Рост гуфтааст Аллоҳ ва Дурӯғ гуфтааст Эмомалӣ Абдурраҳмон!

Ислоҳ нет

 

Эмомалӣ калимоте гуфт,ки  Бурқебаи Тунис 58 сол қабл онро гуфта буд

Мехоҳам ин нақди худро бо баёни саркаштарин  раисҷумҳурони кишвари мусалмони Тунис оғоз намоям.Чун ҳама амалкарди ӯ шабоҳат ба раисҷумҳури кишвари мо дорад.Умед аст яке аз мушовиронашон ин навиштаи бандаро барояш мерасонанд.

Ҳабиб Бурқеба аввалин раисҷумҳури давлати Тунис пас аз низоми подшоҳӣ дар ин кишвар аст.Ӯ дар 25 –уми июли 1957 то 7-уми ноябри 1987 дақиқан 30 солу се моҳ раисҷумҳури ин кишвар буд.Қонунҳое ба тасвиб расонидааст,ки хело баҳсбарангез ва мухолифи ошкор ба дини ислом буданд.

Баъзе қонӯнҳои ба тасвиб расонидааш:

1.)  Соли 1962 рӯза доштанро хост манъ намояд ва иллаташро ба истеҳсолот,зироат ва тавлидоти саноатии кишвар латма ворид менамояд унвон карда буд.Шарте гузошт,ки шахсоне мехоҳанд рӯза бигиранд бояд дар рухсатии меҳнатӣ ва ё пас аз синни нафақа расиданашон рӯза бигиранд.

2.)   Адои маносики ҳаҷро дар соли 1964  барои шаҳрвандони Тунис манъ намуд ва баҷои ҳаҷ ба шаҳрвандон пешниҳод намуд,ки бираванд ба зиёрат ва табарук донистани қабрҳои солеҳин ва авлиёҳои худашон мисли Абузамъа Балво ва Абулубоба Ал-Ансорӣ.

3.)  Дар соли 1981 қонӯнеро зери № 108 содир намуд,ки дар ин қонӯн занони мусалмони Тунисӣ набояд ҳиҷоб бипӯшанд.Ҳиҷоб ва ё матоъе,ки дар сари зан ин як масалаи тоифӣ ёқавмӣ буда бо маданият ва пешрафти замонавӣ мухолиф аст.Дар яке аз маҷлисҳо худаш аз ҷояш баланд мешавад ва аз сари чанд зани мусалмон ҳиҷобҳояшонро мегирад.Ин ҳолатро дар шабакаи дохили ба намоиш мегузоранд ва Бурқеба ба он занҳо хитоб карда мегӯяд: “Дунёро бе ҳиҷоб бубин”

4.)   Рафтани ҷавононро ба масҷид ва хоссатан ба намози субҳ манъ намуд ва мақомоти амниятияшро ба муроқибати ин масала амр менамояд.Инчунин дар қонӯни нонавиштае,ки бо он мақомоти амниятияш амал мекарданд.Шабҳо мегаштанд ва ҳар хонае чароғи хона рӯшан бошад ин далолат ба намози шаб хондани соҳиби он хона мекунад ва ба соҳиби он хона фишор меоварданд.Барои масҷид рафтан корти махсӯс дуруст намуда буд,ки ҳар шахс бояд дар масҷиди наздики хона ё макони зисташ намоз мехонд.Дар вақтҳои дарс,кор ҳаққи ба масҷид рафтанро надоштанд.

5.)  Дар соли 1957 чанд ҳамсариро манъ ва синни издивоҷро боло бардошт.Талоқи лафзиро бекор намуд ва онро танҳо дар маҳкама ё додгоҳ ба иҷро гузошт.Аслан се талоқаро бекор кард ва инро як масъалаи асри миёнагӣ номид.Барои занҳо иҷозати исқоти ҳамлро дар ҳама ҳолати ҳомилагӣ дод.Инчунин дар солҳои баъдӣ ба занҳои шавҳардореки фарзанддор намешуданд, аз бордоршавии сунъӣ аз марди дигарероҳам қонӯнан иҷозат дод.

