Фармони Эмомалӣ Раҳмонов барои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 31 авгуси соли ҷорӣ содир гардид. Дар моҳҳои октябр-ноябр мавсими «облава» шуруъ мешавад. Ин мавсим солҳост, ки дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ, ки писари сини сарбозӣ дорад, яъсу ғаму андуҳу тарсу ваҳшатро пеш меоварад. Бо ҳазору як макру фанду фиреб талош мекунанд, ки ҷавонҳоро маҷбур ба хидмати сарбозӣ баранд. Хидмати сарбозие, ки ҳеҷ замонату кафолат бар сиҳату солим ва зинда баргаштани ҷавонон дода намешавад. Ҳамасола даҳҳо нафар аз ҷавонҳо дар воҳидҳои низомӣ куштаву инвалид карда мешаванд.
Бинобар маълумотҳои ба мо расида имсол низ шумори даъватшавандаҳо дар қиё бо даъвати баҳорӣ зиёдтар шудааст.
Масъалаи ҷалби сарбозҳо, ки дар байни мардум бо «облава» машҳур аст як фоҷеаи бузург асту шароит онҳое, ки ба сафи Неруҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд, як мушкили ҷиддии дигар
Мардум намехоҳад, ки писараш ба хидмати аскарӣ бурда шавад ва худи ҷавонҳо ҳам ҳозир нестанд, ки ба аскарӣ бираванд. Ин ҳолат, дар шароити Тоҷикистон табиӣ аст. Чунки барои мисол аз хонаводаи Раҳмонов ва атрофиёнаш як кас хидмати сарбозӣ намеравад, аммо писари мардум бояд бираваду инҳоро ҳимоят кунад. Чаро? Чаро бояд Рустам дар 20-солагӣ генерал шавад, дар ҳоле, ки дар дасташ як маротиба автоматро нақапидааст, аммо писари мардум раваду мурда-мурад, бо шиками гурусна сарҳади Афғонистонро бонӣ кунад ва ё сарҳади Қирғизистонро? Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷавони сарбоз дар артиш рӯзи сиёҳе дорад. Инҷо ҳикояти як сарбозеро меоварем, ки солҳо пеш дар Гвардияи миллӣ хидмат карда ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад. Шароитеро, ки ин бародар ҳикоят кард, имрӯз ҳам ҳамон ҳолат аст, балки бадтар аз он мебошад:
Аз 2008 то 2010 дар Гвардияи миллӣ давраи хидмати сарбозиро анҷом додам. 13 сол шуд, ки мехостам ин масъаларо ба мардум бирасонам, аммо аз ҷонам метарсидаму хомӯш будам. Имрӯз он амниятро эҳсос намудаму онро тавассути “Ислоҳ” мегуям.
Аз хидмати ман дар Гвардияи миллӣ се моҳ мегузашт. Молодой будем. Се нафара дар сафи рост, дар қисми ҳарбӣ роҳ гашта истода будем. Аз ошёнаи сеюм як дембл моро фарёд кард, ки ба ман оби нушиданӣ биоваред. Мо розӣ шуда гуфтем, ки ҳозир мебарем. Ӯ сарашро даруни тиреза кард. Баъд байни мо се нафар як каме баҳс шуд, ки кӣ бояд обро бибарад: ту рав, ту бар, ту мебарӣ кардем. Дар ин вақт вай калаашро бароварда гуш мекардааст. Вай аз боло дод зад, ки ба ман об лозим нест, шумо ҳар сеятон пеши ман бароед. Мо пешаш баромадем. Вай гуфт, ки ҳамчун наказаний упор лёжа принимат мекунед. Упор лёжа истодем, ки моро бо пойҳояш ба задан даромад. Аввал маро се бор бо пояш зад. Баъд се бор як бародарро, ки аз Кулоб буд, уро зад. Вайро ду бор зада буд, ки дод заду руи фарш афтод. Тунук шуд, хоб рафт рӯи замин. Аммо ин дембл ист накарду уро боз зада гуфт, ки «ту ҳиҷчи нашудагӣ, худатро ба девонагӣ назан». Боз дутои дигар дар болои ишкамаш бо пояш зарба зад.
