РАДДИЯИ-5
Давоми посух ба номаи зиёиёни тоҷик нисбати “Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон” Шералӣ Кабиров.
Инҷо, ин навбат дар бораи он мегуем, ки Шералӣ Кабир, менеҷери «муваффақ» чи гуна бузургтарин корхонаи саноъатии Тоҷикистон ва яке аз калонтарин корхонаи тавлиди алюминийи дунё-Талкоро аз рушду равнақ бозмонд ва сабабгори варшикаста ва муфлишавии он шуд.
Ҳолати имрӯзаи “Алюминий завод”, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди кишвар дар он кор мекарданд, ҳазорон оила баҳраманд буд, шахри Регар -Турсунзодаро сарсабзу обод нигоҳ медошт, аз ҳисоби ин завод якчанд боғчаҳои кудакона, поликлиникаву беморхонаҳо, мактабу техникумҳо, студентҳо дар донишгоҳҳои хоричӣ маблағгузорӣ мешуданд, ҳазорҳо нафар кормандон ва собиқадорони меҳнат дар санаторияҳои Қаротоғу дигар ҷойҳо аз ҳисоби завод табобат мегирифтанд.
“Маҳз ҳамин олими ҷавони тоҷик бо номи Шералишо Кабиров тавонист ҳазорҳо нафар мардумро аз ин ҳама манбаи ризқу рӯзӣ маҳрум гардонад. Беҳтарин мутахассисон ва собиқадоронро бо супориши Шералӣ Кабиров аз кор бесабаб ронданд. Хеле аз онҳо ба компанияҳои Русали Русия ба кор даромаданд. Тайёр намудани як кадри баландихтисоси ин соҳа солҳоро дар бар мегирад, маблағҳои зиёд масраф мешавад. Лекин Шералӣ Кабиров, ки худ аз қади куча ба система бидуни ягон таҷриба дохил шудааст, ба қадри ин одамон намерасад. Заводи алюминий точик соли 1975 сохта шуда, яке аз бузургтарин корхонаҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.”
Солҳое, ки Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров заводро роҳбарӣ менамуданд, зиёда аз 12 ҳазор шаҳрванди кишвар дар зин авод ва зиёда аз 3000 одами дигар дар структураҳои ин заводи бузургтарини кору фаъолият менамуданд. Истеҳсоли алюминий қариб ба мисли истеҳсолоти давраи шуравӣ расида буду ҳамаи кормандон бо маошҳои доимӣ, шаҳр бо газу барқ, мактабу идораҳои бюҷетӣ ба гармӣ таьмин буданд. Садҳо миллион доллар ба бюҷети Точикистон аз ҳисоби фурӯши алюминий ворид мегашт, аз хама асосаш, аз тарафи завод, пули барқу газ, об ва андоз пардохт карда мешуданд. Ягон маротиба аз супоридани андозҳо, аз супоридани пули барку газ ва маоши мардум, роҳбарияти алюминий завод саркашӣ наменамуданд.
“Баъд аз ғасб намудани завод аз тарафи Ҳасан Асадуллозода дар соли 2004 ва баъд аз роҳбарии Шералӣ Кабиров фаъолияти завод куллан тағйир ёфт. Мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори Аваз Назаров ё Абдуқодир Эрматов нестем, онҳо низ дар назари мардум якҷинояткор ва хиёнаткори дигаранд, ки дар айни ҳол осудаҳолона бо садҳо миллион доллар маблағҳои дуздидаи худ аз ин завод дар Англияву Узбекистон соҳиби қасрҳо ва бизнесҳо мебошанд.”
Вале мо ногузирем фаъолияти онҳо, чи қадар фоидаи овардаи онҳо ба халқу ватан, маблағҳои ба бюҷети Тоҷикистон супоридаи онҳо, дар кадом сатҳ нигоҳ доштани заводи бузургтарин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, муқовимат бо рақибони худ ва бозорёбии онҳоро бо кору фаъолияти зиёда аз 15 -солаи Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода каме боинсофона дар асоси факту рақамҳо таҳлил ва муқоиса намоем. Мо албатта аз тақдири халқи тоҷик нисбати ин завод ва тақдири заводи алюминий бисёр нороҳат ҳам ҳастем. Як маротиба назар афканем ба 30 соли охири фаьолияти ин завод, ки кадом гурӯҳҳо талаву тороҷ намуда ба нестӣ оварда расониданд.
“Солҳои 1990-1994 роҳбарии ин корхонаи бузург дар дасти русҳо буд. Зери роҳбарии Михаил Фёдорович Синани фаъолият менамуд. Ӯдоимо таваҷҷуҳи зиёде ба супоришҳои аз Москва мегирифтаи худ зоҳир ва манфиати онҳоро ҳимоя мекард. Ба ҳар ҳол дар давраи роҳбарии ӯ истеҳсолот бо пуррагӣ кор мекард. То он вақте ки ба ӯ якчанд суиқасд аз тарафи яроқбадастон нашуд, ӯ Тоҷикистонро тарк накард ва то охири умр дар шаҳри Москва зиндагӣ намуда, соли 2021 дар синни 90 -солагӣ дар хонааш даст ба худкушӣ задааст.”
