Шумораи аввали маҷаллаи «Семейканюс»-и «Ислоҳ» дар соли ҷорӣ таҳти таъсири руйдодҳои барои оилаи Раҳмонов мудҳишу дардноку пуртаҳлукаи Сурия ва сари қудрат омадани исломиҳо таҳия ва ба чоп супорида мешавад. Ба пойи ин тортанаки ҷаҳонӣ мепечонему ҳаволаи шумо, хонанда ва бинандаи муштоқу мухлиси худ мекунем.
Имрӯз, мошоаллоҳ дуди ғам аз бурҷу бораи кушки Раҳмонову диктаторҳои дигари олам баланд мешавад ва ин натиҷаи дуоҳову ниёишҳо ва оҳҳо аз ҷигарҳои дуддода ва қалбҳои лахташудаи мост.
Раҳмонов ва семейкаи касифаш ба охири хат расидааст. Мутмаин бошед, ки вақт ва фурсату фурҷаи зиёде надорад ва нахоҳад дошт.
Мутмаинан, ин ҳама заҳамоту истодагариҳои мо аз тарафи Холиқи яктову тавоноямон бо ваъдаҳое, ки додааст, бемукофот нахоҳад монд ва дар кучаи мо ҳам фараҳу хушбахтию сурур мешавад.
Ахбори Семейка
Хабарҳое, ки аз даруни Оила мерасад аз он ҳикоят мекунад, ки ин семейка-семейкаи мултимиллиардерони Тоҷикистон ва роҳбари он дар ҳолати вазнин, наздики сакарот, назъи ҷон қарор доранд. Рӯзе, ки Паём медод, пушти саҳна даҳҳо мошини Ёрии таъҷилӣ меистод, ки ин ҳолат дар солҳои пеш ин тавр набуд. Машшотаи тармашааш ҷаъбаи пудраву упо дар даст то дари даромади толори маҷлис ба руйҳои ғафсу фарбеҳу овезонаш андова мекард.
Агар урусҳои алкаши алтирро, ки дар кучаҳои Душанбе солҳои пеш дида бошӣ, дар ҳар куҷо мегаштанд, ранги руяш ранги руи ҳамонҳо шудааст. Чеҳра ё рожааш безебу баднамуди сурху кабуд шудааст.
Ҳозир руйҳояшро вақте баромад мекунад ё нафареро қабул мекунад шпакиловка мекунанд. Манбаъи «Ислоҳ» афзуд: Ӯро аз наздик бинӣ мефаҳмӣ. Бисёр кареҳманзар шудааст, қуту нури рӯй намондааст. Мебинӣ супсурх. Талхаат мекафад.
Ман ягон бор аз наздик надида будам. Якум бор дидам, талхаам кафид. Ин дар ТВ хушру менамудаст. Дар амал тамоман даҳшатнок, сахт дилнокаш, тамоман безеби бад шудааст.
Чизи дигар инки ҳаркӣ мегуяд одам аз арақи зиёд мемурад, ман бовар намекунам. Раҳмонов ин қадар арақе мехурад, ки мумкин аз тани сад кас мехурад. Агар аҳамият дода бошед вақти мулоқот бо Пизишкиён задагӣ буд, чашмонаш суп сурх буд. Он рӯз ҳам бо ҳазору як маъҷуну даво сари ҳуш оварданд, даҳонашро бо доруҳои бубар чандин бор шустанд, ки табъи Пизишкиёнро хароб накунад.
Маълум шуд, ки аз арақ одам намемурдааст. Шояд ҷигараш ва гурдаҳову дигар узвҳояш ҳам осеб дида бошанд, аммо рангу рӯяшро мебинӣ, метарсӣ:-супсурхи кабудчатоб, беҳад безеби бад шудаст. Шояд пудра шпакиловкааш мекунанд, то ки свети руҳояш ба свети руи одамӣ монанд шавад, аммо свети руйҳояш ғайритабӣ аст, дилбеҳузуркунанда аст манзараш.
Он поймардаш, ки кифи варақҳои суханрониашро мебардошт, онро гоҳ аз ин даст ба он даст мегирифт, чун ин бор авроқ хеле зиёд буд, андозаи шрифти ҳуруф на 18, ин бор 24 буд ва ранги ҳуруф ҳам сиёҳтар.
Вақте вориди дари толор мешуд, Муроди бурут аз китфонаш имдодаш мекард, то руйи по биистад. Тарафи Мурод мегардаду бо ҳасрату алам мегуяд, ки «дилам мегуяд, ки ин «паёми охирам аст, соли дигар бошам ё не?»
