Мақомоти Тоҷикистон оқибат ба забони ҳол омаданд,ки роҳбарияти Русия нисбат ба миллати тоҷик камтарин арзиш ва эҳтиром қоил нест.Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои ахири парлумон бо изҳори таассуф, аз тарзи бархӯрди Русия бо Тоҷикистон интиқод кард ва мақомоти давлати русро ба “рафтори дигар” бо миллати тоҷик муттаҳам намуд:
…”Ман рӯирост мегӯям,он чизе,ки шумо мехоҳед,ба муҳоҷирон алоқаманд накунед.Ба як миллат як хел рафтор карда ба як миллати дигар дигар хел.Барои онки мо ба як қисми масъалаҳо розӣ нестем.”
Раиси Маҷлиси намояндагон,агарчанде ошкоро изҳор надошт, аммо возеҳ аст,ки ба барномаҳои путинии Русия:- Иттиҳоди иқтисодии Уру Осиё ва Иттиҳоди гумрукӣ шомил нашудани Тоҷикистонро дар назар дорад. “Он чизе,ки шумо мехоҳед” ва “мо ба як қисми масъалаҳо розӣ нестем” дақиқан ишораҳои мастур ба ҳамин таваққуфи тӯлониву тоқатфарсои Раҳмонов барои вуруд ба ин созмонҳост, ки инак наздик ба панҷ сол аст аз тарафи Тоҷикистон дар ҳоли “омӯзиш” қарор дорад. Бармеояд,ки тӯли ин ҳама солҳо Тоҷикистон бо Русия дар ин масоил ба тавофуқ даст наёфта истодаанд. Ва кашолкориву таъхири инчунонӣ ба иззати нафси Путин сахт расида истодааст.Ин ҳам дар ҳоле аст ки Қирғизистони ҳамсоя чанд соли пеш шомили ин барномаҳо шуда мушкилоти муҳоҷирони худ дар Русияро барвақт ҳаллу фасл карда буд.
Барои Русия “забонбарорӣ”ва худро “ким-кӣ” тарошидани Раҳмонов қобили таҳаммул нест. Зеро ин як далели муваҷҷаҳ аст,ки ба фарқ аз бақия кишварҳои шомили Иттиҳоди иқтисодии Уру Осиё Тоҷикистон ва роҳбари он ки дастнишондаи худи русҳост, барои русҳо дар воқеъ аз камтарин эҳтиром ва эътибор бархурдор набуд ва нест.
Тоҷикистони феълӣ барои русҳо болотар аз як губернияи ақибмондаи он дониста намешавад. Барои русҳо Эмомалӣ Раҳмонов ва ё Аман Тулиев,ҳокими яке аз вилоёти Русия тафовут надоранд,ҳарду як мақом доранд. Чун Раҳмонро ҳам русҳо оварда ба курсии роҳбарии Тоҷикистон шинониданд. Баҳори соли ҷорӣ ҳангоми сафари расмиаш ба Русия ва маросими истиқболу бадрақааш ва шеваи пазироии Путин бори дигар тасбит кард,ки ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст ӯро ҳайси роҳбари як давлати мустақил намеҳисобанд.
Инки Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд “мо ба баъзе масъалаҳо розӣ нестем” ва ё инки “муҳоҷиронро бо ин масоил алоқаманд накунед”, як ҳарфе аст,ки ба таъбири мардумӣ ҳамту “дар омади гап” аст, ба истилоҳ як “нӯлпокунист”.
Вагарна борҳо мушоҳида кардаем,ки Раҳмонов масоили ҳаёту мамоти як давлати мустақилро бар ивази ҳифзи худ дар курсӣ ройгон ва ҳатто бо нархи самбулики 1 доллар дар сол ба Русия фурӯхтааст. Барои қиёс қирғизҳо моҳона миллионҳо рубл аз пойгоҳи низомии Русия иҷорапулӣ мегиранд.Баҳои билети парвози Маскав –Бишкек 7000 рубл, аммо Маскав-Душанбе 23 000 рубл. Як муҳоҷири қирғиз дар Русия муваззаф нест,ки патент бигирад ва метавонад 90 рӯз бидуни қайди иқомат кору зиндагӣ кунад. Дар ҳоле,ки тоҷик танҳо ду ҳафта фурсат дорад,ки худро дар мақомоти дохилӣ сабту қайд бикунад ва бидуни дарёфти патент ҳаққи кор дар Русияро надорад. Ин ҳама таҳқиру беэътибор кардан ва ба хоки сияҳ нишондани тоҷик танҳо ба Раҳмонов марбут аст ки тавассути русҳо ба курсӣ нишастааст.Миннат ва қарзи курсии Раҳмонро давоми ин ҳама солҳо миллати тоҷик кашида ва пардохта истодааст.
