Лоиқзодаро кӣ сабукдӯш намуд; “Пешво” ё хашми сокинони Рашт?

Лоиқзода дар толор пас аз сабукдуш шуданаш ё судури фармони азл, аз мардум бахшишҳам пурсидааст.Бо кадом виҷдонаш ин корро кардааст, пас аз ин ҳама зулму ситам ва бедодгариҳо?

 

“Досияи Сиёҳ”-и Амири Рашт “№6”

Рӯзи 27 уми феврал бо фармони Президенти ҶТ Амири ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ бо модаи маъруфи 69 КҶТ озод карда шуд ва ба ҷойи ӯ муовинаш Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иҷрокунанда таъин карда шуд.Танҳо ҳаминқадар мегӯям,ки Муқимӣ Раҳимҷонро шахси нисбатан бо савод меҳисобанд.Аммо инки ҳамқишлоқӣ яъне аз қишлоқи Парвоғ ва ҷамоъати Тагоба ва аз хешовандони Қаноатшо Лоиқзода асту феълан дар шаҳраки Навободи Рашт зиндагонӣ мекунад,ин баъзе чизҳоеро барои аҳли фаҳм ифода мекунад.Худо кунад,ки аз амалҳои ӯ пайравӣ накунад ва поквиҷдонона дар вазифаи худ хидмат кунад.Чун дар баъзе аз маълумотҳое ба мо расидаанд дар дутои он исмаш зикр шудааст.Агарчӣ дар миёни чорсад маълумоти ҷиноятӣ, дуто хело кам аст вале муҳим вуҷуд дорад.

Чунонеки хонандагони гиромӣ шоҳид ҳастед,ки дар қазияи Амири Рашт панҷ мақолаҳои муфассал аз ҷиноятҳои хашин ва бедодгариҳои ӯ навиштем.Агар ҳолоҳам бихоҳем барои се мақолаи тӯлонии дигареҳам мавод дар ихтиёр дорем,ки нависем.Аммо дигар,то ҳамин андоза кофӣ аст.

Чӣ сабаб гашт,то ҷиноятҳои Лоиқзодаро дунбол кунем?

Чанд нафар сокинони ноҳияи Рашт менавиштанд,ки мо чунин раисе дорем ва ҳоламон хело бад аст.Мо нахуст масаларо ҷиддӣ нагирифтем ва ба он расидагӣ накардем.Пас аз онки масалаи Ҷунайдулло Худоёров баланд шуд,бароямон ин масала диққатҷалбкунанда шуд ва дунболи он шудем. Нахуст барои пайдо кардани маълумот,ки кори хело сангине мебошад мегаштем,то чизе пайдо намоем ва ҷиноятҳои ӯро расонаӣ кунем. Нахуст бо муроҷеъате тавассути видео ба ӯ гуфтам,то даст аз зулм ва ситам бардорад.Дидем ҳеҷ таъсире надорад ва аз санг садо буд, аз амалкардҳои хашини ин Амири золими Рашт чизе кам нашуд.Дунболи ҷамъи маълумот нисбаташ шудем ва маълумотҳои каме пайдо намудем,ки он танҳо муаррифинома буд.Албатта иқтибос аз суханони онҳоеки бо ӯ собиқ кор карда буданд.Метавон гуфт як маълумотномае,ки дар он аз ҳеҷ ҷинояте,ки он сангин ва хашин бошад дарҷ нашуда буд,танҳо шахси бесавод буданаш.Мақолаи аввалро дар таърихи 26 уми ноябри соли 2018 дар пойгоҳи Ислоҳ нашр намудем.Нахуст гуфтем як маълумоти кутоҳе аз як раиси ноҳия аст ва мебинем чӣ вокунишҳоеро дар пай метавонад дошта бошад.Худи ҳамон рӯз шуръ шуд ба навиштан,ки бо Амири Рашт бозӣ накунем ва ӯ ба ҳама чиз қодир аст.Дақиқан ҳамин суханро тавассути ҳафт нафар шахсони бо обурӯй ирсол намуда буд. Намехоҳем номҳояшонро зикр намоем вале худашон медонанд,ки чӣ посухҳое аз мо гирифтанд.Гуфтем барояш расонед то даст аз зулм бардорад ва ӯ Ҷунайдуллоро бегуноҳ зиндонӣ намуда буд ва дақиқан бо кадом шакле,ки зиндонаш карда буд озодаш намояд ва кор бо ҳамин тамом аст.Посух ба шакли дигар бароямон расид,ки хело аламовар буд,ки дигар шурӯъ кардем ба идомаи кор дар мавриди ҷиноятҳояш.Лоиқзода аз зери борон мехост гурезад яъне интиқодҳои Ҷунайдулло Худоёров вале зери нова қарор гирифт,ки дигар комилан тар шуд.

