Намози истихора, ҳукм, тарз ва баъзе огоҳиҳо нисбати он.

Ислоҳ нет

Намози истихора, ҳукм, тарз ва баъзе огоҳиҳо нисбати он.

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.
Латифи карам густари корсоз,
Ки дорои халқ асту донои роз
В-агар банда чобук набошад ба кор,
Азизаш надорад Худовандгор…

Хонандагони зиёде ба унвонии мо аз “намози Истихора” суол намудаанд. Аз оне, ки дар алоҳидагӣ ба ҳар яки онҳо посӯх гӯям тасмим гирифтам, то дар як мақола мушаххасу комил ин суолро ҷавоб гӯям, зеро дар баробари саволкунандагон дигар хонандагон низ истифода намоянд. Биноан тарзи дурусти истихораро бо ҳукм, дуо ва ҳолатҳои он ба чанд вижагӣ баён медорам.

Истихора дар луғат: Хостани беҳтарин чиз ва талаб кардани хайр аст. Чунонкӣ мегӯянд: Истихора кун, то Худованд бароят хайр будан ва ё набудани он корро ихтиёр намояд.

Истихора дар истилоҳ: Талаби ихтиёр ва навъе аз намозу дуоеро гӯянд, ки дар анҷоми коре, ки хайр ва шарри он барои инсон пӯшида ва номуайян аст.
Ҳукми истихора: Истихора суннати истеҳбобӣ аст ва аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) собит шудааст. Инчунин аз ҷумлаи суннатҳои гуфтори (қавлӣ) мебошад. Маҳдуда ба замон ва макони хосе ҳам нест, яъне дар ҳама ҷо ва ҳама ҳолат ва ҳар вақтҳои ғайри мамнуъ онро метавон анҷом дод. Ҳар гоҳ банда ба он ниёз пайдо кард метавонад ба анҷоми он иқдом кунад ва онро бихонад.

Муаллифи китоби “Фиқҳу-с-суна” менависад: Ҳар гоҳ тасмим гирифтӣ, то вориди корҳои мубоҳ ва ҷоиз шавӣ монанди тиҷорат, қабули вазифа, масъулияти коре, ки бар дӯши ту мегузоранд мисли сафар кардан барои издивоҷ. Бадӣ ва некии он кор бароят норавшану номуайян бошад ва надонӣ, ки ин кор бароят хуб ас ё бад? Дар ин ҳолат бояд истихора намоӣ ва он тасмиме, ки гирифтаӣ ба Худованд дар миён гузорӣ ва аз Худованд субҳонаҳу ва таъоло талаб намоӣ, ки хайрро бароят баргузинад ё ихтиёр намояд ва дили туро дар анҷоми он кор кушояд, то неку бади он бароят ошкор гардад. Пас аз анҷоми истихора агар қалбатро ба чизе алоқаманд дидӣ, ки барои он истихора карда будӣ, пас барои анҷомаш камари ҳиммат банд. Агар дидед, ки Худованд нисбат ба он кор дар қалбат нафрат ва ё тардиде пайдо намуд ва нисбати он бадбин шудед, пас аз он кор даст бикаш, зеро дар он хайру хубие нест.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки истихора махсус барои он нест, ки инсон ба мушкиливу дудилагӣ дар коре гирифтор шуда бошад ва истихора намоянд, балки истихора барои ҳар коре, ки шахс мақсади анҷоми онро дорад бояд бихонад, зеро ин барои ӯ хубу хайр аст.

Дар ҳадисе омада: “Ҳар гоҳ яке аз шумо тасмим ба анҷоми коре гирифт бояд намоз бигузорад.” Дар ривояти дигар ин лафз изофа шудааст: “бояд ду ракаъат намоз бигузорад.” (Ҳадиси ҳасан ба ривояти Имом Аҳмад)

Дар кадом вақт бояд шахс намози истихора бихонад?

