Семейка news №7

Ислоҳ нет

  Нашри навбатии маҷаллаи “Семейканюс” дар шароите омода барои чоп мешавад, ки дар Душанбе мавориди гирудори афроди саршиноси кишвар идома дорад. Эмомалӣ Раҳмонов ва атрофиёни вай ин бор барномаи “табаддулоти давлатӣ” ва ғасби ҳукуматро бори онҳое карданд, ки то ҳамин лаҳзаҳо гумон мерафт, онҳо одами худи ҳаминҳоанд. Масалан лидери ин гурӯҳи табаддулотгар, ки гуё русҳо ӯро барои президентӣ мехостанд омодааш кунанд, Саидҷаъфар Усмонзода ва ё вазири корҳои хориҷии пешини ҳукумати Раҳмонов Ҳамрохон Зарифӣ ва ё Акбаршо Искандаров, ки дар гузашта раиси Шурои олӣ буд ва ҳукуматро дар ноябри соли 1992 бо ду дасти адаб ба Хуҷанд бурда ба Эмомалӣ Раҳмонов супорид ва ба фарқ аз бақия аъзои Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки Раҳмонов онҳоро душману хоин мехонд, Акбаршо Искандаров тули солҳои дароз намояндаи расмии ҳукумати Раҳмонов дар Туркманистону Қазоқистон буд, касро дар тааҷҷуб мегузорад ва бар воқеияти ин табаддулот машкук месозад. Хулоса, ин бор Раҳмонов боз чи нақшаҳо дорад ва чи касонеро ин навбат туъма қарор медиҳад , дар рӯзҳои наздик шоҳидаш хоҳем шуд.

  Вале ба назар мерасад,ки ин ҳама корҳо, яъне як бори дигар ҷомеаро мубтало ба тарсу ваҳшат андохтан ва фазову муҳиту иқлими сиёсиву иҷтимоии кишварро хатарнок ва ноамн кардан бесабаб ва беваҷҳ нест.

 Дар сентябри соли 2015 бо як дуруғи бузурги монанд, яъне қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро басту баъди ҳамагӣ ду моҳ қонуни Асосгузорро сохту қабул кард ва ин қонуни комилан ғайриҳуқуқӣ ва ғайрибашариро дастак ва асос карда дар моҳи майи соли 2016 (акнун, ки дигар ҲНИТ набуд) референдум гузаронида барои якумрӣ боқӣ мондани худ дар ҳукумат ва овардани писараш дар ҷойи худаш  ба Қонуни асосӣ банду моддаҳо илова кард.

Ҳоло ҳам бо баҳонаи табаддулот нақша дорад, ки интихоботи дуруғии зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ доир карда ва Рустамро ба ҷояш оварад. Ва, Рустам ҳам кайҳо талош дорад, ки курсиро ишғол кунад, явошу ором кобинаи ҳукумати худашро аз ҳисоби дӯстонаш ташкил карда истодааст. Дар Семейканюси пешин аз Хуршед Мирзоев, рафиқи наздики Рустам гуфта будем, ки ҳоло раиси як Оҷонсии ҷадид дар ҳукумати Тоҷикистон шуд. Хабарҳое, ки ба мо расид, ҳокӣ аз он аст ки баъди нашри он шумораи Семейканюс, ки “қаҳрамони марказӣ”-аш ҳамин Хуршед Мирзоев буд ва дар он аз кору кирдорҳои дур аз назарҳои ӯ сухан мерафт, ҳоло Хуршед тамоми масорифи Рустамро бар уҳда гирифта ва пулу харҷи ӯро дар ҳар куҷо бираваду наҳору чошту шом бихурад ва ё бираваду кайфу сафову айшу ишрат кунад, пардохт карда истодааст.

Гуфтем, ки Рустам ба ҷамъоварии тими худ барои оянда хеле ҳам мусаммам аст ва овардани Шоҳрух Саид, писари Фатоҳ Саид дар мақоми сардори милисаи Душанбе ҳам дар доираи ҳамин нақша сурат гирифтааст.