6.)  Беш аз 200 масҷиди бузургро баст ва мадориси улумӣ исломиро ба осорхона ё музей табдил намуд.Таълими динро дар масҷид комилан манъ намуд ва барои шахсоне таълими исломӣ медиҳанд ҷазо муайян намуд.Масоҷидро ба қаҳвахона,рақсгоҳ ва ҷойҳои ҷамъияти табдил ва ё ба шаҳрвандон фурӯхт. Бузургтарин донишгоҳи исломии маъруфи Зайтунаро баст.

7.)  Мухолифони сиёсиашро дар дохил ва хориҷ дунбол мекард ва онҳоро ба қатл мерасонид.Ҳатто  олими маърӯфи дин Солеҳ  бин Юсуфро,ки устоди донишгоҳи маъруфи Зайтуна ва нависандаи чирадасте  буд пас аз фирораш аз кишвар дар Олмон ба шаҳодат расонид.Афродеки бо ӯ мухолифат мекарданд онҳоро Юсуфийн (иттиҳоми он давра буд,чунонеки ҳоло Наҳзатӣ,салафӣ,Гр 24 ,хоин гуфта Эмомалӣ зиндонӣ мекунад) гуфта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекарду шиканҷа менамуд.

Ин буд чакидае аз қонӯнҳои ба тасвиб расонидаи Ҳабиб Бурқеба расиҷумҳури он вақтаи давлати Тунис.Агар ба ин қонӯнҳо бо диққат аҳамият диҳед фикр мекунед дар Тоҷикистон ҳастед ва хело шабоҳат ба ҳоли имрӯзии кишвари мо дорад.

 Ҳабиб Бурқеба ва ислом

Дар авҷи қудраташ дар соли 1974 дар қасри раёсат ҷумҳурияш мардумони зиёдеро даъват намуд ва ошкор чунин гуфт:  Қуръон дорои таноқузот аст ва Муҳаммад хурофот мегуфт ва ман ба он муъҷизаҳоеки дар қуръон омадаанд бовар надорам.Чӣ гӯна чанд нафар дар ғоре 300 сол хоб мекунанд(қиссаи асҳоби Каҳфро дар назар дорад)?Чӣ гӯна шумо мепазиред ин сухани Муҳаммадро, ки як асо ба мор табдил гардад(қиссаи ҳазрати Мусоро дар назар дорад)?

 Бурқуба,ки аз Фаронса ба ин мақом истихдом шуда буд,то мардуми мусалмони Тунисро ба табдили дин маҷбур намяд.Аз Фаронса чунин паёме ё ҳушдоре,ки дар рӯзномаи “Лумунд” ба нашр мерасад,зери чунин унвон: “Эй Бурқеба аз хоби гарон хез, сояи асрҳои миёна дар Тунис дубора эҳё ё фаол мегардад”

Муҳаллилон ин ҳушдорро дар таъсиси ҲНИТ-и он кишвар ва ё таҳдобрезии он дар он солҳо ба Бурқеба ҳушдор дода буданд. Аммо бубинед,ки зуҳӯри ҷавонони он сол ва муборизаи содиқонаи онҳо пас аз чанд даҳа онҳоро ба ҳукм дар Тунис овард.Онҳоҳам аз фишору зулми Бурқеба пас аз ӯ Бин Алӣ аз кишвар хориҷ ва паноҳанда буданд.Намунаи зиндаи он Рошид Ғаннӯшӣ ва пирӯзии ҳизбаш дар маҷлиси ин кишвар аст,ки билохира таҳаққуқ пайдо кард.

Ҳабиб Бурқеба ва манъи рӯза

Дар соли 1962 қабл аз инки рӯза доштанро манъ кунад як баёнияе мисли “Паёми имрӯзии Эмомалӣ Абдурраҳмон” омода намуд ва дар рӯзи рамазон як ҷоми оберо дар дасташ гирифта нӯшид.Барои инки суханонашро зери пӯшиши шариъати ислом ба мардуми мусалмони Тунис тақдим намояд.Муфтии он замони кишвар ва шайхи донишгоҳи Зайтуна Тоҳир ибни Ошур ро даъват намуд,то сухани раисҷумҳурро таъйид намояд.

Аммо фаромӯш карда буд,ки олимони воқеъии дин ҳаргиз охирати худро ба ивази дунё намефурӯшанд.

Шайх ба студя ҳозир шуд ва суханашро шурӯъ намуд.

