«Ҳар рӯз як нақшае кашида вориди ин бозор мешаванд. Аввал мехостанд ҳама колои моро баранд, вале камераашон кардему даст кашиданду протоколашонро гирифта рафтанд.
Агар зарурат пеш ояд ҳама наворҳоро ба “Ислоҳ” мефиристам. Вале имрӯз омада ҳама дуконҳоро сурат гирифта, пулису амниятиҳои зиёд раста ба раста гашта, тоҷиронро 2 руз муҳлат доданд. Агар муҳлат ба сар расид ҳамагӣ,чи ҷойнамозҳо чи колои арабинавиштаро забту мусодира мекардаанд.
Дар растаи мо умуман нагаштаанд. Чекчин гуфта, ки ин бародар бору колои арабӣ надорад. Вале дар дигар растаҳо даста-даста мақомдорон гаштаву муҳлат додаанд. Ба ман бошад чизе нагуфтаанд.
Девона шудаанд. Бадашон меояд аз ислоҳот. Одат ба беқонунӣ кардаанд.
Аз қонуну адолат бадашон меояд».
Баъд аз ворид кардани тағйирот ба қонуни танзим дар парлумон дар авоили моҳи май як маъракаи фарогир бар алайҳи тамоми унсур ва нишонаҳои исломӣ аз тарафи мақомоти Раҳмонов ба роҳ монда шудааст. Ҳоло сатру ҳиҷоб ба канор муқобили молу колои бо ҳуруфи арабӣ муборизаро шуруъ кардаанд. Намунаи чунин турктозӣ бар муқобили хати Қуръону дабираи форсӣ дар бозори Корвон-бузургтарин фурушгоҳи Тоҷикистон дар ин матлаб мунъакис шудааст.
Аҷинабозор доштем, Янгибозор доштем, молбозору мошинбозор ҳам, вале акнун дар ин танҳо давлати чисто- демократӣ соҳиби девонабозор ҳам шудем.
Муборакамон бошад!
Имрӯз кормандони мақомоти марказӣ вориди растаҳои бозори Корвон+ шуда, дар даст қарори нонавишта, ба тоҷирони бозор, ки рӯи колоҳояшон бо форсӣ ё арабӣ ҳарфе нигошта шуда бошад, супориши акид доданд, ки ҳарчӣ бо ин дабираҳо доред, ҷамъу гир кунеду дигар нафурӯшед. Вале касе надонист, ки сабаб чист? Ин қарор тибқи талаботи кадомин қонунгузории Тоҷикистон иттихоз шуд? Аз ҷонибӣ кӣ? Муаллифи ин шоҳкории музҳик кӣ аст?!
Гумон мекунам, оҳиста-оҳиста, чун замони Иван Грозний барои свежий воздух ҳам “налог” хоҳем супорид.
Истеҳсолот қонунҳои бозории худро дорад: Хитой барои кулли ҷаҳон содирот мекунад вале барояш аҳамият надорад, ки забони кадомин миллат “исломӣ“, “тарсоӣ”, “ҷуҳудӣ”, “террористӣ” ё кудомин категория аст, муқаддасзабон аст ё ифлоси вай-вай. Ҳадафи Чин тиҷорати мол, тараққиёти иқтисодиёт, некӯаҳволии мардумонаш ва сайтараи иқтисодии фаромиллию минтақавист. Аз ин рӯ, бо тамоми забонҳои дунё истеҳсолот ба роҳ мондаву молу коло тавлид ва содирот мекунад. Агар барои Аврупо импорт дошта бошад, ба забони так-таки онҳо менигорад; инглисӣ, олмонӣ, лаҳистонӣ, русӣ, фаронсавӣ… ва агар барои давлатҳои арабзабон бошад бо забони арабӣ, бо забони ин миллати бешумор менигорад; бо ъайну ғайну қофу лом ва агар барои Эрон истеҳсолоте дошта бошад, аз паси қоф гоф, аз паси ҷим чим, аз паси зе жеро ҳам илова мекунад, мешавад порсӣ.