Баъд аз ба дасти Аваз Назаров ва Эрматов Абдуқодир гузаштани заводи алюминий, албатта ҳаҷми истеҳсолот ба поён нарафт, лекин маблағҳои калони корхона асосан ба қумондонҳои он давра Ибод Бойматов, Ғаффор Мирзоев, Маҳмуд Худойбердиев ва бизнесменҳои узбекистонӣ мерафтанд. То ҳатто як бонк бо номи Капитал-Банк кушода шуд, ки саҳмиядори асосии у Ботир Раҳимов бо тахаллуси “Ботир алюминий” буд, ҳол он ки дар ҷумҳурии Узбекистон заводи алюминий вуҷуд надорад. Ботир Раҳимов шарики бизнесии Аваз Назаров аз тарафи Салимбой Абдувалиев (криминалний авторитет) гузошта шуда буд ва даҳҳо миллион доллар моҳе ба ин бонк мерафт. Дар навбати худ, дар мавриди ин қадар ғоратгариҳои худ, боз каме боинсофона ба нигоҳубини шаҳри Регар ба кормандону нафақахурон, донишҷуёну мактаббачаҳо аҳамият медоданд, маблағҳо ҷудо менамуданд, то ин ки ин системаҳо аз байн наравад. Соҳибкороне, ки бо завод ҳамкорӣ менамуданд, масалан маҳсулоти хурокворӣ, сузишворӣ ва бо дигар чизҳои лозимӣ заводро таъмин менамуданд, ҳатман тез ё дер маблағҳои худро мегирифтанд, инвесторҳои хурду калон низ аз ҳамкориашон бо завод розӣ буданд, ин гапҳоро барои он гуфта истодааем, ки дар давраи роҳбарии Шералӣ Кабиров ба ҳалли майдатарин масъала соҳибкор ё инвестор бояд ба сари Шералӣ Кабиров нафар пайдо мекард, то ин ки ҳақи ҳалоли худро бигирад. То имрӯз ба ягон соҳибкор муяссар нашудааст, ки аз заводи алюминийи тоҷик бемиёнаравии аъзои оила, бе нафар пайдо намудан ба сари Шералӣ Кабиров кори худро ҳал намуда, фоидае дида бошад. Умуман Аваз Назаров ва Эрматов Абдуқодир мутахассиси ин корхона буданд, яке истеҳсолотро хуб мефаҳмид, дигаре фурӯшу таъминот ва пайдо намудани маблағҳои гардиши барои корхонаро, албатта мо муқобили маблағҳои калони корхонаро берун аз ҷумҳурӣ баровардан, муқобили фоидаҳои калони корхонаро гирифтани нафарони тамоман ба Тоҷикистон алоқамандӣ надошта ҳастем.
Асосгузори оҳанпора на иқтисодиёт
Биёед як назар афканем, давраи роҳбарии Шералӣ Кабировро дар ин корхонаи як давраҳо флагмани истеҳсолоти Тоҷикистон, корхонае, ки миллионҳо мардуми тоҷик бо як фахр мегуфт, ки мо ТадАЗ дорем. Ҳазорҳо донишҷуён ба практикаву ба ҳимояи дипломҳои худ ин корхонаро интихоб менамуданд. Вақте ки Шералӣ Кабиров бо Ҳасани РФ (раиси ферма) ин корхонаро ғасб намуда бо парвандаҳои бофтаву сохта Аваз Назаров ва Эрматовро (методи асосии ҳукумати имрӯза) аз Тоҷикистон ронданд ва то имрӯз ҳолати заводро ба кадом дараҷа расонидаанд, бо як ду мисол ба шумо фаҳмонида медиҳем. Вақте ки заводи алюминийро соҳиби намуданд, контрактҳои беҳтарин бо харидорони алюминий ва бо таъминкунандагони ашёи хом барои даҳсолаҳо баста шуда буданду мувофиқи он контрактҳо корҳо пеш мерафтанд. Шералӣ Кабиров ба Ҳасани даҳмарда, ки чи будани заводуистеҳсолотро намефаҳмид “маслиҳат” намуда тамоми контрактҳои пештараро яктарафа қатъ намуда, бар ивази онҳо бо Русали Русия шартнома баста ин компанияро ба Тоҷикистон оварданд, ки оқибати ҳамкориашон дар судҳои Лондону Швецария ба фоидаи Русал анҷом ёфтанд. Ҳамин ҷо қайд кардан ҳатмист, ки Шералӣ Кабиров зиёда аз 30 маротиба бо инвесторони хориҷӣ суду судбозиҳо намуда, садҳо миллион доллар пулҳои Тоҷикистонро ба парвандаҳо масраф намуда ақалан як судро набуридааст. Аз ҳама бурди калони Шералӣ Кабиров дар судҳои Лондону Швецария ин баъд аз пардохти масрафҳои калони судӣ, садҳо миллион фунт- стерлингу долларҳоро, ки метавонед дар маҷаллаҳову интернетҳо аниқ намоед. Баъд аз розӣ шудан ба пардохти пурраи даъвои тарафи муқобил, бо онҳо “мировой” карда аризаҳои худро қафо гирифтаанд ва пардохт карданд, ана ҳамин ҳолатҳоро Шералӣ Кабиров ғалаба ҳисоб мекунад, ки дар поён равшантар баён менамоем. Барои иштирок намудан дар судҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама босаводона шартномаву контрактҳоро бастан лозим аст.
Дуввум ин ки як саводи кофии юридикӣ ё ин ки як маслиҳатчии хуби ҳуқуқшинос дар вақти пешбурди парванда доштан лозим аст.