Инсон дар ин дунё ба ҳаводис ё паймодаҳои мухталифе рӯ ба рӯ мегардад ва ӯро дар тааҷҷуб мегузорад, ки ин корро анҷом диҳад ё на.? Дар ин ҳолат бояд ба сӯйи Холиқаш бо ниёиш ва талаб хайри он корро бихоҳад, зеро танҳо ва танҳо Офаридгори тамоми мавҷудоту коинот, ки кӯшоиши ҳама корҳои пӯшида ва калиди ҳама қуфлҳои баста ба дасти Ӯст, додандаи корҳост ва мо бандагонем, ки аз он ҳама бехабару ноогоҳем. Аз ин рӯ мебояд банда дар пешгоҳи Парвардигораш даст бардорад ва дуои истихораро пас аз адои ду ракат намоз бихонад. Бидуни шак Аллоҳ ӯро ба роҳи хайр раҳнамун месозад ва қалбу равони ӯро дар анҷоми он кор, “ин шо Аллоҳ” мекушояд.
دعاءصلاةالاستخارة
عَنْ جَابِرٍ رضي الله عنه قَالَ : كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم يُعَلِّمُنَا الاسْتِخَارَةَ فِي الأُمُورِ كُلِّهَا كَمَا يُعَلِّمُنَا السُّورَةَ مِنْ الْقُرْآنِ يَقُولُ : إذَا هَمَّ أَحَدُكُمْ بِالأَمْرِ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ مِنْ غَيْرِ الْفَرِيضَةِ ثُمَّ لِيَقُلْ : ( اللَّهُمَّ إنِّي أَسْتَخِيرُكَ بِعِلْمِكَ , وَأَسْتَقْدِرُكَ بِقُدْرَتِكَ , وَأَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ الْعَظِيمِ فَإِنَّكَ تَقْدِرُ وَلا أَقْدِرُ , وَتَعْلَمُ وَلا أَعْلَمُ , وَأَنْتَ عَلامُ الْغُيُوبِ , اللَّهُمَّ إنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ (هنا تسمي حاجتك ) خَيْرٌ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي أَوْ قَالَ : عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ , فَاقْدُرْهُ لِي وَيَسِّرْهُ لِي ثُمَّ بَارِكْ لِي فِيهِ , اللَّهُمَّ وَإِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ (هنا تسمي حاجتك ) شَرٌّ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي أَوْ قَالَ : عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ , فَاصْرِفْهُ عَنِّي وَاصْرِفْنِي عَنْهُ وَاقْدُرْ لِي الْخَيْرَ حَيْثُ كَانَ ثُمَّ ارْضِنِي بِهِ . وَيُسَمِّي حَاجَتَهُ ) وَفِي رواية ( ثُمَّ رَضِّنِي بِهِ( رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ (1166)

Дуои намози Истихора.

Ҳазрати Ҷобир (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) истихораро дар тамоми корҳо меомӯхт, чунонки як сураи Қуръонро бароямон омӯзиш медоданд. Он Ҳазрат (саллалоҳу алайҳи васаллам) мефармуданд: ҳар гоҳ касе аз шумо тасмим ба анҷоми коре гирифт бояд ду ракат намози нафл (суннат) бихонад ғайр аз намози фарз, (яъне истихора пас аз адои намози фарзӣ ҷойз нест) Сипас чунин дуо кунад: “Бор Илоҳо! Ман бо илми Ту аз Ту хайр талаб мекунам ва бо қудрати Ту аз Ту талаби қудрат мекунам ва аз лутфи бузурги Ту мепурсам.Чун Ту тавоноӣ ва ман нотавонам ва Ту медонӣ ва ман намедонам, Ту донандаи ғайб ҳастӣ. Бор Илоҳо! Агар Ту медонӣ, ки ин кор (ончи мехоҳӣ он корро зикр мекунӣ) сабаби хайри дин, дунё ва оқибати ин кори ман мешавад. Ё бигӯяд агар сабаби хайри зуд ҳамгом бо мояи хайр дар оянда мешавад. Пас бароям тавоноии онро бидеҳ ва осонаш бигардо ва дар он кор бароям баракат ато намо. Бор Илоҳо! Агар медонӣ, ки ин кор (бори дигар ончи мехоҳӣ онро зикр мекунӣ) сабаби зарару зиёни дин, дунё ва оқибати ин кори ман мешавад. Ё бигӯяд агар сабаби зарару зиён дар ҳоли ҳозир ё оянда мешавад. Пас лутф бинамо ва онро аз ман дур намо ва маро аз он дур намо ва хайрро ҳар тавр, ки бошад бароям осону муяссар бигардон. Ҳарҷо, ки бошад сипас маро ба он хушнуд гардон (боз ҳам маротиби саввум он корро зикр намояд).” (Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Бухорӣ № 1166)

