ШАРТҲОИ ДУРУСТИИ АҚДИ НИКОҲ
(бахши дуввум)
Барои он ки ақди никоҳ аз нигоҳи шаръӣ дуруст иҷро гардад, бояд дорои чанд шарт бошад, ки шартҳо бад-ин қароранд:
1. Раво будани никоҳи зан барои мард.
Маънии ин шарт: Никоҳи зан барои марде, ки аз ӯ хостгорӣ кардааст, ҳалол бошад, яъне зан аз касоне набошад, ки никоҳи он барои марди хостгор ба таври абад ва ё муваққат ҳаром бошад. Баёни таҳрими абадӣ ва муваққат дар мақолаҳои қаблӣ, ки «Муҳаррамот» буд, баён гашт.
2. Шоҳид гирифтан ба ақди никоҳ.
Ақди никоҳ танҳо миёни зану мард сурат нагирад, балки бояд дар ҳузури шоҳидон анҷом пазирад.
Чанд нукта.
1. Бояд касоне, ки бар ақди издивоҷ шоҳид мешаванд, оқил, болиғ ва шунаво бошанд, яъне донанд, ки мақсади маҷлис ақди никоҳ аст. Илова бар ин, садои ду тарафи ақдро дар «иҷоб» ва «қабул» шунаванд. Бинобар ин, шоҳидии шахси девона, тифли ноболиғ ва шахси ношунаво (кар) ва маст ҷоиз нест;
2. Адолат дар шаҳодати ақди издивоҷ шарт нест. Бинобар ин, шахси фосиқ метавонад шоҳиди ақди никоҳ гардад;
3. Биноӣ дар шаҳодати ақди никоҳ шарт нест. Бинобар ин шахси нобино метавонад шоҳиди ақди никоҳ гардад. Вале бояд қувваи дарк ва фаҳмиши вай қавӣ бошад ва ду тарафи ақдро ба таври дуруст ташхис диҳад;
4. Шоҳид дар ақди никоҳ бояд ду нафар, мард ва ё як мард ва ду зан бошад. Бинобар ин, ақди никоҳ бе шаҳодати як мард ва ё шаҳодати ду зан ва ё шаҳодати чаҳор зане, ки марде бо онҳо шаҳодат надиҳад, сиҳат пайдо намекунад;
5. Агар зан ва марди мусалмон бо ҳам издивоҷ мекарданд, шоҳидон бояд мусалмон бошанд. Бинобар ин, шаҳодати ғайри мусалмон дар чунин ақд қабул нест ва дар натиҷа ақди никоҳ дуруст намегардад;
6. Агар марди мусалмон бо зани аз аҳли китоб (яҳудӣ ва насронӣ) издивоҷ карданӣ шуд, назди Имом Абуҳанифа (р) ва Имом Абуюсуф (р) шоҳид шудани аҳли китоб ҷоиз аст ва Имом Муҳаммад ибни Ҳасан (р) назараш ин аст, ки шоҳидон дар ҳама ҳол бояд мусалмон бошанд. Вале бояд гуфт, ки агар ду нафар мусалмон пайдо шавад, ки шоҳиди ақди издивоҷ гарданд, набояд дар ин кор аз аҳли китоб истифода намуд ва агар пайдо нашуд, шоҳид шудани аҳли китоб боке нахоҳад дошт.
Ақди никоҳ анҷом пазируфт.
Баъд аз ин ки шартҳо ва аркони ақд комил гардид ва «иҷоб»-у «қабул» сурат гирифт, ақди издивоҷ лозим мегардад, яъне ду тараф (зану шавҳар) хоста бошанд ва ё нохоста бошанд, бо якдигар зан ва ё шавҳар шудаанд ва тамоми осори ақди издивоҷ аз ҳурмат ба сабаби хешовандӣ (домодӣ), ҳаққи меросбарӣ, воҷибии идда ва амсоли ин ба он тааллуқ мегирад ва бе талоқ ва ё марг аз ҳам ҷудо нагардида, ин ақд аз миён намеравад танҳо дар як ҳолат ва он вуҷуд доштани айб дар яке аз зан ва шавҳар аст ва дар ин ҳолат аст, ки ақди никоҳ лозимӣ набуда, тарафе, ки зарар бар ӯ ворид гардидааст, метавонад бе талоқ ақдро ботил намояд, вале дар муайян кардани ин «айб» миёни олимон ихтилоф аст. Шарҳи ин масъала дар мавзуъи ҳолате, ки талоқ дар дасти қозӣ аст, ба тафсил баён хоҳад шуд.
Шартгузорӣ дар ақди никоҳ.