Нақши беназири Раштиён дар кашфи ҷиноятҳои Лоиқзода

Сокинони ноҳияи Рашт,аз зулму ситами ин нуҳ бародарон Лоиқзодаҳо ба ҷон расида буданд,дар додани маълумот ҳеҷ кутоҳӣ накарданд.Бовар кунед аз бархе мепурсидем,ин қазияро агар номатонро нависем хуб мешавад барои далели воқеъӣ будан, мегӯфтанд номамро нависед ва дурӯғе нагӯфтам,охир ӯ чунин карда буд.Ин дигар комилан бароямон як чизе буд,ки аз дигар манотиқи кишвар фарқ кунанда.Чун дигар корд ба устухон расида буд ва мардум аз ҷон сер шуда буданд бо ин Амири сархури золим ва муфсиди филарзашон тақрибан рӯй рост ба даъво бархостанд.Панҷ сокини ин ноҳия,ки ҳолоҳам дар ноҳияи Рашт ва аз марказ ва ҷамъатҳои гуногун мебошанд ҳар рӯза бароямон менавиштанд,ки ҳоло дар ноҳия аст ва инҷову онҷо рафт, чунин кард.Дигар аз ҳама амалкарди Лоиқзода,то охир огоҳӣ доштем ва аз дохили маҷлисҳое мегузаронид бароямон сабти садо мефиристоданд,то ба ҳол он садоҳо наздамон маҳфузанд. Дар ирсоли маълумот мардуми ноҳия дар умум очунон фаол буданд,ки бароямон хело хурсанд кунанда буд.Аммо ин панҷ нафаре,ки мегӯем мисли “қарин” буданд ва комилан аз ҳама амалкардҳояш менавиштанду иттилоъ медоданд.Инчунин муҳоҷирони кориеки дар Русия зиндагонӣ мекунанд вақте бо хонаводаҳояшон суҳбат мекарданд вазъиятро аз Русия бароямон ирсол мекарданд,ки инҳам хело маълумотҳои муфиде буданд.Муҳим то 3 уми феврал панҷ досияи сиёҳро навиштем ва ба ҷомеъа пешкаш намудем,ки мунҷар ба сабукдуш гардидани Лоиқзода Қаноатшо аз Амирии Рашт гардид.Яъне дар муддати се моҳ тавонистем як золимеро,ки дар гушаи хаёлаш намеомад,ки бо чунин мақомеки ӯ дорад, узви ММ МО –ро тавонанд барканор кунанд ва мақсади спикери порлумон шуданроҳам дошт.Агар ҳама сокинон хоҳиши кореро дошта бошанд бидуни ҳеҷ шакку тардиде онро анҷом медиҳанд ва ба ҳадафи худ ин шо Аллоҳ мерасанд.

