Нашри навбатии маҷалла ё моҳномаи «Семеканюс» аст ва ин бор «қаҳрамон»-и марказии мо Шамсулло Соҳибов аст. Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабир ва яке аз ҳафт духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ҷияни Зоир Соҳибов (мундуқ ё ҷайра) ва домоди калонии Раҳмонов мебошад. Шамсулло, гуё ба корҳои сиёсӣ, ончуноне Зоир шарик аст, «қуш» нест, аммо ин дар назари аввал. Маҳз ҳамин Шамсулло Соҳибов буд, ки сиёсати куштори рақибони сиёсати Раҳмонов дар хориҷаро сармоягузорӣ кардааст. Ишораамонро фаҳмидед. Дар соли 2015 Шамсулло барои куштори Умаралӣ Қувватов, раиси «Гурӯҳи 24» дар Туркия якҷо бо Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ киллиерҳоро аҷир кард. Ин қисса дароз аст ки шумо аз расонаҳо огоҳ мебошед. Фақат ҳаминро мегӯем, ки ширкати «Фароз»-ро марҳум Умаралӣ Қувватов ташкил карда ва Шамсуллоро дар канораш гирифта буд. Аммо солҳо баъд, ки Шамсулло аз чӯҷаи дастомӯз болотар шуд ва болу пар баровард, Умаралӣ, устоду мураббии худашро аз тиҷорат берун кард ва на танҳо аз тиҷорат, балки ба воситаи хусураш бар зидди вай парванда кушоду ночор кард, ки тарки ватан кунад..
Хуллас, ин Шамсулло Соҳибови индюк, чуноне шиносҳояш мегуянд бисёр нафси бад дорад ва сахт мумсик ва гушна аст.
Аммо қабл аз онки дар бораи вай бихонед, ахбори расида аз Семейка ва наздикони онро пешкашатон менамоеям:
ВИП –қабристони Ҳасани ишкамба
Дар Чапаеви Колхозобод (Ҷалолиддин балхии имрӯза) Ҳасани ишкамба дар қабристони деҳа масоҳати калонеро ишғол карда ва онро барои худу наздиконаш ВИП қабристон рост кардааст. Ҳасани ишкамба мехоҳад дар таги гӯр ҳам ончиро, ки дар болои гӯр дошт бибарад. То барои гӯри хешу таборонашон замин ҷудо кардаанд. Гирду атрофи онро мехоҳанд, ки панҷара ва симхорпеч кунанд. Барои ин ВИП-қабристон ду нафаро боғбон ва қаравул гузоштаанд. Маош таъин кардааст. То чанд вақти пеш маоши ин ду коргари ВИП-қабристон аз тарафи Исмати дулик пардохта мешуд. Чунки дар шафати ин ВИП-қабристон барои Исмати дулик ҳам территория ҷудо карда шудааст. Ба ғайр аз гӯрҳои хешони Ҳасани ишкамба ва Дулик дигар онҷо мурдаи бегона нест. Мақбараҳои гурҳоро мебинед, хеле пул харҷ шудааст. Инҳо чунон масту бехуд шудаанд, ки аз фиръавнҳо ҳам гузаронидагианд, ки ҳатто дар қабристон ҳам худашонро аз мардуми одӣ ҷудо кардаанд. Агар мумиёӣ мекарданд мурдаҳои семейкаро дигар комилан чуноне зиндаҳояшон аз зиндаҳои Тоҷику тоҷикистонӣ фарқ мекунад мурдаҳояшон ҳам фарқкунанда мебуд. Агар Шералӣ Кабир ин пешниҳодро ҳам мекард ба Ҳасан ҳам пул кор мекард дар шакли мумиёи кардани мурдаҳои семейка ва ҳам чанд ҷойи корӣ ҳам дуруст мешуд. Аммо мутахассисони онро бояд аз Миср даъват кунанд.
