Мисли онки дар Тоҷикистон ҳеҷ проблемае боқӣ намондааст ва танҳо проблемае, ки монда ин гузоштани ҳайкали Майрами гурсухта, модари Эмомалӣ Раҳмонов асту бас. Ҳоло аз Хуҷанд гирифта то Кулоб проблема проблемаи ҳайкали Майрам аст. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар навоҳӣ ва вилоёт бояд дар доираи барномаҳои ҷашни 30 ва 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва дар партави сиёсатҳои «ободкорӣ ва созандагӣ»-и пешво муҷассамаи ин кампири гурсухтаро дар намоёнтарин мавзеъ бигзоранд, то Раҳмонов ояду ҷиҳати татбиқи ҳамин сиёсати хирадмандона парда аз болои он бардорад ва ҳатман бигиряд. Ҳамчуноне дар соли гузашта ба ҳангоми бардоштани парда аз болои ҳайкали Майрами гурсухта дар майдони фурудгоҳи Хуҷанд, ки «Дуои модар» ном гузоштаанд, ашк аз чашмонаш баромаду дастмолашро аз ҷайбаш гирифту пок кард.
“Қурбоналии Алимардон, сардори фурудгоҳи Хуҷанд, қудои Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов ба мақсади худ расид. Торҳои нозуки дили Раҳмоновро навохт ва вай гиряи оммавӣ карду зимни суханронӣ аз модари пурзаҳмату пуразобаш ва пурдарду пурармонаш қиссаҳо кард.”
Аммо ба раҳбарияти шаҳри Кулоб «толеъ» пастӣ кард. Раҳмонов парда аз болои «Дуои модар» бардошту дуд аз димораш баромад, не гиря карду не ашкаш даромад. Баракс хеле асабӣ ва ошуфта шуд. Пайкараи «Дуои модар»-и Кулоб аз пайкараи «Дуои модар»-и Хуҷанд фарқ мекард. Инҷо аз сару сурати Майрами гурсухта хабаре набуд. Сару сурати кампири дигар, ки расонаҳо навиштанд сару сурати шаҳрдори имрӯзаи Кулоб аст, тандис шуда буд.
Ҳоло, мисле, ки мақомоти шаҳри Кулоб ва бахусус шаҳрдори он ба «балои азим» гирифтор шуданд. Бояд дар зудтарин фурсат калаи ин кампири дар пайкараро бикананд ва калаи Майрами гурсухтаро дар ҷойяш часпонанд. Вагарна Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кулоб мисли Баҳром Инотязода, шаҳрдори собиқи Кулоб, ки қудои Эмомалӣ Раҳмоновро барои напардохтани андоз накуҳиш карду ба маҳзи ин «густохӣ» барои 12 сол равонаи зиндон шуд, зиндонӣ мешавад. Аммо яқин аст ки дигар бо курсиву мақомаш бояд хайрбод кунад, чун ҳайкали Майрами гурсухтаро неву ҳайкали модари худашро гузошт ва бадтар аз ин Эмомалӣ Раҳмоновро «фиреб» дода оварду парда аз руи ҳайкали модари худаш бардошт. Магар Раҳмонов як чунин густохиро мебахшад?
Хуб, бигзарем.
Аммо тибқи маълумоте, ки ахиран ба дасти «Ислоҳ» расид, як барномаи васеъмиқёсе дар саросари кишвар барои татбиқ ва иҷро дар ҳоли омода шудан аст ки бар мабнои он дар марокизи ҳама шаҳру навоҳӣ ва вилоёт ҳайкали Майрами гурсухта бояд то 35 солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ гузошта шавад. Феълан дар Бохтар ва Ваҳдат мақомоти маҳаллӣ дар пайи иҷрои ин барномаанд ва бояд замин-майдони маҷмааи ҳайкали «Дуои модар»-ро дар чанд гектар ҷудо кунанд ва аз бюҷети давлатӣ маблағ биёбанд, то ки пайкараи Майрами гурсухта сохта бишавад. Аммо ҳайкалро дар пайравӣ ба ҳайкали дар Хуҷанд гузошта бисозанд, ки ба Майрами гурсухта шабоҳат дошта бошад вагарна амсоли шаҳрдору ҳайкалсозу бахши фарҳангу меъморӣ (архитектура)-и Кулоб дар бало дар хоҳанд монд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бале ҳамон Қофлонбой низ ба чанде аз ноҳияҳои вилоят, то ҷое шунидем, Масчоҳу Истаравшан дастури акид додааст, ки муҷассамаи модар ҳатман бо Майрами гурсухта шабоҳат дошта бошад.
