Санаи намоиши оғози фасли панҷуми силсилафилми Наҳзати Эртугрул маълум шуд

Ислоҳ нет

Намоиши фасли панҷуми силсилафилми Наҳзати Эртугрул (Diriliş Ertuğrul) аз охири моҳи октябри соли 2018 оғоз мегардад.

 

Қисми якум аз фасли панҷум ва дар умум қисми 122 -уми ин силсилафилми таърихӣ санаи 31 октябри соли ҷорӣ тавассути шабакаи телевизиони туркии TRT1 ба намоиш гузошта мешавад. Силсилафилми  “Наҳзати Эртугрул” (Diriliş Ertuğrul) на танҳо дар Туркия, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон тамошобинони зиёде пайдо кардааст.

 

Намоиши ин филм аз соли 2014 оғоз гардида, то ба имрӯз чор фасли онро аллакай мухлисонаш тамошо кардаанд.

 

 

Тибқи нақшаи пешакии даст андар корони ин филм мебоист фасли панҷуми он аз моҳи сентябр оғоз мешуд. Аммо ба сабаби моҳи июни соли ҷорӣ рӯй додани сухтор дар Бейкоз, мавзеъе, ки аксарияти наворбардориҳои ин филм онҷо суръат гирифтааст, намоиши фасли навбатии филм як моҳи дигар ба таъхир афтодааст.

 

Сабаби асосии ба таъхир афтодани намоиши филм, осеб дидани лавозимоти ороишии майдони филмбардорӣ дар сухтор гуфта шудааст.

 

 

Маълумотҳо ва хабарҳои муҳим

  1. Энгин Алтан Дюзятан, ҳунарпешае, ки нақши Эртугрулро бозӣ мекунад, баъди ба охир расидани фасли чаҳоруми силсилафилм ба хулоса меояд, ки музди корияш бояд боло бардошта шавад. Энгин Алтан аз роҳбарияти эҷодии филм барои нақшофарии ҳар як қисми ин филм 120 ҳазор лираи туркӣ, баробар бо 18 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунад. Ҳол онки музди кории ӯ барои ҳар як қисми ин филм 75 ҳазор лираи туркӣ буд. Агар ҷонибҳо ба мувофиқа оянд, дар фасли нави ин филм қиёфаи ҳунарпеша бо истифода аз макияж ба шахси нисбатан пир табдил меёбад.

 

  1. Силсилафилми “Наҳзати Эртугрул”  (Diriliş Ertuğrul) пурбаҳстарин филми туркӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

     

  2. Дар байни силсилафилмҳои туркӣ “Наҳзати Эртугрул”  (Diriliş Ertuğrul) аз ҷиҳати тамошобини бисёр доштан, дар ҷои аввал меистад.

     

  3. Дар давоми наворбардории ин силсилафилм якчанд маротиба дар майдоне, ки ин филм рӯи навор меомад, якчанд маротиба сухтор ба амал омадааст.

     

  4. Ин силсилафилм дар бораи кишваркушоии падари Усмон – поягузори хилофати Усмонӣ буда, мушкилоту сахтиҳои поягузории хилофат ва дар ин ҷода диловариву шуҷоъӣ, аз худ гузаштагиву мардонагии падари Усмон, Туғрулбейи туркманиро қисса мекунад.
  5. Туғрулбей (Эртугрул) ҳамроҳи падару модар, пайвандонаш ва аҳли қабилаи Қайлӣ аз Туркманистони ҳозира, аз лашкаркашиҳои муғул паноҳ бурда, ба наздикиҳои шаҳри Анқараи Туркияи ҳозира ҳиҷрат кардааст.

    7. Дар қисми охири фасли чаҳоруми ин филм, ки  3-юми май намоиш дода шуд, Ҳалима Султон ҳунарпешаи машҳури турк Исро Белғиш, ки нақши ҳамсари Эртуғрулро бозидааст вафот кард ва дили садҳо бинандаро хело мушавваш намуд. Дар ҳоле, ки тибқи ривоёти таърихӣ Ҳалима Султон беш аз 70 сол умр дидааст. Исро Белғиш бо футболбози машҳури дастаи Бешигтош, Ғукҳон Турӣ дар 21 октябри  соли 2017 издивоҷ карда буд. Дар ин издивоҷ ҳамчун шоҳид президенти Туркия Раҷаб Тайб Эрдуғон бо ҳамсараш иштирок карданд. Расонаҳо навишта буданд, ки Исро ба раисҷумҳур ваъда кард, ки мо ният дорем се фарзанд дошта бошем. Аммо баъдан шавҳараш ба як тими футболи дигар дар хориҷ  аз Туркия шартнома мебандад ва бояд сафар мекард ва ҳамсарашро бо худаш бояд мебурд. Ин тасмими қатъиишавҳари Исро (Ҳалима Султон) дар нақшофаринияш дар ин филм таъсир расонид ва ночор ӯ пас аз таваллуди Усмон “вафот” кард.