Сеюм иштирок ба судҳои байналмилалӣ, ин маънои онро надорад, ки хоб кардан дар меҳмонхонаҳои ҳафтситораву хурок хурдан дар ресторанҳои ситораи Мишлен дошта бошад. Асосаш, агар заррае гуноҳи худро ҳис намоед, то ба суд рафтан масъаларо ҳал намудан аст, на он ки дидаву дониста даҳҳо миллион долларро ба просессҳои судӣ масраф кардан аст. Шералӣ Кабиров фикр мекунад, ки дар он ҷо ҳам раиси суд Абдуллоев Нусратулло ё Ғоибназаров Амирхуҷа мебошаду акаи Ҳасани РФ занг мезанад. Албатта ҳилаву найранги Шераливу Ҳасанро тамоми инвесторони хориҷӣ барвақт дарак доранд, ки онҳо ҳатман дар Тоҷикистон нисбати компанияҳои онҳо баъд аз вақти муайян, аз тарафи Кумитаи андоз ва Прокуратураи генералӣ парванда бо тезӣ ташкил мекунанд, ки гуё садҳо миллион доллар андоз насупоридаанд ва ҳамин тавр онҳоро мачбур мекунанд, ки саҳмияҳои худро супорида баромада раванд. Ба якчанд компанияҳои мобилӣ ва дигарон ин методҳояшон гузаштааст, лекин аз баъзеи онҳо ба дандонҳои худ бо калуш шатта хурданд, ки ҳатман онҳоро низ нақл мекунем. Вакте ки бо Русали Русия ҳамкориро шуруь намуданд, ҳамаи ҳолатҳоро Русал зери назорати мутахассисони компанияи худ гирифта, ҳаҷми истеҳсолоти алюминиро аз 510 хазор тонна боло бурданд, ки ин иқтидори 100%-завод мебошад. Фурӯши маҳсулоти тайёр ва таъминоти ашёи хом ҳам дигар бемушкилӣ ҳалли худро ёфтанд. Мардум низ соҳиби кори доимӣ ва маошҳо шуданд, аммо ин ҳолат ҳам дер давом накард. Тахминан баъд аз ду соли ҳамкорӣ бо Русал ва менеҷерони онҳо, Шералӣ Кабиров фаҳмид, ки ба маблағҳои калони завод даст зада намешавад ва бе фаҳмонида додани масрафҳо, компанияи Русал иҷозати чапу рост задани пулҳоро намедиҳанд. Чи бояд кард? Новобаста аз он ки шартномаҳои ҳамкорӣ бо Талко ва Русал байни ду президентҳои давлат имзо шудаасту онҳо ваколатдори ин шартнома ҳастанд. Соли 2007 президент Раҳмонов яктарафа бо имзои худ ҳамкориро қатъ намуд. Дар инҷо роли асосии бекор намудани ҳамкориҳоро маҳз Шералӣ бо Ҳасан бозиданд. Нигоҳ кунед, ки то чи андоза ин нафарон ба пешво таъсир мерасонанд. Ҳол он ки яке аз мушовирони президент муқобили яктарафа қатъ намудани шартнома буд ва мефаҳмид, ки ояндаи завод дар ҳолати муфлисшавӣ мебошад. Лекин ӯро Шералӣ ба тези агенти РусАл эълон намуда, дар наздиктарин муҳлат пурра аз аппарати президент аз кор ронданд. Албатта,мо аз ҳисоботи “WikiLeaks” – як созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ фаҳмидем, ки пулҳои асосии ин корхона ба суратҳисоби оилаи Раҳмонов ба бонкҳои хориҷӣ мерафтааст ва он ҷо Раҳмонов ҳамчун президенти коррупсионер муаррифӣ шудааст. Дар интернет бо пуррагӣ ин мавзуъро метавонед хонед. Масалан:дар соли 2008 сафири фавқулодаи ИМА дар Тоҷикистон Трейси Ҷейкобсон дар нотаҳои баъдан нашркардаи “Wikileaks” изҳори нигаронӣ ва иддаъо карда буд, ки Раҳмонов ТАЛКО-ро “ба унвони як василаи даромад барои худ, аъзои хонавода ва атрофиёнаш идора мекунад”.
Даромад аз ТАЛКО ба рушди кишвар умуман намеравад; аксарият ба ташаббусу лоиҳаҳои берун аз бюҷет, аз қабили сохтмони бустонсароҳо ва қабули дабдабаноки меҳмонҳои худиву давлатӣ мераванд. Аҳолии Тоҷикистон воқеан ба ТАЛКО, ки бе хизматрасонии тиббӣ, маориф ва нерӯи барқи кофӣ мавҷуд аст, субсидия медиҳад ва қисми зиёди барки ГЭС-и Норак ба ТАЛКО истифода бурда мешавад. Ба гуфтаи Трейси Ҷейкобсон, ки ТАЛКО “гови ҷушо”-и Раҳмонов номидааст, пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон садҳо миллион доллар аз муҳосиботи ин корхона “нопадид” ва ба суратҳисобҳои оилаи Раҳмонов рафта аст. Умуман Шералӣ Кабиров тавонистааст дар миқёси ҷаҳонӣ бо додани пора ва ба ҳисобҳои шахсии оилаи Раҳмонов гузаронидани садҳо миллион маблағҳои Талко, пешворо бадном ва коррупсионери машҳур сохтааст. Ҳол он ки имрӯзҳо Раҳмонов бо аҳлу оилааш даҳҳо миллиард долларро соҳиб шудаасту мисли маблағҳои Талко бадному машҳур нашуда аст. Шералӣ Кабиров бо тамоми инвесторони хориҷие, ки нафақат ба заводи алюминий сармоягузорӣ намудаанд, балки бо дигар соҳаҳо сармоягузорӣ намуданд ҳисобу китоби нодуруст, кашокашҳо, дорад. Ягон инвестори хориҷӣ бо хамкорӣ ба ширкати Талко розӣ ва қаноатманд то имрӯз нагаштааст. Ширкати Талко ягон пункти қарордодҳои имзошудаи худро дар назди ҳамкорони худ, новобаста аз куҷо будани сармоягузорон иҷро намекунад.