“Минбаъд дар шумори иншооти ҷашнии бахшида ба ин ё он маросим, масалан майдони Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ сохтмони ҳайкали “Майрами гурсухта” ҳатмӣ шуда ва гулдухтарони атласу чаканпӯш бо пешобари дамида ва ҳофизону муғанниён бо карраною сурной Раҳмоновро ба ҳангоми пардабардорӣ аз болои тандиси Майрами гурсухта истиқбол ва ҳамроҳӣ хоҳанд кард.”
Вале шарти асосии сохтмони ҳайкалҳои “Майрами гурсухта” ин аст ки бояд Раҳмоновро ба эҳсосу эҳтирос оварад ва бигирёнад. Агар майдони Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ ва корхонаи уребчабарорӣ ва «Сиёма-моллл»– и Рустаму «Сифат-фарма»-и Парвина ва ё «Талко-кемикал», «Талко-фалону беҳмон»-Ҳасан Раҳмоновро ба ваҷд оварад ва хандаи Раҳмонов аломати ризоияту қаноати вай аз татбиқи барномаи стратегии чаҳорумаш-саноатикунонӣ бошад, шарти ризоияти Раҳмонов аз эҳдоси тандиси Майрами гурсухт берун омадани оби дидаҳои ӯст.
Барои он бояд дар беш аз 60 ноҳияву шаҳр ва маркази се вилояти Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе на камтар аз 1 гектарӣ замин ҷудо карда бишавад ва пояи ҳайкалу қомати вай на камтар аз 15 метр бошад ва давру бари майдони маҷмааи «Дуои модар», яъне ҳайкали Майрами гурсухта пур аз гулу дарахтҳо бошад ва заминаш ҳам сабзу хуррам карда шавад ва ончуноне дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд харҷ карданд, харҷи он аз 3 миллион доллар камтар набошад. Ва ба ин тартиб бояд барои ҳайкали кампири тагтаррафтаи гурсухтаи Майрам 100 гектар замини обӣ ва дар мавзеи намоёнтарин ҷудо карда бишавад ва барои бунёди он наздики 200 милн. доллар масраф бишавад.
Лоиҳаи эҳтимолии сохтмони ҳайкали “Майрами гурсухта”
Мумкин аст барои бархе маблағи 3 млн доллар хело бузург бинамояд,ки чаро инқадар маблағ сарф шавад? Бале,дар оғоз ин маблағ хело бузург менамояд. Аммо ҳисоб кунед, масоҳати як гектар замин дар марокизи ҳар ноҳия ва марокизи вилоятҳоро. Инчунин инро низ бояд ба инобат гирем,ки модари “Пешво” аст ва набояд дар сохтмони он кутоҳие сурат гирад ва масолеҳи бадсифат истифода шавад. Раисони ноҳияҳо ва вилоятҳо дар сохтмони он диққати ҷиддӣ медиҳанд,то иштибоҳе мисли Кулоб сурат нагирад ва он дақиқан калаву кандаи “Майрами гурсухта “ бошад. Акнун инҷо бе коррупсия намешавад ва изофанависӣ ҳатман вуҷуд дорад ва маболиғи рассом, нақош, ҳайкалсоз, лоиҳакаш, сохтмончиён, ширкатҳои сохтмонӣ ва….
Оё Тоҷикистон ниёз ба ин ҳайкали “Майрами гурсухта” дорад?
Оё мо як давлати хело қашоқ ва дар пасттарин ҳолат қарор дошта ниёз ба сохтмони ин ҳайкалро дорем?
Сохтмони ин ҳайкал ба мо чӣ медиҳад?
Оё пас аз сохтмони ин ҳайкал эҳтиром ба модар бештар мешаваду дигар модарон ашк намерезанду зиндагияшон беҳтар мешавад ?
Оё модарон пас аз сохтмони ин ҳайкал нафақаашон бештар ва фарзандонашон дар кишвар зиндагонии осуда мебинанд?