Исмати дулик Ҳасани ишкамбаро фурӯхт мефурӯшад
Исмати дулик, агарчи бо ин хонавода қаробати хуниву генӣ надорад аммо тақрибан узви ин хонавода шуда буд. Аз ин ҷиҳат аст ки ҳатто дар ВИП-қабристони Ҳасани ишкамбаи бародари Азизмои газетхонаки тағаи Рустами гунгак-Рустами Эмомалӣ барояш масоҳат ҷудо карда буданд. Аммо, ҳоло, ки Исмати дулик дар оташи ҷаҳаннамии камераи СИЗО азоби сагро мекашад, ба фурӯшфурӯши Ҳасани ишкамба сар кардааст.
Аз рӯи баъзе маълумотҳо Исмати Дулик дар камера ба кадом ҳамкамерааш рози дил карда гуфтааст: «ма умуман фикр намекадм, ки мара ҳами хел мекнан. Хай аэропорт даркор буд мегуфтан, мерафтм. Ҳами ма бдм Ҳасан зангум зад, тез бачаҳора грезон гуфт, ма роишон кадм.
Мақсад аз бачаҳо Дилшоди красавчик, роҳбари гурӯҳи қотилони Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан дар Ориёнбонк. Чи тавре, ки Исмат гуфтааст, Ҳасан ба ӯ занг задаасту саросемавор гуфтааст, ки тез ҳаму фалониочаҳора гзарон, ки хит кадан чизера. Исмат ба Меликов занг зада гуфтааст, ки мара пом дард дора тез бра Дилшода гузарону мада доклад кун, ма тез Раисда расонм. Рақамҳои Дилшоди красавчика Ҳасан ба Исмати Дулика роӣ мекнад. Исмати Дулик бошад ба Аҳлиддин Меликова. Меликов занг зада Дилшодро мегуяд, ки рост ба депутатский биё. Аҳлиддин Меликов мегуяд, ки то омаданат тез ба вотсапи ман билетҳоятро бо паспортҳоят парто:- ма бугум ҷоҳотона гиран вақт нарава».
Ва бо ҳамн тарз гуселашон мекунанд ва ба Исмати Дулик занг зада мегуяд, ки тамом париданд. Исмати Дулик ба Ҳасани ишкамба занг зада доклад мекунад, ки раис тамом париданд. Ҳасан Исмати Дуликро мепурсад, ки худат дидӣ ба чашмонат? Исмати Дулик мегуяд, ки раис, бахшиш, мазаам набуд Аҳлиддин Меликов бо бачаам Навруз гуселашон карданд. Ҳасан аз шунавидани ин гап кришааш мепараду ҳақоратро сар мекунад: «Дашномҳои қабеҳ мекунад Дулика ва мегуяд,ки ту бояд худут мерафтӣ, на инки коме дигара фармон тии».
Баъди чанде, ки тафтишот номҳо ва шахсиятҳоро муайян кард, Ҳасан Исмати Дуликро гуфт, ки тез ягон коргаронатро аз кор пеш кун ва овоза андоз, ки онҳо нофаҳмида гузаронданд. Ҳамин хел ҳам шуд.
Исмати Дулик гуфтааст, ки барои чи Аҳлиддин Меликов нест дар бари ман. Меликов ҳам дар ҳама кор қуш аст. Исмати Дулик гуфтаст, ки «ма 85000 доллар Музаффар Юсуфира додам. Чунки Музаффар Юсуфира барои вазифа гирифтанш сумуш нарасид, ма додмша. Ишам паат як мошенник будай. Мара гуфт, ки Исматулло бхур … бгард. Касе таги тра кофт мара сразу шогирдом ай КДАМ хабар метан, мегумта.
Аммо вақте ягон движения мешуд дарав Музаффар Юсуфӣ сару калааш пайдо мешуду «ҳақи марам бте» мегуфт. Ина ҳози ку 100 долларда дачка куна. Ай ҳисоби аэропорт Музаффар Юсуфӣ чанд хона харид. Бо гуфтеста буд, ки вазифаи муовини якуми Прокурори Генералира маслиҳат кардай, таинш мекнан. Ма 200.000 доллар гуфтам ёрдам мекнмша. Бачаш Юсуф ҳар ҳафта меомад бе проблема Айфонои контрабандара ай рейсои Дубай мегирифт мерафт, як кас корш надошт.