Ним дақиқа ногузашта рангу руи он бача тағйир шудан гирифт. Мо ҳамроҳи бачаҳо ӯро ба кампал печонида аз сеюм ошёна поин фаровардем. Коминдири қисми ҳарбии мо полковник Тоҳиров буд. Вай ин ҳолатро дид. Мошинашро оварду он бачаро бор кард. Гуфт госпитал мебарам. Аз КПП як километр ҳам нарафта хабар омад, ки бача ҷон бохтааст. Аллоҳ ҷояшро фирдавс гардонад.
Баъд бачаро экспертиза бурданд, дар ҳоле, ки явно ин дембл уро зада кушта буд ва бовар доштам, ки ӯро суд мекунанд. Аммо аз ин миён чанд рӯз гузашт. Ба он бача чизе нашуд. Экспертиза қароре баровард, ки боваратон намешавад.
Рӯзи иди Қурбон буд. Ба қисмҳои ҳарбӣ одамҳои хайрхоҳ бо газелҳо дар дегҳо ош меоварданд, аллоҳ аз онҳо розӣ бошад, баракати корҳояшонро диҳад. Экспертиза хулоса медиҳад, ки ин бача нафсашро бад карда, ошро бисёр хурдааст.
Гуфтам, ки мо ҳамагӣ се моҳ хидмат карда будему моро «молодой» мегуфтанд. Экспертиза гуфтааст, ки аз ин пеш кам хурок мехурдааст, ҳозимааш (желудка) барои ин қадар хурок одат накардааст, барои ҳамин дар рӯзи иди Қурбон хуроки зиёд истеъмол карда ва ҳозимааш кафидааст.
Ягон касро ҷазо надоданд. Бачаи бегуноҳро зада куштанд. Маълум буд, ки агар ягон касро ҷазо медоданд, масалан демблро, бояд ҳамроҳи ӯ командири қисми ҳарбӣ, командири рота, муовинҳои Гвардияи миллӣ оид ба тарбия ҷазо мегирифтанд ва аз кор холӣ мешуданд. Барои онки ин одамҳо аз кор маҳрум нашаванд экспертиза чунин қарори дуруғин содир кард.
Чанд вақт пас падару модари он бачаи кушташуда қисми ҳарбӣ омаданд. Нолаву гиря мекарданд. Онҳо мехостанд бо ҳамхизматҳои бачаашон шинос шаванд ва дар бораи рӯзҳои охиринаш пурсанд.Ҷои хобашро ба ман нишон диҳед гуфтанд, ки мо ҳама дод зада гиристем. Дилҳо реш-реш шуданд. Ин падару модари шуртолеъ ин тақдири бадро қабул карданд. Он дембле, ки ин корро кард, фамилияаш Ҳазратқулов аз Ваҳдат аст. Таваллудаш тақрибан 86-87 аст. Бачаи здоровий- бузбала буд.
Моро, то инки савганди ҳарбӣ ёд кунему либоси низомӣ бар бар борҳо латту куб мекарданд. Дар ҳақиқат демблҳо молодой ё салдатаҳоро сахт азоб медиҳанд. Як ҳодисаро нақл мекунам. Взовди мо аз оружейка автоматҳоро бардошту омадем шагаткунӣ. Бояд то нимарузӣ қадамзанӣ мекардем. Баъд силоҳҳоро дар ҳамон ҷои режа равӣ мемондем. Як курсант взводро обед мебурд, дигар курсант силоҳҳоро посбонӣ мекард. Воқеа ин тавр шуд. Взводро хуроки нисфирузӣ бурдам. Ҷураи ман як бачаи узбек бояд то омадани мо силоҳҳоро нигоҳ мекард. Хоби вай мебарад.
