Семейка news №11

Ислоҳ нет

Ин нашри «Семейканюс»-ро аз «лайк» шуруъ мекунем,ва шумо ҳам бидуни истиҳола тугмачаи лайкро пахш кунед. Ин гапро худи Раҳмонов гуфт, ки дигар ба лайкҳои мардум кор нагиред.

  Раҳмонов рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ чунин гуфт: «Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст.

Яъне баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад».

Худоро гувоҳ мегирам ва худи шумо хонандаву бинандаи «Ислоҳ» борҳо шоҳиди он будед, ки мо барои «лайк» боздошт ва зиндонӣ карданҳои мақомотро  нақзи ошкорои ҳуқуқи башар хонда ва аз ҳукумат талаб мекардем, ки ин корро бас кунад. Хуб, ҳоло ба ин ҳарфи мо омаданд, ки иштибоҳ мекунанд, ки барои як «лайк» ҳаёти инсонҳоро бишкананд.

Аммо агар шумо суҳбатҳои Раҳмонов дар ин маросим тамошо кардед, дидед, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва СС.Ятимов, раиси КДАМ ҳамагӣ аз ҷойҳояшон хеста ва чорчашма ба Раҳмонов менигаристанд, ки боз мабодое….Аммо «мабодое» иттифоқ науфтод. Раҳмонов номи ҳеҷ кадоми инҳоро, ки маҳз ҳаминҳо «лайк»-ро як василаи аз як су даромадҳои ҳангуфт, аз суи дигар фишору таҳдиду таҳқир ва аз суе боздошту ҳабс карда буданд нагирифт. Аммо агар як бори дигар он наворро бубинед, мебинед, ки Рамазон Раҳимзодаву Юсуф Раҳмон блокнотҳоро ҳуй карда ручка дар даст «амру дастуроти саривақтӣ»-и Раҳмоновро конспект –ёддошт мекарданд.

 Аммо СС.Ятимов ин корро намекард, тафовут дошт, ҳатто дар дасташ дафтар надошт ва ҳиҷ хел ёддошту конспект ҳам намекард.

 Чун нек дониста буд, ки теғи сухани Раҳмонов рост ба рӯ ва дилу ҷигари вай нигаронида шудааст. Чунки лайкро аз ҳама зиёд кегебшникҳо ба яроқи тавонои худ табдил карда буданд, ва ҳоло, ки Раҳмонов мегуфт «…баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад»,ӯро дар назар дошт.

Афзун бар ин СС.Ятимов медонад, ки Раҳмонов чаро ва аз куҷо ин гапи «лайк»-ро гуфт. Раҳмонов бар мабнои суҳбатҳои аъзои хонаводааш, ки борҳо огоҳаш карда буданд, ки мақомот ва бахусус СС.Ятимов бо ин корҳояш туро подстава карда истодааст, туро  зидидин нишон дода истодааст, халқро аз ту дилхунук карда истодааст, суҳбатро болои «лайк» овардааст.

Бидуни шак аз ҳазору даҳҳазор зиёданд, ки барои «лайк» 5 солу 6 солу 10 сол нишастанд. Ҳастанд нафароне, ки комилан тасодуф ва нохоставу нодониста барои лайк зиндонӣ шудаанд. Масалан зери ливое, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» навишта шудааст, лайк мондааст дар синфи 8умиаш. Аммо баъди чанд сол, вақте вай донишҷу шуд, ӯро панҷ сол доданд, ки зери парчами ДОИШ лайк мондааст ва он нафар аслан тасаввурот дар бораи ДОИШ надорад. Фақат ба хотири калимаи шаҳодат 5 сол шишт.

Хуб, ба ҳар сурат Раҳмонов фаҳмид, ки ин кор иштибоҳ аст. Раҳмонов инро ҳам фаҳмид, ки кегебешникҳову милисаҳо ҳатто худашон аз тани соҳиби телефон ба хотири резултат лайк монда инсонҳои бегуноҳро шинониданд. Ва ҳоло дастур дод, ки минбаъд аз ин амали шанеъ даст бардоранд.

Ҳоло бингарем, ки ин дастури Раҳмонов аз тарафи мақомот иҷро мешавад ё хайр?

