Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ» !
Соли мелодии 2024 ҳам ба поёни худ расид. Ва, бадеҳист, ки ҳар як инсон, чи расад ба муассиса ва корхона дар ин рӯзҳои поёнии сол як муруре ба рӯзҳои рафта мекунад, то бибинад, чи коре шоиставу лоиқи таҳсин ва ё баракс амале номақбул кардааст.
Мо, масъулони «Ислоҳ» ҳам, мисли солҳои пешин бо як назаре хоҳем дид, ки дар соли 2024 чи комёбиву чи нобарорӣ доштаем.
Аммо, намедонам, чаро, инҷо аввал мехоҳам аз як ҳодиса ва руйдоди басо муҳим тазаккур диҳам, ки ба кору бори «Ислоҳ» муртабит нест, вале аз онки мо дурусту дақиқ ҳамин ҳодисаро, бале маҳз такрори ҳамин ҳодисаро дар ватанамон мехоҳем ва ҳадафу мақсаду муроди мо ҳам ҳамин аст, инҷо ёдрас шавем. Албатта, ин руйдод сарнагунии Башшор Асад, диктатор, дарозумри сиёсӣ ва як шахсияти касифу хабису палид аст ки дар рӯзҳои охирии соли равон ба амал омад. Аз он ҷиҳат ин ҳодисаро инҷо ёдовар шудам, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳар лиҳозу аз ҳар ҷиҳат копӣ, нусхаи Башшор Асад аст ва инша Аллоҳ , умед мебандем, ки ӯро дар соли оянда ё 2025 дар канори Асад хоҳем дид.
Хуб, ҳоло биоему ҳарфу ҳадиси «Ислоҳ»–и худамонро бигуем.
Бо гузашти соли 2024 боз як сол аз умри мову шумо дар муборизаву талош бар муқобили режими хонаводагии Раҳмонов гузашт. Ҳарки бо мост мебинад ва мефаҳмад, ки заррае ҳам дар иҷрои аҳдофи худ диранг ва тағофул накардаем.
Агар барои бархе соли 2024 ба монанди солҳои гузаштаи дар ҳиҷрат муқаррарӣ ё «обичний» бошад, барои ҳайати эҷодӣ ва техникии «Ислоҳ» чунин набуд. Имсол соли ҳодисоти хело ҷолиб ва талху ширин буд.
Ҳаҷамоти мақомоти ниҳодҳои гуногуни кишвар болои мо бештар шуд. Аммо ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ побарҷо ва матину қавиирода роҳамонро дунбол ва масири худро паймуда истодаем.
Аммо инҷо бояд ошкоро ва кушоду рушан бароятон бигуям, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ «Ислоҳ» соли 2024-ро бо душворӣ пушти сар кард. Зарфият ва имконоти молиявии мо ба шиддат поин омад. Аммо сари муе аз кор ва хидмат ба миллат ва мардум дастбардор набудем.
Тангдастӣ водор кард, ки шуморе аз кормандони худро мураххас кунем.Тими «Ислоҳ» иборат аз 11 нафар буд ва дар ҳолатҳои изтирорӣ афроди бештарро ҳам ҷалб мекардем. Аммо дар соли 2024 бо нерӯи якунимбаробар камтар кор кардем ва шукр мар эзиди покро, ки хастагиро роҳ надодем ва бо ангезаву таҳаррукоти бештар идома додем.
Чунки ҳадафи мо, мақсади мо мубориза дар муқобили зулм, бедодӣ, ҷиноятҳои густурдаи мақомот, оилаи ҳоким ва ҳар он истибдоде, ки дар кишвари азизамон бедодӣ мекунад мебошад.
Пас мо ин ҳамаро дида шонахолӣ накардему мисли бархе аз ҳамватанонамон бе ӯтафовут нанишастем. Мақсади мо моддиёт ва сарватандӯхтан нест. Бархеҳо вақте мутаҳаммили як каме зарар бишаванд аз идомаи масир берун мешаванд. Мо барои бинои як давлати ҷадиду пешрафта дар Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бастаем. Барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳама чиз гузаштаем, то ба мақсуд бирасем.