Дар идомаи иддаоҳои худ спикери парлумони Тоҷикистон аз онки Русия мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикро ба васила ва абзори фишор табдил додааст, шадидан изҳори норизоиятӣ мекунад.Раиси Маҷлиси намояндагони тоҷик сахт нороҳат аст,ки талошҳои давлати Тоҷикистон дар даҳ соли ахир барои ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикро Русия нодида ангорида саъйе дар ҳалли ин масъала намекунад:
“Мо даҳ сол шуд,ки аз қафои Русия давида истодаем, аммо 3-4 шартномаи асосиро имзо намекунанд. Роҳбарони давлатҳо, парлумонҳо вохӯрданд,чанд бор масъаларо гузоштанд, аммо хуб-хуб мегӯянду тамом. Муҳоҷирони меҳнатии мо ба ҳайси як фишанг дар дигар давлатҳо истифода шуда истодаанд”.
Шукурҷон Зуҳуров ва ҳар касе дигар аз масъулин ва мақомоти Тоҷикистон ҳам хуб огоҳанд,ки чиро русҳо бо Раҳмон ҳамчунин муносибати назарногирона ва беэътиёна доранд. Дар байни мардуми мо як мақоле аст: “Себама хӯрдӣ,ғозаша деҳ”.
Барои он бо “миллати дигар” масалан ҳамин қирғизҳо, муносибати Русия ва русҳо дигар аст аст,ки ҳокимият ва ҳокимони ин кишвар,ва ба вижа раиси ҷумҳурии онро худи халқи қирғиз интихоб кардааст. Давлат ва миллати қирғиз тахту тоҷ ва ҳокимиятро не аз квачковҳо гирифтаву не аз мусиенкоҳо. Ин муттаҳамии Раҳмонов ва барои тамоми умр қарздории ӯ аз Кремл аст ки мардуми тоҷик ин ҳама муддат ҷабрашро дорад мекашад. Раҳмонов,ки себи русҳоро хӯрдааст, наметавонад таваққӯи бештар дошта бошад. Бояд тамоми умр ғозашро бидиҳад.
Баҳои як литр бензин ва ё соляркаи русӣ дар Қирғизистон 50 дар 100 аз Тоҷикистон арзонтар аст. Аз инҷо буд,ки “Фароз” чандин сол аз қирғиз ин маҳсулотро харида вориди Тоҷикистон мекард.Ҳоло бошад русҳо ба қирғизҳо фурӯши бензину соляркаро барои “Фароз” манъ карданд ва бечора шуду эълони берунравӣ аз бозори маводди сӯхт дар Тоҷикистонро кард. Иллаташ ҳамин буд.Ин тавр набуд, ки русҳо намедонистанд,ки “Фароз” аз қирғиз маҳсулоти нафтии Русияро гирифта тиҷорат мекунад.Ва русҳо хуб ҳам огоҳанд,ки “Фароз” яке аз ширкатҳои хонаводаи Раҳмонов аст.
Шукурҷон Зуҳуров сад доду бедод кунад ҳам қасди Раҳмон аз таваққуфи тӯлонӣ барои вуруд ба барномаҳои путинии Русия:-Иттиҳоди иқтисодии УруОсиё би интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон бастагӣ дорад. Раҳмонов дарёфти ризоият ва пуштибонии Путин ба интихоботи риёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли оянда дар Тоҷикистонро мехоҳад.
