Равобити Салҷуқиёну Аббосиён дар асоси манобеи таърихӣ- (асрҳои ХI-ХVII).

Ислоҳ нет

 

Пас аз васлати халифа ал-Муқтадӣ биамриллоҳ (467-487ҳ.қ./1075-1094 м.)  бо духтари султон Маликшоҳ (465-485ҳ.қ./1072-1092м.)  , халифа аввалин гомро дар роҳи касби қудрати молӣ ва сиёсӣ бардошт. Масоили молӣ ва сиёсии халифа тавассути шахсе бо номи Амид идора мешуд, ки аз тарафи султон тайин шуда, муҷиби маҳдудияти қудрати халифа мешуд. Акнун халифа бо итминон аз мавқеъияти худ дар аввалин иқдом Амидро нишона гирифт. Амид масъулияти умури молӣ ва кишварӣ дар пойтахт ва Бағдодро ба таври куллӣ ва назорат бар иқтоъоте, ки ба халифа ихтисос дошт ва интиқоли оидоти онро бар уҳда дошт. Амид дар Ироқ чунон қудрат пайдо карда буд, ки ба таври мухталиф корро бар халифа сахт мекард. Дар соли 475ҳ.қ./1083м. бо таҳкими пайванд миёни халифа ва султон Муқтадӣ аз Амид ба Маликшоҳ ва Хоҷа шикоят бурд. Халифа ҷиҳати тарҳи шикоят яке аз бузургон бо номи шайх Абўисҳоқи Шерозиро роҳии Исфаҳон кард.

Шайх аз Бағдод ба сўи Исфаҳон ҳаракат кард. Имом Абўбакри Чоч ва чанд тан дигар аз бузургон ва аъён дар хидмати ў буданд. Шайх Абўисҳоқ аз ҳар шаҳре, ки мегузашт мардум ба истиқбол меомаданд ва гирди каҷоваи ў издиҳом мекарданд ва бар он даст мекашиданд ва бар рўй мемолиданд ва бар суми асбаш бўса мезаданд. Гурўҳе дирҳам ва динор бар ў нисор мекарданд ва санъатгарон чизҳое, ки худ сохта буданд ва бозаргонон колоҳои худ бар каҷоваи ў мерехтанд. “Шайх дар тамоми ин аҳвол мегирист ва муайяд мекард, чун назди султон расид дархости худро арза дошт, султон ҳамаро иҷобат кард ва дасти Амиди Ироқро аз ҳар чи мутааллиқ ба халифа буд, кўтоҳ кард. Шайх Абўисҳоқ ба маҷлиси Низомулмулк даромад ва миёни ӯ ва имоми ҳарамайн Ҷувайнӣ мунозироте воқеъ шуд ва хабари он маъруф аст.”1

Пас аз азли Амид ва эҳтироми Хоҷа ва Маликшоҳ нисбат ба расули халифа ал-Муқтадӣ ҳадафи бузургтареро нишона гирифт. Бани Ҷаҳир, билхусус Амидудавла пас аз пайванди сабабӣ бо Хоҷа ва ҳимояти Хоҷа аз вай манофеи султон ва вазирро бар манофеи халифа тарҷеҳ медод, чароки ҳам домоди Хоҷа Низомулмулк буд ва ҳам сарнавишти падари маъзулашро пеши чашм дошт. Аз тарафи дигар халифа ба сабаби дар ин охир бо Амидуддавла пас аз издивоҷи дубора бо духтари Хоҷа муҷиби қудрати ў шуда буд. Халифа пас аз азли амиди Ироқ эҳсоси қудрат ва мутмаин аз ҳимояти султон даст ба кори хатарноке зад, ки наздик буд хилофатро низ аз даст диҳад ва он ин ки дар соли 476ҳ.қ. (1084м.) Амидудавларо аз вазорат халъ ва ба ҷои ў Заҳируддин Абўшуҷоъ Муҳаммад ибни Ҳусайнро, ки ҳомии сарсахти ў буд, ба вазорат баргузид.1 Низомулмулк аз ин ки домод ва ҳампаймони ў бояд барканор гардад сахт ба хашм омад ва бино бар ривояти Ибни Ҷавзӣ, ҳатто дар садад баромад, ки хилофатро барандозад.2

