Раҳмонов бо ҷангу хунрезӣ, мехоҳад худро сулҳовару ҳомиву муҳофиз ҷилва диҳад

Ислоҳ нет

Хонаводаҳои шаҳидон ва миллат,то имрӯз интизори таъзияи Раҳмонов нестанд ва набуданд

Нашри ному насаби шаҳидони ҷанги Тоҷикистон ва Қирғизистон  бори дигар гувоҳ аст ки Исфара ва Воруху Чоркӯҳу Хоҷаи аълои он дар ин шабурӯзҳо бо мусибат ва фоҷиаи гӯшношунид даступанҷа нарм мекунанд. Ин мардуми Воруху Чоркӯҳ аст ки ҳам мушкили зист дар паҳлуи ҳамсояи дар каминро дорад ва ҳам мушкили зери истибдоди як тоғути алайҳи дину оин ба сар бурдан ва таҳаммул карданро.

Ҳадди ақал дар 7 манзили сокинони Чоркӯҳ имрӯзҳо азову мотам аст. Онҳо дар ин ҷанги эълоннашуда наздикони худро аз даст доданд ва ҳоло дар ғаму мусибат нишастаанд. Аммо як ҳамсоя ва ё як нафар хешу табор ҳақ надорад, ки шоми талхи рамазонии онҳоро бо ҳузури худ сабуктар кунад. Зеро Раҳмонов ва масъулини ҳукумати вай баргузории ифтор дар ин моҳи муборакро мамнуъ эълон карданд. Кореро, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ифтор додани рӯзадореро  баробари аҷру савоби рӯзаи он рӯзадоре,ки ба ӯ суфраи ифтор ва ё як ҷуръаи обе додаи  донистааст, Раҳмонов онро манъ кард ва намехоҳад касе савоб гирад. Ҳамакнун ин мусибатзадаҳои чоркӯҳӣ худ дар даруни худ ва сӯхта истодаанд, сӯхта истодаанд,ки дар ин мусибат ҳақу ҳамсоя ҳақи даромадан аз дарашро,ҳисса кардани дардашро надорад.

Қабл аз ин ҳодиса, дар соли гузаштаву перор ҳам исфарагиҳо, аз Хоҷаи аълову Чоркӯҳу Ворух дар муноқиша ва даргириҳо бо ҳамсояҳои қирғизи худ ҷоми шаҳодат нӯшида буданд ва ҳамон солҳо ҳам амнияти С.С. Ятимов  мегуфт,ки ҳамтоҳои қирғизи онҳо дар либоси мулкӣ  аз снайперу дигар силоҳҳо истифода карданд ва имсол ҳам ҳамин гапро гуфтанд, аммо худашон чи коре карданд,чи вокуниш нишон доданд, номаълум аст. Вале не Ятимов дар он солҳову ҳоло ва не худи Эмомалӣ Раҳмонов ба хонаводаҳои шаҳиддодаи Исфара арзи таслият накарданд, таъзия нагуфтанд.

Дар  ин майдони ҳарбу зарб, дар ин майдони нангу номус Исмоили набераи Раҳмонов набуд, писараш Сомонӣ ҳам ҳузур надошт.  Генерал Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва одами дуввуми Тоҷикистон пеши мардуми Исфара наомад. Барои ҷанг не, барои дилпурсӣ, барои онки биояду бигӯяд,  ки таъзияи хонаводаи моро ман, падарам,хоҳарам,язнаҳои бешуморам,тағоҳоям,ва Авестогруппамро қабул фармоед, ки нагузоштед, душман хоки ватанро тасарруф кунад.

Дар ҷанги Қарабоғи Куҳӣ писари Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва писари Никол Пашинян, сарвазири вақти Арманистон ширкат карданд.

Ба фарқ аз хонаводаҳои Чоркӯҳ  дар хонаи Раҳмонов касе намегиряд. Дар хонаи Раҳмонов аз он изҳори ҳасрат ва таассуф мекунанд, ки масири молу колои қочоқиашон, масири тиҷорати маводди мухаддирашон баста шуд. Шамсулло Соҳиби бе соҳиб аз он дар ғусса аст ки дигар  наметавонад аз қирғиз бензину соляркаву газ оварад. Ғами инҳо ҳамин аст. Аммо ғам- ғаму дарду алами падару модари чоркуҳӣ  ва ворухӣ аст.