Кароматуллои бачаи Исмати Дулик гуфтааст, ки «агар отаи мара ҷавоб натан, ма гапу корҳои бисёреро медонм, отам мара гуфта буд, рост Муҳаммадиқболда роӣ мекнм, бгашон. Чи иё метонистиян гапои мора Муҳаммадиқболда роӣ када, мо наметонем чи?»
Бо ҳамроҳи Исматуи дулик муовини вай Меликов ҳам шиштааст. Аҳлиддин Меликов бо мақомоти тафтишоти сахт ҳамкорӣ дорад ва тамоми схемаҳо ва шури муриҳои аэропортро гуфтааст. Аҳлиддин Меликов мехоҳад ҷони худро харад. Аммо чуноне ба Ислоҳ маълумот расид Меликов Аҳлиддин ҳам чанд хонаашро ба фурӯш мондааст ва мисле кору бораш хуб нест.
Ҳасан чанде аз корхонаву ширкатҳои Исмати Дуликро ба номи додари Шералӣ Кабир, вазири саноат ва аз наздикони Ҳасан аст ва Маҳмадамин Маҳмадаминов, собиқ вазири меҳнат, ки ӯ низ дар командаи Ҳасан аст, кардааст. Маҳмадамин Маҳмадаминов Сафаралӣ Наҷмиддинов, Ҳаким Солиев ва дигар собиқадорони сиёсату молия, ҳама дар командаи Ҳасананд.
Нафаре, ки гуфт Аҳлиддин Меликов бо тафтишот ҳамкорӣ дорад қайд кард, ки бояд Меликовро ҳам маҳкам кунанд. Ин ҳаром қири духтарҳои ҷавонро дод. Зани дуюм ё сеюми Меликов, дар ру ба руи 84-ум микрорайон дар лаби канал, дар доми баландошёна зиндагӣ мекунад. Ин зан ба қочоқи инсон машғул аст ва зиёд духтаронро ба Туркия ва Дубай бурда фурӯхтааст. Бигзор мақомот тафтиш кунанд.
Исломи бачаи Нуриддин, раиси Тоҷикстандарт русиро намедонад
Аз Хуҷанд як хонум меояд Душанбе. Ҳамроҳ бо як ду одам мераванд, назди Исломи Нуриддини тракторист, ки он вақт раиси Кумитаи антимонополия буд. Он зан мебинад, хуб симпатични пушидагӣ, ҳамроҳаш ба русӣ гап мезанад, тақрибан як соат гап мезанд. «Ислом гуш кардестай гуш кардестай. Ислом мегардад суни ин бачаву мепурсад « и чи гуфтестай? Дар ҳоле, ки як соат гушуш кардаст. Мепурсад и чи гуфтестай? Мега, ки э ту русира намедонӣ?. Мега не, ман урусира намедонам. Баъд у занака мефаҳмонад, ки и урусира намедонад. Бо и занак у гапое, ки як соат гуфта буд ба тоҷикӣ аз сари нав гап мезанад».
Дилшод Ҷураев чи тавр писари шоир Доро Наҷотро шикаст дод?
Ҷураев Дилшод Музаффарович, витсе-президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мудири муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон»— «Муассисаи давлатии ташаккул ва соҳибкории Тоҷикистон», муассис ва аъзои Шурои мудирони ширкати 55 GROUP аст ва аз наздиктарин одамони круги Рустам мебошад.
Дар барномаи пешинаи «Семейканюс» роҷеъ ба он гуфта будем, ки Тахминаи клеопатра ба тиҷоратҳои бародарон Ҷураевҳо чашм ало кардааст.
