Русҳо « Красавчик»-ро ба Р.Раҳимзода таслим накарданд

Ислоҳ нет

  Русия дархости Тоҷикистон барои боздошт ва таслими Дилшод Сайидмуродов, мулаққаб ба Дилшоди СБ ё Дилшоди красавчикро мутлақо радд кардааст.

 Бинобар маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» раҳбарияти олии Федератсиони Русия ба таслими Дилшод Сайидмуродов ба Тоҷикистон ризоият надодааст.

  Владимир Колоколсев, вазири умури дохилаи Русия ба Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон, ки бо мақсади боздошт ва истирдоди Дилшоди красавчик рӯзи 28 августи соли ҷорӣ ба Маскав сафар дошт, возеҳу равшан гуфтааст:«Дилшод Саидмуродов,шаҳрванди Русия аст ва Русия шаҳрвандони худро,агарчи ҷиноят содир карда бошанд ҳам намедиҳад ва дар ватани худ муҳокима ва муҷозот хоҳад кард».

Ва, ҳамин тавр Рамазон Раҳимзода аз Русия бо дастони холӣ баргаштааст.

  Тибқи маълумоте, ки ба дасти мо расид, Рамазон Раҳимзода дар аснои мулоқот бо Владимир Колоколтсев тамоми талошашро барои дастгир ва истирдоди Дилшод Саидмуродов ба харҷ дода ва зораву лоба ҳам кардааст ва чанд миллион доллар ҳам «предлагат» кардааст ва омодагӣ ба идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистон дар давр задан(объезд)-и санксияҳои Амрикоро гушнишон кардааст, аммо генерали пулис Колоколсев гуфтааст, ки «роҳбарият розӣ намебошад».

Ба эҳтимоли қавӣ Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон, ки дар нишасти ахири матбуотиаш дар оғози ин моҳ паноҳгоҳ додани Евгенний Пригожин, сардори ЧВК «Вагнер» ба Дилшоди красавчикро дуруғ хонда буд, баъди нашри хабари куштори вай умед дошт, ки ҳамтоёни русаш Дилшод Саидмуродовро дастгир ва ба ӯ таҳвил медиҳанд. Ва, аз инҷо буд, ки бо як бовариву мағрурӣ қабл аз сафараш ба Маскав эълон кард, ки барои овардани Дилшоди красавчик ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик ба Маскав сафар мекунад.

   Дар сомонаи ВКД қабл аз сафари Рамазон Раҳимзода бо як валвалаву воҳима ин хабарро чоп карданд, ки масъалаи дастгир кардани Саидмуродов.Д мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор мегирад:

«Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ду вазорат оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, проблемаю мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо, инчунин масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад.» 

 Аммо, ҳамчуноне мебинем хоҳишу зораҳои вай дар мавриди дастгир ва таслими ӯ кардани Дилшоди красвчикро русҳо ба фалонашон набастанд. Афзун бар ин хабарҳои мунташира дар расонаҳо ҳикоят аз он дорад, ки ба дунболи сафари Рамазон Раҳимзода вазъи муҳоҷирони кории тоҷик аз пештара бадтар шудааст ва рейдҳои милисаҳои Русия, ки мебоист рӯзҳои 28-29 ба анҷом мерасид, шиддати бештар касб кардааст. Ва, ҳоло дар тамоми қаламрави Русия таъқиб ва боздошти махсусан тоҷикҳо зиёдтар шудааст.

Як нуктаи дигаре, ки боиси нигаронии бештари Раҳмонов шудааст ин аст ки Колоколсев ба Рамазон Раҳимзода аз қавли Путин пайғом фиристодааст, «саломати Раҳмонов барои мо муҳим аст ва омодаем, ки тамоми шароит барои табобати вайро дар беҳтарин клиникҳои Маскав фароҳам кунем».

Рамазон Раҳимзода, баъди ироаи гузориши натоиҷи сафараш ба Маскав аз тарафи Раҳмонов сахт танбеҳ ва ҳақорат шунидааст. Раҳмонов гуфтааст: 

 «бисёр шармандамон кардӣ. Вақте наметавонистаӣ, ки Дилшоди красавчикро баргардонӣ, барои чӣ пеш аз сафарат ҳамаҷоро овоза кардӣ, ки мераваму ӯро меорам. Хок ай дастат намеоя.»