  Рустами Эмомалӣ, аммо, ончуноне тамоми кишвар шоҳид аст бо Шоҳрух муносибати хос дорад. Як мисол меоварем. Замоне, ки Рустам раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон буду ҳануз Шоҳрух касе набуд, фақат барои равнақи тиҷорати Шоҳрух ду муовинаш аз Гумрукро аз кор барканор кард. Гап дар бораи он меравад, ки Шоҳрух бо кадом тоҷирони афғонӣ даст ба тиҷорати оҳан мезанад ва мехостанд, ки ба маблағи 400 ҳазор доллар оҳан бароварданӣ мешаванд. Вақте барои таҳия аснод ба Гумрук мераванд ин муовинҳо мефаҳмонанд, ки содироти оҳан аз Тоҷикистон мамнуъ аст. Рустам барои онки ин муовинҳо иҷозаи содироти оҳанро ба Шоҳрух намедиҳанд он дуро аз кор пеш мекунад ва ба Шоҳрух иҷозат дода мешавад, ки оҳан барорад.

 Ва, ҳоло Шоҳрух, ки бинобар навиштаи як коршинос,ки “аз вай ояндаи хуберо интизоранд” такя ба ду “куҳи бузург” Эмомалӣ Раҳмонову писараш Рустами Эмомалӣ зада амалан вазорати дохилӣ ва бахусус вазири дохилиро зери даст кардааст. Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ дар пеши вай дигар ба як кукла ва як мебел табдил шудааст. Шоҳрух бидуни  пурсишу дарёфти ризояти вай “кадр”-ҳои УУР-ро ба Раёсати дохилии Душанбе оварда ва ҳамин тавр афроди номақбулашро аз милисаи шаҳр берун андохта истодааст. Манобеъ мегуянд, ки Рамазон Раҳимзода дандон зери лаб гирифта намедонад чи кор кунад ва ҳарчизе, ки ва ҳар коре, ки Шоҳрух мехоҳад, ҳамонро иҷро карда истодааст.

  Вале дар ин васат хоҳари Шоҳрух, ки келини Ҷобиров, вакили Маҷлиси намояндагон аз Қумсангир ва дар гузашта корманди баландмақоми Хадамоти гумрук буд дар даруни як мошине ба қапи шавҳараш меафтад, ки бо як нафар корҳои маҳрамона карда истодааст. Хуб, мову шумо медонем,ки аз ин корҳо дар ин хона касе мустасно нест ва ҳатто аъмоли қавми Лут барои инҳо як амали муқаррарӣ аст. Гуфта мешавад онҳое ҳам, ки аз УУР ба УВД-и Душанбе оварда шудаанд ҳамагӣ “красава”-ҳои Шоҳруханд ва акнун милисаи Душанбе ҳам маҳалли ҳамин гуна “красаваҳо” хоҳад шуд.

   Мо дар бораи “афроди Рустам” ва аъзои ҳукумати ояндаи Тоҷикистон дар шумораҳои баъдӣ суҳбат хоҳем кард. Аммо ин бор дар бораи Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмонов, аввалин миллиардери ҳукумати Раҳмонов ва асосгузори ғасбҳои рейдерӣ ва баҳсҳо вай бо яке аз афроди пурнуфузи Кулоб Эмом Хуяк менависем. Аллбатта, ки Ҳасан аз наздиктарин афроди Семейка аст ва табъан, ки Семейка дар бораи вай минбаъд ҳам хоҳад навишт.