Изҳори сипос аз сокинони ғаюру бахтёри Раштонзамин

Аз ҳама он азизонеки хомӯширо ихтиёр накарданд ва дар муқобили ин золим истодагарӣ намуданд изҳори сипос менамоем.Воқеан шумо дар миёни дигар навоҳии кишвар қаҳрамононе ҳастед,ки дар муқобили зулм ва истибдодгаре чун Лоиқшо Қаноатзода ва ин нуҳбародарон хомӯш наистодеду ба натиҷаи дилхоҳи худ расидед.Ин пирӯзии бузурге буд бар алайҳи ҳар золиме,ки мехоҳад мардуми озоду озодаи ҳар минтақа ва сокинони навоҳии кишварро ба истибдод ва зулму ҷабр кашад.Шумо нишон додед,ки бо иттиҳод ва ҳамбастагии худ тавонистед мушти обдоре бар даҳони ин золим ва ҳар шахсе,ки мехоҳад бар сари шумо дар ояндаҳам зулму истибдодеро раво дорад.Бо ҳамин шакл идома диҳед ва ҳаргиз аз касе дар муқобили зулмаш сарфурӯд наоред.
Сокинони навоҳии дигари кишвар бояд аз Раштиҳо омӯзанд
Дигар намехоҳем чизе бештар аз он бигӯем,ки худи шумо шоҳиди он ҳастед сокинони дигар вилоятҳо ва навоҳии кишвари азизамон.Шумо шаҳрвандони озод ва комилҳуқуқи кишвари азизи Тоҷикистон ҳастед.Ҳеҷ шахсе ҳақ надорад ҳуқуқи шаҳрвандии шуморо поймол кунад ва ба шумо ончӣ мехоҳаду,мехоҳанд амал кунанд.Шумо ҳеҷ коре накунед,танҳо он ҷиноятҳоеки ҳар ҳокими шумо анҷом медиҳад дар ихтиёри мо қарор диҳед ва натиҷаи онро бо чашми худ бубинед ва осуда зиндагонӣ намоед.Мо медонем ба доди шумо дар кишвар касе намерасад ва ҳарчӣ мехоҳанд мақомот онро анҷом медиҳанд.Пас шумо ҳеҷ коре накунед,ки ба ҷони шумо хатаре эҷод кунад ва шумо мавриди зулму зиндони ин золимон қарор бигиред.Танҳо ончӣ мебинед ва бар шумо кардаанд ва ё бар шаҳрванди дигари ноҳия,вилоят,шаҳр,маҳаллаеки дар он зиндагонӣ мекунед кардаанд,онро дар ихтиёри мо қарор диҳед.Мо онро чунонеки бо Амири Рашт кардем ба он золимеки шуморо озор додааст анҷом медиҳем.Танҳо ҳадафи мо ин рифоҳият ва некуаҳволии шумо шаҳрвандони кишвар аст.Шахсияти шумо ҳаргиз ифшо намегардад ва ҳеҷ касеҳам намефаҳмад,ки шумо ин маълумотро дар ихтиёри мо гузоштаед.Мо бистучор соат дар хидмати шумо ҳастем,танҳо дар иваз, дуъоҳои неки шумо азизонро инизорем.

Оё аз ҳама ҷиноятҳои мақомдорон, роҳбарият огоҳ аст?

Бархе ба ин ақидаанд,ки аз ҳама ҷиноятҳои мақомдорони навоҳи ва вилояту шаҳрҳо роҳбарияти кишвар огоҳии комил надорад.Албатта ба назари ман, ин узри бадттар аз гуноҳ аст. Мақомоти қудратии кишвар аз чӣ гуна намозгузории як шаҳрванд дар масҷид огоҳанду барои ин ишора ё ҳаракат шаҳрвандро муҷозот менамоянд.Чӣ гуна аз ҷиноятҳои мақомдоронии ҳокимияти иҷрояи шаҳрҳо, ноҳияҳо, вилоятҳои кишвар огоҳии комил надоранд? Инҷо бозҳам бармегардем ба ҳамон бемории сироятии “корупсия”,ки дар кишвар патакреша давонидааст.Мақомоти қудратӣ ва амнятӣ огоҳанд вале аз ин мақомдор “доля” мегиранд ва ба ҷиноятҳои кардаи ӯ чашм мепушанд.Чунонеки дар қазияи Лоиқзода Қаноатшо дидем,ки нафари аввали КДАМ шахсан Саймумин Ятимов барои рӯ пӯш намудани ҷиноятҳои ӯ маблағҳои ҳангуфте гирифта, меҳмонхонаи ноҳияро гирифтанд ва дигар чораҷӯие накардаанд ва Лоиқзода солҳо машғули анҷоми ҷиноят буд.Агар чунин намебуд аз ҷиноятҳои Лоиқзода ҳар сокини ноҳия огоҳӣ дорад ва шаҳодат медиҳад,ки ӯ чунин шахс аст.Роҳбарияти кишварро мебояд дар шахсиятҳои мақомоти қудрати ва амниятияш бори дигар диққати ҷиддӣ диҳад. Барои инки дар назди роҳбарият худро ширин кунанд бо нишондодҳои бар дурӯғашон ба чашми шумо хок мепошанд.Дар асл сокинони кишвар дар зери чунин зулму ситам дар кишваре,ки номашро “демократӣ ва озоду намедонам ҳуқуқбунёду ягона” гузоштаед зиндагонӣ доранд.Маҷбуран мардумро ба истиқболи шумо дар ҳавои сард мебароранд, бо куртаҳои остинкутоҳ истиқбол менамоянд.Мехоҳанд бигӯянд,ки шуморо мардуматон дӯст медоранд,дар асл ин як дурӯғи шохдор чизи дигаре нест.Ин як фоҷеъаест,ки метавонад оқибаташ хело вахиму мудҳиш ба поён расад.Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ гуфтаанд.

Роҳбарият ё шоҳзода чӣ коре бояд кунад?