Дар ҳамин ҳол, бинобар хабарҳои ба дасти мо расида аз вазорати дохилии Тоҷикистон айни замон Рамазон Раҳимзода ва домоди вай Шодӣ Ҳафиззода қазияи Шуҳрат Исматуллоев ва куштори вайро ба як манбаъи даромади калон табдил додаанд. Онҳоеро, ки бо Шуҳрат Исматуллоев дар ин ва ё он навъи тиҷорат ҳамкорӣ ва ё бо вай муомилоти пуливу молӣ доштаанд, даъват карда бо таҳдиду зӯроварӣ, ки ба «парванда қушат мекунем», «ин парванда зери назорати худи Ҷаноби олӣ»  аст пулҳои калони хуб канда истодаанд. 

 Ҳамчунин Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП-и ВКД ва шавҳархоҳари Рамазон Раҳимзода, дӯстону шиносони Дилшод Саийдмуродов-Дилшоди красавчикро бо дуруғу туҳмат даъват карда онҳоро зери шадидтарин шиканҷаҳо маҷбур ба пардохти пул карда истодааст. Исми чандин нафар аз онҳое, ки то ба имрӯз ба Шодӣ Ҳафиззода садҳо ҳазор доллар дода ҷони худро харидаанд, пеши мо маҳфуз аст вале ба хотири онки онҳоро дигарбора азият надиҳад, нашр намекунем.

Акбар Ахмедовро Шодӣ Ҳафиззода зада кушт

  Аммо тибқи хабари дигаре, ки ахиран ба дасти мо расид модари Акбар Ахмедов, яке аз аъзои гурӯҳи рабояндагони Шуҳрат Исматуллоев,муовини раиси «Ориёнбонк»-ро кормандони УБОП-6-ой отдел дар вилояти Суғд бо дастури мустақими Шодӣ Ҳафиззода оварда чанд рӯз дар таҳхонаи Раёсати дохилӣ ҳабс кардаанд. Вайро маҷбур кардаанд, ки бо бачааш дар тамос бишавад ва даъват кунад, ки бо пойи худаш омада худро супорад. Ҳамчунин зани Ахмедовро ҳам ба милисахона оварда водор кардаанд, ки бо шавҳараш дар алоқа барояд ва бозгашти ӯро талаб кунад. Дар сурати ғайр бо ӯ тамоми корро хоҳанд кард.

Акбар Ахмедов чораеро ба ҷуз аз бозгашт ва додани нишондоди муфассал аз қазияи рабудани Шуҳрат Исматуллоев ва чигунагии куштори вай пайдо намекунад. Баъди бозгашт модари ӯро раҳо мекунанд. Вале, бо вуҷуди онки марҳум тамоми моҷароро ҳикоят ва дар баёноташ навишта мекунад, ӯро ду рӯзи пеш аз сафари Рамазон Раҳимзода ба ҳадде мезананд, ки тоб наёварда ҷон медиҳад. Шодӣ Ҳафиззода ҷасади ӯро ба модараш дода модари Акбар Ахмедов ва наздиконашро таҳдид ва таъкид мекунад, ки роҷеъ ба ҳодиса лаб во накунанд. Дар ғайри сурат, худи Ҷаноби олӣ дастур додааст, ки «тамоми авлодатонро нест мекунем», гуфтааст Шодӣ Ҳафиззода. Аз Ахмедов нафар 6 фарзанди хурдсол ятим мондааст ва ӯ 34 сола будааст. Акбар Ахмедов,тибқи фарзияи мақомот, яке аз онҳоест, ки якҷо бо Дилшоди красавчик ба Маскав фирор карда буд. Вай авоили июли соли ҷорӣ, тахминан рӯзҳои 2 ё 3 июл ба ватан бозгашта ва ҳамкорӣ бо мақомотро шуруъ карда будааст. Аммо дар ИВС аз зарбу лати бисёр ба ҳалокат мерасад.