Дилшод Ҷураев гуфтааст агар Тахмина группаи 55 –ро гирад ақл ва фаҳмаш барои пеш бурдани кор намерасад: «Мо кайҳо сумомона бровардем. Ина Тахмина мегира баъд чи кор мекна? Зарифбека меташ? О, и Зарифбек умуман савод надорад. Ҳаму ба ном охраннаҳои Зарифбеку Тахмина дар залҳои мо машқ мекнан. Ма ҳамаша хуб медонм. Бисёриҳоша грет мекнӣ любой гапа миёран мерасонан. И даври Тахминаву пахмина то бдани оташонай. Рустам,ки омад, иё ҳамаш пашел на … мешан. Рустамда сум даркор. Рустам фақат мегира, намета. Рустамда даркор нест одамое, ки ай болош мепаран. У апашай, тағоишай, язнашай кадоме боша. Ма дар 55 групп бухгалтерияи чёрный дорм, ки тамоми маблағҳои асосӣ тоб мехрану касе онҳоро намедонад».
Дилшод Ҷураев он гуна ки огоҳем тиҷоратро бо ташкили қиморхонаҳои Формула 55 сар кардааст. Ва аз ҳисоби ғорати мардум ба воситаи қиморхонаҳояш ба дигар тиҷоратҳо пайваст. Мардуми содда аз тамошои бозии лотереяҳои дигар давлатҳо, бовар доштанд, ки онҳо низ бурдҳо мекунанд ва соҳиби чизе мешаванд. Аммо Дилшод системаҳои компьютерии букмекериҳояшро пурра тағйир дода буд, ки ягон нафар маблағҳои калонро набурад. Мисол дар дигар давлатҳо агар 50 ба 50 ё инки 60 ба 40 бошад (яъне аппарат ё компьютере, ки бозӣ мекунад, агар 100 сомонӣ хурд, 60 сомониашро мегираду 40 сомониашро медиҳад), яъне ҳатман бурде мешавад. Дилшод хуб мардумро ғорат карду маблағҳои калонро ҷамъ карду бо Рустам часпонд. Дар баробари Формула 55 боз букмекерский- контораҳои РАХШ пайдо шуд, ки тааллуқ бар Парвиз Наҷот, писари шоир Доро Наҷот дошт. Мардум дар Формула 55 бой медоданду дар Рахш бурд мекарданд. Оҳиста- оҳиста нуфузи Рахш болотар рафт. Дар баробари ин боз Парвиз Наҷот бозии Лотои Бингоро, ки Инвест Лото буд, кушоду мардумро ба он ҷалб намуд. Илова бар ин игровой автоматҳои зиёдро дар миқёси ҷумҳурӣ кушод, ки бизнес аз руи миллион рафт. Албатта Парвиз доля медод ба ҳама. Аз ин Дилшод Ҷураев дар хавотир гашту роҳҳои аз байн бурдани конкурентро ҷуст. Дилшод бо ҳар роҳ бо домоди Парвиз Наҷот, ки номаш Сиёвуш буду назорати қиморхонаҳои Рахшро бар уҳда дошт, робита пайдо карда камбудиҳоро ҷамъ кард. Албатта, ҳамаи қиморхонаҳо ва ин гуна бозиҳо ҳароми ҳароманд ва ҳамааш сар то по фиребу найранг мебошанд. Чи тавре яке аз наздикони Дилшод Ҷураев, ки Ҳикмат ном дорад ва ҳамкурси Дилшод Ҷураев асту нафари наздики уст, гуфт Дилшод Ҷураев аз Сиёвуши домоди Парвиз Наҷот фаҳмид, ки ба наздикӣ (яъне ҳамон вақт) бояд бозии лотереяҳои калон гузаронанд. Хуб, он вақт ҳам омад, маблағҳои калони призовой ҷамъ шуда буд, ки қариб 13 миллион долларро ташкил кард. Дилшод Ҷураев, ки бисёр маккор аст, бо як тир чанд фохтакро зад. Ба Шорух маълумот дод, ки суми бениҳоят калон ҷамъ шудааст ва бояд розыгрыш шаванд. Схемаҳои бозиҳоро аз Сиёвуш гирифтаасту ба Шорух медиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар рӯзҳои розыгрыш мақомот дастгир карданд ва маблағҳои калонро бардоштанд аммо дар телевизион гуфтанд, ки дар умум як миллион доллар ёфт шуд, вале мондагиашро алик малик карданд чи хеле пулҳои Ҷамшед Сиёевро дар муҳрабизнес худи мақомот ғорат карда буданд дақиқан ҳамон хел карданд.