Имсол матолиби мунташира дар пойгоҳи «Ислоҳ» ба 295 адад расид, ки 26 матлаб камтар аз соли гузашта буд. Албатта, имсол «Ислоҳ» ба шикоятҳо ва номаҳое, ки аз саросари кишвар ба дасти мо мерасид таваҷҷӯҳи бештар дод, ки дар таҳқиқ ва тафаҳҳуси онҳо вақти зиёд лозим буд. 110 адад барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро дар имсол мунташир кардем, яъне 205 шумора дар «Ислоҳ» чоп шуд. Ҳамчунин боз 27 матлаби дигар низ дар чаҳорчуби ин барнома мунташир карда шуд, ки мухтаси як масъала ва як минтақа буданд. Ба ин тартиб аз
295 маводди чопшуда 158 тои он аз ҳодиса ва воқеъаҳои дохили Тоҷикистон буд, ки онро худи шумо хонандаҳо ва бинандаҳои «Ислоҳ» навиштаед.
Давраи пуркории мо дар соли гузашта ба оғози сол то апрели соли 2024 буд, ки дар ҳақиқат хело ҳам сатх кор кардем. Вале пас аз он аз моҳи июл, август, сентябр,октябр, ноябр, декабр ҳам кутоҳ наомадем ва тақрибан ҳар рӯз як матлаб ва як навор тақдими хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» намудем.
Барномаи «Номаҳо….» воқеан ҳам хеле муфид барои манотиқи гуногуни кишвар тамом шуд. Чунки пас аз нашри ҳар барномаи «Номаҳо…» ва барномаҳои телевизионии он ҳатман таъсири онро дар манотиқ эҳсос мекардем. Пас аз нашр мақомот ҷиҳати расидагӣ ба он нома ҳатман даст бакор мешуданд ва тағйиротҳое ҳам сурат мегирифт. Худи муаллифон иқрор мекарданд, ки мо ин шикоятро солҳо ба мақомот мерасонем аммо аҳамият намедиҳанд вале баъди нашр дар «Ислоҳ» ба он расидагӣ мешуд. Ва боз онҳое шикоят карда буданд худашон ба ҷавобгарӣ бо ҳар туҳматҳои дигар кашонида мешуданд. Садҳо чунин намуна имсол дар «Ислоҳ» доштем.
Имсол мо 12 барномаи «Семейканюс» доштем, ки хело ҳаводорони худро дошт. Аҷобати ин барнома дар он буд, ки ҳатто аз худи Аврупо адвокатҳое барои ҳимоят аз ин Семейка кардан мехостанд. Ин нишонаи аҷзу нотавонии режим дар амри ҷилавгирӣ аз ифшои асрори оилавии хонадони Раҳмонов аст, ки ҳеҷ лому миме натавонистанд гуфтан.
Агарчи барномаи «ҲНИТ, ним қарни пурталотум»-ро то ниҳояти соли 2023 ба муносибати 50 солагии ҲНИТ ба итмом расонидем, аммо наворҳои охири ин барномаро дар соли 2024 дар нимаи оғози он бо ҳазорон мушкилоте, ки доштем ба итмом расонидем. Бояд зикр гардад, ки дар навиштан ва бастабандии ин барнома танҳо худи «Ислоҳ» саҳм дошт. Албатта бо мардум ва муҳиббону пайравони ҲНИТ. Аслан аз тарафи масъулини ҲНИТ дар таҳия ва танзиму тақдими ин муаррифинома аз ҳизби 50 сола ҳеҷ ҳамкорие сурат нагирифт. Метавон гуфт танҳо ибтикори худи «Ислоҳ» барои муаррифии ҲНИТ буд.
Имсол «Ислоҳ» аз сафорати Русия дар Душанбе номае дарёфт намуд, ки посух барои нашри як матлаби мо буд.
Инчунин ба матолиби «Ислоҳ» раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент барои интихоботи порлумонӣ ба наҳвае посух ва аксуламал нишон дод.
Имсол чи дар Русия ва чи дар Тоҷикистон ҳаводорони «Ислоҳ»-ро хело мавриди таҳоҷумоти зиёде қарор доданд. Таҳдидҳо, пул гирифтанҳо, истирдодҳо ва ҳама анвоъи фишор болои бинанда ва хонандаву ҳаводорони «Ислоҳ»-ро ҳам доштем. Аммо боз ҳам «Ислоҳ» мардумитар ва маҳбубтар ва барои онҳое, ки аслан аз «Ислоҳ» чизе намедонистанду огоҳ набуданд ошнотар гашт.
Ҳангоме ворид мешаванд ба пойгоҳи «Ислоҳ» ва канали ютубии мо ҳақ будани мо ва ботил будани режимро бештар мефаҳманд.