Оиларо бебандуборӣ, таҳлука ва ваҳшат фаро гирифтааст. Ҳар кадоме аз онҳо, ки барои худ дар даруни зарқу барқ зиндагӣ сохтаанд, дар ҳавзи доллару тилло шино мекунанд, ҳар кадоме аз онҳо, ки хитаву бахшҳои мамлакатро тасоҳуб кардаанд, табиист, ки аз ин ҳолату аз ин ҳодиса ба шиддат дар изтиробу дар ташвишанд.
Ҳузури ҷиҳодиёни тоҷик, мақому мартаба касб кардани исломиҳои тоҷик, дар ҳукумати нави Сурия, ки Раҳмонов то ҳамин ҳоло онҳоро террористу экстремист мешиносаду муаррифӣ мекунад, дар аъмоқи қалбу равони онҳо зилзила андохтааст.
Раҳмонов тамоми дарду ранҷашро бар сари шишаи «Шоҳона» ва «Гург» кашида ва табобат ва дармонашро дар косаҳои паёпай ва бидуни закуска ҷуста истодааст. Ҳеҷ кадомеашон, на Азизмо ва на Эмомалии хурдакаку не Анушервон натавониста истодаанд шишаҳоро аз пешааш бигиранд.
Бале, Аллоҳи лоязол, ин собири басабр ҳамин тавр, диктаторҳои оламро, ки зиндагӣ ва рӯзгор барои халқи худоро сияҳ ва тираву тор мекунанд, ба кайфари аъмолашон хоҳад расонд. Қисосу интиқоми заҷру ранҷҳоро тавре мегирад, ки огоҳ намешаванд. Беҳуда намегуянд, ки задани Худо садо надорад, баъде, ки зад даво надорад!
Раҳмонов ва дудмони касифу палидаш, дору дастаи золиму хунхораш подоши ғурбат ва дардҳои вофири моро, ҳирмону ҳиҷрати моро, беватаниву дарбадарии моро хоҳад кашид.
Омадани фармондеҳ Сайфиддин Тоҷибоев, ин тоҷики силаҳшур дар ҳукумати исломиҳои Сурия тарсро дар ҷони Раҳмонов, дар ҷони Азизмову дар ҷони Рустаму ва дар ҷони ҳама лаббайкзанону лесаконаш уфтондааст, аммо аз суи мардуми мазлуми тоҷик бо истиқболи гарму ҷушон ва густарда мувоҷеҳ шудааст.
Аз тариқи сандуқи рай ҳукумати Раҳмонов барчида ва дигар намешавад. Ҳисоби сандуқи райро солҳост Раҳмонов мисли каламуш хурдааст. Ин камонбадастро ҳатмани ҳатман камонбадастони хушноми ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ва силаҳшурони сангарҳои мубориза ва муқовимат ҳисобу китоб хоҳанд кард ва ба ивази ҳар як барга-бюллетенҳои басирқатбурдааш тора -тора муйҳои рангзадаашро хоҳанд канд ва ҳақи мусаллами мусалмонҳои тоҷикро бархоҳанд гардонд.
Мардум аз фатҳу нусрати Сайфиддин Тоҷибоев, муборизин ва равандагони масири илоҳӣ хушҳоланд, хурасанданд, ки меояду ҷоҳу ҷалоли ин хунхораро кунфаякун мекунад.
Эҳоси тарсу таҳлука ва биму ҳароси Раҳмонов воқеӣ ва табиӣ аст. Раҳмонов аз ончики метарсид, аз ончики мутанаффир буд, ба сараш омад. Вай душманашро аз хеле барвақт мешинохт. Ва ин душман дар роҳ аст ва ба суроғаш баромадааст.
Зиндагии чанд насл аз дасти Раҳмонов табоҳу залилу завол шудааст. Тамоми халқ, ҳатто ҳамин Абдулло Раҳнамои тамаллуқпешаи аз шарафу мардӣ холишуда ҳам дар мағзи ҷон мехоҳад, ки сарнагунӣ ва заволи онро бо чашмони сараш бубинад.
Ин шо Аллоҳ, ки Холиқи яктои мо, мову шуморо ба ин рӯзҳои нек ҳам мушарраф хоҳад кард, навмед насохт.
Арзатон кунам, ки хабарҳо аз даруни оила, ба сахтӣ ва душворӣ ҳам бошад, расида истодааст.
Генпрокурор, Фарзона ва Сафар
Дар ниҳоят,ончуноне мардум пешгуӣ мекард гапгапи гирифтани Юсуф Раҳмонов аз вазифаи Прокурори генералӣ, ки дар ин авохир хеле зиёд буд, таҳаққуқ пайдо кард. Аммо баъди гуё ёфтани ҷинояткорони одамкуш дар Конибодом камтар шуда буд. Гуё ин ҷинояткоронро прокуратура ошкор ва дастгир кардааст. Аммо, мо пештар ҳам гуфта будем, ки «ҳатмани ҳатман ҷудо шудӣ, ҷазир шудӣ». Ва ҷудо шуду ҷазир шуд.