Аз тарафи дигар лозим буд, ки ҳимояти Низомулмулк ва султони салҷуқӣ нисбат ба хонадони Бани Ҷаҳир, ки сарсупурдаи онҳо буданд, маълум шавад, аз ин рў дар он рўзҳо “номае аз Низомулмулк расид, ки аз ҷониби Маликшоҳ ва аз ҷониби худ Бани Ҷаҳирро ба Исфаҳон даъват карда буд. Онҳо низ бо тамоми зодуруди худ ба Исфаҳон ҳаракат карданд ва дар дастгоҳи султон мақомҳои арҷманд ёфтанд. Султон Маликшоҳ сарзамини Диёри Бакрро ба Фахруддавла ибни Ҷаҳир дод ва сипоҳе ҳамроҳи ў кард, ки он ҷоро аз Бани Марвон бистонанд ва дар он ҷо бо номи худ хутба бихонанд ва номи худ бар сикка зананд.”3 Бо ҷустуҷў дар манобеи таърихӣ илова бар ҳимоят аз Бани Ҷаҳир яке дигар аз сабаби нороҳатӣ ва хашми Хоҷа аз вазорати Абӯшуҷоъ маълум мешавад.

Хоҷа Низомулмулк хост Заҳируддин Абӯшуҷоъ дар сафари Каъба бо ў мувофиқат кунад, аммо Абӯшуҷоъ қабул накард ва ба Хоҷа навишт, ки яке аз ёрони Ҳасани Басрӣ аз ў илтимос намуд, ки дар сафари Каъба бо ў бошад1, ки ҳамин ишора барои пай бурдан ба нороҳатии Хоҷа кофист.

Соли 479ҳ.қ./1087м. Маликшоҳ ба Бағдод ворид гардид ва пас аз фатҳи Ҳалаб дар сарзамини Шом (имрӯза Сурия) ба  Бағдод рафт. Ў дар муқобили халифа рафтори мутавозеъонае дар пеш гирифт ва ба навиштаи Бандорӣ пас аз дарёфти ридо ва шамшеру мақоми худ аз дасти халифа сайъ кард, то дасти халифаро бибўсад, аммо халифа монеъ шуд ва саранҷом шоҳ бар хотами ў бўса зад. Дар ҳамин боздид буд, ки Маликшоҳ дар майдони чавгон ба бозӣ машғул шуд ва пас аз дидори султон ва халифа ва хуруҷи султон аз саройи халифа, Низомулмулк дар ҳамон ҷо таваққуф кард, то ҳама умарои салҷуқӣ, ки чиҳил тан буданд, омада, тавассути ў бо зикри дараҷа ва пояи мизони ҳуқуқ ва улуфаву саворонаш ба халифа муаррифӣ шуданд ва халифа Хоҷаро хилъат дод.2 Дар ин сафар халифа Хоҷаро ба Ризо амиралмуъминин мулаққаб сохт ва ин лақаб дар таърихи хилофати Аббосӣ пеш аз Хоҷа ба вазирӣ ато нашуда буд.3 Дар таърихи хулафо дар бораи ин сафар омада, ки: вуруди султон ба Бағдод ва иқомат дар манзили халифа ва бозии чавгон бо хабари Бандорӣ як аст. Аммо дар поёни хабар тафовут аст… Албатта тамоми муаррихон ишора ба хуруҷи султон ба самти Исфаҳон доранд ва хабари Бандорӣ воҳид аст ва шояд иштибоҳи носих бошад. Аммо Суютӣ хабари дигаре дорад, ки дар бақияи манобеъ наёмадааст….

Оё то кунун хутба ба номи ал-Муқтадӣ дар ҳарамайн ҷорӣ намешуд? Дар ҳамин сафар Абӯшуҷоъ вазири халифа хутбаи маъруфи худ барои Маликшоҳро дар ҳузури халифа мехонад….