Isloh.net ва ҳуҷумҳои Хакерӣ: ҳамлаҳои ҳакерӣ
Имсол Isloh.net тавассути ботҳо ва тарфандҳои ҳакерии мақомоти амниятӣ 17 млн бор мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. Дар тули сол 18 соат аз кор мондааст. 18 соат ба ин маъно, ки пас аз бархе ҳаҷамоти ҳакерӣ се соат, панҷ соат ва ҳафт соат ва чанд маротиба ним соатӣ аз кор боз мондааст. Аммо бо заҳмати шабонарӯзии кормандони техникии он ва камарбанди ҳимоятии қавие, ки Isloh.net дорад ба ин аҳдофи шум ва харобиоварашон нарасиданд. Метавонем инҷо Генерал Шодӣ Ҳафизро зикр намоем,ки пас аз онки Isloh.net-ро дақиқан бо фармони шахсии ӯ ҳакерӣ намуданд. Кормандони техникӣ хело сахт кушиш намуданд,ки онро бартараф намоянд ва муваффақ ҳам шуданд. Чун,ки ин кор бо даст аз худи утоқҳои кории УБОП сурат мегирифт. Мо медидем пас аз ҳар чанд дақиқа даҳ мақола ҳазф ё удалит мешуд. Аммо идораи Isloh.net аз дасти мо берун шуда буд. Чун рамз ва калидвожаро тағйир дода буданд. Аммо боз ҳам барқарор ва ҳеҷ коре ҳам аз дасташон наомад. Пас аз барқарории Isloh.net дар худи Пойгоҳ як дашноми обдора ба Шодӣ Ҳафиз навиштанд кормандон, то бубинад коре кардан наметавонад!
Фермаи ҷавоб ва Ислоҳу Муҳаммадиқбол
Метавонем бигуем имсол фермаи ҷавоб дар умум аз мубориза ва навиштани матолиб ва нашри наворҳо дар муқобили мо кутаҳ омад ва бар қудрат ва азамати мо тан дод. Чун ҳеҷ фаъолияти назаррасеро ба роҳ нагузошт. Аммо онҳо наҳваи корро ба шакли дигар пеш гирифтанду тавассути ячейкаҳои дар Аврупо хобондаи худ баъзе аз корҳоеро гӯйё анҷом доданд, ки бар акс ба шармандагии худашон анҷом ёфт. Ниёз ба зикри онҳоро намебинем, чун онҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд аз онҳо ба хубӣ огоҳанд. Мо дар муқобили ҳар лавмаву лайме омода бар истиқоматем Ин шо Аллоҳ!
Дар соли 2024 дар 21 расонаи хориҷӣ: фаронсавӣ, амрикоӣ, норвежӣ арабӣ матолиб ва мусоҳибаҳои мо нашр шудаанд. Инчунин се маротиба бо «Озодӣ» мусоҳиба доштем ва дар як барномаи Гапи озод суҳбат низ доштаем.
Ислоҳ дар Ютуб чи вазъиятеро дар худ дошт ?
Имсол шабакаи ютуб дар Русия ба мушкилот рӯ ба рӯ гардид. То соли 2024- 65 % ва гоҳо ба 69% ҳам мерасид,ки бинандагони мо аз Русия буданд ва 29% он аз Тоҷикистон ва мутабоқӣ аз кишварҳои дигари дунё. Дар соли 2024 -49% бинандагони мо аз Тоҷикистон буданд ва 40% аз Русия ва мутабоқӣ аз кишварҳои дигари дунё.
Имсол ба фарқ аз солҳои гузашта аз Ислоҳ 19 ҳазор обуначӣ берун шуданд ва боз ҳамин миқдор дубора обуна шуданд. Бар иловаи ин омор 6 ҳазор нафар обуна шуданд. Яъне 25 ҳазор нафар обуна шуд. Дар соли 2023- 34 ҳазор обуначӣ доштем . Имсол бар замми ҳама мушкилоте, ки мақомот болои мардум оварданд боз ҳам 25 ҳазор нафар обуна шудаанд. Онҳое берун шуданд ҳамоно бинандаи «Ислоҳ»-анд вале бидуни обуна шудан. Яъне 25 ҳазор тозанафас ва 19 ҳазор онҳое аз мактаби Ислоҳ фориғуттаҳсил ва барои мубориза комилан омода ва дар камини режим дар дохили кишвар дар ҳолати интизорӣ қарор доранд.
Дар соли 2024 ҳудуди 49,5 млн бинанда «Ислоҳ»-ро тамошо намудааст. 280 навор тақдим гардид. 72 барномаи пахши мустақим доштаем, яъне 352 рӯз дар сол дар хидмати мардум будаем. Метавонем бигӯем дар тули сол ҳамагӣ Ислоҳ 13 рӯз истироҳат доштааст.