Сафари бачаи Генпрокурор сахт дерзкий баромад. Сафари шавҳари Фарзона, духтаркучулии Эмомалӣ Раҳмонов, ки дигар шавҳараш нест. Фарзона, рӯзҳои оғозини туйу ҳамбистарӣ як ду бор ба Сафар занг мезанад ва тергаву истинтоқ карданӣ мешавад: «қати киӣ, куҷодаӣ, чида да ин бевақтӣ хонада нестӣ»?
Ӯро дар наблюдений гирифтагӣ будаанд: «ҳиҷо нарав, дар ягонҷо нашин», ки Сафар на три букви посилат кардааст.
Гуфтааст:-«мада инхелин зиндагӣ дар кор нест, бра даф шав ай иҷа» гуфта, аслан писанд намекардааст. Дар ҳақиқат ин духтари президент Фарзона як бенамуд аст ва Сафар гоҳо Фионаш мегуфтаст. Чанд бор аз пушти Сафар одам мондааст, ки «брен биёренш» аммо вай ҷавобашон додааст, ки «ма ихели зиндагира задагӣ. Ман ҷураҳом қатӣ мешинум, ягонҷода тоқа мешинум, отдих мерам кор мерам, кори манай, и чи хелиай, ай думи ма фақад мепоянум».
Бачаи акнун собиқ Прокурор Сафар гуфтааст, ки «ма худум сурш кадум. И худуш куҷое брава мара напурса ман равам мепурсидай, ки ту гуҷодаӣ тезбиё ба хонара». Гуфтааст, ки «худум талоқи Фионара додум»
Сафар Гуфтааст: «мара контрол накун. Ма да куҷо мешинум, бо кӣ мешинум ай думум панҷ даҳ одам мондагияй, ки ҳиҷо наравад, нигаҳш кнен, ки ҳиҷки қатӣ гап назанад». Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро гирифт. Мо Вақте, Ҳабибулло Воҳидовро аз раисии Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар дар соли гузашта гирифта Сарпрокурори ҳарбӣ ва ҷонишини Прокурори генералии Тоҷикистон таъин карда буд, ҳадс зада будем, ки Воҳидовро дар ҷойи Юсуф Раҳмон тайёр карда истодааст. Ҳамин пешгуии мо ҳам дуруст аз об даромад. Ин тахминҳо ҳам зада мешуданд, ки дар ҷояш сардори Агентии зидди коррупсия Сулаймон Султозондаро, ки аз Данғара ва одами наздики Асадулло Раҳмони Сумбулоғо, ёвари масоили кадрии Раҳмонов аст, меоранд. Ҳатто гап гапи маблағи ҳангуфт додани Сулаймон Султонзода ҳам баромада буд. Барои ҳамин буд, ки музаҳои Султонзода аз чанд вақти пеш лок задагӣ ва галстукаш таранг бастагӣ мегуфтанд. Вале нашуд. Раҳмонов ин бор ба гапи мо кор карду Ҳабибулло Воҳидовро овард.
Дар ҳамин барномаи «Семейканюс»№12 (https://isloh.net/semejka-news-№12/) , ки 05.12.2024 ба
нашр расида буд мо чунин навишта будем. Иқтибосро айнан меоварам:
«Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.
Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар
Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин
шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои
масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд, ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот. Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд. Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай».
Дар ҳақиқат ба ҷойи Шермуҳаммади човандози аспбоз, ки Суди олӣ ва тамоми зинаҳои онро ҳаром ва дар порахурӣ олуда кард Рустам Мирзозода, Раиси Суди олии иқтисодӣ ва рафиқу ҳамкурси Озодаи Раҳмонро овард. Барои он ба Сулаймон Султонзода эҳтимолияти бештар дода будем,ки вай аз Данғара, рафиқи Сумбулоғо ва ҷияни Матлубхон Давлатзода, собиқ аз наздикони Раҳмонов мебошад. Ҳатто худи Юсуф Раҳмон ҳам ба кондидии ӯ розӣ буд чун Султонзодаро шогирди худаш медонист. Аз омадани Султонзода ба Юсуф Раҳмон зарари камтар мешуд аз ҷониби Генпрокуратура. Аммо ин наздикии Султонзода ба Юсуф Раҳмон ба Султонзода зарар расонид. Тибқи миш миш прес Султонзодаро ҳам барканор кардаасту ҳоло дохилӣ аст на аланӣ.
Вале чуноне мебинем ин бор, албатта таҳти таъсири интиқодоти мардум Прокурори генералиро аз Данғара наовард ва низ вазири мудофиаро ҳам аз Ваҳдат овард. Ин шо Аллоҳ зураш ояд, Рустамро ҳам мегираду Озодаро ҳам. Ба Юсуф Раҳмон ултиматум монда буданд, ки агар Сафар бо Фарзона зиндагӣ накунад, сарнавишти Ёрмаҳмад Гулови падараруси собиқи Таҳмина ба сараш меояд. Ҳоло давомашро мебинем, ки бо Юсуф Раҳмон чи мекунанд?
