Ман дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1989 то ин ҷониб кору фаъолият мекунам. Тӯли ин солҳо ба чандин ноҳия барои кор равонам кардаанд. Аммо моҳи ноябри соли 2021 бо супориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода , аксарияти мо-кормандони ШВКД Ёвонро аз кор озод карданд. Баъзе аз нафаронеро, ки ба «одам»-ҳои вазири дохилӣ пора доданд, онҳоро ба дигар ҷойҳо боз ба кор монданд. Вале бисёрии мо Ёвониҳоро, ки сум надодем, тамоман бекор карданд. Вақте ман ба сафи милиса ба кор даромадам ин вазир дар Ховалинг кор мекард. Бовар кунед, Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ маҳалчигиро ба сиёсати асосии кори худ дар ин ниҳоди вазорати дохилӣ табдил кардааст. Айни замон дар н. Ёвон ҳамаи кормандони ШВКД ховалингӣ ва хешу табори вазир мебошанд. Онҳо дар ноҳия барои ҳифзи тартиботу қонуният ягон кор намекунанд, тамоми фикру хиёлашон пулкоркунӣ асту халос. Аҳолии Ёвон аз дасти ин гуна кормандони милиса ба дод омадаанд.
Дар Ёвон ҳоло милиса на ҳимоятгар, балки ғоратгари мардум шудааст. Ягон вақт, ҳатто дар вақтҳои ҷанги дохилӣ ва ҳатто ҳамин чор –панҷ сол пештар ҳам ин тавр набуд. Милисаҳо, агар пулу пора мегирифтанд ҳам пинҳониву пӯшида ин корро анҷом медоданд. Ҳоло рӯирост пора мегиранд. Порагирву порахӯрӣ аз тарафи Раёсати вилоятӣ ва сардори милисаи Ёвон шаклу намуди навбанав касб карда истодааст.
“Як мисоли одӣ. Ҳар ҳафта, сари ҳар як милисаи ноҳия то участковийҳои ҷамоатҳо 100 сомонӣ барои хуроквории хонаи вазири дохилӣ бор кардаанд. Ин пулро сардори ШВКД ҷамъ мекунад. Бар болои ин бошад ҳар моҳ муовини сардори РВКДи вилоят меояд, барои ҷамъбасти моҳ ва бояд, ки милисаҳо пул ҷамъ кунанду ба кисаи вай 10.000 сомонӣ «андозанд». Бовар кунед, ки мо милисаҳо безор шудаем. Маошамонро мегирему ба ин гушнаҳо тақсим карда медиҳем.”
Аз соле, ки Рамазон Раҳимзодаи «буқача» вазири дохилӣ шуд мақомоти милисаро ба авлоду ҳамшаҳриҳои худаш тақсим карда додааст. Ҳоло аҳли авлоди вай ва ҳамшаҳриҳояш дар Ёвон як шӯъбаи милисаи оилавӣ ташкил кардаанд. Кормандони маҳаллиро ба дигар навоҳӣ «перевод» карда дар инҷо бошад корашон фақат роҳзаниву порахӯриву ҳаромгардӣ аст. Бовар кунед, ки баъзеашон ариза навишта наметавонанд, фарқи ҳарфи калону хурдро намераванд, номашонро дуруст навишта наметавонанд. Аммо азбаски аз Ховалинг аст, дигар ӯро ягон кас гап намезанад, барои он ки дар пушташон Раҳимзода Рамазон истодааст. Чи хеле хоҳанд ҳамонхел зулм карда гашта истодаанд, яку якбора 59 корманди ёвонии ШВКДи ноҳияро аз ҷои корашон бе асос озод карда ба дигар ноҳияҳо фристоданд. Ин корро қасдан анҷом доданд, то ки баъзе аз ин милисаҳо ба хотири зану фарзанду падару модари пир маҷбур шаванд, ки корро тарк кунанд. Баъзе аз ин милисаҳо маҷбур русия рафтанд.