Эй девонаақлбохтагон, агар барои шумо забони арабӣ забони “ғажду ҷазир” аст, бас кунед бо ин забон сафораткушоию алоқаҳои дипломатиро. Нагиред долларҳои садақаи арабиро. Аммо, ин забон пеш аз инки забони “исломӣ” шавад, забони миллатест, ки ҳаддиақал таърихи 1400 -солаи рӯшан дорад. Бо ин хат арабҳои тарсоию ҷуҳуд ҳам менигоранд. Чунки ин забони исломӣ не,балки арабҳост!
Чаро?
Чаро бо ҳама мо душман шудаем? Чаро ба навбат аз наздиктарин ҳамсояамон- Узбакистон душмантароширо сар кардему ба қирғиз часпидему имрӯз домани алифбои арабиро доштаем! Оғоён, вақте аз хати арабӣ бадатон меояд, ок, тайиб, аҳлан ва саҳлан!
Биёед, мард шаведу тамоми колоҳои арабинигоштаро, ки ҳатто худи арабҳо на, балки Тойланду Чину Индонезию Ҳинду Покистону Эрону Молезӣ истеҳсол кардаву барои фурӯш ба давлатҳои Халиҷи Форс- ба ин бозори байналмилалӣ мефиристанд, дар маҳдудаи Тоҷикистон заводу минизаводу корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ кушода, сармояҳои миллионии дар оффшорҳо гузоштаатонро чун Шаҳбоз Раҷабзода, “баргардонида”, ба кор оғоз карда,”ре-истеҳсолот” кунед! Яъне алтернативаи онро пешкаши миллат кунед!
Ва бо ҳамон нархҳои колои ворида, аниқтараш аз он ҳам арзонтар пешкаши истеъмолгарони ватанамон кунед, ҳам сармояҳои ин миллат дигар ба Чину Мочин намеравад, ҳам иқтисоду истеҳсолот тарақӣ мекунаду ҳам мо ҳам назди дигар миллатҳо “саги тайёрхӯр” боқӣ намемонем!
Ана, идея!
Ҷанобон, шумо вақте дар пушти дарҳои бастаи кабинетҳову толорҳои аз пули ин миллату будҷеташ сохташуда мешинеду бо мағзҳои мактабнахондаву ҷаҳоннадидаву маҳдуди мурғиятон “фикр” карда, “қарор”-и таъҷилӣ мебароред, як бор фикр намекунед, давлате, ки худ хас истеҳсол намекунаду тоҷиронашро ҳам дасту поча мебандад, талаботи шаҳрвандонашро аз кудомин роҳ қонеъ мекунад?!
Ба куҷоятон фикр мекунед?
Шумо-ку 33 сол аст дам аз хидмати миллату мардуми шарифи Тоҷикистони Шариф мезанед, ҳамин сариоббандиятон хидмати хирсона, ё ,шояд хидмати харона бошад?
Охир ба солҳои 1992-97 замоне пеши роҳи ақлу хираду донишу шеъру ҳунарро баста будеду Бозор Собир ба дод омаду гуфт:
Марзҳои ин Ватан чун мурда кафанбанд аст.
То кай ин вазъият дар ин ватани “биҳишти рӯи замин” идома хоҳад кард?
То кай ҳама зуҳуроту равандҳову иқтисоду истеҳсолоту зиндагии ин мардумро “кафанбанду манаҳбанд” мекунед?
То кай ба ҷои салла каллаҳоро хоҳед гирифт?
То кай ба баҳонаи дину дабира бедод мекунед? Як бори дигар, эй ҷамоаи аз роҳи одамият бадурмонда, биёед ин модда аз Сарқонуни Тоҷикистонро бароятон бихонам:
Боби 2, моддаи 26
“Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд”.
Чӣ фаҳмидед?
Инҷо баҳси колоест, ки рӯи онҳо бо хати арабӣ тарзи истифода ва дигар маълумотҳои лозима дода шуда аст. Дар ҳеҷ колое, ки аз Чину Мочин вориди Тоҷикистон мешаваду бо 2-3 забон “инструксия” забт гашта аст, ояти каломи шариф ё аҳодиси набавӣ ё роҳнамоию таблиғот нигошта намешавад. Тиҷоратро ба дин пайванд надиҳед! Ҳамон гуна, ки дар сарқонун “Дин аз давлат ҷудо” аст, ҳамчунин дар тиҷорат ҳам “дин аз тиҷорт” ҷудост!