Барномаи «Минбари муҳоҷир» дар соли 2024- 68 бор нашр шуд, барномаи «Зери заррабин» 3 бор ва як барномаи «Такфир чист? Такфирӣ киҳоро мегӯянд» ҳам доштем.
Ҳама барномаҳои Ислоҳ 301 ҳазор лайк, 80 ҳазор шарҳ (коментария) ва 51 ҳазор бознашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ доштааст. Дар умум Ислоҳро беш аз 194 млн бинанда дидаанд. Дар маҳдуда ва рейтинги каналҳои сиёсии тоҷикӣ яке аз пешсафони шабакаи ютуб ба шумор меравад.
Ислоҳ дар соли 2025 чи нақша дорад ?
Чуноне дар оғози ҳисоботи солона гуфтем соли 2024 бештар ба номаҳо ва шикоятҳои мардум аз дохили кишвар диққати ҷиддӣ дода будем. Метавонем бигӯем расидагӣ ба шикояту номаҳои мардумӣ кори душвор ва сангине ҳаст. Назар ба навиштани маводу матолиби таҳлилӣ.
Ҳама тими эҷодӣ ва техникӣ саргарми анҷоми он буданд ва воқеан заҳмати хело зиёд металабад. Барои идомаи он ҳазинаи кофӣ лозим аст, ки мутаассифона Ислоҳ дар ихтиёри худ надорад.
Ҳазинаи моҳонаи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ. нет» 2500 евроро дар бар мегирад. Чанд нафар машғули танҳо ин кор мешаванд, ки мо имкони пардохти ин пулро надорем.
Аз ин хотир ин барномаро ё комилан қатъ менамоем ва ё ба шакли дигаре, ё дар моҳ ду се бор ё ҳар ҳафта як барнома метавонем тақдим намоем на аз ин бештар.
Масорифи моҳонаи «Ислоҳ» мерасад ба 5000 (панҷ ҳазор) евро яъне ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ ва ё каме бештар аз он, тибқи курси муомила мешуда миёни евро ва рубл. Агар мардоне пайдо гарданд, ки ин ҳазинаро пардохт намоянд метавонем ба ҳамон шакл идома диҳем. Дар ғайри он имкон нопазир аст идомаи кор ба наҳваи солҳои пеш.
Дар соли 2025 бештар ба матолиби таҳлилӣ ва тадқиқотӣ мехоҳем пардозем. Ҳам барои мо осонтар ва дар ҳафта се матлаб ва се навори таҳлилӣ ва ду барномаи пахши мустақим дар ҳафта агар имкони баргузории он бошад. Дар ғайри он дар ҳафта як барнома ва ду се барномаи таҳлилӣ бо ҳамин фаъолияти худро маҳдуд мекунем. Тими эҷодӣ бояд аз ҳама ҷиҳат таъмин бошанду танҳо фаъолият кунанд.
Чуноне ваъда намуда будем як барномаи танҳо суҳбатӣ ва таҳлилиеро мехоҳем анҷом диҳем зери номи: «Он сӯйи сиёсат» Дар ин барнома,ки назар ба ҳаводис ва воқеъоти дар кишвар ва ҷаҳон рӯй диҳанда суҳбат менамоем ва ба мардум мерасонем. Маҳдудаи ин барнома тибқи баёни он ҳодиса ва таҳаввулот мебошад. Албатта он пахши мустақим нахоҳад буд. Сабт шуда тақдим мегардад. Худо кунад ин барномаро тавонем роҳандозӣ кунему мақбули шумо азизони бинанда гардад.
Мехостем барномаҳои таърихиеро ба роҳ монем вале тангдастӣ имкон намедиҳад.
Аммо фаъолиятҳои сиёсии худро дар формати муносибтаре қавӣ хоҳем кард, ки ҳатман шоҳиди он низ хоҳед буд!
«Ислоҳ» дар соли 2024 ҳамагӣ аз канали ютубӣ 5971,23 (панҷ ҳазору нуҳсаду ҳафтоду як евро ва бисту як евро сент) евро даромад доштааст, ки каме бештар аз масрафи як моҳаи он аст. Агар мо дар моҳ 5000 ҳазор евро масраф дошта бошем дар як сол 5971 евро даромад доштаем.
Мо аз ин миллату мардумем чизе барои пинҳон кардан надорем, ончи ҳаст ошкоро мегуем ва гузориш хоҳем дод.
Боқӣ саломат ва сарбаланд бошед.
Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи Садриддин
Мудири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии «Ислоҳ»