Русҳо бо мусоид омадани фурсат болои Раҳмон фишор оварда истодаанд,ки Тоҷикистон вориди ин барномаҳо бишавад. Раҳмонов ҳам мисли пирчоли ботаҷрибаи аз таги сад дор гурехта ҳарчи бештар нозу нуз карда, ба арзишаш нархи изофӣ зам карда қасд дорад масъалаи шомилшавӣ ба ин барномаҳоро бо масъалаи ҳифзи қудрат ва курсӣ табодул бикунад. Манзур, чуноне гуфтем, ризоият ва пуштибонии Русияро ба даст оварад. Айнан ҳамон шароите,ки дар соли 2004 барои пойгоҳи низомии Русия барои 49 сол қарордод имзо кард, бар ивази 49 доллар ва системаи назорати кайҳонии меросмонда аз шӯравии пешин ба давлати Тоҷикистонро бо номи “Окно” дар Норак низ таслими Русия кард. Танҳо ба он хотир,ки Путин розӣ бишавад,ки Раҳмонов дар соли 2006 ҳам дар интихобот ширкат варзад,яъне раиси ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ бимонад. Барои Раҳмон на сарнавишти муҳоҷирони корӣ ва на вазъияти онҳо дар Русия кадом аҳамияте надорад.Вай бояд тамоми чораҳоро бубинад,ки худро дар курсии қудрат,онгуна ки нақша ва ният дорад кафшер бикунад.
Бубинед,бар тибқи маълумоти мунташира танҳо то ҳамин муддати соли ҷорӣ ба бюҷети Маскав аз ҳисоби патенти муҳоҷирони корӣ 13 миллиард рубл ворид шудааст.Ба эҳтимоли зиёд қисмати асосии ин маблағ аз ҳисоби муздурони тоҷик аст. Ҳамин тавр бюҷети Санкт-Петербург ҳудуди 1 миллиард рубл аз патент даромад доштааст. Даромади дигар шаҳрҳои Русия чӣ? Агар ин пулро тӯли ҳадди ақал муҳоҷирни тоҷик намепардохтанд ва ба Тоҷикистон интиқол медоданд беҳтар набуд? Ҳар як муҳоҷири мавсими аз 7 то 10 ҳазор рубл барои патент харҷ мекунад.Агар Раҳмон дар ғами мардум буд,чаро тавре ҳал накард,ки ин пулҳоро муҳоҷирон барои худ ва хонаводаҳои худ масраф кунанд. Чаро як армании муҳоҷир,чаро як қирғизи муҳоҷири корӣ барои патент маблағ намепардозад? Чунки дар ин ҷумҳуриҳо мардум соҳиби ҳокимиятанд ва ҳокимият маҷбур аст тавре мудирият кунад,ки мушкили мардум сабук ва кам бишавад.
Раҳмонов дар ҳамон сафари шармандавори худ ба Маскав дар баҳори соли ҷорӣ аз Путин хеле оҷизона дархости афви беш аз 200у чанд ҳазор муҳиҷири депортшудаи тоҷикро кард, то битавонанд дубора Русия рафта қути лоямуте ба даст оваранд. Зимнан ин “қути лоямут” дар имсол беш аз 2.5 миллиард долларро ташкил додааст. Аммо Дмитрий Михайлов,коршиноси умури муҳоҷират дар Русия бар ин бовар аст ,ки “То замони пайвастани Тоҷикистон ба ИИУ(Иттиҳоди Иқтисодии УруОсиё) барои муҳоҷирони тоҷик ягон сабукиҳо дар назар нест”.Ин ҳам дар ҳоле аст ки даромади 70% хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби муҳоҷират аст.Ва танҳо дар даҳ соли ахир муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан беш аз 30 миллиард доллар танҳо тариқи бонкҳо интиқол додаанд.
Охир як ҳукумат ҳангомеки наметавонад эҳтиёҷоти шаҳрвандонашро дар ҳама самтҳо бароварда намояд.Боз шарм надошта даъвоҳам мекунад,ки “муҳоҷиронро фишанг қарор надиҳед” Охир шумо ҳеҷкораед ва агар пули ин муҳоҷиронеки онҳоро ҳамчун “Фишанг” мехоҳанд алайҳатон истифода намоянд намебуд,шумо солҳо пеш бо онҳо ҷой ивазкунанк карда будед.
Ёдатон бошад дар соли 2011 Русия ба дунболи маҳкумияти ду халабони рус таҳдиди ихроҷи ҳамаи тоҷикҳо ва қатъи вуруди онҳо ба қаламравашро кард. Раҳмон шармандавор ногузир шуд ба таври фаврӣ халабонҳои 8 солӣ ҳукм гирифтаро раҳо кунад.