То ҳамин имрӯз шунидед, ки ба аҳли хонаводаи шаҳиддодаи Исфара Раҳмонов таъзия баён карда бошад ва ё як қобча орд кумак расонидааст?

Раиси ҷумҳури қирғиз, раиси КДАМаш  хона ба хона гашта истодааст таъзия мегӯяд, дилдорӣ медиҳад, фотиҳа мехонад. Барои ҳама сокинони осебдидаи ин муноқиша ҳама ончи аз додаашонро кард.Ҳама вазоратхона ва муассисаҳои давлатӣ як моҳа маошашонро ба ин хонаводаҳо хайрот намуданд. Пушти мардумашро холӣ намекунад,нишон медиҳад,ки ҳукумат дар пушташон аст.

Феҳристи кушташудаҳоро, ки нашр шуд, дидед. Аз ҳама бештар мардуми Исфара кушта шуд ва кушта мешавад. Мусибат болои мусибат. Дар инҷо ягон нафари наздики СС.Ятимов ва ё Раҳмонов кушта нашудааст.

Нуралии сиёҳ (Муродов) -сардори собиқи КДАМ-и Рашт (ҷияни Ятимов)инҷо оварда намешавад. Вай бояд фақат пул кор кунад ва дигарандешу оппозитсионро шикор намояд.

Инҷо боз Шоҳ Искандаров, сардори милисаи Бӯстонро дар раъси як дастаи таъиноти махсус меоваранд. Барои онки Шоҳ Искандар дар гузашта муҷоҳид ва қумандони артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Фахриддин Сафаров, сардори милисаи пешини Шаҳринавро намеоваранд,чунки вай  касе нест,ӯ ва номи ӯ чизеро ифода намекунад,аз тарафи дигар вай  ҷияни Раҳмонов аст, мабодое кушта шавад ҳам бигзор Шоҳ Искандар кушта шавад.

Шамсулло Маҳмудов, сардори милисаи Панҷ ҳам дар гузашта сардори милисаи Исфара буд, ӯро ҳам наоварданд ба марз, чунки аз вай ягон қирғиз ибо намекунад.

Вале ҳоло ба мардуми мулкӣ, ба одамони одии Масчоҳу Кулобу Ванҷ  силоҳ додаву Исфара роҳӣ карда истодаанд. Аз навоҳии кишвар ҷамъ овардани аз 7 то 70 сола ва фиристодани онҳо ба Ворух ба хотири чӣ аст? Чаро Раҳмонов дар дасти онҳо силоҳ дода истодааст?  Магар мо дар пеш ҷанг дорем? Ҳоло агар дар пеш  ҷанг аст артиш ва бақия воҳидҳои низомӣ чаро  Исфара эъзом нашавад? Аз Ванҷу Кӯлобу Масчоҳ  ва ё дигару дигарҷоҳо овардани мардум ба Исфара бо чӣ ҳадаф аст? Ҳоло ин мардум мурдаро монаду «меҳмондорӣ» кунад, ин ҷавонони ғаюрро? Ҷавонони ғаюри Нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик куҷоанд? Ҳамонҳое, ки «облава» шуда артиш рафтаанд? Воҳидҳои таъиноти махсусатон ку? Алфаву ОМОН ку? Бадахшон рафта мардумро қир карда буданд, ҳоло дар куҷоянд? Хуршеди сабзӣ куҷост?  Шумо мардуми тоҷикро барои ҷанг муқобили қирғизҳо омода карда истодаед ва ё нияти сулҳу оштӣ доред? Нафири омм-мобилизатсия барои чӣ аст?

Пеши мо аз тамоми шаҳри Русия хабарҳо расида буд, ки ба тамоми сокинони Исфара ва бахусус тоҷирони онҳо «доля» баста будед, барои гӯиё кушодани роҳи Ворух. Онҳоро маҷбур кардед,ки 100.000у 300.000 ва аз ин бештар пул диҳанд, вагарна наҳзативу салафиву террорист мезанеду мебареду мешинонед. Фикр мекунед, ки мардум намедонад, ки чаро Воруху Чоркуҳ дар як рӯз нақшаи «облава»-ро иҷро мекунад? Чун шумо онҷо мардумро террор карда истодаед.

