Қабл аз инки бипардозем ба асли матлаб ва хабарҳои расида дар мавриди Муродалӣ Алимардон. Мехоҳам каме ин моҷароро барои онҳое аз асли матлаб огоҳи надоранд шарҳ диҳам,то масала комилан равшан гардад.
Исматулло Ҳаёев, раиси корхонаи насоҷии “ХИМА-Текстил” ва писари марҳум Иззатулло Ҳаёев, собиқ сарвазири Тоҷикистон ва раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Раҳмонов (солҳои 1994–1996) дастгир шудааст ва феълан дар маҳкамаи тафтишотӣ қарор дорад. Манобеи “Ислоҳ.нет” гуфтанд, ки боздошти ин тоҷири як замон сарватмандтарини кишвар ҳудудан 6 моҳи пеш ва дар дохили бинои “Агроинвестонк” тавассути ходимони амният сурат гирифтааст. Ҳамроҳ бо ӯ ҳамчунин чанд тани дигар аз тоҷирон, аз ҷумла ду ҷияни Муродалӣ Алимардон, ки гуфта мешавад бо “Агроинвестбонк”муомилаҳои қарзиву пулӣ доштаанд, дастгир вале каме дертар ҳарду ҷияни раиси “Агроинвестбонк” раҳо шудаанд. Новобаста аз раҳоии ду ҷиянаш Муродалӣ Алимардон тайи моҳҳои ахир тақрибан ҳамарӯза мавриди бозҷӯии бозрасони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ қарор дорад. Ин шойеъаро, ки Муродалӣ Алимардонро ҳам чанд рӯзи пеш дастгир ва маҳкам кардаанд, манобеи мо тасдиқ накарданд. Вале як манбаи дигар аз доираҳои наздик ба мақомоти амниятӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” ва дар гузашта муовини сарвазир ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз кайҳо пеш омода шудааст ва феълан бурду овардҳои ӯ ба Кумитаи амният ба хотири луб-луҷ ва лухту урён ва сипас равон кардан ба зиндон сурат мегирад. Исматулло Ҳаёев ва Муродалӣ Алимардонро чӣ ба ҳам мепайвандад ва “ХИМА” чи ташкилоте аст?
“ХИМА”чист ё кист?
“ХИМА” як ширкати ватанӣ аст ки тавассути Ҳаёев Исматулло ва Муродалӣ Алимардон ташкил шуда ва дар авоили солҳои 90 ба хариду фурӯши пахта машғул буд ва яке аз ширкатҳои муваффақи кишвар ба ҳисоб мерафт. Номи “ХИМА” аз ҳарфҳои аввали исму насаби муассисони он сохта шудааст. Иззатулло Ҳаёев, падари Исматулло Ҳаёев, ки соли 2015 дар Душанбе аз ҷаҳон даргузашт барои Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи зиёд дорад. Вай дар иҷлосияи 16-и Хуҷанд дар ноябри соли 1992 имкони 100% дошт, ки раиси Шӯрои олӣ интихоб шавад. Аммо ба фоидаи Раҳмонов номзадиашро пас гирифт. Солҳои 1994- 1996 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва борҳо ӯро Раҳмонов, “пири давлат”-и худ хондааст. Ҳамин “пири давлат”, ки он солҳо дар давру бари Раҳмонов қарор дошт ва Муродалӣ Алимардон, ки раиси Бонки Миллии Тоҷикистон буд, ин ширкати пахтабизнесро фаъол карданд ва Исматуллои писари Иззатулло онро мечархонд. Он солҳо ташкилоти тиҷоратии “ХИМА” қисмати зиёди бизнеси пахта дар Тоҷикистонро дар даст дошт. Муродалӣ Алимардон аз қарзҳои наздики 1 миллиардолларии Сандуқи Байналмилалии Пул дар авохири солҳои 90 ва 2000 ба Тоҷикистон як қисмашро ба ҳисоби ин ширкат тавассути як ширкати дастисохти худ бо номи “Кредитинвест” гузаронд, ки баъдҳо ин маблағҳо на танҳо барои Алимардон, барои ҳукумати Тоҷикистон ҳам дардисарҳои зиёде ба бор овард. Дар ин бора як каме пойинтар хоҳем гуфт. Аммо ҳоло инро бигӯем, ки дар соли 2010 Исматулло Ҳаёев як корхонаи насоҷиро бо номи “Хима-Текстил” дар Ёвон роҳандозӣ кард. Инро ҳам бояд бигӯем, ки дар маросими ифтитоҳи ин ширкат чун одат Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур дошт ва бо қайчӣ лентаи онро бурида буд. Ин корхона дар чандин намоишгоҳҳои дар хориҷ аз кишвар ҳамроҳ бо дигар ширкатҳои ватанӣ тавлидоти худро аз ҷумла дар Истамбул ба намоиш гузоштааст. Корхонаи нассоҷии “ХИМА-Текстил” бо 3.