Хуршеди Мирзо ва Шоҳрух
Хуршед Мирзоев, тавонист Рустамро дар удочкааш биқапад. Хуршед бисёр проектҳои хуб пешниҳод мекунад (аз дигарҳо мегираду аз номи худаш пешниҳод мекунад, гуё худаш бисёр доно аст), ки ба Рустам ва Раҳмонов маъқул мешавад.
Хуршед аз замони шуруъи реализатсияи проектҳо, ки аз сумҳои Рустаму оила иҷро мешаванд, то анҷоми ин тарҳҳо хеле сумҳоро рыба мекунад. Чунки қабул тавассути фирмаҳои худаш ва Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳани хешу табор, қудояш иҷро мешаванд. Баъд аз онки проект ба кор даромад ва фоидаҳо овард, як қисми маблағ рост бо счётҳои махсуси баҷоии Хуршед Мирзоев мераванд. Ин маблағҳои баҷоиро ёфтан ва ошкор кардан мушкил нест просто Мирзоевҳоро ҳеҷ кас дух намекунад ба расидану проверка кардан. Чунки одами Рустам аст. Аммо Рустам як супертупой аст. Худашро сахт умный мегирад, гуё ҳама чиро мефаҳмад, вале дар таги фукаш фиребаш карда истодаанд, кур аст, намебинад ва намефаҳмад.
Хуршед Мирзоев дар як маҳфиле ба дӯстонаш барои дуову фотиҳа ба ёдбуди падараш рафта буданд, гуфтааст, ки давраи «аштак паштакои бугини пир (мақсад одамҳое, ки дар командаи Раҳмонов буданд, масалан Ҳасани ишкамбаи Ориёнбонку дигару дигар) гузаштааст, ҳозир ҳамаи решенияҳора мо мекнем… мо, фақат мо ира хуб бдонен ҳамат!»
Як хабари ҷолиб ин аст, ки дӯстони Рустам, ин «магасҳои гирди ширинӣ»-таъбири шайх Саъдӣ ба Рустам ёғӣ шуда истодаанд. Масалан Хуршеди Мирзо, аз дӯстони наздик ва аз ёрони сарсупурдаи Рустам ҳатто ҳамон пули миёнравӣ (доля) барои бизнесменҳо ва махсусан домсозҳоро, ки бар ивази имзои Рустам мегирад, шурӣ мурӣ ва мухлават карда истодааст. Рустам, агарчи фаҳмида истодааст, бо таваҷҷӯҳ ба онки бахши аъзами дороиҳои дуздиаш дар дасти Хуршед ва бародараш аст ва Авестогруппу ДушанбеСитиву чанд ширкатҳои дигарашро идора мекунанд, сукут ихтиёр кардааст, ки «мабодо ҳамаашро ба хориҷа мунтақил кунанд». Ва худашро ба нодонӣ зада истодааст.
Шоҳрух Саид бошад дигар ончунон болу пар кушодаву давру даврон ронда истодааст, ки аз Рустам дида ӯро бештар суроғ мекунанд, пеши вай арзу шикоят мебаранд. Навбат барои дохил шудан назди генерал Шоҳрух ба маротиб бештар аз навбат дар назди Рустам аст ҳоло.
Албатта, ҳар рӯз ба номи Рустами Эмомалӣ зиёд шикоят ва дархосту хоҳиш тариқи аризаҳо ворид мегарданд. Аммо ягонтаи онҳо ба Рустам намеравад ва умуман ҳали худро пайдо намекунанд. Шуъбаи умумии ҳукумати Душанбе мисли шуъбаи умумии дастгоҳи Президент аст. Чи ариза ё шикояте расад, зуд алик малик мекунанд. Зуд аз болои кӣ омадааст, ӯро кормандони шуъбаи умумӣ огоҳ карда ҳатман хизматонаи худро мегиранд.
Чаро гуфтем, ки номи Шорух болотар аз Рустам шудааст?
Генерал Шорух Саид аз замоне, ки ба УВДи шаҳри Душанбе таъин гашт, пурра тактикаашро дигар кард. Ӯ ба худ имеджмейкери хуб пайдо кард, ки рейтинги ӯро боло бурда истодааст. Шорух на танҳо аризаҳо, балки муроҷиатҳои электронӣ ва интернетиро дида дарҳол амри ҳал карданро медиҳад. Мардуми пойтахт ба Шорух муроҷиат мекунанд.