Эй Ҷалолиддин мавлои мо, амиралмуъминин, ки Худованд вайро ба иззати хилофат баргузид ва ўро чунон уммату пешво қарор дода ва туро ба ин некўӣ, ки бар ҷой ҳаст интихоб карда ва шамшер бар ту овехта… Ба фармонбарии халифа молҳо аз атрофи дунё ба ту рўй меоварад, ки дар ин хутба зимни тайиди Маликшоҳ ба ў тафҳим шуд, ки машруияти салтанат аз ҷониби халифа мебошад. Сабукборӣ ва сархушии султон дар ин аём чунон буд, ки иқтооти халифаро афзоиш дод ва молиётҳои ғайриқонунӣ ва аворизи ҳамлу нақл ва колоҳоро, ки аз Ҳаҷоҷ мегирифтанд, бардошт.1

Солҳои 480-482ҳ.қ./1088-1090м.-ро метавон солҳои пайванди издивоҷи халифа ва духтари султон ва тирагии равобит миёни хилофат ва ҳукумат  донист.

Иқомати Маликшоҳ дар Бағдод то соли 1088 ба тӯл анҷомид. Ҳангоме, ки Маликшоҳ дар Бағдод буд арӯсии миёни духтари султон ва халифа оғоз шуд ва дар бораи кайфияти ақд ва арӯсӣ навиштаанд, ки дар муҳаррами соли 480 ҳ.қ./1088м. духтарро барои арӯсӣ ба саройи халифа фиристод, ҳамроҳи ӯ саду сӣ шутур буд, ҳама  бо пӯшишҳои дебои румӣ ва бори  бештарашон зару сим низ се аморӣ ва ҳафтоду чаҳор астар бо пӯшишҳои дебои мулкӣ ва тавқҳои зиреҳ бар шаш астар, дувоздаҳ сандуқ аз нуқра буд, пур аз анвои зеварҳо ва гавҳарҳо ва маҳде азим аз тилло Саъдуддавла Гавҳаройин ва амир Уртуқ (Бурсуқ) ва дигар умаро пешопеши ин ҷиҳоз ҳаракат намуданд ва мардум бар онҳо динору ҷома нисор мекарданд.2 Гӯё қаблан дар ин маврид бо султон суҳбат шуда буд ва чун дар ин ҳангом Маликшоҳ ба азми шикор ба берун аз Бағдод рафта буд.3 Дар натиҷа халифа хостгоронро назди Турконхотун фиристод.

Халифа вазири худ Абӯшуҷоъ Заҳируддин Муҳаммад ибни Ҳусайн ал-Ҳамадониро назди завҷаи султон, Турконхотун фиристод.. Вазир ба хотун гуфт, сарвари мо амиралмуъминин гўяд……..

Сипас Хотун духтари Маликшоҳ дар маҳфуҳае… биёмад халифа низ валимае тартиб дода буд…4 Ин маросим дар ҳузури бузургоне мисли Низомулмулк ва Абўсаъид Муставфӣ ва Абӯшуҷоъ баргузор гардид ва ҳосили издивоҷ низ тавлиди писаре буд, ки номи ўро Абўҷаъфар гузоштанд.1

Аз соли 481ҳ.қ./1089м. чанд омил муҷиби тирагӣ ва сардии равобити шоҳ ва халифа шуд. Аввалин омил ҳангоми сафари султон ба ҳаҷ падид омад. Дар соли 481ҳ.қ. (1089м.) Маликшоҳ қасди ҳаҷ кард.2 Дар масири сафар ҳодисае пеш омад, ки муҷиб шуд ҳурмати халифа бишканад. Барои тавзеҳи ҳодиса шарҳи ин нукта лозим аст, ки омили қатли Алпарслон, падари Маликшоҳ кутволи яке аз қалъаҳо ба номи Юсуфи Барзамӣ будааст, ки пас аз хатои тире, ки султон бад-ӯ андохт аз ғафлат ҳамагон истифода карда, бо корд Алпарслонро захмӣ кард ва пас аз он Юсуфи Барзамӣ корд ба даст мерафт, Ҷомеи Нишопурӣ, ки меҳтари фарошон буд, мехкўбе ба даст дошт, аз паси ў даромад ва бар сараш зад ва ба ҷо кушт.3

Дар аҳди султон Маликшоҳ ғуломе аз ғуломони халифа писари Ибни Ҷомеъро кушт. Ҷомеъ ба хотири интиқом ғуломро таъқиб кард ва ғулом ба ҳарами халифа гурехт.