Одам ҳайрон мешавад, ки чаро сардори милисаи Ёвонро фақат модари ховалингӣ мезояд? Ёвонӣ ҳуқуқ надорад, ки сардори милиса шавад! Ҳатто дар бахшҳои дохилии шӯъба ҳам ягон ёвонӣ сардор таъин намешавад. Маҳалчигиро инҳо ба авҷи аъло расонидаанд. Вақте мепурсанд,ки чаро яку якбора ин қадар милисаи ёвониро аз кор озод кардед ҷавобашон ин аст ки вазни онҳо зиёд буд. Ин таҳқиру таҳдиди ошкоро ва дурӯғи маҳз аст. Гуфтам, ки баъзе аз ин кормандони милиса собиқи сисолаи корӣ доштанд. Ҳар яки онҳо оила ва хуранда доранд. Имрӯз бекор мондаанд. Касе ба инобат намегирад.
Ман ба унвони як корманди ботаҷрибаи ҳифзи ҳуқуқ бо қотеъият мегӯям, ки давлати мо давлати ғуломдорӣ шуда истодааст ва ғуломдорҳо танҳо аз як маҳал астанд, маҳалле, ки тамоми Тоҷикистонро ҳаром карда гаштааст. Боял инро тамоми мардуми Тоҷикистон фаҳманд. Дилхоҳ шахсе, ки бихоҳад дар милиса ба кор дарояд ошкоро мепурсанд, ки «лой» дорӣ, дар «конверт» андохта биё. «Конверт» кардагӣ бошӣ биёр, вазифа тайёр. Ҳар як вазифа дар милиса нарх дорад ва агар ту дипломат бо оби тилло навишта бошад ҳам то пул надиҳӣ ба кор намегиранд.
Хурокпулии ҳарҳафтаии вазири дохилиро худи полковник Фидозода Мирзо сардори ШВКДи ноҳияи Ёвон аз милисаҳо ҷамъ мекунаду пули ҷамъбасти моҳонаи сардори милисаи вилоятро Толиб Назар, муовини сардори РВКД омада «маҷлис» гузаронида гирифта меравад. Чанд рӯзи пеш-24 феврал, сардори порахӯри гузарои Раёсати корҳои дохилии вилоят Искандар Солеҳзодаро аз кор гирифтанд, ҳоло ин нафари навро бинем, ки чи кор мекунад? Баъд аз онки Фидозода Мирзо, сардори милисаи Ёвон пули хуроквории оилавии Рамазон Раҳимзодаро месупорад боз милисаҳоро ҷамъ карда «ҳақ»-и худашро талаб мекунад. Вай рӯирост мегӯяд, ки ман инҷо ҳамин тавр омадагӣ не.
“Полковник Фидозода Мирзо Қаноат ,ки дар ноҳияи Нуробод кору фаолият карда аст, то омадан ба ноҳияи Ёвон. Маълумотҳои зиёде аз ҷиноятҳои анҷомдодааш дар ин ноҳия низ ба “Ислоҳ” расидааст.”
Ман ба шумо содиқона мегӯям, ки аз шумори кормандони милиса нисфи зиёдаш тарафдори Шумо ва барномаҳои шумоянд. Чунки шумо суханҳои ҳақро мегӯед. Мо ҳар рӯз дида истодаем, ки инҳо бо ному бо формаву бо погони милисагӣ чи корҳои зиште карда истодаанд. Инҳо дар ҳақиқат дузданд, ки аз номи давлат ва аз номи қонун дуздӣ мекунанд.
“Як кори дигаре, ки ин аст баъзе аз корафтодаҳо ва ё хешу таборҳои онҳоро маҷбур мекунанд, ки матнҳои навиштаи онҳо бар муқобили шумо ва дигар бародарони муборизро қироат кунад, нисбати шумо ҳаргуна суханҳои бад гӯянд. Боз нусхаи записи кардаашонро гирифта ба вазири ҳаромхур равон мекунанд, ки бинад чихел шуъбаҳои ВКД кор карда истодаанд. Бовар кунед, ки ҳамаи корҳояшон сохтаву бофта аст. Ман, худам шоҳид ҳастам барои ин гуна наворсозиҳои дурӯғини онҳо. Бовар дорам, ки ягон рӯз ҳатман аз дарун таркиш мешавад.”