миллион доллар қарзи “Авангард”-як бонки Русия дар соли 2010 сохта шуда ва ба тавлиди ришта ва ё расан аз нахи пахта пардохт. Ба бозорҳои Туркия,Чин ва Русия ашёи худро ба фурӯш баровард. Аммо баъдан байни ин бонк ва “ХИМА-Тексил” бар сари шароити қарз нофаҳмӣ ба миён омад ва то ҳамин ҳоло баҳсҳои додгоҳии миёни онҳо идома дорад. Дар ду навбати баҳсҳои додгоҳӣ дар соли 2017 Тоҷикистон тавассути додгоҳи вилояти Хатлон ва Додгоҳи олии иқтиссодӣ даъвои бонки “Авангард”-и Русияро рад кард. Солҳои қабл, ки “ХИМА” ва роҳбари он аз шахсиятҳои сарватманди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт як тими футболи Душанберо бо ҳамин номи “ХИМА” сарпарастӣ мекард ва дар соли зери сел мондани Кӯлоб ба офатзадагони кӯлобӣ дар шумори дигар аз соҳибкорон, аз ҷумла Зайд Сайид бо ташвиқи Маҳмадсаид Убайдуллоев чанд хона сохта ва ба онҳо анъом карда буд. Вале ҳоло гуфта мешавад, ки иллати боздошти ӯ ҳамкорӣ бо Муродалӣ Алимардон ва қарзҳои чандмиллионии ӯ аз “Агроинвестбонк” аст. Аз ин ҷост ки ӯ ва чанд нафар коршарикони Алимардон ва ингор қарздорони калон ва саҳомони “Агроинвестбонк”-ро тахминан 6 ё 7 моҳи пеш барои як ҷаласа ба ин бонк даъват карда ва чанд нафари дигар аз ҷумла ду ҷияни раиси “Агроинвестбонк”-ро дар толори ҷаласа “задержат” ва ба дастонаш завлона зада мебаранд. Дар асл дар ин бонк кадом ҷаласае набуд, балки ҷаласа як дом барои анҷоми амалиёти боздошт буд. Ҳарду ҷияни Алимардонро як каме дертар таҳи “труси” яъне тамоми дору надорашонро гирифта сипас озод мекунанд. Аммо онҳо ҳамин ҳоло ҳам ҳуқуқи баромадан аз маҳалли сукунати худро надоранд. Як фермаи бузург дар Ҳисорро, ки бо номи фермаи Алимардон маъруф буд ва ҳам говҳои ҷушоӣ ва ҳам гуштӣ дошт ва ҳар кадоме аз онҳо аз 3 то 5000 доллар арзиш дошт ва гуфта мешавад 1500 сар бештар буд, ба номи яке аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмонов гузаронидаанд. Ҳамчунин чанди гектар заминашонро ҳам бо боғу ток таслими онҳо кардаанд. Мо натавонистем, ки мушаххас намоем, ки ҳаҷми қарзи Исматулло Ҳаёев дар назди “Агроинвестбонк” чи миқдор аст ва дигар инки алайҳи ӯ Алимардонов ва ё кӣ кадом даъвое кардааст ё не.
Вале инки ӯ бо моҷарои марбут ба Муродалӣ Алимардону “Агроинвестбонк” ва ё шоядам ҳамон “Кредитинвест” бошадро метавон ваҷҳи ин боздошт донист. Чуноне гуфтем дар вақтҳои ахир Муродалӣ Алимардон тақрибан ҳамарӯза дар таҳти бозҷӯии ходимони амниятӣ қарор дорад. Манбаъи “Ислоҳ.нет” мегӯяд феълан оилаи Раҳмонов мехоҳад моликияте, ки тӯли ин ҳама солҳо ин ду нафар ҷамъ оварда буданд, аз худ кунад. Вале ҳамзамон ба ин нукта ҳам ишорат мешавад, ки эҳтимолан тамоми моликияти онҳоро бар ивази озодӣ бигиранд ва ҳукм ба зиндон надиҳанд. Ба мисли Низомхон Ҷӯраев, тоҷири исфарагӣ, ки баъди фирор бо даъват ва замонати худи Раҳмонов ба ватан бозгашт ва боқии дороиву сарваташро ба номи Таҳмина Раҳмонова-духтари Эмомалӣ Раҳмонов номнавис кард ва дубора гӯиё муваффақ ба фирор шуд. Ин дар ҳолест, ки то ба номи Таҳмина вогузор кардани дороиҳояш ӯ дар яке аз утоқҳои Оҷонсии мубориза бо коррупсия нигоҳ дошта мешуд. Вале дақиқ аст ки сарнавишти моликият ва дороиҳои Муродалӣ Алимардон, ки солҳо пеш аз наздиктарин нафарони Раҳмонов ва “спонсор”-и асосии ӯ маҳсуб мешуд ва исмаш ҳатто дар шумори миллионерҳои тоҷик дар нашрия ва маҷаллаҳои байналмилалӣ ҳам дарз карда буд аз молу дороиҳои Аваз Назар (Ансол) Умаралӣ Қувватов) Фароз ва Тоҷирон) Раҷабалӣ Одинаев ( Умед-88) Зайд Сайид, тоҷир ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, Маъруф Орифов (Орима) фарқ нахоҳад кард.