Агар чунин оёҳоро бихоҳем идома диҳем, боварам кунед интиҳо надорад ва дар инҷо ба ин оёҳо нуқта мегузорем.
Агар ба ҷой он ҳайкал корхона созанд чӣ?
Ба ҷойи ин ҳайкал дар он қитъаҳои замине мехоҳанд онро бунёд намоянд иншооте бунёд намоянд,ки он ба манфиати ҷомеъа ва сокинони он ноҳияҳо бошад беҳтар нест? Масалан як корхонае бунёд намоянд,ки ҳадди ақал 100 нафар ба ҷои кор таъмин гарданд ва ин 100х5=500 акнун онро ба 60х=30000 ҳазор шаҳрванд соҳиби ҷойи кор ва шаш- ҳафт ҳазор оила дар кишвар таъмин мегарданд.
Агар хонаҳои баландошиёнаи дастрасу арзон созанд чӣ ?
Дар ин қитъаҳои замине,ки барои сохтмони ҳайкали будо ҷудо менамоянд, хонаҳои арзони истиқоматӣ ва ё чуноне мегӯянд “хонаи дастрас” бисозад,то кормандони буҷавиро ба хона таъмин намояд,беҳтар нест.Ҳама кормандони буҷавӣ мисли муаллим, табиб, милиса, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо бо хона таъмин мегарданд. Бигзор ҳукумат он хонаҳоро ба ин кормандон фурӯшад, масалан як хонаи 40 квадратӣ 10 ҳазор то 12 ҳазор доллар-яъне бо пуле,ки сохт.Мушкили манзил комилан дар ҳар ноҳия ҳалли худро пайдо мекунад.
Тандиси Майрам бартар аз зиндаҳо
Агар бо нияти кори хайру савоб ва аз барои рифоҳи мардум биандешем метавонем хеле хубиҳо кунем. Аммо бояд ин ҳамаро канор бигзорум он ҳайкал сохта шавад чунки модари Раҳмонов аст ва ӯ аз ҳама сокинони ҳатто зиндаи зору сабилмондаи кишвар бартару авлотар аст.
Ҳайкали худи Эмомалӣ Раҳмонов кофӣ набуд, камӣ кард, басанда набуд, ки акнун барои халқи тоҷик боз ҳайкали ин беваи аз таги сад дор гурехта ва ошпази чупонҳои мастчоӣ мушкил ва дарди сар эҷод мекунад. Агар ба поси хотири падари номаълумаш дар маркази Мастчоҳ як ҳайкалашро месохтанд инро метавонистем фаҳмида, мо ва ин миллату мардум ба он ҳайкал аслан ниёзе надорем. Шояд ҳайкали баъдӣ ҳайкали Рустам ё модари вай Азизмо бошад. Чун Рустам ҳам побапои падараш хоҳад гузошт, балки ба эҳтимоли зиёд бадтару ҷоҳилтар аз падараш мешавад: «Чаро ба модари падарам ҳайкал гузоштан иҷозат асту барои модари ман не»? Агар ба шарте модари аслии Рустам ҳамсари Нуриддини трактористу падараш Нуриддин бошаду ӯ ҳайкалҳои инҳоро гузорад дигар мардум дар зери ҳайкалҳои ин оила бояд зиндагонӣ кунанд.
Зиндаҳои ин оила дар ҷонамон задаанд, мурдаҳояшон сар карданд
Бор, худоё! Бубинед, ки зиндаҳояшон чи қадар мушкил дуруст карда истодаанд: Эмомалӣ, Рустам, Озода, Рухшона, Парвина-раиси ҷумҳур, раиси Маҷлис, раҳбари Дастгоҳ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, сардори риёсат дар вазорати тандурустӣ. Акнун шавҳарҳои инҳо ва бародар шавҳарҳою қудоҳояш дар ҷой худашон, яъне нимае аз ҳукумат дар дасти ин Олила аст ва ҳар кадоме аз инҳо барои бюҷети давлат чи қадар масраф доранд:-аз телех гирифта то мошину то табибу то ошпазу то ….то…то…тоҳои дигар. Ва, инҳо дар ин мансабу вазифаҳои давлатӣ чи қадар дуздида истодаанду ғорат мекунанд.
