“Файзобода шамолош, раисоша гуноҳош”

Ба идораи Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” аз ҳама ноҳияҳои кишвар ҷиноятҳо ва ноадолатиҳои мақомдорон хело зиёд мерасанд. Мо тими эҷодӣ воқеан ба ҳамаи онҳо дар ҳол расидагӣ карда наметавонем. Иллаташ бояд он иттилоъро дақиқ кунем, аз чанд манбаъ пурсем, пас аз он нашр намоем. Пеш аз интихобот аз чанд манбаъ дар мавриди ҷиноятҳои раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва раисони чандин ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод расида буданд. Ин матлаб чакомае аз он маълумотҳое ҳастанд,ки тасдиқ шудаанд. Дар мавриди ҷиноятҳои раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ таҳқиқоти комиле карда истодем ва пас аз такмил онро тақдими хонандагон ва бинандагони Ислоҳ.нет ва Ислоҳ.тв хоҳем кард.

Деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод. Трансформатореро, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ насб ва устувор карда шуда ва барои мардум хизмат мекард, канда дар назди ҳавлии як сокини ин деҳа шинониданианд. Дар ҳоле, ки барои трансформатор ҳудуди муайян ва бо симтӯри махсус ҷудо шудааст ва дар паҳлуи манзили сукунат овардани он мамнӯъ аст, мумкин нест.  Мардуми деҳа аз ҷо баланд шуданду мухолифат карданду гуфтанд, ки набояд ин кори ғайриқонунӣ анҷом дода шавад. Аммо кормандони Идораи барқи ноҳия мегӯянд, ки замини зери трансформатор фурӯхта шудааст ва онро замначалники милитсияи ноҳияи Файзобод гирифтанист ва ҳеҷ коре аз дастатон намеояд. Ҷангу ҷанҷоли мардум зиёд шуд. Онҳо рафтанд, барои онки дар пеш интихобот буд, интихобот акунун гузашт, ба фикрам меоянду мекананд трансформаторро. То ҳол дар давру бари истгоҳи трансформатор бархе аз намозгузорони масҷиди панҷвақтаи ҷумъахонии ба номи Шамси табрезӣ мошинҳояшро мемонданд. Ва дар дигар рӯзҳо ҳамчун подаҷо, ҳар саҳар гову моли мардум ҷамъ мешавад ва сипас подабон аз онҷо ба чаро мебарад.  Як тарафи дигари он ҷои партовгоҳи мардум аст. Хулоса, агар ин заминро фурӯшанд, мардум бе ҷои пода, бе ҷои партовгоҳ ва масҷиди ҷумъахонӣ бе  истгоҳи мошин мемонад. Имрӯз кори раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ фақат заминфурӯшӣ. Дар Файзобод ҷойи холӣ намонд. Ҳамаро фурӯхта истодааст.

Имрӯзҳо, ки Раҳмонов боз ҳам ба сайру сафар баромадааст ва аз шаҳру навоҳии вилоятҳои кишвар дидан мекунад, мехостам дар бораи сафари ӯ дар соли гузашта ба Файзобод бигӯям. Моҳи сентябри соли 2019 Раҳмонов ба Файзобод омад. Ӯро дар даромадгоҳи маркази шаҳраки Файзобод пешвоз гирифтанд. Аз тарафи дасти рости ӯ хоҳарони мову шуморо барои руҳияи Раҳмоновро шод кардан дар даруни хору хас қатор карда буданд. Меваҳое, ки дар намоиш гузошта шуда буданд аз ноҳия набуда ҳамаашро аз бозорҳои Душанбе оварда буданд. Баъд аз рақсу бозӣ Раҳмон бо қайчиаш лентабуриро сар кард. Аввалин лентаи буридааш лентаи майдончаи варзишие буд, ки се, чор моҳ пеш ба истифода дода шуда буд. Инро ҳам бояд бигӯем, ки қариб як моҳ пеш аз омаданаш майдончаҳоро бастанд ва Раҳмонов омаду лентаҳоро бурид. Каланду говронаву гулмехи чорвобандӣ ва оҳани ҷуфт ҳам нишон дода шуд. Дар боғи ноҳия бо мардум вохӯрӣ гузаронд.

