ки дар бемористонҳо бо иллати эҳтимоли гирифторӣ ба коронавирус,ки ҳоло дар Тоҷикистон “илтиҳоби шуш” ва ё “пневмания” ном бурда мешавад,рогон табобат нашудаанд, ҳатто онҳоеро,ки аз хориҷа оварда бо карантина фаро гирифтанд, як миқдори муайян пардохт кардаанд.

 

Ҳамин гӯру чӯби ғайриоддии Ҷалолиддин Абдуҷабборзода дар Жилмассиви Душанбе бори дигар далел ва шаҳодати он аст ки коронавирус дар Тоҷикистон омада ва ҳатто манотиқи кишварро дорад мебалъад. Дигар на танҳо ба раддия ва баёнияҳои вазорати тандурустӣ эътимод ва бовар намонд,балки ба назар мерасад намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро ҳам тавре “назарбанд” кардаанд ва ё барояш “диагноз”-у ташхисеро пешниҳод мекунанд, ки ӯро чапғалат медиҳад ва ё гумроҳ месозад.

 

Бубинед,ки вазорати тандурустӣ барои онки худро тавҷеҳ кунад чиҳо гуфта истодааст. Прокурори кушташуда бар асари фарбеҳии дараҷаи 3 фавтидааст? Ва ё инки мудири танӯркабоби Шаҳристон қафаси синааш зарб хӯрда ва сил шуда мурдааст. Э, бобо, кадом фарбеҳи дараҷаи се ақалан як моҳ касал ношуда мемурдааст?

 

То ҳамин ду- се моҳи ахир магар дар Тоҷикистон беморони шушуш сармозадагӣ набуданд, “Двухсторонний пневмания” аз кай боз касалие шуд,ки онро салафенпеч карда ва ҷудо аз намози ҷаноза ва ба шеваи гӯронидани як террорист дафн бикунанд? Чаро “мурдашӯйҳо” дар Тоҷикистон таҳти карнатина гирифта нашуда буданд? Чаро ҳамон прокурорро нагузоштед,ки худи мардум бигӯронанд ва чаро ҳатто ҷасади ӯро аз мошини “Ёрии таъҷилӣ” берун набаровардед? Магар аз ин пеш ҳам нафарони мурда дар бемористонҳоро аз мошини “Скорий” намефароварданд? Магар аз ин пеш ҳам ҳамроҳи табибони скафандрпӯш-либосе,ки ҳеҷ гоҳ пизишкон ба бар намекунанд милисаҳо ҳам бояд мурдаро аз бемористон ба гӯристон интиқол диҳанд?Аз инҷост,ки мегӯям шумо 28 сол аст,ки дурӯғ мегӯед! Ва, дақиқан ва мушаххасан ин бизнесу ин дурӯғро болои шумо худи Раҳмонов бор кардааст. Вай ба бачаву духтару домодҳош ҳамеша ҳамин насиҳатро мекардааст,ки “пака вақт доред ҷамъ кунен”. Ва,ба вазорату вазири тандурустӣ ҳам дастур ин аст ки тамоми гапу ҳарфро бизан,танҳо нагӯ ки коронавирус омадааст.

 

Аз инҷост,ки табиб духтуре,ки ҳаст,дурӯғ гуфта истодааст: аз фарбеҳи мурд, аз СПИД мурд, аз сил мурд, имосл боду ҳаво номусоид омад…. ва аз ин қабил дурӯғҳое,ки таги саргини хар аст ва думашро гирифта намехезад. Балки баракс изтиробу тарсу ҳаросу таҳлукаро байни кишвар ва мардум дорад бештару бештар мекунад. Ҳама мардуми кишвар имрӯз фаҳмидааст,ки Раҳмонов дорад пинҳон мекунад, Раҳмонов аз чи чизе вобаста бо коронавирус сахт метарсад. Ин тарси ӯ аз чӣ иборат аст? Бале, дақиқан ки аз маргу мири ҳазорҳо-ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ биму ҳаросе надорад, ғам намехурад ва аслан,қасам ба Худои пок,ки заррае ҳам парво дошта бошад. Ин мардаки аз боли хуни ҳазорҳо -ҳазорҳо гузашта ва дар рӯи курсӣ нишаста, агар ки коронавирус ними халқи Тоҷикистонро қир кунад ҳам “сагаша ор нест”.Задагӣ. Кашидагӣ. Вагарна дар ҳамин мусибат ва дар ҳамин вазъу шароит,ҷони тамоми мардум дар кафи дасташ аст, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ташнаву гушнаанд Рустамро мегираду раиси Маҷлиси Миллӣ мемонад.Ӯ агар раҳму шафқате барои ин мардум ва ин милат медошт ҳамин кори шанеъ ва ғайриахлоқиро мекард? Мусибат дар хонаи мардум аст дар хонаи Раҳмонов тӯю тамошо ва базми айшу ишрат. Парвина бизнеси памперсу даҳанбанду дастпӯшро авҷ медиҳаду Рустам ҳам Шахси 2-и Тоҷикистон.