Дембелҳо бохабар мешаванду бо офитсерҳои хурд забон як карда ҳамаи яроқҳоро медузданд ва бурда дар ҷои дастурушуии зимистона қулф мекунад. Бечора бача мехезад, ки яроқҳо нест. Мо бояд тибқи қоида бегоҳ силоҳҳоро ба оружейка супорем. Силоҳҳо нестанд. Онҳо-демблҳо омаданду руирост гуфтанд, ки 200 доллар медиҳед, силоҳҳоро бармегардонем. Мо ҳампризивҳо200 доллр ҷамъ карда додем. Чун илоҷи дигар надоштем. Вагарна он узбекбача барои хобаш зиндон мешуд. Рости гап дар ин қисми ҳарбӣ ҳар рӯз молодойҳоро мезаданд. Ҳам демблҳо мезаданд ва ҳам офитсерҳо ва офитсерҳо маҷбур мекарданд, ки молодойҳо ба хонаашон занг зада ба рақами телефони командир пул гузаронанд. Он вақт карта буд. Картаро мехариданд ва рақамҳояшро мегуфтанд. Сару либоси нави молодойҳоро демблҳо кашида мегирифтанд. Вақти дембл 100 то 20 доллар ба командир медодӣ то туро зудтар ҷавоб диҳад. Ҳатто агар қисми ҳарбӣ аз сарбози нав пур ҳам мешуд, то командир пул намегирифт, демблро ҷавоб намедод.
Бачабозӣ дар қисмҳои ҳарбӣ.
Командири қисми ҳарбии 051052полковник Тоиров бачабоз аст. Мо як ҳамхизмати қорӣ доштем. Ӯ дар воқеъ ҳам қорӣ ва инсони содаву мулоим буд. Ӯ сарбозҳоро масҳ-массаж мекард. Ин касбро медонист. Вай массажистиро худомузӣ кардааст ва ё хондааст, намедонам, аммо масҳгарӣ мекард.Тоиров мефаҳмад, ки вай массажист аст фарёдаш мекунад ва дастур медиҳд, ки ӯро массаж кунад. Вай як бор, дубор рафт. Се, чор бор рафт. Аммо ҳар боре, ки меомад, ҳолаташ бад мешуд, зиқ метофт. Аз баски хоксору хаппак буд, ҳама чизро намегуфт. Баъд як руз нақл кард, ки полковник Тоиров вақтҳои массаж дастҳои ин қориро ба аъзои таносул ва пушташ мебурдааст.
Рости гап, ин якум бор набуд, ки ин гуна муносибати ӯ бо сарбозонро мешунидам. Дигар бачаҳо ҳам нақл мекарданд, ки бо онҳо чунин корҳо мекунад. Маълум шуд, ки Тоиров на танҳо як ҷоро меқапид, балки бо онҳо ин корро мекардааст.
Дар қисмҳои ҳарбӣ чунин корҳо бисёр мешавад. Бачабозӣ дар он ҷойҳо мисли як касалии сироятёбанда шуда буд. Ин корҳо ҳоло ҳам идома дорад. Тоиров, бо бачаҳо ҳамхоба мешуд, водор мекард, ки уро «табобат» кунанд. Баъдтар маълум шуд, ки вай дар ҳақиқат лутии посивни будаст. Албатта дар он дунё муҷозот мешаванд ,вале дар ин дунё ҳам бояд табли русвоии онҳоро куфт.
Коррупсия ва дуздӣ дар Гвардияи миллӣ.
Гвардияи миллӣ дар Лоҳур қисми хоҷагӣ дорад, ки дар он гову гусфанду харгушу мурғ парвариш карда мешавад ва бояд, ки қисмҳои ҳарбӣ аз он истифода барад. Картошкаву пиёз мешинониданд, чунки Гвардияи миллӣ замин ҳам дорад.