    8. Касоне, ки забони туркиро намедонанд, ба маълумоташон мерасонем, ки тарҷуммаи русии ин филм дар шабакаи иҷтимоъии Ютуб ҳар ҳафта, пешкаши мухлисон мегардад.

     

Дар бораи Эртугрул

Эртуғрул бо забони туркии Усмонӣ изофа бар шахси ғозиро гӯянд. Эртуғрул писари Шоҳ Сулаймон аз қабилаи Қайлӣ,  аз туркҳои Огуз буда, модараш Хайма хотун аст. Эртуғрул падари Усмони аввал, муассиси давлат ё хилофати маъруфи Усмонӣ мебошад. Эртуғрул навад сол умр дида аст (1191-1281м)

 

Эртуғрул дар 36 солагияш,  дурусттараш дар соли 1227    раиси қабилаи Қайлӣ гардид. Ин қабилаи туркманӣ бо сардории Эртуғрул, пас ҳуҷуми муғул ба манотиқашон,  ночор ба ҳиҷрат шуданд. Бо чорсад нафар ҷанговараш ба ҳукумати Салҷуқиҳои рум, ки пойтахташон Коня(Куния) буд, кумак намуд. Бар алайҳи муғулҳо ва румиҳои Византия ҷангиданд ва ба пирӯзиҳои намоёне муваффақ шуданд. Ин пирӯзиҳои Эртуғрул шоҳи Салҷуқӣ Султон Алоуддин Кайқубодро хушнуд сохт. Султони салҷуқӣ ба Эртуғрул ва қабилааш ҳамчун подоши заҳматҳояш замине дар манотиқи куҳие, ки наздики Анқараи ҳозира ҷойгир буд, ҳадя намуд. Шоҳи Салҷуқӣ бо ин амалаш мехост, ҳар қиёму ошубе аз боқимондаҳои византиҳо дар минтақа мешавад, Эртуғрул ва қабилааш онро баргардонад ё хомуш намоянд. Пас аз он ки дар он минтақа сукунат варзиданд, соли 1231 минтақае бо номи Суғтро ба қаламрави худдар натиҷаи муҳориба, зам намуд. Соли 1299 ҳамин минтақаи Суғт пойтахти аввали давлат ё хилофати Усмонӣ гардид. Эртуғрул аз ҳамсараш Ҳалима се писар дошт. Усмони аввал, Совди ва Гундуз. Эртуғрул аз соли 1227 то 1281 яъне то вафоташ 54 сол раиси қабилаи Қайлӣ буд. Писараш Усмони аввал ҳаждаҳсол пас аз вафоти падараш Эртуғрул хилофати Усмониро ташкил намуд.

 

Ҷанбаҳои хуби ин филм 

1.) Таваккули хело қавии Эртуғрул ба Аллоҳ ва ҳақиқатҷӯияш,  имони бинандаи ин филмро такон медиҳад.

 

2.) Он адади ками содиқ, ки бо Эртуғрул ҳастанд дар ҳама мушкилот душодуши якдигар қарор доранд. Ҳама мушкилотро бо иттиҳодашон ва садоқаташон пушти сар мекунанд ва комёб мегарданд.

 

3.) Эртуғрул дар ин филм шахсеро таҷассум менамояд, ки дӯстдори адолат ва мухолифи ҳама намуд зулм, хиёнат мебошад. Ичунин барои таҳаққуқ ёфтани фикри адолатпарвариаш ҷони худро дар хатар мегузорад. Ҳаргиз аз дунбол намудани фикраш хаста ё дилшикаста намешавад.

 

4.) Эртуғрул бо чанд нафари содиқе, ки дар атрофаш дорад, дар фикри ташкили давлати муқтадир ва тавоное мебошад. Мехоҳад давалатеро ташкил кунад, ки адолатпарвар ва ҳимоятгари мазлумон ва бенавоён бошад. Чунин фикри бузург танҳо дар мардони бузург метавонад бошад.

 

5.) Садоқати худро барои давлати Салҷуқӣ, ки дар он сарзамин аз миллати худаш мебошад, нишон медиҳад.

 

6.) Пирӯзиро бар душмани хориҷӣ танҳо дар имони росих ба Аллоҳ, иродаи қавӣ ва иттиҳоди ҳама қабилаҳои дар он сарзамин вуҷуддошта медонад.

 

7.) Мубориза бурдан бар алайҳи душманро дар тоза кардани дохил аз хоинон ва ҷосусҳои душманони хориҷӣ медонад. Ҳеҷ раҳме бар шахсе, ки хоин ва ҷосус мебошад, намекунад.