Ҷомеъ ба дари ҳарам шуд… ва халифа ўро дар ҳарам нагузошт, чун султон барнишаст Ҷомеъ инони султон бигрифт, ки бо ў густох будӣ, гуфт: эй худованд бо кушандаи писари банда ҳамон кун, ки ман бо кушандаи падарат кардам.4

Ва ба далоиле, ки дар таҳлил хоҳад омад шоҳ дастуре содир кард, ки дар воқеъ ҳатаки ҳурмати халифа буд.

Султонро сухани Ҷомеъ мувофиқ омад ва амир ҳоҷиб Қумоҷро бифиристод, то ғуломро аз ҳарами халифа бадар оваранд ва халифа ал-Муқтадӣ даҳ ҳазор динор хунбаҳо дод, то номўси ҳарам нашкананд, султон напазируфт ва гуфт номўс шикастан беҳтар аз фармони Яздон гузоштан ва қасос ба ҳақ нафармудан. Ғуломро ба дасти хасм дод, то қасос фармуд.1

Ин ҷо метавон дар ҳайрат афтод, ки оё ин ҳамон султоне аст, ки мехост бар дасти халифа бўса занад? Ва ин халифа ҳамон чўпони уммат ва амиралмуъминин аст, ки вазири халифа Абӯшуҷоъ дар муқобили Маликшоҳ тавсиф менамуд? Пас чаро чунин шуд? Бо баррасии манобеи андаке, ки ба ҷо монда шояд бархурди халифа бо духтари султон дар ибтидои ҳамин солро битавон яке аз сабаби ин воқеъа қарор дод. Духтари султон шикояти бархўрди халифаро ба дарбор бурд, ки ҳамраҳон мавриди бемеҳрӣ қарор гирифтаанд ва халифа ҳурмати  бонўро нигоҳ надоштааст. Ибтидои соли 481ҳ.қ. (1089м.) турконе, ки ҳамроҳи шоҳзодахонуми салҷуқӣ буданд, тавассути хушунат ва ҷанҷол аз ҳарами халифа ихроҷ гардиданд.2 Духтари султон аз халифа ва камии таваҷҷўҳ ба худ шикоят намуд. Ин воқеъа қабл аз сафари Маликшоҳ ба ҳаҷ аст ва бархурди халифаро метавон навъе танбеҳи вай бо забони дипломатӣ дошт. Пас аз бозгашт Маликшоҳ аз сафари ҳаҷ, ки бо оғози соли 482ҳ.қ./1090м. мусодиф буд, шоҳ духтараш Хотунро ба Исфаҳон фаро хонд ва дар воқеъ бар ҷудоӣ тасреҳ намуд, аммо ин сафар ҳам бадфарҷом буд, дар рабеъулаввали соли 482ҳ.қ./1090м. ин Хотун бо писаре, ки аз ал-Муқтадӣ дошт ба дархости Маликшоҳ аз Бағдод рў ба Исфаҳон ниҳод ва дар зулқаъдаи ҳамон сол дар Исфаҳон даргузашт. Аммо писараш амиралмуъминини кўчак муҷиб ба муқаррабии султон гардид.3 Ин ҷо суоле пайдо мегардад, ки дар миёни шоҳзодагони ҳарам чаро ин писар муҷиб гардид? Оё ба хотири марги зудҳангоми модар буд? Ё бо додани лақаби амиралмуъминини кўчак Маликшоҳ савдои дигаре дар сар дошт? Аммо ҳар чи ки буд авзои сиёсӣ хабар аз ҳодисаи шуме барои халифа медод.

