Хитоби идона ба Эмомалӣ Раҳмонов!

Ислоҳ нет

ба муносибати анҷоми моҳи мубораки Рамазон ва фарорасии Иди саиди фитр

Ҳамватанони азиз! Ҳулули иди саиди Фитрро ба якояки шумо табрик мекунам. Ба рағми ҳама таҳдиду фишору монеаву муқобала ва ҷангу ҷидоли Раҳмонов, ин диктатори тоғут ва беимон ҷиҳати иҷро ва анҷоми фароизи динӣ, шумо тавонистед рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, яке аз панҷ рукни бинои мусалмониро баҷо оваред. Ман огоҳам, ки шумо ин моҳи барои мо-мусалмонон шариф ва муборакро, моҳи нузули уммулкитобро, моҳи хос бароямонро имсол ва ин бор бо чи азобу машаққат, бидуни дастрасӣ ба рушанӣ ва гармӣ, балки баракс таҳти назару назорату дахолати шадиди ходимони амният ва милисаи ин душмани қасамхурдаи дину оин тай карда ва бо камоли шикебоӣ ва ихлос  рисолати бандагии худ дар назди Аллоҳ ҷала ҷалолаҳу  баҷо овардед.

 Дар воқеъ имсол дар тамоми мавҷудияти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои аввалин бор буд, ки мардуми мусалмони тоҷик дар масҷидҳо зери шамъу рушании телефонҳои дастӣ намози таровеҳро адо карданд.

  Ба ҳадде касифу касофату ноҷавонмарду номусалмон ва аз ислому Худову расулаш дур асту фосила дорад ва мутанаффир аст, ки ҳатто дар шаби лайлатулқадр ҳам светро ба мардум надод. Вале дар шаби Навруз, ки худашу занашу бачаашу келину духтарҳояшро дар минбар шинонд ва дар саҳна душизагону навбовагони мусалмонзодаи рӯзадорро атласу чакани аблақ азрақ пушонида, зинои чашм карда бирақсонд, свет дод. Дар рӯзи қироати Паёмаш ҳам свет дод.

Худи ҳамин ҳолатҳо аз муносибати пур аз танаффуру пур аз душмании вай бо ислому мусалмонон шаҳодат медиҳад.

Дар дари масоҷид ходимони пулису амният қаравулӣ карда нагузоштанд, ки ҷавонҳо ва наврасҳои то синни 18 дар ҷамъи намозгузорон, бародарону падарону амаку тағоҳояшон бипайвандад. Ҳатто дар ҳамин моҳи муборак чандин нафар аз падару бародарҳоро бурданду барои риоят накардани қонун ҷарима карданд.

Мо, қаблан ҳам борҳо гуфта будем ва инҷо боз такрор мекунем, ки талошҳои Раҳмонов барои аз миён бардоштани ислом дар Тоҷикистон самар нахоҳад дод. Ин мардуми мусалмонро шуравӣ бо тамоми қудраташ натавонист аз динашон берун кунад, ҳоло ту бо СС.Ятимови атеисти зиддиислому зиддихудоят чизе карда наметавонед.

Имсол акнун боз маросими ид ва одоти онро мамнуъ кард. Барои идгардак ҷарима муқаррар кард. Ҳар сол як намуд маҳдудият ва монеа барои мусалмонон эҷод карда истодааст. Аммо ҳеҷ не ки кораш пеш биравад ва ба чизе, ки мехоҳад ноил бишавад.
Дар тамоми ҷаҳон тоҷикҳоро террорист эълон кард. Феҳристи тоҷикҳои террористу экстремист, ки дар дасти Интерпол ҳаст бамаротиб бештар аз ҳар давлати дигари дунё аст. Натиҷаи муносибати хасмонаи Раҳмонов бо мусалмонони тоҷик аст, ки онҳо дигар дар дунё террорист муаррифӣ шуданд. Террористӣ исломӣ.

