Раиси «Тоҷикони дунё» муроҷиати “RSF” ро қабул ва рӯзноманигорони зиндониро афв мекунад?

Ислоҳ нет

Муроҷиатномаи  чаҳор тан аз аъзои зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди бозбинии парвандаҳои эшон бо ҳузури бевоситаи коршиносони  байналмилалӣ  дар ҳоле садо медиҳад, ки  ҳафтаи қабл, дуруст дар рӯзи 9-сентябр, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва дар пайи қабули Қонуни афв  Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF)-як созмони ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон  аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»-органи чопии ин ташкилоти сиёсиро аз зиндон раҳо кунад. То ҳамин имрӯз мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ вокунише  дар робита  ба инки  Ҳикматулло Сайфуллозода, яке аз муаллифони ин муроҷиатнома  шомили афв мешавад ё хайр изҳори назар накардаанд. Зимнан муаллифони дигари ин муроҷиатнома Зубайдуллоҳи Розиқ, сардабири пешини «Наҷот», Раҳматуллои Раҷаб , корманди Телевизиони Тоҷикистон  яъне журналистон  буданд. Ҳамчунин дар шумори ин рӯзноманигорони  зиндонӣ Абдуқаҳҳори Давлат, сардабири пешини нашрияи «Наҷот» ва Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон  ҳоло пушти милаҳои зиндонанд.

Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, хабарнигори 70-солаи тоҷик шомили афв бишавад.

Дар номаи дархостии Хабарнигорони бидуни марз маҳкумияти Ҳикматулло Сайфуллозода мазаммат ва таъкид карда мешавад, ки «вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ»  дастгир шудааст:

“ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон хатари марг таҳдид мекунад. Вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шуда, бояд даҳ соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ҷое, ки қурбонии бадрафторӣ шудааст. Озодии ӯ метавонад, ҳаёташро наҷот диҳад. Гузашта аз ин, барои ҷомеа ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад.”

Дар воқеъ, ин созмони байналмилалӣ  дуруст таъкид кардааст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ва «раҳоии  барои ҷомеаи ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад».

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин авохир, бахусус баъд аз ҳаводиси ахири Афғонистон худро пуштибони тоҷикони дунё нишон додан мехоҳад ва чоплусону хушомадгӯёнаш ҳам  ӯро ба унвони «раиси тоҷикони дунё» ном бурда истодаанд, баъид аст, ки ба ин дархости Хабарнигорони бидуни марз ва муроҷиатномаи  зиндониҳои сиёсӣ посухи мусбат диҳад. Агар ӯ заррае ҳам дар қалбаш меҳру шафқати инсонӣ ва ҷуръту  ҷасорати мардӣ медошт, қонуни афвро тавре  қабул мекард, ки ба ин зиндониҳои сиёсӣ ҳам татбиқ мешуд.

  “Аммо «парадокс» инҷост, ки раҳоии як хабарнигори бегуноҳи тоҷикро як созмони хориҷӣ аз раиси тоҷикони дунё хоҳиш кардааст. Вале мову шумо медонем, ки раиси тоҷикони дунё ба андозаи буни сӯзан парво намекунад, ки як мӯсафеди 70-соларо барои ҳеҷ гуноҳе зиндонӣ кардаасту аз ин амали нангини вай ҳатто дар Фаронса ангушти афсус мегазанд. Ҳайфи ту барин раиси тоҷикони дунё.”

Мо, хуб медонем, ки барои раҳоии Сайфуллозода ва дигар зиндониҳои сиёсӣ на танҳо Хабарнигорони бидуни марз ва созмонҳои дигари мудофеи ҳуқуқи башар, балки Созмони миллали муттаҳид, Иттиҳои Аврупо ва ҳатто давлатҳое чун Амрико дархост карданд, вале Раҳмонов ба ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷавоби мусбат надод. Ҳамоно ӯ ва 12 нафари дигари аъзои Раёсати олии ҲНИТ-ро дар ба ном ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини вазири дифоъ шарик донист.