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.

         “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар  шуд, ҳамчунон ки  бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!”

(Сураи Бақара,ояти 183)

Пас аз тиловати ин оят бо ҷасорат чунин гуфт: “Рост гуфтааст Аллоҳ ва дурӯғ гуфтааст Бурқеба”Ин суханро се маротиба дар ҳузури раисҷумҳур такрор менамояд ва идома медиҳад.”Рӯза доштани ин моҳ барои ҳар мусалмони солим ва ғайри мусофир фарз аст.Ҳеҷ касе ҳақ надорад ин фаризаи Илоҳиро бекор ва ё бо баҳонае манъ намояд.Инчунин дар мавриди инки рӯза доштан истеҳсолот ва равиши кори корхонаҳои саноатиро дар кишвар кам мекунад сухани ботил ва беасосе мебошад”

Пас аз ин амали шайх Тоҳир ибни Ошур(раҳ) Бурқеба вазорати динро мебандад ва ду сол кишвар бидуни муфти ва вазири дин боқӣ мемонад.Аммо истодагарии уламои росих нагузоштанд ӯ,то андозае ҳаркоре мехоҳад бикунад.

Маҳз бо истодагарии ин шайхи матин ирода ва пойбанд ба динаш Бурқеба натавонист рӯза доштанро расман манъ намояд.

Аммо оё дар мо наход ягон шайхе, олиме, эшоне мисли Тоҳир ибни Ошур дар кишвар набошад?

-Оё ҳама онҳоеки дар ин нишаст ҳузур доштаанд дунёи худро аз охираташон болотар ва бо арзиштар медонистаанд?

Бурқеба аз ин амалҳои зиди исломияш фахр мекард

Ҳабиб Бурқебаи хабис бо иқрори худаш, пас аз бист соли раисҷумҳурияш ҳангомеки аз ӯ мепурсанд, ба чӣ пешравиҳое ноил гаштед?

Бо ифтихор чунин мегуяд: Ман донишгоҳи маъруфи динӣ Зайтунаро,ки соли 79 ҳиҷрӣ аз тарафи Ҳассон ибни Нуъмон таъсис гашта буд ва аз ин донишгоҳ бузургтарин уламои исломӣ фориғ гаштаанд мисли Ибни Халдун ва Шайхи Азҳар Шайх Муҳаммад Хазир Ҳусайн ва Тоҳир ибни Ошури саркаш ва ҳазорҳо олими дигари ислом,ки ман онро ба ҳамин иззату қадраш назди мусалмонон бастам.

Занони Тунисро аз ҳиҷоб озод намудам ва инро касе натавониста буд анҷом диҳад.Инчунин қонуни оиларо,ки марбути ислом буд ва асрҳо дар ин кишвар роиҷ ва ҳоким буд, комилан бекор намудам мисли никоҳ, талоқ ва ончӣ марбути он аст.Яъне се амалеро анҷом додаам,ки асрҳо дар ин кишвар роиҷ ва ҷузъи ҷудо нашавандаи динӣ ба шумор мерафтанд,магар ин амали кам аст?