Вале инки Эмомалӣ Раҳмонов «продукт»-и ҷанг аст ва ҷангу хунрезиву ноороимиву таҳдиду тасронидану хушунатро хуш дорад ва дар ҳамин гуна шароит «устухонҳояш тенҷ» мешавад, як воқеияти инкорнопазир аст. Чунки Раҳмонов ҳарчи ёфт, ҳарчи дид, ҳарчи шуд аз ҷанг шуд. Агар ҷанги бародаркушӣ набуд, Раҳмонов максимум раиси ноҳия мешуд, на беш аз ин. Ин ҳамин ҷанг буд, ки Раҳмоновро «из грязи в князи» оварду расонд. Дигар вазъу ҳоло шароит дар кишвар ҳамин тавр шуд, ки ҳоло дорем.

  Қонунҳо ва бахусус Қонуни асосиро ҳамчун кунгирак ё чи хеле ҳоло ном гузоштаанд- уребча (памперс) дар таги пойи худаш мувофиқ ва мутобиқ кард. Ва, бори охирон, дар соли 2016, баъди онки фаъолияти ҲНИТро мамнуъ эълон ва саҳнаро барои худаш холиву озод кард, на фақат барои пушти худаш, ҳамчунин барои куни Рустам ҳам «туғрӣ» кард. Ҷанг Раҳмоновро овард. Раҳмонов бо истифода аз тарси руида аз ҷанг ва тарси ба ҷону тани тоҷик фурӯрафта ҳар ғалате кард, касе чизеяш нагуфт ва кор ба ҳадде кашид, ки дигар ҳокимият дар кишварро оилавӣ  кард ва Рустамро овард. Рустам ба ҷуз аз онки писари Раҳмонов аст, никто аст. Зур зада таърифу тавсиф карда истодаанд, аммо маълум шуд, ки ҳеҷ коре аз дасташ барнамеояд. Рустам агар масалан Эмомалӣ Раҳмонов падараш набуд, инҷоҳо намеомад. На падараш ва на темболее худаш фарзанди фарзона нестанд.

Тобистон дар Душанбе буи мусор дама мезанаду зимистон аз хунукӣ мардум  дар 9-ум ошёна печка сохта ба тапакалов сар кардаанд.

    Муқаддимаи ин нашри барномаро тибқи хоҳиши як хонандаву бинандаамон ба асосгузори «Семейка» бахшидем. Ин нафар худаш яке аз кормандони баландпоя дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, яъне коргари таги дасти Озода Раҳмонова аст. Ин нафар хоҳиш кардааст, ки ба мардум бо чунин саволҳо муроҷиат намоем: Кӣ аз фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президент розӣ аст ва киро мушкилиашро ҳал кардаанд? ва ё инки «То кай дар Дастгоҳи иҷроияи Президент аз аризаҳои мардуми муҳтоҷ, кормандон соҳиби мошину хона мешаванд»?

Нафари мавриди назари мо мегуяд, ки ин Дастгоҳ саропо аз «шуримурӣ» иборат аст:

 «Аризаи шаҳрванди бечора ба номи Раҳмонов ба дастгоҳ меравад. Дар шуъбаи умумӣ ҳамаи аризаҳои омадаро ҷо ба ҷо карда, вобаста ба онки кадомеаш пеши кӣ бояд дароварда шавад, тайёр мекунанд. Ана ҳамин вақт сар мешавад. Коргарони шуъбаи умумӣ аризаро мегиранду мебинанд, ки шаҳрванд аз болои кадом мансабдор ё мақомот шикоят кардааст. Онҳо зуд вале орому сокит ба он мансабдор занг зада мегуянд, ки «акы ма одамгарӣ кнм гуфта шумора в курсе мондм».

Он мансабдор «ай усу мега, ки иқа пас миём, ё бегоҳ ягон ҷо вохрему суҳбат кнем. Баъде, ки вохурданд, корманди дастгоҳ оиди муҳтаво яъне дар ариза чи гапу хабар аст, мерасонад ва мегуяд, ки «ман метавонам, аризаро ба Раиси дастгоҳу муовинаш надарораму ба ягон одами худӣ дароварда визашро гирифта ба шумо барои хутон ҳал кардан равон кунам».

Табиист, ки ин гап-пешниҳод мансабдорро мефорад. «Доля»-и коргари Дастгоҳро медиҳад, кор ҳал.

Аммо шаҳрванд даҳанаш кандагӣ мегардад, ки  «президентда навиштам».