Албатта, чунин муаррифӣ кардани тоҷикҳо бар мефиати Раҳмонов ва ҳукумати оилавии вай аст. Аммо ин манфиати лаҳзаӣ ва кутоҳмуддат аст. Дар дарозмуддат ин бар зарари муиллат ва ояндаи он тамом мешавад ва бар зарари давлати тоҷикон. Вале ин масъала мавзуи имрӯзаи мо нест.
Мо аз он мегуем, ки чаро Раҳмонов ҳадди ақал дар ин моҳи барои мусалмонҳо муборак маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолиро кам накард, балки шадидтар кард? Масҷидҳо, бебарқ таровеҳ баргузор мекарданд. Масалан ин ҳолати вазнин дар Узбакистон, дар Қирғизистону Қазоқистон ва дар Туркманистон неву дар Тоҷикистон иттифоқ афтод. Чаро?

Чунки сиёсати исломситезона ва динҳаросии Раҳмонов боис гардид, ки Аллоҳи тавоно наказаташ кунад. Раҳмонов ягон бор сар ба саҷда нагузоштааст, ягон бор такбир нагуфтааст, ягон бор на ба рукуъ ва на ба қаъдаи воқеъиву холисанлиллоҳ  шиштааст, самиъаллоҳу лиманҳамида нагуфтааст, раббано ва лакал ҳамд нагуфтааст, шукри Аллоҳ, шукри неъматҳои Аллоҳи содиқона накардааст.  Вақте ман мегуям накардааст шумо дуруст фаҳмед ончи мегуям ? Яъне Такбири таҳримаро бо Аллоҳу акбар гуфтан намоз гузор ба намоз ворид мешавад, бояд ин амалаш холис бошаду дар назди зоте қарор доштанашро бо ҳузури қалб эҳсос намояд. Оё шахсе Аллоҳашро ибодат мекунад метавонад бар зидди Ӯ ҳама душманиро анҷом диҳад? Ҳаргиз на!

Аммо Эмомалӣ Раҳмонов чӣ ? Ба ин савол дигар ҷавобе лозим надоред. Чун 10 млн шаҳрванди кишвар аз аъмолу кирдори мақомоташ шаҳодат медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмонов  тамоми қудрат ва қуввати ҳукуматро ба он равона карда истодааст, ки мардуми мусалмони тоҷикро аз ислом дур созад, бехудову бедин созад, барои мисол то 18 сола манъ кардани омузиши динӣ, барои мисол, маҳдуд кардани маҳалли адои намоз, барои мисол манъи пушидани сатру ҳиҷоб, барои мисол манъи риш, хулоса ин ҳама мамнуъяитҳо, боиси итобу қаҳри Худо намешавад?

Агар як кудак то ҳаждаҳсолагӣ таълимоти динӣ нагирад, баъди ҳаждаҳ чиро ёд мегирад? Ҳоло ҳамин кудакҳо дар куҷо бояд таълими исломӣ бигиранд, агарки дар назди падару модарҳо ва дар назди муллоҳо нагиранд, дар назди занҳои огоҳ нагиранд, дар куҷо бигиранд?

Савол инҷо аст ки чаро Раҳмонов бо ислом мушкил дорад? Агар Раҳмонов бо ислом мушкил дорад, бояд халқи мусалмони тоҷик чи кор кунад? Барои Раҳмонов шуда як халқ, як миллат аз ислом хориҷ шавад? Бовар кунед, ки Раҳмонов ҳаминро мехоҳад, ки мардум дигар аслан дар бораи дини худ наандешад, нахонад, надонад, фақат гуфти Раҳмоновро кунад, ду сол захира кунад. Аммо хуб биравем тарафи Раҳмонову дину оинамонро канор гузоштему сар кардем ба захира кардан. Дар куҷо захира кунем? Свет нест. Яхдонҳоямон бу гирифт. Корхонаи тавлиди ҳасиб, мағозаҳо, дуконҳои фуруши гушт, ресторанҳо, маслан қаймоқу сметанаву ширу творогу панир…ҳамааш харобу вайрон шуда истодааст. Билфарз ҳоло 300.ҳазор  буна дар Тоҷикистон ҳаст. 300 ҳазор яхдон дорад. Агар се килои гушт дошт чи шуд? Агар се килои руғани маска дошт чи шуд? Ва акнун ҳамин ҳолатро боз ба мағозаву ресторану ошхонаву дигару дигараш тақосу татабуқ кунед? Чи ба даст меояд? Захираи дусола? Инҷо миллионҳо миллионҳо ба хонаводаҳо зарар расида истодааст. Аммо Раҳмонов қувваи барқро ба Толибон фурухта истодааст.