Ҳасан Асадуллозодаи аждаҳо нафс

Нафси Ҳасан Асадуллозода ба ҳадде калон ва бетаг аст ки ба масал аждаҳо пеши вай ба як мур ва наҳанг ба моҳича баробар аст. Ҳасан ва Эмом Хуяк барои як завод чандин сол ба ҷони ҳам уфтода буданд. Аммо мо медонем, ки Ҳасан Ориёнбонкро аз дасти Ғаффор Идиев зада гирифт. Ин аввалин ҳолат ё мавриди ғасби рейдерии Ҳасан ба тавассути зури ҳукумат (язнааш Эмомалӣ Раҳмонов) буд. Баъдан боз чи қадар корхонаҳоро аз дасти тоҷирони дигар ба зур кашида гирифт. Нисфи зиёди корхонаҳои пахта-хлопзаводҳои қисмати ҷанбуи кишварро метавон гуфт куллан тасоҳуб кард.  Заводи орди Қайроққумро гирифт. Бозори Панҷшанбеи Хуҷандро гирифт. Сомонайрро дар заминаи Тоҷикайр сохту Тоҷикайрро аз  саҳана берун кард.  

Ҳасан асосгузори ғасбҳои рейдерӣ ва истилогаре аст, ки аз зуру иқтидори давлат истифода кард. Роҳи тасаллути ғосибиро барои Зоир, Шамсулло, Ҷамолиддин, Зарифбек, Нуриддини тагтаррафта, Ашраф ва дигару дигараш ҳамин кушоду ҳамвор кард. Бузургтарин корхонаи санъатӣ -корхонаи алюминиюмро гирифт. Аммо онро то ба банкорт шудан расонид.

Танҳо маблағи пардохтааш ба адвокатҳо дар баҳси додгоҳӣ  бар сари ин корхона дар Лондон 120 миллион доллар аз ҳисоби бюҷети мамлакат пардохтанд..

Ин завод дар кун шишт ва тавлиди 450 ҳазортонии он ҳоло ба 60 ҳазор расид ва шумори кормандони 13ҳазораи он то ду ҳазор омада расид.

  Ҳасан Асадуллозода ва идомаи баҳсҳои вай бо Эмомхуяк

 Ҳасани Ориёнбонк ахиран ними заводи Тоҷкабели Эмом Хуякро кашида гирифту ҳоло душнякаш кард истодааст.

   Обиди бачаи Эмом Хуяк, ки феълан дар маҳбас аст гуфтааст,ки «мебром ай турма, калаи Ҳасани шикамбара дар якҷош мезанм..».

  Билоли додари Эмом Хуякро бо ҷурми қуш будан дар куштори муовини Ҳасани Шуҳрат Исматуллоев-маҳкум карданд. 

   Ҳасан дар рӯ ба рӯи ЦУМ-и Фурушгоҳи марказии Душанбе, дар назди вазорати мудофиа, дар ҷои военный част як дом аз бетон сохтааст, ки сохтумонаш таи 10 сол мешавад идома дорад. Аҷоиб он аст, ки дар он дом ҳама хонаҳо барои Ҳасану фарзандҳояш будааст. Дар як плошадка як хона, ки дар он 8 туалет ва ванна ҷойгир аст. Тасаввур кунед барои одамҳо дар як дом, дар як этаж аз 5 то 7 квартира мекунанд, аммо барои худашон бошад дар як ошёна 1 квартира тамом.

Эмом Хуяк як қисми заводи Тоҷкабелашро фурухту қисми дигарашро дар савдо монд. Ҳамон заводеро, ки Ҳасани Ориёнбонк то чандин муддат натавониста буд Эмом хуяк бигирад. Ҳамон Эмом Хуяке ,ки худаш Ҳасани Ориёнбонкро тир заду Обиди бачаш Зоирро. 

Фурухт хуб кард, аммо дар он завод, ки яке аз заводҳои калонтарин буд, чанд ҳазор корманд кор мекард. Ин завод дар солҳои Союз, яке аз заводҳои пешқадам буду маҳсулоти хуб истеҳсол мекард. Эмом Хуяк заводро баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ чун дигар ғасбкунандагон аз худ карду дар он дар аввал ҷои хариду фурӯши яроқу наркотик ва баъдан як қисмашро ба иҷора доду дар қисми дигараш хонаву офис барои худ сохт, қисми ками онро, чун аз замони шуравӣ станокҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли кабел боқӣ монд буд, ба кор даровард.