Инҷо мехоҳам аз як ду ҳодиса ба шумо нақл намоям. Сардори милисаи Ёвон Фидозода Мирзо шабона дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ муқобили мошини як шаҳрванд ҳаракат мекунад. Аммо ба ҷойи онки иштибоҳи худро фаҳмад шаҳрвандро дошта ӯро ҳақоарт карда ба сараш дод мезанад, ки чаро мошинашро надошт. Шаҳрванд ба ӯ мегӯяд худат гунаҳкору боз дашном медиҳӣ? Фидозода Мирзо бо овози баланд дод зада мегуяд, ки ман сардори милиса ҳастам, фалонат мекунам ва дарҳол опергрупаро фарёд карда мошини шаҳрвандро гирифта ба шӯъба оварда дар дохили шӯъб бо милисаҳои даркорияш «аз назар гузаронида» дар бордачоки мошин маводи кристал партофта шаҳрвандро «подставит». Ва, то рӯз он одамро таҳти пурсиш қарор медиҳанд. Аз он одам ба зӯрӣ 2000 доллар гирифта сипас раҳояш мекунанд.
Ҳодисаи дигар.Корманди оперативӣ, лейтенанти милитсия Саидов Зиёратшо як ҷавони ёвониро ба ШВКД оварда мавриди лату куб қарор медиҳад. Ин ҷавон гӯиё ба як духтар «гап» дода аст. Ҷавонро латту кӯб карда мегӯяд, ки «ман ҷияни вазири корҳои дохилӣ ҳастам. Ягон кас ягон кор карда наметавонад. Маро вазир барои г..дани халқи Ёвон ба инҷо вазифа додааст, чихеле форам ҳамон хел кор мекунам».
Хуллас, сару рӯи ҷавонро хуншор карда маблағи калон гирифта сипас ҷавобаш медиҳад.
Сокини деҳаи Шӯрдараи Ёвон бо лақаби Павлик, яке аз наркобизнесҳои асосӣ аст. Павлик ҳамеша бо роҳбарони милисаи Ёвон забон ёфта ва дар зери сояи давлати онҳо тиҷорати худро равнақу ривоҷ мебахшад. Аввалҳо Павликро сардори ШВКД Ҷоник Абдуқодиров «кришават» мекард, чунки ба ӯ хона харида дода буд. Баъд боз сардори дигари ШВКД Шарифзода Ҷамшед ӯро «кришават» мекард. Ба Шарифзода Ҷамшед магазин сохта дода буд. Баъди рафтани Шарифзрда.Ҷамшед Павликро Ғаффорзода Абдурауф, муовини Шарифзода Ҷамшед «кришават» карда гашт. Албатта то омадани сардори имрӯза Фидозода Мирзо. Вақте ки сардори нав ба кор омад дарҳол Павликро тавасути Додар ном шахс оварда бо Фидозода шинос карданд. Хулас ин Павлик якчанд гурӯҳи кории худро дорад ва муомилот мекунад. Кормандони оперативӣ онҳоро чандин маротиба қапидаанд лекин бо як занги ҳамин хел сардорҳои ШВКД онҳоро ҷавоб медиҳанд. Ман худамҳам дар амалиёти боздошти баъзе аз онҳо иштирок доштам, аммо онҳоро ҳатто то наоварда ҷавоб додем. Павликро дар ноҳия ҳамаи мақомот медонанд, ки ба чи кор машғул аст. Лекин аз Павлик муттаҳам ҳастанд, ягон кор карда наметавонанд Павлик якхел кормандони ШВКДро дар руяшон «иди на..уй» мекунад, боз мегуфтааст, ки «фалонама ягонтаат хурда наметавонед»
«Додар» собиқ сардори БДА ноҳияи Ёвон мебошад. Чандин мағоза ва меҳмонхонаҳо дорад. Вай ба сардорони милиса, ки Ёвон ба кор меоянд бо ҳамаи санъат ва шароит хизмат мекунад. Яъне думликонаки сардорони ШВКД аст. Дар ноҳия ба Додар ягон кас ягон чиз гуфта наметавонад. Дар меҳмонхонаҳояш барои сардорони милиса ва кормандони баландмақоми он махсус утоқҳо дорад ва, барои онҳо «духтар» ташкил мекунад. Бовар кунед дурӯғ намегӯям занҳои шавҳардорро,ки шавҳаронашон дар Русия ҳастанд шавҳарҳояшонро экстримисту террорист гуфта делло мекушоянд ва он занҳо ва духтарони онҳоро меоранд. Ин ба он хотир аст,ки бе пуланд ва чизе ҳам гуфта наметавонанд. Агар садо баланд кунанд гапашон ҳамин аст,ки шавҳаратро меорем 20 сол зиндон мекунем. Ин гапро аз касе нашунида будед вале виҷдонамон озорамон медиҳад ин ҷиноятҳои кормандони милисаро нагӯем.”