“Садҳо мисолхо дорем вале инҷо бо ду- се мисол иктифо мекунем. Аз компанияи логистикии Рase – и порти Потии Грузия, солҳои зиёд 20 миллион доллар қарздор мебошад, ки роҳбари он Ираклий ҳар ду -се моҳ ба Тоҷикистон ташриф меораду бо тамоми иду ҷашнҳои Тоҷикистон шинос гаштааст. Тамоми даву тозаш то имрӯз бе натиҷа монда аст. Компанияи “TRANSGROUP SYSTEMS OU” Узбекистон, ки зиёда аз 20 сол бо заводи алюминий тоҷик ҳамкорӣ менамояд. Дар давоми кории Шералӣ Кабиров қарзи Талко ба 13 миллион доллар расидааст. Онҳо низ ягон чорае надоранд, худатон фикр кунед, ки аз болои Шералӣ Кабиров ва Ҳасани РФ ба куҷо ё ин ки ба кӣ арзу шикоят карда мешавад, ҷуз аз худо! “
Яке аз қарзҳои калони ширкати Талко дар назди ширкати “Самент менеджмент”– и Туркманистон, ки роҳбари он шаҳрванди Тоҷикистон, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Туркманистон Файзулло Саидов, ки ӯ низ зодаи ноҳияи Дарвоз ва хешу табори худи Шералӣ Кабиров аст ки миқдори зиёди кокс-ашёи хом барои алюминийро солҳои дароз ворид намуда истода буд. Имрӯзҳо Талко дар назди ин компанияи Туркманистони зиёда аз 50 миллион доллар қарздор мебошад. Бадии кор дар он аст ки Файзулло Саидов 4-5соли охир тамоман дигар ба Туркманистон рафта вазифаашро иҷро карда наметавонад. Барои он ки ин маблағҳо бояд ба заводҳои Туркманистон баргардонида шавад, дар акси ҳол парвандаи ҷиноятӣ ба ҳамаи роҳбарони завод ва ба Файзулло Саидов низ интизор мебошад. Шералӣ Кабиров маблағҳоро фақат ба хотири муносибати хуб пайдо намудани Файзулло Саидов ва бародараш Нуралӣ бо Ҳасани РФ рашк намуда, дар назди Ҳасан Файзуллову бародарашро мисли ангишт сиёҳ кардааст ва бо ҳар баҳона маблағҳоро намедиҳад ва доданӣ ҳам нест.
Як ширкати қазоқистоние, ки роҳбараш шаҳрванди Узбекистон бо номи Рустам Отамуродов, солҳои дароз бо ТЭС-ҳои Тоҷикистон бо шартномаҳои байни Талко бастаи худ ба суханҳои Шералӣ Кабиров бовар намуда бо мазут, рангҳои молиданӣ ва бисёр маводҳои ёрирасон таъмин менамуд, дар охир аз 6,5 миллион доллари худ маҳрум гашта, ҳоло бошад нисбаташ органҳои қудратии Қазоқистон бо якчанд моддаҳои пулшуӣ парванда оғоз намуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Рустам -ака дар тамоми маъракаҳои Шералӣ Кабиров ва Талко иштирок менамуд ва Шералӣ ӯро “мой брат” муаррифӣ менамуд. Ҳоло бошад мегуяд, ки худи Рустам- ака гунаҳгор аст. Мисолҳо хеле зиёданд, дар навиштаҳои оянда ҳатман тазаккур хоҳем кард.
ҶДММ”ИИ Нассоҷии Тоҷик” вазъаш аз “Алюминий завод” бадтар аст
Вақте ки аз Шералӣ Кабиров инвесторон маблағҳояшонро пурсон мешаванд, ҳатман гапро суи дигар бурда як анекдот мегуяду Худо ҳофизӣ мекунад, офарин!! Шералӣ Кабиров оиди баъзе проблемаҳои завод ёдовар шуда, мегуяд, ки ҳама роҳбар камбудиҳо дорад, лекин ман созанда ва ободкор ҳастам ва доимо мисол меорад директори Текстилкомбинати Душанбе, Қурбонов Анвар Бозорович бо кличкаи “пирожки”-ро. Дар корхонаи калонтарини саноати сабуки Тоҷикистон дар солҳои то 1990-1992 зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандон кор мекарданд, ба 15-20 давлати Аврупо ва Осиё маҳсулотҳояш экспорт мешуданд. Маҳсулоти комбинати матоъҳои пахтагини Душанбе хушсифат буд. Якчанд сол пештар аз ғасб кардани ин комбинат аз тарафи Анвари пирожки, дар як конкурси умумиҷаҳонӣ ҷоизаи бонуфузи Кумитаи байналмилалии сифат «Ситораи тилло»– ро соли 1988 дар Мадрид гирифта буд. Дар комбинат зиёда аз 20 обшежития ва ҳафт боғчаи бачагона буд. Даҳҳо фирменний мағозаҳо дошт, дар поликлиника рӯзе 500 -600 нафар қабул карда мешуданду зиёда аз 200 ҷойи хоб дошт, калонтарин зона отдих дар ноҳияи Варзоб ва даҳҳо филиалҳо дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дошт, канӣ ва куҷо шуданд ҳамаи ин молу амвол? То охирон объектҳоро танҳо худи Анвари пирожки фурӯхта гирифт. Зиёда аз даҳ сол фақат маҳсулоти тайёри дар амборҳо боқимондаро фурӯхта маблағҳояшро ба киссаи худ зад. Боз даҳ соли дигар пахтаи колхозу савхозҳоро бо зуриву истифода аз хешутаборӣ бо акаи пешво аз ноҳияҳо гирифта коркард намуд ва ба ягонтои он хоҷагиҳо маблағҳои пахтаашонро надод. Даҳ соли дигар фақат иншооту таҷҳизоти корхонаро фурӯхта ба киссаи худ зад. Ҳоло бошад комбинати калонтарини шаҳри Душанбе дар маркази шаҳр бекор хобидааст. Имрӯзҳо ҳақиқатан 100 нафар ҳам коргар надорад. Лекин дар ҳисобот дуруғ пешниҳод мекунад. Ҳайфи ин корхонаи бузург. Шералӣ Кабиров мегуяд, ки якчанд маротиба дар назди Пешво ва Рустами Эмомалӣ масъалаи ин корхонаро боло бардоштам. Фаҳмонидам, ки инвесторони чиниву эронӣ ҳастанд, корхонаро ба онҳо диҳем. Аммо чизе намегӯянд, ба фикрам ақлашон намегирад ва ё чӣ муомилаи дигаре инҷо ҳаст,ки ман натавонистам фаҳмам онро.