Муаллифони муроҷиатнома: -Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Раҳматуллои Раҷаб, ки ҳоло шаш соли умри худро дар зиндон сипарӣ кардаанд, бори дигар таъкид кардаанд, ки ҳама иттиҳом  алайҳи  онҳо  дурӯғ ва бофта буд:

«Пеш аз ҳама хотиррасон мекунем, ки мо собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро кормандони КДАМ рӯзи 16.09.2015 с. аз манзилҳои истиқоматиамон бидуни пешниҳод намудани ҳуҷҷат ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол дода, ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Баъди чанд рӯз бо вуҷуди надоштани гуноҳ нисбати мо ва дигар аъзои РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2 айбдор намуда, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Баъди содир кардани ҳукми боздошт аз тарафи Суд парвандаҳое бо санадҳои зиёд мисли онки гӯё моро кайҳо пурсида ва мутақоид карда бошанд, ба моддаҳои 104, 131, 179, 187, 170, 189, 195, 199, 306, 307, 32, 313, 32 КҶҶТ пурсупорс оғоз шуд. Аз ин амалан эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд.

Илова бар ин, болои паравандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ниҳодаанд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ парвандаро аз ибтидо то интиҳо воқеъяити ҳолро ба назар нагирифта, кӯркӯрона ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, моро беасос гунаҳгор донистанд.

Вақте, ки мо дар раванди тафтишот барои исботи бегуноҳии худамон далелҳои қотеъона пешниҳод мекардем, муфаттишон бо табассуми муғамбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст».  

Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ.нет»   матолиби зиёди катбиву тасвирии моро қаблан  хондаву дидааст. Ва, мо на як бору ду бор гуфтаем, ки ин ошӯбу ин кудатои дурӯғин сенарияи Эмомалӣ Раҳмонову СС. Ятимов буд. Шодравон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)  даст ба табаддулоти давлатӣ назадааст. Нақшаи ин табаддулоти дурӯғин ва ҲНИТ-ро ба он шарик кардан рӯзбарӯз бештар маълум мешавад. Худи ҳамин далел, ки тафтишот, мурофиа ва муҳокимаи додгоҳии ин афрод пӯшида ва паси дарҳои баста сурат гирифт, маълум мекунад, ки ин ҳама як дурӯғи бузург  буд.

Як бори дигар ин андеша кунед.

Агар Раёсати олии ҲНИТ ба ин ошӯб шарик буд, чаро кумитаи амният қабл аз иҷрои он воқиф нашуд? Магар ошӯби зиддидавлатӣ кори якрӯзаву дурӯза аст? Барои он бояд чандин вақт омода шуд. Чи тавр тамоми аъзои Раёсати олии ҲНИТ -ин ҳама нафарон дар анҷоми ошӯб омодагӣ мегирифтанд, шарик буданду  амният (Саймумин Ятимов) огоҳ намешудааст? Агар ҲНИТ шарики ин ошӯби дурӯғин буд, чаро ҳеҷ яке аз аъзои Раёсати он ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Ҳалим  набуд ва нарафт Ромит? Чаро ин ҳама нафарон- Зубайдуллоҳи Розиқу Ҳикматулло Сайфуллозодаву Раҳматуллои Раҷабу Абдуқаҳҳори Давлату Муҳаммадалии Файзмуҳаммаду Муҳаммадалии Ҳайиту Воҳидхони Қосиддину Сайидумар  Ҳусайниву бақия дар канори Ҳоҷӣ Ҳалим набуданд, балки баракс комилан бепарвову осуда дар шаҳр мегаштанд? Ҳатто пинҳон намешуданд? Охир,шумо «ошӯб»-ро хунсо кардед ва мантиқан ва аз рӯи ақлу мантиқи инсонӣ ҳам ин нафарон бояд панаҳ мешуданд ва мегурехтанд?  