Нафароне дар ин вохурӣ иштирок карданд, ҳамаашон бо визиткаҳои махсус омада буданд. Мавзӯи суханрониҳояш ҳам ба монанди шакароби бо олуча мазҳакаомез буд ва мардумро бо ваъдаҳои дурӯғ доманҳояшонро пури чормағз кард. Як дурӯғи Раҳмонов ин буд, ки гуфт 21 километр роҳҳои ноҳияро аз буҷаи давлат мумфарш мекунад. Дар маркази ноҳия кӯчае ҳаст бо номи чинаӣ.Роҳи кӯчаи чинаӣ дуюмин роҳи асосии маркази ноҳия аст. Дар вақти ҷашн гирифтани идҳо аз ҷумла иди Наврӯз ва ё 9 май роҳи марказро мебанданд ва равуойи мошинҳо ба ҳамин кӯча сурат мегирад.

Дар поёни кӯча мактаби № 35 ҷойгир аст. Зиёда аз 1000 талабаву муаллимаҳо бо ин роҳи вайрона мактаб рафта меоянд. Чи хеле дар боло зикр кардем Раҳмонов гуфт 21 километр роҳҳои ноҳияро мумфарш мекунад. Роҳи ин кӯча 1километр аст. Баъд аз рафтани Раҳмонов раиси ҷамоат барои мумфарш кардани ин кӯча ҷамъоварии пулро сар карданд: ҳар хона 500 сомонӣ бояд диҳад. Нафароне,ки надоштанд, надоданд. Аммо онҳоро таҳдид карданд. Ҳамин тавр бо ин амал як қисми маблағро ҷамъ карданд ва моҳи ноябри соли гузашта мумфаршкуниро сар карданд. Аз аз ин 1километр 300метри роҳро мумфарш карданд ва пули аз мардум ҷамъ карда тамом шуду боқимондаи роҳ аз ёдашон баромад. Аз байн ҳашт моҳ сипарӣ шуд. Дар арафаи интихобот барои дар чашми мардум як панҷа хоки кӯрмушро пошидан раиси ноҳия каме пул додааст, ки давоми  роҳро мумфарш кунанд. Вақте тоза ба кори мумфаршсозӣ оғоз мекунанд, бо маслиҳати пешакӣ аз шабакаи якум омада роҳро ба навор гирифтанд ва дар “Ахбор” нишон доданд. Аҳтам Восиев мегӯяд мо 1 километр роҳи ин кӯчаро мумфарш кардем. Аммо дурӯғ гуфт. Пули  додаи раиси ноҳия ба 200 метри роҳ расиду тамом. Ҳамин ҳоло ҳам 500 метри ин роҳ ранги асфалтро надидааст.

Хулоса, як сол мешавад, ки мумфаршсозии як роҳи 1 километра як сол мешавад давом дорад ва ҳеҷ нест, ки тамом шавад ва ҳоло ният доранд, ки дубора пул ҷамъ кунанд.

Оё буҷаи Тоҷикистон куҷо шудааст, ки ҳукумат ба суи мардум дасти гадоӣ дароз мекунад. Агар ҳукумат мумфаршсозии 1километр роҳро як сол давом диҳад ва онро ба ахир нарасонад чи хел Тоҷикистонро обод мекунад?  Як мушкилоти ҷидди ноҳияи Файзобод набудани оби ошомиданӣ аст. Мардум махсусан тобистон аз оби нушокӣ танқисӣ мекашанд. Об ҳаст аммо кам. Барои рафъи ин мушкил нассоси обкашӣ зарур аст. Кишваре, ки бо оби тоза худро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва солҳои 2018–2028- ро соли оби тоза эълон мекунад, пас чаро аҳолиро бо об таъмин карда наметавонад. Барои пули обро ҷамъ кардан дарҳои хонаро аз омаду рафта хурда мекунанд. Вале кори мушаххасашон маълум нест. Мардум аз ин ҳукумат кайҳо дилхунук шудааст.   Дар ин 30 соли раҳбариаш Раҳмонов барои мардуми ноҳияро бо ҷои кор таъмин кардан ягон заводу фабрикае насохтааст. Вақте омад барои 35 нафар ҷои корӣ-коргоҳи дӯзандагӣ кушод. Вале баъд аз рафтанаш коргоҳи дӯзандагӣ баста шуд. Ҳатто як ҳафта ҳам фаъолият накард. Дар як сафари корӣ, ки миллионҳои буҷа ва аз кисаи мардум харҷ мешавад, барои 35- 40 нафар ҷои корӣ ташкил кардан ин айбу шарм нест?