Дар ҳақиқат Шорух тавонист фоҳишаҳо ва он марказҳои дилхушие, ки дар онҳо фоҳишагарӣ роиҷ буд, сахт қапад. Дар давраи Шорух танзими мошинҳо дар пойтахт тағйир кард ва таксиҳои шахсие, ки таҳтти рақами 8-у 3 ба Корвону дигар самтҳои шаҳр мегаштанду халали зиёд ба танзими ҳаракат дар роҳ буданд, кам шуданду онро ба танзим даровард.
Инро ягон сардори УВДи шаҳри Душанбе карда натавониста буд.
Танҳо дар даври Шорух барои кумак ба милитсияи пойтахт мукофотпулиҳои калон пешбинӣ шуданд. Мардум дар байни худ мегуянд,ки «э, ай Рустамда пеши Шорух брен хубтарай».
Шорух дарку фаҳмиши милитсаро надорад. Вай як бизнесмен аст аммо аз ин ҷиҳат пешравиҳо барои худнамоишдиҳи бошад ва ё чизи дигар вуҷуд дорад.
Умуман Рустам ягон масъаларо ҳал намекунад. Ҳамаро атрофиёнаш мекунанд. Шоҳрух як самташрову Хуршеди Мирзоеви дуздак самти молиявиашро. Мутмаин бошед, ки ин гунгаки Рустамро баъди сари Раҳмонов кругаш дар даҳ рӯз яктарафааш мекунанд.
«Фароз»-и Шамсулло
Яке аз хислатҳои мутафовити Раҳмонов ин аст ки сахт домоддустдор аст. Чи расмӣ ва чӣ ғайрирасмӣ дӯстони духтаронашро сахт нағз мебинад. Масалан ҳамин Шамсулло, шуи Рухшонаро бигирем.
Барои онки Шамсулло роҳат ва серсум бошад, тамоми мавонеъ барои ривоҷи бизнеси онро аз сари роҳаш якнима кард. Ҳатто Умаралӣ Қувватовро, ки Фароз асосан аз они уст, дар Туркия ба шаҳодат расонид.
Ва ё Раҷабалӣ Одинаев, мудири ширкати Умед-88-ро дар зиндон кушту тамоми нуқтаҳои фурӯши бензини вайро гирифту ба Шамсулло Соҳибов дод.
Ва ё шираи камолро, ки тамоми муддат дар ихтиёри Идораи ҷангал ва вазорати тандурустӣ буд бо як қарори махсус аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба моликияти хусусӣ (монополия)-и Шамсулло табдил кард.
Ва, ҳоло ба дасти мо аз ширкати Фароз маълумотҳои ҷолибе расидааст. Тибқи ин маълумот
ҶДММ Фароз аз ҳисоби санҷиши мошинҳои сабукрав, мотоцикл ва мошинҳои боркаш ҳар сол ба микдори (5.000000000 ) панҷ миллиард сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад. Мисол як мошини сабукрав тамоми намуди андоз ва аснодаш, ки арзишаш баробар ба 1800 сомонӣ мерасад ба Фароз месупорад. Аз ин 1800 сомонӣ, 300 -сомониаш ба бюҷети давлат мегузарад. Дигар тамом 1500 сомонӣ тоза ба Фароз-ширкати Шамсулло домодтура меравад. Шояд ҳоло шумораи ҳамин мошинҳои сабукрав ба камаш ду миллион бошад
Мошини сабукрав дар ҳама хонадон аст. Дар баъзе хонаҳо ду, се адад. Мегирем (2 000 000 ) миллион мошини сабукрав зарби 1500 сомонӣ баробар ба се ( 3 000,000,000 ) миллиард сомонӣ мешавад. Ин фоидаи соф аст. Ин фоидаи соф фақат аз мошинҳои сабукрав аст! Ва зиëда аз (3 000.000.000) се милиард сомонии дигар аз ҳисоби мошинҳои боркаш, экскаватор, тракторхо ва дигар намуди техника даромади соф мегирад.
Ин як даромади муфти ҳангуфт аст ва ягон намуд хароҷот надорад ва 15 сол мешавад, ки ҷамъ мешавад. Дар куҷо масраф мешавад, молиёт месупорад ва пардохтҳои иҷтимоӣ дорад ё не, ҳеҷ кас намедонад, комилан номаълум аст.
Агар оддӣ карда гуем 15 сол зарби (600.000.0000) шаш миллиард маблағи солонаи пули мошинҳо) баробар ба (90, 000000000) навад миллиард сомонӣ мешавад! Ин маблағи софи ба даст овардаро, ки (90,000,000,000) навад миллиард сомонӣ аст, бо доллари амрикоӣ гардонем, ки дар байни солҳои 2008то 2024 давом ва тааллуқ дорад, агар гирем курси онвақта ва ҳозираро,1долларо, ки ба 7,5сомонӣ баробар мешавад ин навад(90’000000000) миллиард сомони баробар мешавад ба дувоздаҳ( 12,000,000,000) миллиард доллари амрикоӣ. Инҷо агар ба қарзи хориҷииТочикистонро, ки севуним (3,500.000.000) миллиард доллари амрикоӣ гуфта мешавад қиёс намоем, бубинед чӣ фарқи калоне дорад. Ва ин маблағ дар суратҳисобҳои хориҷии Шамсулло ва бонки хусуси вай нигаҳдорӣ мешавад.