Манзили ҳоҷӣ Раҳматулло, манзили ҳоҷӣ Амонулло, манзили ҳоҷӣ Амирулло, фермаи гови “Мармарӣ”-и Рустам, свет дорад аммо масҷидҳо надоштанду надоранд. Раҳмонов ҳамин ҳоло ҳам дар вуҷуди ҳар як имомхатибу ҳар як намозгузор  ҲНИТ, Кабирӣ ва Муҳаммадиқболиро мебинад. Ҳатто боғчаву яслӣ, таваллудхонаҳо, мактабҳо свет надорад. Ин чи рузи сиёҳ аст. Вай боз изо накашида шарм накарда мегуяд, ки ҷаҳон дар фикри кайҳон аст, олимҳо фалону фалон корҳоро карда истоданд, аммо тоҷик дар фикри уболу савоб аст. Охир ин гапро кадом мусулмон мегуяд? Вуболу савоб ба рушди илму техника чи мушкил эҷод кардааст, чи монеа овардааст? Намегуяд, ки свет нест, илму техника аз куҷо мешавад, мактаб свет надорад, талаба дар кадом шароит таълим мегирад? Ман мутмаинам, ки ҳоло агар равиву талабаҳои синфи 10-ро бипурсӣ, ки пробирка чист, колба чист, аксарияти мутлақ намедонад. Як хонандаи медалист дар омузишгоҳи тиббии Кулоб ҳатто ному насабашро навишта натавонистааст. Аммо ба омузишгоҳ бо медали тилло омадааст. Ана ин аст маорифи Раҳмонов. Пас причем вуболу савоб?

Дар Тоҷикистон мардум мусалмон аст ба ҷуз як нафар, ки мутаассифона ин як нафар раиси онҳо аст.

 Ислом бо давлат, бо миллат, бо мардум ва давлат бо ислом ва ислом бо мардум ва ислом бо миллат проблема надоранд, аммо ин Раҳмонов ва ҳукумати вай аст ки бо ислом проблема дорад. Ин худи Раҳмонов аст ки бо ислом проблема дорад.

Саволи асосӣ ин аст ки чаро Раҳмонов   ошкоро эълон намекунад, ки ман давлати ғайрисломӣ сохтаниам ва шумо мусулмонҳо бояд аз динатон комилан даст бикашед. Ва ончики ман мегуям ҳамонро иҷро кунед.

Бинобар хабарҳое, ки ба мо мерасад имсол дар қиёс бо солҳои гузашта назорату дахолат дар умури масҷид, махсусан дар моҳи мубораки рамазон сангинтару шадидтар шудааст

 Дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ ва ҳатто панҷвақта ходимони амниятӣ ҳамеша ҳозиру нозир ва дар дастҳо дастгоҳҳои аккосӣ ва наворбардорӣ намозхонҳоро аксу навор гирифтанд. Мардум дар намозхонӣ аммо онҳо чиқ-чиқ суратгириву наворбардорӣ. Охир ин чи бедодӣ ва инчи беэҳтиромӣ ба дину оини ин мардум аст. Ҳамаи имомхатибҳои масоҷидро аз элаки  СС.Ятимов гузаронида баъд таъин кардаед, боз аз чӣ меҳаросед?

Бори дигар таъйиди худро ёфт ва айнуляқин шуд, ки Раҳмонов бо дини ин мардум мушкил дорад ва аз дини мардум эҳсоси хавфу хатар мекунад.

Шояд бад-ин минвол идома биёбад як ё ду соли дигар умуман намоз ва масҷидро мамнуъ мекунад.