Аввалин нишонаи коррупсия ин аст ки мо ягон бор ба сери хурок нахурда будем. Дар наҳори сарбоз бояд тухм, равғани маска, чойи ширин бошад. Давоми ду соли хидмат мо як ё ду бор ин чизҳоро хурдаему халос. Ин ба қисми ҳарбии 051055 марбут аст. Ҳақи сарбозҳоро рӯирост мехуранд.
Як ҳафта ду бор гов мекуштанд барои бригадаи 051055. Мо, чуноне гуфтам картошка, пиёз, сабзӣ, лубиё ва дигар сабзавотҳо доштем. Лекин мо ҳеҷ чизро намедидем. Горох мехурдем. Ҳамин горох ҳам дар даруни коса ду -се дона буд.
Ҳама чизро аз қисми хоҷагӣ меоранд. Зампотил-масъули қисми таъминот, старший лейтенат ҷураи сардори қисми ҳарбии мо буд. Он вақт сардори қисми ҳарбии 051055 полковник Алиҷон Ҳасанов Тағоевич буд. Ман шахсан худам ин ҳама маҳсулоти ғизоиро ба мошинаш ҳамроҳ бо дигар сарбозҳо бор мекарем, ҳақи ҳалоли сарбозҳоро: гуштро бор мекардем, картошка, пиёз сабзӣ ва орду руғанро бор мекардем. Ҳар ҳафта ё ду ҳафта як бор ҳамаи ин продуктаҳоро бор мекардем гирифта мебурд. Агарчи гов мекуштанд, мо руи гуштро намедидем. Байни ҳам тақсим мекарданд.
Сарбоз бо ишками гурусна ё ним сер хоб меравад. Азоби зиёд мекашидем. Шароит набуд. Коррупсия дар авҷ аст, ҳозир ҳам ҳамин хел аст. Барои уволнений он вақт 20 сомонӣ мегирифтанд. Через забор мефиристонданд.
Дар қисм ҳарбии 051052 ҷавонони донишгоҳро хатм карда, маълумоти олидорро, ки ба аскарӣ меомаданд, мегуфтанд, ки як сол хидмат мекуниву рутбаи афсарӣ мегирӣ. Мо онҳоро шагат, тозасозии силоҳ разбору сбори автомат ва дигар чизҳоро ёд медодем. Мо курсант будем ёд медодем.
Онҷо командири қисми ҳарбии 051052 полковник Тоиров посилний-ёрдамчӣ дошт. Ҳамон полковники бачабоз. Посилнийи вай Мустафо ном дошт. Нафарони маълумоти олидорро метарсониданд, ки мо шуморо Оби гарм роҳӣ мекунем. Ман куҷо будани Оби Гармро намедонистам. Ягон бор рафтагӣ нестам. Аммо то ҳамин имрӯз ман онҷоро ранги дузах медонам. Тавба. Он ҷавонҳои дипломдорро, ки акнун афсар мешуданд, метарсониданд, ки агар 300 доллар надиҳӣ туро Оби гарм мефиристем. Онҳо маҷбур пул медоданд. Ҳамон посилний пулро ҷамъ мекард. Посилний ҳам сарбоз буд, ҳампризиви ман. Баъд пули ҷамъоварӣ кардаашро ба полквник Ториров медод. Вай аммо сари қавлаш намеистод. 90% онҳо пул медоданд, 200-300 долларӣ, ки ба Оби гарм равон накунанд. Панҷ-шаш моҳ бо ҳамин тариқа пулҳоро ҷамъ кард.
Як бор Мустафо тахминан дар як рӯзи муайян аз ҳама пул мегирад. 5-6000 доллар ҷамъ мекунад. Мустафо ин пулро ҷамъ карда ҳамон шаб аз забор баромада аз хизмат мегурезад, кидат мекунад полковник Тоировро. Ин чанд рӯза хабари хурсандии мо буд. Чунки ин Мустафо дар корҳои коррупсионии Тоиров ёрдам мекард. Мо ӯро бад медидем. Вале ин корро кард, мо хурсанд шудем. Вай гурехт рафт Масква. Давоми кор чи шуд намедонам. Аммо Мустафо Тоировро хеле ҳам хушру кидат карда буд.