Барои ҳамин ягон мансабдор аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ибо намекунад. «Задагием мегуянд». Як участковийи оддӣ мегуяд, ки «бра Президентда шикоят кн, ҳеҷчи ай дастон намия».

Барои ҳамин «об аз боло лой аст. Ва ин системаи фосид-коррумпированийро худи Раҳмонов сохтагӣ аст ва то ба поён ба ҳамин минвол асту, то рӯзе Раҳмонов президент ва Озода раиси дастгоҳаш аст идома пайдо мекунад.

Азизмои Газетхонак ва делишкаҳои ӯ

Аз Раҳмонов, асосгузори «Семейканюс» гуфтем. Месазад аз модари «семейка», «первая леди» ҳам  бигуему сипас ба дунболи дигарҳояшон биравем. Аммо ин ҳодисаи рухдода бо «первая леди» аз солҳои пеш аст. Он вақтҳо Азизмо, просто Азизмо буд. Азизмои газетхонак ном надошт. Ин ҳикояти воқеӣ чунин аст.

Нафар меояд ба назди он бародар, ки аз муҳофизони Эмомалӣ Раҳмонов аст. Муҳофиз мегуяд, ки пагоҳ ман бо Азизмоҳи янга ба Данғара меравам, соати фалон, ту аз дунболи мо биё. Мактуби туро дар роҳ мегирам, через янга (Азизмо ) корро ҳал мекунем. Ҳама гапзанон 100%шудагӣ.

Нафар аз дунболи ӯ,бо риояти фосила, яъне дуртар мошинро меронад. Яке мошин аз раҳ берун мешавад ва ба самти дигар тоб мехурад. Барои ин одам аҷиб менамояд, ки зани президенту охранна чаро аз роҳ берун шуданд. Мегуяд, ки ронанда Ш, зодаи ноҳияи Ф аз мошин фаромад.

Мошин Toyota Avalonи

сафед ва рақами қайди давлатиаш 003 буд.

«Гумон кардам, шояд халоҷо рафт Азизмо, шикамаш дард гирифт. Сипас дурбинамро гирифтам. Бо дурбин нигоҳ кардам, ки бовар намекунед…. шпили вилӣ…».

Он муҳофиз (эшон мегуфтемаш) як ҷавонмарди тануманди варзишии базеб буд.

Ин бародар гуфт вақте манзараро дидам, сахт тарсидам. Баъд зуд мошинамро ҳай кардаму обратно Душанбе баргаштам. Душанбе рафтам,он эшон- чанд бор занг зад. Дигар телефонҳояшро нагирифтам. Шояд он ронандаи аз ноҳияи Ф ҳоло ҳам кор кунад, аммо он охранник дигар кор намекунад. Вай камарбанди сиёҳ  (черний пояс) дошт.

Ҷое, ки эшон бо янга рафт, холиву хилват аст. Пушти теппа. Азизмо бештар бо ҳамон телех ин тарафу он тараф мегашт. Ҷавонмарди охранник, ки бо Азизмо  дар дурбин намудор буд аз Кулоб аст.

 Бовар кунед, ки се рӯз ба худ наомадам. Аз валидолхурӣ мурдам. Фишорам баланд шуд. Рости гап сахт тарсидам. Барои ҳамин аз роҳ чапасар гаштам».

Гуфт ин корро як ду нафари дигар ҳам медонанд. Онҳо ба ин нафар ҳушдор додаанд, ки «хап ку бгард, ки мекушанта».

 Барои ҳамин кору борро бас карда аз Тоҷикистон баромадам.

Ин нафар гуфт мебинад, ки ронандаро аз мошин пиёда мекунанду худи эшон мошинро ҳай мекунаду меравад ҳамроҳ бо Азизмо: «аку мо гап дорем ва ура мефуроранд. Вай да лави асфалт меистаду онҳо дарун даруни дара медароянд. Он тараф асфалт набуд».

Мегуяд «фикр кардам қазои ҳоҷат рафт. Барои ҳамина шофера набурдан, ки шиштани Азизморо набинад. Шояд шикамдард шуда бошад. Саворшавиша да Душанбе дида будам. Ронанда, Азизмо ва он эшони муҳофиз. Азизмо қафо шишт. Баъд ай думшон ҳай карда то онҷо рафтам. Қули суфиёна мегузарӣ. Дар ҳамонҷо дар як дара даромаданд. Баҳор буд».