 Як мисқол як киловат ҳам барои Толибон кам накард. Барои қирғизҳо кам накард. Бародар аз Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ки барқи Қайроқум аз болои боми ман мегузарад, ба қирғизҳо меравад, исфарагӣ мегуяд, ки бо приноска мешавад аз ҳамсояи қирғизам свет гирам, аммо  робита тира шуд. Ин мушкил тамоми ин ҳама муддати ҳукумати Раҳмонов идома дорад. Чаро ҳал намекунад?

Мушкил ҳамин аст аммо мушкили Раҳмонов ислом аст. То 18 сола гирифтани таълими исломӣ чаро манъ аст? Ин гуна мамнуъият дар бақия олами ислом, кишварҳои мусалмоннишин ҳам ҳаст? То ҳаждаҳсола ба масҷид наравад, Қуръон нахонад, хату савод наёмузад, обдасту намозашро ёд нагирад, чи хоҳад шуд? Яъне ҳамаамон динамонро нахонему надонем, чи мешавад? Чи иваз мешавад?

Чаро Раҳмонов намехоҳад, ки фарзандони мардум аз диниу оинаш огоҳ бошад? Фарзи ислом, яъне омухтан, донистан, итоат кардан барои духтар 9 ва барои писар 12 сол муқаррар шудасту синни балоғат асту мукаллаф аст. Ҳоло Раҳмонов бар муқобили фарзи худо баромадааст, фарзи Худоро рад карда истодааст. Чаро агар мардум аз ислом воқиф бишавад, бихонад ва бидонад ба Раҳмонов маъқул нест?

Раҳмонов бо Толибон не, бо исломи Толибон мушкил дорад. Агар бо Толибон мушкил медошт, барқи мардумро мегирифт, хонаҳоро торик мекард, миллионҳо ба мардум зарар меофраду ба Толибҳо медод? Раҳмонов бо Толибҳо бизнес карда истодааст.

 Дар ин моҳи муборак номи тоҷик дар арсаи одам доғор шуд. Ба ном теракти дар Маскав ва вазъу ҳоли тоҷикҳо дар ақсо нуқоти олам. Ҳатто як даҳан лому мим нагуфт.

Мехоҳад аз ин мусибати болои миллат омада ё оварда бар суди худаш истифода кунад. Талош дорад, ки онро бори ҲНИТ кунад. Дар дасти мо маълумот расида истодааст, ки мехоҳад онро бибарад ба мо бичаспонад ва ба Аврупо нишон диҳад, ки мо ин ҳамаро карда истодаем. Ин номарди гарданбалони газӣ  барои ҳифзи курсиву пулҳои аз ҷайби мардум ва миллат дуздидааш ба тамоми кори пасту палид қодир аст аз ҳеҷ номардӣ ру намегардонад. Бо даҳони шаробу арақнокаш мебарояду мардумро бо Иди саиди фитр табрик мекунад ва боз нашармида аз сураву оятҳои  Қуръонӣ иқтибосу исбот меоварад.

Тоҷикро “террористи исломӣ” ту муаррфиӣ кардӣ ва карда истодаӣ. Ин кори ту ва ҳукумати ту аст. Қамчибек Тошиеви қирғиз тоҷикҳоро дастгирӣ ва пуштибонӣ кард, дунё тарафдорӣ кард, ҳазоруяк мадраку далел оварда шуд, ки ин кори тоҷикҳо нест аммо Раҳмонов хапу дам лому мим нагуфт. Медонед чаро? Барои онки Раҳмоновро мефорад, ки тоҷикро дар тамоми гушаҳои дунё террорист муаррифӣ кунанд. Раҳмонов ва режими худкома ва мустабиди зиддимардумии вай ин моҳи муборакро заҳри баданатон кард. Аммо, шумо мусалмонони мутадайини тоҷик истиқомат ва истодагарӣ кардед. Рисолати бандагии худро дар назди Холиқи худ баҷо  овардед. Ягон бор ва ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд ва нашуд, ки ин тарафи масъаларо ҳам ба назар бигирад ва биандешад, фикр кунад, ки ин ҳама муқобала, ин ҳама ҷангу ҷидол, ин ҳама истеза, ин ҳама бадрафторӣ, наҳзанӣ, бо ислом ва бо дини мардум қаҳру итоби Худоро овардааст ва меоварад. Раҳмонов бо дину оини мо хиёнат карда истодааст, бар номуси мо хиёнат карда истодааст. Вақте ин ҳама мухосимат, муқовимат, муқоболат бо худоро мекунад чаро қаҳри Худо наояд?