Сарнагунии Бурқеба аз ҳукм

Зайналобидин бин Алӣ дар таърихи 7-уми ноябри 1981 дар як кудатое Ҳабиб Бурқебаро аз ҳукм сарнагун менамояд.Худаш барои се даҳаи дигар дар ҳукм боқӣ мемонад.Бин Алӣ Бурқебаро дар як қасре дар шаҳри Алмонстер”Monasnerium” ки яке аз шаҳрҳои Тунис  аст,зери муроқибати шадид нигаҳдорияш менамояд. Бояд зикр намоям,ки ин шаҳри қадими ва саёҳии Тунис аст ва соли 1969 бо яке аз шаҳрҳои Олмон бародаршаҳр шуданаш ин номро ба худ мегирад.Чунин шаҳре дар олмон вуҷуд дорад ва инчунин бо Душанбеи моҳам бародар шаҳр будааст.Ҳабиб Бурқеба дар ин 19 соли зиндонии хонагӣ буданаш, чанд маротиба аз бад будани вазъияташ мехоҳад худкушӣ намояд вале аз ин кор ӯро манъ менамоянд. Билохира ин тоғӣ дар 6-уми апрели соли 2000-ум дар ин ҳолати хору зор вафот менамояд.Раисҷумҳури он давра Зайналобидин бин Алӣ вафоти ӯро дар доираи хосе баргузор менамояд.Ҳатто аз ба намоиш гузоштани ташеъ ҷанозаи Бурқеба аз тариқи шабакаҳои Тунисӣ ҷилавгирӣ менамояд,то мабодо вазъро ноором нагардонад. Чунонеки Эмомали Абдурраҳмон аз ҷанозаҳои бузургони миллат мамониъат кардааст дар тулӣ ҳукуматрониаш.Ӯро дар он шаҳр ба хок месупоранду як боргоҳи бузурге барояш дуруст намудаанд,ки бо нақшунигорҳои тиллогин оро дода шудааст.Инчунин дар қабраш навишта шудааст “Муҷоҳиди бузурги Тунисӣ ва созандаи Туниси навин ва озод кунандаи зан” Пас аз инки ин зиндагиномаи ин марди палиду хабисро хондам, дар фикри он шудам,ки дар сари қабри Эмомалӣ чӣ менавишта бошанд? “Масҷид банд, гирандаи ҳиҷоби зани мусалмони Тоҷик,қотили бузургони миллати Тоҷик, хоркунандаи мусалмонон ва хоини миллат ва дин”

Ин мақола дар асоси ин суханони Эмомалӣ Абдурраҳмон навишта шудааст

Иқтибос аз суханони Ӯ:

“Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад”

Бозҳам пойро фаротар мегузорад ва Суханони Бурқебаро мегуяд:

“Агар мо дар ин моҳ, ки ба мавсими киштукор ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне маводи ғизоӣ рост меояд, заҳмат накашем, фурсат аз даст меравад, ҳосил талаф мешавад ва табиист, ки дар зимистон аҳли хонадони мо ба сахтиву мушкилот дучор мешаванд”(Мақсад дар вақти киштукор рӯза нагиред,танҳо бо услуби замонавӣ гуфта шудааст)

“Баъзе шаҳрвандони мо рӯзаро нишонаи аслии имон дониста, шахсони бемор ва дигар одамонеро, ки имкон надоранд, ба рӯза гирифтан маҷбур мекунанд”

“Ин гуноҳи азим ҳам бар тани худ ва ҳам бар ҷони дигарон аст. Муъмин набояд худро барои рӯза ба ҳалокат расонад”

(Ҷаноби Эмомалӣ рӯза нишонаи имон не балке фарз ва яке аз биноҳои панҷгонаи ислом аст,инкор кунандааш аз ислом хориҷ мегардад.Худатон савод надоред,  дар ин шакке надорем.Мушовиронеро интихоб накардед,ки дониши исломӣ дошта бошанд? Шариъати ислом ҳеҷ касеро маҷбур ба рӯза доштан накардааст агар бемор ё мусофир бошад. Кору фаолияти ин дунёи дар баробари ин бинои ислом барои шахси солим мардуд аст. Аммо шумо бояд дар ин моҳ ба мусалмонон осонӣ диҳед,то ин фаризаи Илоҳӣ ва яке аз биноҳои исломиро бидуни мушақққат анҷом диҳанд,на онҳоро ба корҳои сахту тоқатфарсо амр ва ба хурдани рӯза водорашон намоед.Аз Аллоҳ тарсед ба раъияти худ дар дунё ҷафо накунед,то дар охират ҷафо нашавед! )

Хитоби ман ба миллати мазлуми Тоҷик!

Чун дидам пас аз ин паёме,ки саропо мухолифи сареҳ ба ин фаризаи Илоҳӣ, касе аз уламои дин ҳеҷ мухолифате накарданд.Ба худам гуноҳ шумурдам дар муқобили ин густохии Эмомалӣ Абдурраҳмон хомӯш биистам. Эй мардуми мусалмони тоҷик! “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар  шуд, ҳамчунон ки  бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!”

(Сураи Бақара,ояти 183)

Рост гуфтааст Аллоҳ ва Дурӯғ гуфтааст Эмомалӣ Абдурраҳмон!

 Эй Аллоҳ шоҳид бош, ман рисолатамро анҷом додам!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article