Инро ҳамаи ноҳия медонад, прокурор ҳам медонаду амният ҳам медонаду раиси ноҳия ҳам медонад. Манзур ҳама мақомдорони сатҳ ё радаи болоӣ медонанд.Аммо ягон кор карда наметавонанд, чунки кунлесу бузи сардорони ШВКД мебошанд. Додар чанд писар дорад, ки тамоман аз худ рафтагианд, ягон вақт дар ҳолати ҳушёр буданашон дар сари рули мошин намешинанд, доимо маст мегарданд. Яке аз писарони Додар Асрор ном дорад, ки на як бору ду бор барои сари рул маст нишастанаш дастгир шуда бошад ҳам аммо ҳеҷ кореаш намекунанд.
Боз як маълумоти дигар аз дохили ШВКД дар н.Ёвон
Дар шӯъбаи мо як зани осетин ҳаст бо номи Инна Олеговна. Ин зан солҳост, ки сармуҳосиби шӯъба мебошад.
Сардори шуъба полковник Фидозода Мирзо аз касе фаҳмидааст, ки Инна Олеговна сабукпо аст. Як нафар корманди оперативӣ барои кадом коре ба кабинети сардори милиса медарояд, ки онҳо ду кас амали маҳрамона карда истодаанд. Ин сармуҳосиб, чуноне гуфтам, чандин сол мешавад, ки дар шуъба фаъолият мекунад. Собиқ сардори шуъба Абдуллоев Зинатулло ном дошт. Иннаро «тоб» дода мегашт. Баъди вай боз бо сардор Абдуқодиров Ҷаъфар бо Инна ҳамин корро мекард. Баъди рафтани Абдуқодиров сардори нав-Шарифзода Ҷамшед омад. Инна Олеговна он қадар худашро наздик кардан хост. Аммо, Шарифзода Ҷ ӯро фаҳмида бо вай нағз гап назад. Аммо баъди рафтани Шарифзода Ҷамшед, Ғаффорзода Абдурауф сардори ШВКД-и Ёвон таъин шуду бо ин зани сабукпо давом дода гаштан гирифт. Ҳоло бошад дар ҷойи Ғаффорзода Фидозода Мирзо омадааст, ки бо Инна Олегова давомдода гаштааст. Қариб 26 сол мешавад ин зани осетинӣ сардорони милисаҳоро ба худ ҷалб кардааст. Он қадар зани шаттоҳу беҳаёву бешарм аст, ки ба калонсолиаш нигоҳ накарда ҳатто дар даруни утоқи кори сардорони милисаҳо ин амалро анҷом медиҳад. Сари аксарияти ин сардорони ҳаромхӯрро тоб дода мегардад.
Қариб як ҳафта номерҳои кормандони аз ШВКД Ёвон аз кор сабукдуш кардаро ҳаматарафа таҳти санҷиш қарор доданд. Аслан қариб ба умри ҳамин ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов мо дар мақомот кор карда омадем 7 нафар аз ин номаи шикоятӣ навишта истода. Ҷавониямонро хазон кардем имрӯз бо мо чунин бархурд мекунанд. Ман навиштани набудам вале пас аз ин нобовари аз мо кормандони собиқи ШВКД Ёвон дигар гуфтам вақте аз мо нобовар ҳастед бигузор ин гумонатон рост барояд. Агар чунин нобовариҳо ва бархурди мақомоти ноҳия ба мо идома ёбад сирҳои зиёдеро хоҳем навишт, то ҳамагон донанд,ки дар инҷо чӣ мегузарад.