 Солҳо баъд, он эшони муҳофизро сур карданд. Вай Русия рафт. Вайро чи проблемае карданд. Вай эшон аст, бачаи як муллои номдор. Ин ҳодиса соли 2009-2010 руй дода буд.

                  Фарзона чаро аз Сафар ҷудо шуд?

Инҷо аз Фарзона, духтари кенҷагии Эмомалӣ Раҳмонов ва Азизмои газетхонак ва акнун собиқ келини Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон мегуем.

Аз як манбаъи наздик ба хонаводаи Юсуф Раҳмон ин хабар ба дасти мо расид, ки иллати аслии ҷудошавии Сафари писари Генпрокурор ва Фарзона духтари хурдии Президенти Тоҷикистон ин буда, ки Фарзона кужпушт (горбатий) будааст. Аммо ҳозир инҳо ( оилаи Раҳмонов) Сафари бачаи Юсуф Раҳмонро герчик бароварда истодаанд. Вале ин гап тамоман дуруғ аст. Сафар як ҷавони зебо ва боодоб аст. Иллати асосии ҷудошавӣ ҳамин нуқси модарзодии Фарзона будааст.

Духтар (Фарзона)гуфтааст, ки «мераваму бо ягон мусафед зиндагӣ мекунаму бо ин (Сафар)намеистам, бо ин зиндагӣ намекунам» «Ба ягон мусафед бидиҳед мегардам, бо ин намегардам».

Инҷо муаллима –Озода ҳам сахт гирифт, ки сар диҳад.

Хуштомани Юсуф Раҳмон дар даромадгоҳи Муминобод, як ресторан буд Чойник ном дошт, шефи ҳамон буд. Зани Юсуф Раҳмон, духтари шефи ресторани Чойник бисёр ҳам гарданшах ва якрав аст. Ҳоло ин ресторанро хуштомани Юсуф Рҳмон шахсӣ кардааст. Хуштомани Юсуф Раҳмон аммаи Файзи геран дар Қумсангир аст.

Озодаро признават намекунад.

Озода мегуяд, ки моро ноҳурматӣ кард, «бузак меандозен, ки саруш бта».

Озода хонаи Юсуф Раҳмон меояд, барои хабаргирии Фарзонаи тозаарус. Меояду инҳоро писанд намекунад. Баъд инҳо ду поро дар як муза меандозанд. Чунки ин духтарро аввал надида будаанд.

Уро чанд вақт бо зарби укол хароб карда будаанд, росташ карданд. Баъд ба ин (Сафар)доданд. Акнун, ки Фарзона ба шавҳар баромад, шавҳар бояд ҳамеша лаббай гуяд.

Сафар новобаста аз кузпуштии Фарзона боз зиндагӣ мекунад. Аммо зиндагиашон соз намегирад.

Асли иллати ҷудоии Фарзона ва Сафар ҳамин аст…

Аз домоди Тахмина Шоҳруху Р.Раҳимзода метарсанд

     Ин ҳодиса ҳам аҷиб аст. Шаби 28.09.2024 ба Раёсати корҳои дохилии Душанбе   шикоят аз корманди вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мерасад. Як омузгор, корманди ҳамин вазорат соати 21: 00 ба вақти Душанбе дар дохили Душанбе як ҷавон ӯро манъ намуда мегуяд бояд мо бо ҳам пойга кунем. Ин муаллим мегуяд охир ман куҷо ва пойга куҷо? Ҷавон исрор мекунад: «худут зури ака бояд қати ма пойга кунӣ». Омузгор розӣ намешавад ва байнашон ҷангу даъво мешавад.  Омӯзгор фирор мекунад бо мошин ва дар бинои вазорати маориф паноҳ мебарад. Ин ҷавон таъқиб менамояд ва то вазорат аз пушташ сур мекунад. Омада дари вазоратро мешиканад: «бро брем пойга» мегуяд ба муаллим.