Боз як амали коррпусионӣ дар Гвардияи миллӣ, ки то ҳамин имрӯз идома дорад. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз уволнений гирифта то дигар кор порагирӣ дар авҷ аст. Сержант шудам. Нағз хидмат мекардам.Аммо ягон бор уволнени ё отпуск нарафтам. Пул намедодам. Шароити оила ҳам хуб набуд.
Як намуди коррпусия дар артиш ин аст ки масалан падару модар мехоҳад, ки писараш дар ҷойи худаш хидмат кунад. Барои переводи як сарбоз аз Душанбе ба Суғд 600 доллар медоданд. Ин як бизнеси хеле калон аст. Хеле одамҳо пул дода бачаҳояшонро бурданд. Як вақт ин кор ру зад ва тафтишот шуруъ шуд. Командирҳо зуд он сарбозҳоро баргардониданд. Аммо ягон ду- се моҳ гузашта буд, ки боз аз нав он сарбозҳоро бар ивази боз 600 долларӣ ба Суғд бурданд. Ҳоло ҳам ин бизнес давом дорад вале нарх ҳоло ду баробар бештар шудааст.
Теревога
Соли 2009 моро бо теревога –бонги хатар аз хоб хезонданд. Гуфтанд, ки ба хоки ватани мо ҳуҷум шудааст. 36 зархарид аз Узбекистонро бо воситаи вертолет ба заминҳои Тавилдара, ба куҳҳо фаровардаанд. Мо бояд ватанамонро ҳимоя кунем. Мо, ки 17 сола будему он қадар намефаҳмидем, ягон кас ягон чизро намедонист, бовар мекардем ва хунамон ҳам дар ҷуш буд.
Намедонистем, ки ин чи хел ин ҳукумат аст, рост мегуяд ё дуруғ, кӣ ҳақ аст, кӣ ботил аст? Мо ягон кас мухолифат накарда ҳамакаса рафтем. Моро бурданд Тавилдара.
Онҷоро «Голубой озер» Ҳавзи кабуд мегуянд. Аркаро мегузарӣ 50-60 метраи даромадгоҳи Тавилдара як кӯл воқеъ аст. Онҷо ҷои блокпости спетснази Гвардияи миллӣ қарор дошт. Мо бисёрӣ рафта будем:- чанд сад нафар. Мо-24касро ҷудо карда гуфтанд, ки штаб ва блокпости спетснази Гвардияро иваз мекунед.
Ман бо як майёри спетсназ ҳамсуҳбат шудам. Пурсидам, ки инҷо чи гап аст? Намехостем, ки 17сола аз дунё равем. Гуфт, ки хавотир нашав инҷо ҳеҷ гап нест. Мо ду ҳафта аст инҷоем, ягон гап нест. Он болоҳо, тарафҳои Чилдара камтар нооромӣ аст, мо онҷо меравем, шумо инҷо мемонед. Ва ҳамин тавр камтар хотири моро ҷамъ кард. Мо 24 нафар мондем. 4 нафар сержант 20 нафар сарбозӣ қаторӣ ва се афсар. Мо-24 нафарро тақсим ва 4 блокпост ташкил карданд. Гуфтанд роҳҳо ва пайроҳаҳоро назорат мекунед, ягон чиз шуд, хабар медиҳед. Якум шаб ором гузашт. Соати сеи саҳари сеюм мо овози рехтану фаромадан ва баҳам хурдани сангро мешунавем. Санг фаромад дар пеши блокпост. Он вақт мо дурбинҳои шаббин доштем. Бо ин дурбинҳо дидем, ки чанд нафар аз боло фаромада итодаанду сангҳо аз зери пойи онҳо мерезанд. Ба алоқа баромада ба штаб гузориш додем, ки вазъ ҳамин хел аст. Гуфтанд коре накунед, нигоҳ кунед, ки чи кор мекунанд, куҷо мераванд, мо меоем. Баъди 2 дуним соат расида омаданд. Пиёда омаданд.
