посухи СС. Ятимов ба додхоҳии бадахшониҳо аз Рустами Эмомалӣ
Аз ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков ва ду нафари дигар аз сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон як моҳ сипарӣ мешавад, аммо на Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурӣ ва на Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон кадом вокунише нишон намедиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмонов, ҳатто дар Паёми солонааш ишорае ба ин ҳодисаи хунин, ки дар ақсо нуқоти ҷаҳон вокунишҳое ба бор оварда буд, накард. Гӯиё се нафар аз бадахшониҳо ҳақашон буд, ки кушта бишаванд ва он ки сокинони ин вилоят ба хотири додхоҳӣ 4 шабонарӯзро дар ин сармои зимистон дар майдон гузарониданд, барояш чизеро ифода намекунад.
” Рустами Эмомалӣ низ ба муроҷиати фаъолони ҷомеаи мадании ин вилоят ҳатто нимнигоҳе ҳам накард, чи расад ба онки дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ онро ба баҳсу баррасӣ бигирад.”
Ҳеҷ кадом аз шартҳое, ки ҷиҳати иҷрои онҳо муътаризин пароканда шуда буданд, ба иҷро нарасид. Интернетро ба навоҳии помиринишини вилоят: -Шуғнону Ишкошиму Рӯшону Роштқалъаву Хоруғ надоданд аммо барои Дарвозу Ванҷ доданд.
” Эксгуматсияи қабри Гулбиддин Зиёбеков як бозии дигари мақомоти Душанбе барои хокзадани чашми сокинони ин вилоят буд ва ё инки дар ҳақиқат тафтишоти ин қазия ҷараён дорад ё хайр, номаълум аст. Саволе, ки воқеияти ин ҳодисаро рӯшан мекунад ин аст, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков ва ду нафари дигар аз сокинони осоиштаи бадахшӣ аз тарафи мақомоти Душанбе, бар мабнои кадом моддаи қонун баррасӣ мешавад? Дар бораи қатли Гулбиддин Зиёбеков парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст? Нафари гумонбар ва ё шояд, аллакай айбдоршаванда муайян ва дастгир шудааст?”
Қаблан ҳам гуфта будем ва ҳоло ҳам такрор мекунем, ки ҳодисаи куштори афроди мулкӣ дар Роштқалъаву Хоруғ дуруст, холисона ва беғаразона таҳқиқ баррасӣ намешавад.
Саймумин Ятимов, раиси КДАМ,ки феълан ВМКБ –ро дар қабзааш хурд карданист, ба ҳеҷ ваҷҳ имкон нахоҳад дод, ки ин ҳодиса воқеӣ ва дуруст тафтиш бишавад ва омилини қатлу маҷрӯҳ шудани бадахшониҳо ва даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задани онҳо ошкор ва маълум шаванд. Зеро, ки дар пушти ин ҳама иттифоқоти ҷонкоҳ ва дардовар барои мардуми Бадахшон ва дар умум миллати тоҷик худи ҳамин генерали одамкуш истодааст. Воқеият ин аст ки аз рӯзе, ки СС.Ятимов масъули амнияти давлат шуд, Тоҷикистони аз мушкилоти ҷанги дохилӣ баромада дигарбора бо «табаддулотҳои давлатӣ»-ву юриш ба водии Қаротегину ҳуҷум ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшону фирори зиндониҳову куштори дастаҷамъонаву ошӯбҳо дар зиндонҳову ҳатто ҳамлаи ДОИШ-иҳо ба дидбонгоҳи ҳумаи пойтахт, рӯбарӯ шуд. Масъули амният танҳо ва танҳо ноамнӣ ва нооромӣ овард
Айни замон
Ятимов дар Бадахшон вақт кушта истодааст. Албатта ҳадафмандона. Мардуми дар ин даҳ соли ахир бор-бор мавриди ҳамлаву ҳуҷум қарор додаро зери по кунад, ҳайсият, шарофат, номус ва ғуруру ифтихороташонро бишканад. Ва, шабеҳ ба хуҷандиву ғармиву ҳисорӣ кунад, ки ҳоло ҳатто мудири шуъбаи молия ва маорифашон, чи расад ба прокурору суду милисаву амният аз Фархору Данғара аст. Қасдаш ин аст, ки иттиҳоду ваҳдати ин мардуми куҳистониро ҳам бипошад ва сипас ба ҳадафи асосиаш: – боздошту безарар гардонидани лидерони мардумии онҳо мушарраф бишавад ва ниҳоятан худи ин мардумро «наколени» шинонад ва «дух»-ашонро «снимат» кунад. Мунтаҳо бояд абирзодаҳо, дар инҷо ҳар коре бихоҳанд, анҷом бидиҳанд, чун ҳоло онҳоанд соҳиби Тоҷикистон ва Тоҷикистон аз они онҳост.