Агар зан дар вақти ақди никоҳ ба шавҳар ва ё шавҳар ба зан шарт гузорад, ки бояд чунин ва ё чунон кунад, оё бар он касе, ки шартро пазируфт аст, лозим аст, ки баъд аз бастани ақди никоҳ ба он шарт ва ё шартҳо амал намояд ё не? Шарҳи ин масъала бад-ин қарор аст:
1. Агар зан бо марде издивоҷ кард, ки он мард ҳамсари дигаре дошт ва ин зан дар вақти ақди никоҳ шарт гузошта буд, ки бояд он шахс ҳамсари аввалаи худро талоқ диҳад, агарчи мард ин шартро пазируфта бошад, ба иттифоқи уламо ин шарт ботил буда, бар он мард талоқ додани ҳамсари аввалааш лозим намегардад;
2. Агар зан дар вақти ақди никоҳ шарт гузошт, ки мард ҳақ надорад, ки ба ӯ ҳамбистарӣ намояд ва ё ҳақ надорад, ки дар ҳар моҳе зиёда аз як шаб бо ӯ бихобад ва ё бояд ҳамеша дар ҳангоми ҳамхобагӣ кардан «азл» (худро канор кашидан) намояд ва монанди инҳо. Агарчи мард ин шартҳоро қабул дорад, назди ҳамаи донишмандони умуми ислом ин шартҳо ботил буда, вафо кардан ба онҳо лозим нест;
3. Агар мард ба зан шарт гузошт, ки нафақа барояш надиҳад ва ё маҳре барои зан набошад ва ё ба ин шарте, ки зан ҳеҷ гоҳ ба дидани падару модараш наравад ва монанди инҳо. Агарчи зан ин шартҳоро пазируфта бошад ҳамаи ин шартҳо ботил буда, вафо кардан ба онҳо лозим нест. Яъне барои зан маҳр ва нафақа бар шавҳараш воҷиб мегардад. Зан метавонад бар хилофи шарте, ки кардааст, тибқи урфу одат ба дидани падар ва модараш биравад;
4. Агар зан ба шавҳар ва ё шавҳар ба зан дар вақти ақди никоҳ шарт гузошта буд, ки набояд намоз бихонад ва ё набояд рӯза бигирад чунин шарт ботил буда, набояд ба он амал гардад, агарчи тарафи муқобил онро пазируфта бошад. Дар натиҷа ба ҳар як зан ва шавҳар фарз аст, ки бо вуҷуди чунин қабули шарт намоз хонда, рӯза бигирад;
Хулоса, ҳар шарте, ки вафо кардан ба он сабаби тарки воҷиб ва ё сабаби анҷом додани амали ҳаром ва ё сабаби вайрон шудани ҳаққе аз ҳуқуқҳои издивоҷ гардад ба иттифоқи уламо вафо кардан ба он шарт лозим нест, агарчи ҷониби дигар он шартро пазируфта бошад.
Агар зан ва ё шавҳар ба якдигар шарт гузошт, ки вафо кардан ба он на сабаби тарки воҷибе аз воҷибот мешуд ва на сабаби муртакиби амали ҳароме аз муҳаррамот ва на сабаби вайрон шудани ҳаққе аз ҳуқуқҳои ақди издивоҷ мегардид, оё вафо кардан ба чунин шартҳо лозим аст ё не?
Масалан, агар зан шарт гузошт, ки шавҳар набояд ӯро аз хонаи падараш ва ё шаҳре, ки дар он истиқомат дорад, ба ҷои дигар барад ва ё шарт гузошт, ки шавҳараш набояд ҳамсари дигар бигирад. Оё дар чунин ҳолатҳо ба шавҳар лозим аст, ки ба ин шартҳо вафо намояд ё не?
Назди донишманди мазҳаби ҳанафӣ ин шартҳо низ ботил буда, ба шавҳар лозим нест, ки ба онҳо вафо намояд, яъне бо вуҷуди қабули ин шартҳо, шавҳар метавонад занро аз хонаи падараш ва ё аз шаҳре, ки истиқомат мекунад ба хонаи дигар ва ё шаҳри дигар барад, ҳамчунин метавонад бар хилофи шарти пешинааш ҳамсари дигар бигирад.
Аммо иддае аз саҳоба ва тобеъин, монанди Умар ибни Хаттоб (р), Саъд ибни Абиваққос, Амр ибни Ос ва Қозӣ Шурайҳ, Умар ибни Абдулазиз, Лайс, Саврӣ ва уламои ҳанбалӣ бар ин назаранд, ки вафо кардан бар ин шартҳо лозим аст. Яъне агар шавҳар ин шартҳоро дар вақти ақди никоҳ қабул карда бошад, бояд ба онҳо вафо намояд ва дар натиҷа наметавонад занро аз хонаи падараш ба ҷои дигаре интиқол дода ва ё ўро аз шаҳре, ки дар он сукунат дорад, ба шаҳри дигаре бибарад ва ё барои худ ҳамсари дигаре бигирад.
Зеро амал кардан ба ин шартҳо на сабаби тарки воҷибе аз воҷибот мешавад ва на сабаби анҷом додани амали ҳароме аз муҳаррамот ва на ба ҳаққе аз ҳуқуқи издивоҷ халал ворид мегардад.
Чунин амалҳо дар асли худ мубоҳ аст, дар сурате, ки зан онҳоро дар вақти ақди никоҳ ба шавҳараш шарт намуда буд ва мард қабул карда бошад, вафо кардан ба ин шартҳо лозим аст. Албатта, барои ҳар як аз ду назария далелҳои зиёде вуҷуд дорад ва агар дар миёни зану шавҳар дар мавриди вафо кардан ва ё вафо накардан ба чунин шартҳое ихтилофу ҷанҷол пайдо мешавад, шахси қозӣ аст, ки бо дар назар гирифтани замон ва макон яке аз ду назарияи мазкурро ихтиёр намуда ва ба ихтилофот поён медиҳад.
Дар мақолаи баъдӣ ҳаққи валӣ дар никоҳ ва ҳаққи асолату ваколатро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.