Дар лафзи ҳадис вожаи: ( فِي الأُمُورِ كُلِّهَا Дар тамоми корҳо) чӣ маъно дорад?
Ибни Абуҳамза (раҳ) мегӯяд: Ин ибора ё вожа худ ом аст ва манзур аз он хос мебошад, зеро дар анҷоми корҳои фарз, воҷиб ва мустаҳаб истихора намешавад. (масалан шахсе наметавонад истихора кунад, ки ман намози зуҳрамро бихонам ё на? Ё шахсе гӯяд ман падару модарамро розӣ кунам ё на ?)

Инчунин дар тарки ҳаром ва чизҳои макруҳу зараррасон истихора лозим нест. (мисли шахсе наметавонад истихора намояд, ки ман шароб нӯшам ё на, зино кунам ё ба ин монанд корҳои ҳаром)
Пас манзур аз “Тамоми корҳо” танҳо дар масоил ва корҳоест, ки онҳо мубоҳ ва ҷоизу ҳалол бошанд. Боз фуқаҳо мегӯянд, ҳатто дар коре, ки зараре барои мусалмони дигар набошад. Мисли инки шахс истихора намояд: ман аз ин ду нафар кадомашро зарар диҳам? Аҳмадро ё Маҳмудро? Зеро зарар расонидан на ба Аҳмад ва на Маҳмуд бароят иҷозат нест. Пас танҳо истихора дар ҳама корҳои ҳалол ва муҷоз иҷозат аст.

Агар ду кор мустаҳаб бошанд ва яке дар муқобили дигар бошад, дар ин ҳол шахс бояд истихора намояд, то хайр будани яке аз он маълум гардад. Фуқаҳо мегӯянд: пас аз истихора намудан бояд донад, ки аз он ду он кореро ихтиёр намояд, ки ихтиёрӣ бошад на маҷбурӣ, ҳамчунин замони нафъаш нисбат ба кори дигар тӯлонӣ бошад.
Аллома Шавконӣ (раҳ) нисбати мафҳуми боло чунин мегӯяд: албатта ин калаима бар умумият ишора мекунад, зеро шахси мусалмон ҳеҷ гоҳ набояд кореро ба хотири хурд буданаш ва камаҳамият буданаш беарзиш донад. Ҳатман бояд истихора кард. Ҳеҷ кореро бе истихора набояд анҷом дод. Корҳое ҳастанд, ки онҳоро беарзиш меҳисобем, вале пас аз онки онҳоро анҷом медиҳем, мебинем, ки дар фарҷоми он зарару зиёнҳои бузурге нуҳуфта аст, ки гоҳо зарари он амал ҳам бар дин ва ҳам бар дунёи мо таъсир мерасонад.

Намози Истихора чӣ тавр гузошта мешавад?