Яъне пули ҷамъкардаи «Фароз» танҳо аз ин бахш қариб чор маротиба аз қарзи хориҷии Тоҷикистон зиëд аст. Худатон қазоват кунед, ки ин оилаи дузд чи гуна мову давлати моро талаву тороҷ карда истодааст.
Агар мо ин маблағро ба бозсозии роҳҳои Тоҷикистон сарф мекардем, ҳоло тамоми роҳҳои Тоҷикистон мумфаршу обод мешуд ва қарзи берунии Тоҷикистонро ҳам бар мегардонидем. Боз аламовараш он аст аст, ки қарзи севуним (3,500000000 ) миллиарддолларӣ дар гардани мардуми Тоҷикистон кашол аст. Дар ҳоле, ки ин пулро ҳам ҳукумати Тоҷикистон гирифтаву хурдааст.
Ҳоло ба балои ин пули утлизатсияро, ки инро ҳам «Фароз» санад ва ҳисобу китоб мекунад, ба болои ин пулҳо зам кунем як маблағи астрономӣ мешавад.
Дигараш ин аст ки «Фароз» аз ҳисоби Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як сол ба маблағи соф бо пули сомонӣ баробар ба се миллиард(3, 000,000,000) сомоӣ фоидаи соф мегирад. Ин пулситонӣ ҳам зиëда аз 10-сол мешавад идома дорад.
Агар гирем10 сол зарби се миллиард (3,000,000,000) баробар ба сӣ (30, 000,000,000) миллиард сомонӣ мешавад. Мебинед, ки инҳо чи қадар фоидаи соф гирифтаанд. Мо ин миқдори бузурги сомониро ба доллари Амрико гардонем ва курси1доллари амрикоиро баробар ба 7,5 сомонӣ ҳисоб кунем, ин сӣ (30,) миллиард сомонӣ баробар ба чор (4.000.000.000) миллиард доллари амрикоӣ аст. Ончи ки инҷо гуфтем ин фақат ду манбаи даромади ин оила мебошад! Агар ин чор миллиард доллари амрикоро (1000) ҳазор бемористон месохтем маблағ кифоя буд. Ва даҳҳо фабрикаи дорубарорӣ месохтем вазъияти кишвар тамоман дигар хел мешуд.
Инҷо фақат аз як ҳиссаи даромадҳои «Фароз» гуфтем. Тамоми домодҳои Раҳмонов аз Зоир бигир, Шамсулло, Зарифбек, Ҷамолиддин, Рамз, Ашраф ҳар кадоме ҳамингуна даромадҳои миллиардӣ доранд ва мо беҷиҳат ин оилаи касифро «Семейкаи мултимиллиардерҳо» нагуфтем, ки ин шо Аллоҳ ба охири хати худ расидаанд.
Раҳмонов бо Пизишкиён чиҳо гуфт?
Чанд рӯзи қабл, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе омад. Раҳмонов аз дидору мулоқот ба раиси ҷумҳурии Эрон хурсанд ба назар мерасид. Ин сафар, ки баъди ҳодисаҳои Сурия ва сарнагунии як диктатори рӯ ба Эрон сурат гирифта буд, барои Раҳмонов боарзиш ба ҳисоб меояд. Бахусус Башор Асад, ин диктатори мисли Раҳмонов алайҳилаънаи зиддислом, ки аз дасти муҷоҳидин сарнагун ва фирорӣ шуд, дидору мулоқот бо раиси як давлати исломӣ гуё барои Раҳмонов подзаҳр шуд.
Яке аз масъалаҳое, ки Раҳмонов бо Пизишкиён ба миён гузоштааст, ин он будааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон набояд аз ҲНИТ дар ягон маврид ва мавқеъ дастгирӣ ва пуштибонӣ накунад.
Масъалаи дигар Эрон бояд дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар пеш омадани хавфу хатар аз тарафи Афғонистон ва Ансоруллоҳу Таҳрики Толибони Тоҷикистон ва Вилояти Хуросон дар бари Раҳмонов биистад
Саввум хоҳишу илтимосе, ки Раҳмонов аз Пизишкиён кардааст, ин буда, ки бо истифода аз нуфуз ва ҷойгоҳи Эрон бар болои Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос нафароне, ки аз Тоҷикистон дар суфуфи муҷоҳидини Ҳайати таҳрири Шом дар Сурия ҳастанд, фишор оварад ва ҳатто онҳоро безарар гардонад ва Раҳмоновро аз шарри онҳо эмин дорад.