Дар бозори Корвон на типографияи арабихат асту на заводҳои итеҳсолӣ, ки пеши раҳи “интишори ин дабира”-ро бигиред! Шумо, замоне бо китобу таълимоти динию балову батар мушкил доштаед, имрӯз бо шампуну собуну атру равғани зайтуну сиёҳдона мушкил пайдо кардаед? Зайтун ба тоҷикӣ чӣ мешавад? Зайтун исломист? Бо ин вожа, ки дар бештарин забонҳои шарқӣ ҳамин гуна навишта мешавад, чӣ дард доред? Ё бо зайтун, ки дар Қуръон зикр шуда, ҷанг эълон кардаед? Эй мардум, эй мақомдорони саҳроӣ! Ҳамон суханону додаҳое, ки дар ин маҷмуаи чиниколоҳои ворида бо забони чиноӣ, русӣ, инглисӣ ва баъзан арабию форсӣ нигошта мешавад, суханони одиест, ки ҳатто аз мазмуни онҳо ягон тоҷику узбаке огоҳ нест. Чун ин мардумро то ба ҳадде умумию зомбию дарсгурезу бо пул баҳохар кардаед, ки ҳавсала ва қудрати хондани на порсиро дораду на,тем более, арабияшро!
Пас баҳона чист?
Роҳҳал куҷост?
Проблема чист?
Ҳамон инструксияе, ки чиноиҳо бо чинию англисӣ набиштаанд, бо арабию форсӣ ҳам онро тарҷума карда, барчасп задаанд, ки мабодо арабзане, эронидухте, агар зарураташ бошад, аз маълумотҳо огоҳ бошаду тарзи истифодаи колои чиноиро донад! Ин ҳама ҷарру баҳси девонавор рӯи хатҳои ниёгону арабӣ, ки худ араби реконструксия шудаи хати аҷдодии мост, баҳри чист? Ба тоҷирони бе ин ҳам бесавдомондаи бозори Корвон+ чӣ мушкил доред, ки ба ҷои дастгирӣ хафгирашон кардаед? Барои ононе, ки колое мефурӯшанду тоҷирони чиноӣ- дӯстони стратегиятон, рӯи колоҳояшон бо дабираи форсию арабӣ ҷумлаҳакҳое нигоштаанд, муҳлат медиҳед, ки 2 рӯз ба шумо муҳлат, тамоми колоҳои “исломӣ”-ятонро бардореду ба куҷое хоҳед гӯру гум кунед. Оре, аз шумо дабираситезтар дар олами ҳастӣ ва ҷомеаи башарии хирадманди кунунӣ, ёфт наметавон кард! Чаро?- чунки: ҷуҳудон пас аз ҳазорҳо сол саргардонӣ, вақте гардиши рӯзгор барояшон фурсати давлатсозию давлатдориро дод, аввалин коре, ки Теодор Ҳертселу саҳюнистҳо карданд, ин зиндасозии дабираи ибрӣ буд. Ҳатто ин забони замоне мурдаро он қадар маблағгузорӣ кардаву рушд доданд, ки ҳар як яҳудӣ озодона бидуни лакнату “вай-вай”-у “чиз-чӣ” бо ин забони модарии хеш буррову бехато суҳбат мекунад.
Мо чӣ? Мо бо дабираи аҷдодиямон, ки бо доштани ин қадар шоиру адибу олими порсинигор мефахрем, дар айни ҳол чун бузинагони аз ҷангал омадаи беҳувияту бедабира худрову миллату давлатамонро муаррифӣ карда, ҳатто бо чиноиҳову тойландиҳо, ки барои манофеъи иқтисодӣ бо дабираи порсии мо рӯи колоҳояшон менигоранду тавзеъи ҷаҳон мекунанд, ҷанг эълон кардаем! Аз ин дида ҳамоқати дигар мешавад? Аз ин дида бехирадӣ куҷо дидаед! Масали инҳо масали ҷуҳуди ҷулҳундипӯши девонаи беҳувиятеро мемонад, ки дабираашро душманонаш бо сарнайза аз кор барандозанду вақте, чиноиҳо барои ҷуҳудон колое истеҳсолу экспорт кунанд, яҳудии мисолии мо омада бигӯяд: эй, тоҷирон, эй ҷуҳудҳо, нафурӯшед ин колоҳои чиноиро!