Муродалӣ Алимардонро чӣ интизор аст?
Огаҳони вазъият мегӯянд, наздикони Раҳмонов солҳост, ки ба дороиҳои Муродалӣ Алимардон чашм ало кардаанд. Аммо Раҳмонов дар ҳар ҳол хидмат ва садоқати ӯ дар солҳои аввали ба қудрат расиданаш ва бахусус наздики 1млрд. доллари Сандуқи байналмилалии пулро муштарак обу лой карданро ба назар гирифта ӯро нигоҳ медошт, яъне аз муталошӣ шудан ҳифз мекард. Аммо азбаски бачаву набераву домоду духтарҳои Раҳмонов мисли гургони тездандон дигар наметавонанд “ждат” кунанд, ӯро аввал ба “Агроинвестбонк” раис монда ва ҳамин тавр ба тадриҷ тамоми дороиҳои дохили тоҷикистонии ӯро то ҳазорҳо гектар замини току боғ дар Турсунзодаву Ҳисору навоҳии Хатлон ва ҳамин тавр галаи рамаву асп ва фермаҳои чорпои ӯ, ки аз зотҳои шведиву ҳолландӣ ташкил карда буд, тасарруф карданд. Бар пояи маълумоти расида ба мо 18 адад рамаи гусфандони зоти ҳисории Муродалӣ Алимардонро ҳанӯз вақте Нуриддини акаи Эмомалӣ Раҳмонов зинда буд, кашида гирифта ба ӯ додаанд. Ин рамаҳо ҳар кадоме аз 1000 то 1500 сар гусфанд дошт, ки ин гусфандҳо то 70–90 кило гӯшт мегирифтанд. Ҳоло Алимардон ва наздикони вай дигар ба як ҳолату шароите расидаанд, ки ҳатто тавон ва имкони пардохти андоз ва қувваи барқро надоранд.
То чанд соли пеш байни Раҳмонов ва Алимардон як дӯстии бениҳоят қавӣ вуҷуд дошт, рафтуомад зиёд буд. Рӯзҳои шанбе ва ё бегоҳи ҷумъа роҳҳоро мебастанд. Бо чанд мошин аз Душанбе меомад ба дачаи Алимардон, ки дар як баландии хушобуҳавое, дар доманаи кӯҳ ва дар як масоҳати калон бино шуда буд. Президент инҷо шикор мекард, дам мегирифт. Алимардон сахт хизмат мекард. Ташкилӣ …арӯс..оҳу..хулоса бо тамоми санъат Ҳар ҳафта ва ё як ҳафта пас ҳатман ҳаминҷо меомад. Инҷо наздик, 15–20 дақиқа роҳ. Роҳро ҳам аз шоҳроҳ то истироҳатгоҳ хеле ҳам ружду мумпӯш карда буданд. То ҳадде наздик будаанд, ки солҳои 2003 то 2004 барои се адад шиму костюми Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Италия фармоиш дода шудааст, Бонки миллӣ аз ҳисоби бюҷет 90.000 доллар ҷудо кардааст.