Ҳамон пулҳое, ки барои омаданаш сарф карданд, ҳамин 40 нафари бардурӯғ дузандашударо медоданд 10 сол бо ин пул зиндагӣ мекарданд.  

 

Баъд аз рафтани Раҳмонов талбидан боз зиёд шуд. Ҳар нафаре барои иҷозатномаи тӯй ё барои ягон справка ба идораи ҷамоат биравад, коргарони ҷамоат илтимос мекарданд, ки ба 50 ё 100 сомонӣ дода обуна шавад, ки ин омадани президент қарздори қиёматамон кард. Омадани Раҳмонов ба ноҳия барои мардум ягон фоида наовард. Як чизро ман ва бисёриҳо мушоҳида кардаанд, ки барои ин ҳукумат бесавод мондани ҷавонон фоидаи калон дорад ва намехоҳанд, ки миллат бо савод шавад. Натиҷаи ин бесаводиро аввалан дар мактабҳои миёна мебинем. Ман худ шоҳидам, ки нафароне хонда наметавонанд, баъди хатм кардани мактаб дар донишгоҳҳо пул дода ғоибона мехонанд. 40 рӯз дарс хонда омада муаллиму муаллима мешаванд. Муаллиму муаллимаҳоро аз талаба фарқ карда намешавад.  Аз ин аст ки дар мактабҳои ноҳия фаҳшу фоҳишагӣ сар мешавад. Ман дар ёд надорам,ки 10 солаҳо мешавад, мактабҳои ин ноҳия аз буҷаи давлат таъмир шуда бошанд. Бо пули талабаҳо таъмир мешавад: аз мушаки компютер, қулфи дару шишаи тиреза, ранги фарш, журнали роҳбари синф ва ғайраҳоро талабаҳо мехаранд. Пас, дар куҷост он шароити муҳайёкардаи Ҷаноб?

Ба Худо боварам кунед, ҳоло дар ноҳия калимаи Ҷаноби олиро ҳамчун таҳқир барои ин миллат истифода мебаранд.

Ба монанди онки кӯдакеро барои хобонидан калонсолҳо тарс медиҳанд, ки хобрав вагарна баба мехурад. Имрӯзҳо боз тасмим гирифтаанд, ки пул ҷамъ мекунанду масҷидҳоро навсозӣ кард. Масҷидҳое, ки ба нуқтаҳои дилхушиву фарҳангиву варзишӣ табдил додаашон, ки дар онҳо садои азону намозу сухани ҳақ манъ аст ва фақат гапи ботил. Баъзе аз муллоҳои имрӯза ҷанати фирдавсро фаромӯш кардаанд. Бар ивази нафси худ минбари Расули Худо саллалоҳи алайҳи вассаламро фурӯхтанд.

Ҳукумат китоби Қуръонро қабул надорад, лоақал китоби Қонуни асосиро, ки дар назди бинои ҳукумат гузоштаанд ва рӯй мизи ҳар раис қарор дорад, лоақал онро қабул ва ҳуқуқи ин миллатро  поймол накунед. …

Ps: Мардуми шарифи Файзобод мо хуб медонем, ки аз қадим мегуфтанд мардуми Файзобод навиштанро дӯст медоранд. Ё дар кисаат қалмро медиданд, бо шухӣ мегуфтанд аз Файзобод ҳастӣ?. Ин мисолҳо барои он буданд, ки шумо дар гузашта ба ноадолатиҳо хомӯш намеистодеду пайваста менавиштед, имрӯз садоятон хомӯш кунонида шудааст. Имрӯз вақти он расидааст,ки телефонҳоятонро аз кисаҳоятон гирифта ба Ислоҳ нависед, то мушкилоте доред онҳоро расонаӣ кунем. Бо итминон мегӯем, касе аз он навиштаи шумо ҷуз мо огоҳ намегардад.Ислоҳ дар хидмати шумо мардуми азияткашидаи кишвар аст.

Total
15
Shares
Матолиби ҳамсон