Миллионҳо, миллионҳои мову шумо барои онҳо масраф мешавад. Дуздиҳояшон ҷудо, тасарруфашон ҷудо, ғораташон ҷудо.
Акнун навбат ба ҳайкали онҳо.
Зиндаҳои боқӣ монда аз зулми Раҳмонов ба он замину пул ниёзмандтаранд
Гуфтем, ки барои ин ҳайкал замин ҷудо мекунанд. Замин нарх дорад. Замин аз они мардум аст. Аммо инҳо мисли онки замин моли меросиашон аст мегиранду чи хеле мехоҳанд истифода мекунанд. Барои Фароз дар тамоми марзҳои кишвар ва ҳоло дар даромадгоҳу баромадгоҳҳои шаҳрҳои бузург замин барои терминал-истгоҳи мошинҳо ҷудо мекунад. Фароз дар ин терминалҳо аз мошинҳо -яъне аз халқ пул мегирад.
Барои ин ҳайкал поя,таҳкурсӣ месозанд. Барои сохти он устову коргару сохтмончӣ ва симонту сангу (албатта санги оддӣ не) регу шағал сарф мекунанд.
Барои ин ҳайкал ҳайкалтарош ҷалб мешавад. Албатта, аввал корхонаи «Лоиҳакашӣ» лоиҳа мекашад ва дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи фармоишгари асосӣ мешавад. Матоъу маводди махсус ҷудо карда мешавад, метал меоранд….ба ҳайкалтарош пул медиҳанд, масраф мекунанд. кран меоранд, техника меоранд, то ҳайкалро гузоранд:13 метр, 15 метр ва як гектар замин ва якуним гектар замин. Ва, аз хориҷа гул мехаранд ба садҳо ҳазор доллар ва Қурбоналии Алимардони қудои Таҳминаро дигар масъули гулзору кабудизоркунии тамоми Тоҷикистон таъин мекунад ва пули бюҷетро ба пояш мерезад ва аз ҳисоби ҳайкали модараш на инки ба мардум зарару зиён мерасонад, ба ҷайби худаш миллионҳо даромад меоварад.
Ва, дафтари матуботи Раҳмонов хабар медиҳад:
«Бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ муҷассамаи “Дуои модар” дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд карда шуда, дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.
Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад. Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст. Ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб меёбад ва дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст. Баъди ифтитоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, ин амали созанда шоистаи таҳсин номиданд.»
Маълум нест, ки раиси Кулоб худаш ба меъмор дастур дода бошад, ки чеҳраи модари ӯро ҳайкал созад, аммо воқеият ин аст ки тандиси «модар»-и кулобӣ ваҳшатноктар аз ҳайкали «модар»-и хуҷандӣ аст. Албатта муҷассамасозон тавре сохтаанд, ки ҳам ҳайкали Майрами гурсухта ва ҳам ин кампири дар Кулоб сохташуда бисёр ҳам ваҳмангезанд, шабеҳи ифрита, вампир, аҷина ва шабоҳат дорад ба ҳайкали буддоҳои кутуби таърих. Модаршаманҳои куҳҳои Тибетро ба ёди кас меоваранд. Аллоҳ шоҳид аст ба “Ислоҳ” аз Хуҷанд занг зада чунин гуфтанд: “Ба Хуҷанд фаромадам аз Русия ва ҳамсару фарзандонам ба истиқболам омада буданд. Духтарчаам,ки ҳамагӣ 2 сол дорад вақте ба берун баромадем ва ҳайкали модари Раҳмоновро дид аз тарсу ваҳшат сахт ба гиря даромад. Мани меҳмонро гузошта ҳамсару фарзандонам ба оромкунии духтарчаам дарафтоданд. Аз фурудгоҳ ба хона омадем духтарчаам ором нашуд ва се маротиба як домулло духтарчаамро хонд. Ҳоло ҳам аз хоб фиғон карда мехезаду бо зур оромаш мекунем”. Ин воқеъияти ҳол аст ки ба “Ислоҳ” занг зада онро расониданд.