Пас,саволи мантиқи ин аст ки агар ин тавр ҳама корҳояш “панҷ” бошад,чаро аз эълони мавҷудияти коронавирус ҷилавгирӣ мекунад. Дар мавриди посухи ин савол ҳам зиёд гуфтанд. Гуфтанд, ки харос пеш меояд, идораи ҷомеа аз даст меравад, контроли нарху наво номумкин мешавад ва ниҳоятан хезишҳои мардумӣ ва тазоҳуротҳо барпо мешавад. Бале,ин ҳама гуфтаҳо 100% дурустанд. Ӯ аз ҳамин ҳолате,ки худаш онро “наҳс” гуфтааст, шадидан дар тарсу ҳарос аст. Аз исёну ошӯби гушнаҳо ва аз исёни ошӯби тӯдаҳо,ки дар як они воҳид ва дар як чашмзанӣ ба вуқуъ мепайвандад шадидан дар тарсу ҳарос аст. Аз қиёми худҷӯши мардумӣ. Вай ҳоло дар симои коронавирус як балои таҳрикдиҳандаеро дида истодааст,ки ногузир ӯро сарнагун ва дудмонашро ба хоки тира яксон мекунад.

 

Фикр мекунед, ки чаро ҷаласаи ахири ҳукуматро ҷаласаи фаврӣ эълон кард? Чаро фаврӣ ва фаврӣ барои кӣ?Агарчанде тавзеҳе надод,аммо маълум буд,ки короно дигар дорад қурбониҳои худро дар сатҳи боло ва наздики ӯ ҳам мегирад. Зимни масъалагузориҳои машкук бар вуҷуди коронавирус ва сирояти сокинони мамлакат бар он таъйид кард. Вақте вай гуфт,ки “мо набояд,тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем ва набояд хушҳоливу хурсандӣ кунем ”, беихтиёр даст ба гиребон бурдам: “ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ”. Магар кадоме аз мардуми Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард ва тамошибин буд? Магар инки худи Раҳмонов аз рӯзи 22 март,ки аллакай дар кишварҳои ҳамсоя,ки хонаводаҳо дар сӯги куштагони коронавирус дар мотам шишта буданд, Раҳмонов дар Хуҷанд базми тараб доир карду Наврӯз ҷашн гирифт ва бачаааш дар Душанбе барои набераҳои Раҳмонов пойгаи асбтозӣ ташкил кард. Дар тааҷҷубам, ки ӯ ончи ба худаш муртабит ва мутааллиқ будро мегираду бар мардум мезанад. Воқеан ҳам ин як ҳам дуздиву ҳам пешхезӣ, ҳам ғариву ҳам сарангӣ аст ва беҳуда забони дузду ғар дароз аст,намегӯянд. Аммо сухан ин бор низ аз он аст ки чаро Раҳмонов тоб мехурад,”вокруг до около” мегардад,”шаф-шаф” мекунаду шафтолу намегӯяд? “Аз барои эҳтиёт” гуфта аллакай дар Хуҷанду Нову Душанбеву Қурғонтеппаву Кӯлоб қурбониҳои коронавирусиро русту пинҳон карда истодааст? Ӯ гуфтаасту на мо ва на коршиносон мутаваҷҷеҳ нашудаем. Дақиқан шафтолуро гуфта будааст,дар ҳамон ҷаласаи фавриаш. Бубинед,ки чи гуфтааст:

“Зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад”.

Мутаваҷҷеҳ бишавед,ки ӯ ин ҳарфҳоро дар ҳамон ҷаласаи фаврӣ ва ба аъзои ҳукумат,ки 60% он аъзои оила ва авлоди худи ӯст гуфтааст: ”зарари тарсу воҳима….қимативу қаҳтӣ ва наҳс”. Вай дурусту дақиқ аз ҳамин қимативу қаҳтӣ метарсад ва онро наҳс мешиносад,чун ин дағдаға,ки барои ду сол захира дорем дурӯғе беш нест. Барои як моҳ захира надорад. Ва аз ин ҷост,ки “аз зарари тарсу воҳимаи қиммативу қаҳтӣ” метарасад,чун аз сари худаш ҳам гузаштагӣ аст дар даврони бачагиаш. Вай хуб медонад,ки гушна ба шер задааст. Барои ҳамин маълумоти марги мири коронавирус дар Тоҷикистонро пинҳон медорад. Ними халқи тоҷикро коронавирус таги хок кунад ҳам ӯ ба ҷуз аз пневмания ва илтиҳоби шуш диагноз намемонад.

Share This Article