Ин ҳам дар ҳолест,ки сол поён меёбаду Путин дархости ӯро барои афви муҳоҷирони кории тоҷик,ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда як баргаи баранда барояш буд,ба гӯшаи фаромушӣ супоридааст. Гузашта аз ин Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ишора ва кинояҳое мезанад,ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо ҳукумати Раҳмонов оштӣ дода ҳокимияти ӯро барои намояндагони ин ҳизб тақсим карда буданд.
Он чизе ки ҳоло Шукурҷон Зуҳуров,раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тарафи русҳо ҷеғу фарёд мекашад,дар асл садои печида ва дар гулӯ рустмондааст,ки аз ъумқи дилу ҷигари Раҳмон аммо аз даҳони Зуҳуров заҳида- заҳида баромадааст.”Ба як миллат як хел рафтор мекунед… ба миллати дигар дигар”. Хуб,ки маълум аст дигар. Дигар бояд диктотурҳо гилему гилемгӯшаашонро ҷамъ кунанд, бираванд канор, на инки курсии давлатро барои абад ғасб карда дар фикру нияти меросӣ кардани он бошанд.
Бо ин ҳама вуҷуд, бо ин ҳама сарсониву оворагиҳое,ки кашида истодаам, паноҳандам ба Раҳмонов,то имрӯзҳам Аллоҳ шоҳидаст раъй надодаам, раъй медиҳам, агарки то интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда узвияти Иттиҳоди иқтисодии УруОсиёро қабул накунад. Ин бор низ ҳатман мефурӯшад. Ҳатман аъзо мешавад.Вақте манфиати курси ва бақо дар қудрат пеш омад Раҳмон аз ҳеҷ чизе ибо намекунад.Воқиан инҷо Раҳмонов аст ки ба Зуҳуров дикта кардааст,ки бо ҳамчунин лаҳне алайҳи Русия сӯҳбат кунад.Худаш ҷуръат надорад,вале ошуфта ва беқарор аст ки Русия мавзеъашро равшан накарда истодааст.
“Русҳо медонанд,ки дили Раҳмон чи дард дорад. Кардиологи ӯ русҳоянд, давленисанҷакаш ҳам дар дасти Путин аст”.
Чун ӯ воқиан муттаҳам аст. Аз як совхози гандумкорӣ оварда раиси давлат сохтан ва тӯли сӣ сол дар сари ҳокимият нигаҳ доштан,кору харҷи саҳлу сода нест,ки русҳо барояш анҷом додаанд. Русҳо медонанд,ки аз чи роҳе ва чи тавр Раҳмонов тавонист ки тӯли ин ҳама солҳо дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ худро кафшекр кунад? Дар воқеъ чи тавр як директори совхозе дар як музофот тавонист, ки салтанати қабилаву авлоду маҳал ва ҳоло хонаводаашро созмондеҳӣ кунад ва то сатҳи болои давлат иртиқо бидиҳад?
Бале, ин русҳо буданд,ки ҳамчунин замина ва шароитро барояш фароҳам оварданд, замонаш буд ҳифзу ҳимояташ карданд. Худи ҳамин факт,ки миллионҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия кору фаъолият карда мусаббиби оромиши иҷтимоӣ шудаанд, аз гушнагии саросарӣ ҷилавгирӣ кардаанд, аз садҳо маротиба тазоҳуроту гирдиҳамоии эҳтимолии гушнаҳо пешгирӣ карданд, нишонаи гӯёи ҳисса ва саҳми Русия аст.Аммо Раҳмонов ин ҳамаро тавре вонамуд кард, ки намебинад.Имрӯз,ки русҳо пушт гардонидаанд ва муҳоҷиронро абзори фишор кардаанд ва даҳ сол аст ки аҳамият намедиҳанд, баёнгари он аст ки авзоъ дигар аст. Раҳмон ҳам ҳоло натиҷаи муносибати дар ин чаҳор -панҷ соли ахир бо Путин кардаашро мебинад. Ҳамин аст,ки Русия дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави худ ҳозир нест,ки ба камтарин иқдом даст бизанад.