Сомоние дар шаклу қавораи бачаи “Майрами гурсухта” кишварро пур карданд
Минбаъд сохтмони ҳайкали “Майрами гурсухта” дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана медарояд. Ҳамчуноне Исмоили Сомониро карда буданд. Сару сурату қошу қавораи Эмомалӣ Раҳмонов ва номаш шуда Исмоили Сомонӣ ва ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар аз ин ҳайкал гузошта шудааст. Исмоили Сомонии шабеҳи Раҳмонов. Дар вилоёт дар пойтахт дар навоҳӣ. Аз ин ба баъд ҳайкали Майрами гурсухта. Ва, акнун ба мисли остановкаи Тесктил, остановкаи танка остановкаҳои Майрами гурсухта дар ҳама ҷо пайдо мешаванд: «да пеши остановкаи “Майрами гурсухта” маънуш кун»! Ин кор аз Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер , раиси собиқи ноҳияи Сангвор ва ҳозира ноҳияи Панҷ шуруъ шуда буд, ки дар як сафари Раҳмонов ба Тавилдара портрети “Майрами гурсухта” ро барояш тақдим намуда, ашки чашмони вайро бароварда ва бо ҳамин як вариант ё приёми дигари тамаллуқу хушомадро ба ҳамтоёнаш ёд дод. Пас аз ин чоплусӣ ӯро аз раисии Сангвор ба раисии ноҳияи Панҷ таъин намуд ва Зарифхуҷа Шоҳиён зулму ситамашро дар Панҷ идома дода истодааст…
Барои ҳамин афту андом, қаду қомат, қошу қавора, румолу эзору кафшу камзулу ҷомаву курта ҷабину чину чуруки “Майрами гурсухта” бояд муҷассама, пайкара, тандис, ҳайкал шавад. Ҳайкалтарошон бояд ҳамаи инҳоро ба инобат бигиранд то хато накунанд, эзораш чи тур бошад, кафшаш заки гов дорад, дастонаш қурутови бооличанок аст…
“Қаҳрамонӣ”-и “Майрами гурсухта” ин аст ки Раҳмоновро зоид.Вагарна “Майрами гурсухта” чи корнома дорад, чи қаҳрамоние кардааст? Гузоштани ҳайкали вай чи маъно дорад? Бояд тамоми Тоҷикистон бо “Майрами гурсухта” ошно шавад. Ошно шавад, ки чӣ бишавад? Баъд гуянд ки ин модар Эмомалии бузургро, Асосгузори сулҳу ваҳдатро, пешворо зоидааст? Ҳамин? Магар Назарбоев Пешво набуд? Чи шуд? Охир ҳамаро бо чашмони кулулаи пиёла монандат диди ку Эмомалӣ?
Просто боз як заҳмат ва як харҷи дигар барои ояндаҳо, як мушкили дигар мешаваду бас. Ҳайкалашро ба зер мекашанд, ҳамчуноне муҷассамаи Назарбоевро барчиданд. Ҳамин. Тамоми хулосааш ҳамин, дигар чизе нест. Вагарна бо ин пулҳое, ки ҳайкали ин гурсухта сохта мешавад садҳо, балки ҳазорҳо нафар зиндагӣ месозад, ба ятиму айтом нону об мешавад, мактабу бемористон мешавад. Ин қадар замини обӣ барои ин ҳайкал ҷудо мешавад, ки шояд ҳазорҳо хонавода метавонист дар ин масоҳат хона бисозад, корхонаҳои нав дар ҷойи ин ҳайкал сохта бишавад. Аммо , не танҳо ҳайкали “Майрами гурсухта” бояд сохта шавад.
Як бор биандешед, ки таъминоти ин Оила барои мардум чи қадар вазнинӣ карда истодааст.Ҳайкали Майрами гурсухта, бо қабули як қарори махфии раиси Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба барномаи чаҳоруми стратегии ҳукумати Тоҷикистон ворид шудааст.
Маркази Исломӣ бояд дар ин масъала дахолат кунад
Агарчӣ маркази исломии Тоҷикистон дар кишвар ҳеҷ фаъолияте надорад ва агар “пешво” комилан дини исломро дар кишвар мамнуъ ва оини “Майрампарастӣ”-ро ҷорӣ кунаду Майрамро чун Ато Мирхоҷа мадҳия наисад:
Дили ин Марями бузургтабор
Мазҳари офтоби Раҳмон шуд,
Модари покдомане, ки сипас
Моми Доҳии Тоҷикистон шуд.