  Ҳасани Ориёнбонк чашмаш ба ин завод, ки дар масоҳати зиёда аз 12 гектар ва дар ҷои хуби пойтахт қарор дорад, афтод. Ҳасан кушиши аз худ кардани заводро кард, аммо Эмом Хуяк бисер хушёру маккор аст. Хост зуд пеши Президент дарояд ва ҳатто тайёр буд дар ягон сохтумонҳои ҷашнии он вақта иштирок кунад. Дар охирҳои соли 90-ум ва аввалҳои солҳои 2000-ум мардум хуб ба тиҷорати наркотик банд буд, даромадҳои калон дошт.

Мутаасифона Эмом Хуяк натавонист ба Раҳмон расад. Баъдан вай Маҳмадсаид Убайдуллоевро чен карду ба ӯ расидан хост, ки пуштибонаш бошад. Эмом Хуяк ба воситаи Мансур Умаров, ки нафари бовариноки Убайдуллоев буд, часпонду бо М.Убайдуллоев во хурд. Мансур Умаров кур мешавад агар хубиҳои Убайдуллоевро фаромуш кунад, чун маҳз Убайдуллоев ӯро одам карду дастгириҳои авваларо кард.

 Хуб, Эмом Хуяк бо Убайдуллоев во хурда ҳолати корро гуфт. Он вақтҳо Убайдуллоев дар ҳақиқат нафари дуюм буд ва бо Кремл алоқа ва пуштибонии хуб ҳам меёфт. Убайдуллоев Эмом Хуякро мегуяд рав корҳоятро бин, ҳиҷ кас туро намерасад. Ин қиссаро худи Эмом Хуяк чандин бор нақл кардааст. Дар кабинеташ муштуки нашакашиашро рост мекунад баъд дууууд дода қисса мекунад. Ҳамин тавр Эмом Хуяк то имрӯзҳо як заводи хубро қисм- қисм карда фурӯхта ба манфиати худ истифода мекунад. Вақте ки Рустам раиси шаҳр таъин шуд, бо як воҳима эълон кард, ки ҳамаи заводҳое, ки дар шаҳр хобанд ҳамаашро ба кор дароред ё ҳукумати шаҳр кашида мегирад. Ку? Дар куҷо?  Ягонтоашро пас гирифт? Лаънатиҳо ҷойи онки заводҳоро ба кор дароранд, заминҳо, ҳудуди он заводҳоро барои домсозӣ ва домсозон фурухта истодаанд. Ақли кӣ мегирад, ки минтақаи иқтисодӣ саноатиро ба макони жилой табдил диҳанд. Ҳазорҳо ҷойҳои кории устуворро аз байн бурданд. 

Он заводе, ки дар вақташ дар он дар ёдатон бошад офиси марказии ҲНИТ қарор дошт, онро ҳам тика -тика карда ба чандин домсоз фурухтанд. Инҳо заводҳои тайёрро наметавонанд ба кор андозанд, боз воҳима мекунанд, ки мо месозем.

Ҳамин тавр Эмом Хуяк мустаҳкам ва беҷазо истодааст.