Чаро сардори милисаи Исфара,  сардори амнияти Исфара прокурори Исфара аз худи Исфара нест? Чунки Раҳмонов ва ҳукумат бо ин мардум муомила ва муносибати тамоман дигар дорад. Вай аз ин мардум нафрат дорад. Чунки чоркӯҳиву ворухиву дигар деҳоти Исфара ба фарқ аз Раҳмонову Ятимов масҷид меравад, намоз мегузоранд, рӯза медорад. Сабаби ба ин роҳатӣ дастури  ҷанг додани СС. Ятимов ҳам ҳамин аст, ки ин мардум бештар дар мусибат бишинад.

Сабаби аз ҳисоби исфарагиҳо пур кардани нақшаи хидмати сарбозӣ дар марзи Исфара ҳам ҳамин аст ки бигзор худи ҳамин мардум хокашро муҳофизат кунад  ва агар лозим шуд ҷон бидиҳад. Ман барои ин гуфтаҳои худ исбот дорам.Ва далели ман ҳарфи хушк нест, ки чи тавр имрӯзҳо ин мардумро ошкоро ба ҷанг даъват ва омода карда истодаанд Бубинед,ки ин мақомдор ба мардум чӣ мегӯяд:

«Ҳозир вахтинча ҳамааш ҷим шудагӣ. Мо то гулистониҳом рафта омадем, рафта эълон кардем ки, Навгилеманда то 500-600 одам тайёр. Барои хеста рафта муҳофизат кардани хоҳаромо, фарзандои худомо. Имрӯз  армияи мо  бақувват,бо мабодо ҳар хел гапу корҳо шавад, қирғиз бақувват будаст,  қирғизба ин ёрдам мекардаст, ин гапҳо дурӯғ ҳамаш. Агар ёрдам мекард, то ана ҳаминҷая ҳамаш зер карда меомад. Ягонташ гузашта натавонист. Ҳамаша зада гардондагӣ. Шунавидабошетон военний частошона зада лахт-лахт карда алоб сар додагӣ. Мо имрӯз пурқувват. Мо наметарсем. Қарори  мо ҳамин. Пускай а мо тарсад. Барои ана ҳамин вахтеки вайҳо ҷим шуданд, чихеле,ки урусо мугӯд если враг молчит он чем та готовитца. Мо ин шабу рӯзҳо ҳушёриву зиракиро аз даст доданамон даркор не. Ҳамсояамон авозашро буровард ми, тохта хеста  халқа гаштанамон даркор. Барои онки салдато ниспашон Чоркуҳдаянд. ниспошон Ворухбаянд, ин тараф Гулистонба буданд.Мо ба умеди вайҳо шуда шиштанамон даркор не.  Мо ҳамамон мардакои ору номусдор, гурди мардигариҳомон ҳай. Ҳамин шабурӯзҳо як, ду шаб хоб наравем ҳиҷ гап не. Мо то диная шуморо безобита накарем. Мо худомон ҳаминҷанда шишта буромадем. Барои онки ,барои шумоя муҳофизат кардан. Имрӯз дастамон калтагӣ кард, барои ҳамин эълон кардем,ки халқи моям бурону хезан биён гуфта. Камандаи мо гирифтагӣ, боли сари мада акаи абдуҷалол буданд командаи омодабошии ҳолати ҷангӣ. Мо аллакай омода. Ана ҳамин  гувоҳи онро медиҳад, ки мо аллакай омода будем. Мо наметарсем. Пускай уно тарсанд. Барои ҳамин мо ҳамамон зиракиву ҳушёриро аз даст доданамон даркор не. Баъзе иғвочиҳо ягон гап гӯд бовар намекунем. Мо худамон тайёр,бо роҳбарии ман. Ма худам пешба меистам,мардум аз қафои ман шумаҳон.Любой ҷо ба гӯд хеста меравем.Оружия лозим шавад, телфон дасти мананда. Ман аз дастам телефона  ягонҷоба намемонам, команда мекунем  як дамба, ҳамаш ҳаст. Ягона хоки мо ана ҳамин болои каналанда, имрӯз вертолётҳо омада шиштагӣ, армия ҳам омадагӣ. Ба умеди вайҳо шуда почака дароз карда  хоб рафтанамон даркор не. Ҳама вақт омода буданамон даркор. Акун қирғиз,қирғиз ми, ки набошад вай душман, душманиша нишон дод. Мо вайҳоба даҳ карат нишон доданамон даркор. Ҳамин сарҷамъии мо ду роҳ- военний атакаю психологически атака ҳай. Агар мо сарҷамъ шуда истем, анаҳаминҷанда чандта мошин гузашта бошад, мебинед унора агент инҷаба 1001у агент ҳай, дида гузашта мебуравад, якдамба шарикошба хабар метиян. Ҷамоати Навгилемба 500та халқ ҷамъ шуд барои ҷамъомадан. Ин аллакай атакаи мо ана ҳамин худаш. Мо вая психологически уже атака кардосем, ки мо тайёр, военнийҳоро поида нашиштем. Мо тайёр, омодабош. Навгилемиҳои моба ҳазор раҳмат.Ҳамин рӯз нишон дод,ки гирди раиси ҷамоатанда ҳама сарҷамъ буданд, ҳама тайёр буданд барои  омодабошии ҷанг. Ҳамин рӯз се группа,чор группа одамо омада чизе хизмат кунем ,куҷоба равем гуфтанд, ки ин худаш як қуввати дил барои раиси ҷамоат. Ман тайёр, баробари ман ҷамоати мо аҳли деҳа, а Офтобрӯ омаданд ,аз Гумбазӣ омаданд Шӯртанг, Қӯшдевол,  инҷанда Абдумуталиби ҳоҷӣ 15то бачаи ман куҷоба равад тайёр мо гуфтанд. Як савор шуда то Чоркуҳ рафта омаданд. Обрӯи Навгилеми моро бардоштан даркор. Мо ягонтои вайҳоро давай,ҷур ҷангба гуфтгимо не. Хутошон хестанд. Ана ҳамин шумоҳо ҳам худотон хеста омадетон.Ҳамаатонба раҳмат. Ман миннатдор аз шумо. Ин омодабошии моро нишон дод. Ин хабари мо аллакай то раиси шаҳра,то военкомати шаҳра рафта расидагӣ, ки Навгилем ҳамеша тайёр».