Аз оғоз маълум буд, ки ин ҳодиса як нақшаи пешакӣ аст. Аз ҷангҷоли Мамадбоқир Боқиров бо корманди БДА, аз гирифтани Ёдгор Файзов аз мақоми раисӣ ва аз овардани як генерали амниятӣ, аз ҳамлаи мусаллаҳонаи даҳнафараи ходимони амниятӣ болои Гулбиддин Зиёбеков, маҷруҳ кардану зинда дастгир кардану сипас куштани вай ва ҳамин тавр ба самти тазоҳуротчиён тирандозӣ аз силоҳи оташфишон ҳамагӣ ҳалқаҳои занҷиреанд, ки онҳоро бофтанду тофтанду оварданду дар пойи бадахшониҳо заданд. Навори ахири манзараи боздошту безарар гардонидани Гулбиддин Зиёбеков бори дигар тасдиқ ва исбот мекунад, ки куштори таҳқиромези вай амдан ва ба хотири ба таҳрик даровардани мардуми Бадахшон анҷом дода шудааст.
Чи зарурат буд, ки ӯро бикушанд? Чи зарурат буд, ки ба тарафи митингчиёни осоишта аз силоҳи оташфишон истифода баранд, на барои мисол аз гози ашковар? Ҳодисаро, моҷароро ба ҳадде доғ карданду тасфонданд, ки барои сокинони Бадахшон ба ҷуз аз тазоҳурот роҳе дигар намонд.
Вале, ба назар мерасад, ки ин ҳама кофӣ нест. Бояд мавқеи фишору зӯроварӣ идома биёбад. Ончики гузашт, кам аст. Иҷро накардани ҳеҷ яке аз шурути тазоҳургарон ба ин маъно аст ки пайти муносиб кофта истодаанд, то дигарбора хунрезӣ кунанд. Зеро фармоиши калонеро доранд ба иҷро мерасонанд.
Пойгоҳи дуввуми Чин дар Ишкошим, проекти амниятӣ аст ё иқтисодӣ?
Сухан аз сохтмони пойгоҳи ҳарбие меравад,ки гӯиё Чин барои як бахше аз воҳиди низомии вазорати дохилаи Тоҷикистон дар Ишкошим месозад. Аммо манбаи мо аз КДАМ мегӯяд, ки ин пойгоҳ ҳам моли Чин хоҳад буд ва ҳеҷ робитае ба вазорати дохилӣ нахоҳад дошт. Аммо ин наздик ба 9 миллион доллар хароҷоти сохтумони ин пойгоҳ дар пеши манфиате, ки Чин аз он мебарад, ҳатто қатра дар баҳр ҳам нест. Гап дар инҷост, ки дар 40 километрии маҳалли ин пойгоҳ ва шояд 50 ё бештар як кони муҳиммеро Раҳмонов ба хитоиҳо додааст, ки сарвати зери он аз 350 то 400 миллиард доллар арзиш дорад. Гуфта мешавад ин кон дорои маъдани нодире аст ки барои сохти батарея ва ё аккумулятори мошинҳо истифода мешавад. Ҳамчунин дар таркиби он моддаи кимиёвие мавҷуд будааст, ки барои кулоҳакҳои ҳастаӣ ба кор мерафтааст. Идораҳои иктишофии Русия, Амрико ва Ингилистон аз вуҷуди як чунин сарвати зеризаминӣ дар ин хитта огоҳӣ доштаанд. Ва, ҳоло мисле, ки Русия,ки наметавонад бо Чин мухолифат ва ё рақобати ошкоро кунад, қасд дорад, ки бо ноором кардани авзоъ Чинро бар иҷрои ин барномааш ноумед ва мунсариф созад. СС.Ятимов ба унвони як афсари собиқадори КГБ ин дастурро иҷро карда истодааст.