  “Оё ҳамин  Ҳикматулло Сайфуллозода  ё Зубайдуллоҳи Розиқ  ё яке дигар аз ин нафарон дар  инҷо чи нақш ва саҳме доштанд? Ҳоҷӣ Ҳалимро роҳ нишон дода Ромит бурданд, бо яроқ таъмин карданд?”

Барои он онҳо пинҳон нашуданд ва нагурехтанд, ки аслан хабаре аз кадом кудатое надоштанд ва кадом ошӯбе ҳам набуд. Ва, ба пойи онҳо шумо тӯҳмат бастед.

Ҳоло шаш сол мешавад,ки Эмомалӣ Раҳмонов ин нафарон ва ин ҳизбро террорист меномад, аммо касе, ягон созмону ягон давлат қабул накард. Чунки воқеият тамоман чизи дигар аст.

Аммо ҳоло бигзор аз ин ҳама бигзарем ва мисли инсон ва бачаи одам ба сарнавишти ин нафарон расидагӣ кунед. Шаш соли умри худро дар зиндон ин мардони Худо сипарӣ карданд ва ҳоло бо муроҷиат ба сохторҳо ва ниҳодҳои зери назари Шумо муроҷиат карда истодаанд, ки ба сарнавишти онҳо таваҷҷӯҳ кунед. Онҳо дилпурона гуфта истодаанд, ки бигзор дар бозбинии парвандаҳои онҳо  нозирон ва коршиносони байналмилалӣ  иштирок кунанд. Худи ҳамин нукта кофӣ аст бигӯем, ки онҳо кадом айбу гуноҳе надоранд ва дилпурона даъво доранд.

“Хабарнигорони бидуни марз Шуморо ба раҳму шафқат фаро хондааст, аммо муаллифони ин муроҷиатнома  бо ин вуҷуд, ки ин ҳама ранҷу азобро дида истодаанд, тақозояшон ин аст ки парвандаҳои онҳо бозбинӣ шавад.”

Ба Эмомалӣ Раҳмонов бори дигар гӯшрас карданиам, ки  барои анҷоми табаддулоти давлатӣ муддати зиёд лозим аст ва имкон надорад, ки якшабе хезиву кудато анҷом диҳӣ. Азбас ин кори  якшаба нест, табиист ки бо шикасти он дастандаркорон бояд фирор мекарданд. Аммо чаро онҳо-аъзои зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ  фирор накарданд?

Агар Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70 сола шомили ин афв шавад ,барои Раҳмонов ва ҳукумати вай чи хатар пеш меорад? Ҳамоне, ки хабарнигорони бидуни марз ҳам таъкид кардааст. Ҳеҷ таҳдиде пеш намеояд.

Аммо аз тарафи дигар инро ҳам бигӯем, ки Эмомалӣ Раҳмонов, феълан ончиро, ки мехост, ноил шуд. Рустами писарашро оварду дар канораш қарор дод амалан ба нафари дуввуми Тоҷикистон  табдил кард. Як ваҷаби дигар аст ки ӯ раиси ҷумҳурӣ ва худи Раҳмон  расман ба кори Асосгузору Пешвои миллат шурӯъ кунад.

Агар мард ҳастед, ин аст майдоне, ки мардиву мардонагии шуморо маълум мекунад.

Агар раиси тоҷикони дунё ҳастед ва ба ҳама тоҷикон муносибати яксону холисона доред, ин аст фурсати нишон додан. Ба он хотир афв гуфтам,ки ,то ҳол санади афвро имзо нагузоштааст ва ҳадди ақал тавсияҳои “СММ” ва “RSF” ро намепазирад ин рӯзноманигорони бегуноҳ дар назди олам ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ вале дар назди худаш “гунаҳкор”ро шомили ин афви бахшида ба сӣ солагӣ намояд.

 

Share This Article