 

8.) Аз гуфтани сухани ҳақ ҳаргиз наметарсад. Ҳамеша дар бархурдаш бо золимон ҷиддӣ буда ва ончӣ ҳақиқат аст онро ошкоро мегӯяд ва ҳеҷ тарсу ҳаросе надорад. Дар филм мебинем, ки ҳақиқатталабӣ  ва баёни ҳақиқат чи қадар мушкилот ва азобу шиканҷаҳое дар пай дорад, вале Эртугрул чун куҳ устувор боқӣ мемонад.

 

9.) Эҳтироми ба улмои дин ва машварат намудан бо аҳли илмро дӯст медорад. Агарчӣ фикри худро дорад вале машварат мекунад ва фикрҳои атрофиёнашро дар таҳлили воқеаҳо мепазирад. Агарчӣ пазируфтани он машваратҳо гоҳо барояш писанд нестанд, вале чун ислоҳӣ ва ё муттаҳидӣ дар онҳо дида мешавад, онро мепазирад ва амал мекунад.

 

10.) Агар аҳамият дода бошед чӣ ҳамроҳи падараш Сулаймоншоҳ ва чӣ худаш вақте қалъаеро фатҳ мекунад, ҳатман дар он азон мегӯянд ва дар он намози ҷамоъатро адо менамоянд. Бақоёи ҳар чизе аз аҳли куфр мондаро маҳв менамояд, то осоре аз онҳо набошад. Ғанматҳое, ки ба даст меорад,  дар тақсими онҳо адолатро риъоят менамояд ва ҳоли ҳама ақшори ҷомеъаро ҳатман дар назар мегирад.

 

11.) Ба хубӣ дар ин филм ба намоиш гузоштаанд, ки танҳо бо силоҳу сипоҳ ва зургӯӣ  пирӯзиву давлатро наметавон ба даст овард. Бе ақида ва дин, шунидани суханони уламо пирӯзии куллӣ ба даст намеояд. Инчунин барои ташфиқи ҷанговарон қиссаҳои гузаштагони солеҳинро Ибни Арабӣ баён медорад, то дар онҳо ҳаммосаи динӣ ва эҳсоси дуруст будани муборизаи онҳо дар роҳе, ки ихтиёр намудаанд, дар қалбашон парвариш ёбад. Дар муқобил Тапмпрелерҳои масеҳиро нишон медиҳад, ки чиқадар ҳамдинони худро куштанд ва онҳоро дар изтироб ва ваҳшат қарор додаанд. Ҳатто Попи Рим ҳам мухолифи онҳост. Инчунин Муғулҳоро, ки бо ҳамон дини хурофотӣ ва манфурашон ба намоиш гузошта шудааст, ки хело нафратовар аст. Чеҳраи муғулҳоро хело хашин ва қотилу бераҳм ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин миён дини Ислом ҳамчун  дини адл, додгустарӣ ва дине, ки маҳз бо ин дин метавон ҳама оламро тасхир намуд, дар филм хеле хуб инъикос додаанд.

 

12) Филм дар муқооиса бо ҳама филмҳои туркие, ки онҳо таърихӣ буданд, филми Наҳзати Эртугрул хело хуб ва дар рӯҳияи боризи исломӣ омода шудааст. Аммо дар он баъзе ҳодисаҳои таърихӣ бидуни шавоҳиди таърихӣ баён ва ба намоиш гузошта шудааст. Аксари ончӣ дар ҳодисаҳои Ҳалаб, ҷанги бо муғул, ҳатто ашхосе дар атрофи Эртуғрул ҳастанд таърих онҳоро ба шакли дигар баён намудааст. Метавон гуфт зиёда аз 50%-и ончӣ мегузарад, хаёлӣ ва офаридаҳои худи коргардони ин филм мебошад. Маълумоти муфассалтар дар бораи камбудӣ ва баъзе аз таҳвилҳои таърихӣ дар ин филмро аз сомонаи Ислоҳ, бо ангушт задан ба инҷо пайдо намоед.

Намоиши фасли панҷуми филми “Наҳзати Эртугрул” дар шабакаи TRT1

Рақами қисм

Номи қисм

Санаи намоиш

5×01

Қисми 122

31 октябр 2018

5×02

Қисми 123

7 ноябр 2018

5×03

Қисми 124

14 ноябр 2018

5×04

Қисми 125

21 ноябр 2018

5×05

Қисми 126

28 ноябр 2018

5×06

Қисми 127

Охири соли 2018

5х07

Қисми 128

Охири соли 2018

5х08

Қисми 129

Охири соли 2018

5х09

Қисми 130

Охири соли 2018

5х10

Қисми 131

Охири соли 2018

Share This Article