Номаи бози сокинони маҳаллаи Аэропорти куҳнаи Душанбе ба «Ислоҳ.нет»
Ба маҳалаи мо як гуруҳ домсозҳо бо роҳбарии Дониёрзода Бахтиёр, сардори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. Номи ширкат ҳам ҶДММ “Дониёрзода Бахтиёр” мебошад омада ба мо фармони оҷилан холӣ кардани хонаҳоямонро доданд. Акнун мо намедонем соҳиби ширкат ва раиси ширкат як нафаранд ва ё инаш аз онаш фарқ мекунад.Гуфтанд ин ҳафта пеши хонаҳоятонро бо тунука маҳкам мекунем. Хонаҳои маҳала замонавӣ ва хеле зебо ва нав сохта шудаанд. Ба мо дом лозим нест. Чаро хонаҳои моро канда моро бе хонумон мекунанд. Қарори раиси шаҳр аллакай баромадааст. Мвофиқи он бояд хонаҳои кӯчаҳои Убайди Зоконӣ,Мирзо Мастонгулов ва Ҷавонон валангор шаванд..
Бо мақсади татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз 19 июли соли 2020 таҳти рақами 44 1621 раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ қарори чапа кардани хонаҳои моро баровардааст. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки ин қарори раиси шаҳр аз сари нав дида баромада шавад. Мо барои хонаҳоямон андозҳои хеле зиёд месупорем. Онҷо аптека, мағоза, ошхона ва дигар нуқтаҳи маишӣ дорем.
Ин нафарҳо ба маҳаллаи мо бо Шӯҳрати домсоз омаданд. Илтимос ба доди мо бирасед. Дар ин фасли зимистон моро бехона накунед. Ҳамаи мо дар инҷо имзогузоштагон мардуми таҳҷоии Душанбе:-ургутӣ, самарқандӣ ва бадахшонӣ ҳастем. Мо ҷамъан 54 нафар дар ин номаи саркушода имзо гузоштаем. Замини минтақаи аэропортро барои ҷойи канализатсия доштан мехоҳанд бигиранд. Ҳамин қадар баландошёнаҳоро касе харидорӣ намекунад. Чаро боз месозанд, мо ҳайронем.
Мегӯянд, ки ҳамин Шӯҳрати домсоз домоди М.Убайдуллоев будаст. Лекин Убайдуллоев дар пасаш як шатта зада сур карда будааст. Аммо таҳқиқоти Ислоҳ нишон дод, ки Шуҳрати домоди Убайдуллоев дигар будааст. Ӯ Шуҳрат Ҳакимов аз Фархор будааст ва соли таваллудаш 1987 будааст ва даҳ сол пеш аз духтари Убайдуллоев ҷудо шуда будааст. Аммо ин Шӯҳрати домсоз комилан шахси дигар аст ва ҳоло кораш ҳамин намуд захват шудааст. Ҷойиҳои канализатсия доштаи шаҳрро гирифта истодааст.
Дирӯз мехост «забор» гирад, ки мардум зада сураш карданд. Мо бовар дорем, ки қарори дасти Шӯҳрат ва се чаҳор ҳамроҳаш «фалшивий» аст. Онҳо ҳоло ба ҳамин қарор хонаҳои сеошёна, дуошёна ,магазин, ошхона ва ҳамаи дуконҳои мардумро чапа карданиянд. Мегуянд, ки дар ивази он 8ум ошёна квартира медодаанд. Дар инҷо ҳавлиҳое ҳаст, ки ҳоло арзиши онҳо 500.000 доллар аст.
Дар инҷо ҳама аз Прокурори генералӣ, Раиси Суди олӣ шариканд, дар доля «қуш»-анд.
Чун бе ҳамоҳангии эшон аз дасти ин ширкатҳо чизе намеояд. Инро бубинед ,ки дар як хона аз 10 то 15 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ин шароити вазнини иқтисоди сардии дар пеш истодаи зимистон мо бояд ба куҷо равем ??? Ҳамаамон кудакҳои хурдсол дорем .Баъзеашон дар як оила чор- панҷ фарзанди хурдсолро монда Русия мардикорӣ рафтаанд. Чи тавр падару модари пир дар ин ҳавои хунук кӯчкашонӣ мекунанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандию нотинҷӣ мо хонаю дар обод кардем, нахурдем, напушидем заҳмат кашидем ва ватанро обод кардем. Имрӯз омада дар замони тинҷӣ хонаҳои моро мешикананд. Мо дигар ба раиси шаҳр ҳам боварӣ надорем, чунки ӯ ҳамоҳанги ҳамин гуруҳҳо мебошад.