Дар соли  1091 Маликшоҳ барои бори дуввум ба Бағдод сафар кард. Аммо ин бор на аз дидорҳои шабона хабаре буд ва на аз бори оммаҳои рўзона ва на аз халифаи Бағдод таҷлил шуд. Ба ростӣ ҳадаф аз ин сафар чӣ буд? Навиштаанд, ки нахустин иқдоми султон иқдоми амр ба бинои сохтмон ҷиҳати вузаро ва аъёни салҷуқӣ1 чунонки Ибни Касир ҳам бад-он ишора кардааст: “Дар ин сафар Маликшоҳ масҷиди ҷомеи султониро бино ниҳод ва Хоҷа Низомулмулк ва Тоҷулмулк ва соири бузургон ҳар як хонае аз барои худ сохтанд, то ба ҳангоми иқомат дар Бағдод дар он ҷо манзил кунанд”.2

Дар воқеъ ба сабабе, ки қаблан аз он ёд шуд муносиботи султон ва халифа ал-Муқтадӣ дар ин сафар сард буд ва султон ба халифа эътиное накард ва ҳатто тасмим гирифт, ки Бағдодро тахтгоҳи зимистонии худ қарор диҳад тасмиме, ки собиқаи қаблӣ ҳам доштааст ва зоҳиран сабаби шуруи амалиёти сохтмонӣ дар Бағдод низ ҳамин будааст.

Дар ин сафар ёронаш аз ҳар сў гирд омаданд, аз ҷумла бародараш Тоҷуддавла Таташ ва Қасимуддавла Оқсанқар соҳиби Ҳалаб ва Бузон соҳиби раҳо ва дигар аммолу атроф биёмаданд, султон маросими шаби мелод ва ҷашншударо дар Бағдод баргузор кард, ҷашне, ки дар шукўҳ ва азамат собиқа надошт, он гоҳ вазири худ Низомулмулк ва дигаронро фармон дод, ки барои худ дар Бағдод хонаҳое бисозанд, ки чун ба Бағдод дар меоянд дар онҳо фуруд оянд ва сипас ба Исфаҳон боз гардид.3

Дар ҳамин сафар буд, ки султон исрор варзид, ки халифа номзадии писари бузургаш, ки баъдҳо ба номи ал-Мустазҳир халифа шуд ба нафъи Абулфазл Ҷаъфар набераи халифа ва султон, ки аз духтари султон таваллуд шуда буд, ба ҳам бизананд ва сипас ба Исфаҳон баргашт. Дар воқеъ ду ҳушдори саҳмгин ба халифа дода шуд, аввалан бо шуруи хонасозии атрофиёни султон ба халифа ихтор дода шуд, ки Бағдод ба зудӣ муқарри салтанати Салоҷуқа хоҳад шуд ва ду султон ҳам дар иқлиме нагунҷад. Дуввум он, ки машруъияти валиаҳд халифа зери савол рафт. Акнун ба хуби равшан шуда буд, ки замона обистани ҳаводиси нохушоянд аст ва халифа дар Бағдод бетобӣ мекард.

Дар солҳои охири салтанати Маликшоҳ ба далоили зиёде зиндагии султон бо талхӣ ва нокомӣ тай шуд. Бар асари тағйироти куллии раисони муносиби назм мавҷуд дар кишвар дастхуши ихтилол гардид. Аз тарафи дигар Турконхотун ҳамсари султон тақозо дошт, ки Маҳмуд фарзандаш ҷонишини падар ва вориси тоҷу тахт муаррифӣ гардад. Аммо Хоҷа Низомулмулк шоҳзода Баркиёруқ фарзанди ҳамсари дигари султонро барои эҳрози ин мақом шоистатар медонист. Аз сўи дигар халифа мехост ба ҷои Абулфазл Ҷаъфар наваи Маликшоҳ Мустазаҳир биллоҳро ҷонишини худ қарор диҳад. Бинобар, ин султон, ки дигар инон аз даст дода буд, дар соли 485 ҳ.қ./1092м. озими Бағдод гардид. Мунтаҳо пеш аз он воқеъаи азим рўй дод, ки пояҳои тахти султонро ларзонид ва он моҷарои қатли Низомулмулк аст, ки бархе аз муаррихин яке аз сабаби онро ҳимояти Хоҷа аз халифа медонистанд ва чун Маликшоҳ азмро ҷазм карда буд, ки халифаро аз Бағдод биронад ва Хоҷаро монеъ медонист ўро биронад, чунонки Сабкӣ менависад: “Чун подшоҳ медонист бо будани Низомулмулк ин кор амалӣ нест пеш аз расидан ба Бағдод муқаддамоти қатли ўро фароҳам сохт.”1