 Аз вазорат ба БДА занг мезананд. Ду корманди ГАИ меоянд. Мебинанд ҷавонрову дар ҳол фирор мекунанд. Боз ба худи ВКД занг мезананд. Меоянд онҳо ҳам мебинанду фирор мекунанд. Бо ҳамин ҳолат то соати 03:15 омӯзгор дар бинои вазорат мемонад, касе ба додаш намерасад. Мисле Шоҳрух ҳам метарсидааст аз он ҷавони сархуш. Сипас як устоди донишгоҳи славянӣ бо номи Попов омада омузгорро аз чанголи ин ҷавони сархуш наҷот медиҳад ва меравад ба хонааш. Он ҷавон писари Эшназаров Қурбоналӣ Узбакович ё Алимардонов Қурбоналӣ (Қурбони гиҷил) раиси фурудгоҳи байналмиллии Хуҷанд ва қудои Таҳмина Раҳмонова будааст. Бо ағлаби гумонҳо домоди Таҳмина будааст. Акнун дидед, ки аз фарзанди сархуши инҳо вазорати дохилӣ ва Шоҳурх Саид сардори милиса Душанбе метарсад. Тахмина медонад бо Рустаму, Шоҳруху вазири корҳои дохилӣ чикор кунад.

Қонуншиканӣ ба ин ҳадду андоза дар шаҳри Душанбе расидааст, афзуд манбаъи Ислоҳ аз РВКД дар шаҳри Душанбе.

                Исмоили Пингвин домоди кист ?

  Як чизи аз ҳама ҷолиби шунидаамро хостам ба шумо гуям. Дар бораи Ислоҳ ҳам инҳо байни ҳам гап мезананд. Як нафараш гуфт, ки дар «Ислоҳ» хондааст, ки Исмоили пингвин домоди Тоҷиддин-командири наркобарон аст. Аммо вай гуфт, ки Исмоил домоди Исмат, раиси Тоҷикстандарти Хатлон аст. Яъне ин нафар

Саъдуллозода Исматулло Наим, раиси Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон  мебошад. Раҳмонов худаш Исматро гуфта будааст, ки духтаратро бароварда ба Исмоил деҳ ва Исмат ҳам духтарашро бароварда ба Исмоил додааст. Исмат хешу таборҳои худашон будааст. Дар Колхозобод мешинанд. Шояд духтари Тоҷиддини наркобарон зани дуюми Исмоил бошад.

     Сифат Фрмаи Парвина чи ҷиноятҳо дорад?

Сифат Фарма шумораи зиёди доруҳои пастсифатро ба кишвар ворид кардаасту тақсим дорад. Хаво, ки хунук шуд, бемориҳои  зуком ё грипп, ангина ва умуман бемориҳои мавсимию сармохурдагӣ ва коронавирус дар авҷ мешаванд. Кормандони Сифат Фарма худшон ошкоро мегуянд, ки Худо моро бубахшад бо ин корҳоямон. Дар ҳоле,ки онҳо танҳо дору таксим мекунанд. Доруҳои сифаташон пасти паст, умуман бе таъсирро ба мардум медиҳем. Агар одам температура дошта бошад,  пас аз истеъмоли ин доруҳо мемурад вале доруҳое, ки аз Сифат Фарма мехаранд, фоида намекнанд. Чи тавре, ки яке аз кормандони Сифат Фарма гуфт, доруи Пенталгин, ки функцияҳои зиёд дорад, истеъмолаш мекунанд бовар кунед умуман ҳеҷ таъсире надорад. Фаромӯш накунед танҳо сухан дар мавриди Пенталгинхои Сифат Фарма меравад.

Замони авҷи коронавирус шумораи зиёди аҳолӣ бо сабаби доруҳои пастсифати ана ҳамин Сифат Фарма аз дунё гузаштанд. Соли гузашта ҳам зиёд нафарон қурбонии доруҳои Сифат Фарма шуданд. Боварамон кунад адади ҳалокгаштагон аз доруҳои муҳлатгузаштаи Сифат Фарма буданд. Чи тавре кормандони Сифат Фарма  ба «Ислоҳ» гуфт, дар офисе, ки дар пушти хонамузейи Устод Мирзо Турсунзода, кучаи Лоик Шералӣ карор дорад. Бештари доруҳои муҳлатгузашта ва бетаъсирашро инҷо нигоҳ медоранд. Инчунин дар офисе, ки дар рӯ ба рӯйи собиқ мактаби русии 14 аст, низ муъомилаҳои хело хатарноктаре ҳам сурат мегирад,ки ба гуфтан имкони фаҳмонидан нест.Танҳо бояд инро мақомоти тафтишотии қавӣ санҷанду ҷони миллатро раҳонанд, ба шарте натарсанд. Махзани дигаре,ки вуҷуд дорад дар пушти фабрикаи Ширин, онҷо низ хело захираи калони дорӯҳои фавқуззикр вуҷуд дорад, нигоҳ медоранд. Марҳамат, Юсуф Раҳмон тавони қасдатро гир аз апаи келини собиқат. Шахсе, ки ин маълумотҳоро ба «Ислоҳ» расонд корманди аршади ин ширкат аст.  