-Чаро? Чунки дар руи ин колоҳо бо хати ниёгони шумо баъзе маълумотҳо дарҷ гашта аст!
Ҳеч чунин ҷуҳуде дар рӯи ин курраи хокӣ ба ин бехирадиро нахоҳед ёфт.
Вале, дар пойтахти Тоҷикистон дар маҳди дабираи порсӣ, дар байни ориёдабирагону ориёпарастон ҳар чиро, ки ба дабираи аҷдодӣ рабт дошта бошад, ҳатто аз фурӯш манъу боз медоранд! Чуноне гуфтам, танҳо бехирадону аблаҳтарин мардумон бо дабирагони дигар миллатҳо писханду пузханд мезананд. Ё бо дабирае, ҳар дабирае бошад “душманӣ” доранд!
Дабираи ҳар миллат ин як рукни маданиятнокии он миллат маҳсуб мешавад.
Ори абадӣ рӯи он миллатҳое нақш баста аст, ки дар дарозои торихи мавҷудияти хеш, асло дабира надоштаанд. Яъне миллатҳои ақабмондаанд ва аҳли китоб набудаанд!
Айб аст! Мо- тоҷиконро “бузина” ва дар байни миллатҳои беториху бекитобу бепаёмбар муаррифӣ накунед!
Хати порсӣ ва арабӣ- писари ӯ аз хати ҳазрати Кирили хоҷаатон ҳеч камбуде надорад.
Агар рӯи колои арабию чиноию тойландӣ бо хати русӣ,чинӣ, инглисӣ ҳам нигоранд он коло “исломӣ” намешавад, бо хати порсӣ ҳам нигоранд он коло “ватанӣ” намешавад!
Агар мехоҳед чеҳраи “хунук”-и алифбои ниёгону арабиро набинед, дар Тоҷикистон истеҳсолот, чуноне зикр кардам,ба роҳ мондаву бо хати бобои Кирилатон ҳарчӣ мехоҳед нависед!
Бо хати ҳамин Кирил ҳам тоҷикон,дар аҳди шӯравӣ тавониста буданд,ки ҳазору як чизҳои нағзу бозоргир истеҳсол кунанд! Вале имрӯз, боз ҳам, бо доштани ҳамин хат, сӯзану сари нахе ҳам истеҳсол кардан наметавонем!
Хат омили асосии тараққиёту ақабрафт нест! Чунки масали шумо масали муллоҳои ҷоҳили Бухороро мемонад, ки замоне лампаи Иличӣ, таззориро “ҳаром” ҳукм карда буданду аз керосину маҳсию галоши русӣ истифода намекардаанд, ки моли “кофирон” асту дар таркибаш “руғани хук” дорад!
Умедворам, аз ин 2 гузина якеро бармегузинед:
А) Ё истеҳсолоти ватании фарогир, чун Ӯзбакистону Қирғизистон ба роҳ монда, сармояҳои миллиро дар дохили кишвар ба гардиш меоред.
Б) Ё чун 32 соли гузашта, ба тоҷирон иҷозат медиҳед, ки ҳарчӣ колои хуби чиноию арабию молезию туркию ӯзбакию қирғизию ҷопонию ҳиндуиро ворид мекунанду миллати тоҷикро бо колои зарурӣ таъмин мекунанд! Агар колои арабию порсидабираӣ мушкил дорад, албатта колои чиноинигоштаву русихату инглисинабишта ҳам ба ҳамон дараҷа “мамнуъ”-анд! Чунки инҳо “дабираҳои ба миллати мо бегона” маҳсуб мешавад. Ва, биҷӯеду бигӯед, оне,ки ин қарорро баровард, шаб маст буд ё ҳушёр?
Чунки ин корҳо ба “сиёсати хирадмандона”-и мабнӣ ба дастгирии тиҷорати тоҷирони хурду миёна, ҳамхонӣ надорад!
Даст аз дабираҳо бардоред. Даст ба кори истеҳсолот ва дастгирию пӯштибонии он занед.