Ҳеҷ кас он замон намедонист,
Ки чиҳил сол пеш ҳамчу валӣ
Марям Исии нав таваллуд кард,
Номи некаш ниҳод Эмом Алӣ!
Ато Мирхоҷа дар идомаи достон Эмомалӣ Раҳмонро “Алии олами қудс” меномад:
Ин ҷавон чун Алии олами қудс
Бо футувват ба доди халқ расид.
Гард-гард арчи Тоҷикистон шуд,
Ояд аз гард шаҳсувор падид!
Хуб ин Ато Мирхоҷае аз ислом бӯй набурда ва ба чунин ташбеҳоти муғолатаангезу ширкомезаш,ки барои дарёфти анъому унвону мақом навишта буд ва ахиран он унвонро ҳам соҳиб гашт.
Аммо маркази “исломӣ” мақоми бут ва тақдису ибодати онро дар шариъат ва мазҳаби Ҳанафӣ чуноне худро пайрави ростини ин мазҳаб мешуморанду ҳазорҳо ҷавонро ба иттиҳоми салафият равонаи зиндон намудаанд хомӯш буд лому миме намегуфт. Чаро дар ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ,ки инҷо сухан аз бут меравад чизе намегӯяд? Бовар кунед ҳам Муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ҳам Сулаймон Давлатов,раиси Кумитаи дин дар пешгоҳи Аллоҳ ҷавоб хоҳанд гуфт. Хомӯшии ин ду дар ин тарвиҷи ширк гуноҳест хело бузург ва нобахшуданӣ. Ин мақомҳо аз саратон сабил мемонанд ва меравед ба пешгоҳи Аҳкамулҳокимин,онҷо чӣ мегуфта бошед? Метарсед аз мақомҳоятон барканор мегардед? Метарсед зиндонӣ мешавед? Аммо барканорӣ аз мақом ва зиндонӣ шудан шуморо аз динатон хориҷ намекунад. Охир Имом Абуҳанифа (раҳ) ва ҳазорҳо имомони дигар зиндонӣ шуданду ба шаҳодат расиданд вале ширку тарвиҷи он, зулму ҷонибдорӣ аз онро “добро” надоданд. Камтар андеша намоед ва фикри он рӯзи бузургатонро кунед!
Дар мавриди уламои дигар чизе намегӯям, чун бечораҳо ҳама асиранду бечора ва ҳолу рӯзи онҳоро хуб мефаҳмам. Аммо ин ду масъул ҳатман посух хоҳанд гуфт!
Ps: Қабл аз инки хитоби охиринамро кунам дар мавриди “Майрами гурсухта” борҳо посух гуфтаам ва дигар ба ин масала бар намегардам. Дар охир ба Раҳмонов гуфтаниям агар ба модарат эҳтиром дошта бошӣ пас ӯро бе қадр накун. Ту бар модари ин миллат раҳм Хуб медонӣ,ки пас аз рафтани ту аксҳо ва ончи марбут ба ту аст ҳатман бо бе эҳтиромӣ дучор мешавад, зери пои мардуме мемонад,ки ин ҳама солҳо зулмашон намудӣ, зиндонияшон намудӣ, муҳоҷиру дарбадар ва овораи сад мулкашон намудӣ.Онҳо дар каминат ҳастанду сонияшуморӣ доранд. Хашми онҳо бар ту ва ончи ба ту марбут аст хело зиёд аст. Борҳо гуфтам мардуми тоҷик қасдгиранд ва ҳатман қасди худро хоҳанд гирифт. Аммо ин васат модаратро нагузор ва ӯро мисли сарнавишти бади худат зери пой мардуми хашмгин накун! Модари ту барои ту қадр дорад вале чун ту бар модари ҳеҷ тоҷику тоҷикистоние раҳму шафқат накардаӣ ва ашки зори модари тоҷикро пок накардаӣ ва бар акс ҳар рӯз мерезонӣ, ҳайкали ӯро таҳқиру тахриб мекунанд.Фикр дорӣ мардум бар ҳайкали модари ту эҳтиром мегузоранд? Мо аз пеши худ инро намегӯем ва бо чашмони худат дидаӣ чи карданд бо ҳайкали пешвоҳои зиндаи барканор шуда.Ту ва ҳайкали модарат истисно нахоҳед буд ва ҳолу рузи онҳо ҳатман такрор хоҳад шуд!