Бо қатли Хоҷа ҳомии худ дар дарбори султонро аз даст дод ва Маликшоҳ низ ваъдаи вазоратро ба рақиби Хоҷа, яъне Тоҷулмулуки Қумӣ дод. Чигунагии тирагии равобити Хоҷа ва Маликшоҳ хориҷ аз баҳс аст, аммо ин ки шояд яке аз сабаби қатли Хоҷа ҳаракати Маликшоҳ ба қасди азли халифа бошад, матлаби муҳиме аст, ки ниёз ба таҳқиқи ҷудогона дорад. Манобеъи дигар дар қатли Низомулмулк ботиниҳо дар раъс Носир Субоҳро медонанд.Аз қалъаи Аламут ин қатлро тарҳрезӣ намуд ва Низомулмулкро ба қатл расониданд.Албатта бо таҳрики хонуми Маликшоҳ малика Турконхотун.

Ба ҳар ҳол султон Маликшоҳ пас аз кушта шудани Низомулмулк равонаи Бағдод гардид ва дар охири моҳи рамазон ба шаҳр даромад аз давлатмардон Абулфазл (Асад ибни Муҳаммади Мусо), Муҳаммадулмулуки Қумӣ ва Тоҷулмулук Абулғаноими Марзбон Хусравфирўз вазири завҷаи ў Турконхотун Ҷалолия духтари яке аз мулуки Хония ё Мовароуннаҳр ҳамроҳи ў буд.  Тоҷулмулук яке аз касоне буд, ки бо Низомулмулк душманӣ дошт ва пайваста алайҳи ў саъоят мекард, чун султон вориди Бағдод шуд қасдаш он буд, ки дар нахустин фурсат вазорати хеш бад-ў диҳад.1 Дар таърихи Фахрӣ низ омадааст: “Миёни Муқтадӣ ва Маликшоҳи Салҷуқӣ пешомаде шигифт рух дод, бад-ин маънӣ, ки назари султон дар бораи халифа тағйир кард аз ин рў озими Бағдод шуд ва дар соли 485ҳ.қ./1092м. бад-он ҷо расид, назди халифа пайғом фиристод, ки бояд аз Бағдод хориҷ шавад ва дар ҳар куҷо, ки мехоҳад сукунат намояд. Муқтадӣ аз он пешниҳод сахт парешон шуд ва аз Маликшоҳ хост, то як моҳ ба ў муҳлат диҳад. Маликшоҳ посух дод, як соат низ муҳлат намедиҳам ва фиристода ҳамчунон дар миёни онҳо омаду шуд мекарданд, сипас бо ў Сотат Тоҷулмулук вазир қарор шуд ба халифа даҳ рўз муҳлат диҳад.”2

Суютӣ низ дақиқан ба ҳамин матлаб ишора дорад….. Пас аз қабули даҳ рўзи муҳлат барои халифа султон озими шикор шуд ва зоҳиран ба иллати хўрдани гушти шикор масмум гардид ва дар ҳоле, ки таби шадиде дошт дар саввуми шавол 

ба Бағдод бозгашт, атбо ўро қасд карданд, вале муассир наяфтод ва пеш аз он, ки халифаро табъид намояд ё Тоҷулмулукро бар маснади вазорат бинад дар шаби ҷумъа шонздаҳуми шавол аз дунё рафт. Матолиби Таърихи Байҳақӣ сароҳат дорад, ки Маликшоҳро бар дасти ходиме заҳр доданд ва он заҳр пияи харгўши дарёӣ будааст. Суютӣ дар ин мавзуъ барои ҳифзи обрўи халифа менависад.