Баъди он кушиш Ҳасани додари Азизмои газетхонак боз чанд бори дигар ҳам талош кард, ки Эмом Хуякро шиканаду моликияташро гирад. Ин ҳама дар авоили солҳои 2000-ум буд,  ки он вақтҳо Эмом Хуяк имкониятҳои хуби молиявӣ дошт ва гапаш ҳам мегузашт. Эмом Хуяк бо ҳамрохии додараш Мақсудов Искандар, ки лақабаш Раис буд, конкретно дар тиҷорати наркотик фаъол буданд ва агар гуем, ки яке аз крупнякҳо буданд, хато намекунем. Аз ҳисоби суми тиҷорати наркотик аз ҷиҳати молиявӣ бисёриҳо хуб буданд, Эмом Хуяк ҳам ҳамчунин. Эмом Хуяк дар сохтумонҳои иншооти ҷашнӣ, зиёд саҳм гузаштааст. Биноҳои гумрук, молия, андоз, КГБ ва ғайра дар ноҳияҳо аз ҳисоби худаш сохта супоридааст. Дар ноҳияи Темурмалик, ки зодгоҳаш аст, зиёд ободиҳо кардааст. Ҳар вақте ки борҳои Эмом Хуякро меқапиданд, ягон зацепка ба ӯ намебурд. Он нафареро, ки меқапиданд Эмом Хуякаро намефурухт. Чандин бор додарҳояш, ҷиянҳояш, наздиконаш ва писараш Обид ҳам зиндонӣ шудаанд, аммо Эмом Хуяк аз об қоқ мебаромад. Эмом Хуяк психологи хуб аст. Чандин бор таъриф кардааст, ки маро чанд бор шикастанӣ шуданд, «то Президента бромам, Президент ҳамара гуфт, ки ҳамном ҳамнома шафоат мекна, нарасен ира. Акнун мақсад аз ин гап ин аст Раҳмонам Эмому ирам Эмом. Неки Эмоми масҷид нею Эмоми палид». 

 Дар коре, ки Обиди бачааш кард, нисбати Зоир ва шайкааш, ки 20 килло зиёд героинашро конкретно кидат кард, Эмом Хуякам қариб, ки мекашиданд, аммо боз тоб доду баромад. Акнун заводу чизҳояшро оҳиста-оҳиста фурухта дар номи зану хешҳои занҳояш моликиятҳо гирифта ҳуй мехурад.

  Мақсудов Искандаршоро барои долларҳои фальшивый қапиданд, бояд маҳкам бошад. Инҳоро наказат карданд Зоиру Ҳасан. Бори Зоирро, ки Обид кидат кард, бо контроли Искандару Эмом Хуяк кард.

Билол Мақсудов бошад бо делои Шуҳрат Исматуллоеви муовини Хасани Ориёнбонк маҳкум шуд.

Ин Эмом Хуяк аз вақташ Ҳасанро бо Зоир шпили -вили карда омада истодааст. Аз Хуяк метарсиданд, чунки медонанд, ки онҳо авлоди одамкушанд. Додарҳояш, бачааш Обид,  киллеранд. Товба, полный талхакаф буданд Ҳасану Зоир.  

  Чи тавре, ки пештар гуфта будем ва шумо дар барномаҳоятон гуфта будед, Эмом Хуякро Ҳасани Ориёнбонк, Тоҷиддин командир ва бадъан Зоир сахт чап гирифтаанд. 

 Ҳасани Ориёнбонк Эмом Хуякро барои заводаш, ки заводи истеҳсоли кабел аст, чап гирифта буд ва то чанд сол кушиши гирифтани заводро кард. Эмом Хуяк через Убайдуллоев Ҳасанро дар ҷояш шинонд. Баъди ноком шудан Ҳасан заводи худашро дар назди ГАИ Республика, ки дар 33-юм микрорайон ҷойгир аст, сохт ва нагузошт, ки ба заводи Эмом Хуяк маҳсулот барои истеҳсоли кабел диҳанд. Яъне катинка. Аз катинка кабел истеҳсол мекунанд. Хулоса Эмом хуякро душняк кард. Эмом Хуяк дар вақтҳои аввали душняки Ҳасани Ориёнбонк тоб оварда бо чи роҳҳое катинка меёфту  истеҳсол ҳам мекард. Аммо оҳиста-оҳиста монда ва хаста шуд ночор заводро ба иҷора дод.