Маблағгузорӣ ва ҷойҳои нави корӣ ба ҳазорҳо нафар мешавад. Шералӣ Кабиров бо баҳонаи он ки як бесаводи Анвари пирожки- Қорӣ- ишкамбаи майзада, ки худ ақалан маълумоти мактаби миёнаро надорад, аз номи акаи Пешво на фақат як корхонаи азими кишварро нест намуд, балки садҳо хоҷагиҳои пахтакорро бо ширкатҳои фючеристӣ фиреб намуда, пахтаҳояшонро барои коркард қабул намуда маблағҳои ягон нафари онҳоро надодааст. Вақти лозимӣ руйхати онҳо, ки дар дасти мо ҳаст, пешкаш менамоем. Бозори матоъҳои пахтагинро, ки харидорони асосии маҳсулоти комбинати Русия буд, пурра аз даст дод. Барои он ки харидорони хориҷиро ҳам ба фаҳмиши қишлоқонаи худ “кидат” намуда, ақалан қабул наменамуд. Ҳамин тавр харидорони солҳои дароз ҷамъкардаи Текстилкомбинатро аз даст дод, аммо озодона фаъолият мекунаду мо одамони ободкору созанда доимо зери танқиду танбеҳ ҳастем. Мегуяд як “ҷабрдидаи” дигар Шералӣ Кабиров. Албатта Шералӣ Кабиров мехоҳад боз ягон сармоягузори хориҷиро ба Текстилкомбинати Анвари пирожки ҷалб намуда киссаи худро пур созад.Чи хеле мегуянд: “Буз дар ғами ҷон, қассоб дар ғами чарбу!” Ҳолати имрӯзаи ин корхонаи бузургро мушоҳида намуда, дар ҳақиқат дили мардуми ватандӯст месӯзад. Лекин сад афсус, ки 30 сол мешавад Анвари самбуса ғорат мекунаду боз ин корхонаи бобаракат тамомшавӣ надорад. Дар саҳифаҳои дигар оиди ин корхона ҳатман мухтасар бо таҳлилҳои дақиқи мутахассисон ва даҳҳо миллион дуздиҳои Анвари пирожки қайд менамоем.Чаро инро дар ин бахш илова намудем охир Шералӣ Кабиров вазири Саноати кишвар аст ва ин яке аз бахшҳои муҳимми кории ӯ мебошад.
Идомаи оҳанпорашавии “Алюминий завод”
Бармегардем боз ба ҳолати заводи алюминийи тоҷик, ки пеш аз вазири саноат таъин шудани Шералӣ Кабиров завод дар бадтарин ҳолати молиявӣ ва техникӣ қарор дошт ва то ҳоло боз бадтар шудааст, чунки роҳбари асоси то ҳозир худи Шералӣ Кабиров мебошад. Асоси заводи алюминый аз электролиз, яъне дегҳои алюминпази иборат мебошад, ки дар завод ин электролизҳо ҳамагӣ 1500 дона буданд ва кор мекарданд. Ҳоло бошад ҳамагӣ 100 дона аз ин дегҳо кор мекунаду халос, ки ҳаҷми истеҳсолот тахминан ба 25-30 ҳазор тонна алюминий дар як сол расидааст, ки 5-6% аз қувваи асосии заводро ташкил менамояду халос. Барои дегҳои дигарро ба кор даровардан,аввал онҳоро таъмир кардан лозим, ки таъмири ҳар як деги алюминипазӣ на кам аз 600-700 ҳазор долларро дар бар мегирад. Яъне барои ҳамаи дегҳоро таъмир намуда ба кор сар додан, на кам аз як миллиард доллар маблағ лозим аст, ки ҳамаи ин дегҳо дар натиҷаи вайрон намудани режими корӣ дар завод аз кор мондаанд. Ҳайрон мемонем, ки дар ин тавр корхонаи азим, бояд 10-15 ё ин ки зиёдтар нафарон аз кумитаи амният кор кунанд, роҳбарияти худро тез -тез хабардор намоянд, ин корхонаи режимӣ аст ва иҷозати ба кор қабул намудани кадрҳо, даромаду баромади нафарони иҷозат надоштаро ҳатман яке аз ҷонишинони директори генералии завод оид ба режим,ки аз ҳисоби собиқ кормандони амният мебошад, дода мешавад. Ҳақиқатро бубинед, ки агар як соҳибкори бечора мабодо 10-15 ҳазор сомонӣ андозро дар вақташ насупорад, ба сари ӯ ҳамаи балоҳои заминиву осмонӣ меояд, баъд аз он дар кашокаши кумитаи андозу кумитаи амнияту коррупсияву прокуратура мезанад. Лекин дар ин завод сухан аз камбудиҳои миллиард доллар меравад. Аммо як нафар савол намекунад. Ягон комиссия аз тарафи ҳукумат ташкил карда бо пуррагӣ дида намешавад, аз ин рафторҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки на фақат Шералӣ Кабиров , балки роҳбарияти Тоҷикистон ҳама мехостааст ҳамин корхона пурра баста шавад. Шералӣ Кабиров шпиони кадом давлат бошад, ки як заводи беҳтарин, калонтарин, номдортарин, корхонае, ки фахри Тоҷикистон аст, ба ин ҳолат расониду бар ивази он ки ба ҷавобгарии ҷинояти кашида, миллиардҳои зарари овардаашро аз суратҳисобҳои оффшории худ барқарор намояд, ӯро вазири саноат ва аъзои ҳукумат таъин намуданд. Бо тамоми факту рақамҳо гуфта метавонем, ки имрӯзҳо заводи алюминий зиёда аз як миллиард доллар дар назди инвесторони хориҷиву дохилӣ қарздор мебошаду боз барои таъмини пурраи ин корхона тахминан як миллиард доллар маблағ лозим аст. Ягон нафар дар гирди пешво пайдо намешавад, ки ба ин савол аз Шералӣ Кабиров ҷавоб бигирад.
“Сарвазиру муовинони ӯ ҳама аз Шералӣ Кабиров сахт муттаҳам мебошанд, дар наздаш мисли мактаббачаҳои синфи якум рост истода бо як овоз фақат “рост мегуен Шералӣ Олимович” мегуянду халос. Ба наздикӣ ташрифи сарвазир Қоҳири Расулзодаро дар ноҳияи Дарвоз ҳамроҳи Шералӣ дар телевизион нигоҳ карда дар назди оилаи худ ва аз сохтори ҳукумат шарм кардам. Сарвазир мисли як коргари Шералӣ Кабиров дастҳо дар пеш, аз паси ӯ давида истодааст. Қоҳир Расулзода беҳтар аст ягон ноҳия рафта раисӣ кунад хубтар аст, назар ба ин тавр ваколат доштани сарвазир.”