1. Вузӯ менамоед мисли вузӯи намоз.
2. Қабл аз оғози намози Истихора ҳатман онро бо нияти намози Истихора шуруъ намоед.
3. Ду ракат намоз гузошта мешавад ва суннат аст, ки дар ракати аввал пас аз сураи Фотиҳа (алҳамд) сураи Кофирун (қул ё айюҳал кофирун) хонда шавад. Дар ракати дуввум пас аз сураи Фотиҳа сураи Ихлос (қулҳуваллоҳу аҳад) хонда шавад.
4. Вақте ин ду ракат намозро хондед салом медиҳед.
5. Пас аз адои ду ракат намоз дастонатро мебардорӣ бо ҳолати фурӯтанӣ ва шикаста дуои дар боло зикршударо мехонед ва аз Худо талаб менамоед.
6. Беҳтар ин аст, ки қабл аз дуои истихора ва баъзе аз уламо мегӯянд пас аз дуои истихора салавотҳои намозро бихонед. (Аллоҳума салли ало Муҳаммад ва Аллоҳума борик ало Муҳаммадин).
7. Дар аснои гуфтани дуои истихора дар ду ҷои он тавре ки дар матни дуо он ду ҷойро муайян намудам, он коре, ки мехоҳед барои он истихора намоед онро ҳатман бигӯед. Як маротиба барои хайр аст ва маротибаи дигар аз бадии он дур шудан аст.
8. Бо ин мароҳили баён гашта намози истихораро адо менамоед. Пас аз адои намозу дуо он корро аз сидқ ба Парвардигор вогузор намоед .Фикр надошта бошед, ки ҳатман бояд шумо хоб бинед ва дар хоб ончи истихора намудаед онро бояд бинед.Танҳо таваккалатро холис бигардон ва яқин кун, ки Худованд ончи барои ту сазовор ҳаст ҳатман роҳнамунат мекунад. Ончи шуд онро бо ризояти комил бипазир, зеро он бароят хайр аст.
Истихора бояд танҳо ба сӯйи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бошад. Зеро танҳо Ӯст, ки он чизе буд ва ончи дар оянда мешавад ва ончи намешавад ва агар шавад чӣ тавр сурат мегирад, медонад.
Аввал бояд Истихора намоем ё машварат?
Дар марҳалаи аввал истихора бояд карда шавад ё машварат миёни аҳли илм ихтилофи назар аст. Фуқаҳо машваратро нек меҳисобанд, зеро машварат аз шахсони ботаҷриба судманд аст.
Аммо аксари муҳаддисин истихораро бартар мешуморанд. Суол пеш меояд, бо кадом далел?
Истихора тибқи ин ҳадис бояд қабл аз ҳар коре карда шавад:
، لقول النبي صلى الله عليه وسلم : ( إِذَا هَمَّ أَحَدُكُمْ بِالأمْرِ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ …إلى أخره )
“Ҳар гоҳ яке аз шумо тасмим ба коре гирифт бояд ду ракат намоз бигузорад…”Агар шахс то се маротиба истихора кунад, вале барояш чизе маълум нашуд, сипас бояд машварат намояд.Зеро баъзе вақтҳо дар як истихора чизе маълум намешавад Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ҳангоме, ки дуо мекарданд дар баъзе масоил ва корҳо гоҳо се маротиба анҷом медоданд. Баъзе аҳли ҳадис бар ин назаранд, ки се маротиба истихора бо ду ракати намоз бояд гузошт, зеро ин амал ҳам аз амалҳои Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) астДар як ривояти дигар ҳатто Расули акрам (с) то ҳафт маротибаҳам кардаанд Инчунин барои инсон хуб ё бадии он кор ошкор мешавад. Пас аввал истихора бояд намуд, сипас машварат.

Шартҳои машварат чист ва аз кӣ бояд машварат пурсид?