Бовар кунед мақомотро ҳаминхел ҳаром сохтаанд, ки ҳатто наркобизнес дар кисааш шаҳодатномаи ВКД- ро дорад ва ҳаминхел мардумро азоб дода зулм бар сарашон овардаанд,ки ҳеҷ ҳисоб надорад.
Акнун мегузарем ба камтар ифшокорӣ
Сардори шуъбаи хадамоти муҳофиза дар ноҳияи Ёвон подполковники милитсия Сидиқзода Ашуралӣ мебошад . Аз кори ин шахси ҳаромхур қариб 10 сол зиёд мешавад дар як вазифа кор карда ба кормандони қатори бисёр зулм оварда ҳатто маошашонро намедиҳад. Як думликонаки золимони калонҳои ВКД мебошад, ки инро ягон кас ягон сухан карда наметавонад зулм боли кормандони қатори ҳарруз бо шиддат карда мегардад. Ҳеҷ касе зураш ба ӯ намерасад. Мегуфтаст,ки вазиршам аз ман мутҳам аст, Акбари ҷураи Рустамшам аз ман муттаҳм аст. Касе ҳаст аз инҳо зуртар?
“подполковники милитсия Сидиқзода Ашурали бузтарин шахсият дар байни кормандони ШВКД мебошад, ки инро ягон шахс аз руи бузияш дар ноҳия эътироф намекунанд. Ҳатто чандин корманди худашро ба амният додааст, ки ин кормандон гурӯҳҳои мухолифонро тамошо мекунанд гуфта кормандони бечораро ки нони хурданиашонро бо як азоб меёбанд онҳоро аз кор озод карда нисбаташон делои ҷиноятиҳам боз кардаанд бо КДАМ.”
Подполковники Сиддиқзода Ашуралӣ соҳиби ду ҳамсар буда дар ин акс ҳамсари якумашро мебинед. Дар хонаи ҳамсари якумаш акс гирифтааст. Акнун худатон хулоса бароред,ки бо як ойлики милиса ду зан доштан кори сода ва осоне нест. Сиддиқзода Ашуралӣ якчанд мағоза якчанд мошинҳои гарон арзиш дорад. Дар акс мошини нав гирифтаашро мебинед (дар навор ҳамаро хоҳед дид) маоши халқро намедиҳаду мошинҳои қимат ронда мегардад
Ин хона барои зани дуюмаш сохта шудааст ки ин хонаро ҳамин кормандони қатори аз фундаменташ сар карда то кришааш бе пул сохта додаанд, кормандони қаториро ранги ғулом барои сохтани ин хона истифода истифода мебарад ,то имрӯз.
Акси кудаконаш аз ҳамсари дуюмаш як бача ва як духтар, дар навор хоҳед дид .
“Хонаи ҳамсари якумаш ки инроҳам ҳамин кормандони қатори сохтанд бе пул бо як додани шикам серкуни кормандон. Ба кори давлат нею ба кори шахси истифода бурда ранги ғулом кормандони ШВКД-ро кор мефармояд. Ҳатто кормандон бо шухӣ мегӯянд хай Ашуралӣ мурд ягон касмон ба ҷойи музди меҳнатҳомон ягон касмон никоҳ мекунем мегирем, бо ҳамин расчёт мешавад. Ақалан қарза ба қиёмат намонем вазбинш меғалтад.”
Инҷо бошад ҳамон ҷое ки ҳамин золим кайфу сафо карда мегардад калянбар бо ҳамаи шароиташ бо духтарҳои ёш истироҳат мекунад. Феълан 11 духтарҳое бо онҳо муносибати доимӣ дорад бо аксҳо ва ному насабашон дар “Ислоҳ” маҳфӯз аст мегузорем онҳоро барои оянда. Агар ислоҳ шуд бо ҳамин тамом вале агар боз ҳам зулмро идома дод ҳатман ҳамаро нашр хоҳем кард.