Тоҷикистон бозори фурӯши алюминийро тамоман аз даст дод. Ҳоло бошад алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ то 3500-3600 доллар тоннааш шудааст, ки бо “методҳо”-и кории Шералӣ Кабиров қимати аслии як тонна алюминиро имрӯзҳо то 1200-1300$ истеҳсол кардан мумкин аст. Барои чи ин қадар арзон? Барои он ки аз рӯзи аввали кории Шералӣ Кабиров дар заводи алюминий тоҷик, ягон маротиба бо пуррагӣ андоз, маблағи барқ, музди мехнати коргарон ва маблағи гази аз Узбекистон ворид мешуда пардохт карда нашудааст. Даҳ солаҳо аз сармоягузорон қарздор. Ҳар 2-3 сол як маротиба бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, бо имзои раиси ҳукумат Раҳмонов, тамоми қарзҳои барқу андози ин завод “списат” карда мешавад. Ҳол он ки зиёде аз барқи ГЭС-и Норакро маҳз ҳамин завод бо нарои арзонтарин истифода мебарад. То ба дасти Ҳасану Шералӣ гузаштани завод, мунтазам ва сари вақт, пардохтҳои барқу андоз, маоши коргарону маблағҳои сармоягузорон аз тарафи роҳбарони пештараи завод пардохт мешуданд. Шумо метавонед аз архиви биржа, тендерҳои фурӯши оҳанпораро бардошта як назар кунед. Дар 10-12 соли охир заводи алюминийи тоҷик миллионҳо тонна оҳанпора бо нархҳои арзонтарин ба фурӯш бароварда аст, ки харидораш ҳам ширкатҳои худи Шералӣ Кабиров ва бародаронаш мебошанд. Тамоми таҷҳизоти заводи соли 1975 сохта шуда ва ҳар сол таъмин мешударо маҳз бо супориши Шералӣ Кабиров бурида ба оҳанпора супориданд, ки ҳамагӣ як маротиба аз нафарони ба Шералӣ “бегона”, домоди пешво Зоир Соҳибов ба маблағи 30 миллион доллар бо супориши бевоситаи пешво гуё ба ивази қарзҳояш аз ин завод оҳанпора гирифта аст. Ин сифрҳоро мешунавем ҳайрон мемонем, ки Бобои Шариф (падари Зоир) кай ин заводро 30 миллион доллар қарздор карда аст, ки писари ӯ меросашро гирифтааст. Шералӣ Кабиров давоми даҳсолахо аз ин завод факат оҳанпора мефурӯшад. Ҳайрон мемонем, ки бар ивази истеҳсолотро боло бурда, маҳсулоти тайёрро фурӯхтан, роҳи осони пулкоркуниро пеш гирифтааст, ки ин нест кардани моликияти миллат аст. Ҳасан Асадуллоев ва Шералӣ Кабиров дар вилояти Суғд бо дасти гурсухта Вадудов Мадиёр ва Ҳусейн Идиеви одамфурӯш низ садҳо корхонаҳоро бурида ба оҳанпора ва заминҳояшро ба мардум ҳамчун ҳавлиҷой то ҳозир фурӯхта истодаанд. Албатта ба ҳамаи ин рафторҳояшон, хиёнаткориҳояшон рӯзе ҷавоб мегуянд. Пешво бошад аз ду- се журналисти бечораву камбағал ва ҷавонҳои помирӣ, хиёнаткор сохта ба 20-30 сол зиндонӣ карда истодааст. Хиёнаткороне, ки миллиардҳо доллар зарар ба мардум ва ба сари Тоҷикистони қашшоқ оварда истодаанд, ҳазорҳо корхонаҳоро ғасб намуда ба нестӣ бурда истодаанд. Садҳо нафар духтарони ноболиғро маҷбурӣ таҷовуз доранд, пешво ва мақомоти қудратиаш гуё намебинад. Албатта мебинад, аммо онҳо худӣ мебошанд!
” Оиди директори имрӯзаи Талко Ҷабборов Суҳроб, ки бе иҷозати Шералӣ Кабиров туалет намеравад ё бо хонуми худ “гап” намезанад, хеле гуфтаниҳо дорем, ӯ низ аз рӯзи аввал ҳамроҳи Шералӣ дар тамоми ҷиноятҳо дар заводи алюминий ҳамроҳ мебошад. Маҳз ба воситаи Суҳроб Ҷабборов зиёда аз 30 миллион сармоягузории Шералӣ Кабиров дар шаҳри Самарқанди Узбекистон, ки ватани аслии Суҳроб Ҷабборов мебошад, нақл менамоем. Солҳои охир доимо як почаи Суҳроб аз марзи Тоҷикистон берун аст ки дар вақтҳои наздик мумкин аст доимӣ ба ватани аслиаш баргардад. Ана барои ҳамин аз такдири заводи алюминий, халқи бечораи тоҷик на он қадар розӣ аст, ки тамоми фоидаи ба даст омадааш берун аз ҷумҳурӣ масраф мешавад, новобаста аз онки кӣ роҳбар аст, хеле ва хеле аламовар!”