Ончи то инҷо навиштаам,нақли қавл аз як мақомдори Навгилемӣ буд.

Шояд боваратон нашавад. Аммо ин ҷанге, ки доир шуд барои худи Раҳмонов даркор буд. Ин нақшаи тарҳрезишуда барои он буд, ки Раҳмоновро лидер ҷилва диҳанд. Ҳомии ватан бихонанд, ва гӯянд, ки миллат даври ӯ бояд ҷамъ шавад. Ҳамин, ки аз саросари кишвар овардаву дар дастҳояшон автомат дода истодаанду аксу навор мекунанд, ин дурусту дақиқ ба хотири он аст ки Раҳмонов обрӯи хоки сиёҳашро аз нав барқарор кунад. Ин ҳамон солҳои шиору плакатҳо дар даст барои Роғун гуфтанҳоро ба хотир меоварад,ки Раҳмонов халқро фиребида пулашонро гирифт.

Пурсиш ин аст ки чаро бояд халқро дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор дод? Чаро Раҳмонов халқи бечораро барои худ сипар карданӣ аст ва чаро зери домани мардум пинҳон шуданист? Магар қудрати артиш кофӣ нест? Агар ҳоло Раҳмонов халқро мусаллаҳ мекунад, ҷониби дигар сокит мемонад ва тамошобин мешавад? Раҳмонов хеле номардона аз ин мусибат баҳракашӣ ва судҷӯӣ карда истодааст, Ҳол бо ҷони ҷавонҳо, бо ҷони мардум бозӣ дорад.  Магар Раҳмонов бо онки ҳолати омодабош эълон кардааст, Қирғизистонро ҳадаф қарор додааст? Оқибат чи хоҳад шуд?

На худи Раҳмонов,на Рустами писарашу Авасто группаш,на Озодаву IRS-и пулчинакаш, на домодҳои бешумори мултимиллиардераш:-Маҳмадзоир, ки Зумрати Исфараро соҳиб шудааст,Шамсулло,ки кони Шӯроби Исфараро гирифтааст,Ҷамолиддин Нуралиев,ки соҳиби Спитаменбонк аст,Ҳасан Асадуллозода,ки корхонаи тавлиди спирт ва корхонаи кимиёвии Низомхон Ҷӯраеви исфарагиро гирифтаву худашро овораву гуреза кардааст ва на дигару дигарҳояш,ки номи ҳамаашро инҷо тазаккур додан имкон надорад,як қирон,1 сент,як дирам барои ин мардуми мусибатзада кумак накарданд.Изҳори ҳамдардӣ накарданду намекунанд.Раҳмонов инҷо думболи манфиати худ ва хонаводаи худ аст.