Аммо ин равобити хуб баъди онки писари Алимардон розӣ намешавад, ки бо Зарринаи духтари Раҳмонов оила ба по кунад, ба тадриҷ ба сардӣ мегарояд. Раҳмонов пешниҳод мекунад, ки Заринаро келин кунад. Ба ин хотир Зарина ва писари Алимардон, ки рафиқи наздики Рустами Эмомалӣ ҳам будааст, чанд вақт барои ошноии наздик ба хориҷа ҳам мусофират мекунанд. Зимнан писари Алимардон ҳам мисли Шоҳрух Сайид аз рафиқони наздики Рустам буда ва барои Рустам гаронбаҳотарин тӯҳфаҳо мекардааст. Барои мисол чандин аспҳои зоти арабиву англисиро, ки то 500.000 доллар арзиш доштааст, инъом мекунад ва дар маъракаи бузкашиҳои Рустам ҳам гаронтарин солимро ӯ медодааст. Аммо ҳоло онҳо дигар рафиқ нестанд ва тамоман равуо ҳам надоранд. Як сабаби асосии чапгирии Раҳмонов Алимардонро ҳамин написандидани писари Алимардон духтари Раҳмоновро будааст. Воқеан ҳам агар кор танҳо кори давлат ва бар мабнои манфиати давлат буд, Раҳмонов Алимардонро метавонист дар соли 2008, замоне, ки дуздии беш аз 800 миллиондолларии кумакҳои МВФ ошкор шуд, метавонист шинонад ва маҳкам кунад. Аммо иллат дар он буд, ки он вақт кадом Ҳасан Асадулло,кадом Шералӣ Кабир, кадом Ҷамолиддин Нуралиеву кадом Рустаму Озодаро Раҳмон дар канор надошт ва худаш ҳам бо вуҷуди Президентӣ пулдор нашуда буд. Аввалин “траншҳо”-и пули калонро ӯ аз дасти Алимардон гирифтааст ва ҳамин пулҳои дуздишудаи МВФ аввалин дороиҳои калони Раҳмонов аст ки маҳз Алимардон ба суратҳисобҳои хориҷии ӯ ворез кардааст. Ҳоло дигар Алимардон, ки бори ахир дар ифтитоҳи чархаи аввали Роғун дар малаи ом дар соли 2018 ҳозир шуда буд ва як чойхонаи миллиондоллариро дар ҷашни 3000 солагии Ҳисор дар соли 2015 сохта инъом кард, дигар намоён намешавад, магар инки дигар меҳмони доимии бозҷӯёну муфаттишони оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шудааст.
“Агроинвестбонк” ва дороиҳои онро Раҳмонов бо як қарор дар соли 2015 ба ихтиёри давлат гузаронида ва молу авмоли онро бар ивази як миқдори маблағ барои бозгардони пулҳои муштариён ба гарав гирифтааст. Ин маблағ, албатта, ки аз ҳисоби давлат аст. Аммо ин як “афера”-и навбатӣ аст, ки то охирин тангаи ҷамъовардаи Алимардонро кашида бигиранд.
Яке аз муфаттишони парвандаи Алимардон ба манбаи мо гуфтааст, ки Президентро форидааст, ки миллионҳои Алимардоновро аз они худ кунад. Аммо гуфтааст ин муфатиш “ин узбак (Алимардон) бисёр ҳам муғамбир будааст ва тамоми пулҳояш дар ҳисобҳои хориҷии ӯст. Ҳеҷ чизе наёфта истодаем. Барои ҳамин президент ҳоло барои дастгир кардани Алимардон ”заинтиресованний” нест. Пас, ин ҳама миллионҳо долларро бояд чи тавр пас бигирад?
Аммо Алимардон дигар чизе надорам гуфта вақтро кашол дода истодааст”.
Ин муфаттиш ба манбаъи “Ислоҳ нет” гуфтааст, бар асоси қисми чаҳори моддаи 246-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон- тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда- алайҳи Муродалӣ Алимардон парванда боз шудааст ва ӯро аз 8 то 12 соли зиндон дар пеш аст ва дур нест, ки дар паҳлуи Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” бибаранд. Ин ҳама бурдану оварданҳо ба хотири он аст ки битавонанд пулҳои дар хориҷа будаи ӯро ҳам ғасб ва тасарруф кунанд. Аз ин ҳолатҳои зиёду бозҷӯиву бозпурсиҳо як навбат инфаркт ҳам гирифтааст. Вале ҳоло пойи “Агроинвестбонк” ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашида шуда аз кашфу ошкор шудани суратҳисобҳои саршор аз миллионҳо долларии ин бонк дар хориҷ аз кишвар ва аз ҷумла дар Амрико хабарҳо мунташир мешавад. Ба назар мерасад қарори ахири яке аз додгоҳҳои Амрико дар робита ба “Агроинвестбонк”,ки ӯро аз як ширкати хориҷӣ қарздор ҳисобид, ба тасмими ҳабси Алимардон ранги дигар медиҳад. Зеро, он вақт маълум нест, ки аз тани Алимардон ба додгоҳи Амрико ва он ширкати қарзхоҳ кӣ ҳудуди 30 миллион долларро пардохт мекунад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки як бахши умдаи саҳоми ин бонк ва низ амволи ғайриманқули он дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон аст. Вале дар ҳар ҳол сарнавишти Алимардон баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки то чанд рӯзи дигар доир мешавад, маълум хоҳад шуд…