Нисбати заводҳои ба садҳо миллион доллар аз ҳисоби Гарантияи Ҳукумати Тоҷикистон сохтаи Шералӣ Кабиров дар ноҳияи Ёвон, ки ин қарзҳоро ҳатман халқи камбағали тоҷик дар оянда пардохт мекунад ва нархи маҳсулоти истеҳсол мекардаашон якчанд маротиба аз бозорҳои ҷаҳонӣ гаронтар, ки мақсад аз сохтани ин заводҳо фақат шустани пулҳо мебошаду халос. Дар судҳои Англияву Швецария маблағҳои бохтаи ширкати Талко ва бо кадом шартҳои тамоман ба Тоҷикистон зараровар харидани амволи Русал, дар бахшҳои дигар ҳатман муфассалтар мегуем. Шералӣ Кабиров ҳамчун соҳибкор, олими ҷавон, вазири саноат,як каллоб (аферист) мебошад, ки мо тамоми фаъолияти ӯро бо таҳлилҳои чуқур,бо далелҳои раднашаванда исбот ва пешкаш менамоем. Як мисоли оддитарин, ин ба нестӣ расонидани заводи алюминий дар Тоҷикистон аст ки дигар ин мамлакатро дар ҷаҳон ҳамчун алюминовий гигант намешиносанд. Барои гирифтани вазифаи вазири саноат,тамоми аъзои оилаи пешворо миёнарав намуда аз заводи Талко бо як зораву нола гурехт. Ҳатто Ҳасани соддаи даҳмарда, барои Шералӣ бо як қисми хешу табори худ ҷангҷол намуда ба ӯ ин вазифаро гирифта дод. Шералӣ Кабиров баъд аз як моҳи вазириаш бо пуррагӣ аз Ҳасан руй гардонида, тамоми айбҳоро оиди ба ҳамин ҳолат расидани Талко ба сари ӯ задааст. Ва нисбати Ҳасани РФ компромати 20-25 соларо дар руи столи пешво гузоштааст. Ҳоло бошад “меҳмонҳоро” (ҷодугаронро) аз Кашмири Ҳиндустон оварда дар хонаи худ солҳо нигоҳубин карда истодааст, то ин ки ӯро доимо дар назди пешво ва оилааш гарм ва дӯст нишон диҳанд ва боз ШералӣКабиров таъриф ҳам мекунад, ки “меҳмонҳо” хона ва кабинетҳои пешвову оилаашро ҳам аз сеҳру ҷоду тоза намуданд. Яъне маьлум мешавад, ки пешво низ аз ин “меҳмонҳои олиқадри кашмирӣ” бохабар ва истифода менамояд. Албатта, тавба мегуем ва намефаҳмем то ба кай ин корҳо давом мекарда бошад. Дар мамлакатхои сатҳи зиндагиашон паст, ришвахури зиёд, мамлакатҳои диктатури ва оилавӣ қонунҳо риоя намешуда махсусан давлатҳои мусулмоннишин, ҷодуву ҷодугарӣ, фолбину муллобозӣ ва гуё “авлиёҳои” ояндаро мегуфта, ҳатман бизнесҳояшон равнақ меёбад. Асосан муштариҳояшон нафарони мақомдор, вазирону раисон, махсусан зану духтарони онхо мебошанд, ки дар Точикистон 25-30 соли охир хеле дар авч мебошад. Имрӯзхо тамоми хешу табори оила, вазирону раисон, ва дигар мақомдорон ба худ як мулло ё фолбини “мушкилкушо” доранд, ин бе шак мебошад! Аз мо фақат гуфтан аст, ки ҳар касе назди фолбину ҷодугар меравад, ҳолаш табоҳу рӯяш сиёҳ ва бо тасдиқи сухани онҳо чиҳил рӯз рӯзаву намозаш қабул намегардад.
Маълумотҳои дақиқ дорем, ки маҳз Шералӣ Кабиров бо супориши Ҳасани РФ 2-3 сол пештар, вақте ки пешво ва фарзандонаш ӯро чап гирифтанд, аз мамлакатҳои дур бо тайёраи Сомон-Эйр ду нафар ҷодугарони машҳури дунёро барои 2-3 рӯз оварда буданд, ки пас аз анҷоми “вазифаҳояшон” ва “гарм намудани чеҳраи хукмонанди Ҳасани РФ” боз то мамлакатҳояшон бурда расониданд. Ҳамон вақт наздикони Ҳасан ва Шералӣ гуфтанд, ки зиёда аз якчанд миллион доллар “гонорар” ба мехмонхои хоричи масраф шудааст. Мо аз таърихи қадим хондаему шунидаем, ки ин ҷодуву ҷодугариҳо доимо дар оилаҳои шоҳону вазирон як роли асосиро иҷро менамуданд. Барои ҳамин, ин гапу корҳо ба мо на он қадар ғайричашмдошт ҳастанд. Оқибати ин корҳо ҳама вой аст!!!
Аҳмади Колбаса крышагии вазирро ба қудо иваз кард
Сухан, ки дар бораи ҷодугариву фолбинӣ рафт, мо албатта, шогирди беҳтарини Шералӣ Кабиров, Аҳмади колбасаро қайд накарда, мақоларо ба итмом намерасонем. Чун,ки зиёиён ӯро шогирди Шералӣ Кабиров гуфта буданд, ногузирем бигӯем. Аҳмади колбаса баъд аз фош ва овоза шудани як қисми майдатарини хиёнатҳояш, сахт руҳафтода шудааст. Боз аз ҳама зарбаи сахт вақте ки ду -се маротиба ба дарвозаи ВКД рафта, қабули вазир Рамазон Раҳимзодаро пурсидааст, аз он тараф дағалона ҷавоб додаанд, ки вазир фармон доданд, ки ” он машенники колбасаро дигар дар назди вазорат ва утоқҳои кории кормандон набинам”.. Аз яктараф вазир ҳам ноадолатона рафтор кардааст, даҳҳо сол ба гуфтаи Аҳмади колбаса аз дарвозаи ВКД худаш “Аҳмадчон” гуфта пешвоз мегирифт. Имрӯз бошад барои як мақола ва навори «Ислоҳ» ин қадар худашро эҳтиёт намуда, хубиҳоро тез фаромӯш мекунад.
“Аҳмади колбаса дар як круги дӯстонаш пас аз ин амали вазир гуфтааст,ки “Ислоҳ” ҳамин Рамазонро Ҷек Чан гуфта буд, точно гуфтагишаи, ма ҳақиқата қабул дорм.”