Чи тавре гуфтем Дилшод Ҷураев бо як тир чанд фохтак зад. Конкурентро бо дасти Шорух шикаст. Шорух сумҳоро бардошту бо боло довольный ва ба дигарҳо дарс шуд, ки дигар дар ин соҳаи қимор назар накунанд.
Парвиз Наҷот ба ҷои худ бародараш Фаромарзро гузошт, ки гуноҳро ба гардан гираду зиндон шавад.
Тамоми тиҷорати Дилшод Ҷураев бо роҳҳои ҳарому номардӣ ба даст омадааст. Ҳозир Дилшод Ҷураев зиёд дар сафарҳои хориҷӣ қарор дорад ва худро ба дигарон хуб муаррифӣ дорад. Яъне бо русҳо, аврупоиҳо ва дигарон. Мақсад, ки онҳо метавонанд ба Дилшод Ҷураев ставка кунанд дар оянда ва ӯро дар интихоботҳои болоӣ дастгирӣ кунанд.
Дилшод дар атрофи худ нафарони шинохтаро ҷамъ кардааст, ки ҷавонҳо ба онҳо сахт эъкиқод доранд ва бо гапи онҳо мекунанд. Варзишгарони номӣ, соҳибкорони ҷавон, блогерон, санъаткорон ва умуман ҳамаи онҳоеро, ки мухлисҳои зиёд доранд. Дилшод аз фондҳояш ба ҳар яки онхо маблағҳо медиҳад. Диққат кунед, на аз номи Рустам, аз номи худаш медихад. Дар Дилшод бисёриҳо ояндаро мебинанд. Дилшод зиёд анализ мекунад ва аналитикҳои зиёд дар атрофаш дорад. Дар назари Рустам гуё ин корҳо ба манфиати Рустам аст ва Дилшод ин корҳоро барои вай анҷом медиҳад, аммо дар асл чунин нест. Дилшод уязвимый точкаҳои Рустамро зиёд муайян кардагӣ аст, ки дар оянда хуб истифода мебарад ҳамаи онҳоро бар зиди Рустам.
Соли гузашта Дилшоди Ҷураев аз 10 миллион доллар зиёд баровард аз Тоҷикистон. Ин фақат соли гузашта. Дилшод зиёд сафарҳо мекунад ва аз номи ҳукумати Тоҷикистон гап мезанад ва кафолатҳо медиҳад ба инвесторон.
Дилшод мехоҳад нишон диҳад, ки ӯ дар круги Рустам аз ҳама деловойҳо деловойтар аст. Дилшод ба Рустам конкретно маълумотҳои нодуруст медиҳад. Хусусан оиди масъалаҳои молиявӣ. Дилшод дар хориҷи кишвар нафарони бовариноки худро ҷо ба ҷо кардаасту онҳо дар паи пайдо намудани контактҳо бо бизнес, ҳукуматҳо ва нафарони машҳуранд.
Дилшод ҳамаи схемаҳои обналичка ва дигар алик -маликҳояшро через Хушбахти бачаи аммааш мекунад. Хушбахт таъриф карда буд,ки ҳар моҳ доляи Босс, яъне Исмоили Пингвинро дар ҳаҷми 30.000 доллари «ма худум мебарм метм да қафои аптекаи1.Онаша … тез ҳаму руз шава,ки и Президент мора иёш пошёл на три букви мешан ҳамаш. Ма худум Исмоила корша мекнум гуфтааст Хушбахт.