 Касе аз наздикону қарибонаш ҷуръат ва ҷасорат намекунад бигуяд, ки ин руёруӣ, ин масофу набард бо ислом ва мусалмонон чаро? Кабирӣ дигар овора аст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷа аст, дар дохил амал намекунад. Боз аз чӣ меҳаросӣ? Исломро аз ин мардум гирифтан наметавонӣ! Бо ислом дасту панҷа нарм кардан наметавонӣ! Ислом Ҳизби наҳзат нест, ки мамнуъ ва ифротиву ифротгаро эълон кунӣ. Ислом Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин нест, ки парванда боз куниву ба Интерпол биспорӣ. Ислом 52 давлат ва беш аз якуниммиллиард аҳолӣ дар руи замин пайрав дораду аст.Бо кадоме аз онҳо сарокала меравӣ, бо кадоме аз онҳо меҷангӣ?

Ин хусумату ин нафрату ин бадбинии ту нисбати Худову Расулу Қуръону масҷиду азону муллову ояту ҳадис аст барои чӣ?

Тамоми ин сӣ рузи моҳи муборак шуморо аз рушанӣ ва гармӣ маҳрум кард. Ҳиҷ гоҳе моҳи шарифи Рамазон ин тавр сипарӣ нашуда буд ва имрӯз ва дар ҳеҷ гуша аз дунё барои пайравони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ба ин ҳад душвориву мушкилӣ пеш наомада буд. Ба хотири даромади шахсияш шуда светро ба Толибон мефурушад, аммо мардуми худашро дар торикиву сардӣ нигоҳ дошт. Ба ин ҳад носерами гушна аст ки ба пули фитр садақаи фитр ҳам чашм ало кардааст. Манъи идгардак баҳона аст. Ин нишон додани уқда ва мавзеъ ва мавқеъаш бо ислом аст.

Боз дар паёми табрикоти идонаи ин солааш ҳатто мардумро аз даъвати хешутабор ба хонаҳояшон барҳазар доштанд. Яъне гӯйё ҳар шаҳрванд дар сол 10 ё 12 маротиба хешу таборонашонро меҳмонӣ мекунанд. Ҳатто ба рафтуомади хешутабории шаҳрвандон ин аҳмақ кордор шуда истодааст. Охир кори туи давлатдор ба ин масала  чи? Ту чикор дори шаҳрванд ба хонааш кадом хешутаборашро даъват мекунад ? Дар ҳар паёмаш як суханонеро мегуяд,ки дар ҳеҷ чорчубае намеғунҷад. Ё бо ин гап ба Азизмо шунавониданӣ ҳаст,ки бо ин додарҳову хоҳарҳо ва фарзандони онҳо дар ҷонам зади? Аммо то имрӯз соябони сари ҳама оилаи кабири худашу ҳамсараш ҳаст.

  Савол ин аст ки чаро аз гуфтани онки дигар аз ислом бароед меҳаросад. Ин гапро дар нуки забонаш дорад. Аммо ҷуръат ва ҷасорат надорад. Вале бовар кунед, ки бисёр мехоҳад эълон кунад, ки ҳама аз дини ислом хориҷ шавед. Вай ҳаминро мехоҳад. Аммо, мо мардуми мусалмон чи мехоҳем? Инро ҳам бояд биандешем, ки то замоне ин тоғути аз Худову расул баргашта дар сари мо аст мо ва дини мо ҳамеша дар маърази хатар ва таҳти таҳқиру шиканҷа қарор дорем. То он рӯзе ин касифи мамқурт сари қудрат қарор дорад тоҷики мусалмон аз тарсу ваҳшат бояд дар куза азон гуяд!

Share This Article