  Тибқи маълумоти ба мо расида Қамар Азизови домсоз аслан бо ин гуруҳ ҳамроҳ набуда ва танҳо аз Шуҳрат қарздор будааст ва умуман дар қазияи рабудани бонкир панҷ нафар:-Дилшод Саидмуродов, Рустам Ашуров, Шоҳрух Хоҷаев, Акбар Ахмедов ва Бахтовар Сафаров ширкат кардаанд. Боқии нафароне, ки мақомот дар ин қазия муттаҳам мешуморанд, дуруғи маҳз аст.

Ҳоло аз ин гуруҳ ду нафарашон: Рустам Ашӯров ва Акбар Ахмедов дигар зинда нестанд. Ва бинобар маълумоти дастрасшуда аз манобеи наздик ба тафтишот вазъи саломати Бахтовар, ки дар Туркия боздошт ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуд ва аз Мастчоҳ мебошад, бисёр ҳам вахим аст. Ин эҳтимолро наметавон рад кард, ки вай ҳам ҷон ба ҷонофарин таслим кунад. Ҳамчунин Қамар Азизовро ҳам ончунон задаву тика-пора кардаанд, ки дар ҳолати назъи ҷон қарор дорад. Як духтаре ҳам бо номи Мадина дар робита ба ин қазия дастгир шудааст, ки гуфта мешавад хоҳари ҳамсари дуввуми Шуҳрат Исматуллоев аст. Аммо аз вазъи сиҳати вай чизе маълум нест.

   Ва, аммо дар тафовут аз Шодӣ Ҳафиззода ва УБОП-и таҳти назорати вай, бинобар хабарҳои расида УУР-и Шоҳрух Саидов дар масъалаи қазияи Шуҳрат Исматуллоев муҳтотона муносибат мекардаанд, агарчи Рамазон Раҳимзода Шоҳрухро аз наздикшавӣ ба ин «қазияи равғанӣ» дар фосила нигоҳ медоштааст.

Ин нуктаро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки ҳар сари чанд гоҳ модари пири Дилшод Саидмуродовро ҳам ба додситонӣ ва ҳам ба милиса даъват карда зери азияту озор қарор медодаанд, то Дилшодро водор кунад, ки баргардад. Аммо, дар ин авохир мутақоид шудаанд, ки Дилшод дигар ихтиёраш дар дасти на танҳо худи вай аст ва ӯ ба яке аз нафарони ба ҳукумати Русия зарурӣ табдил шудааст. 

Бо дастони холӣ ба ватан баргаштани Рамазон Раҳимзода ва таҳти ҳимояти роҳбарияти олии Русия қарор гирифтани Дилшод Саидмуродов Эмомалӣ Раҳмоновро ба шиддат нигарон кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Рамазон Раҳимзода дар нишасти ахири матбуотиаш дар 11 августи соли ҷорӣ бо як кибру ғурур лоф зада буд,ки Дилшоди красавчик, «саркардаи гуруҳиодамрабоёнро дар куҷое,ки набошад,дар кадом созмоне набошад, мо ӯро дастгир мекунем».

  Манобеъи огоҳ мегуянд мақомоти Русия Дилшод Саидмуродовро таҳти ҷустуҷу қарор надодаанд ва ин хабарҳо, ки ду нафар аз аъзои гуруҳи вай дар ин кишвар дастгир шудааст, низ бепояву асос аст.

 Баракс, ин сарусадоҳо дар доираҳои амниятии Русия дар гардиш аст ки Дилшод Саидмуродов фишанги хуби фишор болои Раҳмонов хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки Дилшод Саидмуродов шуморе аз аъзои баталони тоҷикӣ дар ҳайати «Вагнер»-ро интихоб ва муайян кардааст, ки барои ҳамагуна ҳолатҳои изтирорӣ ва иҷрои дастурот омодаанд. Аммо ин посухи Владимир Колоколсев, ки «роҳбарияти олии кишвар барои дастгир ва истирдоди Дилшод Саидмуродов ризоият надод»  як паёми сахту заҳрогинест, ки тану ҷони Раҳмоновро ба дард даровардааст.

 Дилшод Саидмуродов, дар гузашта кормандони ниҳодҳои амниятиву интизомии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари гуруҳи нафароне дониста мешавад, ки моҳи июни соли ҷорӣ Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк»-ро дуздида ва сипас ба қатл расонида ва ҷасади ӯро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Share This Article