              Хуршед Мирзоев ва шури муриҳояш

 Дар барномаи пешина аз талошҳои гирифтани Талко навишта будем.

Хуршед Мирзоев, рафиқи  наздики Рустами Эмомалӣ, имконияти во хурдан бо Олег Дерипаскаро кофта истодааст. Хуршед агар расмӣ, истифода аз мансаби давлатии доштааш кунад, метавонад. Аммо дар ин ҳолат гап пинҳон намемонад ва сразу ошкор мешавад. Хуршед мехоҳад, ки неофициально вохураду ҳолату шароиту иллати рафтани РусАлро аз Тоҷикистон дақиқ фаҳмад. Барои ҳамин Хуршед ҳозир канал кофта истодааст.  

Хуршед Комили ( Комили Роҳи оҳан) язнаашро ба Умар Назарович Кремлёв барои дидор бо Дерипаска миёндаро карда истодааст. Мехоҳад хапу дам бо Дерипаска вохуриро ташкил кунад. Аммо Комил аз Ҳасан андеша карда истодааст, ки боз мабодо фаҳмида ба сараш балое нахезонад. 

Савол ба миён шояд ояд дар оянда аз ҷониби Рустам, ки «Хуршед ты чи хел и гапора фаҳмидӣ?»

Хуршед гуфтааст, ки ҷавобҳои ҳамаи саволҳои Рустамро «ма тайёр кадагийм. Ма и далбаёба (манзураш Рустам) ҳами хел хушру медонм, ки хидиш хит кадагӣ нест». 

Вақте Хуршед вохурду гапҳора ҷамъ кард ба Рустам мегуфтааст, ки дар Москва яке бо Олег Дерипаска «да я ресторан во хурдем, як ду бародар муаррифимон карду ҳамсуҳбат шидем. Ма як чанд пешниҳодҳои вложенияҳои хубуш кардум, ки маъқулуш шид. Да вақти суҳбат яке гап ай Алюминзавод кшоду хееела хафагӣ кард. Гуфт ганда авлоди Президентон гишна бдай. Ҳаму Ҳасанш сахт мора подношка дод…»

 Муҳаммади акаи Хуршед гуфтааст, ки «бля и гапи отамона ай кҷо расондан ба хоино. Онаша ..м яке ҷомашона чапана пушан Президент кати бачаш, чо мекнем ба»?

Хуршед гуфтааст, ки «умуман парво накун. Иёра охиршон омадай. Ҳам Раҳмону ҳам бачаша. Ҳами ма я илоҷ кнм Маскав брам, хуб меша ҳамаш». 

Аммо савол ин аст ки  Хуршед Маскав барои чи меравад? Худашро мехоҳад ҳамчун нафаре, ки Кремл метавонад ставкааш кунад? Як нафари наздики Муҳаммад Мирзоев гуфт, ки сад дар сад гапи гуфтагии Муҳаммадиқбол рост аст. «Кае, ки брем хонаи отаи Шеф, оташ мегашон, ки шмо шири хом хурдагиен. Ҳо бача олиям вақтай ай и авлод дур бшен. Иё байни хидшон раҳм надоран, шмо киен бо».

Ғорати пули ҷаримаҳо ва идомаи шури муриҳои кругаш

     Рустам дар кругаш гуфтааст, ки кадоме чи бизнес, нақша, доду гирифт,  миёнаравӣ мекунад, бояд Рустамро «в курсе» монад: «Агар аз ягон ҷои дигар, аз ягон тарафи дигар маълумотеро фаҳмидам, ки пинҳон кардаед, ай хутон гила кунен»

Вале дар пеши Рустам ҳама «ҳа» мегуянду аммо аз қафо боз ҳама движенияҳои хыдшон. : «Хуршед Мирзоев баъди камераҳои навро, ки барои қоидавайронкуниҳо дар роҳҳоро зад, бояд аз натиҷаи суми ҷамъшуда ба Рустам гуяд. Яке аз кормандони ин системаи нав гуфт, ки камераҳо дар як рӯз беш аз 700 ҳазор сомонӣ ҷарима мезананд. Ин ҳисоби миёна аст. Ҳар рӯз қариб 1 миллион сомонӣ ҷаримапулӣ мешавад. Як ҷарима 72 сомонӣ. Агар 150 ҳазор мошин бошад дар Душанбе, ки амалан аз ин зиёд аст, бигзор 100 ҳазораш яктоӣ ҷарима кунанд, ҳисоб кунед. Чи тавре, ки корманди ин системаи нав гуфт, ҳар рӯз 1 миллион сомонӣ омада истодааст. Ҳамин маблағро Хуршедҷон 50 %-ро «рыба кадестай».