Айнан ҳамин муносибати вазирро бо Аҳмади колбаса Муроди телех низ такрор шудааст.
Ба гуфтаи Аҳмади колбаса, Муроди телех ҳар рӯзи якшанбе ба офиси колбаса омада ош мехурд. Баъд аз мақола дигар ба телефонаш ҷавоб намедиҳад. Солҳои 1998-1999 Аҳмади колбаса бо кумаки Муроди телех аз Бонки Миллӣ қариб 20 миллион доллар барои воридоти орду равған ба Тоҷикистон қарзи имтиёзнок гирифта то ҳоло на орду равған ва на маблағи қарзи бонкро баргардонида аст. Як даврае колбасаро органҳои қудратӣ сахт кашокаш карданд. Аҳмад гурехта ба Москов рафтааст,то вақте ки Мурод бо пешво гапзанон намуда корҳоро ҳал намуд. Аҳмади колбаса бошад, афсонаи дар Ангурбоғи Восеъ як маротиба ба Мурод оши пухтаашро то ҳоло нақл карда мегардад, магар фаромӯши 20 миллион доллар кардааст?! Аҷаб замона шудааст! Ҳоло бошад Аҳмади колбаса низ аз хонаи ин мулло ба он мулло, аз назди ин ҷодугар ба он ҷодугар саргардон мебошад, то ин ки вазиру Муродро ба худ гарм намояд. Мумкин шумо бовар накунед, лекин дар Тоҷикистон ин корҳо 30 сол боз дар авҷ мебошад. Ин қадар маълумоти дақиқ дорем,ки аз навиштани ӯ ва аз гирифтани гуноҳи онхо метарсем. Аҳмади колбаса зиёда аз 30-35 сол бо яке аз собиқадори вазорати корҳои дохилӣ генерал Пирӣ Ҳусейн дӯст, бародар ва дар вақтҳои зарури пуштибони колбаса буд. Ба ҳама маьлум аст ки маблағҳои Пирӣ Ҳусейнро Аҳмади колбаса гардиш медод дар хариду фурӯши шакару равған, гандуму орд.
“Ҳар вақте ки бо ягон вазирони ВКД Аҳмади колбаса муносибати хуб пайдо намояд, ҳатман ба Пирӣ Ҳусейн на онқадар аҳамият медод ва маблағҳои бизнесии байнашон ҳам гуё ҳамон замон “фоида” намеовард. Бечора Пирӣ Ҳусейн ҳам вазъиятро мефаҳмид, ки агар Аҳмади колбаса сирру асрорамон ва миқдори маблағҳои маро ба вазир гап занад, хуб намешавад, хусусан Мамадназар Салехов мефаҳмид ҳамаро аз Пири Хусейн бо ваьдаи чонишини вазир мемонам, мегирифт.”
Ахмади колбаса на факат Пирӣ Ҳусейнро, балки зиёде аз генералу полковникҳои каме пештараро бо ҳамин методҳо маблағҳои ҷамъкардаашонро бо баҳонаи бизнес гирифта то ҳоло надодааст. Баъд аз вафоти Пирӣ Ҳусейн, аъзои оилааш якчанд маротиба ба назди Аҳмади колбаса омада насиҳату ҳисобу китобҳои пеш аз вафот гуфтаи Пирӣ Ҳусейнро ба ӯ расонида аст. Аҳмади колбаса бошад, мисли ҳарвакта,”янга ӯ акаи раҳматӣ ба маа қарздор буд, лекин маа бахшидумуш” гуфта дигар ягон сомонӣ бар нагардонида аст. Мо намехоҳем миқдори маблағ ва дастнависи навиштаи Аҳмади колбасаро ифшо кунем. Шиори Аҳмади колбаса ба ҳама маълум аст: Подшоҳ мурд, зинда бод шоҳи нав! Айнан ҳамин ҳолатҳо баъд аз вазифа рафтани ҳамаи вазирону сардорони раёсат мебошад. Ягона аз Ёқуб Салимов, ки сахт метарсид, ба ӯ баҳонаи дигар намуд, ки гуё кумитаи амният аз паси ман асту якчанд маротиба маро даъват намуда нисбати шумо пурсиданд, ман аз дур ба шумо хизмат мекунам, лекин дигар вохурӣ карда наметавонам, гуфтааст, баъд аз вохуриаш дар Москва бо Ёқуб Салимов. Ҳамин тавр ҷонашро халос кардааст.Аҳмади колбаса руирост мегуяд, ки баъд аз вазифа рафтан, одам бояд аз ҳамдигар хафа нашавад. Барои он ки мо бизнесменем бояд дар хизмати одами нав рост бошем, ки проблема пайдо накунем. Аҳмади колбаса нисбати баргардонидани маблағи бегона,тақсими фоида,ҳеҷ гоҳ ба гапи худ Ҳотам нест, ҳатман сад баҳона пайдо менамояд, ки маблағро надихад ё ин ки кам-кам бо кашокашу саргардонӣ бидиҳад.
Як соҳибкорро чи тавр аз номи вазир Рамазон Раҳимзода ва Муроди телех тарс дода, ҳавлии якчанд ҳазор долларашро бар ивази просенти пулҳояш гирифта ба зани дуюм ё сеюми худ дода аст ва боз чи тавр бо як духтар ҳам Аҳмади колбасаву ҳам писараш ишқу ошиқӣ мекунанд, ҳатман бо мисолҳои конкретӣ бо ному насаби соҳибкороне, ки ҳамроҳи ӯ бизнес карда дар проблемаҳои калон задаанд, дар навиштаҳои оянда ҳатман нақл менамоем. Ҳоло бошад ба худ “кришаи нав” Шарифбек Давлатов, хусури Таҳминаи духтари президентро гирифта ҷиноятҳои худро давом дода истодааст. Мо ҳатман пайгирӣ менамоем. Халқи бечораи тоҷик солҳои дароз аз дасти данғарагиву колхозободӣ азобу машаққат мекашид, акнун боз аз дасти дарвозиву обигармӣ ҷойи гурез мекобанд.