Манбаъе, ки ин хабарро ба мо расонд гуфт, ки Раҳмонов тамоми шаб, ҳатто баъди зиёфат бо Пизишкиён тоқа зиёд суҳбат кардааст. Ду маротиба Рустамро фарёд кардаву се каса роҷеъ ба кадом масъалаҳое гуфтугу кардаанд ва сипас Рустамро ҷавоб додаанд.
Ин манбаъи мо гуфт, ки ҳодисаҳои Башор Асад Раҳмоновро талхакаф кардааст. Рангу руяш пуркидагӣ аст. Кадом беморие дорад, ки баъди ин ҳодисаҳо хуруҷ кардаву авҷ гирифтааст.
Мардуми Кулоб, гуфт ин манбаъ, наздикони Аҳмади Иброҳим, ки даҳ сол доданаш митинг карданӣ буданд. Аммо онҳоро фиреб карда гуфтаанд, ки «равен шикояти касатционӣ нависед, ҳукмша тағйир метан, Ҷаноб бехбар буд и корҳои Юсуф Раҳмон буд». Аммо маълум ва мушаххас аст ки ин фиреб аст ва гуё, ки Раҳмонов аз чунин ҳукм додан ба Аҳмади Иброҳим бехабар будааст, воқеият надорад. Чунки аз ҳамагуна ҳодисаи монанд ба ин ҳатман Раҳмонов бохабар аст ва бахусус вазъият дар Кулобро барояш ҳамеша гузориш медиҳанд.
Ин сенарияро фақат бо наздикони норозии ин ё он нафари номдор мекунанд. Баъде, ки вақт гузашт, алангаи тасфи мардум паст мешавад. Агар не мардуми Кулоб мехест ва як рӯзи дигар наздикони Аҳмади Иброҳим ба кучаҳо мебаромаданд.
Ва, дар инҷо як маълумоти ҷолиби дигар. Баъди ҷаласаи ахири ниҳодҳои амниятии СНГ Александр Бортников, директори ФСБ ва Нарышкин Сергей директори СВР-и Русия ҳушдор додаанд, ки Амрико ва Аврупо бо такя ба гурӯҳҳои исломӣ, дар давлатҳои СНГ инқилобҳо барпо карданианд. Роҷеъ ба Тоҷикистон, ҲНИТ-ро зикр намудаанд, ки қасди инқилоб ва сарнагунии Раҳмоновро дорад.
Як ҳикояти ҷолиби дигар аз Раҳмонов
Шахсе, ки ин ҳикоятро нақл кард, номашро намегирам, то ба оилаи вай зараре нарасад.
«Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ 1994-1996 буд, ки бо раиси ноҳияи Колхозобод ба хонаи Эмомалӣ Раҳмонов ба Данғара рафтем. Он рӯз Шералӣ Сабзов ҳам ҳамон ҷо, дар назди дарвозаи Эмомалӣ Раҳмонов навбат меистод. Гуфт, ки назди Эмомалӣ даромадем, корамонро буд накард. Ҳануз ҳамон вақт Эмомалӣ дар ҳамон ҷо гуфта буд, ки ин боевикҳоро бояд аз байн бурд.
Он вақтҳо части Маҳмуд Худойбердиев дар Чапаев қарор дошт. Маҳмуд Худойбердиев инро дарк карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар қасди нобуд, кардани уст. Ҳатто ба назди Хуҷа -командир омада ҳолати корро фаҳмонид. Хуҷа аллакай ҳамон вақт гуреза буд. Ҳамон шабу рӯз одамҳои Хуҷа -командир дар назди ҳукумати Хатлон ҷамъ омада талаби сафед кардани ӯро доштанд. Маҳмуд Худойбердиев аз фурсат истифода бурда ба Хуҷа -командир вохурда барои переворот власт пешниҳод карда буд, ки «чи қадар яроқ даркор аст медиҳам, ту мардуми Хуросони ҳозираро ба пой хезон». Аммо Хуҷа- командир отказ кард. Чунки медонист ин дафъа яроқ ба дасти мардуми Хуросони ҳозира расад, якум худи Хуҷа -командирро онҳо аз байн мебаранд, зеро Хуҷа хело ваҳшониятҳои зиёде карда буд.