Даврон Ҷураев вақт дар Дубай дар тамошои мусобиқаи муҳорибаҳои омехта қарор дошт ба Ҳикмати ҳамкурси Дилшод ва яке аз нафарони боваринокашон гуфтааст, ки дилам ба додарам месузад: «Хунша Шорух макиду макидестай.15 сол мешавад, ки додари ма кошелёкай, бас будагист ғулом будан дигар. Ту чи фикр мекунӣ Дилшод футболист аст? Не, просто муовин мондааст, ки Дилшод расход кунад. Мода на черт даркор нест футболш. Як Бизнесинкубаторро кушод бечораи додарам, ки бо Авесто групп омад ними зданияашро гирифт. Иқа сол куҷода буд Авесто групп? Иқа сол мо хизмат кадем ба назар нагирифт».
Ҳозир Дилшод талош дорад кору гап, он ҳақиқату воқеиятҳои ифшошуда дар барномаҳои пешинаи Семейканюсро афсона ва дурӯғ ҷилва диҳад. Дилшод дар круги Рустама оҳиста-оҳиста трещина дода истодааст. Аз рӯзи якуме, ки Дилшод корро сар кард ва бо Шорух часпонд, фақат конкурент дур карду кидат намуд. Сад дар сад бачаи Доро Наҷотро ҳамин кард. Маҳз барномаҳои Семейка ва дигар барномаҳои Ислоҳ сабаб гашт, ки гапҳо аз круги Дилшод Ҷураев баромада истодааст.
Дилшод Чураев дар ру ба руи Кохи Малика дар Варзоб як дача дорад ва ҳар гоҳ ки настроениҳояш гурезад онҷо мераваду соатҳои дароз дар фикру хаёл мешинад,ки чи кор кунад.
Шамсулло домоди Ҷаноби Олӣ
Як дӯсти бисёр шӯх ва зарофатгӯ дорам, ки гоҳ-гоҳе занг мезанад ва латифаву нақлҳои ҷолибе мекунад. Вай ҳам дар берун тиҷорат дораду дар дохил ҳам. Гуфт ба умеди муборизаҳои шумо шуда аз як нақшаи бисёр калонам маҳрум шудам. Гуфтам он чи нақша буд, ки сабаби иҷро нагардиданаш мо шудем. Гуфт ман қариб бо домодӣ наздик шуда будам, аммо гуфтам яке шумо меоеду пулҳои маро ҳам дар қатори домодҳо конфискават мекунед, аз баҳраш гузаштам. Ду кас хуб хандидем. Гуфт: «домоди Ҷаноб шавӣ дигар пул море мешавад. Намебинӣ, ки домодҳои Ҷаноб ҳозир пулдортаринҳои Тоҷикистонанд. Дасти дуввуму сеюмаш ҳам мебуд, гапе надошт. Насиб накарда будааст».
Дар бораи яке аз домодҳои Ҷаноб Шамсулло Соҳибов борҳо навишта будем. На фақат мо бисёриҳо ҳам навиштаанд. Шамсулло мудири ширкати «Фароз» ва шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст. Ширкати «Фароз»-ро бемалол метавонем дубли ҳукумати Тоҷикистон гӯем. Агар тамоми масъулияти салоҳияти мақомоти ҳукуматиро нагирифта бошад ҳам, аммо аксарияти онро гирифт. Як мисоли оддӣ. Бе иҷозати имзои «Фароз» ягон мошин, на майда на калон вориди Тоҷикистон намешавад. Аввал масъули «Фароз» имзо мегузорад, сипас гумрук документ мекунад. Ин ба молу маҳсулоти ворид ва содиршаванда аз қаламрави кишвар ҳам дахл дорад. Ва ё инки то аз ташхиси лабораторияҳои «Фароз» санад нагиред ҳиҷ як беморхона ва табиб ҳақ надорад, ки шуморо муоина кунад. Вақте Раҳмонов шарикони рушд мегӯяд, пеш аз ҳама ҳамин «Фароз»-ро дар назар дорад. Шамсуллову «Фароз»-и вай шарикони рушд ҳам дар Оила ва ҳам дар ҳукуматанд. Ана барои ҳамин ин рафиқи бизнесмени ман шабҳо хоб мебинад, ки яке аз домодҳои сершумори расмиву ғайрирасмии Ҷаноб шудааст. Мегӯяд, ки ягон мансабу тиҷорат ин қадар пурдаромад нест, ки домоди Ҷаноб бошӣ. Домоди Ҷаноб бошӣ….эҳҳеее, ана бху бгардра тамошо ку дига….