Аз ҳами проекти часпондану ба роҳ мондани камерахои нав, Хуршед просто аз воздух зиёда аз 4 миллион сомонӣ гирифт. Ҳоло боз бо аз суми ҳаррӯзаи ҷаримаҳо ку ҳисоб надорад.

  Шаҳри Душанбе гуё обод шуда истодааст. Домҳои нав месозанд. Паркҳои нав месозанд. Ҳудуди Рудакиро гирифтанду ба Душанбе илҳоқ карданд. Электормибилҳои чиноӣ пур. Номерҳои сабз гуфта ҳар рӯз як найрангу нағма. Номерҳои сабз аз они Рустам. Дигар таксиҳоро берун мекунад ва монополия. Аммо оби Душанбе аз нав лой, партовҳо рӯзу ҳафтаҳо ногирифта, тоза нокарда. Системаи гармидиҳӣ хароб. Ҳеҷ коре, ки як шаҳрдор бояд анҷом диҳад анҷом дода наметавонад. Рафиқҳову ҷураҳои мисли худаш дузду айёшро дар масъулиятҳо маъмур кардааст.

Ҳоло хунукиҳои нимкола нашудааст, хунукии сахт усу беста, дар шаҳри Душанбе свет лимит. Дар сексияҳое, ки дар кучаҳои протоколӣ дохил мешаванд, нест свет. Отопления ҳама домҳо надоранд. Дар вақти чанг свет буд. Дар давраи Убайдуллоев свет буд. Шаҳрро Рустам ту ба чи рӯз оварда расондӣ. Дар домҳое, ки отопление доранд, рӯз ҳаст, шаб мекушанд. Сумашро пура аз мардум мегиранд.  Рустам, э далбаёб, ақлат намегирад ягон муттахассисро пурс мегуяд. Вақте иҷозаи ин ҳама сохтмонҳои 20у 30 қабатаро медиҳӣ, о, фикри қувваи барқашро ҳам кун. Бовар кунед, ки шаҳр-пойтахти кишварро  ба як казарма мубаддал кардааст.

Ин қадар заправкаҳои электрикӣ сохтааст, ки ҳисобаш гум. Дар хонаҳои мардум свет нест, дар заправкаҳои электрикии Хуршед сохтагӣ кругли сутка ҳаст.

 Авлоди Азизмо ва одатҳои ҷолиби онҳо

Ҳама мардумон дар умум одатҳое доранд, ки аз пушт ба пушт ва ё урфу одатҳои гузаштагонашонро дар маросим ва чорабиниҳои хушӣ ва мотамҳояшон истифода менамоянд. Дар ин бахш одати ҷолиби оилаи Асадуллоевҳоро мегуем.

Дар Чапаеви ноҳияи Колхозобод, дар маърака ва туйҳои хешу табор ва оилаҳои Асадуллоевҳо, як чизро мушоҳида карда мешавад. Туëна, яъне «ҳайда» меоранд, ҳамин туëнаро, яъне  «ҳайда»-ро дар ҷамъи тамоми мардум ( публично) бо садои баландгуяк дар назди мардуми ба туй омада мегуянд, фалонӣ (Маҳмуд, Салоҳ, Шодӣ) фалончи ҳадя, яъне «ҳайда» овард. Ин ба чи ишорат мекунад. Ë инҳо бо молҳояшон пулдории худро реклама мекунанд ё дар оянда бо кӣ хешу таборӣ кунанд,ба он ишора мекунанд.

Дар мавриди оиалаи Азизмо ё Асадуллоевҳо аз Колхозобод ва давру бари он маълумотҳои ҷолиби дигар ҳам бароямон расидааст,ки дар барномаи оянда онро тақдиматон менамоем. Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед фиристед,то якҷо намуда тақдим намоем.

Share This Article