Танҳо муаррихе, ки дар мавриди чигунагии марги Маликшоҳ бо дигарон назари мухолиф дорад Ҳусайнӣ аст. “Аз замоне, ки султон шаҳри Исфаҳонро тарк гуфт ва қасди Мадина кард, мариз шуд ва маризияш тул накашид, то ин ки фавт шуд”1 , ин бар хилофи назари тамоми муаррихини дигар дар мавриди маҳали марги ўст… Бандорӣ низ дар ин мавзуъ назари хешро иброз медорад.

Равобити Маликшоҳ ва халифа як давраи пурфарозу нишебро пушти сар гузошт. Рўзҳое, ки султон вориди Бағдод шуд ва бар дасти халифа бўса зад рўзҳои хушу шодӣ ва арўсӣ… Рўзҳои пурмеҳнат барои халифа ҳукми табъид, тангии вақт…

Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки султон дар бархурд бо муддаиёни тоҷу тахт ба ҳимояти халифа ниёз дошт ва замоне, ки халифа аз ў ҳимояти аланӣ намекунад дар хашм мешавад ва танҳо бо по дар миёни Хоҷаи бузург қарори издивоҷ чунонки баррасӣ шуд авзоъ ором мешуд. Маликшоҳ падари зани халифа ва халифа домоди шоҳ аст ва метавон иддао намуд, ки аз ин издивоҷ ду тараф суд мебаранд, аммо нафари саввумиро ҳам набояд нодида гирифт, ҳамсари халифа, ки духтари султон аст. Нақши ҳамсари халифа дар тирагии равобити халифа ва султон ба дурустӣ таъин нашудааст. Воқеъан ҷойи пойи зан дар вақоеи пешомада чӣ қадар аст? Аммо мутмаинан бадгўиҳои хотун духтари султон ва нақши модари ў такроран хотун зани ал-Мустазҳир 487-512ҳ.қ./1094-1118м. шоҳро набояд нодида ангошт ва дасти кам гирифт. Зимни ин ки вақте Маликшоҳ дар авҷи қудрат эҳсос мекунад, ки Хоҷаи бузург ҷойро барои ў танг кардааст. Бинобар ин халифа ҷойи худ дорад, аз ин рў пас аз қатли Хоҷа озими Бағдод мешавад ва дар ин ҷо сухан аз азл нест, ки халифа Муқтадир дигар ҷойгузини ал-Мустазҳир мешавад, сухан аз нафи баланд аст ва шикастани ҳурмати халифа, аммо рўзгор ба султон муҳлат намедиҳад ва дар воқеъ шояд ҳам агар султон намемирад боз ҳам ҳукумати салҷуқӣ дучори чолиш мешавад ва ин масъаларо ҳаводиси пас аз вай ва ҷангҳои ҷонишинӣ, авзои ошуфтаи ҳукумати салҷуқӣ нишон медиҳад, ки ниёз ба таҳқиқи васеи дигаре дорад.

Воқеъан кушташудани Низомулмулк хело тирагиҳои вахимеро пас аз он ба бор овард.Ман ҳатто суқути Қудсро ва қудрати салибиёнро пас аз ин моҷаро хело марбут медонам.Чунки пас аз қатли Низомулмулк он қудрат ва иқтидори собиқ дар давлати Салҷуқиён боқӣ намонд.Агар фурсат бароям даст диҳад махсус дар ин маврид мақолаи махсусе хоҳам навишт.Бобои мо ва шумо Низомулмулк дар суботи давлатҳо ва по барҷо будани бузургтарин давлатдориҳо хело таъсири босазое дошта аст, бо маргаш чӣ мусибатҳоеро минтақа ва дар умум олами ислом диданду мутаҳаммил шуданд.