Маҳалаи мо симои хеле зебо дорад ва ягон зарра эҳтиёҷ барои дигаргун кардан надорад. Барои домсозҳо, ки бисёр мехоҳанд симои шаҳрро дигар кунанд рафта дар ҷойҳои дигари шаҳр ки ниёз ба дигаргуншавӣ доранд хона бисозанд. Дар кишварҳои дигар биноҳоро берун аз шаҳр месозанд то шаҳр фарохтар шавад. Фақат дар Душанбе метавонанд, ки ҷои ободро вайрон карда барои манфиати шахсии хеш хонаҳои баландошёна бисозанд. Бигзор ҳукумат комиссия ташкил карда биёяд ва бубинад, ки чи қадар маблағ сарф карда мо хонаҳо, магозаҳо ва дуконҳои дузандагӣ, гуштхона ва дорухонаҳо сохтаем , чи қадар ҷойҳои корӣ бунёд кардем… Эмомалӣ Раҳмон чанд боре дар баромадҳояш гуфта буд, ки хонаҳои дуошёна бисозед, симои шаҳрро зебо кунед, зиндагӣ кунед. Вале чи шуд ки имрӯз писараш фармони валангор кардани хонаҳоямонро додааст. Ё падараш дар мастиаш сари кайф ин амрро дода буд? Агар мефаҳмидем, ки ин хел моро бе хонумон мекунед ва манфиати чор дузди домсозро аз манфиати мо мардум -раият боло мегузоред, мерафтем Русия ҳамонҷо кор ва зиндагӣ мекардем . Тоҷикистон барои чор қаллобу чор ҳанноти серпул нест ку. Аз ҳисоби мардуми бечора киса пур мекунанд. Тоҷикистон моли мо, ватани бобогии мо аст.
Ба раиси шаҳр гуфтанием, ки моро ба ҳоламон гузорад, хонаҳои моро вайрон накунад. Мо дигар дар он сину соле нестем ,ки дар баландошёна зиндагӣ кунем. Дар маҳала одамҳои зиёде , ки дар давлат кор мекунанд ва шахсиятҳои намоёнанд зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ аз ин қарори раиси шаҳр розӣ нестанд. Аз сабаби он ки гапи мардумро касе гуш намекунад мо дастаҷаъмӣ ба хулосае омадем, ки ба «Ислоҳ» нависем то ба гӯши мири шаҳр арзамон расад.
Аммо онҳое имзо нагузошта,ки бо мо ҳамфикранд 115 нафар шаҳрвандон аз кучаҳои Ҷавонон, Мастонгулов ва Убайди зоконӣ талаб дорем, ки мо ва хонаҳоямонро ба ҳоли худ гузоред. Аз давлат хайре, ёрдаме, дастгирие ба мо нарасидааст ақаллан монед дар хонаҳоямон ором зиндагӣ кунем. Дар ҳамин масъалаи нозук , ки эътиқоди мардумро аз ҳукумат ва мири шаҳр мегардонад ин тоҷирони қаллоб ба монанди Шуҳрат домсози домоди Убайлулоев як марди сарсафеди дигар ва боз чандин нафари дигар, ки номҳояшонро намедонем даст доранд.Аз худо битарсед дар ин вазъияти буҳронӣ мардумро ба ҳоли хеш гузоред..
Имрӯз 25.10.2021 соати 18:00 аз ҶДММ “Дониёрзода Бахтиёр” Шуҳрат Наҷмуддинов ва Илҳоми кокули Ваҳдатӣ ҳамагӣ панҷ нафар омаданду бо мардум маҷлис карданд. Мо норозигии худро ба онҳо расонидем ва барояшон шартгузоштем,ки маблағи аслии хонаҳоямонро бо қимати бозор пардохт кунед агар накунед,мо намехезем аз хонаҳоямон. Аммо онҳо мегӯянд ,ки мо ба шумо пули иҷораи хона медиҳем то ду сол зиндагонӣ кунед ва пас аз сохта шудани хонаҳо ба шумо аз баландошёнаҳо хона медиҳем. Аммо ҳеҷ сокини ин маҳаллаҳо ба ин шартҳо розӣ нестанд.
Бо ин корҳояшон инҳо моро маҷбур мекунанд, ки даст ба митингу гирдиҳамоӣ бизанем!!!