Ҳамаи ин нафири ом-мобилизатсияи эълоннашуда як бозие,як найранг ва як ҳиллаи сиёсие беш нест. Ин роҳу шеваи сиёсат ва ин роҳу усули давлатдории Раҳмонов аст,ки ҷангу хунрезӣ бояд бошад ва худро сулҳовару ҳомиву муҳофиз ҷилва диҳед.

Сайфулло Сафар,ин пирбузи дар ҳасрати пенсияи хуб навиштааст,ки «миллат сарҷамъ мешавад».30 сол аст ки миллатро « сарҷамъ» мекунед. Садояш аз Ханти мантиву аз Якутияву Чукоткаву Чита аз Полшаву Ҳуланду Утриш аз Олмону Фаронса меояд. Шумо миллатро тохта ва муҳоҷиру паноҳандаву дарбадари садҳо мулк кардаед,куҷо сарҷамъ карда  истодаед. Вагарна ба дасти як ҷавони мулкии кулобӣ ва ё ванҷи додани автомат калашников чи маъно дорад?

Исфара ором нест. Раҳмонов нооромиро барои бақои қудрати худ истифода карда истодааст. Вале оқибат чи хоҳад шуд? Ворухро мефурӯшад?Бадахшонро фурӯхт,мижааш таҳ нахурд….

 

Бубинед,ки вақте ба Раҳмонов зӯр меояд ҳатто ба масҷид,ки рӯи хуш надорад рӯ меоварад.Намозгузоронро хостанд,ки дар ҳаққи Исфара дуо кунанд.

Аммо бубинед,ки раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба хотири қурбониёни низоъи марз Рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Тафовути як роҳабри мардуми ва як диктотури тоғут дар инҷо ҳам рушан шуд…

Ps: Дар охир хитоб ба Алибобо ва ҳаштод роҳзанаш мекунам,ки ин миллат аз марзу бум ва сарзамини худаш ҳимоят мекунад. Аммо инро фикр накунед,ки ин мардум барои шумо ҷон медиҳад ва ё омодаи ҷон доданд ҳастанд. Алибобо ин миллат аз ту,то имрӯз таъзияе надидааст,танҳо азояшон ин ту ҳасти,ки бар ин миллат зулм ва фишорашон медиҳи. Агар мо аз дасти аҷнабие кушта шавем ин ҳеҷ ҷой баде нест,аммо мо аз дасти ту ва шайкаи роҳзану авлоди гурусначашмат 29 сол аст тороҷ ва ғорат ва зиндонию кушта шуда истодаем. Бори дигар бароят хотирнишон мекунам,ки ба вазъияти мардуми осебдида рас. Ба оилаҳои шаҳидон расидагӣ кун.Аз мардум гадогӣ накун,то ба онҳо кумак кунанд. Ана аз ҳамон пулҳои ,то имрӯз дуздидаат ба ин мардум кумак кун. Формаву фартукатро бо музаҳои латагии соҳои Данғара будаатро пайдо карда пуш ва худат ба назди ин мардум биё ва дар барашон бош.

Ба ВАО фармон содир кун ин қазияро барои ҷомеаи ҷаҳони мӯшикофона фаҳмонанд. Қирғизҳо давлати Тоҷикистонро,ки шумои хирасар 29 сол аст онро ҷабран идора доред дар набарди иттилоотӣ баранда шудаанд. Дар назди сафорати Тоҷикистон митингу пикет анҷом дода истодаанд. Яке аз ҳизбҳои Қирғиз Отамекен Тоҷикистонро ба додгоҳи ҷароими ҷиноӣ тақдим карданӣ ҳаст. Шайкаи девонаиву дангу ҳанги ту дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ чикор кардаанд,то имрӯз? Мо медонем ту медони дигар обурӯят мисли куни дег сиёҳ шудааст ва мехоҳи Тоҷикистонро мисли оне,ки Қаззофӣ кард бо рафтанаш боқӣ гузорӣ. Аммо инро дон,ки ин миллат дигар ба ту ҳеҷ эътимоде надоранд ва он тавсифҳои дурӯғине ба ту дар дохил мекунанд аслан бовар накун. Коре кун дар охири қудратат ҳамеша мавриди нафрат ва лаънати миллат ва мардуми кишвар боқӣ намони!

Share This Article