Маҳмуд Худойбердиев одами наздики Ислом Каримов буд. Маҳмуд ба хотири он Тоҷикистонро тарк кард, ки русҳо ба Эмомалӣ Раҳмонов ëрӣ мекарданд. Барои ҳамин Тоҷикистонро тарк кард. Эмомалӣ Раҳмонов вақте бо русҳо нағз шуд, Ислом Каримовро кидат кард. Чунки намехост бо гапи Ислом Каримов гардад. Эмомалӣ Раҳмонов канали нав бо русҳо кушод. Барои ҳамин Махмуд Худойбердиевро аз Тоҷикистон ронд. Душмани №1-и Эмомалӣ Раҳмонов Махмуд Худойбердиев шуда буд. Чунки ба Маҳмуд Худойбердиев аз тарафи Ислом Каримов бо яроқу тупу танк таъмин карда шуда буд. Мусаллаҳ буд, зураш намерасид. Вақте Маҳмуд фаҳмид, ки русҳо ба ӯ ҳуҷум мекунанд, бе задухурд, аз Тоҷикистон баромаду рафт. Агар дар ёдатон бошад ҳамон солҳои баргашти ҲНИТ ва имзои созишнома. Э.Раҳмонов дар як баромадаш дар назди вакилони порлумон як ҳушдоре ба Ислом Каримов карда буд,ки агар ту Маҳмуд Худойбердиро дошта боши мо Ҷумъаи Намангониро дорем. Метавонем ӯро бар зидди ту такмил ва муҷаҳҳаз карда фиристем. Яъне чунин ҳолатҳоро ҳам дар хотир дорем.
Нақшаи шуми Раҳмонов,ки инқилобро хоҳад тезонд
Дар аввали ин барнома мутазаккир шудем, ки Аллоҳ ҳеҷ бандаи солеҳашро ноумед намекунад. Чуноне Сайфиддин Тоҷибоев ва ҳамроҳони вайро оқибат ба умеду орзуҳояшон расонд. Аммо нафароне амсоли Раҳмонов оқибат шармандаву расвову русияҳу ва рондаи дорайн хоҳанд шуд.
Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо омад.
Раҳмонов қасд дошт як бозии ваҳшатнокеро ба роҳ андозад. Аммо баъди ҳодисаи Сурия ва сарнагун шудани Башор Асад як каме тарсидааст.
Дар минтақаи Ғарм нақшаи боз гуё нафаре ё нафароне бояд бар зиди ҳукумат хезандро кашида буд. Аз рӯйи баъзе маълумотхо мақомот ба воситаи агентҳояш дар гушҳои Малиши шогирди Ҷага парида истодаанд,ки «ҷамъ кун одаму хезен бар зиди ҳукумат. Аз тараф муҷоҳиддини Арсалон ба ёрӣ меоянд». Бояд Малиш дар ин кор Сайриддинро, ки ӯ гуё бо гурӯҳи Алии бедакӣ ҳамроҳ буд ва барои кирдорҳояш адои ҷазо карда баромад, ҷалб кунад. Ин Малиш намефаҳмад, ки мақомот истифодааш хоҳанд кард ва дар охир мекушандаш.
Малишро гуфта истодаанд, ки ту одамҳоро тайёр кун, бигзор хезанд, оҳиста худат аз бозӣ баро.
Мардуми Рашт ҳилла рӯз гузаронда истодааст. Ин ҳаромҳо намемонанд мардуми оддӣ ором бошанд. Ин нақшаро барои он амалӣ карданианд, то ба мардум нишон диҳанд, ки ҲНИТ то ҳол ором нест.
Аммо, кош Раҳмонов ин нақшаашро ба амал бароварад. Агар як ҷамоат ва ҳатто як деҳа дар ин минтақа бархезад, дигар пеши хезиши мардумиро дар саросари водӣ ва дар саросари Тоҷикистон гирифта наметавонанд.
Тамоми минтақаҳо мехезанд. Данғараву Кулобу дигар минтақаҳо мехезанд бар зиди ин авлоди ҳаром. Мардум ҳар кадомашро чен кардагианд.
Исмоили Пингвинро ҷудо, Озодара ҷудо, Тахминаро ҷудо, Рустамро ку агар қапанд эҳҳеее, Раҳмоновро бо духтаронаш медонед чикор мекананд.
Инҳо хит намекунанд, аммо то устоҳое, ки хонаҳо, дачаҳо, бустонсароҳо ва умуман то кабинетҳои Раҳмоновро таъмир кардаанд, ҳамаи нақшаҳои дар куҷо чи ҷойгир ва дар куҷо кӣ астро додагианд.
Раҳмонов пеш аз ҳодисаи Сурия мехост ин нақшаи шумашро лар Ғарм ба иҷро дароварад ва бо ин баҳона як бори дигар хуни мардуми Ғармаро бирезад ва боз мардуми кишварро дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор диҳад.
Аммо ин ҳодиса ӯро аз раъяш гардонд, чунки вай хуб медонад, ки мардум худашон як оташак ва як пуштибонии беруниро нигоҳ доранд. Ва ҳоло ин пуштибониро аз Сурия ва Афғонистон дида истодаанд.
Раҳмонов медонад, ки камтар ҷунбиши мардумӣ ба вуқуъ пайвандад, пушти вайро касе намегирад.