Тоҷиддин- командир бошад аз замони баъди ҷангҳо, ки ҳама ба тиҷорати наркотик ру оварда буданд, бо Эмом Хуяк чап буданд. Ҳарду конкретно наркотикро крупно мезаданд. Тоҷиддин -командир бо авлод аз ҳамон солҳо часпонда буд ва аввал ба воситаи Ҳасани Ориёнбонк ва баъдан через Зоир Эмом Хуякро шикастанӣ буд. Баъдан Тоҷиддин бо Зоир чи хеле медонед қудо шуд.

 Оиди Зоир медонед, ки чи тавр Обиди бачаи Эмом Хуяк Зоирро тир заду 25 кило героини тозаашро дар Русия кидат кард. Зиракиро бинед, ки именно дар Русия, дар Тоҷикистон не. Барои он ки ин қадар борро то Русия бурдан риски калон дошт ва агар дар Тоҷикистон мегирифтанд ба Русия мебурданд, риски қапидани бор ҳам буд. Вале дар ин ҳолат Зоир худаш борро роҳӣ кард, хушру расондан ва баъде, ки расид, Зоирро кидат карданд. Бори Зоирро ҳеҷ кас намерасад, хушру меравад то ҷойи зарурӣ. 

Баъди ин Эмом Хуякро боз ғам доданд ва душняк карданд. Хостанд дар он ошубе, ки дар зиндон ташкил шуду Шайх Темуру дигару дигарҳоро куштанд, Обиди бачаи Эмом Хуякро ҳам қуш кунанд, аммо Обид ранги падараш ҳушёр аст «ҳо» гуфту аммо дур истод. Вақте баъди ошуб гуфтанаш, ки «трам қушӣ», гуфт «ма ай ҷонм мегзарм неки ба ҳама ҷо мегуму мерасонм, ки шумо кадену мора маҷбур каден». Баъд гуфтанд, ки «моненша нарасенш». 

Вақте ки Билоли додари Эмом Хуякро барои рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев  «қуш»гуфтанд, зуд розӣ шуд. Барои он ки Шуҳрат муовини Ҳасани Ориёнбонк буд ва авлоди Эмом Хуяк дар хуни авлоди Ҳасан ташнаанд. Билол гуфт, ки «гап нест, Ҳасанака я кунша мепучем». Аҷиб он аст ки Билолро 1 сол доданд. Ҳол он ки Билол дар ин гуруҳ инструктор буд. Чунки ӯ таҷрибаи кушторро дошт ва барои ин аллакай шишта баромада буд. 

 Эмом Хуяк дид, ки нашуда истодааст, фикри ҳуй хурданро кард. Хапу дам аввал ними заводашро фурухт ва баъдан боз аз нисф камашро фурухт. Хонаҳо ва моликияти зиёде дар Русия ва қисматҳои мухталифи Тоҷикистон хариду ба номи хушдоманаш кард. Айни замон Эмом Хуяк дар Русия аст.Бар сари ҳамон бори Зоир, ки Обид кидат кард, рафтааст ва суми борро бояд гираду даврон кунад.

«Ана ира  меган тирзанӣ дар ҷои муҳими семека. Гаштай Раҳмон табаддулот гуфта.

PS: Ин навбати Семейканюсро ба ин муомилаҳои ду гурги калони семейка ихтисос додем вале маълумотҳои ҷолиби дигаре аз дохили Семейка бароямон расидаанд,ки ҳатман дар барномаи дигар ва ё барномаи махсуси дигар тақдиматон менамоем.

Барномаро бо қудошавии Ашраф Гулов бо оилаи Лутфулло Давлатов ба поён мебарем. Парвина ва Ашраф набераи Лутфулло Давлатовро келин карданд. Фарзонаи духтари Лутфулло Давлатов духтараш Сумаяро ба писари Ашрафу Парвина дод. Яъне ин оила думаротиба қудо бо Семейка шуд оқибаташ ба хайр шавад акнун.

Share This Article