Аммо дар ин миён Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ ҳам манфиатҳо ва ё дурусттар бигӯем «бозиҳо»-и худро доранд. Онҳо мехоҳанд, ки интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ, ки гуфта мешавад имкон дорад дар соли ҷорӣ доир шавад, бояд бидуни кадом кашокашу гапу ҳарфи зиёд баргузор шавад. Дар ҳоле, ки Фаромуз Иргашев, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании ВМКБ иддаои ин курсиро карда истодааст. Барои ҳамин онҳо бояд ба барвақти сари чашмаро бо бел бигиранд. Зеро авзоъи ҷумҳурӣ тарзе нест, ки бишавад дар марҳалаи интихобот дарди сар эҷод кунад ва Раҳмонову ҷирахоронаш дақиқан медонанд, ки як ҷарақа кофист, ки қасру кӯшкҳояшон дар оташ сӯхтаву хокистар гардад.
“Ба ин тартиб, Ятимов дар ду фронт кор карда истодааст ва аз ҳарду фронт ҳам даромадҳои калонеро интизор аст. Дар навбати худ вай ҳам бозиҳои худро тавассути амниятиҳои зери дасташ аз ҷумла ҳамин Алишери Мирзонабот ба роҳ мондааст.”
Хулоса, ин бор сарнавишти интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақдири демократия ва озодӣ дар ин кишвар ва ҳамин тавр ояндаи Диктатураи оилавии Раҳмонов ба Бадахшон ва ҳалли мушкилоти он вобастагии комил дорад.
СС. Ятимов боз ҳам фишорро болои ин мардум афзуда ва феҳристи исму насаби муътаризини гирдиҳамоии Хоруғро, ки иборат аз 66 нафар аст таслими нуқтаҳои марзбонии вилоят кардааст. Бо баёни дигар ин «чёрний список» як навъ посухи Ятимов ба муроҷиати ҷавонони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ аст. Бозие, ки зоҳиран истиқлоли амали Ятимовро нишон медиҳад ва ё ваколатҳои беҳадду марзи гирифтаи ӯро, аммо дар асл ӯ барои таҳвили қудрат аз Эмомалӣ ба Рустам кор карда истодааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Рустами Эмомалӣ муроҷеат карданд ва мақсадашон раҳои аз ин бунбаст ва нооромӣ буд. Аммо муқтазои табиати СС.Ятимов маълум аст ва Рустамро гуфтааст,ки ором бошад ман ин бадахшониҳоро мешиканам ва дар пешат таъзим мекунанд. Дар ҳоле ин як хобу рӯъёе беш несту ҷавонони ғаюри Бадахшонӣ ҳаргиз дар назди шумо рокеъ ва хошеъ нахоҳанд истод. Ҷомеаи шаҳрвандӣ фиреби СС.Ятимов ва килер Бузмаковро нахуред ва масаларо ҷиддӣ бубинед ва истодагарӣ намоед. Ончи ба дигар манотиқи кишвар карданд онро нагузоред бар шумо ҳам татбиқ намоянд.