1. Шахсе, ки аз ӯ машварат мепурсед бояд таҷриба дошта бошад. Инчунин баъд аз машаварат шитоб накунед ва каме таваққуф намоед.
2. Шахсе, ки аз ӯ машварат мепурсед бояд дар динаш солеҳ бошад. Ҳар шахсе дар динаш солеҳ бошад ҳеҷ гоҳ бароят машварати бад нахоҳад дод. Агар дар динаш солеҳ набошад аз чунин ашхос гумони хиёнат ҳам меравад. Чунин ашхос ба роҳатӣ метавонанд машварате диҳанд, ки дар он зарар бошад ё худ дар он зарари дунё ва охират якҷо бошад, зеро ӯ солеҳ нест.
Ҳаждаҳ қоидаро риоя бояд кард!
1. Ба худат боз гард, дар ҳама кор истихора намо, агарчӣ он хеле хурд ва ночиз ҳам бошад.
2. Бояд бар ин бовар бошӣ, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар коре, ки барои ту хайру хуб аст муваффақиятро насиб мегардонад. Ҳангоми дуо кардан бо фурӯтанӣ ва хозеъона аз Аллоҳ пурсед ва он дуое, ки ба ҷониби Ӯ мекунед маънии онро ба хубӣ фаҳмед, то дониста дуо кунед.
3. Пас аз намози фарз истихора накунед, зеро барои истихора ду ракат намоз аст ва он ҳатман бояд хонда шавад.
4. Агар хостед пас аз намозҳои суннат ва ё намози зуҳо ё намозҳои нафлӣ истихора намоед, бояд ҳатман қабл аз гузоштани намоз нияти истихораро ба ҷо оред. Вале агар намозро оғоз кардед ва ба хотир омад, ки ман бояд истихора кунам он истихора ҳисобида намешавад, бояд ҳатман қабл аз намоз нияти истихораро намоед.
5. Агар хостед истихора намоед ва дар вақте қарор дошта бошед, ки он вақтҳои мамнуъ бошад, яъне дар рӯз дар ду вақт хондани намоз манъ аст. Яке пас аз адои намози субҳ то тулуъи офтоб ва дигар пас аз адои намози аср то ғуруби офтоб. Ин ду вақт барои он, ки вақти тулуъ ва ғуруби офтоб аст намоз гузоштан манъ аст. Аввалан бояд сабр кунӣ, то инки офтоб барояд ва ё офтоб ғуруб намояд. Вале агар хеле шитоб дошта бошед ва кори муҳимме бошад дар ин ҳолат метавонед намози истихораро гузоред, зеро истихора намози муайян аст на нафлӣ.
6. Нисбати бонувон ва хоҳарон. Агар шумо дар ҳолати одати моҳона ҳайз ё нифос бошед. Дар ин ҳолат шумо бояд сабр кунед, то комилан пок гардед, сипас истихора намоед. Вале агар кори оҷиле бошад ва истихора лозим бошад пас бидуни гузоштани намоз метавонед дуои истихораро бихонед.
7. Агар дуои истихораро ҳифз намедонед пас онро аз рӯи коғаз ё китоб бихонед, вале беҳтар ин аст, ки онро ҳифз намоед.
8. Тибқи як қавл ҷоиз аст дуои истихора пас аз адои намоз, хондани ташаҳҳуд ва салавотҳо қабл аз салом додан хонда шавад. Вале афзал ин аст, ки пас аз салом додан хонда шавад.
9. Вақте истихора намудед пас аз он каме тааммул намоед ва хуб таваҷҷӯҳ кунед ва он коре, ки дар назар доред шуруъ намоед. Мунтазири дидани хоб набошед, зеро ҳеҷ ривояти саҳеҳе барои шунидани посух ё илҳоме тавассути хоб нест.
10. Агар истихора намудед ва бароятон чизе равшан нагашт, пас истихораатонро то се маротиба дар ҳамон мавзуъ такрор намоед.
11. Дуои истихорае, ки дар боло онро овардаам ҳангоми хондан дар он чизе зиёд ва кам накунед. Ончи матни дуо ҳаст онро гӯед.
12. Шахсе, ки истихора менамояд бояд нафсашро бар худ ҳоким қарор надиҳад ва хоҳиши пеш аз истихораашро як тараф гузорад. Яъне шумо як духтарро дӯст медоред ё як мошинро мехоҳед бихаред. Агар истихоракунанда се маротиба не даҳ маротиба истихора намояд дар фикраш танҳо ҳамон духтаре дӯсташ медорад ва ё ҳамон мошине, ки аз он хушаш омадааст бошад, дар ин ҳолат истихора ҳисобида намешавад, зеро шахси истихоракунанда бояд қабл аз истихора нахуст аз сараш ҳама чизро берун намояд ва ихтиёри онро ба зиммаи Аллоҳ гузорад.
13. Тавре ки дар боло зикр намудам машваратро ҳам аз ёд набаред. Ибтидо истихора намоед, сипас бо як мутасаддӣ ё шахси солеҳе машварат намоед, ин ҳам аз манфиъат холӣ нест.
14. Ҷоиз нест истихора намудани як шахс ба ҷои шахси дигар. Вале метавонад модар падар барои духтар ва писараш истихора намояд, ки дар кадом кор ё амал онҳо раҳнамун гарданд.
15. Шахсе намозро ният кард ва дар дохили намоз ба ёдаш омад, ки оё намози истихораро ният кардааст ё не? Дар ин ҳолат намозашро ҳамчун нофила мехонад ва дубора намози истихораро ният карда, мехонад.
16. Барои як шахс чанд мушкил пайи ҳам омада бошад ва ё чанд кореро мақсади анҷом додан дошта бошад, оё як истихора кунад ва ё алоҳида барои ҳар кор истихора намояд? Афзал ин аст, ки барои ҳар кор алоҳида истихора намояд, вале агар ҳамаро бо ҳам якҷо намояд метавонад дар дуо исмҳои онҳоро дар алоҳидагӣ ёд намояд.
17. Истихора барои анҷоми корҳои ҳарому мамнуъ дар шаръ ҷоиз нест.
18. Истихора намудан бо тасбеҳ, бо Қуръон ё бо ашъори хоҷа Ҳофиз ва амсоли инҳо ҷоиз нест (чуноне ки шииён анҷом медиҳанд) “Худованд ҳидояташон кунад.” Истихораи ҷоиз дар шариъат танҳо бо гузоридани намоз ва дуои махсусе, ки аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ба мо мерос гузоштаанд.
Фоидаҳои истихора.