Рости гап мо намедонем, ки кадоме аз домодҳои Ҷаноб серсумтаранд, аммо Шамсулло, ҳеҷ набошад дар сегонаи аввали он қарор дорад. Шояд дар ҷойи аввал бошад. Вале ҳиҷ набошад дар ҷойи дуввум ё севвум аст. Чунки Зоири мундуқ, домоди калони Ҷаноб ҳам «хеле» аст.
Як санаде ҳаст бо номи «дозвол», ки барои убури мурури комюнҳои борбар дар сарҳадот пурсида мешавад. Шамсулло, ки чанд сол мешавад ангишти тамоми мамлакат ва махсусан водии Зарафшон: Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакентро ба Самарқанди Узбакистон содир мекунад, онро бардошт ва ҳоло, чуноне хабарҳо мерасад, ҳамарӯза садҳо танару дулану дигару дигар мошинҳои 40 тоннаӣ ангиштро мекашонанд, ангишти Шамсуллоро.
Ҳеҷ яке аз домодҳои Ҷаноб: Зоири Мундуқ.Ҷамолиддин Нуралиев, Зарифбек, Шамсулло, Ашраф, Рамз ва Сафар одамони парастой нестанд. Ҳар кадоме, ба истиснои Сафари шавҳари Фарзона, духтари кенҷагии Раҳмонов, писари Юсуф Раҳмон соҳиби бонку бизнесҳои миллиониву миллиардианд. Сафар ҳар чизе дошта бошад ҳам ҳанӯз ифшо ва рӯшод нашудааст. Аммо аз они Шамсуллоро даҳҳову садҳо бор навиштанд. Ба ҳадде навиштанд, ки як вақт ночор шуд эълон кунад, ки дигар ширкате бо номи «Фароз» вуҷуд надорад, аз байн бурда шуд. Аммо маълум гардид, ки дурӯғ аст ва «Фароз» ғӯл ва аждаҳои тиҷоратӣ ҳамоно фуру бурдаву балъида истодааст. Инҷо наметавонем дар бораи усулу шеваҳои балъидани «Фароз» экономика ва давлати Тоҷикистонро бештар гӯем, танҳо феҳристи корхонаҷоташро пешкашатон мекунем, ки дар сарчашмаҳои боз қабл аз мо ҳам чандин бор навишта буданд.