Сарчашмаҳои истифодашуда



1Ибни Халдун. Муқаддимаи Ибни Халдун.Ҷ.4. –с. 28., Муҳаммад ибни Ховандшоҳи Балхӣ (Мирхонд). Равзат-ус-сафо. Таҳзиб ва талхиси доктор Аббоси Зарёб. Ҷ.3. –Теҳрон: Илмӣ, 1373. –с.517.

1Абӯиброҳим Қавомуддин Фатҳ ибни Алӣ ибни Муҳаммад Бандории Исфаҳонӣ. Зубдат-ун-нусра ва нахбат-ул-уъсра. Таърихи силсилаи Салҷуқӣ. Тарҷумаи Муҳаммад Ҳусайни Ҷалилӣ. –Теҳрон: Бунёди фарҳангии Эрон,1356. –с.67.

2ИбниҶавзӣ. Ал-Мунтазам фи таърих-ул-мулук вал умум. Доиратулмаорифи Ҳайдаробод, 1358 ҳ.қ. Ҷ.9. –с.2-3., Ибни Асир. Ал-Комил. Ҷ.10. –с.77-82.

3Ибни Халдун. Муқаддимаи Ибни Халдун.Ҷ.4. –с.29.

1Ҳиндушоҳ ибни Санҷар Абдуллоҳи Соҳибӣ (Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ).Тиҷоруб-ус-салаф. Тасҳеҳи Аббоси Иқбол. –Теҳрон: Таҳвурӣ, 1357. –с.287.

2Бандории Исфаҳонӣ.Зубдат-ун-нусра ва нахбат-ул-уъсра–с.74.

3Ғиёсуддин ибниҲумомуддин ал-Ҳусайнӣ Хондамир. Ҳабиб-ус-сияр фи ахбори афроди башар. Ҷ.2. –Теҳрон: Ҳумом, 1333. –с.496.

1Ибни Ҷавзӣ. Ҷ.9. –с.28-30.

2Ибни Халдун. Муқаддиами Ибни Халдун. Ҷ.4. –с.33.

3Мирхонд. Равзат-ус-сафо. Ҷ.4. –с.673.

4Ибни Халдун.Муқаддимаи Ибни Халдун.Ҷ.4. –с.33.

1Ибни Асир. Ал-Комил. Ҷ.10. –с.106-107. Ибни Ҷавзӣ. Ҷ.9. –с.30-36.

2Ҳамдуллоҳи Муставфӣ. Таърихи гузида. Нашри факсимилеи Эдуард Броун. –Теҳрон: Дунёикитоб, 1361. –с.435.

3Муҳаммади Ровандӣ. Роҳат-ус-судур. –с.121., Рашидуддини Фазлуллоҳ. Ҷомеъ-ут-таворих таърихи оли Салҷуқ. Бо сайъ ва эҳтимоми Муҳаммади Равшан. –Теҳрон: Мероси Мактуб, 1386. –с. 41.

4Муҳаммади Ровандӣ. Роҳат-ус-судур. –с.121.

1Рашидуддини Фазлуллоҳ. Ҷомеъ-ут-таворих. Таърихи оли Салҷуқ. –с. 41.

2Ибни Асир. Ал-Комил. Ҷ.10. –с.109-116. Ибни Ҷавзӣ. –с.44-46.

3Суютӣ. –с.245.

1Суютӣ. –с. 425.

2Имодуддин Абӯлфидо Исмоил ибни Умари Димишқӣ Ибни Касир. Ал-Бидоя ва н-ниҳоя. Ҷ.8. –Қоҳира: Истиқома, 1385 ҳ.қ. –с.159.

3Ибни Халдун. Муқадимаи Ибни Халдун. –с.35.

1(www.runivers.ru/doc/isl/index.php?SECTION_ID=307&IBLOCK ) Сельджуки.

1Ибни Халдун. Муқадимаи Ибни Халдун. –с.35.

2Беляев Е. А. Аббассидов халифат Советская историческая энциклопедия. -М.: Издательство «Советская энциклопедия», 1961. – Т.1. -С. 28-32.

 

Share This Article