Он одамҳо аз болои куҳ фаромаданд. Дар он куҳҳо дарахт бисёр аст. Он одамҳо пушти ҳамон арчазор баҷо шуданд. Онҳоро дида намешуд.Чи кор мекунанд, куҷо мераванд, якҷо истодагианд, дар ҳаракатанд, маълум набуд. Ба гуфти русҳо онҳо засада фаромаданд. Мо аз боло будему онҳо дар поён. Ҷое гурехта наметавонистанд. Фармон шуд, ки тарафи арчаҳо тирпаронӣ кунем. Мо таҷриба надоштем. На танҳо мо, 99%сарбозони Тоҷикистон ҷанг карда наметавонанд,таҷриба надоранд. Мо то он вақт ҳамагӣ ду бор стрелбиши рафта, сетоӣ тир зада будем. Албатта, ки чизеро намедонем. 10 -12 соат фақат тир холӣ кардем. Парон -парон шуд. Аз тарафи онҳо ҳам ба самти мо тир меомад. Як сарбоз тир хурду ҷароҳат бардошт. Вале аз мо ягон кас кушта нашуд. Чунки мавқеъи мо дар баландӣ буд ва онҳо моро нишон гирифта наметавонистанд. Мо беист тир мепаронидем.
Баъд аз камтар вақт ҳама ҷо ором гирифт. Командир гуфт, ба фикрам инҳо ҳамаашон мурданд. Моро ҷамъ карду гуфт зачистка меравем. Рафтем зачистка.7-8 ҷасад пайдо кардем. Дар бадани ҳар кадоми онҳо камикам70-80 тир даромада аст. Мо нафаҳмидем, ки онҳо кӣ буданд. Ба мо гуфтанд, ки онҳо зархаридҳо аз Узбакистон ҳастанд. Террористҳои Ӯзбакистон барои тарконидани ГЭС омадагианд. Аммо бачаҳои танманд в аришдор буданд. Онҳо ба узбекҳо неву ба худамон монанд буданд.
Баъд гаштему омадем штаб. Шаб хоб кардем. Саҳар ду генерал ва як полковник омада совешаний гузаронданд. Гуфтанд, ки мо бояд ҷасадҳоро гур кунем. Азбаски куҳҳо сангӣ аст канда намешавад, мо манора кардему онҳоро гур кардем. Болояшонро бо санг пушидему омадем.
Як рӯз мегузарад. Ба мо фармон мешавад, ки пиёда бояд равем, се – чор куҳро гузарему ҷасадҳоро биоварем. Масофа се – чор соата роҳ аст. Гуфтанд, ки бо дасти холӣ он мурдаҳоро меоваред, экспертиза равон мекунем. Сарбозони қаторӣ ҳамакаса норозӣ шуданд. Гуфтанд мо ин корро намекунем. Командири қисми ҳарбӣ мо 4 сержантро пешаш даъват карду гуфт, ки ё инки шумо ҷасадҳоро мебиёред ё инки ба шумо-как непосредственний началник –сержант, дар Душанбе 10 солӣ тюрма опеспечит аст. Мо чор кас рафтему якуним руз он мурдаҳоро кашонидем. Ду кас аз сарбозони қаторӣ бо мо ҳамроҳ шуданд. Мо намедонем он одамҳо, кӣ буданд? Шояд муҷоҳидини роҳи ҳақ буданд. Агар ин хел бошад аз аллоҳи ғафур бахшиш ва мағфират мепурсем, аз оилаи онҳо бахшиш мепурсем.Ҷояшон ҷаннат бошад.