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ АВТОМОБИЛӢ БА НОМИ А.ТУРСУНОВ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАКТАБИ РОНАНДАТАЁРКУНИИ АВТОСАНТАЛ-КӮЛОБ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ » ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ СУҒД»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ САВДОИ КУШОНИЁН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ » ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ ХАТЛОН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «КОМБИНАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИК»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «БОЗОРИ ВАҲДАТ»
- ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «КОММЕРТСБОНКИ ТОҶИКИСТОН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ГАНҶ-НАШРИЁТ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ, ВАСЛКУНИИ ТАҶҲИЗОТҲОИ ГАЗӢ ВА МУОИНАИ ЗАРФИ ГАЗ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «САЙЁҲ АСРИ 21»
- КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ «ЧАШМАИ НУҚРА»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «САФЕД-ДАРА»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «АВТО ЛОТО»
- ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ «ТОҶИК ВНЕШТРАНС»
- ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ХИЗМАТГУЗОР»
- ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ «ФАРОЗ АЙТИ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МУОИНАИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБИЛИИ ПОЙТАХТ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «НАЗОРАТИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБОЛИИ МАРКАЗ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ТОҶИКНАҚЛИЁТ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ САВДОИ ИСТИҚЛОЛ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МУОИНАИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБИЛИИ ДУШАНБЕ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ » ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ КӮЛОБ»
- ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ФАРОЗ КОНЧ СЕМЕНТ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «НАЗОРАТИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБИЛИИ ХАТЛОН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «БЕҲДОШТӢ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «КОРХОНАИ ХИШТИ ДУШАНБЕ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ МУОИНАИ ТИББИИ РОНАНДАГОН-СУҒД»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ ВАРЗИШИЮ САЛОМАТИИ ҲАЁТ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ТАШКИЛОТИ СУҒУРТАВИИ «СУҒУРТАИ АВВАЛИНИ МИЛЛӢ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ЭКСПЕРТИЗАИ БЕХАТАРӢ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ ТАЪМИРИ НАҚЛИЁТ ВА ВАСЛИ ТАҶҲИЗОТИ ГАЗӢ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ФАРОЗ ПАРДОХТ»
- АССОСИАТСИЯИ «ВОРИДКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ НАФТӢ ВА ГАЗИ МОЕЪ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «НАЗОРАТИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБИЛИИ СУҒД»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ » ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ АВТОМОБИЛИИ ИСТАРАВШАН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ МУОИНАИ ТИББИИ РОНАНДАГОН-ХАТЛОН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ МУОИНАИ ТИББИИ РОНАНДАГОН»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ » ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ МАРКАЗ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ГАНҶ»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ГАНҶИНА»
- ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «АВТО ТАШХИС ИСТАРАВШАН»
Инро бояд мутазаккир бишавем, ки ин феҳрист чанд соли пеш мунташир шудааст. Солҳое, ки ҳанӯз Рухшонаи зани Шамсулло, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир таъин нашуда буд. Ҳоло чанд сол аст ки Шамсулло бештари вақти худро дар Лондон мегузаронад ва гуфтанд, ки онҷо ҳам тиҷоратҳои худро ба роҳ андохтааст.
Аммо мо беҳуда нагуфтем, ки ширкати «Фароз»-и Шамсулло дубли ҳукумати Тоҷикистон аст. Шумо як бори дигар ба ин феҳрист мутаваҷҷеҳ бишавед, ки масалан чи миқдор масоҳату миқёси кишварро фаро гирифтааст. Дар тамоми навоҳии кишвар «Фароз» ва ширкатҳои вай амал мекунад. Ва ҳатто ихтиёротеро, ки «Фароз»-ин шарики рушд гирифтааст, ки вазорати давлат надорад. Барои мисол ҷамъовари ва фурӯши шираи камол, ки солҳо дар ихтиёри вазорати тандурустӣ буд фақат «Фароз» соҳиб шудааст ва солона аз ин ҳисоб ҳудуди 50 миллион доллар даромади соф дорад.
Так что, ин дӯсти шӯхтабъи зарофатгӯи ман беҳуда ҳасрати курсӣ ва мақоми домодии Ҷаноби олиро намехурад. Домоди Ҷаноби олӣ, ки шудӣ, ҳадди ақал, масалан мисли Шаҳбоз Раҷабзода ҳам, ки бошӣ, яъне домоди баҷоӣ ё мавсимӣ (манзур дар вақти дар дастрас қарор надоштани домоди асосӣ) кордатро аз равған ҷудо карда наметавонӣ.
Хонанда ва бинандаи азизи Ислоҳ! Бинависед, ки дар бораи кадом домоди Ҷаноб мехоҳед бихонед, то дар шумораҳои баъдии маҷаллаамон пайгириаш кунем. Худи шумо ҳам ҳарчи маълумоте дар бораи ин ОИЛА доред, нависед ва бифиристед.