Дар ин сурат бошад ҳамон кормандоне ҳастанд, ки номашон дар кор мераваду худашон дар хизмат нестанд инҳо ҳамон наркобизнесҳои ноҳия ҳастанд, ки инҳоро ҳама ноҳия ва мақомоти қудратӣ КДАМ, ВКД, Прокуратура, Коррупсия хуб мешиносанд. Аммо аз инҳо мечакад ва касе корашон надорад, ҳар коре хоҳанд мекунанд.
Дар тоҷикистон ду зан гирифтан мумкин нест аммо подполковник Сидиқзода Ашуралии золим соҳиби ду зан ду ҳавли якчанд магоза ва ҷои таъмири автомобил дар ноҳия мебошад. Аз кадом ҳисоб инҳоро сохтаасту харидааст? Дар шуъба ҳамаи хешу таборҳояш кору фаъолият мекунанд хешу таборҳояшро дар заводи семент “Хуаксин” дар дарвоза ҳамчун милиса мондаасту ҳарруз онҳо бошанд аз ронандагон сум гирифта ҳақи ин золимро бо маблаги 1000 сомони оварда медиҳанд.
“Дар ҳамин шуъба қудои худашро овардааст ки ин одам калон сол мебошад номаш Раҷаб Буриев ин одам пеш дар заводи химзавод дар бухгалтерия кору бораш фақат дузди буд инро оварда бухгалтери шуъба кардааст ки ҳардуяшон шуъбаро зиёда аз 10 сол мешавад ғорат карда гаштаанд. Гарчанде дар бухгалтерия бояд аз худи мақомот бояд кор кунанд лекин ин золимон мақомотро шахси карда чихеле форшона ҳамонхел мардумро азоб дода гаштаанд.”
Ps: Хонандаи гиромӣ ончи хондед инҷо ҳеҷ туҳмату буҳтоне вуҷуд надорад ва ин эътирофи кормандони собиқи ШВКД ноҳияи Ёвон мебошад. Зери ин номаи ба “Ислоҳ” расида 13 имзо бо ному насаб ва рутбаҳояшон вуҷуд дорад. Дар охир навиштаанд, ки мо ба шумо эътимод дорем ва аз ин хотир шахсияти худро ошкоро бароятон навиштем. Мо ин кормандони бо шарафро ҳаргиз ошкор нахоҳем кард ва дуруд бар шарафу мардонагияшон мегӯем.
Инҷо хитоб ба раиси ШВКД ноҳияи Ёвон Полковник Фидозода Мирзо Қаноат чандин ҷиноятҳои шумо дар дасти мо қарор доранд вале мо нахуст мардона талаб менамоем,ки ҷинояткоронро аз сафҳои ШВКД дур кунед. Инчунин ба Прокурори ноҳия, Коррупсия ва КДАМи ноҳияи Ёвон айни ҳамин талабро менамоем. Агар ин ноадолатӣ аз ин ШВКД бартараф нашавад барои ҳар кадоми шумо барномаҳои махсӯс тақдим хоҳем кард ва шахсиятҳои ҳар яки шуморо ба мардум ошкор хоҳем намуд!
Феълан аз сардори ШВКД Ёвон ва Прокурори ноҳия ва муовини КДАМ маълумотҳо пурра шудаанд. Танҳо интизори беҳбуди вазъ дар ноҳияи Ёвон ҳастему тамом. Дигар хитоб ба Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов ва Юсуф Раҳмон намекунем. Мегузарем ба худи муҳраҳои ин ниҳодҳо дар ноҳияи Ёвон. Мо гуфтем ва шумо шунидед. То имрӯз ҳама ончӣ гуфтем анҷом додаем. На Рустам монд ва на Озодаю на Пешвою вазирони аршади режим. Шумо дар пеши ин наҳангон мисли кафки болои баҳред. Даст аз зулм ва фасоду ришватситонӣ ва амалҳои ғайри қонунӣ бардоред. Ҷинояткоронро аз вазифаҳояшон барканор намоед! Мо интизори натиҷа ҳастем, дигар ислоҳ мешавад огоҳӣ додем намешавад. Сабукдуш бо статия !