Абдуллоҳ Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: “ Ҳар вақте, ки мард истихора менамояд, Худованд барояш (онеро, ки хуб аст) ихтиёр менамояд. Вақте, ки Худованд барояш ихтиёреро намуд аз он ихтиёри Худованд дар ғазаб мешавад ва онро мунтазир намешавад.”

Дар муснади Имом Аҳмад (раҳ) аз Саъд Ибни Абулваққос (разияллоҳу анҳу) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят аст, ки чунин фармуданд:”Аз хушбахтӣ ва саъодати фарзанди одам ин истихора намуданаш ба сӯйи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Инчунин аз саъодат ва хушбахтии фарзанди одам ба он чизе, ки Аллоҳ барояш ихтиёр намудааст, ризо буданаш аст. Инчунин бадбахтии фарзанди одам ин хашмгин ё ғазабнок шуданаш аст ба он чизе, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барояш ихтиёр намудааст.”

Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) дар шарҳи вожаи муқаддар ё ихтиёр чунин мегӯяд: Бар ду даста онҳоро тақсим менамояд.

1. Истихора намудан пеш аз ҳар коре, ки мехоҳӣ анҷом диҳӣ.
2. Пас аз онки истихора менамоӣ ба ончизе, ки Худованд бароят ихтиёр менамояд бояд розӣ бошӣ, зеро ту аз Холиқат пурсидӣ ва хоҳиш намудӣ ва Ӯ барои ту инро ихтиёр намуд. Пас ин бароят накӯст, агар имрӯз нек набуд фардо нек хоҳад гашт ё дар ин дунё нашуд дар охират ҳатман аз ихтиёри Холиқат розӣ хоҳӣ буд.

Хонандаи гиромӣ умед аст он бародарон ва хоҳароне, ки аз банда ин суолро пурсиданд посӯхи хешро гирифта бошанд. Инчунин хонандагони дигаре, ки аз “Истихора” огоҳии комил надоштанд огоҳӣ пайдо намуданд ва ҳатман ба он амал менамоянд ва аз ҳар ихтиёре, ки Аллоҳ барояшон насиб мегардонад розӣ хоҳанд буд.

Share This Article