Дар ин ҳолатеки роҳбарияти кишвар қарор дорад шоҳзода ё принци кишвар, эй мебахшед кишвари мо шоҳӣ нестку.Муҳим худаш фаҳмид,киро дар назар дорам,як кумитае ё гурӯҳеро ташкил кунад ва он кумита дар ҳар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар шахсони худро дошта бошанд.Онҳо вазъияти мардумро аз наздик фаҳмида ба ҷаноби шоҳзодаи кишвар гузориш диҳанд.Дар ин ҳолат метавон ба вазъи мардум комилан ошно гашт ва мардумро аз чунин зулму ситам раҳонид.Аслан ба ҳеҷ ваҷҳе эътимод ба ин мақомоти амниятиеки ҳоло доред, дар қиболи мардуми кишвар накунед.Агар ин корро накунед,мунтазири воқеъаҳое бошед,ки дар дигар кишварҳо шуда гузашт ва ҳатто шуда истодааст масалан Судон ва Алҷазойр,ки дақиқан ҳолати сангин шуморо доранд.Дар он ҳолат ин масалаи дохили қаламдод шуда ба доди шумо ҳеҷ СНГ ва ОДКБ ва Чину Мочине дахолат ва расидагӣ намекунад ва бо шумо бай-бай мекунанд.Як мисоли дигар,то хубтар фаҳмед,ончӣ дар Қазоқистон гузашта истодааст,ки онҳам истеъфои роҳбарият ё падари миллаташонро талаб доранд,оё Тоҷикистон метавонад дар умури ин давлат дахолат кунад?Шумо дар асл бояд равед вақти рафтанатон кайҳо гузашта аст,ман инро барои он мегӯям,ки миллат дигар аз ин бештар ранҷ накашад ва ин миллати афгору хаставу парокандаро аз ин бештар ҷафо накунед.Барои мухолифони сиёсӣ ин ҳолате шумо овардаед ба шаҳрвандон аз нигоҳе хуб аст,ки тезтар сабабгори сарнагуниятон мешавад ва ҷони ҳама халос мешавад. Аммо ман ҳамчун як миллат дӯст ва ватан дӯст ин машваратҳоро медиҳам,то як рӯзҳам бошад миллатам азият ва озор набинад ҷаноби шоҳзода.

Оё Лоиқзода Қаноатшо бозҳам ба мақоми дигари роҳбарӣ кунанда таъин мегардад?

Агар бар замми ин ҳама ҷиноятҳоеки ин шахс анҷом додааст ва роҳбарияти кишвар ба ӯ мақомеро диҳанд.Пас ин дигар ҳукумат набуда,як мафяи ҳоким бар мардум аст.Дар ин ҳолат мо маҷбур мешавем досияи ҷиноятҳои ин мақомдори ҷинояткорро ба дигар созмонҳо тарҷума ва тақдим намоем.Бо он ҷиноятҳоеки ин шахс мутаҳам аст ва онҳо ҳамаашон бо далел тақдим гаштаанд,тибқи қонуни ҷазои кишвар ҳукми ӯ на камтар аз 29 сол ва ё ҳукми абад муқаррар намуда аст.Мунтазири фармони № 69 ё 803- ӣ, дигар мемонем,то бубинем оё он фармон барои Лоиқзода Қаноатшо содир мегардад ва ё ӯро дар курсии ҷинояткорони махсусан хавфнок дар “додгоҳи одилона”ӣ кишвар мебинем.Ё инки ба хориҷи кишвар фирор мекунад,то зиндонӣ нагардад.Ин чархи фалак аст аз Амирӣ ба гадоиҳам расидаанд.

Тибқи маълумоти имрӯза аз Рашт: Лоиқзода дар толор пас аз сабукдуш шуданаш ё судури фармони азл, аз мардум бахшишҳам пурсидааст.Бо кадом виҷдонаш ин корро кардааст пас аз ин ҳама зулму ситам ва бедодгариҳо? Оё фикр дошта бошад,ки ин мардум ӯро пас аз инҳама мебахшанд? Инро аз мардум дар додгоҳи одилона  бояд пурсид,на дар минбари ҳукме қарор дошта!

Тадқиқоти Ислоҳ нисбати “Досияҳои сиёҳи” мақомдорони кишвар дар ҳама сатҳҳо идома дорад.Мунтазири номаҳои шумо шаҳрвандони кишвари азизамон ҳастем.
Ба умеди барчидани решаи зулму ситам аз кишвари Тоҷикистони азизу зебоямон.
Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts